Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Босмачигари

Сиёсати пешгирифтаи болшевикон сар карда аз солҳои бисти қарни гузашта, имрӯз ҷуз Тоҷикистон, дар тамоми мамолики собиқ Шӯравӣ, алалхусус Русия, аз нигоҳи дигар таҳлил ва баррасӣ мешавад.Домоди халифа дар Балҷувон чӣ меҷуст?

«Агар муборизони дифоъ аз хостаҳои миллӣ ба чашми дигарон, аз ҷумла русҳо чун «босмачӣ» муаррифӣ шаванд, мо ҳам аз забони онҳо гирифта онҳоро бояд «босмачӣ» гӯем? Оё мо ҳуқуқ дорем, ки онҳоро босмачӣ номем? Дар ҳоле ки мо худ намедонем босмачӣ кист.

. Тӯраҷонзода, Ҳимматзода ва мавзӯи «босмачиён»

.Давлатманд, Иброҳимбек ва Деникин

.Анварпошои турк ва Иброҳимбеки лақай

Хуршеди Атовулло

Муҳайё Нозимова

Абдумӯъмин Шерхонов

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Ҳаракати муқовимат: Босмачиён ё муҳофизони Меҳан?

Сиёсати пешгирифтаи болшевикон сар карда аз солҳои бисти қарни гузашта, имрӯз ҷуз Тоҷикистон, дар тамоми мамолики собиқ Шӯравӣ, алалхусус Русия, аз нигоҳи дигар таҳлил ва баррасӣ мешавад. Яъне, нигоҳ ба ҳодисоти таърихӣ якҷониба,- аз нуқтаи назари «советӣ» набуда, балки дар аксар маврид зулму ситами режими сурх, алалхусус замони Иосиф Сталин, дар баробари далелҳои таърихӣ бо тасвирпардозиҳои пурҳангомаи журналистона ва гоҳо берун аз ҳадди инсоф, пешкаш мегардад. Махсусан, барномаи телевизионии «Оинаи таърих» аз ҷониби рӯзноманигори шабакаи РТР Николай Сванидзе мисли таърихнигории айёми шӯравӣ комилан яктарафа аст ва пурра ҷониби манфии сиёсати лениниро нишон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, чанд соли охир перомуни на душмани халқ, балки муҳофизи Ватан будани генералҳои маъруфи гвардиячиёни сафед Деникин, Врангел, Колчак, Дутов ва дигарон чандин асару матолиби таърихӣ нашр шуда, боқимондаи ҷасади онҳоро бо ҳашамату дабдаба, зери зангӯлаҳои калисо аз хориҷа ба Русия оварда, гӯрониданд.

Аммо, ғайричашмдошт, дар Тоҷикистон, ки нерӯҳои болшевикӣ бо тиру туфанг ин сарзаминро забт карда, сабабгори аслии аз шаҳрпойтахтҳои хеш — Самарқанду Бухоро бенасиб мондани тоҷикон гардиданд, то ба ҳол дар улуми таърихнигорӣ хомӯшии сарде ҳукмфармост. Баъзе ба ин назар ҳастанд, ки сабабгори аслии ин, шиори ҳаракатҳои озодихоҳонаи солҳои бисту сӣ аст, ки дар таърихнигории шӯравӣ чун «ҳаракати босмачигарӣ» муаррифӣ мешавад. Тавре маълум, ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ», зери шиори «талош барои арзишҳои исломӣ», «ҳифзи ислом», «мубориза барои ислом» сурат гирифта буд ва чун дар давоми солҳои охир дар сиёсати ҷаҳонӣ мамолики абарқудрат ба он талош доранд, ки терроризм ва исломро чун ҳаммаъно муаррифӣ намоянд, пуштибонӣ аз размандагони роҳи озодиро ҳам шояд то як андоза пуштибонӣ аз ҳаракатҳои террористӣ талаққӣ созанд.

Мавриди зикр аст, ки дар оғози солҳои навадуми асри бист ва баъдтар, дар чанд матолибе, ки ба қалами Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва чандеи дигар тааллуқ доштанд, то як андоза талош барои ҳақиқати таърихӣ, яъне чун «ҳифзи Ватан аз истилои бегона» муаррифӣ кардани ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ» сурат гирифт. Аммо ин навиштаҳо ба вокуниши сахти таърихнигорони коммунисти тоҷик рӯ ба рӯ шуд. Ҳамчунин, думболаи нашри ин матолиб, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва чун ҷониби муқобил бо шиорҳои исломӣ ба майдон омад, шояд ҳарф задан аз сарчашмаи пайдоиши ин ҳаракат як навъ пуштибонӣ аз онҳо арзёбӣ гардида, таърихнигоронро ба андеша водор менамуд. Ба ҳамин минвол, ин мавзӯъ дигар бардошта нашуд ва вақтҳои охир зери мавзӯоти исботи чандсадсола будани шаҳрҳои гуногуни ҳудуди Тоҷикистон, пайдо шудани мавзӯи тоза, мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ба коми фаромӯшӣ супорида шуд.

Аммо, бихоҳем, ки ба ин масъала жарфтар бингарем, аввал бояд ба ин суол посух пайдо кард, ки омили аслии пайдоиши ҳаракати муқовимат алайҳи ҳукумати сурх ё ба истилоҳ, — «ҳаракати босмачигарӣ» дар чӣ буд?

Таърихшинос Намози Ҳотам ба ин андеша аст, ки ҳаракати муқовимат асосан дар заминаи сиёсатҳои ғалати ҳокимони нав шакл мегирифт: «Сабабҳои асосии зуҳури ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини Бухоро ва шакли оммавӣ гирифтани он дар бархӯрди зӯроварона ва таҳқиромези шӯроҳо ба тарзи зисти мардум, дину ойин ва суннатҳову арзишҳои он буд. Ба саисхонаи асп табдил ёфтани масҷидҳо ва нобудкунии Қуръонро мардум дида, аз низоми нав рӯй гардонд». (Салими Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум». Прага,2002).

Дар ин ҳол, суоли тозае матраҳ мешавад, ки ин қувваҳо чӣ гуна ба ҳам омаданд ва кадом қишрҳои ҷомеа ба он шомил шуданд? Метавон гуфт, ки ин ҷанги кофару мусулмон ё худ Русияву ва Аморати Бухоро буд?

