Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


КАМПИР- ДЕВОР (Аввали асри XVIII-IX)

Ягона сарчашмае, ки мавҷудияти ин деворро исбот мекунад, ин \”Таърихи Бухоро\” ном асари Наршахӣ ба ҳисоб меравад, ки ғайр аз он, ин девор аз тарафи Абул Аббос ал- Фадла бинни Сулаймон ал- Тӯсӣ солҳои 830-и мелодӣ сохта шуданаш чизе гуфта нашудааст. Онро инчунин Канди Тарак ҳам меномиданд. Кампир- деворҳо дар атрофи шаҳрҳо, қалъаҳои воҳаҳои Бухоро, Суғд, Истаравшан сохта шуда аз истилои арабҳо, ҳуҷуми босмачиҳои бодияшинишин сабддро ҳимоя мекард. Кампир- деворҳо муайянкунандаи сарҳадҳо ва заминҳои Бухоро, Суғд, Истаравшан, Тошкент буданд.Ягона сарчашмае, ки мавҷудияти ин деворро исбот мекунад, ин \”Таърихи Бухоро\” ном асари Наршахӣ ба ҳисоб меравад, ки ғайр аз он, ин девор аз тарафи Абул Аббос ал- Фадла бинни Сулаймон ал- Тӯсӣ солҳои 830-и мелодӣ сохта шуданаш чизе гуфта нашудааст. Онро инчунин Канди Тарак ҳам меномиданд. Кампир- деворҳо дар атрофи шаҳрҳо, қалъаҳои воҳаҳои Бухоро, Суғд, Истаравшан сохта шуда аз истилои арабҳо, ҳуҷуми босмачиҳои бодияшинишин сабддро ҳимоя мекард. Кампир- деворҳо муайянкунандаи сарҳадҳо ва заминҳои Бухоро, Суғд, Истаравшан, Тошкент буданд.
Дар асри X баъди ташаккули давлати Сомониён Кампир- девор аҳамияти худро гум карда ба харобазор табдил ёфт.
Солҳои 80- уми асри XX тадқиқот гузаронида шуд ва дар ҳамон вақт танҳо 0,65 метри ин девор боқӣ монда буд. Бари девор 80 см- ро ташкил медод.

Кампир- Девор

Ривояте шунидам: кампире мезист, ки ҷузъ як духтар касе надошт. Дар бисоташ як тангаи тиллои ҳам дошт. Кампир духтарашро ба шавҳар ҳам дод. Домодаш ҷавони паҳлавонҷусса, заҳматкаш ва қобил буд. Кампир ӯро деворзанӣ фармуд. Ҳар бегоҳ баъди анҷоми кор ва барташтани домод ба ӯ як танга музд медод. Домодаш тангаро ба занаш месупурд, ки ба хумча партояд, ҷамъ кунад.
Домод соли дароз дар гармою сармо девор зад. Аз дарё бо сатил об кашонд, замини санглохро бо мисрон шикофта, бо мушкилиҳо нарм карда, лой мехобонд…
Девори сохтааш васеъ ва аз қади одам баланд шуд, аз ду сӯ, аз кӯҳ то дарё тӯл кашид.
Ӯ рӯзе аз занаш хумчаро талабид ва хост тангаҳои ҷамъшударо шуморад. Ҳамсараш хумчаро овард, дар он як танга буду халос. Маълум шуд, ки ҳар пагоҳ зан баъди ба деворзанӣ рафтани шавҳараш тангаро ба модараш бармегардондаасту кампир бегоҳ баъди аз кор баргаштани домод ба ӯ медодааст.
Ба ҳамин тариқа, ҳамин як танга пули бисотии кампир то ба охир расидани деворзанӣ аз даст ба даст мегузаштааст.

