Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Лашкаркашиҳои Искандари Македонӣ ва аз байн рафтани Империяи Бузурги он.

Искандари Мақдунӣ – (356 п. м. Пелла – 13. 06. 323 п. м. Бобул), шоҳи Мақдун аз соли 336, яке аз барҷастатарин сарлашкарон ва ходими давлатии дунёи қадим. Писари шоҳи Мақдун Филиппи II. Искандари Мақдунӣ аз соли 343 п. м. тарбияи файласуф Арастуро гирифта, таҷрибаи ҳарбиро аз падараш омӯхтЛашкаркашиҳои Искандари Македонӣ. Ба вуҷудомадан ва аз байн рафтани Империяи Бузурги он.

Нақша:
1. Ба сари ҳокимият омадани Искандар.
2. Оғози забткориҳои Искандар ба Шарқ.
3. Ҷангҳои Искандар ба муқобили Эрон ва Осиёи Миёна.
4. Парокандашавии Империяи Искандар.

Адабиёт:
1. История Востока. Т.1. М., 2000.
2. История древней Греции. М., 2005.
3. Древня Греция. История, быт, культура. М., 1997.
4. Новый энциклопедический словарь. М., 2000.
5. Исторический словарь. В. 2.-х.т. М., 1980.
6. История древного мира. под. ред. И.М. Диякнова. М., 1983.
7. История древного востока. под. ред. Кузщина. М., 1979.
8. История древного мира. под. ред. А.Г. Багшанина. М., 1982
9. История древного Рима. под. ред. В.И.Кузщина. М., 1981
10.Хрестоматия по история древного востока. под. ред. В.В. Струве.
11.Хрестоматия по история древного мира. М., 1975
12.Хрестоматия по история древного Греции. М., 1964.
13. Кишварҳои ҷаҳон. Душанбе – 2007 .
14. Энсклапедияи советии тоҷик.
15. Т. Отахонов. Тамаддун. Душанбе -2006.

Искандари Мақдунӣ – (356 п. м. Пелла – 13. 06. 323 п. м. Бобул), шоҳи Мақдун аз соли 336, яке аз барҷастатарин сарлашкарон ва ходими давлатии дунёи қадим. Писари шоҳи Мақдун Филиппи II. Искандари Мақдунӣ аз соли 343 п. м. тарбияи файласуф Арастуро гирифта, таҷрибаи ҳарбиро аз падараш омӯхт. Баъд аз вафоти падараш (Филиппи II) қисме аз давлатҳои Юнон мехостанд аз иттифоқи Коринф озод шавад, аммо Искандар онҳоро бо воситаи зӯри мутеъи худ намуд. Ғайр аз ин қабилаҳои дигар аз тарафи шимолии Юнон ба ин ҷо (Македония) лашкар мекашанд, онҳоро низ Искандар пароканда намуд. Искандари 20 сола ҳанӯз аз синни 16-солагӣ дар вақти лашкаркашиҳои падараш давлатро идора мекард. Дар синни 18-солагӣ бори аввал соли 338 дар муҳорибаи назди Херонея, ки Юнонро забт кардани Мақдун анҷом ёфт, ҷасорат ва истеъдоди ҳарбии худро зоҳир намуд. Искандари Мақдунӣ ҳукмронии худро аз юриши (335) ба муқобили қабилаҳои шимолӣ – ғарбии иллириягиҳо, трибаллҳо ва ғайраҳо сар карда, онҳоро маҷбур намуданд, ки салтанати мақдуниёнро эътироф кунанд.
Шӯришҳои зиддимақдуниён соли 335 п.м. ки дар шаҳрҳои Юнон сар шуданд, Искандари Мақдуниро водор сохтанд, ки фавран аз Юнони миёна омада исёни бардоштаро ором кунад. Баҳори соли 334 армияи Юнонию Мақдунӣ ба воситаи Гелеспонт (Дарданели ҳозира) ба Осиёи Хурд гузашта ба муқобили давлати Эрон ҷанг сар кард. Ин ҷанг тезу тунд шудани зидиятҳои дохилии полисҳои (шаҳр-давлатҳои) юнонӣ ва эҳтиёҷоти Мақдуну Юнон ба бозорҳои нав ба амал оварданд. Қӯшуни Искандари Мақдуниро 30 ҳазор аскарони пиёдагард, 5 ҳазор савора ва отрядҳои сабук ва яроқи ёрирасон ташкил мекарданд.