Ба ақидаи нависандаи рус Владимир Медведев, ки солҳои дароз дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, муаллифи чандин пажӯҳиш роҷеъ ба падидаи босмачигарист, ҷанги миёни болшевикон ва босмачиён ҷанги давлатии миёни Русия ва Бухоро буд: «Бо вуҷуди ин ҳаракати, ба истилоҳ босмачигарӣ, дар дохили худ чандон якҷинс набуд. Гурӯҳҳои аз лиҳози моҳияти иҷтимоӣ батамом гуногун ба он шомил буданд. Масалан, аз нирӯҳои ҳарбии аморат гирифта, то аносири ҷиноӣ ва радди маърака. Аммо дар ибтидо ин муқовимате буд, ки ҳокимон ва сарватмандони маҳаллӣ барои пуштибонӣ аз амир ба роҳ монда буданд. Маълум аст, ки ҳангоми фирори амир онҳо ба пой хестанд. Ин як ҷанги байнидавлатӣ буд, вале бо усулҳои чирикӣ ва бо парешоние, ки аз ҳолати мавҷудаи ҷомеа сарчашма гирифт».

Вале дар ҳамин ҳол, таърихнигории шӯравӣ тавре дар боло зикр кардем, ҳаракати босмачигариро танҳо ба як ранг – ранги сиёҳ тасвир мекунад. Босмачӣ, яъне ин ғоратгар, қотил, роҳзан, дузд… Дар ин таърихнигорӣ ҳарфе аз ҳаракати озодихоҳона нест ва дар ин ҳол баъзе суол медиҳанд, ки пас чаро ҳуҷуми Гитлер ба шӯравӣ чун ҳаракати таҷовузкорона арзёбӣ мешаваду таҷовузи Русия ба хоки Аморати Бухоро не?

Донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ғоратгару таҷовузкор будани ҳамаи аъзои ҳаракати босмачигариро инкор мекунад: «На ҳамаи босмачиҳо ғоратгару табаҳкор буданд. Баръакс, бисёрии онҳо ҳақталаб, адолатхоҳ ва озодихоҳ буданд. Дар байни онҳо ҳатто зиёиён низ буданд. Баҳои синфии болшевикон ба ҳаракати босмачигарӣ, албатта, аз иштироки густардаи бойҳо дар ин ҳаракат сарчашма гирифтааст. Ин иштирок воқеан густарда буд, зеро ташкили дастаҳои мусаллаҳ ва таъмини онҳо сармояро талаб мекард. Бойҳо бо дарки ин ки хоҳу нохоҳ сармояашон аз даст хоҳад рафт, ин ҷунбишро маблағгузорӣ мекарданд».

Ҳайдар Ҷамол — ҷомеашиноси маъруфи Русия бошад, сари ин андеша аст, ки ҳаракати босмачигарӣ дар асл ҳаракати чекистҳои мусулмони фиребхӯрда буд:

«Босмачӣ — ин мусулмоне аст, ки ба сафи Армияи Сурх пайваста, бо гузашти вақт пай бурд, ки онҳоро фиреб кардаанд. Пешвоёни ин ҳаракат Мадаминбек, Иброҳимбек, Анварпошо, ки шахсан бо Ленин ошно буд, аз он зумраанд. Тасаввуроти мо дар мавриди ҳаракати босмачигарӣ нодуруст аст. Ин ҳаракат асосан аз милисаҳои собиқи Осиёи Марказӣ иборат буд. Сарватмандони воқеӣ бошанд, ба ҳизб аъзо гардида, дар сатҳи роҳбарикунандаи ҷумҳуриҳо ҷой гирифтанд. Сарватмандони воқеӣ солҳои бисту сӣ ҳам роҳбар буданд, имрӯз ҳам роҳбар ҳастанд. Ин шахсоне ҳастанд, ки лоиҳаи шӯравиро дар Осиёи Миёна амалӣ карданд, ғуломдориро дар айёми Шароф Рашидов дар ӯзбекистон таъсис доданд. Ана барои ҳамин, ҳаракати босмачигарӣ пайдо шуд, мусулмонони оддӣ дарк карданд, ки ҳукмравоии бою сарватманд интиҳо намеёбад, баръакс, онҳо боз мансабҳои баландтар мегиранд».

Вале, имрӯз ба ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ» чӣ гуна бояд назар андохт ва чӣ гуна бояд баҳо дод? Оё таърихнигории тоҷик фурсате пайдо менамояд то ҳамон баҳоеро, ки таърихнигории рус имрӯз нисбати «гвардиячиёни сафед»-и рус додааст, нисбати ин «босмачиён» диҳад?

Шарқшиноси маъруфи тоҷик, журналисти шинохта Зафар Мирзоев дар ин маврид суолҳое пеш меорад, ки посух ба он вақт ва фурсати андеша металабад:

«Агар муборизони дифоъ аз хостаҳои миллӣ ба чашми дигарон, аз ҷумла русҳо чун «босмачӣ» муаррифӣ шаванд, мо ҳам аз забони онҳо гирифта онҳоро бояд «босмачӣ» гӯем? Оё мо ҳуқуқ дорем, ки онҳоро босмачӣ номем? Дар ҳоле ки мо худ намедонем босмачӣ кист. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сиёсати русҳо, мардуми рус ба «сафедҳо», яъне «гвардиячиёни сафед» комилан тағйир ёфт ва онҳо ба ин масъала баҳои миллӣ доданд. Дигар онҳоро «гвардиячиёни сафед» намегуфтанд. Ҳатто устухонҳои пешвоёни онҳо,- Колчаку Деникинро аз хориҷа оварда, дар хоки Русия тадфин карданд. Албатта, ин далели миллати бузург будани миллати рус аст, миллате ки барои ватани худ, барои номуси миллӣ ҷон медиҳад, барои қаҳрамонони худ муҷассама дуруст мекунад, мазори онҳоро зиёратгоҳ мекунад, номи онҳоро гиромӣ медорад. Чаро имрӯз мардуми мо бештар мазори сӯфиёни аҳли тасаввуфро дубора эҳё мекунанд, зеб медиҳанд, вале аз онҳое, ки барои номуси миллӣ ҷон доданд, чизе намедонанду оромгоҳи онҳо дар куҷост, ҳатто хабар надоранд?»…

Андешаҳои Зафар Мирзоев шояд баҳсе миёни таърихнигорон, алалхусус таърихнигорони тоҷик барангезад, зеро шарқшиноси тоҷик вожаи ба истилоҳ «босмачи»-ро бо ибораи «ҷонсупор дар ҳифзи номуси миллӣ» иваз мекунад. Суоле ҳам аз андешаи Мирзоев бармеояд, ки чаро шиори «ҳифзи ислом» дар ҳаракати озодихоҳона натавонист нақши муваффақонаи ваҳдату ягонагиро бозад ва падидаҳои миллатгароӣ барои пароканда шудани он нақш бозид?

