Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Авзои Мовароуннахру Хуросон пас аз давлати Сомониён

Давлати Сомониён феодали, яъне ҷомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба ҳисоб мерафт. ҳам хокимияти дуняви ва ҳам дини дар ихтиёри у буд. Амир аз ҷумлаи шахсони маъруфу донишманд шурои маслиҳати дошт, ки он ба у тарзу усулҳои самароноки идораи мамлакатро маслиҳат медод. Сомониён дастгоҳи пурзури боэътимоди марказию махаллии идораи давлатӣ доштанд, ки онро хукумат гуфтан чоиз астАвзои Мовароуннахру Хуросон пас аз давлати Сомониён
Давлати Сомониён феодали, яъне љомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба њисоб мерафт. њам хокимияти дуняви ва њам дини дар ихтиёри у буд. Амир аз љумлаи шахсони маъруфу донишманд шурои маслињати дошт, ки он ба у тарзу усулњои самароноки идораи мамлакатро маслињат медод.
Сомониён дастгоњи пурзури боэътимоди марказию махаллии идораи давлатї доштанд, ки онро хукумат гуфтан чоиз аст. Њукумат аз дањ девон иборат буд ва ба воситаи ин девонхо давлати Сомониён идора карда мешуд.
Пойтахти далати Сомониён шахри Бухоро буд. Ин давлат аз ду минтаќаи калон идорат буд – Мовароуннањр ва Хуросон, вале њудудхои алоњидаи он аз ин минтаќањо њам берунро дар бар мегирифт. Њардуи онњо, дар навбати худ, аз вилоятњои сершумор иборат буданд. Вилояти Мовароуннањр бевосита ба воситаи шахри Нишопур тобеъ буданд. Яъне, Хуросон аз шахри Нишопур идора мешуд.
Амирони охирини Сомони барои нигоњ доштани иќтидори давлати Сомониён коре накарданд. Онњо ба низоъњои дарбори машѓул шуда, бехабар монданд, ки њам кишоварзию њам њунарманди ва њам тиљорат таназзул кардаааст. Лашкар аз назорати њочиби бузург баромад. Ба он ашхоси худхоњ соњиб шуданд. Хазинаи амир холи шуд. Низоми давлатдори таназзул ёфт. Аз ин кабилахои турки ќарахониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон шахри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавчудияти далати Сомониён хотима бахшиданд.
Баъди барњамхурии давлати Сомониён дар њудуди ин давлат давлатњои ќарахитоиён ва Газнавиён таъсис ёфта, замоне арзи вучуд доштанд. Дар даврањои гуногуни асрхои XI – XIII ќисматњои алоњидаи каламрави собик далати Сомониён ба далатхои Салчукиён ва Гуриён низ дохил буданд.

