Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Зидияти сулолавии Темуриён

Мовароуннаҳр майдони муборизаҳои хунини сулолавӣ гардид, ҳарчанд Темур замони ҳанӯз бар ҳаёт буданаш давлатро байни фарзандонаш Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш Муҳаммадсултон, Пирмуҳамма, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд. Ҳанӯз аз даргузашти Темур чанд рӯз нагузашта буд, ки ҳар кадомашон худро мустацил эълон намуданд. Формат: MS Word (Зидияти сулолавии темуриён ва заволи давлатдории онҳо

Ибтидои мубориза. Баъд аз вафоти Темур давлат – империяи бузурги ташкилкардаи ӯ рӯ ба завол ниҳод.

Мовароуннаҳр майдони муборизаҳои хунини сулолавӣ гардид, ҳарчанд Темур замони ҳанӯз бар ҳаёт буданаш давлатро байни фарзандонаш Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш Муҳаммадсултон, Пирмуҳамма, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд. Ҳанӯз аз даргузашти Темур чанд рӯз нагузашта буд, ки ҳар кадомашон худро мустацил эълон намуданд. Набераи Темур Халилсултон (фарзанди Мироншоҳ), ки ҳокими Тошканд буд, пеш аз Пириуҳаммад (писари Ҷаҳондгир) (ӯро худи Темур ҷойнишинаш таъин карда буд) лашкар кашид ба шаҳри Самарқанд соҳиб шуд. Пирмуҳаммад борҳо кӯшиши баргардондани ҳуқуқии Самарқанд намуд, вале оқбат соли 1406 ба қатл расид.

Дар баробарии низоъҳои дохилӣ ба Темуриён зарурат пеш омад, ки бо намояндагони сулолаҳои собиқ, ки онҳоро Темур аз ҳукумронӣ маҳрум карда буд, мубориза баранд.
Дар Эрон сулолаи тукмании Қарақуюнлу, дар Туркистон амир Худодод ва шайх Нуриддин исён намуданд. Замоне, ки дар ҳаволии Амударё байни Халилсултон ва Пирмуҳаммад муборизаи хунини шадид мерафт, Худодод урдӯи муғул ва қалмиқро муттаҳид карда ба Мовароуннаҳр ҳуҷум намуд ва Самарқандро тахсир намуда Халилсултонро асир гирифт.
Дар чунин ҳолат Темуриён ба вазъияти хеле пурбим ва хавноке дучор омаданд. Ҳокими Ҳирот Шоҳрух лашкари азиме гирд оварда сӯи Мовароуннаҳр ҳарарат намуд. Дар натиҷа Шоҳрух лашкари Худододро торумор карда Худододро ба қатл расонид Халилсултонро аз асорат озод намуда аз салтанати пештара мащрум сохт ва ниҳоятан ҳокими рай таъин кард. Сипас соли 1409 идора кардани Самарқанд ва умуман Мовароуннаҳрро ба писари понздаҳсолааш Улуғбек вогузор карда, худ ба Эрон лашкар кашид. Минбаъд фарзандони Ҷаҳонгир – Умар шайх ва Мироншоҳро ҳам аз ҳокимият дур карда, писараш Иброҳимсултонро ҳокими Шероз ва фарзанди дигараш Суюрғотмишро ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъин намуд.Дар давраи ҳукумронии Темур (1405 – 1447) давлати Темуриён бо вуҷуди аз даст додани заминхои сершумори қаламраваш, ҳанӯз то андозае иқтидори пешинаашро нигоҳ медошт.
Ахиран аз сарзамини таҳти тасарруфи Шоҳрух қарордошта ду давлат – яке давлати худи Шоҳрух бо марказаш шаҳри Ҳирот ва дигаре давлати Улуғбек бо марказаш шаҳри Самарцанд арзи ҳастӣ намуданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.