Аз ҷониби дигар, агар шиори асосӣ «ҳифзи ислом» намебуд, як турки гуреза бо исми Алибой (дар баъзе маъхазҳои таърихӣ бо номи Исмоилбой, дар баъзе ривоятҳои дигар, аз ҷумла дар романи «Турецкий Гамбит» бо номи Сулаймон Бендербой ёд мешавад) – Анварпошо (дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Энвер-пошо) чӣ гуна тавонист дар гирди худ нерӯи гуногунмиллатро дар Осиёи Миёна, ки тибқи далелҳои таърихнигории шӯравӣ беш аз 20 000 нафар арзёбӣ мешавад, ҷамъ оварад?

Вале, агар масъалаи миллӣ дар муборизаи озодихоҳона нақши муассир намебозид, чаро Анварпошои турк, Иброҳимбеки лақай, қумондонони тоҷик Сайид Аҳмадхоҷа, Абдуқаҳҳор, Раҳмон додхо ва Давлатманд натавонистанд то ба охир дар як сангар бошанд?

Агар масоили миллият дар ҳаракати озодихоҳона дар мавқеи аввал намебуд, чаро омили асосии шикаст хӯрдани домоди халифаи турк Анварпошо, саркашии Иброҳимбеки лақай аст? (бо вуҷуди дастур ва амри амири Бухоро Сайид Олимхони манғит Иброҳимбек нахост зери итоати Анварпошо бошад, ки ба ин номаи вопасини собиқ вазири ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. Ин нома бо матлаи зерин оғоз мешавад: «Ҳамааш айби Иброҳимбек буд…»)

… Ин тадқиқоти мо,- қиссаи зиндагӣ, марг ва зиндагии пас аз марги собиқ вазири ҳарбии Туркия – Анварпошо шояд баъзе аз норӯшаниҳоро дар ҳаракати озодихоҳона рӯшан кунад. Шояд андешаҳои мо, тадқиқоти мо, ки дар асоси нақш ва симои аслии як турки гуреза, аммо ватанпарасту миллатгаро дар муборизаи озодихоҳонаи мардуми Осиёи Миёна алайҳи таҷовузкорони рус сурат гирифтааст, то ҷое ба касе хуш наояд, вале, фикр мекунем, ватанпарастӣ ва миллатдӯстдориро ҳам бояд омӯхт. Хоса, аз оне ки дар ватанаш ба марг маҳкум шуда, бо ҳадафҳои нопоку ҳароми пантуркистӣ бо шиори «мубориза барои ислом», дар Аморати Бухоро яке аз саркардагони ҳаракати муқовимат алайҳи нерӯҳои сурх шуд ва 4 августи соли 1922 дар деҳаи Обдараи вилояти Кӯлоб кушта гардид. Ҷасади вазири турк дар мавзеи Чагани ноҳияи Балҷувон гӯр карда шуда буд.

Ба қавли таърихшиноси тоҷик Камолиддин Абдуллоев «беш аз даҳ сол мешавад, ки сарони давлатҳои Туркия ва Тоҷикистон дар мавриди интиқол додани боқимондаҳои ҷасади генерали турк Анварпошо аз Хатлон ба Истамбул маслиҳат карда буданд. «Анварпошо бо ҳама бузургӣ ва камбудиаш, нишонаи таърихии мо аст», -гуфта буд сарвари онвақтаи Туркия Сулаймон Демирел».

Вале дар интиқоли боқимондаи ҷасади ӯ аз ин мавзеъ, чанд нафар шахсон дар миёна аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд, ки яке аз онҳо собиқ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, дигаре кормандони институти таърихшиносӣ буданд. Боқимондаҳои ҷасади собиқ вазири мудофиа имрӯз дар зери баландтеппаи 12-метра, ки ба хотираи ҷавонтуркони инқилоби соли 1908 дар теппаи «Хурриятобод», дар Истамбул, дар паҳлӯи ҳамнабардаш Талъатпошо гӯр карда шудааст.

Дар Туркия шояд хеле дер аз хидмати анҷомдодаи вазири дарбадарашон барои ҳаракати пантуркистӣ, дар ниқоби «мубориза барои ислом» огоҳӣ ёфтанд. Ё шояд хеле хуб огоҳ буданду аз мушт ба сина задан бо номаш истиҳола мекарданд, вале имрӯз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ин мамлакат ба ин иҷоза медиҳад? Анварпошо дар таърихи кишвари мо чӣ нақше дорад? Чаро боқимондаҳои ҷасадро шитобзада ба Истамбул бурданд? Барои боқимондаҳои ҷасад духтарони Анварпошо чанд пул пардохт карданд? Кофтукоби ҷойи хокшудаи домоди халифа чанд вақт идома ёфт? Чаро Иброҳимбеки лақай, Давлатманди тоҷик ва Анварпошои турк забон наёфтанд?

Мурод аз анҷом додани ин таҳқиқот, ёфтани посух ба ин суолҳо буд.

Анварпошо: Аз Истамбул то Маскав

«Анварпошо (Anvar Pasa), 22 ноябри соли 1881 дар Истамбул, дар оилаи корманди роҳи оҳан Хоҷа Аҳмадбой ва Ойиша Дилёр таваллуд шудааст. Соли 1914 Анвар шоҳдухтар Омина Ноҷия Султонро (1896-1957) ба занӣ мегирад. ӯ духтари шоҳ Салим Сулаймон ва набераи султон Абдулмаҷид (солҳои ҳукмрониаш 1839 -1861) буд. Аз никоҳи Анварпошо ва Ойиша ду духтар боқӣ монд: Моҳпайкар Анвар Хонум Султон (1917-2000) ва Туркан Анвар Хонум Султон (1919-1989). Баъди марги шавҳараш Омина ба Маҳмад Комил Киллигилбой (1898-1962) – бародари Анварпошо ба шавҳар баромад. (http://www.almanach.be/search/t/turkey.html)

Анварпошо ходими сиёсию ҳарбӣ, генерал, яке аз сарварони ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» — и ҷавонтуркон мебошад. Соли 1903 Академияи Штаби генералиро дар Истамбул хатм кардааст. Соли 1908 яке аз ташаббускорони табадуллоти давлатӣ алайҳи султон Абдул Ҳамид.

