Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Тоҷикон дар асрҳои XVI – XVIII

Дар асрҳои XVI – XVIII ўзбекҳои бодиянишин бо сардории Муҳаммад Шайбониҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – Шайбонӣ машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонандаи Чингизхон буд. Боби ў, Абулхайрхон, дар асри XVI давлати пуриқтидори бодияви ташкил намудТОҶИКОН ДАР АСРҲОИ XVI – XVIII

Нақша:
1. Мовароунаҳри асрҳои XVI – XVIII
2. Ҷангу низоъҳои феодалӣ дар асри XVI
3. Тоҷикон дар асрҳои XVI – XVIII

Дар асрҳои XVI – XVIII ўзбекҳои бодиянишин бо сардории Муҳаммад Шайбониҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – Шайбонӣ машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонандаи Чингизхон буд. Боби ў, Абулхайрхон, дар асри XVI давлати пуриқтидори бодияви ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ў аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар паҳноҳои бекарони дашту саҳрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, ҳаёт ба сар мебурданд.
Душмани ашадии Темуриён дар қисмати шимоли мамлакат моғулҳо ба шумор мерафтанд, ки Тошкентро маркази худ ихтиро карда буданд. Вақте ки волии Бухоро бо қўшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира бархоста, ба муқобили ў шитофт ва дар роҳ ин қувваи аскариро торумор намуда, ба сўи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рўз нагузашта аъёну ашроф ва рўҳониён шаҳрро ба ў таслим намуданд. Гурўҳе саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорӣ мекарданд, гурўҳи дигар хешовандони вай – Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ў ваъда медоданд.
Акнун ҳарифи асосии Шайбонихон шаҳзодаи ҷавони темурӣ, асосгузори ояндаи давлати Темуриёни Ҳинд Бобур гардид. Бобур барои кўмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид.
Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сў фирор мекарданд. Ниҳоят худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт, шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозими дида, пас ба истилои мулкҳои ҷанубии Темуриён камар баст. Дере нагузашта, Хоразм ҳам аз тарафи қўшуни Шайбониён ишғол карда шуд. Ҷиҳати иқтисодии ин мулкҳои инъомӣ аз он иборат буд, ки мадохилот на ба хазинаи Шайбонихон, балки тамоман ё қисман ба дасти мулкдорон шаҳру вилоятхо медаромад. Ба ин мулоҳиза онҳо ба харидани замин, иморатҳои шаҳр ва устохонаҳо сар карданд. Бинобари ин аксар вақт моли ҷабраи ситонидаи худро ҳамчун моли харида ба расмият медаровардан. Дар сарзамини паҳновари давлати Шайбониён чанд сол сулҳу осоиш ҳукумфармо гардид ва ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рў ба беҳбудӣ ниҳод. Ду давлати Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар воқеъ гардиданд. Вале дар байни онҳо сулҳу сафо асаре набуд. Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд.
Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна Тошкент, Фарғона, Ҳисор ва ғайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобӣ рў ниҳода буд. Нарху наво баланд рафта, дар як қатор маҳалҳо қаҳтию гуруснагӣ руй дод. Дар сарчашмаҳо махсусан аҳволи табоҳи мардуми вилоятҳои Ҳисор ва Самарқанд ба тафсил баён ёфтааст. Ақидае мавҷуд аст, ки умуман дар асри XVI масоҳати заминаҳои кишт хеле кам гардидааст.
Дар асри XVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Соли 1583 Абдулло, ки бо номи Абдуллохони 2 маъруф гардидааст бар хилофи русуми мавҷуда, ки мебоист фарзанди калонии хонадон ба тахт менишаст, ҳукумрони мамлакат эълон карда шуд. Дар соли 1584 Абдуллохони 2 Бадахшонро забт карда, соли 1588 Ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи ў даромаданд. Ҷангу низоъҳои муттасили феодалие, ки тақрибан муддати панҷоҳ сол дар сарзамини Осиёи Миёна давом карданд, барои тиҷорат ва гардиши пул вазъияти хеле номусоид ба миён оварданд. Буҳрони муомилоти пўлӣ ба андозае танду тез гардида буд, ки мудохилаи чиддиро талаб мекард. Акнун пулҳое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Дар асри XVI замин аз рўи ҳуқуқи моликият, мисли пештара, ба 5 категория тақсим мешуд. Ва ниҳоят, чунон ки аз санадҳои асри XVI ва давраҳои минбаъда маъмул мешавад, давлат заминҳои милкро беш аз пеш ҳамнчун захирае барои подоши феодалӣ истифода менамуд.
