Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ислоҳот ва навсозӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ба сари қудрат омадани роҳбарияти нав. Дар байни роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ягонагӣ вуҷуд надошт. Зиддият дар байни Мао Сзедун ва мухолифони ӯ дар ниҳоят ба озмоиши нави бузург- «инқилоби маданӣ» овард, ки он даҳ сол (1966-1976) идома ёфт. Баъди вафоти Мао Сзедун (9.09

Мавзуъ: ИСЛОҲОТ ВА НАВСОЗӢ ДАР
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

Иxрокунанда: Хонандаи синфи 11«А»
Ҳамробоева Муҳаббат

Қабулкунанда: Раҳматов А

Ислоҳот ва навсозӣ
дар Ҷумҳурии Халқии Хитой
Ба сари қудрат омадани роҳбарияти нав. Дар байни роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ягонагӣ вуҷуд надошт. Зиддият дар байни Мао Сзедун ва мухолифони ӯ дар ниҳоят ба озмоиши нави бузург- «инқилоби маданӣ» овард, ки он даҳ сол (1966-1976) идома ёфт. Баъди вафоти Мао Сзедун (9.09.1976) дар муборизаи сахти дохилиҳизбӣ ва сиёсӣ мавқеи ҷонибдорони ӯ хеле заиф гашт. Пешвои нави Хитой Ден Сяопин сиёсати иқтисоди бозорӣ ва дар ҳаёти ҷомеа нигоҳ доштани мавқеи ҳукмрони Ҳизби коммунистиро пеш гирифт. Марҳилаи тақдирсози Хитой дар роҳи бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда моҳи декабри соли 1978 оғоз гардид. Бо қарори Пленуми КМ ҲКХ роҳи ислоҳоти иқтисодӣ пеш гирифта шуд. Модели ба амал баровардани дигаргунсозиҳо дар Хитой дар таърих бо номи «сотсиализм бо хусусиятҳои хитоӣ» машҳур гашт. Ҳарчанд мамлакат роҳи барқарор сохтани муносибатҳои нави ҷамъиятиро пеш гирифт, вале аз шиорҳои сотсиалистию коммунистӣ даст накашид ва фаъолияти Маоро низ дар зери тозиёнаи танқиди сахт қарор надод. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Хитой аз ҷониби аҳолии деҳот пурра дастгирӣ ёфта, боиси ҳавасмандӣ ва баланд гаштани маҳсулнокии меҳнати деҳқонон гашт. Дар деҳот коммунаҳо барҳам дода шуданд ва замин бо усули иҷоравӣ ба деҳқонон дода шуд. Баъди пардохти андоз ва фурӯши як қисми ҳосил ба давлат, деҳқонон ҳуқуқ доштанд маҳсулоти боқимондаи худро дар бозор озодона фурӯшанд. Нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ хеле баланд бардошта шуданд. Ба деҳқонон иҷозат дода шуд, ки аз меҳнати мардикор истифода баранд. Дар мамлакат бозорҳои нав пайдо шуданд ва тиҷорати хусусӣ расман қонунӣ гардонида шуд. Барои инкишофи бахшҳои кооперативӣ ва хусусӣ имкониятҳо фароҳам оварда шуда, низоми муносибатҳои маъмурӣ дигар карда шуд. Дар байни коргарон ва маъмурият, байни сарвари ширкатҳо
ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ расман бастани шартномаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳукумат дар бораи аз нав дида баромадани натиҷаи маъракаҳои пешинаи сиёсӣ ва пеш аз ҳама тақдири шахсоне, ки аз «мубориза бо ҷониб- дорони рост» ва «инқи- лоби маданӣ» зарар дида буданд, қарор қабул намуд. Дар натиҷа қариб 10 млн. собиқ
Мувозинати Дэн Сяопин.

