Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Ҳиндустони Қадим

Маданияти Хараппа – соли 1875 бостоншиноси англис А.Канингҳем дар Хараппаном маҳалаи панҷоби Ғарбии Покистони имрӯза мӯҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаҷот дошт. Ин бозёфт диққати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XXдар он ҷо ҳарфиёт давом кард. Дар натиҷа шаҳрҳои Хараппа ва Мохенҷо –Даро ёфт шуданд

Мавзуъ: Ба вуҷуд омадани давлатҳо дар Ҳиндустони қадим
Нақша
Сарсухан
1. Ташакулёбии давлатҳои қадимтарин дар сарзамини Ҳиндустон.
2. Вазъи кишоварзӣ ҳунарманди ва тиҷорат.
3. Вазъи сиёси ва байналхалқии Ҳиндустони қадим

Хулоса
Адабиёт

Бобби I
Ташакулёбии давлатҳои қадимтарин дар сарзамини Ҳиндустони қадим.
Ҳиндустони Қадим
Ҳиндустони замони Хараппа

Маданияти Хараппа. Соли 1875 бостоншиноси англис А.Канингҳем дар Хараппаном маҳалаи панҷоби Ғарбии Покистони имрӯза мӯҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаҷот дошт. Ин бозёфт диққати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он ҷо ҳарфиёт давом кард. Дар натиҷа шаҳрҳои Хараппа ва Мохенҷо –Даро ёфт шуданд. Аз руи маҳали бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номиданд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои Балуҷистон ва Синд ба даст омадаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтақаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварӣ ва косибӣ Рушду нумӯъ карда будааст.
Маданияти Хараппа хусусияти маҳалӣ дошта, зинаи баландтарини рушди маданияти қадимаи Ҳиндустон меьошад. Дар рушди маданияти Хараппа нақши дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксарияти бошишгоҳҳои мансуби вокеъи гардидаанд. Маданияти Хараппа дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба ҷануби нимҷазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100км ва аз ғарб ба шарқ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.
Умри маданияти Хараппа . умри маданияти Хараппаро олимон бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд.: ба воситаи солшумории ҳиндӣ, байнаннаҳрайнӣ, сумерӣ, муқоисаи бозёфтҳои бостонӣ ва роҳу усулҳои дигар. Ҳамин тариқ, оғози маданияти Харапаро соли 2300 пеш аз мило два хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муқарар намудаанд.
«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г

Шаҳрҳои Хараппа. Дар натиҷаи ҳарфиёти бостонӣ якчанд шаҳрҳои калони маданияти Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо Хараппа ва Мохенҷо –Даро мебошанд.
Шахрхои маданияти Хараппа аз рӯи сохт ба ҳамдигар монандӣ доранд. Шаҳрҳои калон аз ду қисми асосӣ иборат буданд. Қисми якум қалъа, ки дар онҷо ҳукумати шаҳр ҷойгир буд ва дуюми он: шаҳри поён: мебошад дар шаҳри поён: асосан хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир будаанд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунҷа дошт. Қалъа Дао ҷои баланд шуда Буда, қисми сокинонашро аз обхезӣ муҳофизат мекард. Вай ба шаҳри поён: бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд. Дар дохили қалъа ҳуҷраҳои ибодат кунӣ ва идораи шаҳр мавҷуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар қалъаи Мохенҷо-Даро ҳавзи калоне мавҷуд буд, ки он бо максади иҷрои маросимҳои динӣ сохта шудааст. Тавассути қубури махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маҷлисгоҳ монанд воқеъ гардида буданд. Масолеҳи асоси бинокорӣ хишти пухта буд лекин бинокорон дар ин кор аз хишти хом ҳам истифода мебурданд. Шаҳрдору шаҳрсохо ба таъминоти об ва тоза нигоҳ доштани шаҳр диққати калон медоданд. Қариб хар як бино (хона) чоҳи об мавҷуд буд низоми тоза нигоҳдории (канализация) –и Хараппа яке аз беҳтаринҳо дар тамоми Шарқи қадим мебошад. Дар кучаҳо хавзчаҳои махсус сохта шуда буданд, ки ифлосиҳо дар онҳо такшин мешуд. Баъд аз ин оби тоза аз ҳавз ба ҷӯйи умумӣ мерехт. Ин ҷӯйборҳо аз хишти пухта сохта шуда, болои онҳо тахтасангҳо пушонида мешуд.
Машғулияти ахолӣ. Қисми зиёди аҳолии Хараппа дар деҳот зиндагӣ мекард ва ба чорводорию кишоварзӣ машғул мебуд. Водии дарёи Ҳинд яке аз марказҳои зироаткори Хараппа Буда қадимтарин дар Шарқ мебошад. Ҳафриёт нишон дод, ки аҳолии Хараппа бо навъҳои гуногуни гандум, ҷав, кунҷид, лубиё, нахуд, наск, мушунг, ва ғайра шинос будааст.
Энциклопедияи совети тоҷик Душанбе 1983 с қ IV
Мардуми инҷо ба шоликорӣ машғул будаанд. Аз Мохенҷо –Даро порае начандон калоне гозворҳам ёфт шудааст, ки он ҳам мавҷудияти пахтакорӣ дар инчо шаходат медиҳад. Аҳолии Хараппа ба боғи токпарвари низ машғул буд. Барои зироаткаории оби кишоварзон ва боғдорон аз мадди дарёи Ҳинд хуб истифода мебурданд. Дар зиндаги мардуми Хараппа чорводорӣ аҳамияти калон дошт. Аз ҳайвоноти хонагӣ бузу гусфанд, гову гурба ва саг ба онҳо маълум будаанд. Дар ҳамин давра ҳиндуҳо филро ром карда будаанд. Косибони Хараппа аз мисс ва биринҷи олоти меҳнат, зарфҳо, силоҳ ва аз тилою нуқра маснуоти заргари тайёр мекарданд. Ба маснуоти заргари аъёну ашрофи Хараппа эҳтиёҷи калон доштанд. Косибони Хараппа инчунин ба бофандагӣ, кандакорӣ дар филизу устухон ва кулолгари машғул буданд.
Дини Хараппа. Дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои динии давраи маданияти Хараппа бисёр ёфт шудаанд. Ҳайкаалҳои Худоҳои ҳиндухои қадим симои мардона доштаанд. Яке аз Худоҳои Хараппа Шива буд. Дар рӯи яке аз муҳрҳои аз Хараппа ёфта шуда Худои серӯя инъикос гардида аст, ки мӯйи сараш мисли мӯӣ сари шоҳ оро дода шуда буд. Дар ду тарафи тасвири Худо Ким-чи хел ҳайвонҳои ваҳшӣ истодааст. Мувофиқи тасаввуроти динии ҳиндуҳои он вақта Худоҳо дар шакли хайвонҳои алоҳида инъикос карда мешуданд. Худо Шива ва барзагове, ки «Нандин» ном дошт, монанд ҳисобида мешуд.
Хат. То замони мо зиёда аз 1000 адад муҳрҳо маснуоти сафолию килизии навиштаҷотдоре ёфт шудааст, ки ба маданияти Хараппа тааллук доранд. Дар болои ашёҳои номбурда қариб 400 аломат истифода шудааст. Ҳиндуҳо барои ифода рақамҳо низ аломатҳо доштаанд. Онҳоро бо воситаи хатчаҳои гуногун ифода мекарданд. Хатти Хараппа аз тарафи рост ба чап навишта ва Хонда мешуд. Мутаасифона олимон то ҳол хатти Харапаро Хонда натавонистанд.