Мухаммад мачбур шуда буд, ки заминњои дар Фарѓона доштаи ќарахонихоро то сарњади Чирчиќу Арис ба фоидаи ќулчуќ дихад. Сархади байни ќулчуќу Муњаммад аз Хуљанд то Сунаќќурѓон муайян гашт.
Дар баробари ќарахитоихо, инчунин муѓулњо низ сарњадњоии шаркии давлати Хоразмро халалдор менамуданд. Онњо ба бањонаи чаронидани чорво ва галаи уштурњояшон њар сари вакт сарњадро вайрон менамуданд. Муњаммад Хоразмшоњ бошад барои зада гардонидани њамлахои ѓоратгаронаи ќулчуќ ва Муѓулхњо якчанд маротиба ба соњилхои поёноби Сирдарё юриш намуда буд. Дар рафти яке аз њамин юришњои у тобистони соли 1216 дар байни лашкари Муњаммад ва дастаи мусаллањи писари Чингизњон-Чузи задухурди тасодуфи ба амал омад.
Аммо баъди гуфтушунидњои кутоњ муѓулњо аќиб нишастаанд. Зеро бо ташаббуси Муњаммад соли 1215 Чингизхон сафири Хоразмро дар Пекин ќабул намуда, оид ба њамкори ва бехатарии сархадњо намуда буданд. Сарчашмањо ёдовар мешавад, ки Мухаммад барои нобуд сохтани Ќулчуќ гуё бо Чингизхон иттифоќ баста бошад. Вале хамаи ин кушишњо пеши роњи забткории муѓулњоро гирифта натавонист. Ин буд, ки Чингизиён то соли 1218 кисми шимолии њафтруд ва соњилхои Иртишро забт намуда, ба истилои Осиёи Миёна омода гаштанд.
Вахшиёна пахш намудани шуриши соли 1207 дар Бухоро ва шуриши соли 1211 дар Самарќанд норозигии сокинони ин шањрњоро нисбат ба Хоразмшоњиён дучанд зиёд кард. Руњониён низ аз сиёсати давлатдории Хоразмшоњиён норизо буданд.
Давлати Хоразмшоњиён дар чунин вазъияти душвори сиёсиву иктисодї зери хамлаи муѓулхо карор гирифтаанд.
1.Ниг.: Гафуров Б.Г. Точикистон. Ч1.-Душанбе, 1998-С.600.
Гарчанде, ки Мухаммади Хоразмшоњ дорои ќувваи азими њарбї бошад њам лекин ќуввањои асосии у пароканда буданд.
Дар ибтидои њама ќабилањои муѓул пароканда буданд ва байни худ дар њолати душмани ќарор доштанд. Лекин онњоро Темучин ном сардори ќабилаи мѓулхо дар давлати ягонаи муттањид карда, ќувваи бузурги њарби табдил дод.
Соли 1206 Темучин дар Ќурултойи навбати худро Хони Бузург эълон карда, унвони Чингизхонро гирифт. Лашкаркашињои азими истилогаронаи Чингизхон иктидори ўро руз аз руз бештар мегардонид. Дастахои чангии муѓул бо сардори Чучи ном писари калони Чингизхон <<халќњои чангалнишини>> соњили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халки уйѓур бо ихтиёри худ хукумронии Чингизхонро ќабул кард Хубилай ном сарлашкари муѓул ќисми шимоли Хафтрудро ишѓол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимоли лашкар кашида, шахри Пекинро, ки пойтахти он буд забт намуд. Баъдар дар солњои 1218-1219 муѓулњо ба осони сарзамини Ќарахитоињо Њафтруд ва Туркистони Шарќиро тасарруф намуданд ва ба сархади давлати Хоразмшохиён наздик шуданд. Дар бобати ранги душмани гирифтани муносибатхои ин ду давлатї азими онваќта сањми тољирони Осиёи Миёна хеле бузург аст. Бисёр тољирони сарватманд, ки бозоргонии Муѓулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоњ медоштанд, њануз пеш аз хамсарњад гардидани ин ду давлат бо њамкорињои уйѓурњо дар умури ташкилот ва сохти дохилии Муѓулистон аз мушовирони асосии Чингизхон њисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоњиён муттасилан ба воситаи ин тољирон маълумот ба даст меовард.
Мухаммад Хоразмшох, ки дар он ваќт назар ба Чингизхон бештар ќувва дошт, равияи љангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 љанговарони Хоразм ба ичозати ў дар ќалъаи сарњадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воќеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин, ки маќсади љосуси дорад, торољ намуданд. Бори корвон аз 500 шутур тилло маснуоти абрешими чини, пустњои ќиматбахо ва амсоли ин иборат буд ва 450 тољир, аъёну ашроф ва ашхоси муътамади хони муѓул маъмури овардани онхо буданд. Гумоштагони Хоразмшоњ њамаи ин одамонро ба ќатл расонида, тамоми молњоро фурухта, пули онњоро ба маркази давлати Хоразмшоњиён фиристоданд.
