Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


МАЗОРИ ДАХМА (Аввали асри XIX)

Дар рӯ ба рӯи масҷиди Эшонбобо деҳаи Шӯрқӯрғон мазори Эшонбобо ё худ мазори Дахма (корхона) вуҷуд дорад. Маънои калимаи Дахма вахм буда, дар назди мазор мавҷуд будани қабристон ё дар замини вахм ҷойгиршавиии мазорро маънидод менамояд.Дар рӯ ба рӯи масҷиди Эшонбобо деҳаи Шӯрқӯрғон мазори Эшонбобо ё худ мазори Дахма (корхона) вуҷуд дорад. Маънои калимаи Дахма вахм буда, дар назди мазор мавҷуд будани қабристон ё дар замини вахм ҷойгиршавиии мазорро маънидод менамояд.

Дарвозаи даромадгоҳи мазори Дахма.
Аз сӯҳбати пирон бармеояд, ки мазори мазкур таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Чор нафар бародарон аз ноҳияи Исфара баъди хатми мадрасаҳои шаҳрҳои Арабистон барои паҳн кардани дини ислом ба шаҳрҳои Осиёи Миёна аз он ҷумла ба Конибодом сафарбар мешаванд. Яке аз онҳо Саидмирзо Тоҳирхон ибни Саидшайх- ул- Ислом дар Хуҷанд маскан гирифдаанд, ки он касро насли чоруми Муҳаммад- пайғамбар меҳисобанд.

Қабрҳои насли Эшонбобо.

Дар қабристони мазори Дахма якчанд қабрҳои ниҳоят кӯҳна арзи вуҷуд доранд, ки ба фарзандону набераю абераҳои Саид Мирзо Тоҳирхон ибни Саид Шайх- ул- Ислом мадфунанд, ки ба ин катибаҳои қабрҳо гувоҳанд. Қабри якум: Саид Мирзо Тоҳирхон ибни Саид Шайх- ул- Ислом (1312 ҳиҷрӣ) катибаи қабр:
Чун биҷастаи зи ақл тори хеш,
Гуфт: манзури аҳли ҳақ бошад.
Мирзосаид Бадеъдудин ибни Мирзо Саид Муҳиддин Мирзо Саид Тоҳир ибни Шайх- ул- Ислом 1340 ҳиҷрӣ катибаи санги мазор:
Онҳо, ки хокро ба назар кимъё кунанд,
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд.
Садриддин ибни Шайх Муҳиддин ибни Мирзо Тоҳири Хуҷандӣ ибни Шайх- ул- олам соли 1349 ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Мирзо Саид Акбархон ибни Мирзо Садриддин ибни Мирзосаид Муҳиддин ибни Саид Тоҳир ибни Шайх- ул- олам сали фавт 1344.
Набераи ягонаи Мирзо Саид Муҳиддин Кароматхон ойим, соли фавт 1348 ҳиҷрӣ, мувофиқи хоҳиши он кас дар қабрашон санг гузошта нашудааст.

Дар байни мардум дар бораи ин сулола нақлҳои аҷоиб то ба имрӯз аз даҳон ба даҳон гузашта меояд. Гузаштагони ин бузургон кароматашон баланд, авлиёҳо буданд, онҳо дардмандонро авроди фатҳия намуда, зикри худоро ба ҷо оварда, онҳоро шифо бахшида, бозёфташонро ба мардум тақсим карда медоданд, хело одди сарулибос мепӯшиданд, хоксорона умр ба сар мебурданд.
Аслан мазори Дахма дар замонҳои қадим дар ҷои бинои хонаи бачагони деҳаи Шӯрқӯрғон воқеъ буда дар он ҷо 1 бех ниҳоли дарахти азимҷуссаи Чанор вуҷуд дошта, касалмандони руҳиро 2- 3 шабонарӯз дар он занҷирбанд карда нигоҳ дошта, баъди ду- се рӯза авроди фатҳияи Эшонбобо сиҳатманд гардида, ба кору зиндагиашон машғул мешуданд.
Бо ташаббуси абераи Фахриддинхон Эшон Фазлиддинхон ва аҳли деҳа, соҳибкорон соли 1993 Мазори Дахма, Масҷиди Эшонбобо бо амали усто Исроилхон фарзанди Деҳқонбой, устои кандакории номӣ Абдуваҳҳоб аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Дарвозаи даромади мазор аз нав сохта кандакорӣ карда шудааст. Ва дар катибаи он чунин мисраҳо навишта шудааст:

Қалбга тумган нарсаларнинг энг яхшиси кучли имон,
Динингни холис ушлагин шунда озгина амалинг ҳам сенга кифоя килади.

Ҳар дил, ки зи сирри маърифат огоҳ аст.
То бадрақаи инояташ ҳамроҳ аст,
Нуре, зи ло- илоҳа- иллалоҳ аст.
То ба он зи Муҳаммадин Расулаллоҳ аст.

Шеърҳо ба қалами Фазлиддинхон Эшон таалуқ дорад.

Инчунин дар шаҳру ноҳия хонаводаҳое ҳастанд, ки ба ин хонаводаҳо мардуми эътиқоди хоса дар гузашта доштанду доранд.
Масалан: хонаводаи Таги Сада, ки Ортиқ Эшон сарвари ин хонадон буданд, тақрибан солҳои 1750 аз олам гузаштааст. Писари он кас Охунҷон Эшон дар тӯли 25 сол дар мадрасаи Бухорои Шариф илмҳои машҳури он замона фиқр, нуҷум ва исломро амиқан меомӯхтанд. Оятҳои Қуръонро бо маҳорати тамом аз бар кардаанд ва аз ёд медонистанд, чунон ҷаззоб ва муассир мехонданд, ки беморони вазнини руҳию асабӣ аз шунидани қироаташон ғизои маънавӣ гирифта шифо меёфтанд. Дар давои 20- сол сархатиби масҷиди \”Савр\” буда ва ба толибилмон аз улуми тавҳид мухтасари тафсир, ҳадиси пайғамбарон сабақ медоданд.
Эшони Махсуи яъне Охунҷон Эшон соли 1871 ба олам омада соли 1958 дар синни 77- солагӣ ҷаҳонро падруд гуфтанд. Мардуми шаҳру ноҳия ва берун аз он Эшони Махсумро барои ҳалиму хоксориашон, хушсухану хушмуомила, донишманду улуми фиқҳ ва Қуръони Карим буданашон хеле эҳтиром мекарданд ва ҳоло ҳам ёдоварӣ мекунанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.