Вячеслав Кузнетсов, доктори илмҳои таърих аз Донишкадаи Шарқи Дури Академияи улуми Русия дар мавриди ин табадуллот ва ба майдони сиёсат ворид шудани Анварпошо чунин менависад:

«Инсони бемори Аврупо» — чунин мегуфтанд сиёсатмадорони аврупоӣ дар бораи султони турк дар оғози асри ХХ. Аз нуфуз ва шӯҳрати Империяи Усмонӣ қасри султон – «Юлдуз» дар Истамбул гувоҳӣ медод, вале соҳиби ин қаср дигар хӯҷаини ягона набуд: мамлакатҳои бузурги Аврупо аз сустии султони бемор истифода карда, аз ҳисоби ӯ зиндагӣ мекарданд.

«Наҷот додани мамлакат»- дар назди худ чунин мақсад гузошта буд ҳизби ғайриқонунии «Иттиҳод ва тараққӣ». Дар Аврупо аъзои ин ҳизбро, ки хостгори истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодии мамлакат буданд, «ҷавонтуркон» меномиданд.

Кумитаи «ҷавонтуркон» бо нерӯҳои мусаллаҳи кишвар робитаи наздик дошт. Хадамоти ҷосусии султон аз нақшаҳои кумита огоҳӣ ёфт. Ҳамчунин, фаъолияти ҷонноки майор Анварбой дар ин кумита аз мадди назари онҳо дур намонд. Дар Истамбул қарор доданд то аз вай халос шаванд. Бо ин мақсад, ӯро аз Македония ба пойтахт бо баҳонаи додани унвони генералӣ даъват карданд. Аммо, Анварбой дар ин вақт аллакай аз Македония ғайб зада буд.

Вай аз 200 нафар дастаи муташаккили мусаллаҳ таъсис дода, бо ҳамроҳии коменданти шаҳри Ресна, майор Аҳмад Ниёзбой алайҳи режими султон қиём карданд. Маблағи ҳангуфте, ки султон барои сари Ниёзбой ва Анварбой ваъда кард, натанҳо соҳибашро пайдо накард, балки шӯҳрати майорҳои туркро зиёд намуд. Ҳарчанд Ниёзбой аввалин шуда яроқ ба даст гирифта буд, вале дере нагузашта, шӯҳрати Анварбой ба ҷойи аввал баромад».

23 июли соли 1908 инқилоб рух дод ва режими султон сарнагун гардид. Ин авҷи шӯҳрати Анвар буд. Дар бораи ӯ чун мубориз алайҳи режими Абдул Ҳамид тамоми дунё огоҳ шуд. Қисмҳои низомии дар Македония буда, эълон карданд, ки ба сӯи Истамбул ҳуҷум карда, султонро маҷбур хоҳанд кард то дар мамлакат идоракунии парлумониро ҷорӣ намояд.

Султон гузашт кард: розӣ шуд то парлумонро, ки соли 1877 пароканда карда буд, даъват намояд, қасам хӯрд сарқонунро риоя хоҳад кард. Амр дод то системаи ҷосусии шахсиаш барҳам дода шавад, тамоми вазирон аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи онҳо номзадҳои «ҷавонтуркон» таъин шаванд.

Нимаи моҳи сентябри соли 1908 анҷумани ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» дар шаҳри Салоник кумитаи марказиро интихоб кард. Анвар аъзои роҳбарияти олии «ҷавонтуркон» интихоб шуд. Барои «ҳиссагузорӣ» дар табадуллот, дар синни 27-солагӣ атташеи ҳарбии Туркия дар Германия таъин гардид: Ҳукумат чунин мешуморид, ки ин шахс дар хориҷа нисбат ба дохил, камтар хатар эҷод мекунад. Дар Германия ӯ бештар зери таъсири ҳаракатҳои миллатгароӣ монд.

Дар солҳои 1911-1912 Анвар дар Лубнон барои ҳифзи сарзамини туркони усмонӣ алайҳи нерӯҳои итолиёвӣ ҷангид ва тавонист хоки кишварро нигоҳ дорад. Бояд гуфт, ки дар ҷанги аввали ҷаҳон Туркия маҷбур шуд то шаҳри Триполиро ба Итолиё гузашт кунад, аммо дар ин маврид, Анвар метавонист далел пеш орад, ки на ӯ, балки дигарон муборизаро бохтанд.

13 апрели соли 1913 дар Туркия табадуллоти зиддиинқилобӣ доир гардид. Вазирони навтаъин,-дастнишондаҳои «ҷавонтуркон», вакилони Маҷлиси Миллӣ маҷбур шуданд гурезанд. Бо шунидани ин хабар, Анварбой таъҷилан аз Берлин ба шаҳри Салоник омад ва ин шаҳр боз гаҳвораи нерӯҳои инқилобӣ шуд. Губернатори ин шаҳр аз вазифа барканор гардида, «ҷавонтуркон» бо ҷалби Маҳмуд Шавкатпошо, — қумондони корпуси саввуми низомӣ барои саркӯб кардани ошӯб, тавонистанд 24 апрел пойтахтро ишғол кунанд.

Анвар бо ҳамроҳии пешвоёни ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» Талъатпошо ва Ҷамолпошо қасри шоҳ – Юлдузро муҳосира намуда, режими Абдул Ҳамиди II-ро сарнагун сохт. Ҷони султонро императори Германия Вилгелми II халос кард. Вай ба воситаи Анварбой ба «ҷавонтуркон» расонид, ки агар ҷони султон эмин монад, мамлакати вай ҳукумати «ҷавонтуркон»-ро ба расмият хоҳад шинохт. Анвар бо анҷом додани ин амал, чанд ҳадафи сиёсии худро пиёда кард: Аввалан, муносибати худро бо роҳбарияти Германия беҳтар кард, дуввум, чун наҷотдиҳандаи ҷони султон, — «халифаи мусулмонон» соҳиби эътибор дар доираҳои динӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҷанг, сарвазири мамлакат кушта гардид. Ба ивази «хидмат» ин маротиба соли 1914 Анвар соҳиби унвони «пошо» ва мансаби вазири ҳарбии кишвар дар Ҳукумати Туркия гардид.

Солҳои ҷанги якуми ҷаҳон сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Туркия буд. Ҷонибдор ва тарғибгари сиёсати пантуркизм ва панисломизм. Ташаббускори иттифоқи ҳарбии Туркия бо Германия ва сабабгори ба ҷанги аввали ҷаҳон (1914-1918) ҷалб шудани мамлакат. Тавре рӯзномаи маъруфи «Версия» менависад, асосогузори хадамоти ҷосусии Туркия («Милли Истихбарат Тешкилати» — «МИТ»)» маҳз Анварпошо ҳисоб мешавад. 5 августи соли 1914 бо номи «Тешкилат-и-Махсуса» ( «Хадамоти махсус») аввалин гурӯҳи ҷосусӣ бо фармони Анварпошо таъсис ёфт.