Бобби II
Ҳиндуориён
Ба Ҳиндустон омадани қабилаҳои ориёӣ.
Дар бораи дар Ҳиндустони қадим паҳн гардидани қабилаҳои ориёи ёдгориҳои маданияти хаттии ҳиндустон ва махсусан «Ригведа» маълумот медиханд. Дар 1000 солаи II пеш аз милод қабилаҳои ориёӣ аз Ғарб ба ҷониби шимол ва Шарқи Ҳиндустон ҳаракат мекунанд. Ин раванд давраи дуру дарозро дар бар гирифтааст. Солҳо ва асрҳо мегузаштанд. Дар ин давра қабилаҳои ориёӣ дар Ҳиндустони қадим сокин шудан гирифтан. Дар Панҷоб қабилаҳои Дравидҳо, қабилаҳои дигари ориёӣ дар маҳалҳои Ҳиндустони Шимолӣ Шарқӣ сокин шуданд. Қабилаҳои маҳҳалӣ ва муҳоҷирони ориёӣ муқобилияти сахт нишон медоданд. Дар ин сурат ориёихо маҷбур мешуданд, ки аз қувва истифода баранд. Дар ноҳияҳои шарқии мамлакат қабилаҳои маҳаллии мундҳо сокин буданд. Онҳо ба муқобили ориёиҳо бархостанд дар ин ҷанг ориёиҳо дастболо шуданд. Онҳо мундҳоро ба ҷониби ҷангалзор танг карда буданд. Қабилахои ориёӣ бо мурури замон ба қабилаҳои маҳаллӣ омезиш ёфта, халқӣ ҳиндухоро ташкил намуданд.
Ин халқ минбад маданияти худро ба вуҷуд овард.
Ҷомеъаи Ҳиндустони 1000 солаи II ва нимаи авали 1000 солаи I пеш аз милодро ҷомеъаи ведои меноманд, ки он аз руи ёдгории маданияти хаттии он давраги ҳиндуҳо-«Ведҳо» бармеояд.
Машғулияти аҳолӣ. Шуғли кишоварзӣ аз аҳолӣ талаб мекард, ки ба зиндагии муқими гузарад. Кишоварӣ инчунин ба истифодаи олоти кори бо ҳамин сабабгор шуд. Олоти кори аз оҳан сохта шуда нисбат ба олоти миссию биринҷи мустаҳкамтар ва сермаҳсулоттар буд. Ба воситаи олоти оҳанин аз худ кардани заминаҳои серҷангали води дарёи Ганг осонтар шуд. Оҳан, ғайр аз ин ба обёрии зироату боғҳо кумак мерасонад. Аҳолии давраи Ведои Ҳиндустон ҷав, гандум, шоли, зироатҳои лубиёги парвариш мекарданд. Шоли ба ориёиҳо то ба Ҳиндустон омаданашон маълум набуд. Парвариши онро ориёиҳо аз қабилаҳои маҳали омухтанд.
Авдиев В.И «История деревного Востока» Москва 1953 с

Мардуми ҷомеаи Ведои ва чорводори, обчакори ва боғу токпарвари машғул буданд.
Давлатҳои аввалин. Нобаробарии молу мулки дар Ҳиндустон ба пайдоиши табақаҳо сабаб мешавад. Пайдоиши табақаҳо, дар навбати худ, давлатро ба вуҷуд овард.
Қабилахои ведои аввал дар ганҳо зиндаги мекарданд, ки онҳо ҷамоатҳои авлодию қабилави буданд. Баътар онҳо дар ҷомеаҳое зиндаги мекарданд, ки хусусияти табақави доштанд.
Қиссаҳои қадимаи ҳиндӣ, ки дар бори ба вуҷуд омадани ҳокимияти шоҳи шаҳодат медиҳанд, ҷолиби диққаттанд. Мувофиқи яке аз ин қисаҳо дар ҷомеаи ведоӣ аввал шоҳ вуҷуд надоштааст, ҳама баробар буданд. Ахлоқро ҳама ҷиддан риоя мекардаанд. Сипас аксарияти аъзои ҷомеа ва хусусан одамони доро ахлоқро вайрон мекарданд. Одамони зуровар одамони камқуватро мехурдаги мешаванд. Баъди ин кор Худои асоси Брахма ҳокимияти шоҳ ва илми ҷазодиҳиро таъсис мекунад. Мувофиқи қисаи дигар одамон худашон шоҳро интихоб мекарданд, ки онҳоро муҳофизат кунад.
Аз рӯи ибтидоии матни ведои аввал роҷаҳоро худи халқ интихоб мекардааст. Дар «Ригведа» ва «Атхарваведа» сурудҳое ҳастанд, ки ба интихоб гардидани шоҳ бахшида шудаанд. «Халқ туро интихоб мекунад, ки дар идора кунӣ», гуфта мешавад. Дар яке аз сурудҳои «Атхарваведа». Дар ҷомеъаи ведоии Ҳиндустон давлатҳои бисёре вуҷуд доштанд. Кошала, Каши, видеха Магатҳа аванти аз қабили давлатҳои қадимтарини онҳо мебошанд.

