Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Фарҳанги Мовароуннахру Хуросон дар асри 15

Меъмори истилои муғул ба маданияту фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ таъсири бузурги манфӣ расонд ва пешрафти онро комилан қатъ карда натавонист. Аз асри 15 то замони мо ёдгориҳои меъмории фаровони боҳашамате боқи мондаанд, вале ин миқдори камест, ки аз шебу фарози таърих то замони мо расидаастФарҳанги Мовароуннаҳру хуросон дар асри 15
Меъмори истилои муғул ба маданияту фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ таъсири бузурги манфӣ расонд ва пешрафти онро комилан қатъ карда натавонист. Аз асри 15 то замони мо ёдгориҳои меъмории фаровони боҳашамате боқи мондаанд, вале ин миқдори камест, ки аз шебу фарози таърих то замони мо расидааст. Темур ва Темуриён ба сохтмони бинохо таваҷҷуҳи хос доштанд ва феодалони сарватманд низ дар ин кор ба онҳо пайравӣ ва тақлид мекарданд.
Махсусан дар ду пойтахти темурӣ – Самарқанд ва Ҳирот биноҳои мӯҳташами бисёре қомат афрохтанд. Ҳамчун дар дигар шаҳрҳо ҳам иморатҳои зебои хушсахт бино ёфтанд. Аз қасрҳои онвақтаи дар Осиёи Марказӣ биношуда танҳо як қисми пештоқи Оқсаройи Шаҳрисабз, ки бо фармони амир Темур бино ёфта буд, то замони мо мафҳуз мондааст.
Темур, аҳли хонадонаш ва аксари дарбориёнаш бо ҳавасу майл боғҳои кушку қасрдори берунишаҳрӣ месохтанд. Дар замони Темуриён ба сохтани иншооти иҷтимоӣ низ диққати махсус дода мешуд. Масалан, дар Самарқанд бо фармони Темур яке аз хиёбонҳо ба бозорҷои ободу зебо табдил дода шуд, ки сафири испанӣ Рюи Гонзалес де Клавихо ин бозори хиёбонии тоқу равоқдор ва панҷаракоришударо дар китоби ёддоштҳояш “Рӯзномаи сафар ба дарбори Темур дар солҳои 1403-1406” таърифу тавсиф намудааст. Мадраса, масҷид, мақбара ва хонақоҳҳои аз он давра то замони мо расида ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи муваффақияту равнақҳои муҳандисӣ – инжинерӣ, лоиҳакашиву биносози ва ороишҳои меъмори тассавурот пайдо намоем. Ҳатто дар ин давра ба меъмории анъанавии қадима улуҳои нав ворид гардидаанд, чунон чи минбаъд гунбаз на бар деворҳои бино, балки ба равоқ, ё шараффаҳои бодбонӣ ва ё устувонаи бинои асосӣ устувор карда мешуд.

Дар ин ҳолат қутри гунбаз ҳаҷман хеле хурд мегардид, ки тарҳи умумии бино зеботар менамуд. Ҳамчунин ин усул имкон медод, ки биноҳои васеъи гуногуншакл ҳам гунбазпӯш шавад.

Дар санъати ороишӣ биноҳои дар асри 15 сохташуда усулҳои анъанавии пешина ва падидаву бозёфтҳои нав бо ҳам омехта истифода мегардиданд. Тасвирҳои нозуки набототӣ ва ҳандасӣ (шаклҳои) инчунин интихоби рангҳо дар хотамкории (мозаика) биноҳои он давр аз ороишоти умда ба шумор меравад.

Деворҳои дохилии биноро бо усули кунда , ки аз омезиши оби тилло бо ягонхел ранг иборат буд, онро медоданд. Дар ороиши биноҳо мармари суфтаи бо катибаву кандакорӣ ва ё нақшҳои тафисси тиллоӣ зиннатдодашуда васеъ ба кор бурда мешуд.
Тадриҷан дар ороиши биноҳо усулҳои гуногуни хиштчинӣ ва дар заминаи он бо хиштҳои гуногунандозаи сирдори оро додани пештоқу деворҳои ҳамшаффати беруни расм гашт.
Боҳашаматтарин ва бузургтарин бинои ҷамъиятии Шарқи мусулмонӣ Масҷиди Бибхонум буд, ки солҳои 1399 – 1404 бо фармони Темур дар Самарқанд бино ёфта буд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.