Ба қавли Александр Фитс,- собиқ аъзои раёсати Конфедератсияи миллатҳои бадарғашудаи Русия: «дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон дар ҳудуди онвақтаи Империяи Усмонӣ яке аз бузургтарин фоҷиаҳо дар таърихи инсоният рух дод. Дар ин сарзамин беш аз якуним миллион нафар танҳо ба он хотир нобуд гардиданд, ки арманӣ ва осурӣ зода шуда буданд. Соли 1914 ҳукумати ҷавонтуркон аз ҷониби Германия ва Австро-Венгрия ба ҷанг ворид шуд ва гуё барои ҳимоят аз зарба аз пушт, арманиҳо ва осуриҳои муқимӣ дар шимоли мамлакатро ба биёбонҳои Сурия ва Фаластин кӯчонид. Иҷрои ин амал ба зиммаи сарвазир Талъатпошо ва вазири ҳарбӣ Анварпошо супорида шуд. 24 апрели соли 1915 қатли оми арманиҳо ва осуриҳо оғоз гардид, ки ҳадафи ниҳоии он пурра нобуд кардани ин миллатҳо буд».

Тибқи амри Анварпошо, нерӯҳои низомии турк сентябри соли 1918 шартномаи Брест-Литовскро вайрон карда, ба Қафқоз ҳуҷум оварданд ва Бокуро ба осонӣ ва ҳатто бо кӯмаки мардуми таҳҷоӣ забт намуданд. Мавриди зикр аст, ки Анварпошо ба хешованди султони турк Абдул Ҳамиди II хонадор шуда буд. Чун он замон султони турк халифаи мусулмонон ҳисоб мешуд, Анварпошо унвони «домоди халифа»-ро ба даст овард. Мусулмонони дунё, аз ҷумла озариҳо, ба ин унвон аҳамияти махсус медоданд ва тайёр буданд «домоди халифа»-ро чун «амири одил» дастгирӣ намоянд.

Баъди имзои сулҳномаи Мудрос дар соли 1918 аз ҷониби Туркия, ки аз шикасти ин мамлакат дар ҷанг гувоҳӣ медод, инқилоби нав бо сарварии Камол Отатурк сурат гирифт. Ин инқилоб ҳукумати ҷавонтурконро сарнагун сохт. Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди ин, касе аз шахсони гунаҳгор дар қатли оми арманиҳо ва осуриҳо на ба ҷавобгарӣ кашида шуд ва на ҷазо гирифт. Талъатпошо ва Анварпошо барои қатли оми арманиҳо ва осуриҳо ба суд супорида шуданд, ба қатл маҳкум гардиданд, аммо ба ҷинояткорон муяссар гардид то гурезанд. Аввали декабри соли 1918 Анварпошо бо ҳамфикронаш тавассути иттифоқчиёни собиқаш – афсарони немис ба киштии зериобӣ нишаст ва ба Одесса, ки онро Германия ишғол карда буд, равон шуд. Аз ин шаҳр онҳоро ба Берлин фиристоданд.

15 марти соли 1921, дар хиёбони Харденберги Берлин, ҳамнабарди домоди халифа, — Талъатпошо аз ҷониби донишҷӯи арман Согомон Тейлирян парронида шуд. Суд донишҷӯи арманиро бегуноҳ ҳисобида, озод кард.

Устоди факултаи таърихи ДДМТ Раҳматуллоев мегӯяд, ки сабаби пуштибонии Анварпошо аз ҳукумати вақти Германия дар он буд, ки ӯ академияи ҳарбиро дар ин мамлакат хондааст:

«Омили аслии дар ҷанги якуми ҷаҳон иттифоқчии Германия шудани Туркия мавқеъгириҳои вазири ҳарбӣ аст, зеро баъд аз мағлуб шудани Германия вай аз Туркия ронда шуд ва баъдан муддате дар ин мамлакат зиндагӣ кард».

Таърихшинос Саидмурод Бобомулоев, — директори Осорхонаи Бостонии ҶТ бошад, мегӯяд, ки Анварпошо дар вазифаи дигари масъул — вазири корҳои хориҷӣ ҳам буд: «Анварпошо дар замони Камол Отатурк аввалин вазири корҳои хориҷии Туркия таъин шуд».

Вале, бояд гуфт, ки бо ин далел мо дар ҷойи дигар вонахӯрдем.

Устоди Донишгоҳи Миннесотаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, профессор Эраҷи Баширӣ нисбати шахсияти Анварпошо чунин баҳо медиҳад: «Анварпошо як шахсияти бисёр мураккаб буд. Ин кас то муддати зиёде барои усмониҳо кор кард, вале дар ҷангҳое, ки барои усмониҳо кард, шикастҳои бузурге хӯрд, иштибоҳҳои калоне кард ва аз он ҷо фирор намуд».

Хулоса, то омадан ба Русия ва баъди он ба Боку ва Бухоро, Анварпошо чун як шахси сиёсӣ дар доираҳои сиёсӣ шинохташуда буд. Ба Осиёи Миёна омада, дар сари ҳаракати муқовимат алайҳи таҷовузи русҳо истодани вай тасодуфӣ буда наметавонист, аммо чизи аҷиб ин ки вазири ҳарбии Туркия пеш аз ин сафар шахсан бо Владимир Илич Ленин, — пешвои нерӯҳои сурх мулоқот карда, мандати махсус гирифтаву… бо супориши махсус ба Бухоро омада буд…

Германия падари пантуркизм?

Олег Иванович Кушаков – таърихнигор ва рӯзноманигори украин чунин мешуморад, ки мавзӯи ҳаракати пантуркистӣ дар ҳамоҳангӣ бо исломи тундрав дар Осиёи Миёна нав нест, балки ҳанӯз дар охири асри XIX, дар заминаи норизоии мардуми мусулмон аз тартиботи ҳукмравоии Русияи подшоҳӣ дар Туркистон (солҳои 1865-1917) сабабгори ошӯб ва норизоиҳои пайдарпай дар ин минтақа гардид:

«Чунин вазъият албатта ба манфиати душманони вақти Русия, ки хоҳони густарда кардани мавқеъ дар Туркистон буданд, ҳисоб меёфт. Алалхусус, Германия, ки ба Осиёи Марказӣ натанҳо чун манбаи ашёи хом менигарист, балки минтақаи мазкурро чун пойгоҳи низомӣ барои ғасби Ховари Миёна истифода бурданӣ буд, фаъолияти шабакаи пурқуввати ҷосусиро бо ин ният ба роҳ гузошт»-менависад Кушаков.