Сохти кастагӣ. Гуруҳи одамонеро, ки дар дохили ҷомеа ҳуқуқҳояшон маҳдуд карда шудаанд, дар Ҳиндустони қадим «Ҷати» меномиданд. Дар ончо инчунин табақаҳо – Ватна (яъне каста)-ҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо Барахманҳо, Кшатриҳо, Вайштҳо ва Шудраҳо мебошанд. Ҳар кадоми онҳо дар ҷомеаи ведои мақоми худро дошт. Ашрофи ҳарби Варнаи кшатриро ташкил мекарданд, коҳинон – Барахманҳоро, ҷамоатчиёни озод=вайшҳо ва варнаи шудраҳо зинаи аз ҳама пасти ин ҷомеаро ташкил менамуданд.
Мансаби шоҳиро танҳо намояндагони варнаи кшатриҳо ишғол карда метавонистанд. Дар он лашкар ва вазифаҳои муҳимтаринро кшатриҳо соҳиби мекарданд. Чи тавре ки дидед, бараҳманҳо ва кшатриҳо дар ҷамъият мавқеи имтиёзнок дошта, онҳо ҳар ду ба табақаи ҳукумронро ташкил менамуданд. Онхо аз ҳисоби меҳнаткашон рӯз мегузарониданд. Аз ҳама корҳои вазминтаринро шудраҳо иҷро мекарданд. Ҳуқуқҳои ин табақа нихоят паст буданд.
Маданияти давраи ведоӣ. Матнҳои ведоӣ имконият медиҳанд, ки ба дини давраи қадими шинос шавем. Дини хиндуёни кадим дар тулии чандин аср ташакул ёфтааст. Мувофиқи нишондоди дини ведоӣ мардуми ҳинду ба Худоҳои зиёде этиқод доштанд. Яке аз Худоҳои машҳуре, ки ба воқеаҳои табиат алокаманд аст, Индра мебошад. Худо Индра ҳимоятгари тартиботи ҷаҳони низ ба ҳисоб мерафт. Осмон дар ихтиёри Худо Варуна буд. Гуё ки у да руз ба аробааш савор шуда, дар осмон сайру гашт мекунад. Худоҳо ба некхоҳ ва бадхоҳ тақсим мешуданд. Худои раъду барк ва туфон Рудра хислатҳои манфи дошт. Ӯ бо Худоҳои дорои хислати мусбат муқобил гузошта мешуд.
Адабиёти ведои ёдгории қадимтарини хаттии Ҳиндустон мебошад.Ба он матнҳои давраҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон дохил карда шудаанд.Чанд маҷмӯаи онро ном мебарем.Маҷмуаи сурудҳо-самхитҳо: «Ригведа»(маҷмуаи сурудҳо), «Смаведа»(маҷмуаи сурурӯдхони), «Ячурведа» (маҷмуаи усулҳои қурбони кардан).Баъди ин «Бараҳманҳо»-шарҳи матни расму оинҳо ва самхит – «Араняки»(китоби ҷангали) ва «Упанишадҳо» – рисолаҳои динию ахлоқи дар охирҳои 1000 солаи II пеш аз милод тартиб дода шуда, аз 1028 суруд иборатанд. «Махабхарата» ва «Рамаяна» дар охирҳои асри IV пеш аз мелод ва то асри IV милодӣ офарида шудаанд.Дар «Рамаяна»воқеъаи Ҳиндустон ворид шудани қабилаҳои ориёӣ инъикос ёфтааст.Ин қиссаҳо хеле бузурганд. «Махабхарата» аз 100 ҳазор шлок «Рубоӣ» ва «Рамаяна» аз 2400 шлок иборат мебошад.
Давлатҳои Ҳиндустон. Дар таърихи Ҳидустони қадим яке давраҳои муҳимтарин оғоз меёбад.Давлатчаҳои сершумори он ба давлати марказиятноки ягона муттаҳид мешаванд.Он давраи Магаду Маврҳо ном дошта, қариб 4 аср давом кардааст.
Давлати Магадҳо. Асосгузори сулолаи Хариакҳо Бамбисар дар нимаи дуюми асри VI-аввали асри V пеш аз милод давлати Унуро ба давлати худ мутаҳид кард.Дар давраи ҳукумрони писари Бамбисар Аҷаташатра давлати магатҳо ба давлати пуриқтидортарини води дарёи Ганг табдил меёбад.Ба Аҷашатра лозим омад,ки бар зиди давлати Личханҳо мубориза баранд.Аҷаташатра оқибат ба он ғолиб мебарояд. Баъди ин навбат ба давлати дигари пурзур Аванти мерасад, ки дар Ҳиндустони ғарби вокеъ буд ва онро хам маглуб намуда ба мамлакати худ ҳамроҳ мекунад. Барои мустаҳкам кардани иқтидори давлатӣ Магатҳо писари Ачаташатра Удаин (солҳои ҳукумрониаш 461-446) пеш аз милод, ки шоҳи навбатии ин сулола буд, пойтахти давлатро аз Раҷагриха ба Паталипутра кучонд. Ин шаҳр да оянда ба маркази калонтарини Ҳиндустони қадими табдил ёфт.
Давлати Нандҳо. Дар давраи лашкаркашиҳои Искандари мақдуни дар паталипутра солҳои 345-317 сулолаи Нандҳо ҳукумрони мекард. Дар рафти лашкар каши Искандари Макдуни ба давлати ҳуҷум кардани мешавад. Дар ин вакт дар Нанд Аграмас ном шоҳ ҳукумрони мекард. Ҳокимони маҳалие, ки мухолифони нандхо, буданд ба Искандар дар бораи қувваҳои ҳарби он давлат хабар мерасонанд.

Искандар аз ҳамин сабаб бе талафоти калон давлати Нандҳоро забт мекунад, вале дар он ҷо намемонад.
Аграмас ҳукумрониашро дар нанд давом медиҳад. Нандҳо лашкари пурзури дорои қариб 200 ҳазор пиёда Аскар, 20 ҳазор савора, 2 ҳазор аскари савори аробаи ҷанги ва 3-4 ҳазор фили ҷанги ташкил карда буданд. Чунин лашкарро таъмин карда кори осон набуд. Барои ҳамин Нандҳо ба халқ андозҳои вазмин бор карда , дар Айни замон бар зидди ҳокимони маҳалии саркаш мубориза мебурданд ва онҳоро мағлуб карда, ба итоати худ медароранд.