Чингизхон аз вокеаи Утрор, ки бештар бо номи <<Фољиаи Утрор>> маълум аст, хабардор шуда, аз Хоразмшох талаб кард, ки сабабгорони ин фољиа яъне њокими Утрорро ба у супоранд ва тавони њисоротњои воридшударо бидињад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талаб ба пойтахти давлати Хоразмшоњиён омада буд, бо амри Муњаммади Хоразмшоњ ба катл расонида мешавад ва њамрохони ў бо ришу мўйлаби бурида пас гардонида шуданд. Аз руи баъзе маълумотњои дигар онњоро ќатл карданд. Ин рафтори љангталабонаи Мухаммади Хоразмшох њучуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Пайдоиши худи сулола маълум нест, номи дар илм ќабулшудаи тамоман шарти буда муаррихон асри XI ба ду унвони маъруф: ќарахон ва шоњ гирифтаанд. Зоњиран хастии асосии давлати Ќарахониёнро кабилоњои турки Яѓмо ва Чингили ташкил мекарданд, ки дар ному лаќабњои давраи зуњури Ќарахони бештар дучор меояд. Аммо лаќаби аз хама олии Арионњон ва Буѓрохон хисоб мешуд.
Дар ин давра умуман давлати Ќарахониён ба чанд амлок таќсим шуда њудуди онхо њамеша таѓир ёфта меистод. Сохибони амлок њуќуќ ва имтиёзњои калоне доштанд, онњо метавонистанд њатто ба номи худ пул бароранд. Мулкдорони хурд њам амлок ва њам амлокдорро иваз карда метавонистанд. Алоќаи тобеият серзина буд. Таърихи сиёсии ин давра пур аз њаводиси љангу талошњои байни њудуди мебошад.
Дар мавќеи аввал имтиёзи сиёсї ба чониби авлоди Алиён буд. Пас аз истилои Мовароуннањр онхо ба сарзамини бузурге сохиб гардиданд, ки дар ѓарбу кад-кади Амударё бо њудуди давлати Ѓазнавиён тўл мекашид, дар шарќ бародари Наср Кашѓарро ба даст овард. Дар ин овон сардорони сулола гоњњо аз байни намояндагони гуногуни хонадони Алиёнњои хоста шуданд.
Бояд ќайд кард, ки кашмакашињои миёни Ќарахониён ва давлатњои хамзамон махсусан Салчуќихо хеле шадид сурат мегирифт. Ба дигаргунињо ворид намудан дар давлати Карахониён, ки ба вилоятњои људогона таќсим шуда буд, дар натиљаи муборизањои дохили Мовароуннањр аз он људо шуд. Соли 10480 Наср Буритегин пойтахтро аз Узген ба Самарќанд кучонид.
Дар замони Буртегин давлати Ќарахониён дар Мовароуннањр шуњрат пайдо кард, вале дар давраи њукумронии писараш Шамсулмалик заминњои шимоли Мовароуннањр ба дасти Ќарахонињои шарќи гузашт. Ѓайр аз ин Салчуќихо соли 1072 ба сардории Арслон аз дарёи Ому гузашта Бухороро муњосира намуд. Фавти Арслон Мовароуннањрро аз хучуми Салчуќихо наљот дод . ќайд кардан зарур аст, ки cарзамини ќарахониён ба ду њоќони асоси таксим мешуд. Њокони кисми шарки марказаш Балагун ва Хокони кисми гарби – марказаш Узганд.
Дар давраи хукумронии Иброхими Иброхими Тамгосхон сиёсати дохилии давлат чолиби диккат аст. Агар бо сарчашмахои таърихи диккат кунем. Иброхими Тамгосхон то як дарача мувозиби амният оромиш ва эхтиёчоти халки худ буд ва аз ин лихоз дар байни мардум шухрат дошт. Хусусан Касони ба моликияти даст дарозкунандаро беамон чазо медод. Дар ин бобат сарчашмахо гуногун мебошанд.
Чунин муносибат зулми феодалонро камтар накарда бошад хам вале пеши зиёд шудани онро гирифтанд. Инак дар шароити давлати феодали худи хамин хам як ходисаи прогресиви ба шумор мерафт.
Дар сиёсати дохилии давлвти Карахониён аз дигар давлатхо дида одилона буд. Шохи Карахони кушиш мекард ки иктисодиёти кишоварзи таракки карда дар мамлакат арзони хукумфармо бошад. Аз ин ру бозорхоро бевосита дар тахти назорати хеш гирифта нарху наворо танзим мекардааст. Сиёсати пешгирифтаи уро писар ва наберааш давом дод.
Вале ворисони минбаъдаи ин хонадон дар сиёсати хоричи ва лашкаркашон кори уро давом дода натавонистаанд. Холо дар замони Шамсулмалик онхо ба фишори Карахониён шарки тоб оварда натавонистанд. Фаргонаро аз даст доданд ва минбаъд марзи ду давлат аз Хучанд муайян шуд.