Воқеан ҳам, баъзе аз далоили таърихӣ ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки низои миёни форсҳо ва мардуми бумӣ дар соли 1910 дар Бухоро, маҳз ба дасти шабакаи ҷосусии Германия пиёда шудааст. Вале, фаъолияти ҷонноки шабакаи ҷосусии Германия махсусан дар оғози ҷанги якуми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Таври маълум, дар ин ҷанг Германия, Австро-Венгрия, Италия, («Иттифоқи сегона») баъдтар бо иттифоқи Туркияву Булғория алайҳи Русия ва Фаронсаву Англия (АНТАНТА – аз калимаи англисӣ буда, маънояш «Муоҳида» аст), дар идомаи ҷанг (соли 1917) бо иттифоқи ИМА, мубориза мебурданд. Табиист, шиорҳои пантуркистӣ дар оғоз ба Германия барои ба ҷанг ҷалб намудани Туркияи мусулмонӣ сахт зарур буд. Аввал дар Берлин, баъдтар дар Туркистон муроҷиатномаҳои махсус ба мусулмонон пайдо шуданд, ки дар он аз русҳо чун аз душманони сарсахти ислом ва «кофарон» ёд карда шуда, дар варақаҳои соли 1914 дар Бухорою Самарқанд пайдогардида, чунин омада буд:

«Ҳукумати Германия мусулмононро дастгирӣ менамояд ва танҳо ба хотири ҳифзи манофеи эшон, бо Русияву Англия ҷанг мекунад. Ин давлатҳо мақсад доранд то мамолики Туркия ва Форсро хароб созанд, ки ин бо манфиатҳои тиҷоратии Германия мувофиқ нест. Аз ин сабаб, манфиатҳои мамолики мусулмонӣ бо Германия як хел аст».

Сарчашмаи ин таваҷҷӯҳ албатта, дастнигар ва иттифоқчии номнависнашудаи Русия будани Аморати Бухоро буд, ки аз лиҳози моддӣ ва ҳатто бо фиристодани сарбозон ба ҷабҳаи ҷанги якуми ҷаҳон пуштибонӣ аз ҳукумати Русияи подшоҳӣ мекард.

Баъди оғози ҷанги якуми ҷаҳон, соли 1915 варақаҳо бо матни тоза, бо даъват ба ҷанги муқаддас алайҳи русҳо пайдо шуданд:

«Ҳар касе русҳоро мекушад, ғозӣ хоҳад шуд, ҳар касе аз дасти русҳо кушта мешавад, шаҳид аст»-омада буд дар варақаҳои немисӣ.

Бояд гуфт, ки барои ҷалби мусулмонон дар мубориза алайҳи русҳо, немисҳо аввал гумоштагони форсро истифода карданд. Соли 1916 дар конфронси панисломистҳо дар Вена қарор шуд то ба Туркистон гумоштагони зархариди форсро фиристанд.

«Сабаб дар он буд, ки Эрон ҷумҳурии бетараф буд ва ба шаҳрвандони он ба Русия рафтанро манъ накарда буданд. Онҳо дар Туркистон миёни мусулмонон ҳатто овозае паҳн карданд, ки императори Германия Вилгелми II исломро пазируфта, мусулмон шудааст» — менависад таърихнигор Кушаков.

Маълум нест, ки чаро немисҳо аз гумоштагони форс дилсард шуда, ба гумоштагони турк ва ҳаракати пантуркистӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Шояд ба ин суол, ки матраҳ кардани он мавзӯи алоҳида аст, замоне таърихнигорон машғул шаванд. Вале муҳим он аст, ки минбаъд Германия бо истифода аз мавқеи иттифоқчиаш Туркия, ҳатто ба қавли доктори илми таърих Вячеслав Кузнетсов «ба ҷавонтуркон дар масъалаи миллатгароӣ сабақ дода», бештар ва ҷиддан ба тарғиби пантуркизм дар зери ниқоби панисломизм машғул шуд.

Гумоштагони турк ҷараёни «ҷадидизм»-ро, ки ба Туркистон аз Қазон (маркази Тотористони имрӯза) ворид шуда буд, оғоз аз солҳои 1917-1922 дастгирӣ карда, барои чун ташкилотҳои махфӣ фаъолият кардани ҷадидҳо кӯмак мекарданд. Маҳз дар ин давра мубориза алайҳи ҳукумати подшоҳӣ ба мубориза зидди ҳукумати сурх бадал гардид. Дар садри ин муборизаи пантуркистӣ Ҷамолпошо, Анварпошо, Талъатпошо, Усмонбой, Муҳаммад Амин Афандизода, Ҳайдар Шавқӣ, Юсуф Зиёбек, Сулаймон Самибек ва дигарон меистоданд, ки ҳадафҳои пантуркистиашонро дар ниқоби панисломизм мепӯшониданд.

Ин шахсони номбаршуда ва махсусан Анварпошо даъво доштанд, ки замоне мардуми Осиёи Марказӣ, Қрим, Қафқоз дар мамлакати ягона — Тӯрон муттаҳид буданд ва вақт аст то боз дар зери парчами як давлат-Туркия муттаҳид шаванд.

«Ширкати Туркияро дар ҷанги якуми ҷаҳон Анварпошо чун оғози барқарорсозии Тӯрони бузург баҳо дода, нақшаи ишғоли Озарбойҷони Эрон, Қрим, Туркистонро кашида буд. Гумоштагони вай шабу рӯз дар ин мамолик тарғиботи пантуркистӣ мебурданд» — менависад Вячеслав Кузнетсов, доктори илми таърих аз Институти Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия.

Генерал Алӣ Исхон Сабис, ҳамзамон ва шоҳиди ҳодисаҳои он айём дар хотираҳояш тасвири ин воқеаҳоро чунин меорад: «… бо оғози ҷанг қабулгоҳи вазири ҳарбӣ Анварпошо аз шахсони пираҳани аҷибу ғариб пӯшида, ки тез-тез ибораҳои «роҳи тӯронӣ», «ишғоли тӯронӣ»-ро ба забон меоварданд, пур мешуд. Онҳо даъво мекарданд, ки мӯйҳои сафеди сари вазири ҳарбӣ далели «фотеҳ» будани вай аст. Дар бораи Анварпошои «фотеҳ» қасидаҳо менавиштанд».

Сардори намояндагии низомии Германия дар Туркия, генерал Лиман фон Сандерс ҳам дар ёддоштҳои хеш дар мавриди ҳадафҳои Анварпошо чунин менависад: «Ҳадафи ин марди ҳамеша ноором яке буд: Тарғиби панисломизм ва амалӣ сохтани орзуҳои пантӯронӣ ва пантуркистӣ».

