Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!

МАЗОРИ ХОҶА ТАККАРОБУРД (Охири асри X ва аввали асри XI)

Ё кӯтоҳ бо забони мардуми Хоҷа такровут меноманд, ки дар нишебии хушманзараи қаторқӯҳҳои Сиёҳкӯҳи деҳаи Маданияти ҷамоати ба номи Эргаш Шарипов ҷойгир аст. Ёдгории таърихии асри X- XI буда, ба ёдгории категорияи маҳаллӣ дохил мешавад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рӯйхат гирифта шудааст, солҳои 1988, 1997 бо қарори комиҷроияи шаҳр ва ҳукумати шаҳр аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи М. Назаров, \”Тоҷикистон\”, аҳолии деҳаи Кӯшкак, Маданият, шахсони саховатманд ва аз ҳисоби даромади хоҷагии мазор таъмир карда шуда, сохтмони масҷид ба итмом расонида шудааст.

Мазори Хоҷа Таккаробурд ё Хоҷа Неъматуллои Валӣ яке аз мазорҳои қадимтарини ноҳия ба шумор меравад. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво аз давраҳои қадим бошандагони деҳаи Маданият умр ба сар мебурданд. Аз рӯи ривояти мардум Хоҷа Неъматуллои Валӣ дар ҷанд ярадор шудаасту ба наҷоти ӯ гӯё Худои таъоло як таккае фиристодааст. Такка хоҷаро ба пушташ савор карда ба ғор бурдаасту ӯ бо ин роҳ ба сафари Ҳаҷ равона шудааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин воқеа ин тавр аст. Баъди истилои арабҳо хоҷае ба ин дараи хушманзара соҳиб мешавад ва мардумро барои ба дини мубини Ислом рӯ овардан ташвиқ мекунад, рӯзе яке аз кандиёни муслимшуда назди Хоҷа таккаеро меорад, Хоҷа таккаро аз ӯ гирифта, барои куштан ба паси кулбае меравад, соҳиби такка гумон мекунад, ки Хоҷа ба зуди бармегардад, вале Хоҷа бедарак гум мешавад. Ва ҳамин тариқ ин мавзеъ номи Хоҷа таккаробурд ё халқ онро ба таври кӯтоҳ Хоҷатакровут меноманд. Дар хуҷҷатҳои дигар номи Хоҷа Раҳматуллохон буда, санаи ин ҳодисаро 1224 ҳиҷрӣ сабт намудаанд. Дар яке аз хуҷраҳои зеризаминии ин мавзеъ вуҷуд доштани як қабри кӯҳна ва дар тахтасанг изи пой нигоҳ дошташуда, аз таърих гувоҳи ривоятҳои болоянд.
Ғори \”афсона\”-вии ин ҷоро заминшиносон кофтаанд. Аз онҷо ба ҷои маъдан об баромадааст, онро баъзеҳо оби шифо ва табаррукӣ мешуморанд. Ғор чи дар тӯл ва чи дар арз чандин калон нест ва то кунун касе аз сӯрохии он ба Маккаю Мадина нарасидааст.
Мазори мазкурро ҳар сол одамони зиёде на танҳо аз гирду гӯшаҳои ноҳия, балки аз шаҳру навоиҳии ҳамсоя ва дигар ҷумҳуриҳо зиёрат мекунанд. Ҳавои ин мавзеъ хеле мӯътадил, манзараҳои зебо дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.