Ин кор барои ба вуҷуд омадани давлати нави марказиятноки ҳинди-маврҳо замина мегузорад.
Империяи маврҳо. Шоҳи аввалини сулолаи Маврҳо Чандра Гупта мебошад. Дар бораи давраи ҷавонии ӯ сарчашмаҳои буддоӣ накл мекунанд. Гӯц\\ё ки ҷандра Гупта ҳангоми таҳсил бо устоди мушовири ояндаи худ –Чанак вомерурад. Чандра Гупта ҳамроҳи Чанак нақшаи соҳиб шудани тоҷу тахти Нандҳоро мекашад ва бо ёрии ӯ онро амалӣ мекунад.
Муборизаи Чандра Гупта бар зиди Нандҳо дуру дароз ва ниҳоят мушкил буд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда зиёда аз 1 милион ҷанговар, талаф шуд. Оқибат Чандра Гупта ба тахти подшоҳии давлати Маврҳо менишинад. Ӯ ин корро барвақтар карда метавонист, вале Искандари Мақдунӣ, ки ба Ҳиндустон ҳамла карда буд, халал расонд. Чандра Гупта дар империяи Маврҳо ҳукумро буд ва барои мустаҳкам кардани ин давлат ҷидду ҷахди бисёре кардааст. Баъд аз сари Чандра Гупта ҳокимият ба писари ӯ Биндусар мегузарад, ки ӯ солҳои 297-272 ҳукумронӣ кардааст. Дар давраи ҳукумронии Биндусар давлат ноором буд. Дар он шуришҳо Сар зада, ҳокимияти шоҳро суст мекарданд. Баъд аз вафоти Биндусар дар байни писарони ӯ барои тоҷу тахти давлатӣ мубориза Сар шуд. Оқибат дар Паталипура солҳои 272 пеш аз милод ба ҳокимият Ашок соҳиб мешавад. Салтанати ӯ дар империяи Маврҳо то соли 232 пеш аз милод давом мекунад. Дар давраи ҳукумронии Ашок давлати Маврҳо ба дараҷаи баландтарини тарақиёти худ мерасад. Ба Ашок лозим омад, ки ба давлати пуркуввати Калинга, ки дар соҳилҳои халиҷи Бангола вокеъ буд, ҷанг кунад. Дар ин ҷанг Ашок 150 ҳазори ҷанговари душманро асир гирифта, 100 хазори дигарро мекушад. Калинга ба давлати Маврҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин Иаврҳо роҳи мухимтарини обиро ба даст дароварданд. Ашок дар давлатдорӣ маҳорати баланд дошт. Ӯ бо шоҳҳои давлатҳои бисёре, масалан, бо шоҳи Селевкиён Антиоҳ, ҳокими Миср Плотимей, шоҳи Македония Антигон Гонат ва дигарон муносибатҳои дӯстона барқарор кард. Сафирони Ашок ба давлатҳои зиёди дуру дароз сафар карда, супоришҳои подшоҳро иҷро мекарданд.
Давлати Маврҳо соли 206 пеш аз милод аз тарафи шоҳи Селевкиён Антиохи Бузург барҳам зада шудааст.
Ҷумҳуриятҳои Ҳиндустон. Дар давраи Магадаҳою Маврҳо давлатҳои ҷумҳуриявие, ки дар сарчашмаҳои қадимаи Ҳиндустон бо истилоҳи «гана» ва «сингха» ишора шуданд, мавҷуд буданд. «Ганаҳо» ва «сингхаҳо» дар идоракунии давлат мақоми калон доштанд. Дар сарчашмаҳои қадима якчанд намуди давлатҳои ҷумҳурияивии Ҳиндустон ном бурда мешавад.
Дар сарчашмаҳои хаттии будоӣ дух ел давлат нишон дода шудааст-мутлақият дар зери ҳокимияти шоҳ ва мамлакатҳое, ки ба воситаи «ганаҳо» ё худ «сингхаҳо» идора карда мешавад. Ганаҳо ва сингхаҳо тарақикардаи давраи Маврҳо давлатҳое буданд, ки дар онҳо ҳокимияти ягонаву мутлақи шоҳ вуҷуд надошт, яъне онҳо ҷумхурӣ буданд. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти шоҳӣ мероси набуд. Сардори давлат интихоб ва ё аз тарафи «гана» ё «сингха» -ҳо таъин карда мешуд. Барои интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаи шоҳӣ меъёри асосӣ хизматҳои номзад буд. «Гана» ё «сингха» дар сурати зарури метавонист шоҳро аз вазифааш озод кунад.

Иҷрои қарорҳои қабулкунандаи ганаҳо ва сингхаҳо аз тарафи ҳама ҳатмӣ буд. Ба онҳое, ки қарорҳои Гана ё сингхаро иҷро намекарданд, ҷаримаи калон меандохтанд.баъзан дар ҳаққи гунаҳгор ҳукми қатлро ба кор мебурданд. мансабдорони давлатиро ҳам Гана ва сингха таъйин мекард. Бинобар ин, онҳо намояндаи Гана ва сингха ҳисобида мешуданд.
Хулас, идоракунии давлатҳои ҷумҳуриявии Ҳиндустони қадим давраи Магадҳо ва Маврҳо дорои унсурҳои демократии идоракунӣ бӯд. Лекин, чи тавре ки дидем, он унсурҳои ғайридемократӣ ҳам дошт.