Вазни қиёсии заминҳои категорияи милки ҳурри холис дар асри XVI он қадар калон набуд. Захираҳои заминҳои вақф дар асри XVI, ҳам аз ҳисоби заминҳои милк ва ҳам як андоза аз ҳисоби заминҳои милк ҳурри холис, ғанитар гардид. Мушоҳидаҳои ғайримустақим нишон медиҳанд, ки захираи ин қабил заминҳо дар асри XVI ва давраҳои баъдина торафт кам мешуд. Деҳқонон замини худро ба феодалони давлатманд мефурухтанд. Аҳволи деҳқонони безамин иҷоранишин ниҳоят дараҷа бад буд. Дар асри XVI, мисли давраҳои гузашта, воҳиди асосии хоҷагӣ ҳамоно хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мерафт. Заминҳои ҳама гуна категорияҳо ба тариқи иҷора ба деҳқонон дода мешуд.
Таҳқиқи сабабҳои тадриҷан, вале устуворона ка шудани истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пўли дар асри XVI ва суръати бештар дар асри XVIII хеле қобили таваҷҷўҳ аст.
Дар асри XVI Абдуллохони 2 барои хотири шайхони бонуфуз ва давлатманди Ҷўйборӣ тамоман амлоки бузурги ононро ба ҳудуди шаҳр дохил намуд. Дар асри XVI таърихнигорӣ ҳам ба тараққиёти худ давом намуд. Чунин асарҳои асарҳои барҷастаи таърихӣ, аз қабили Хондамир, воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷумаи ҳоли одамони машҳурро баён кард. Барои омўхтани таърихи Осиёи Миёна асри XVI аз муҳимтарин сарчашмаҳо ба ҳисоб мерафт.
Абдуллохони 2 соли 1598 вафот кард ва ба ҷои ў писараш Абдулмўъмин ба тахт нишаст. Лекни азбаски ў монанди падараш дар мамлакатдорӣ таҷрибаи кофӣ надошт, гурўҳҳои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба тарафи худ кашад ва на дасти онҳоро кўтоҳ намояд. Дере нагузашта, худи ҳамон сол, вай аз тарафи нўкари зархариди як гурўҳ феодалони зидди ҳукумати марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуҳаммадхони 2 фақат ба як қисмати ночизи давлат соҳиб буд. Ў ҳам ба зуди дар ҷангу низоъҳои байнихудӣ ҳалок гардид.
Дар давраи ҳукумронии кўтоҳмуддати Убайдуллохон муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле щиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти маркаи саъю кўшиши зиёде ба харҷ дод.
Дар асрҳои XVI – XVIII омаи халқҳои Осиёи Миёна хеле фаъол шуданд ва онҳоро дар муборизаи зидди амирони саркаш ба худ муттафиқ гардонидани хон барояш манфиати зиёде меовард. Убайдуллохон ба ислоҳоти пул умеди калон баста буд. Хонҳои сулолаи Ҷониён дар зарфи асри XVIII сикказаниро ҳамчун манбаи даромад дониста, муттасил пул мебароварданд. Онҳо иёри пулро гоҳ паст ва гоҳ баланд намуда, дар охирҳои асри XVIII зарби сиккаҳоро ба дараҷае расониданд, ки дар тангаҳо ҳамагӣ 22,5% нуқра монда буду халос. Убайдуллохон бошад пулҳое баровард, ки иёрашон хеле баланд буд, яъне тангаҳо 35% нуқра доштанд. Ў дар давоми ҳафт сол, дар чӣ вазъияте ки бошад, ба тағйири пул ҳамчун манбаи даромад роҳ надод. Дар Бухоро кори савдо қатъ гардид. Тоҷиорн ва косибони шаҳр дўкону корхонаҳояшонро бастанд. Ин воқеаъ камбағалон ва гурўҳҳои меҳнати аҳолиро бисёр танг кард. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Тудаҳои мардуми шаҳр, аксаран одамони бенаво шўриш бардошта, ба таҳдид ва фарёд ба арк ҳуҷум карданд ва ба ҳолати аввал овардани вазъияти шаҳрро талаб намуданд. Шўриши халқ охир фурў нишонда шуд, чанд кас ба қатл расид. Акнун пули кўҳна на ба як, балки ба ду пули нав баробар шуд. Убайдуллохонро тарафдори мекарданд, ба душмани ў мубаддал сохт. Ин буд, ки дар сиёсати дохилӣ имкони анҷом додани ягон кори мусбати ба назар намоёне фароҳам наомад.
Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон ба тахт нишаст. Дар замони ҳукумронии ин охирин намояндаи асосии сулолаи Ҷониён ҳукумати маркаӣ иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад. Абулфайзхон ҳукумфармо буд, сухан меронад. Онҳо барои савдо дар бозорҳои Бухоро ҳуқуқи номаҳдудеро соҳиб шуда, мардумро ғорат менамуданд. Ин ҳама заду хўрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон аз ҳаёти пурмашаққати халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди ҳукумронии Ҷониён шаҳодат медиҳанд.
Дар асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус дар вилоятҳои марказии он таназзули амиқи иқтисодӣ рўй дод. Хоҷагии қишлоқ ақиб рафт. Шабакаи обёри кам шуд. Хурока намерасид.
