Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Фарҳанги тоҷик дар давраи муғул

Фарханги точик дар давраи мугул ру ба таназзул оварда, дар замони темуриен аз нав эхе шуд. Марказхои асосии фарханг Самарканд ва Хирот буданд. Хануз дар замони Темурланг дар Самарканд теъдоди зиеди меъморон, олимон ва мкаррихони забардаст гирд оварда шуда буданд.Темури бесавод бо олимону адибон сухбат карданро дуст медошт ва барои онхо шароити хуби кори ташкил дода будФарханги точик дар давраи мугул

Фарханги точик дар давраи мугул ру ба таназзул оварда, дар замони темуриен аз нав эхе шуд. Марказхои асосии фарханг Самарканд ва Хирот буданд. Хануз дар замони Темурланг дар Самарканд теъдоди зиеди меъморон, олимон ва мкаррихони забардаст гирд оварда шуда буданд.Темури бесавод бо олимону адибон сухбат карданро дуст медошт ва барои онхо шароити хуби кори ташкил дода буд. Самарканд ба бузургтарин маркази илмии машрикзамин табдил ефта буд. Улугбек хамчун олим ба пешрафти илм хидоят карда, дар Самарканд мадрасае сохт, дорои дарсхонахо, хучпахои истикомати ва хонако. Ин мадраса хануз хам зеботарин едгории меъмори ба шумор меравад.
Улугбек дар Самарканд расадхонаи сеошенаи муддавар сохт, к ибо асбоби нодиртарини зовиясанчи деаметраш 40,2 м. буда чихозонида шуда буд. Дар ин чо олимон Козизодаи Румй, Гиесуддин Чамшед Алии Кушчи. Чолобй ва дигарон тадкикоту кашфиетхои илмй мегузарониданд. Онхо рочеъ ба риези ва нучум асархои зиеди ахамияти чахонй дошта офариданд. Ба акидаи Улугбек илм ба хама мардуми олам баробар хизмат мекунад, аммо дин ба пайравонаш.
Дар даромадгохи мадрасаи Улугбек дар Бухоро омада, ки “Ба рохи илм кушидан вазифаи хар марду зани мусулмон мубошад”. Уламои иртичои аз таъсири илмхои табиатшиноси ба мардум ба вахм омада, алайхи олимон муборизаи шаддид мебурданд. Шайху рухониени мутаассиб бо рохбарии Хоча Ахрор писари Улугбек Абдулатифро ба падаркуши расонданд.
Баъди марги Улугбек рухониени иртичой садди рохи инкишофи илму фарханги дуняви гардиданд. Аз нимаи дуввуми асри XV Самаркад макоми илмии худро аз даст до два мавкеи Хирот дар чодаи илму адаб ва санъат боло гирифт. Баробари Кавигардии макоми диндорони мутаасиб дар замони Бойсанкур адабиет ва санъат густариш ефтанд. Бойсанкур дар Хирот китобхонае ташкил карда буд, ки дар он китобхои нодир чамъ оварда шуда, бештар аз 40 хазор мирзобхои хушхат ба нусабардори ва китобат машгул буданд. Хати зебои настълик махз дар хаминчо пайдо шуданд. Рассомон, муссавирон ва сахифон китобхоро бо чунин хунару устодй бо накшу нигорхои дилкаш оро медоданд, ки онхо ба бехтарин асархои рассоми табдил меефтанд.
Корхои адабй ва таърихнигори хам хуб ба рох монда шуда буданд. Дар нимаи дуввуми асри XV Хирот маркази асосии адабиет, саъат ва илм гардида буд. Адабиети точик дар нимаи дуввуми асри XIV пеш рафта буд. Доираи адибони форсизабон дар Мовароуннахр, хуросон ва Хиндустон васеъ гардида, адибони барчастаро ба мисли Убайди Зокони, Хофизи Шерозй, Камоли Хучандй, Носири Бухорои , Бадри Чочи ба майдони адабиет овад, ки дар эчодиети аксари онхо газалсарои ба арзиши баланди худ расида буд.