1.Ниг.: Мухторов А., Рахматуллоев А. Таърихи халки точик. – М., 2012. – C. 214.

Дар ибтидои Ќарахониён бо рухониёни иртиљоии дини Имом барзидди ѓояхои озодфикри ва шуришњои халќи забон як карда буданд Вале дертар дар байни онхо норозигињо ба амал омад Сабаб он буд ки руњониён мехостанд Хонњо бо хохиши иродаи онњо амал намоянд Аммо хон инро намехост. Дар натиља кашмакашињои давлат заиф шуд ва Маликшоњи Салчуќи Самаркандро ишѓол кард ва Ахмадхонро асир гирифт.
Дар солхои 1092-1093 Ахмадхон ба Исфара ва Самарканд баргашта бар зидди онњо муборизаро сар кард. Аммо руњониён суиќасд карда уро куштанд. Ва ба хамин давраи пурзуршавии нуфузи рухонийни мусулмон сар шуд.
Аслан ин Карахитоињо аз кабилањои сершуморе, ки дар водии Тарум маскун буданд дар натиљаи омезиш бо дигар ќабилахо ташаккул ёфтанд. Онњо дар муборизаи зидди хонњои Ќарахони дастболо шуда ба он мувафак шуданд, ки дар соли 1125 давлати худро ташкил намоянд. Ќарахитоињо дере нагузашта ба тамоми заминњои Шарќии Ќарахониён соњиб гашта ба мулкњои Мовароуннањрии онњо низ тањдид намуданд.
Кушиши аввалини Ќарахитоихо ба Ѓарб аз тарафи Њоќонии Кашѓар Ахмад ибни Њусайн баргардонида шуд. Аммо дертар онхо таёрии пурзур дида дар наздикии Хучанд ба Мањмуди Ќарахони зарбаи сахт заданд, дар ин мубориза ба Мањмуд маслињатгараш Султон Санљар дасти ёри дароз мекард чунки худаш дар чанги Хоразм банд буд. Дар вакти кулай истифода бурда Ќарахитоињо Ќарахониёнро шикаст доданд.