Бобби III
Маданияти Ҳиндустон. Дар замони Магаду Маврҳо дар Ҳиндустони қадим маданият хеле инкишоф ёфт. Он дар пешравии маданияти халқҳои ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст.
Хат. Хате, ки дар Ҳиндустони қадим ба вуҷуд омада буд, махсусан, дар асри III пеш аз милод ба таври васеъ пахн мегардад. Дар ин бора навиштаҷоти давраи шоҳи ашок, ки дар ҳудудҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ёфт шудаанд, низ шаҳодат медиҳанд. Онҳо ба хатҳои брахмӣ, арамеӣ, кхароштҳӣ, юнонӣ ва бештар бо хатти брахмӣ навишта шудаанд.
Ёбарои навиштан барги дарахти нахл ҳамчун коғази истифодаи бурда мешуд. Ёдгориҳои хаттии дар барги ин дарахт навишташуда то замони мо омада расидаанд. Навиштаҷоти асри II пеш аз милод шоҳиди он аст, ки дар ин давра ҳам якчанд намуди хатти брахмӣ вуҷуд доштааст. Дар китоби буддоии «Лалитавистара», ки ба ибтидои солшумории милодӣ таалуқ дорад, 64 намуди ин хат ёдоварӣ шудааст. Онҳо дар асоси хатҳои маҳаллии будоӣ ва хориҷӣ тартиб дода шуда буданд. Хат дар хаёти ҳиндуёни қадим мақоми баланд дошт. Китобҳои муққаддаси динӣ ба воситаи он навишта мешуданд.. шоҳону амалдорон ва тоҷирон барои доду гирифт ва мукотиба аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.
Донишҳои илмӣ. Дар замони Магаду Маврҳо риёзӣ, ситорашиносӣ, тиб ва забон ба вуҷуд омаданд.
Яке аз олимони бузурги Ҳиндустони қадим Панини, ки дар асрҳои V-IV пеш аз милод зиндагӣ кардааст, оид ба забон «Аштадхияи» («Ҳашткитоб») ном китоберо талиф намудааст. Сифати таҳлил ва сабки навишти асари ин олим хеле ҷолиб аст. Дар асри IV пеш аз милод «Аштахидяи»-ро олими дигари ҳинд Катяяна дар китоби худ шарҳ медиҳад. Дар асри II пеш аз милод Патанчали ном олими дигар граматикаи забони ҳиндиро таълиф мекунад. Ин асарҳои илмӣ барои инкишофи забон ва забоншиносӣ дар Ҳиндустони қадим хизмати калон кардааст.
Дар давраи ҳукумронии Магаду Маврҳо Ҳиндустон китобҳои зиёди буддоӣ офарида шудаанд. Қонуни будоӣ солҳои 80-ум пеш аз милод дар Сейлон талиф шуда буд. Дар худи ҳамин вақт дар адабиёти ҳинд шеър ҳам пайдо мешавад, ки онро «кавя» меномиданд. Дар соҳаи усули идораи давлат низ асарҳои илмӣ навишта мешуданд. Яке аз онҳо «Артхашастра» ном дошт. Онро амалдори олимақоми шоҳи маврии Чандра Гупта –каутил таълиф кардааст. Каутил дар китоби худ қайд мекунад, ки давлат на ҳама вакт вуҷуд дошт. Он барои ба низом даровардани тартибу интизом ва қонуният ташкил карда шудааст. Каутил ба шоҳ муроҷиат карда, менависад, ки ӯ бояд халқи худро аз беадолати бедодгарӣ ҳимоя кунад. Ошубҳои дохилӣ, менависад ӯ, нисбат ба хавфи хориҷи хатарноктаранд, зеро онҳо имконият фароҳам меоранд, ки мардум ба шоҳ ва ҳокимияти мавҷуда бовар накунанд. Дар асри Каутил ба мақоми корҳои махфии давлатӣ диққати калон дода мешавад. Ӯ дар идоракунии давлат ҷазоро хеле муҳим мешуморад. Он вақт илм дар бораи давлатро «илм дар бораи ҷазо» меномиданд.
Илми ситорашиносӣ ҳам арзи вуҷуд карда буд. Олимони Ҳиндустони қадим ҳаракати офтобу моҳтоб ва ситораҳоро меомӯхтанд. Дар натиҷаи ин онҳо тақвими қадимаи ҳиндиро сохтанд. Мувофиқи он соли борат аз 12 моҳу ҳар моҳ 30 рӯзиро дар зарфи хар 5 сол як маротиба ба воситаи «моҳи 13-ум» ислоҳ мекарданд. Рисолаҳои қадимтарини ситорашиносии ҳиндӣ ба асри VI пеш аз милод рост меояд. Ситорашиносони ҳиндӣ ҳанӯз ҳамон вақт муайян карда буданд, ки замин дар атрофии меҳвари худ давр мезанад ва моҳ рӯшноиро аз Офтоб мегирад.
Ҳиндуёни қадим дар инкишофи илми риёзӣ хам саҳми калон гузоштаанд. Ба ҳисоб дохил кардани «0» -«холӣ» («сифр») кашфиёти хеле муҳим буд. Ба рақамҳои 1,2,3,3,4,5,6,7,8,9 сифр ҳамроҳ карда, ин рақамаҳоро даҳ, сад, ҳазор ва миллион баробар зиёд мекарданд. Масалан, ба рақами 1 сифр ҳамроҳ карда, рақами «10», ду сифр ҳамроҳ карда, рақами 100, се сифр ҳамроҳ карда, рақами 1000-ро ба вуҷуд меоварданд. Рақамаҳоро дар ҷойҳои сифрҳо ҳам гузошта, рақами заруриро ҳосил менамуданд.
Санъат. Дар давраи Магду Маврҳо дар Ҳиндустон ду намуди санъат меъмори ҳайкалтароши бештар тараққӣ кард.
Биноҳоро дар ин давра асосан аз чӯб месохтанд. Бинобар ин то замони мо танҳо харобаҳои онҳо боқӣ мондаанд. Онҳо дар бораи санъат баланди меъмори онвақтаи Ҳиндустон гувоҳӣ медиҳанд. Устоҳои ҳиндӣ дар сохтани бино батадриҷ аз санг бештар истифода мебурданд. дар натиҷаи ҳафриёт дар ҷои шаҳри Паталипутра харобаҳои қасри шоҳ ёфт шудаанд, ки он 100 сутуни боҳашамат дошта, бо ҳайкалҳою кандакорӣ зебу зинат дода шудааст.
Меъмори Ҳиндустон дунявӣ ва динӣ буд. Ибодатхонаҳои буддоӣ дар Санҷа ва Бпархута ёфта шудаанд. Онҳо тахминан ба асрҳои III-II пеш аз милод рост меоянд.
Биноҳо, қасрҳо ва ибодатхонаҳо аз ҳайкалҳо пур буданд. Дар расм мебине, ки дар қисмати болоии сутун ҳайкали чор Шер истодааст. Онҳо бо санъати баланд ва табъи хосаи ҳайкалтарошони Ҳиндустони қадим офарида шудаанд.
Дини Ҳиндустони қадим. Дини ҳиндуёни қадим замони Магаду Маврҳо аз этиқодҳои динии қадимтарини халқҳои Ҳиндустон оғоз меёбад. Онҳо дар он вақт қувваҳои табиатро мепарастиданд.парастиши оташ дар Ҳиндустон ҳам паҳн шуда буд. Оташро ҳиндуёни қадим сардори муққадаси хона меҳисобиданд. Баъдтар дар Ҳиндустон дини бараҳманӣ паҳн гардид. Мувофиқи таълимоти ин дин ҷамъият аз кастаҳои алоҳида иборат аст.
Дар асри VI пеш аз милод дар Ҳиндустон дини буддоия ба вуҷуд омад. Дини нав минъбад дини бараҳмания ва динҳои дигарро танг карда баровард. Ин дин асри III пеш аз милод қариб дар тамоми Ҳиндустон паҳн гардид. Сабаби ғалабаи дини будоия он буд, ки дини бараҳманӣ мардумро ба костаҳо ҷудо мекард.

История уревного мира М.1989

Ҳиндустон кишварӣ аст дар қорраи Осиё. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мамлакати Чануби Осиё ҷойгир шуда, қисми зиёди онро нимҷазираи Индостан гирифтааст. Хиндустон аз тарафи ғарб бо Покистон, аз тарафи шимолу-шарқ бо Хитой, Непал ва Бутаном ва аз тарафи шарқ бо Бангладеш ва Мьянмой хамсархад мебошад. Гайр аз ин Хиндустон аз тарафи чануби ғарби бо сархадхои баҳри бо чазираи Мальдивски, аз тарафи чануб бо Шри-Ланка ва аз тарафи чануби шарқи бо Индонезия хамсархад мебошад. Масохати бахсталаби штати Ҷамму ва Кашмир бо Афғонистон хамсархад мебошад. Хиндустон дар чахон аз чихати ахоли чои дуюмро мегирад, ки дар он чо зиёда аз миллиард нафар одамон зиндаги мекунанд. Хиндустон дар чахон аз чихати масохат чои хафтумро ишгол мекунад. Дар Хиндустон индуизм, буддизм, сикхизм, ҷайнизм пайдо шудаанд.Мундариҷа [Пинҳон кардани]

Ҳиндустон то миёнаи асри XX дар итоати империяи Подшоҳии Муттаҳида буд. Баъд аз он ки Хиндустон соли 1947 сохибистиклол шуд, давлат аз чихати иктисоди ва инкишофи харби сохиби дастовардхои зиёд шуд, махсусан дар тули бист соли охир.

Ҳиндустон аз калимаи қадимаи «синдху» гирифта шуда, маънояш номи таърихии дарёи Инд мебошад. Сарқонун Ҳиндустон инчунин дигар номгуи давлатро эътироф мекунад, Бхарат ки он аз санскрити номи кадимаи подшох, ки саргузашти у дар Махабхарате навишта шуда буд. Номгуи сеюми Ҳиндустон, аз давраҳои Империяи Моголи Бузург истифода бурда мешавад, вале статуси давлати надорад.

Аз хама барвакттарин изхои хаёти инсон дар Хиндустон – ин сурати кухии асри Сангин дар Бхимбетке дар штати Мадхья-Прадеш мебошад. Аввалин маълумотхои хамавактаи ахолии дар 9000 сол пеш пайдо шуданд ва ба пайдошавии Тамаддуни водии дарёи хинд оварданд, ки бисёртарин гулгулшукуфии ин давлат аз соли 2600 пеш аз миллод то соли 1900 пеш аз миллод .Баъд аз тамаддуни Хиндуи тамаддуни Ведики омад.