Вячеслав Кузнетсов дар мақолаи «Манфиатҳои Германия ва ғурури пантуркистӣ зинаҳои шӯҳрати Наполеончики турк шуданд», чунин изҳор менамояд:

Анварпошо бо шӯҳратпарастӣ, найрангбозӣ ва атвори Бонапартиаш дар Туркия лақаби «Наполеончик» гирифта буд. Ба қавли таърихшиноси турк Маҳмуд Инал «мисоли Анварпошо дар Туркия фармондеҳи мумсик ва мағрур, ҷоҳил ва аблаҳу хунхор набуд». Таърихшиноси дигари турк Аҳмад Рафиқ бошад, ба ин андеша аст, ки «немисҳо дар лашкари худ ба Анварпошо ҳатто рутбаи афсари хурдро намедоданд, аммо дар Туркия онҳо муваффақ шуданд то ӯро фармондеҳ таъин намоянд».

Баҳори соли 1918 Анварпошо, ки ба тозагӣ унвони «генералиссимус»-ро гирифта буд, ба Батуми омада, бо намояндагони Қафқози Шимолӣ вохӯрд. Бародари вай Нурӣ бошад, ба таъсис додани «лашкари ислом» оғоз кард. Охири июни соли 1918 онҳо ба сӯи Боку ҳаракат карданд. Ситоди генералии Туркия чунин меҳисобид, ки ишғоли Боку ва Озарбойҷони ҷанубӣ қисми асосии барномаи пантӯронӣ мебошад.

Тавре рафти ҳодисот нишон медиҳад, аз иттифоқ бо Германия натанҳо ин кишвар бурд кард, балки аз вазъият истифода карда, Анварпошо дунболи амалӣ кардани ҳадафҳои хеш, таъсиси «Тӯрони бузург» ҳаракат менамуд. Сардори Ситоди генералии Германия Людендорф аз ин амалкардҳои вазири ҳарбии Туркия ба хашм омада, гуфта буд: „Ба нақшаҳои пантуркистии Анварпошо дода шуда, Туркия ба забти Қафқоз шурӯъ кард ва умуман аз ҷанг алайҳи Англия фаромӯш намуд».

Баъди шикасти Туркия дар ҷанги якуми ҷаҳон, Анварпошо ба Берлин гурехт, зеро дар ватанаш ӯро барои генотсиди арманиҳо ба қатл маҳкум карда буданд. Ин маротиба генерал ба ҳайси муҳоҷир ба Берлин омад, вале оромӣ надошт, наметавонист аз воқеоти сиёсии дунё берун бошад. Хост дар аввал ҷонибдоронашро ҷамъ карда, аз берун ба мубориза алайҳи ҳукумати Камол Отатурк талош кунад, вале ин нақша амалӣ нагардид. Сарнагун шудани режими ҳукумати подшоҳӣ ба вазири ҳарбии Туркия рӯҳи тоза бахшид ва ӯ гумон дошт, ки амалӣ кардани нақшаи бунёди «Тӯрони бузург» акнун осонтар гардидааст.

Дар Берлин ӯ “Ҷамъияти инқилобии мусулмони»-ро таъсис дод. Нақшаи ҷамъият муттаҳид кардани мамолики мусулмонӣ ҳисоб мешуд. Домоди халифа гумон дошт, ки ҳукумати сурх ин нақшаро дастгирӣ менамояд ва бо ин ният соли 1920 ба Маскав омад.

Анварпошо: ҷосуси Ленин ё англис?

Ҳарчанд муносибати Владимир Илич Ленин бо Анварпошо дар Германия, ки пуштибон ва маблағгузори Инқилоби Сурх буд, дар матолиби таърихие муфассал таҳлил нагардидааст, вале далелҳои зиёде дар бораи муносибат ва ҳамкории ин ду шахсияти маъруф пеш аз омадани собиқ вазири ҳарбии Туркия ба Маскав мавҷуданд. Масалан, Саидмурод Бобомулоев, директори Осохонаи Бостонии ҶТ дар ин маврид ба хабарнигори МТЖ чунин баён кард: «Баъди омӯхтани ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки Анварпошо бо Ленин муносибати хеле наздик доштааст, ҳатто онҳо дар Германия ҳамкорӣ карда будаанд».

Таври маълум, солҳои дар Германия будани ин ду нафар доираҳои болоии мамлакат торафт бештар ба андешаҳои миллатгароёна дода мешуданд ва тавре пештар зикр гардид, Анварпошо маҳз зери таъсири онҳо дар андешаи бунёди «Тӯрони бузург» афтида буд. Пас, суоли мантиқие бармеояд, ки оё Ленин аз ҳадафҳои пантуркистии «домоди халифа» огоҳӣ дошт? Магар тақсимоти нодурусти сарзамини Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки дар натиҷаи он аввалият ва бартарӣ ба мамлакатҳои туркзабон дода шуд, аз муносибати Анварпошо ва Ленин сарчашма намегирад? Магар дар ин маврид, андешаи зери ҳадафҳои пантуркистӣ будани Ленин пайдо намешавад? Магар ба Маскав омадани собиқ вазири ҳарбии Туркия бо супориши хоҷагонаш аз Берлин, ба хотири кӯмак ба гумоштаи дигари хадамоти ин кишвар Ленин набуд? Далелҳое мавҷуданд, ки аз нақши муассири Анварпошо дар сиёсати берунаи Германия шаҳодат медиҳанд. Масалан, дӯсти наздики собиқ вазири ҳарбии Туркия, — генерал-полковник, сарфармондеҳи райхсвери Германия Зект, ки бо ҳисси миллатгароёнааш маъруф буд, дар яке аз асарҳояш чунин менависад:

«…ҳанӯз ҳангоми сардори ситоди армияи «Норд» дар Наздибалтик будан, дар сарам андешае пайдо гардида буд, ки Германия ба хотири барҳам додани шартҳои иҷронашавандаи Антанта дар Версал, бояд ба Русияи Сурх такя намояд. Бо ин мақсад, Анварпошо бо супориши ман тобистони соли 1920 ба Маскав омад то пинҳонӣ муносибатҳои Германияро бо Шӯравӣ дар масъалаи ҳамкорӣ бо миллатгароёни турк алайҳи Англия, ба роҳ монад. Дар Маскав Анварпошоро Ленин қабул кард.» (Оғобеков Г.С. «Террори махфӣ: Навиштаҳои ҷосус» Маскав, 1996). Бояд гуфт, ки Зект бо Анварпошо ҳанӯз аз соли 1916,- аз замоне, ки Зект Ситоди генералии лашкари Туркияро сарварӣ мекард, дӯстии наздик доштанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳам дар Германия гумоштаи содиқашонро фаромӯш накардаанд. Моҳи январи соли 1996, ҳангоми сафари расмӣ ба Туркия вазири корҳои хориҷаи Германия К. Кинкел чунин изҳор дошт: «Калиди рушди ояндаи Германия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аст. Локомотиве, ки ба сӯйи ин минтақаҳо мебарад, ин Туркия буда, дарвозаи баромади он Озарбойҷон, пули он Гурҷистон ва истгоҳи охирини он Қирғизистон мебошад».