Ба қӯшуни Искандари Мақдунӣ Антипарт, Птолеймей Лаг, Парменион, Филота, Пердикка ба Рим лашкаркашони моҳир роҳбарӣ менамуданд. Моҳи майи соли 334 п.м. қӯшуни Искандари Мақдунӣ дар наздикии дарёи Граника армияи эрониёнро торумор кард. Сипас Искандари Мақдунӣ фавран Осиёи Хурдро, ки шаҳрҳои юнони он (ба истиснои Милет ва Галикарнас) бо умеди аз зулми эрониён озод шудан дарвозаҳои худро ба рӯи ӯ кушоданд, забт намуд. Вай шаҳрҳоро озод ва мухтор эълон карда, волиёни эронии онҳоро меронд.
Тирамоҳи соли 333 п.м. шоҳи Эрон Дорои III кӯшиш намуд, ки дар наздикии Исса ба қӯшуни юнониву мақдуни шикаст диҳад. Аммо қатъи назар аз се баробар зиёд будани миқдори эрониён шикаст хурданд ва худи Дорои III гурехт. Искандари Мақдунӣ муқобилияти шаҳрҳои финиқии Тир ва Гозаро бартараф намуда, тамоми бандарҳои соҳили шарқӣ баҳри Миёназаминро ишғол кард ва бо ҳамин флоти эрониҳоро аз базаҳояш маҳрум, ҳукмронии худро дар баҳр таъмин ва алоқаи қӯшунашро ба ақибгоҳ бехатар гардонд. Зимистони солҳои 332-331 п.м. армияи Искандари Мақдунӣ Мисрро забт кард. Сипас қӯшуни Искандар аз Миср ба ҷониби Байнаннаҳрайн равона шуд ва 1.10.331 п.м. дар наздикии Гавгамел ба қӯшуни эрониён, ки миқдоран аз мақдуниҳо зиёдтар буд, зарбаи қатъи зад. Дорои III ин дафъа низ роҳи гурезро пеш гирифт, вале дере нагузашта аз дасти волиёни худ кушта шуд. Марги Дорои III боиси он шуд, ки Искандар худро вориси ӯ эълон кунад. Искандар дар атрофи худ ашрофи эрониро ҷамъ карда аз шарқиён ба қӯшунаш сарбоз мегирифт ва дар дарбор маросимҳои дабдабанок ҷорӣ менамуд. Ин ҳол эътирози атрофиёни юнонию мақдунии ӯро ба вуҷуд оварда, боиси як қатор сӯйқасдҳо гардид, ки аз тарафи он беҳрамона пахш карда мешуданд (қатли лашкаркаши моҳир Филот, кушташудани рафиқаш Клит).
Искандари Мақдунӣ юриши худро ба шарқ давом дода соли 330 п.м. қисми марказии кӯҳистони эронро ишғол кард ва соли 329 п.м. ба сарзамини Осиёи Миёна зада даромад. Ин яке аз юришҳои мушкилтарини Искандар буд. Барои мутеъ кардани халқҳои Осиёи Миёна ӯ қариб 3 сол ҷидду ҷаҳд намуд. Халқҳои ин сарзамин, ки пеш дар ҳайати давлати Хахоманишиҳо буданд ба истилогарони Юнону мақдунӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Истилогарон ноҳияҳои ободу хурамми ин сарзаминро ба харобазор табдил дода, аҳолии онро нобуд мекарданд.