кормандони давлатӣ ва намояндагони зиёиён, ки беасос гирифтори таъқибу шиканҷа гардида буданд, сафед карда шуданд. Соли 1980 собиқ Раиси ҶХХ Лю Шаоси пурра сафед карда шуд ва баъди марг ҳамчун яке аз роҳбарони бузурги ҳизбӣ ва давлатӣ эътироф гардид. Хона ва дигар молу амволи дар рафти «инқилоби маданӣ» зӯран гирифта шудаи мардум ба соҳибонашон баргардо-нида шуданд.
Ислоҳот ба зудӣ натиҷаҳои назаррас дод. Ин тамоми дунёро ба ҳайрат гузошт. Истеҳсоли маҳсулот босуръат афзоиш ёфта, даромади деҳқонон дар миёни солхои 80-ум 2-3 маротиба афзуд. Суръати афзоиши иқтисодиёт дар солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум солона ба 12-18% мерасид. Даромад ба ҳар сари аҳолӣ даҳ маротиба аз 50 то 500 доллар афзоиш ёфт Аз ҳамин давра сар карда то ба имрӯз иқтисодиёти Хитой ба таври мӯътадил пеш меравад. Суръати инкишофи иқтисодии мамлакат ҳамасола 8-9,5%-ро ташкил медиҳад. Соли 2005 низ рушди иқтисодиёти Хитой 9,5%-ро ташкил дод. Дар баробари тараққиёти иқтисоди кишвар ҳаёти деҳот тағйир ёфта, некӯаҳволии мардум сол то сол боло меравад. Соли 2005 даромади солонаи кишоварзони мамлакат 12,5 % зиёд гардид. Табиист, ки дар роҳи татбиқи ислоҳот монеаҳо ҷой доштанд. Барпо кардани муносибатҳои иқтисоди бозорӣ боиси беқурбшавии асъори миллӣ ва шиддат гирифтани муносибати байни сарватмандон ва аҳолии камбизоат гардид. Вазъияти баамаломада боиси норозигии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, бахусус донишҷӯён гашт. Ин ҳолат ба рух додани гирдиҳамоии донишҷӯён дар охирҳои соли 1986- аввали соли 1987 ва баҳори соли 1989 оварда расонд, ки бо задухӯрдҳо бо пулис ва қурбонии донишҷӯёни зиёд анҷом ёфтанд. Ден Сяопин ба дастгирӣ, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ диққати муҳим медод. Бо ташаббуси ӯ моҳи июни соли 1989 Сзян Сземин ба вазифаи котиби генералии КМ ҲКХ интихоб гашт. Аз баҳори соли 1990 мубориза ба муқобили порахӯрӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, сӯиистеъмол аз вазифа ва ғайра пурзӯр карда шуд. Ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ гузаштани фарзандони кормандони масъули ҳизбӣ ва ба тиҷорат машғул шудани онҳо манъ карда шуд. Барои маҳдуд кардани имтиёзҳои кормандони давлатӣ кӯшишҳои назаррас карда шуда, судҳо даҳҳо ҳазор парвандаҳои ҷиноятиро оид ба порагирӣ ва сӯистеъмол аз вазифа дида баромаданд. Сиёсати хориҷӣ. Баробари ба вуҷуд омадани дигаргуниҳо дар ҳаёти дохилии мамлакат, дар сиёсати берунии Хитой низ тағйироти назаррас вориди гардид. Пеш аз ҳама, самтҳои сиёсати хориҷии Хитой дигар шуд. Соли 1979 Хитой ба таври расмӣ бо ИМА муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Дар айни замон Хитой «гегемонизми шӯравӣ» ва сиёсати хориҷии Иттиҳоди Шӯравиро маҳкум намуд. ҶХХ аз соли 1971 то имрӯз аъзои доимии Шӯрои амниятиСММ мебошад.То ин давра ҷои Хитойро дар СММ ҳукумати Тайван ишғол мекард. Соли 1989 аз ҷониби Ҳукумати Хитой бо роҳи зурӣ пароканда намудани гирдиҳамоиҳои донишҷӯён боиси бад шудани муносибатҳои Хитой бо мамлакатҳои Ғарб гардид. ИМА ва мамлакатҳои Ғарб Хитойро барои поймол намудани ҳуқуқи инсон айбдор менамуданд. Хитой, баръакс, чунин муносибати
мамлакатҳои Ғарбро дахолат ба корҳои дохилии мамлакат арзёбӣ мекард. Танҳо дар охири солҳои 90-ум муносибати Хитой бо аксарияти ин мамлакатҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Хитой муносибати худро бо Россия ва мамлакатҳои Аврупо беҳтар намуд. Махсусан, муносибати Хитой бо Россия сол то сол мустаҳкамтар гашта истодааст. Хитой ва Россия муассисони Ташкилоти ҳамкории Шанхай ба ҳисоб мераванд, ки соли 1996 ташкил ёфта буд ва Тоҷикистон низ аъзои он мебошад. Соли 1997 ҳар ду ҷониб дар бораи ҳал намудани ҳудудҳои баҳсталаб ба мувофиқа расиданд. Моҳи июли соли 2001 раиси ҶХХ Сзян Сземин ва президенти Россия В.В.Путин Шартнома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расониданд.Ин ҳуҷҷат дар роҳи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ин мамлакатҳо заминаи устувор гузошт.

Дастархони идонаи тоҷикони Хитой


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.