Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МАДРАСАИ ОИМ (Охири асри XVI)

Дар даромадгоҳи масҷиди Мадрасаи Оим бо гаҷ чунин калимаҳо навишта шуда буданд: Санаи барқарорӣ \”Радугам\”. Аз ин навиштаҷот бармеояд, ки аз рӯи солшумории ҳиҷрии Абҷад ҳар як ҳарфи калимаи \”Радугам\” миқдори солҳоро муайян мекунад. Масалан: \”Радугам\”- ро- 200 сол, дар-4 сол, гайн 1000 сол ва мим 40 солро, ки ҷамъи ҳамаи ин солҳо ба 1244- уми ҳиҷрӣ ва соли 1875- уми мелодӣ баробар аст.
Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки худи мадраса дар садаҳои XVI – XVII бунёд шуда, таъмир ва сохтмони дарвозаи даромадгоҳи масҷид, ки дар он калимаи \”Радугам\” навишта шуда будааст, дар соли 1875- ум анҷом ёфтааст.Дар даромадгоҳи масҷиди Мадрасаи Оим бо гаҷ чунин калимаҳо навишта шуда буданд: Санаи барқарорӣ \”Радугам\”. Аз ин навиштаҷот бармеояд, ки аз рӯи солшумории ҳиҷрии Абҷад ҳар як ҳарфи калимаи \”Радугам\” миқдори солҳоро муайян мекунад. Масалан: \”Радугам\”- ро- 200 сол, дар-4 сол, гайн 1000 сол ва мим 40 солро, ки ҷамъи ҳамаи ин солҳо ба 1244- уми ҳиҷрӣ ва соли 1875- уми мелодӣ баробар аст.
Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки худи мадраса дар садаҳои XVI – XVII бунёд шуда, таъмир ва сохтмони дарвозаи даромадгоҳи масҷид, ки дар он калимаи \”Радугам\” навишта шуда будааст, дар соли 1875- ум анҷом ёфтааст.
Аз таърихи гузаштаи сарзамини Мовароуннаҳр ба мо маълум аст, ки даҳҳо шаҳрҳои ин водиҳо зери оташи ҷангҷӯён қарор гирифта буданд. Албатта, дар муҳите, ки садои шамшеру тир ҳукмфармо бошад, мавқеи қаламу сухан танг гардида, донишмандону аҳли адабу ҳунар маҷбур мешуданд, ҷойҳои зисти худро тарк кунанд.
Аз қабили чунин донишмандон, ки шаҳди талхи бадбахтиҳои замони худро чашида буд, эшони мулло Олим буданд, ки баъдтар бо номи Эшонбобо машҳур гардидааст. Эшон намояндае аз тоҷикони муқимии Қӯқанд будааст, ки аз бедодгариҳои хони Қӯқанд тоб наоварда ҳамроҳи духтарчаи ягонааш Бибихони 10 сола, ки аз модар ятим монда буд, тарки ватан карда, роҳи шаҳри Конибодомро ихтиёр мекунад.
Чун вориди шаҳри Конибодом мегардад, барои андаке дам гирифтан ва азобу машаққатҳои роҳро баровардан ҷоеро интихоб мекунад, ки чашмае буд оби зулолаш ҷорӣ. Роҳгузарону аҳли мардуми он маҳалла аз оби он чашма барои нӯшидан истифода мебурданд. Заминҳои гирду атрофи чашма ҳама қамишзору найистон буданд. Ягон дарахте, ҳам набуд, ки дар рӯзҳои гарми тобистон дар сояи он, аз офтоби сӯзон паноҳ ёбанд. Эшон аз боқимондаи растаниҳои хушкшудаи найу қамиш хаспӯшаке месозад ва дар сояи он аз гармии офтоб эмин шуда таҳорату ибодат мекунад. Эшони мулло Олим, ки соҳибилму аҳли тақво буданд, бо сӯҳбатҳои ҷолиби худ онҳое, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат мешуданд, эътиқод пайдо карда дар ҳаспӯшакҳо ҷамъ мешуданд. Бо ҳамин тариқ оҳиста- оҳиста донишмандии Эшон ба мардуми таҳҷоӣ маълум мешавад ва соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон мегардад. Пешвоёни маҳалла бо ҳам маслиҳат карда ба қароре меоянд, ки барои Эшонбобо як сарпаноҳе созанд то ҳамроҳи онҳо дар ҳамон маҳалла зиндагӣ кунанд ва аз илму дониши ӯ баҳраманд гарданд. Мардуми маҳалла ба ҳашар мебароянд. Ҳар як номавода мувофиқи қудрату тавоноияш нон ва таоме пухта ба ҳашарчиён меоварданд. Хулоса, аҳли маҳалла як хоначаи оддӣ бо даҳлез сохта ба Эшон таклиф мекунанд. Ин хона ҳам манзили истиқоматӣ ва ҳам масҷиди ғарибону ихлосмандони аҳли маҳалла буд. Эътиқодмандони Эшон рӯз то рӯз зиёд мешуданд. Рафтуомади мардум ба масҷид бештар мегардад. Эшонбобо нигоҳ доштани ягона духтарчаашро дар масҷид раво надида, ӯро ба яке аз занҳо деҳа, ки номашон Мастуракампир буданд, барои тарбия дар амонат супорида мегӯяд: \”Ман ғайр аз ин духтарчаам каси дигар надорам. Ӯро аввалаш ба Худованди ягона баъд ба шумо амонат месупорам. То дами болиғ духтари мо дар тарбияи шумо монад, чун айёми хонадоршавӣ расид, бо амри илоҳи насибаш ба касе, ки бошад, хонадор мекунем\”.