Махсусан сокинони Бохтару Суғд, ки бо роҳбарии Спитамен бар зидди истилогарон муборизаи диловарона мебурданд, аз тарафи Искандар бераҳмона нест карда мешуданд. Барои пурқувват намудани ҳокимияти худ Искандар ба таъсиси шаҳр – қалъаҳои дорои гарнизони пурзӯр, ки ҳамчун Искандарияҳо (мувофиқи ривоятҳо қариб 70) шӯҳрат ёфтанд, мепардозанд. Сиёсати ба ҳам наздик намудани юнониёну мақдуниён бо аъёну ашрофи маҳаллӣ махсусан дар Осиёи Миёна пурра зоҳир мегардад. Искандари Мақдунӣ Рухшона ном духтари бохтариро ба зани гирифта, ҷанговаронашро ба духтарони маҳалӣ хонадор мекард. Ба сакоиҳо, масагетҳо мулоқот ва намояндагони ин қабилаҳоро пазирои менамуд. Шоҳи Хоразм меҳмони Искандари Мақдунӣ шуда бо ӯ иттифоқи ҳарбӣ таклиф кард. Баҳори соли 327 п.м. Искандар аз низоъҳои байни ҳамдигарии ҳокими Ҳиндустон, Пор ва ҳокими шаҳри Таксила истифода намуда ба Ҳиндустони ғарбӣ (Панҷоб) лашкар кашид.
Дар муҳорибаи назди дарёи Гидасп (шохоби дарёи Ҳинд) Искандари Мақдунӣ бо душворӣ қушуни Порро шикаст дод (дар ҳайати қӯшуни Пор 200 фили ҷангӣ буд, ки Мақдуниён онҳоро бори аввал медиданд). Искандар мақсад дошт юриши худро бо водии дарёи Ганг идома диҳад, вале аскаронаш, ки дар натиҷаи ҷангҳои дурру дароз ва касалиҳо хаставу беҳол шуда буданд, муқобилият нишон доданд. Ба ғайр аз ин дар қӯшуни Искандар сарбозони кирояи аз музофоти забтгардида ба хизмат ҷалб карда шуда зиёд буданд ва онҳо низ ба ин мақсади ӯ зид баромаданд. Дар наздикии дарёи Гифасис (шохоби шарқӣ дарёи Ҳинд) Искандар маҷбур шуд, ки дар бораи бозгашт фармон диҳад (соли 326 п.м.). Кӯшун ба ду тақсим шуда бо роҳи хушкию оби ба ғарб ҳаракат кард. Искандар Бобулро пойтахти худ қарор дод ва дар айни ҷӯшу хурӯши тайёрӣ ба юришҳои нав ногаҳон соли 323-пеш аз милод баъди касали вафот мекунад.
Дар зарфи 10 сол Искандари Македонӣ дар натиҷаҳои забткориҳо давлати бузургеро ташкил намуд, ки он аз нимҷазираи Балкан то Панҷоби Ҳиндустон дар ҷануб ва шимол бошад, аз наздикиҳои дарёи Дунай то назди Баҳри сиёҳ, аз ғарб то Уқёнуси Ҳинд ва нимҷазираи Араб аз он ҷӯмла Миср ва Афина дохил мешуд.
Ғайр аз ин ӯ давлати бузурги Форсҳоро низ мутеи худ намуда буд. Ин давлат аҳолии гуногунро дар бар мегирифт ва ба подшоҳони Форс тақлид намуда мегуфт, ки барои ман шароити пурдабдаба мӯҳаё намоед. Давлати ӯ давлати марказиятнок набуд. Ӯ писари калон ҳам надошт, ки давлатро баъди вафоти ӯ идора намояд. Дар сини 33 солаги ҳанӯз ҷасади ӯро нагуронда дар байни сарлашкарони ӯ мӯбориза ба амал меояд ва ба тези давлат аз байн меравад.
Империяе, ки дар натиҷаи истилои Искандар ба вуҷуд омад, аз Дунай то Ҳинд кашол ёфта, бузургтарин давлати дунёи қадим буд. Аммо ин давлат, ки аз дарун пойдор набуд, баъди марги бунёдгузораш зуд пароканда шуд. Дар ҳудуди он як қатор давлатҳои эллинӣ ба вуҷуд омаданд.