Яке аз симоххои намоени ин давра шоир Убайди Зоконй буд, ки эчодиети у пур аз гояхои демократии мебошад. У дар асари худ хаёти вазнини ахли захматро тасвир намуда, онхоро бар зидди бедодгарихои истисморкунандагон даъват мекард. Асари у «Ахлоки ашраф» , «Таърифот», «Рисолаи дулкушо» масъвлахои чамъиятиро фаро гирифта , ахлок, рафтор, пиндор ва кору кирдори феодалон , рухониёни ва аъёну ашрофро фаро гирифтааст.
Убайди Зоконй дар «Таърифот»-и худ жанри наверо дар адабиет бо усули лугати тафсири ба вучуд оварда, синфхои дороро масхара кардааст. «Рисолаи дилкушо» бошад, аз хикояхои кутох иборат буда, дар онхо хаёти кашшоконаи мехнаткашон ва маишати дороён тасвир када шудааст. Киссахои Убайди Зокони «Ушокнома» ва «Мушу гурба» чунон шухрат ёфта буданд, ки бисёр шоирон дар пайравии онхо бо хамон усул асархо офариданд. Зокони устоди хачв буда, табакахои муфтхур ва хунхорро далерона фош менамуд. Вай норасоихои замонаашро нагз фахмида, онхоро сахт такид кардааст.
Шоири ширинкалом ва лирики барчаста Хофизи Шерози (1321-1389)хам дар хамин давра зиндаги кардааст. Хофизи Шерози устоди бехамтои газалхои ишки ва ирфонй мебошад. У дар газалхои худ ишку мухаббати поки инсони, илохи ва масоили фалсафа, ахлоки ва ирфониро тачассум намуда. Шайхону рухониёни авомфиребу риёкор ва золимони берахмро маззамату танкид мекунад.
Замони Хофизи Шерози пур аз вокеахои дахшаиовар буд. Вале у хамчун донишманди хаётдуст ва инсонпврвар аз зиндаги ноумед нагашта, мардумро барои ояндаи хуш бовари доштан даъват менамуд. Вай таъкид мекард, ки одамон бояд тинчу осуда зиндаги кунанд ва бвр зидди чангу беадолатихо мубориза баранд. Аз ин чост, ки газалхои у то холл хонандаро ба вачд меоваранд ва фикрхои дар онхо гуфташуда то кунун ахамияти тарбиявии худро нигох дошта меояд.
Шоири нуктасанч ва маъруф Камоли Хучанди (1321-1401) муосири Хофизи Шерози буд. У дар Хучанд таввалуд ёфта,бештари хаёташро дар сафархо гузаронидааст. Камоли Хучанди дар газалсарои асосан пайрави Хофизи Шерози буда, мисли у газалхои ишки эчод кардааст. Камоли Хучанди ва Хофизи шерози якдигарро медонистанд ва бо воситаи шеър бо хам мукотиба доштанд:”Машраби ин бузургвор олист ва сухани у соф ива инсоф он аст, ки поктар ва ширинтар аз газалхои хоча Камол аз мутакаддимон ва мутааххирон нагуфтаанд”.
Аз Камоли Хучандй 977 газал, 100 китъа, 34 рубои ва чанд шеъри дигар ба мерос мондааст. Вай дар жанри газал баъд аз Саядию Хофиз пояи баланд дошт. Камол риёкори, дуруягй авомфиреби, нокусахлокии баязе намояндагони олирутбаи дину давлатро фош мекард.Газалхои у дорои мазмунхои танкиди шиквонй, хасбихолй, панду ахлоки, ишкиву манзаравианд. Камол баъди асири дар Сарой ба Табрез баргашта, соли 1406 дар хамон чо аз дунё чашм пушид.
Дар асри XV шахрхои асосии Мовароуннахру Хуросон- Самарканд ва Хирот марказхои асосии адабиёти форсу точик буданд. Сарварони адабиёти асри XV шоир ва мутаффакири машхури точик Нуриддин Абдурахмони Чомй(1423-1492) ва шоири маъруфи узбек мир Алишер Навои (1441-1501)буданд.