Процесси камшавии милкҳои ин гурўҳи, нисбатан имтиёзноки деҳқонон дар асри XVI ҳам ба назар мерасид, вале дар замони Ҷониёни алалхусус дар вилоятҳои марказии Осиёи Миёна ин қабил соҳибони милк тамоман хонахароб гардиданд.
Дар натиҷаи зулму истисмори бераҳмона ва хироҷу молиётситониҳои аз ҳад афзун деҳқонончунон ҳам ба фақирӣ ва нотавонӣ афтоданд, ки дар асри XVIII ҳукумат дигар ба зиёд кардани хазина бурида шуд, зеро хавфи ҷунбиши калоне таҳдид менамуд. Деҳқонон умуман аз ҳар тараф ҳамлаву фишор дучор мешуданд.
Дар асри XVIII ҷунбишҳои халқӣ чунон бисёр сар мезаданд, ки ҳатто муаррихони дарбор, бигззор ғаразолуд ва рўпўшида бошад ҳам, аз зикри онҳо гурез надоштанд. Дар ин аср вазъияти халқ боз ҳам бадтар гардид. Вазъияти умумии пулдорӣ ва сиёсати ҳукумат дар соҳаи пулбарорӣ ва гардиши пул низ барои касбу ҳунар ва тиҷорат номусоид гардид. Ба болои душвориҳои аз ҳилаву найранги қурб ба миён омада, ки ҳанўз дар асри XVI чун барои гароне бар дўши касбу ҳунар ва тиҷорат афтода буд.
Вазъияти даври баъдина ба пешрафти бинокорӣ, меъморӣ санъат ягон қадар мусоидат накард. Дар ин асри XVIII давраи харобии иқтисодӣ, хуруҷи ҷангҳои дохилӣ, ба вайронӣ рў овардани шаҳру деҳот, сар задани шўришҳои халқӣ, дубора авҷ гирифтани тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва қушунҳои аҷнабӣ буд. Дар ин вақт махсусан ноҳияҳои марказии Мовароунаҳр ва вилояти Балх зарар диданд. Дар натиҷаи ба ҳар тараф фирор кардани аҳоли чунин марказҳои маданӣ, монанди Бухоро ва Самарқанд беодам монданд. Табиист, ки аз ин замони ошуфта ва тира ҳеҷ як ёдгории муҳими меъморӣ ва ҳунарӣ боқи намондааст.
Бисёр вилоятҳои тоҷикнишон, аз ҷумла вилояти Ҳирот ба ҳайати давлати Аҳмадшоҳ дохил шуд. Аҳмадшоҳ аз Ҳирот қувваи зиёди ҳарбиро барои тобеъ намудани музофотҳои тоҷикнишин ва ўзбекнишини соҳили ҷанубии дарёи Аму равона сохт. Ба феодалони афғон муяссар гардид, ки муввақатан ҳокимони баъзе вилояту музофотҳо, аз қабили Балх, Андой, Маймана Аҳҷа, Шибирғон ва Қундузро ба худ мутеъ намояд. Дар Балх гарнизони афғонӣ гузошта, волие аз қавми афғон нишонда шуд. Баъдтар Бадахшон ҳам таҳти нуфузи сиёсии Афғонистон қарор гирифт.
Дар воқеоти он давра Қубодиён, ки он ҷо ҳокимони пешина ҳўкмронӣ мекардад, ҳамчунин деҳаи Душанбе роли муҳим мебозиданд. Дар ҳисор истеҳкомоти нав сохта, истеҳкомоти пешина дубора ба кор андохта шуданд. Чун ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои давлати хонӣ аҳамитяи калон доштанд ва феодалони ин маҳалҳоро табиати саркаше буд. Дар шаҳри сабз, Тошкент ва дигар валоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Ўротеппа, ки дар асри XVIII ба ҳайати он шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва ғайра дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд. Дар аҳди ҳукумронии Муҳаммадраҳимхон дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зарарҳои зиёде расонида шуд.
Читанавъе, ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри XVI Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, монанди аминона, никоҳона, мўҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи инҳо сабабгори боз ҳам бештар ба бтабоҳӣ рў вардани вазъи зиндагии табақаҳои меҳнатикаши аҳолӣ мегардиданд.
Балх истиқлолият ба даст овард. Фарғона дар асри XVIII ниммустақил шуда, баъдтар дар ин ҷо хонии мустақили Хўқанд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи ўзбеки минг қарор гирифтанд. Ташаккули хонии Хўқанд дар асри XVIII, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣи ва Норбўта ба анҷом мерасад. Давлати хонии Хуқанд дар миёна ва нимаи асри XVIII давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вафо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ бо фаъолияти ҳукмрони он Муҳаммадамин алоқаманд аст.
Мулкҳои кўҳистоние, ки дар сарзамини кунии Тоҷикистон, аксаран дар навоҳии Ҳисору Кўлоб вақеъ гардида буданд. Аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Ўротеппа ҳам, ки саргаҳи Зарафшон – аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайати он буд, истиқлолияти худро нигаҳ медошт.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.