Аз соли 500 пеш аз миллод сар карда дар сарзамини Хиндустон якчанд шохигарии сохибистиклол пайдо шуданд. Ба ташакул ёфтани маданияти Хиндустон сулолаи шимолии Маурья,. дар зери хукумронии шохи буддои Ашоки сахми худро гузошт. Аз соли 180 пеш аз миллод Хиндустон як катор тохтутозхое, ки аз тарафи Осиёи Миёна аз сар гузаронид, ки дар натича дар сарзамини Хиндустон шохигарихои Хинду-юнони, Хинду-скифи ва Хинду-парфяни, ва инчунин империяи Кушониён пайдо шуданд. Аз асри III сар карда дар таърихи Хиндустон давраи хукумронии сулолаи Гупта пайдо шуд, ки онро асрхои тиллоии Хиндустони кадима гуфтан мумкин аст.
аврупоихоро, махз, доруворихои хиндй ба худ чалб мекард. Аммо бо мурури замон ачнабиёнро дигар факат савдо конеъ намекард. Масалан, португалихоро, ки дар асри XVI дар обхои укёнуси Хинд хукмфармой мекарданд, дар микёси васеъ ба рохзании дарёй машгул шуда, молхои бештарро тавассути дуздиву горат ба Аврупо мебурданд. Агарчи онхо чандин кавй набуданд, аммо хукмронони Хиндустон, аз чумла хатто Темуриёни Хинд (1526-1761) хам дар давраи нашъунамои худ натавонистанд португалихоро ронда, хукмронй дар бахрро ба дасти худ бигиранд. Хокимияти португалихо на аз тарафи хиндухо, балки аз тарафи ачнабиёни дигар аз кабили голландихо ва инглисхо шикает дода шуд ва баъдтар фаронсавихо низ пайдо шуданд.

Стран мира: М.Политиздать 1980
Асрхои XVI-XVIII давраи хукуматдории Темуриёни Хинд буд. Салтанати вокей ва асили ин хонадон дар рУзгори Акбар нашъунамо ёфта, мустахкам гардид.

Дар соли 1606 ба чои Акбар писараш- Чахонгир ба тахти салтанат нишаст. Чахонгир \”хам айшдУсти майпараст буд ва хам соддалавхе, ки ба каромати шайх ва дарвешхо боварй дошт. Бо вучуди ин дар доираи мамлакат тартиботи замони падари худро вайрон накард\” (17, 14). Пас аз 21 соли хукмронии Чахонгир соли 1627 хокимияти Темуриёни Хинд 6а дасти писари У Шохичахон гузашт. Дар солхои аввали салтанати У мамлакат аз чангхои дохиливу хоричй эмин монда буд ва ин сабаб шуд, ки кисми муайяни бинохои таърихии Хиндустон дар замони У арзи вучуд намоянд. Шохичахон кисмати охири умрашро дар гаму кулфати пай дар пай гузаронидааст. Писарони У хар як барои ба даст овардани точу тахт талош варзида, ба хамдигар ва ба падарашон дар макоми душманй карор доштанд. Шохичахон

барои хотима додани ин низоъ ва дасисабозии писаронаш хар якеро ба хукумат китъае аз мамлакат таъин намуд. Хукумати Кобул ва Мултонро ба Доро дод, Шучоъ ба Бангол фиристода шуд ва Аврангзеб ба хукумати Дакан ва Мурод барои Гучарот таъин гардиданд. Вале вакте ки Шохичахон дар охирхои умраш бемор гардид, писаронаш дигар аз итоати У сарпечй карданд ва накшахои чохталабонаи худро ба маърази амал гузарониданй шуда, ба фаъолият шуруъ карданд. Аз миёни бародарон Аврангзеб марде буд мухофизкор, ки кобилияти калони рохбарию идоракуни ва шучоати азим дошт. У дар аввал мисли дигар бародаронаш даъвои подшохй ва эълони талаби салтанат хеч ба забон нагирифта ва бо тамоми кувваташ ба бахонаи аёдати падар ба тарафи пойтахт рахсипор гашт. Аврангзеб бо сифатхои сахтгирию интизомхохй ва чангчуйии худ тавонист муваффакият ба даст оварад. У инчунин тавассути бо диёнатии хос ва низ таассубе, ки дар мазхаб дошт, тавонист эътикодмандону тарафдорони зиёдеро пайдо намояд. У хамаи бародаронашро, ки хори сари рохи У барои тасарруфи точу тахт буданд, аз байн бурда, дар мохи майи соли 1665 бо унвони \”Оламгир\” бар тахти салтанат нишаст ва точи императориро бар cap ниход.

Аврангзеб дар давоми хукмронии худ харчанд \”аз ичрои вазоифи хеш оини гафлат надошт ва таколиф ва вазифаи ичтимоиро руйи вичдон ё илм ва иттилое, ки дошта анчом медодааст\”(65, 63), аммо дар замони у хам исёнхои пай дар пай, чангхои дуру дароз, дуздй ва горатгарй идома меёфтанд, ки дар натича мамлакат хароб, хазина холй, ахолй ба нодонию бенавой гирифтор гардида, асбоби инкирози давлати феодалии Темуриён дар Хиндустонро мухайё месохтанд. Ин шохи неруманди

ботадбиру дурандеш то дами охирин саъй кард то давлати Темуриёнро аз заволёбй начот дихад. Баъд аз муддате аз даргузашти Аврангзеб (1706) хукумати муктадири Темуриён заиф гардида ба чандин кисмат таксим шуд. Ба хамаи ин нигох накарда, шукУх ва азамати пешини Темуриён то андозае боки монда буд. Хол он ки аллакай дар чоряки аввали асри XVIII субадорон ва наввобони бузургтарин вилояти давлати Темуриёни Хинд хамчун хукмронони давлатхои сохибихтиёр намоён гаштанд. Аз чумла Саодат Алй (1723) дар Авадх, Муршид Кулихон (1707-1727) дар Бангола, Низомулмулк (1723) дар Хайдаробод.

