Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


МАҚБАРАИ ЛАНГАРИ БОБО (Асрҳои XVII- XVIII)

Ёдгории меъмории асрҳои XVII- XVIII буда, дар тарафи ғарбии шаҳр сохта шудааст, ҳавлиаш бо девори начандон баланд иҳота карда шудааст. Мақбара мураббаъшакл (5,50 метр Х 5,50 метр) буда, дар девори тарафи ғарбиаш сағона мавҷуд аст. Гумбази куррашакл дар болои деворҳо бурчакболорҳои чӯбии зери гузбазӣ ҷойгир шудааст. Ин бурчакҳо дар санъати меъмории водии Фарғона маълум буда, барои иншооти асрҳои XVII- XVIII хос мебошанд. Таҳкурсии мақбара сангин буда, бо чӯб камарбандӣ карда шудааст, ки барои аз зилзила эмин доштани мақбара хизмат мекунад.Ёдгории меъмории асрҳои XVII- XVIII буда, дар тарафи ғарбии шаҳр сохта шудааст, ҳавлиаш бо девори начандон баланд иҳота карда шудааст. Мақбара мураббаъшакл (5,50 метр Х 5,50 метр) буда, дар девори тарафи ғарбиаш сағона мавҷуд аст. Гумбази куррашакл дар болои деворҳо бурчакболорҳои чӯбии зери гузбазӣ ҷойгир шудааст. Ин бурчакҳо дар санъати меъмории водии Фарғона маълум буда, барои иншооти асрҳои XVII- XVIII хос мебошанд. Таҳкурсии мақбара сангин буда, бо чӯб камарбандӣ карда шудааст, ки барои аз зилзила эмин доштани мақбара хизмат мекунад.
Даромадгоҳи асосӣ аз тарафи ғарб буда, пешрӯи он нимсутунҳои барҷаста дар девор маҳфуз мондаанд. Маҷмӯаи он шакли ҳарфи (\”П\”)- ро дорад. Намояҳои гумбази мақбара бо рангҳо оро дода шудаанд. Дар мобайни гумбаз равзанае мавҷуд аст, ки он дохили мақбараро равшан менамояд. Деворҳои дохили маҷбара бо коҳ андова карда шудааст, ки роҳҳои панҷаҳо маълум мебошад. Дар атрофи ҷануби мақбара деворҳои вайрона боқӣ монда буданд, ки он таъмир карда шудааст. Ин мақбара ёдгории меъмориии асрҳои XVII- XVIII- и тоҷик аст, ки дар ин давра санъати меъмории Осиёи Миёна рӯ ба таназзул оварда буд.

Дари даромадгоҳи мақбара.
Қабри Неъматуллохон тӯра

Дар назди ин мақбара масҷид, қабристон вуҷуд дошт. Масҷиди он ҷойро масҷиди Тӯраҳо меномиданд, ки то солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ амал мекард. Дар солҳои баъди ҷанг ҳамчун манзили зист истифода шуда, ҳоло аз ин масҷид нишоне боқӣ намондааст. Бино ба нақли шайхи ин Мазор шодравон Темирхон тӯра, писари Сафахон тӯра падари он кас яъне Сафахон тӯра 7- умин пушти бародарон Тӯрахон, Исроилхон, Ботирхон ва Иброҳимхон тӯра, ки аз Бухоро омада дар ин ҷо маскан гирифдаанд, мебошанд. Мазорҳои Лангарота, Зангиота, дар Овчи қалъача ва районҳои ҷануби Тоҷикистон вуҷуд дошта қадамҷои Исмоилхонтӯра буданд.
Дар назди ин меъмориҳои таърихӣ: мадраса, масҷидҳо ва мазорҳо (қабристонҳо вучуд надоранд). Масалан: дар мавзеи мазори Хоҷатаккаробурд (Хоҷатакровут) масҷид, қабристон ҳоло ҳам дар қабристони ин мавзеъ фавтидагонро ба хок месупоранд, мазори хазрати бобо ё Лангари бобо бо қабристон ҳоло ба ҷои қабристон боғ бунёд карда шуда, дар он ҷо набераю абераҳои Сафохон- тӯра умр ба сар мебаранд. Мазори Таги Савр, Сулфаи кабудак, Сари Мазор (шайх Аттори Валӣ), қуруқ (шайх атои Валӣ), Шоҳи ҷавонон, килич Бурҳониддин, Лангари бобо, Оққош, Хоҷабарор, Ғоибота, Нимсар бобо, Тезгузар, Эшонҳо, Хоҷаи Рӯшноӣ, шаҳидон, Чилламазор ва дигар мазорҳо арзи ҳастӣ мекунанд, ки аз тарафи аҳолӣ зиёрат карда мешаванд. Дар шаҳру ноҳияи Конибодом зиёда аз 30 адад қабристонҳои амалкунанда вуҷуд доранд. Солҳои охир баҳри ободии макони охирини инсонҳо чораҳои амалӣ андешида мешавад. Ҳатто солҳои 1988- 89 дар шаҳрамон баргузории рӯзу ҳафтаҳои хотира як анъанаи нек дар асоси қарори комиҷроияи совети депутатҳои халқии шаҳр таҳти рақами 34- 27 феврали соли 1989 ба тавсиб расида буд, ки дар даҳрӯзаи аввали моҳи март рӯзи хотира гузаронида шуд, дар қабристонҳо аз тарафи аҳолӣ шанбегиҳо баргузор гашта қабристонҳо ба тартиб оварда мешуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.