Абдурахмони Чоми бузургиарин шоири форсу точик буда, дар байни классикони каломи бадеи иочик мавкеи ба худ хосеро ишгол менамояд. Удар самарканд тарбия гирифта ба воя расидааст. Мероси илми ва адабии Абдурахмони Чоми нихоят бузург аст.У дар хама жанрхои адаби асархои баландмазмун офарида, дар рохи рохи инкишофи минбаъдаи адабиёти точик роли намоён бозидааст. Мухимтарин асари бадеии у «Хафт авранг» мебошад, ки аз хафт достони калон иборат аст. Чоми дар ин асар айбу нуксонхои замонаашро ошкор карда, истибдоду берахмии шохону хокимонро музаммат мекунад ва мардумро ба бовари доштан ба ояндаи нек даъват мекунад.
Дар асархои Абдурахмони Чомй зиддиятхои дар хаёти онвакта чойдошта хаматарафа инъикос ёфтаанд. Зеро дар таълифоти у баробари андешахои пешкадам гояи архаистии динй ва фалсафии тасаввуфи инъикос ёфтаанд. Дар тахти таъсир ва сарпарастии бевоситаи Чомй эчодиёти сардафтари адабиети узбек Алишер Навои бо забонхои точики ва узбеки ривоч ефта, ба куллахои баланд расида буд.
Алишер Навои шоир, рассом, мусикишинос , мутафаккиримашхур ва арбоби давлатии асари худ буд. У дуст ва шогирди Абдурахмони Чомй буд. Навои хамчун шахси фозил ва вазири бонуфузи Султон Хусайн аз мавкеи худ истифода бурда,барои инкишофи адабиёти узбек ва фарханги кишвар хизмати арзандае кардааст. У хайрхохи шоирону мутафаккирони замонааш буда, бо 360 нафари онхо иртибот ва ошнои дошт. Дустии Чоми ва Навои ин намунаи барчастаи дустии ду халки бародару хамчавори Осиёи Миёна точикону узбекхо мебонад.
Дар асри XV баробари адабиёт инчунин санъати бинокори , меъмори, кулолгарй ва заргарй бисёр инкишоф ёфта буд. Бехтарин биноххои мухташами маъмури , макбарахо мадрасахо, касру боргоххо корвонсаройхо, хамомхо, бозорхо ва гайра ба шумор мерафтанд. Ин биноххои мунаккашро гулкорони мохир зебу зиннати нотакрор мебахшиданд. Шукухи шахомати онхо холо хам бинандаро ба хайрат меоварад, ки дар ин саф масчиди Бибихонум, оромгохи «Гурги Мир», мадрасахо, расадхонаи Улугбек вагайра мебошад.
Дар Хирот, Бухоро, Хучанд ва дигар шахрхо ободкорихо дар авч буд. Макбараи Мухаммад Бошорои нохияи Панчакент, макбараи Дуохон ва масчиди Муслихиддин дар Хучанд низ ёдгорихои ба назар намоёни он давра мебошад.
Санъати тасфири ва накоши дар ороиши китобхо дар китобхонаи Хирот устокорона ва мохирона истифода карда шудааст. Дар ин хунар мусфввирони номдор султон Мухаммад Хамдала, мухаммад Бобочони Халвои , Миралй масчиди Рафики ва дигарон буданд. Санъати тасвири ва расоми низ пеш рафта буд, ки намояндагони машхури Хоча Мухаммади Ноккош , Махмуди Музахиб, Мираки Устод ва дигарон буданд.
Шогирди Мираки устод «Рафоэли Шарк»-Бехзод бузургтаррин рассоми Хуросон махсуб мушуд. Расму мусаварвххои у реалисти буданд. Аз Бехзод расму мусавварахои бисёр хамзамонаш, аз чумла, расми оличаноби Мир Алишер Навои мерос монданд.
Хамин тавр, мардуми захматкарини кишвари мо дар муддати нисбатан кутохи таърихи зарару осебхои ба хаёти хочагиву фархангии онхо расонидаи мугулхои ягмогару госибро баркарор карда, дар пешрафти иктисодиёт, фарханг, илму адаб ва санъати худ комёбихои бузург ба даст оварданд.

Дар асри XVI фарханги Мрвароуннахр хусусиятхои хоси замони феодалиро дар худ тачассум мекард. Илм, санъат ва маориф танхо насиби феодалон буданд. Асархои зиёди фархангиро касони аз байни мардум баромада эчод карда бошанд хам, махсул ва натичахои он насиби сармоядорон мешуданд. Намояндагони фархангй асархои муносиб офарида, дар достонхо, сурудхо, афсонахо, базлагуихо, рубоихоомолу орзухояшонро ифода мекарданд.