Осори як қисми ин девор то кунун боқист, мардум онро \”Кампирдевор\” мегӯянд.
Дар замонҳои гузашта деҳаҳои Қарақчиқуму Маҳрам ва Ниёзбек майдони аввалини задухурди душманону ғоратгарон буд. Одатан, ғоратгарон молу амволеро, ки аз ин деҳаҳо тороҷ мекарданд, бо аспу ароба мебурданд. Шояд ин деворро мардуме, ки аз ҷабру зулм ба дод омада буданд, чун садди роҳи ғоратгарон ва душманон ба тарзи ҳашар сохта бошанд.
Омӯхтани таърих ва маърифати илмиву фалсафӣ вазифаи ҳар як тоҷиқ ва тоҷикистониён мебошад. Ин омӯзиш қонунияти кулли раванди тахаввулоти фарҳангӣ, дастовардҳои беназири халқҳо ва кишварҳои мутамаддинро аз давраҳои қадим то замони муосир мавриди тахлилу тадқиқ қарор медиҳад. Тавассути тафаккури таърихию фалсафӣ мохият, сохтор ва мақоми маданиятро ҳамчун ҳодисаи иҷтимоию таърихӣ муайян менамояд. Ёдгориҳои таърихию меъморӣ дар хаёти маънавӣ дар баробари дастовардҳои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тоҷик имконият ба вуҷуд меоварад, то он ки нуқсонҳои зиёди ҷанбаъҳои зиндагиро ошкор менамояд. Гарчанде, ки осорхонаҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо ва дигар ёдгориҳои таърихию меъморӣ маълум бошад ҳам мавқеи он дар омӯзиши маданият на он қадар аён аст.
Мо барои бой гардонидани олами маънавии худ бояд аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ истифода барем. Таърихи миллии худро комилан омӯзем. Ва барои нест шуда рафтани чунин ёдгориҳои таърихӣ роҳ надиҳем, то ки насли оянда аз ин ёдгориҳои мисли мо баҳраманд гарданд.
Чунон, ки донишмандон гуфтаанд: \”Таърихро бояд омӯзем, бо ҳозира муқоиса намоем ва ояндаро бо ҷасорат ва дониши ғанӣ пешвоз гирем\”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар форуми \”Канди куҳан-94\” санаи 12 августи соли 1994 гуфта буд, ки \”Конибодом гӯшаи хушманзараи мо буда бо обу хоки зархезу пурбарокаташ на танҳо макони пахта ва меваҳои шаҳдбор балки парваришгоҳи кадрҳои хушлаёқату тавоно мебошад. Фарзанди шарафманди он барои обод намудани мушки худ баҳри сохтани ҳаёти нав ва паҳн намудани нури маърифат дар саросари ҷумҳурӣ, кишварҳои дӯсту ҳамсоя низ бедареғ хизмат кунанд\”. Оре ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳуриямон Эмомалӣ Раҳмон Конибодом чун шаҳри ҳунармандону санъаткорон, аҳли илми фазл дар Мовароунаҳр шӯҳрат дошт. Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо, беҳтарин хаттоти Хони Ҳӯқанд аз Конибодом буданд ва дар ривоҷӣ санъати ҳаттотиву саҳҳофии Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштанд. Дар махазҳои асрҳои миёна ному намунаҳои осори адибони конибодомӣ, мисли Мавлоно Кӯшкакӣ, Шарафуддини Панҷдеҳи, Шайх Бобо Табиби Фарғонӣ, Мавлоно Тайиби Конибодомӣ, Мулло Шокири Конибодомӣ, Эшони Ғарибии Конибодомӣ, Ғурбат Махсум ва дигарон ба қайд омаданд, ки аз вуҷуди ҳаёти адабӣ дар Конибодоми асрҳои миёна дарак медиҳанд.
Дирӯзу имрӯзи Конибодом, дороиҳои маънавӣ, сарватҳои табиӣ, ёдгориҳои ҳунар ва санъати воло, корномаи фарзандони фарзона ва комёбиҳои мардуми хизматкаши ин кӯҳандиёр таваҷҷӯҳи аҳли илму адабро кайҳост, ки ба худ ҷалб намудааст. Дар ин замина, як қатор таълифоти муҳаққиқону бойгонишиносон, асарҳои ёддоштӣ, очеркҳои хуҷҷатӣ ва мақолаҳои публисистӣ, ки ба қалами аҳли сиёсат илм ва адаб, амсоли Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рауф Баротов, Хоҷи Содиқ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Иброҳим Обидов, Комил Ёрматов, Алӣ Бобоҷон, Усмонҷон Обидов, Шамсиддин Зоҳидов ва дигарон тааллуқ доранд, рӯи чопро дидаанд.
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Конибодом дар нимаи аввали асри гузашта давраи вазнинеро аз сар гузаронидааст, аз ҷумла Мадрасаи Оим низ гирифтори вайроникории асри гузашта гардида, бо ташаббус ва дастгирии Шӯбаи Фарҳанг соли 1992 аз нав таъмир карда шуд. Ҳоло ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар вазифадор аст, ки ёдгориҳои меъморию фарҳангиро чун нишони фарҳангӣ волои миллат барои худ ва насли оянда ҳифз кунад. Ин вазифа дар моддаи 44- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст, ки дар он чунин гуфта шудааст:
\”Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст\”.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.