Давлатҳои элинӣ
1. Шоҳигарии Птоломейҳо
2. Шоҳигарии Селевкиён
3. Шоҳигарии Антигониҳо
4. Шоҳигарии Пергам ва Родос
5. Бохтар, Суғд, Хоразм

Ба охир расидани паходҳои (ҳаракатҳои) Искандари Македонӣ, ба шарқ таърихи давраи охирони Юнон сар мешавад. Ин давраи Эллинизм мебошад, ки то омадани Римиҳо ба ҷазираи Балкан, Осиёи наздик ва Миср давом медиҳад. Дар ин давра (Эллинизм) тараққиёти сохти ғуломдорӣ пеш меравад. Дар сохти ғуломдорӣ якчанд таъғиротҳо ба миён меояд, ки ин алоқа байни шарқ ва ғарб ба вуҷуд меояд, ки ин маданияти Баҳри Миёназаминро хело бой мегардонад. Дар натиҷаи походҳои(ҳаракатҳои) Искандари Македонӣ дар ҳудуди шаҳр якчанд давлатҳои мустақил ташкил мешуд, ки сохти давлатдории онҳо-Манархия (якка ҳукмронӣ) мебошад. Ҳар яки онҳо аз тарафи македониҳо ё юнонониҳо идора карда мешуд.
Аҳолии ин давлатҳо дар зери истисмори ду тараф монда буданд. Аз як тараф ашрофони маҳаллӣ аз тарафи дигар ашрофони Юнонӣ македонӣ истисмор мешуданд. Дар натиҷаи истисмори шарқ Юнониҳо тавонистанд, ки базаи иҷтимоии худро ташкил намоянд. Дар натиҷаи ин алоқаи Юнон бо давлатҳои шарқ мустаҳкам мегардид.
Бисёр иншоотҳо аз Миср ёфт шуданд, ин иншоотҳоро дар рӯи папирус навиштаанд. Муалифони ин иншоотҳо, таърихшиносон Полибей, Диодори Сцилияги ва ғайраҳо мебошад.
Аз рӯи гуфтаҳои ин таърихшиносон аз сабаби он ки Искандари Македонӣ ворис надошт аз рӯзи аввали вафоти вай дар байни сарлашкаронаш ҷанг сар мешавад. Дар натиҷаи ин ҷанг соҳиби қонунии ин тоҷу тахт бародари ӯгаи Искандар Аридей (Филиппи III) мешавад. Аммо дар ҳақиқат давлатро Пердикл идора мекунад. Дар Миср Искандар Македонӣ Птолемейро сардор таъин кард. Аммо сарлашкарони худро ба вазифаҳо интихоб кард. Сарлашкарони Искандари Македонӣ танҳо ҳоким буданд, ва ба Пердикл андоз медоданд. Птолемей дар Миср, Антигон дар Осиёи Хурд, Лисимах дар Фракия, дар Осиёи Миёна ва Ҳинд Селевк ҳоким буд. Аммо онҳо намехостанд, ки ба Пердикл итоат намоянд. Мубориза байни салашкарон 20-сол давом кард, ки дар таърих ин муборизаро муборизаи Диодохҳо меноманд, ки муборизаи сарлашкарон, аммо байни авлоди наздики ӯ низ мубориза мерафт.
Аз рӯзи аввали вафоти Искандари Македонӣ мубориза байни Пердикл ва Птолемей сар мешавад. Пердикл ҷасади Искандари Македониро гирифта ба тарафи Македония раҳсипор мешуд. Птолемей ба маҷбурӣ ҷасади Искандарро гирифта бо тантана дар шаҳри Искандарияи Миср дафн мекунад. Пердикл ба Македония омада қушун ҷамъ карда ба муқобили Птолемей ба миср меравад. Аммо дар роҳ аз тарафи лашкари худ кушта мешавад.