****

… Сафари Анварпошо ба Маскав, ба осонӣ сурат нагирифт. Аслан, ин сафар метавонист оқибати фоҷиабор дошта бошад. Масъули сафари ҳавоӣ адъютанти Зект, — Кестринг, дар оянда атташеи низомии Германия дар Маскав буд. Аз ин сафар ҷониби Маскав огоҳ карда шуд. Чичерин 24 октябри соли 1919 ба Ленин чунин навишт: «Бигзор ин одамон барои муайян кардани ҷузъиёт ба назди мо оянд. Онҳо метавонанд тавассути аэроплан ба ҷои вохӯрӣ ҳозир шаванд» («Архив внешней политики РФ» (АВПРФ), ф. 04, on. 52, п. 340, д. 55237, л. 27). Вале, тайёра ба садама дучор шуд ва сарнишинон маҷбур шуданд онро дар наздикии шаҳри Ковно (Каунас), ки аз ҷониби англисҳо ишғол шуда буд, шинонанд. Анварпошо ба ҳабс гирифта шуд, вале дар натиҷаи ҳараҷу мараҷе, ки дар Прибалтика ҳукмфармо буд, ӯ аз ҷониби қумондони ихтиёриёни немис Чунке озод гардид. Ин дастаи ихтиёриён дар ин минтақа амал мекард. 11 августи соли 1920 тавассути сарҳади ҷабҳаи Полша — Шӯравӣ аввалин гумоштаи Берлин, Анварпошо ба ҷониби шӯравӣ гузашт. 11 августи соли 1920 раиси Комиссияи фавқулоддаи ҳарбӣ Ф. Э. Дзержинский ба Ленин аз Белосток чунин хабар фиристод: «Имшаб аз Германия бо пешниҳодот Анварпошо бо ду турки дигар омад» («Российский центр хранения и изучения документов новейшей истории» (РЦХИДНИ), ф. 76, оп. 3, д. 106, л. 1.). 16 августи 1920 Чичерин ба Ленин дар бораи пешниҳодоти Ҳукумати Германия, ки ба Маскав Анварпошо оварда буд, хабар дод. Ин пешниҳодот аз он иборат буд, ки Германия бояд сарҳади худро тибқи марзбандии соли 1914 соҳиб мешуд. Дар ҷавоби ин, ҷониби Германия ба Шӯравӣ ғайрирасмӣ яроқу аслиҳа фиристода, ошӯб алайҳи полякҳоро бояд ташкил мекард: «Мо гуфтушунидро оғоз кардем, зеро Анвар даъво дорад, ки ризоияти Ҳукумати Германия бе розигии Зект ба даст нахоҳад омад. Анвар ҷавобро мунтазир аст» — навишта буд Чичерин ба Ленин. ( «АВП РФ», ф. 04, оп. 3, п. 12, д. 3, л. 192). Тавре Зект ёдовар мешавад, дар яке аз мактубҳояш аз 25 августи соли 1920, Анварпошо оид ба нақшаи ояндааш дар бораи амалиёти низомӣ алайҳи англисҳо дар сарҳадоти Туркия, Эрон, Афғонистон маълумот додааст. Шахси наздики Тротский, — Склянский ба «домоди халифа» маслиҳат медиҳад, ки яроқро аз Германия харида, тариқи Русия ба Туркия орад. Баъди маслиҳат бо Ленин, Анварпошо баъди Анҷумани аввали халқҳои Шарқ бояд мардуми туркзабонро зери шиори «озод кардани мардуми Шарқ» бархезонида, тавассути Афғонистон ба Ҳинд мерафт. Ленин ин пешниҳодотро хуш пазируфт. («Rabenau Friedrich von. Seeckt. 1918—1936. Aus seinem Leben. Leipzig, 1940. S. 306-307»)

Муаллифи китоби «Таърихи сиёсии тоҷикон» Абдуқодир Холиқзода ҳам ин далелро тасдиқ карда, менависад, ки ҳадафи болшевикон аз фиристодани Анварпошо, ҷалб кардани таваҷҷӯҳи мардум ба дигар самт ҳам буд: «… Ленин розӣ шуд, ки Анварпошо ба Туркистон омада, тамоми мардуми Осиёи Миёна ва Афғонистонро алайҳи англисҳо шӯронад. Ленин мехост ба ин восита таваҷҷӯҳи мардум ба самти дигар кашида шавад. Анварпошо тавонист, худро беҳтарин иҷрокунандаи ин нақша муаррифӣ намояд ва ҳамин буд, ки вай аз Маскав ба Бухоро бо мандати хоси намояндаи Шӯрои комиссарони халқ сафар кард».

Таърихшинос Р. Г. Ланда бошад, тахмин мекунад, ки Ленин мақсад дошт Анварро дар мубориза алайҳи ҳаракати муқовимат дар водии Фарғона ва Бухоро истифода барад: «Болшевикон яқинан мехостанд Анварро дар муборизаи қувватгирифтаистодаи ҳаракати босмачигарӣ дар Фарғона ва Бухоро истифода баранд». (Ланда Р. Г. «Ислам в истории России». М., 1995. Стр.201)

Мустафо Чоқай ӯғлӣ, (журнал „Восток и Запад“ (»Orient et Occident\”, Париж, 15 июн 1923). ҳамзамони Анварпошо, ҳадафи аслии собиқ вазири ҳарбии Туркияро пинҳон намедорад: «Дар паҳлӯи болшевикон пайдо шудани собиқ сарфармондеҳи лашкари туркони усмонӣ, душманони ӯро ба ҳайрат наовард: «Аз Анвар ҳама чизро интизор шудан мумкин аст»-мегуфтанд онҳо. Айнан, ҳамин тавр вокуниш нишон доданд онҳо вақте фаҳмиданд, ки баъди ҳамкории зичи дусола бо болшевикон, вай ба ҷониби ошӯбгарони Осиёи Марказӣ гузаштааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.