Баъд аз даргузашти Аврангзеб низои сиёсй дар байни писарони У авч гирифт. Писари бузургаш Баходуршох дар Дехлй ва писари дуввумаш Аъзамшох дар Дакан худро подшох эълон карданд. Баъд аз муборизаи дусола афзалият ба тарафи Муаззам, ки ба номи Баходуршох (1707-12) хукмронй мекард, гузашт. У марди донишманд, рахмдил ва адолатпарвар буда, бо вучуди саъю КУШИШ дар муддати шаш соли салтанаташ вазъи мамлакатеро, ки солхо боз ру ба вайронй оварда буд, дуруст карда натавонист. Окибат у дар соли 1713 дар мубориза ба мукобили сикххо халок гардид. Ин хукмронро метавон охирин подшохи давлати Темуриён хисоб кард. Зеро ворисони вай аз Муизуддин Чахондоршох cap карда, хама дар дасти заминдорони кудратманд бозичае беш набуданд. Баходуршох чахор писар дошт, ки пас аз сари У барои сохиб шудан ба тахти падар ба ч.они хамдигар дарафтоданд. Аввал Азимушшаън худро подшох эълон кард, вале дере нагузашта У дар чанги бо Муизуддин шикает хУрд ва дар об гарк шуд. Баъд аз ин бародарони дигараш Хам ба мукобили Муизуддин баромада дар рафти муборизахои

тахту точталаби халок ва шохигари ба Муизуддин Чахондоршох монд. У марди чохил, бадкахр ва маишатпараст буда, хамаи додарзодахояш ва дигар шохзодагони авлоди Аврангзебро ба истиснои Фаррухсияри писари Азимушшаън, ки дар ин вакт дар пайтахт набуд, нобуд месозад. Садриддин Айнй дар рисолаи \”Мирзо Абдулкодири Бедил\” салтанату салтанатдории ин шохро чу нин тасвир кардааст: \”Айёми салтанати Муизуддин як масхарабозй буд. У бо Лолкунур ном маъшукаи худ шабу руз мастй мекард. Лолкунур филсавор бо соябони подшохй дар куча ва бозорхо сайёхат менамуд. Бародарон ва хешовандони у ба мансабхои калон сохиб шуданд. Хатто як дугонаи У хар руз филсавор ва дар рикоби худ ясавулони чУбдор дошта, ба дарбор рафту омад мекард ва дар кУчахои Дехлй, худ бо забои ва одамонаш бо чУб одамони баномусро тахкир ва зарбу лат менамуданд\” (17, 19).

Муизуддин чун хамвора дар айшу мастй машгул буд, аз Ухдаи идора кардани салтанат намебаромад. У дар охирхои соли 1713 дар чанге, ки бо бародарзодааш – Фаррухсияр карда буд, шикает хУрда, аввал махбус ва баъди чанде кушта гардид. Дар натичаи чангхои нави дохилй хокимияти Дехлй ба дасти бародарон – Абдулло ва Хусайн гузашт. Онхо аввал Фаррухсиярро (1713-1719) бар тахт нишонданд ва чун диданд, ки У зидди акоиди онхо амал мекунад, Уро аз сари кудрат дур карданд ва ихтиёри мулку давлатро тамоман ба дасти худ гирифтанд. Фаррухсияр дар паи нест кардани онхо афтод. Ин ду бародар аз нияти У пай бурда, Уро дастгир ва махбус намуда, ба чояш Шамсиддин, писари Рафеъулкадрро (соли 1719) подшох карданд. У баъди се мох бо ачали худ мурд ва саидхо (ин ду бародар) хукмронии кишварро ба бародараш – Рафеъуддавла

супориданд, ки У хам баъди муддате вафот намуд ва пас аз ин шохигарии сисолаи Абулфатх Носириддин Мухаммадшох огоз мегардад.

Дар ин чо бояд хамин чизро хам зикр кард, ки дар вакти кашмакашихою муборизахо он ду бародар хамаи хазина ва дафинаи давлатро байни худ таксим карда, хатто канизакхои сохибчамоли харамсарои шохиро низ ба хонахои худ фиристоданд. Танхо Мухаммадшох тавонист, ки саидхоро бо дасти Низомулмулк Осафчох нест карда, хукуматро ба даст гирад. Окибат У аз ах ли илму адаб дури чу ста, даст ба айшу нУш зада, хазинаи давлатро, ки пештар хароб шуда буд, боз хам

харобтар кард.

Чангхо ва шУришхои дохиливу беруни Хиндустонро хеле заифу нотавон гардонида буданд. Аз ин вазъи номусоид аввалан хамсоягони он истифода мекарданд. Наклу ривоёти зиёд оиди боигарии Хиндустон ва чавохироти беандозаи Темуриён таваччУхи шохи Эрон – Нодиршохро ба худ чалб накарда наметавонист. У дар соли 1739 бо лашкари зиёде иборат аз бодиянишинони Хуросон ва Озарбойчон ба Панчоб зада даромад. Низоъ ва номувофикатии ашрофони Темуриён ба Нодиршох имкон доданд, ки то Дехлй бе ягон монеъа харакат кунад. Хукмрони Хинд таслим шуда, дарвозаи пойтахташро барои Нодиршох кушод. Нодиршох ба лашкараш ичозат дод, то дар муддати шаш соат харчанд тавонанд горату тороч кунанд. Дар ин бесарусомонй зиёда аз 20 хазор нафар аз ахолии Дехлй кушта гардид. Тамоми сарвати чамънамудаи Темуриён ба дасти Нодиршох гузашт. Фоидае, ки у дар ин лашкаркашй ба даст овард, зиёда аз 700 млн.рупияро ташкил медод. Дар рохи бозгашт дар Панчоб сикххо ба лашкари Нодиршох хамла оварда,

кисми хунармандонро, ки бо фармони Нодиршох бурда мешуданд, баргардонданд.

Баъд аз хамлаи Нодиршох шУриши сикххо, ки аввалин маротиба дар давраи шохигарии Мухаммадшох бо рохбарии дехкон Банда (1710-1715) cap зада буд, аз нав бархост. Сикххо баъд аз заиф гаштани давлати Темуриён кувваи асосии харбиро ташкил медоданд. Баъзе аз заминдорони Панчоб ба онхо боч мепардохтагй шуданд. Хатто як кисми феодалони хурд, ки аз Темуриён норозй буданд, ба онхо пайваста, динашонро хам Кабул карданд.

Дар баробари сикххо маратхо хам то андозае cap бардоштанд. Онхо дар соли 1740 Бангола ва Авадхро ба бочдехи худ мубаддал карданд.

Максади асосии онхо гирифтани Дехлй ва Панчоб буд. Аммо франсузхо, ки дар соли 1751 Хайдарободро тобеи худ сохта буданд, пеши рохи забткорихои ояндаи онхоро дар чануби Хинд бастанд.

Баъд аз фавти Нодиршох давлати нопойдори у таназзул ёфт ва дар заминай бокимондахои он давлати афгонхо ташкил шуд. Сардори он Ахмадшохи Дурронй (1747-1773) фавран ба истилои вилоятхои хамсоя шурУъ кард. Аллакай У дар соли 1748 ба Панчоб даромад, аммо мукобилияти куввахои муттахидаи Темуриён ва волиёни Панчобро мушохида карда, ба кафо гашт. Ба хар хол Ахмадшох дар муддати нисбатан кУтох тавонист тобеоти худро аз дарёи Хинд то Дехлй васеъ намояд. Дар соли 1751 афгонхо тамоми Панчобро 6а худ тобеъ карданд ва дар соли 1752 Кашмирро низ гирифтанд. Ахмадшох пойтахти Хиндустонро низ забт карда, соли 1757 ба Афгонистон баргашт. Маратхо ва сикххо аз вазъ истифода бурда, чандин дафъа шуриш

бардоштанд. Сикххо гарнизонхои афгонхоро аз Панчоб дур карданд, маратхо бошанд онхоро аз Дехлй пеш карданд.