1.Ниг.: Хољаев С. Таърихи халќи точик – Душанбе, 2002- С.91

Ќарахитоиён барои баргардонидани заминњои худ кушишњои зиёд намуданд. Њатто бо Султон Санчар забон як карда муборизаро шадид намуданд. Аммо Ќарахитоихо бо лашкари зиёде онхоро сахт шикаст дод ва ба тамоми сарзамини Мовароуннањр сохиб шуд. Акнун Ќарахониён бо Ќарахитоињо маљбуран андоз месупориданд.
Агарчи Ќарахитоихо ќариб тамоми сарзамини Ќарахониёнро ишѓол карда намуда бошанд хам, аммо ба сохти давлатдории онхо танњо сардори Ќарахитоихо хирољ ситонида мешуд халос. Онњо њам мисли Салчуќињо ба корњои дохили Ќарахониён чандон дахолат намекарданд. Њонњои онхо мисли пеш аз байни ашрофиёни Ќарахони таъин мешуданд.
Чуноне, ки ќайд намудем дар давраи пош хурдани давлати Сомониён ташаккул ёбии давлати Ѓазнавиён ба назар мерасид. Ин давра хамчун як маркази сиёси сар бардоштани Ѓазнавиён њануз аз аввалхои асри X сар мешаавад.
Дар сарчашмањои таърихи Сабук-Тегин њамчун асосгузори сулолаи Ѓазнавиён дар асрхои X эътироф гардидааст. Зеро Сабук-Тегин на Фаќат истиќлолияти Ѓазнавиёнро таъмин намуд, балки заминњои соњилии дарёи Кобулро ба он хамрох карда, хоки давлати худро васеъ намуд. Илова бар ин ба ивази кумаке, ки бо амри Сомон Нухи 11 расонида буд, њокимияти Хуросон низ ба ихтиёри у гузашт.
Умуман давраи тараќќиёт ва ба ављи аълои худ расидани далати Ѓазнавиён ин дар давраи њукумронии Мањмуди Ѓазнавї мебошад. Хусусияти хоси давраи њукумронии Мањмуд дар он зохир мешуд, ки Мањмуд ањолиро ба ду гуруњ људо мекард.

Ниг.: Мухторов А., Рахматуллоев А. Таърихи халќи точик.- М.,2002.-С. 212
Ниг.: Ѓафуров Б.Г Точикон. – Душанбе, 1998-С.525.

Ба ќуввањои муссалањ ва халќи одди. ба аскарон мохона медод ва ба ивази ин аз онњо талаб менамуд, ки њамагуна амри ўро бо садоќат ичро кунанд. Вай барои ин, ки гуё халќи мамлакатро бо ќуввањои аскари худ аз њуљуми душмани хориљи мухофизат мекунад, аз ањолии одии зањматкаш њам талаб мекард, ки њар як фармони ўро бегуфтугу бачо оранд. Илова бар ин андозхои давлатиро адо карда истанд.
Чуноне, ки аз мушоњидањо бар меояд Мањмуд љангњои худро дар асоси шиори << Ѓазоват >> мебурд. Ба ин восита Ў аз тарафи Халифа дастгири меёфт ва инчунин дар атрофии худ мусалмонони зиёдеро љамъ овард. Махмуд худро пайрави мазњаби сунни эълон карда ба муќобили њамагуна љараёни динии дигар мубориза бурда ѓорат мекард. Барои Мањмуд мазњаби сунни фаќат як воситае буд, ки ба ин роњ у мавќеи њокимияти худро мустањкам мекард ва сарваташро меафзуд.
Мањмуд ба корхои давлатдори низ то як дарача диќќат медод. Мањмуд худаш дар њар як Њоким љосуси махфи мегузошт инчунин ѓайр аз љосусон боз дар пеши ў маъмури махсус бо унвони машриф ба кор мегирифт. Инњо аз вазъияти дохили кордори ва ањволи њокимон хабар дода меистод.
Мањмуд њатто аз паси писари худаш Масъуд, ки вориси салтанат буд, љосус гузошт. Махмуд бештар ба лашкари мустањкамаш такя мекард. Дар ихтиёри у филњои љанги, барои мусоираи ќалъа, мошинњои сангандоз, пулњои шиновар дошт. Нафарони зиёди лашкари ўро ѓуломони зархарид ва таълими љанги гирифта ташкил медод. Дастањои сарбозони ѓулом аз туркњо ва љанговарони дигар халќњо мавчуд буд, ки дар байни онњо точикон низ набуданд.