Баъди кушта шудани Пердикл Регенти Филиппи III Аридей ба ҷои ӯ Антипатор меояд. Дар давраи ӯ низ мубориза давом мекунад, ва ба ин мубориза Селевк низ ҳамроҳ мешавад. Аз ин ҷангҳо истифода бурда Антигон ва писараш дар Осиёи Хурд ва Сурия ҳукумронии худро паҳн менамоянд. Писари Антигон Диметрий инжинери ҳарби буд, барои ҳамин ба ӯ лақаби «Полиотек»-ро доданд. Ва ӯ тавонист, ки ҳудуди васеъро ишғол намояд. Парокандашавии Империяи Искандари Македонӣ баъди 20-сол анҷом меёбад. Дар муддати 20-сол Птолемей, Лисамах, Касандр, муттаҳид шуда ба муқобили Селевк мубориза мебурданд. Муҳорибаи ҳалкунанда соли 301-пеш аз милод дар назди деҳаи «Исп» ба амал меояд.
Дар ин муҳориба Селевк Филҳои ҷангиро истифода мебарад. Дере нагузашта сулҳ байни онҳо баста мешавад ва онҳо якҷо шуда ба муқобили Антигон лашкар мекашанд. Дар ин мубориза, ки соли
301-пеш аз милод ба амал омад, Антигон ҳалок мешавад ва писараш ба тарафи шаҳри Арес мегурезад, ки он ҷо флоти баҳрӣ буд. Аз соли 301-пеш аз милод дар Империяи Искандари Македонӣ се давлати калони мустақил ташкил меёбад. Дар ҳар кадоми онҳо сулолаи алоҳидаи мустақил ҳукмрон буд:
Сулолаи Птолемей дар Миср
1. Шоҳигарии Селевк дар Осиёи Миёна ва соҳилҳои шарқии
Баҳри Миёназамин
2. Шоҳигарии Антигон дар Юнону Македония, Пергам, ки
дар Осиёи сағир ҷойгир аст.
Сулолаи Птолемейҳо то солҳои 30-пеш аз милод, дар Миср ҳукумрони намуд, яъне то омадани Римиҳо. Дар солҳои аввали ҳукумронии худ Птолемейҳо ягон таъғирот нагузарониданд. Дар ин давра Мисри болои ва поёнӣ мавҷуд буд. Тағироти ягона ин буд, ки давлатро Юнониҳо идора менамуданд. Тамоми заминҳои Мисрро моликияти хусусии худ элон карданд, ва онро ба қитъаҳо ҷудо намуда ба ашрофони маҳаллӣ ба Юнониён иҷора медоданд, ва дар он замине, ки ашроф иҷора гирифта буд, ҳамаи зироате, ки Шоҳ иҷозат медод, ҳамонро кишт мекарданд.
Птолемейҳо ба тарақиёти ҳаёти иқтисодиёти Миср аҳамияти калон медоданд. Дар давраи Птолемейҳо дар ихтиёри ибодатхонаҳо заминҳои калон буданд. Яке аз намояндагони сулолаи Птолемейҳо Птолемейи II Филоделф ба яке аз ибодатхонаҳо 3-ҳазор гектар замин тӯҳфа кард ба қӯшунҳои Македония ҳам заминҳо тӯҳфа карданд. Ин заминҳоро Клеруфия меноманд. Дар натиҷаи ин хел тақсимот аҳволи деқонон хело бад шуд.
Аммо дар давраи Птолемейҳо аҳволи ҳунармандон ва савдогарон хело хуб шуд, чун ки онҳо ба ҳунармандон ва савдогарон аҳамият дода ба онҳо кӯмак мерасонданд. Шоҳибофӣ, коркарди оҳан, яроқсозӣ, равғанбарорӣ(зайтун), харидани ашиёи хом аз тарафи савдогарон зери назорати хизматчиёни давлатӣ буд. Ашёи хомро захира кардан мумкин набуд, бо мақсади тайёр кардани маҳсулоти хушсифат маоши ҳунармандон ҳам зери назорати давлат буд. Гузаштан аз як соҳаи ҳунармандӣ ба дигар ҳам бо иҷозати давлат қарор мегирифт.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.