Дар соли 1759 Ахмадшохи Дурронй аз нав бо 40 хазор лашкар ба Хиндустон хамла карда, сарлашкарони маратхоро торумор намуд ва боз аз нав Дехлиро сохиб гашт. Дар соли 1760 дар нимчазираи Хиндустон артиши бузурги маратхо пайдо шуд. 14 январи соли 1760 калонтарин мухориба байни афгонхо ва маратхо 6а амал омад. Гарчанд Ахмадшохи Дурронй дар ин чанг голиб баромада бошад хам, аммо куввааш ба дарачае заиф гардида буд, ки дигар натавонист шуриши сикххоро шикает дихад. Дар соли 1764 сикххо истиклолияти давлати худро эълон карданд.

Хамаи ин чангу чидол, забткорй ва вокеахо дар Хиндустон дар замони салтанати Мухаммадшоху писараш Ахмадшох ва дар замони фармонфармоии Иззуддин мулаккаб 6а \”Оламгири сонй>> ба вукУъ пайвастанд.

Бар асари табдили пай дар пайи подшохон, чангу мунокишаи байнихудии мансабдорону заминдорон ва низоъхои мазхабй мамлакат хароб, бинохои маданй вайрон ва шахру дехахо ба харобазор мубаддал мегаштанд. Чун идоракунии хукумат чи дар марказ ва чи дар махалхо заиф шуда буд ва Хиндустон як холати парокандагии сиёсиро аз cap мегузаронд, ачнабиён ин мавкеи муносибро хеле мохирона истифода карданд.

Карл Маркс вазъи хаёти сиёсиву иктисодии миёнахои асри XVIII-и Хиндустонро чунин баён кардааст: \”Хокимияти олии Мугулхои Бузург аз тарафи ноибонаш сарнагун гардид. Иктидори ноибон аз чониби маратхо заиф гардонда шуд. Кудрати маратхоро афгонхо шикает доданд ва дар холе, ки хама ба мукобили хама мубориза мебурданд, якбора бритонихо хамла

оварданд ва тавонистанд бе ягон мушкили хамаро мутеи худ созанд\” (77, 224).

Таърихнигор ва тазкиранависи машхур Озоди Билгиромй дар тазкирааш вазъи сиёсию ичтимоии ин даврро муфассал баён кардааст. У дар \”Хизонаи омира\” дар бораи хукмронони замон Наввоб Осафчох, амирулумаро Фируз Чанг, Наввоб Низомуддавла Шахид Музаффар Чанг, Наввоб Осафчохи Сонй, Наввоб Бурхоналмулки Нишопурй, Наввоб Абулмансур Сафдар Чанг, Умдатулмулк, Нодиршох, Ахмадшохи Дурронй, Шучоуддавла Оламгири Сонй, Шохи Олам Баходур маълумоти мухим додааст. У аз таназзулу заъфи салтанати Темурия бисер таассуф меху рад ва мегуяд: \”Било Сафавия дар Ирон ва Темурия дар Хиндустон чй подшохие ба равнак ва шукУх карданд ва арсаи оламро ба оберни адлу эхсон гулзор сохтанд ва баъди Султон Хусайн Мирзо ва Фирдавс Оромгох ачдб харобихо ру дод ва амну осудагй аз хар ду мамлакат бархост\”(б, 116). Мир Гуломалихон салтанати шохони мусулмонро дар Хиндустон ба некй ёдовар мешавад. Дар \”Хизонаи омира\” менигорад: \”Кариб 700 сол аст, ки салотини Ислом бар мамолики Хинд мусаллат шудаанд. Дар боргохи худ мусалмонон ва хиндувон хар ду каринро чо доданд ва ба кадри кисмат хар ду тоифаро файз расониданд\” (6, 117).

Мир Гуломалй дар бораи хамаи хамлахои забткоронаи Ахмадшохи Дурронй ба Хиндустон пурра маълумот додааст. Хатто у порчаи манзуми яке аз таърихнигорони он ахд Миравлод Мухаммад Зикоро, ки таърихи чулуси шохи Дуррониро ба риштаи назм кашидааст, овардааст: Чун шох муовадат намуд аз cap Хинд,

Мир Гуломалихони Озод хамчун таърихнигор дар тазкирааш сабаби ба осонй тасхир карда тавонистани Хиндро аз чониби вилоятиён чунин ба калам додааст: \”Хактаъоло дар миёни вилоят ва Хиндустон садди устувортар аз садди Искандари баста, яъне Кобул ва он тарафи мулк барф аст. Инсон ва дигар Хайвоноти Хинд тоби хавои барф наметавонанд овард ва аз ин чихат мардуми Хиндро тасхири вилоят мушкил. Мардуми вилоятро тасхири Хиндустон осон… Харчанд хавои тобистони Хинд ба имтизочи ах ли вилоят намесозад, аммо на мисли хавои зимистон бо мизочи мардуми Хинд… Хулосаи калом он ки мардуми вилоят хамеша голиб омад ва чандин салотини аввалй азм аз вилоят касди Хинд карданд, мисли Султон Махмуди Гозй ва

Султон Шихобиддини Гурй ва Амир Темур ва Фирдавсмакони Бобуршох ва Нодиршох ва гайра хам подшохи ин замон ва умаро, ки салтанати Хиндро ба ёд доранд… Дар вакте ки ин нома навишта будам, асло хабари омадани шохи Дурронй ба Хиндустон набуд…\” (6, 118). Ин пешгУии Мир Гуломалихон рост баромад.

Аврупоихо дар баробари он ки байни худашон барои вусъати доираи нуфуз мубориза мебурданд, дар айни замон хокими ягон вилояти Хиндустонро бозичаи дасти худ карор дода, бо хиллахои дурандешона ва яроку пул чангхои дохилиро тавсиа медоданд.

Окибати муборизаи давлатхои мустамликави барои хукуки монополиявии торочи Хинд дар давраи чанги хафтсола дар Аврупо (1756-1763) хал гардид. Сулхи Париж (1763) мавкеи хукмронандаи Англияро дар Хиндустон муайян кард. Инглисхо бар дигар аврупоихо пешй чуста, хамаи бандархои Хиндустонро ба дасти худ гирифтанд ва барои худ дар дохили Хиндустон рохро боз карданд. Онхо то тамоман ишгол кар дани Хиндустон бо номи \”Ширкати Хинди Шаркй\” фаъолият мекарданд.

Адабиётҳо

1.«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г

2.Стран мира: М.Политиздать 1980
3. Т.Зиёев «Таърихи умуми »Душанбе «Сарпараст» 2005 с
4. Стран мира: М.Политиздать 1980
5. История уревного мира М.1989
6. «Энциклопедияи советии тоҷик» Душанбе 1983с қ IV
7 Авдиев В.И. «История деревного вотока» Москва 1953г
8 Интернет


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.