Ниг.: ѓафуров Б.Г. Точикон.- Душанбе, 1998.- С.528

Баъди марги Мањмуд писараш Масъуд ба сари хоќимият омад. Дар сиёсати ѓоратгаронаи падар таѓироте ворид накарда балки худаш чунин сиёсатро таќвия дод. Ин холат тамоми ањолии то рафт ќашоќ мекард. Мардум аз хокимияти Шох норози буданд.
Аз вазъият истифода бурда Салчуќиён ба Ѓазнавиён итоат накардаанд. Дар соли 1035 байни онхо љанги шадид ба амал омад, ки Масъуд шикаст хурд. Масъуд ќисми зиёди Хуросонро аз даст дод. Сипас бо лашкари зиёд Масъуд кушиши аз нав бар гардонидани минтаќаи худро кард аммо ин дафъа њам ў сахт шикаст хурда ба њамин хокимияти Ѓазнавиён дар Хуросон ба итмом расид, яъне ин шаходати он буд, ки чои давлати Ѓазнавиёнро давлати Салчуки гирифт.
Давлати Салчуќи давлати сулолави буд. Њокимият хосияти мероси дошт яъне аз сулолаи салчуќихо таъин мешуд.
Умуман кайд зарур аст, ки дар ин марњилаи таърихи асрхои Х-ХIII дар тамоми давлатхо муносибатхои феодали рушд карда буд. Дар ин давра ба намояндагони табаќахои њукумрони мамлакат бахшидани заминхо пахн мегардид. Чунин бахшидани заминњоро иктаъ меномиданд. Дар аввал онхо њуќуќи андозчини доштанд аз асрхои ХI сар карда онхо заминхои дењќонон ва дигар молу мулкашонро кашида мегирифтанд. Кушиш мекарданд, ки барои аз як чой ба чои дигар рафтани дењќонон роњ надињанд.

1.Ниг.: Литвинский A., Мухторов А. Тахрихи халќи Точик.- Душанбе. 1993.- С.45

Баъди сар даровардани Муѓул ба Мовароуннањр Њонхои муѓул ба тадриљ дини исломро ќабул карда ба атрофии худ намояндагони уламо ва тољиронро љамъ намуда сиёсати марказият додани њокимияти хеширо пеш гирифтанд Чунин рафтори онњо норозигии пешвоёни кабилахои муѓул ва туркро ба вучуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали карни ХIV дар улуси Чагатой яъне Мовароуннањр муборизаи байни хонњо ва аъёни ќабилањои аксари турк ва туркшуда нињоят дарача шадид гирифт. Дар натиљаи ин мубориза пешвоёни ќабила хеле нуфуз пайдо намуда вале њокимияти хони бисёр заиф гардид.
Дар чунин як вазъияти хеле печида ва њасос дар хаёти сиёсии кишвар писари беки ќабилаи барлос-Темур пайдо мешавад. Ќабилаи барлосњо дар ибтидои асри XIV дар заминањои водии Ќашкадарё дар баробари зиндагии бодиянишини-биёбонгарди (кучманчи) хаайти муќими низ доштанд ва тадриљан забону расму ойини мардуми точикро ќабул карда буданд.
Дар аввалњои руи сахнаи сиёсат омаданаш хамчун сардори дастаи роњзанон ном бароварда буд. Темур хангоми ба мукобили Чаѓатойњои Мовароуннањр њучум оварданд хони муѓулистон Туглуќ-Темур ба ў ёри мерасонад ва барои ин хизматаш аз тарафи муѓулхо њокими вилояти Кеш ( Кашкадарёи хозира) таъин мешавад. Тeмур борхо ба собик хучаинои худ њокимони ин ё он вилоят хиёнат карда буд ; гох ба тарафдории онњо сар мебардошту гоњ мукобили онхо мубориза мебурд. Дар айни замон зираку маккор хам буд, дар ин мудат дах сол бо мањорату кордониву далери њамќабилањои худ барлосњоро дар атрофи худ муттањид менамуд.