Хаёти маънавии халк кабл аз хама зери таясири бевоситаи рухониён буда, исломро ба конеъ гардонидани талаботи хону амирон, султону кули феодалон мутобик мусохтанд.Дар байни кабилахои мукимнишин ва кучи фиркахои сершумори дарвешону суфиён макоми хоса доштанд. Муридон бандаи шайххо буда, тамоми хохишашонро хатман ичро карда, ба онхо хар гунна тухфахо хадя мекарданд.
Вале дар хамин давра тира хам, аз байни халк мутафаккирони забардаст ба миён меомаданд, ки дар офаридахои хеш гаму андух, бенавои ва хаёти сангини захматкашонро тараннум мекарданд.Онхо алайхи зуровари, берахми ва мардумозории феодалон мубориза мебурданд. Решахои зулму истибдодро фош када мекушиданд, ки нисбати захматкашон рахму шавкати хокимонро ба вучуд бёранд.
Дар баланд бардоштани маданияти синфхои хоким рухониян таясири халкунанда доштанд. Ин таъсир дар хаёти асри XVI хеле намоён буд. Замони Шайбониён мисли Темуриён олимону санъаткоронро ба майдон набароварданд. Бухоро, ки маркази илму дин буд, барои пешрафти илмхои дуняви рох накушод. Дар мадрасахои Бухоро иддае аз олимони шиамазхаби аз Эрон фирор карда, ба мисли Мавлоно Исломиддини Иброхим фалсафаи илохи ва хукукхои шариативу тарикатиро таялим дода, китоби дарси таълиф менамуданд. Илмхои табиатшиноси аз чумла нучум, ризоёт, тиб ва гайра кариб ба нести расида буданд. Дар баробари хонхои узбек чун анъана забони точики хамчун забони илм, адабиёт, санъат, идорахои давлати буданд, дар мактабхо бо ин дарс мехонданд. Бо забони арабй бошад, Куръон ва илохиёт таълим дода мушуд.
Илму адабиёт мувофики талаботи руз пеш мерафт. Азбаски кариб тамоми корхонахои дарбор ба забони точики сурат гирифта буд, адабиёти даризабон низ инкишоф ёфт. Симоххои хеле барчастаи ин давра-Зайниддини Восифи, Камолиддини Бинои, Бадриддин Хилол, Абдурахмони Мушфики ба шумор мерафт.
Ке аз шоирону муаррихони замони Шайбониён Камолиддини Биной (1453-1512) буд. У соли 1453 дар Хирот, дар оилаи харрот ба дунё омада, дар шахрхои Шероз ва Табрезумр ба сар бурда, соли 1491 ба Хирот баргашта, аз таъкибу дасисахои ахли дарбор тарсида, соли 1495 ба Самарканд хичрат кардааст. Дар Самарканд у шохиди чангхои байни Темуриёну шайбониён гаштааст. Соли 1507 бо лашкари Мухаммад Шайбонихон ба Хирот рафт ва баъди кушта шудани Султон (1510) ба Карши фирор намуд. Соли 1512 дар рафти катли омма, ки Саффавиён дар Карши ташкил дода буданд. Бинои низ дар катори дигар бегиноххон кушта шуд.
Камолиддини Бинои чун шоири лирик дар баробари эчод намудани шеърхои дилчасп, инчунин ба масъалаи тарбияи мехнатии одамон диккати махсус медод. Вай омухтани илму маърифатро талкин менамуд:

Эй бародар , ба касби илм гирой,
Пой бар чахл нех, ба илм дарой!
Маърифат чуз ба илм натавон ёфт,
В-ин сифат чуз ба илм натвон ёфт.

Биной шоир ва мутриби мохире ба шумор мерафт. Вай чандин рисолахои нодири бадеи таълиф намуд, ки яке аз онхо маснавии барчастаи у «Бехрузу Бахром» буд. Ин асари тарбияви буда, муаллиф дар он фикрхои тарбиявию ахлоки ва акидахои чамъиятии худро тачассум кадааст. У сусти ва заифии инсонро музаммат карда, ахлоки вайрони замон ва рухониёни мутаассибро хеле сахт танкид кардааст. Хулку атвори хамидаро суруда, зарурати илму хунаромузиро таъкид кардааст.