Нуфузи масҷиди Эшонбобо дар гирду атроф зиёд мешуд. Шумораи толибилмон, ки худашон ба онҳо таълим медоданд, меафзуд. Заминдорон ва сарватмандон барои сарпарастии масҷид ва ёрмандӣ ба толибилмон аз деҳаҳои Халтақишлоқ, Яккатерак, Қӯруқ ва гирду атрофи он барои ободонии масҷид замин вақф (ҳадя) мекарданд. Толибилмон дар ин заминҳо деҳқонӣ карда ба масҷид даромад меоварданд. Инчунин иҷоракороне буданд, ки дар заминҳои ваҳмӣ масҷид чоряккорӣ карда қисмате аз даромадашон ба масҷид месупориданд. Аз ҳамин ҳисоб оҳиста- оҳиста саҳни масҷид васеътар ва ободтар гардид. Шумораи ихлосмандони илму адаб аз ноҳияҳои гирду атроф то рафт зиёд мешуданд. Солҳо гузаштанд Бибихон ба синни балоғат расид. Рӯзе Мастуракампир назди домулло Олим омада мегӯяд: \”Ҳазрати домулло, он васияте, ки ба мо карда будед, ба ҷо овардам. Духтаратон ба синну соли балоғат расидааст. Хуб мешуд, барои хонадор шудани он ягон кӯшише мекардед.\”
Домулло шогирди фақиру бекасе доштанд, ки ҳам таълиму илм меомӯхт ва ҳам хизмати масҷидро адо мекард. Эшон мехостанд, духтари ягонаи худро ба он ҷавон хонадор кунанд.
Рӯзҳо мегузаштанд. Эшонбобо, ки орзуи деринааш хонадор кардани духтари ягонааш буд, барои гузаронидани тӯйи ақди никоҳ тайёрӣ медиданд. Вале духтараш Бибихон бошад, баъди шунидани он, ки падараш мехоҳад ӯро ба шавҳар диҳад ҳамеша таъбаш хираю маъюс буд. Мастуракампир, ки барои Бибихон чун модар буд, борҳо кунҷковӣ карда фикри ӯро барои шавҳар карданаш фаҳмиданӣ мешуд. Вале ӯ ҳамеша дар ҷавоб мегуфт: \”Ман ҳаргиз хоҳиши шавҳар карданро надорам\”. Рӯзи тӯйу ақди никоҳ ҳам расид. Саҳни масҷиди Эшонбобо пур аз меҳмонон ва мардуми аҳли маҳалла буданд. Шогирдони домулло ҳама дар хизмат буда меҳмононро хушомадӣ мегуфтанд.
