Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


МАНОРАИ НОРЧАБОЙ (Аввали асри XX)

Ёдгории меъмории ибтидои асри XX, соли 1912- 1914 сохта шудааст. Манора ҷои даъват ба намозгоҳ ва вазифаи дидбонии шаҳрро адо мекард. Ин манора аз ҳисоби маблағи Норчабой сохта шудааст. Пеш аз сохтани манора пойдевори онро 7- 8 метр ҳамвор намуда, зери он якчанд дарахти арча ва тутро бо ҳам васл карда, қабати онро бо регу оҳак шибба кардаанд. Манора аз хишти пухта сохта шудааст, он аз 6 сексия иборат буда, 82 зина дорад, баландиаш 26 метр аст.Ёдгории меъмории ибтидои асри XX, соли 1912- 1914 сохта шудааст. Манора ҷои даъват ба намозгоҳ ва вазифаи дидбонии шаҳрро адо мекард. Ин манора аз ҳисоби маблағи Норчабой сохта шудааст. Пеш аз сохтани манора пойдевори онро 7- 8 метр ҳамвор намуда, зери он якчанд дарахти арча ва тутро бо ҳам васл карда, қабати онро бо регу оҳак шибба кардаанд. Манора аз хишти пухта сохта шудааст, он аз 6 сексия иборат буда, 82 зина дорад, баландиаш 26 метр аст. Дар асоси услуби меъмории классикии асри X- XII бунёд шудааст. Девори он бо нақшу нигори ҳандасӣ оро дода шудааст, хиштҳои поёни девори он ба тарзи амудӣ ва уфуқӣ ҷуфт- ҷуфт чида шудаанд, ки дар маҷмӯъ услуби \”арча\”- ро ташкил додааст. Ин тарзи хиштчинии манора анъанаҳои меъмории қадимро ба хотир меорад.

Манораи Норчабой

Соли 1935 манора осеб дида, 6 метри онро афтониданд, аммо бо дахолати раиси комиҷроияи онвақта Амирбек Қиёбеков аз вайроншавӣ боздошта шуд. Соли 1988 оиди таъмири манораи Норчабой қарори комиҷроияи совети депутатҳои халқии шаҳр ба тавсиб расид. Солҳои 1993 – 94 қисми вайроншудаи болои манора аз ҷониби таъмиргарони идораи фарҳанг бо сардории Бӯрибой Мавлонов онро аз нав ба баландии 7,5 метр эҳё гардониданд. Бо маблағгузории ҷамъияти саҳҳомии \”АССОР\” бо сардории раиси он вақтаи ин ҷамъият, инсони покзамир К. Кенҷаев. Дар сӯҳбат бо пирони равшанзамири деҳаи Шӯрқӯрғон ва Тағойқӯйчи маълум гардид, ки Норчабой дар деҳаи Тағойқӯйчӣ замин дошта, саршумори зиёди моли майда доштааст, ки онро Тағой, ном подабон нигаҳбонӣ мекардааст. Номи деҳаи Тағойқӯйчи аз номи он подабон буда, қабристони ҳоло амалкунандаи ин деҳа, яъне деҳаи Тағойкӯйчӣ аз ҳисоби заминҳои вақфи Норчабой мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.