1Ниг.: Гафуров Б.Г., <<Таърихи асри миёна>>-Душанбе, 1998 – С.672

Темур дар ин навбат ба њокимияти Мовароуннањр Илёсхуља – писари Туѓлук-Темур хиёнат намуда, бо амири Балх Њусайн итифоќ баста ва ба хоњари ў хонадор шуд. Амир Хусайн ва Темур ба мукобили Туѓлук-Темур мубориза сар карданд, вале дар љанг шикаст хурда маљбур гаштанд, ки Осиёи Миёнаро гузошта ба Сиистон фирор намоянд. Соли 1362 дар яке аз љангхои ѓоратгарона дар њаволии Сииситон Темур аз дасту пояш ярадор шуда тамоми умр ланг монд Минбаъд уро бештар ба унвони Темури Ланг номгир мекарданд.
Соли 1364 амир Њусайн ва Темур Мовароуннахро аз тањти тасаруфи хони муѓулистон берун оварда худ њукумрони ин сарзамин гардиданд. Халк харду амирро ва хусусан Њусайнро, ки бо золими ном бароварда буд, бад медид Њусайн њангоми шунидани арзу доду хоњиши мардуми Самарканд дар даст шашпари оњанинро дошта меистод. Аксари ваќт ба чойи ба доди корафтодагон расиданиу ба онњо дарафтода берањмона онњоро лату куб мекард. Пас аз чанде Илёсхоча – писари Туѓлук-Темур бо маќсади дубора ба тахти тасаруфи худ даровардани Мовароуннањр ба мукобили Хусайн ва Темур лашкар кашид.
Дар бањори соли 1365 амир Њусейн ва Темур лашкари фаровон чамъ намуда дар соњили дарёи Чирчик байни Чиноз ва Тошканд бо силоњи душман ру ба ру шуданд. Ин хабардар таърих бо номи <<Љанги Лой>> машхур аст зеро хангоми чинг борони сел борида хамачоро лой карда буд ва аспхо дар лойу об гутида аз по меафтиданд.
Дар чанги Темур ва Њусайн шикаст хурда Самарќанду Шахрисабзро бесоиб гузошта ба Балх гурехтанд. Лашкари Илёсхуча мардуми атрофу акнофро талаву торољ намуда ба сўї Самарќанд равон шуданд. Мутаасифона дар Самарќанд ќувваи харбие намонда буд, зеро Темур ва Хусайн лашкари боќимондаро низ бо худ бурда буданд.
1Ниг.: Гафуров Б.Г., <<Таърихи асри миёна>>-Душанбе, 1998 – С.674
Соли 1365-1366 дар Самарќанд бар зидди Туѓлук – Темур шуриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонзода ном донишчуе чке аз мадрасахои шахр рохбари мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки муѓулхоро аз Самарќанд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонзода Абубакр ва Хурдаки Бухорои гузашт. Муѓулхо хостанг, ки ба Самарканд ногањон њамла оварда, Сарбодоронро торумор кунанд, вале шикаст хурданд. Баъди ин Сарбадорон хокимияти худро бо тези дар тамоми Мовароуннањр пањн кардан гирифтанд. Аз ин лахзаи муносиб Темур ва Њусейн истифода бурданд.
Њусейн ва Темур бо фиребу найранг аз Балх ба Самарќанд меоянд. Њамин тавр бо фиреб роњбарони шуриши Сарбодоронро дастгир ва ќатл карданд. Онњо танњо Мавлонзодаро зинда дар зиндон нигоњ медоштанд. Дар давлати Мовароуннањр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Њусейн хукумрон шуданд, вале амир Њусейн дар макоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур рози шуда наметавонист. Барои хамин у лахзаи мувофи мекофт, то ки њокими ягонаи Мовароуннањр шавад. Дере нагузашта барои њокимият дар байни онхо зиддият ба амал омад ва он ба задухурди мусаллањона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухурдњо аскарони Хусайнро торумор карда, худи уро асир гирифт ва баъд уро ба ќатл расонда худро амири Моавроуннањр эълон кард. Њамин тавр, давлати Темур ба вучуд омад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.