Мувофиқи анъана ва расму русуми тӯйҳои ақди никоҳ, Эшонбобо ду се нафарро барои гирифтани розигии келиншаванда ҳамчун вакил ба назди Мастуракампир ва духтараш мефиристонад. Мастуракампир ба хонае, ки келиншаванда- Бибихон нишаста буд, меҳмононро марҳамат карда ба нишастан даъват мекунад. Сипас Мастуракампир сабаби ташрифи меҳмононро ба Бибихон фаҳмонида мегӯяд:
– Духтарам, ин меҳмонон ҳамчун вакил назди шумо омаданд, то розигӣ ва ваколати шуморо барои никоҳи мусулмонӣ назди домод ва муллои никоҳгар бирасонанд. Барои ҳамин шумо розӣ ҳастед ба фалонӣ (номи домодшавандаро мегирад) ба шавҳар бароед? Бибихон, ки бо рӯймол рӯи худро паноҳ карда буд, чизе ҷавоб надода хомӯш меистад. Бори дуюм ин саволро нафаре аз он вакилон такрор мекунад. Ин лаҳза Бибихон яку якбора дар ҷои нишастааш якпаҳлӯ ба замин афтида аз хуш меравад. Мастуракампир аз ҳолат дар ҳайрат монда пиёлаи обро гирифта ба рӯи Бибихон мепошад. Баъди андаке ба хуш омаданаш ӯ нафасашро рост карда осуда мешавад. Бори сеюм вакилон розигии ӯро барои ба шавҳар баромаданаш мепурсанд. Ин дафъа ҳам Бибихон ҷавобе надода аз хуш меравад. Дар чунин аҳвол будани Бибихонро Мастуракампир дида ба ташвиш меафтад ва ба меҳмонон муроҷиат карда мегӯяд: \”Барои ташрифатон ба даргоҳи мо раҳмат мегӯям, вале узр, ки кор чунин сурат гирифт. Ман худам Эшонро дида аҳволи корро ба ӯ мефаҳмонам\”.
Бо ҳамин Мастуракампир меҳмононро гусел карда худаш назди Эшонбобо меояд ва ҳодисаи шудагиро ба ӯ фаҳмонда мегӯяд: \”Ман Бибихонро хуб медонам, ки духтари боақлу фаросат, покиза ва парҳезгор аст. То ин муддат ман борҳо ӯро дар бораи шавҳар карданаш пурсида будам. Вале ҳамеша ӯ рад мекард. Имрӯза ҳодиса низ далели он аст. Барои ҳамин биёед то ягон муддати муайян никоҳи ӯро мавқуф гузорем. Эшонбобо бо ин маслиҳати кампир розӣ мешаванд. Бо ҳамин тӯйи ақди никоҳ бе натиҷа анҷом меёбад… Аммо Бибихон, ки худ аз падар таълими илм гирифта бисёр китобҳои диниро аз худ карда буд, даст аз нафси дунёи шуста ҳаргиз хоҳиши шавҳар карданро надошт. Ӯ пайваста вақти худро бо хондану омӯхтани китобҳои муқаддас ва ибодати даргоҳи Худованд мегузаронд. Беҳуда нест, ки бузургон гуфтаанд: \”Агар Худованд офаридаи олам бошад, пас инсон офаридаи зебоиҳои олам аст\”. Он мавзеъе, ки ҳазрати Эшонбобо масҷид бунёд карда буданд, пештар замине буд, хушку холӣ ва найистону қамишзор. Бо иродаю меҳнатдӯстӣ ва Худопарастии он шахсияти бузург дар муддати кӯтоҳе ба боғзору чаманистон ва маркази ибодату таълимомӯзӣ табдил ёфт. Вале афсӯс, ки ҳаёт дар зиндагии инсон бевафоӣ мекунад.
Рӯзе ҳазрати Эшонбобо сар ба бистари беморӣ ниҳоданд. Дар паҳлӯи ӯ духтари ягонааш Бибихон нишаста дастҳои қиблагоҳашро молиш медод. Ин лаҳза ашк аз чашмони падараш ҷорӣ шуда мегӯяд: \”Ин тақдири илоҳиро бубинед. Ҳеҷ набошад агар шумо писар мебудед, дили ман осудаву тинҷ мебуд. Баъди сари ман ҳоли масҷиду шогирдони ман чӣ мешуда бошад…\”.
Баъди ин суханҳои дардолуд об дар чашмони Бибихон ҳалқа зада худро ба даст мегирад ва босамимият мегӯяд: \”Падарҷон, осуда бошед. Бо номи он Худои ягона, ки маро офаридааст, қасам мехӯрам, ки он роҳе, ки шумо ихтиёр карда будед, давом хоҳам дод. Аз даргоҳи илоҳӣ талаб мекунам, ки он вазифаҳои фарзандиро, ки шумо аз писар умед доред, адо карда тавонам\”.
Ҳазрати Эшонро ба ҳақ месупоранд. Масҷиду кӯчаҳо пур аз одам. Ҳар касе, ки рӯзи мотамро шунида буд, аз ноҳияҳои дуру наздик ба дидори вопасин омада буданд. Ҷанозаи Эшон дар саҳни масҷид гузаронида шуда ҷасади ӯро дар ҳавлии масҷид ба хок супориданд.