Биной сарояндаи дусти буд. Вай осораш дустию хамкориро месароид. У ёрони бовафою каринро тараннум мекард. Бинои дар эчодиёташ лахзахои таряумаи холй, унсурхои танкидии хокимонро ворид сохта, худро хамчун шоири навовар машхур сохт.Бинои баробари шоири инчунин муаррихи забардасти замон ба шумор мерафт . Вай асархои «Шайбонинома» ва «Футухоти хонй»-ро таълиф карда, дар онхо вокеахо ва зиндагиномаи хонхои шайбониро тавсиф намудааст.
Шоир ва нависандаи зарофатписанду мушохидакор Зайниддини Восифй оли 1485 ба дунё омадааст. Вай соли 1512 дар Хирот ва баъд дар шахри Бухоро, самарканд, Тошканд ва гайр умр ба сар бурда, солхои 30-юми асри XVI дар хизмати Шайбониён буд. Восифи бидуни ашъори шеъриаш асари хеле чолиби саргузаштии «Бадоеъулвакоеъ»-ро таълиф кардааст. У хаёти шахру шахриёнро хеле васеъ васф намуда, русуми адабии Хиротро дар замони Навои ва хаёти шоирони дарбори Шайбониёнро ифода кардааст. Дар шакли хачвй хеле нозукона нуксонхои усули идораи давлати хониро нишон додаст.
Шоири забардасти дигар Бадриддини Хилоли (1470-1529)дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1491 барои идомаи тахсил ба Хирот омада, то охири умр дар он чо монд. Соли 1529 барои хачвияи ба Убайдуллохон навиштааш ба шиатпарасти айбдор карда, катл карда мешавад. Газалиёти пур аз панду хикмати у вирди забони хамагон аст. Шеъраш равону суханаш расо ва дилрабо буд. Баробари девони газалиёт, инчунин се достон –«Лайли ва Мачнун», «Сифатулошикон» ва «Шоху гадо»-ро таълиф намудаат.
Хунар сарчашмаи пурсаховати хаёт аст.Шахси хунарманд дар хеч замон хор намешавад. Зеро хунар мояи зиндаги ва хастии у мебошад. Дар эчодиёти Бадриддини Хилоли васфи хунару хунарманди макоми хос дорад. Хилоли дар баробари сухандонию сухангуи бисёр панду хикматхое гуфтааст. Вай забондонию суханрониро яке аз воситахои асосии ба дилхо рох ёфтан медонад.
Фбдурахмони Мушфики (1538-1588) дар Бухоро, дар оилаи хунарманд ба дунё омадааст. Азбаски падари у аз шахри Марв буд, бинобар ин дар баъзе мавридхо у чун «Марвй» низ ёд мешавад. Давраи чавонии у дар Самарканд гузаштааст. Шухрати шоириаш баланд гашт, вале дар дарбори Султон Саид чой наёфт вар охи Дехлиро пеш гирифт. Вай як соли хаёташро дар дарбори Акбар сипари намуд. Баъд соли 1578 ба Бухоро баргашт ва дар дарбори абдуллохон то ба дарачаи «Маликушуаро» расид.
Мушфикй кабл аз хама шоири лирик ва хакикатнигор буд.Газалхои ошикона ва рубоиёти хуби у шухрати зиёд доштанд.У касидасарои машхур буд. Дар яке аз касидахояш подшохро аз ахволи бади дехконон огох кардааст Латифа ва хачвияхои Абдурахмони Мушфики бамавриду нишонрасанд. Аз ин ру, дар адабиёти шифохии халки точик хамчун ширинкори нотакрор ба худ мавкеъ ва маком пайдо кардааст. Мушфикй пеш аз хама чун шоири хачвнигор машхур аст. Дустдорони эчодиёти вай хунармандон, косибон, точирони хурд, дехконон ва гайрахо буданд. Дар эчодиёти Мушфики маснави мавкеи хос дошт. Дар маснавии у – «Сокинома», «Гулзори ирам», «Чахоннамо», ки ба мавкеъхои таърихи бахшида шудаанд, синахои ба сари кудрат омадани шохон, сарлашкарон, шахсони муътабар ва гайра акси хешро ёфтаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.