Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Ташкили давлати Темуриёни Хинд

Темуриёни Њинд ва ё ин сулола дар сарчашмањо бо номи Бобуриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри ЉVI то оѓози асри ЉIЉ дар Њиндустон њукмронї кардаанд. Аниќтараш тўли солњои 1526-1858 сулолаи мазкур дар ќаламрави Њинд њукумат кардааст. Асосгузори њукумати Темуриёни Њинд намояндаи њамин сулола – Зањируддин Бобур мебошад. Онњоро инчунин муѓулњои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирњои салтанати Аврангзеб пароканда гардида бошад њам, амалан то истилои Англия (с.1857) вуљуд дошт.Темуриёни Њинд ва ё ин сулола дар сарчашмањо бо номи Бобуриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри ЉVI то оѓози асри ЉIЉ дар Њиндустон њукмронї кардаанд. Аниќтараш тўли солњои 1526-1858 сулолаи мазкур дар ќаламрави Њинд њукумат кардааст. Асосгузори њукумати Темуриёни Њинд намояндаи њамин сулола — Зањируддин Бобур мебошад. Онњоро инчунин муѓулњои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирњои салтанати Аврангзеб пароканда гардида бошад њам, амалан то истилои Англия (с.1857) вуљуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-30) оѓоз гардида, Њумоюн (1530-39; 1555-56), Акбар (1556-1605), Љањонгир (1605-27), Шоњиљањон (1627-58), Аврангзеб (1658-1707), Бањодуршоњ (1707-1712), Љањонгиршоњ (1712-13), Фаррух Сияр (1713-19), Муњаммадшоњ (1719-48), Ањмадшоњ (1748-54), Оламгири II(1754-59), Шоњолами II (1806-37) идома намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Бањодуршоњи II солњои 1839-1858 њукмронї кардааст.б) Авзои фарњангї ва адабїЊавзањо ё марказњои адабї. Одамон дар њама њолат рўи ниёз ба илм, фарњанг ва адаб овардаанд. Дар асри ЉVI, сарфи назар аз нооромињои сиёсї, дар ќаламрави Осиёи Миёна, Эрон, Њиндустон марказњои илмї, фарњангї ва адабї фаъолият кардаанд, ки дар рушди љомеъаву фарњанг наќши муњим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна — Самарќанд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон — Исфањону Машњад, Шероз, Табрез; дар мулки Њинд — Дењлї, Мултон, Лоњур, Панљоб, Кашмир, Сарњинд. Њар кадоме аз ин доирањои фарњангию адабї дар пешрафти соњањои мазкур наќши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфиќї, Нисорї, Мутрибї, Шавкати Бухорої Самарќандхољаи Тирмизї, Мулњами Бухорої, Фитрати Зодрўз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезї, Камини Кошонї, Саймирзои Сафавї, Мирзо Муњаммадтоњири Насрободї ва дигарон; дар Њиндустон: Файзии Деканї, Бедили Дењлавї ва ѓайра.Бояд гуфт, ки авзои фарњангу адабиёт дар нимаи аввали асри ЉVIнисбат ба нимаи дуюм хеле фарќкунанда аст. Њамлаи Шоњ Исмоили Сафавї соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии ќуввањои илмию адабї гардид. Бештар ќуввањои адабї рў ба Мовароуннањр оварданд. Восифї дар «Бадоеъ-ул-ваќоеъ» хабар медињад, ки: «Дар он ваќт (с.1512)ќариб понсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннањр карданд».Дар ин сарзамин илмњои таърих, фалсафа, риёзиёт, њандаса, забону адабиёт, мантиќ, мусиќї хеле пеш рафтааст. Масалан, Муњаммадсолењи 13Карминагї дар илми мантиќ, Мавлоно Кавкабии Бухорої дар нуљуму мусиќї, Исматуллоњи Самарќандї дар сарфу нањв, Хоља Калони Самарќандї дар њакмату риёзиёт аз љумлаи саромадони асри худ буданд.Илми мусиќї яке аз дастовардњои халќї тољик дар асри ЉVI буда, дар се шањр: Њирот, Самарќанд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Њофизи Таниш («Шарафномаи шоњї»), Дарвешалии Чангї («Тўњфат-ус-сурур»), Саид Шарифи Самарќандї («Таърихи касира») аз симоњои машњури аср: Бобољони Њофиз, Дўстмуњаммади Удї, Муњаммадалии Ної, Ањмади Њофиз, Ибни Чангї ва дигарон ёд кардаанд.Таърихнависї низ хеле пеш рафтаву асарњои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз љумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, Њабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футўњоти хонї»-и Биної» «Мунтахаб-ут-таворих»-и Њофизи Убањї, «Шарафномаи шоњї» ё «Абдуллоњнома»-и Њофизи Таниш ва ѓайра мањсули њамин асранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.