Баъди гузаштани ҳазрати Эшон шогирдони аслии ӯ масҷидро тарк накарданд. Баръакс шогирдоне, ки ба ҳаққи устозӣ расида, дуо гирифта буданд, ба таълими шогирдон боз масъулиятноктар аҳамият медоданд. Дар бисёр мавридҳо оиди ин ё он масъалаҳои таълимию ободии масҷид аз Бибиоим маслиҳатҳо мепурсиданд. Заминҳое, ки дар гирду атроф аз ҳисоби вақфи мадраса ба чорякорон дода буданд, ҳар сол ба масҷид даромад меоварданд. Хулоса, вазъияти пулию молии мадраса бо шарофати рӯҳи поки ҳазрати Эшон рӯз то рӯз хубтар мешуд. Ҳамаи инро Бибиоим дида бо шогирдони падараш маслиҳат карданд, то аз ҳисоби заминҳои даромади заминҳои вахми масҷид мадрасае бунёд кунанд.
Ба ҳамин тариқ, шӯҳрати масҷиди Эшонбоборо бунёди мадрасаи Бибиоим боз зиёдтар мегардонад ва ин мадраса бо номи Мадрасаи Оим ба тамоми сарзамини Осиёи Миёна машҳур мегардад.
Бибиоим ҳар чи қадаре битавонист, ба хотири обрӯи мадраса ва шод гардонидани рӯҳу арвоҳи қиблагоҳаш ба ғарибону бечорагон, толибилмону дардмандон дасти кӯмак дароз мекард, Ӯ ҳамеша суханҳои падарашро, ки дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ аз писар надоштанаш афсӯс мехӯрд, ба ёд оварда мардонавор мекӯшид, то сазовори номи фарзандӣ буда, руҳи падараш шод бошад.
Бибиоим дар синни 83- солагӣ аз олам мегузарад. Ӯ айёми зинда буданаш ба муридонаш васият карда буд, ки ҷасади ӯро дар паҳлӯи қиблагоҳаш ба хок супоранд. Шогирдонаш мувофиқи васияти устозашон амал карда ҷасади ӯро дар саҳни масҷид дар паҳлӯи қабри ҳазрати Эшонбобо дафн мекунанд.
Баъди вафоти Бибиоим, мадраса чун пештар ҳамчун маркази илму маърифат, дар ҳудуди Конибодом шӯҳрат дошт. Шогирдони Бибиоим ва падараш, Махсуми Абӯнаср, Эшони мулло Ҳалимхӯҷа, Эшони Ҳоҷӣ Бӯрихӯҷа, Махсуми Охунҷон, Мулло Мирвали ва чандин нафарони дигар, ки мударисони боқуввате буданд, дар оянда таълими толибилмони мадрасаро ба ӯҳда доштанд.
Пеш аз бунёди мадраса дар масҷид танҳо мардҳо маълим меомӯхтанд, баъди он, ки мадраса сохта шуд, зану духтарон сабақ меомӯхтанд. Бибиоим ба таълими занҳо худаш машғул мешуд. Дар хуҷраҳои мадраса танҳо мардҳои толибилм истиқомат мекарданд. Занҳо бошанд, ҳар рӯз омада дар мадраса сабақ мегирифтанд ва дар ноҳияҳои гирду атрофи маҳалла иҷоранишин будан.
Таълимот дар мадраса асосан аз китоби ҳафтияк оғоз меёфт. Баъди хатми ҳафтияк, Қуръони каримро мехонданд, баъд чаҳоркитоб, Ҳофиз, Бедил, Мухтасар ва Шариғояро, ки дар бораи масъалаҳои қоидаи шариати ислом баҳс мекарданд. Аз сӯҳбат бо мӯйсафеди кӯҳансол шодравон Сулаймонҷон тағо Ҷӯраев аз маҳаллаи Қӯруқ, ки соли 1915 дар Мадрасаи Оим таълим гирифта буданд чунин мегуфтанд: \”Тахминан даҳсола будам, ки раҳматии падарам маро ба мадраса супориданд. Ҳамон вақтҳо мударриси мадраса домулло Ҳамза буданд. Аввалин калимаҳое, ки ба мо меомӯхтанд, ин буд: \”Раби ясил вамин бил хайро\”. Чанд маротиба домулло ва мо паи ҳам такрор мекардем. Баъди аз худ кардани ин ибораҳо ҳарфҳои арабиро – алиф, бе, те, се, чим, хе, дол, зол … гуфта ба мо меомӯхтанд. Хонданро аз китоби ҳафтияк оғоз кардем. Устозамон Мулло Исо китобро кушода сураи алҳамро бо тарзи ҳиҷҷагӣ ба мо ёд медоданд: \”Алиф бо ном забар ал, ҳе бо мим забар ҳам, дол пеш ду, алҳамду. Лом бо лом зер лил, лом али забар ло, ҳэ зер ҳи лилоҳи. Алҳам ду лилоҳи…\”. Ҳамин тариқ ҳафтияк, Қуръон, чоркитоб, Ҳофиз, Бедил ва дигар китобҳои дарсиро ба мо таълим медоданд. Вақте, ки муллобачаҳо мадрасаро хатм мекарданд, се чор домулло ҷамъ шуда, аз китобҳое, ки таълим омӯхта буданд, саволҳо медоданд. Агар ба ҳамаи саволҳои додашуда ҷавоб мегуфтанд, ба ӯ дуо мегуфтанд. \”Акнун шумо мулло шудед\”. Агар дар суолҳо оҷизӣ мекашиданд, мефармуданд, ки бори дигар китобҳои хатмкардаашро такрор кунанд.
Дар даромадгоҳи мадраса аз ду тараф ду хуҷраи калон воқеъ аст, ки дар хуҷраи қисмати чапи он занон дарс меомӯхтанд. Дар қисмати росташ бошад, хуҷраи таълимомӯзии мардон буд, ки аз китобҳои муқаддас бо забони арабӣ ва форсӣ хондан ва навиштанро меомӯхтанд.
Занон баъди хатми мадраса унвони отуниро гирифта, дар маҳфилҳои занона гули сари сабад буданд. Бешубҳа Мадрасаи Оим барои соҳибилм шудани занҳо дар замони фаъолияташ хизмате беандозае кардааст\”.
Мадрасаи Оим яке аз марказҳои асосии илму маърифат ва гузаронидани маросимҳои идонаи шаҳри Конибодом гардида буд.
Фақат як ҷиҳаташ боиси афсӯс буд, ки баъд, аз гузаштани Бибиоим таҳсили занҳо дар мадраса қатъ ёфта буд ва танҳо мардҳо таълим меомӯхтанд.

Саҳни рӯи ҳавлии Мадрасаи Оим
Барои бунёди мадраса устоҳои моҳирро аз ҳар минтақа даъват карданд. Пойдевори мадраса таҳрезӣ карда шудааст. Ғафсии лойи пойдеворӣ қариб 50 см буд. Лойро бо аспҳо ҳай гуфта сум мезаданд, то ки лой ҳарчи бештар сахту мустаҳкамтар шавад. То андозае, ки лойи ғафсро зер карда буданд, ки наълҳои асп намедаромадагӣ шуданд. Барои бардоштани деворҳои мадраса аз маҳаллаи хиштрезон, ки аз масҷид на он қадар дур буд, хишт рехта, дар хумдонҳо мепухтанд ва даст ба даст то масҷид ба дасти устоҳо мерасонданд. Дар байни хиштҳое, ки болои ҳам чида мешуданд. ба миқдори ғафсиии 2 см лой мерехтанд. Барои андоваи кафҳои байни хиштҳо гаҷро аз деҳаи Кӯчкак пухта дар аробаҳо бор карда меоварданд. Хулоса, мадраса бо меҳнату заҳмати зиёде иборат аз 25 хуҷра сохта шуда буд ва васеъгии ҳар яки он 2,4- 3,8 м буда, дар дохилаш токчаҳое, зиёде дорад.

Намуди берунаи хуҷраҳо.
Дохили хуҷраҳои мадраса.

Дар саҳни масҷид 2 ҳавзи калон кофта шуда, атрофи қабри ҳазрати Эшонбобо мақбара гирифта мешаванд.
Дар ихтиёри Мадраса ду масҷид буд, яке бо номи Эшонҳо, ки дар саҳни мадраса воқеъ буд, дигаре, дигаре масҷиди Хӯҷаҳо, ки аз роҳ поёнтар аз тарафи рости мадраса. Бештари маросимҳо дар масҷиди Эшонҳо гузаронида мешуд.
14- уми июни соли 1941 бо қарори кумитаи иҷроияи шаҳри Конибодом дар бораи ба сифати ҳабсхонаи калонсолон табдил додани мадраса қарор қабул карда мешавад, баъдтар колонияи меҳнатии бачагона, ки писарони ноболиғ ҳамчун бандӣ нигоҳ дошта мешуданд. Дар саҳни масҷиди мадраса, мақбараи хазрати Эшонбобо ва Бибиоим бунёд буданд, ки дар ҳамин солҳо вайрон карда ба ҷои онҳо ҳаммом барои маҳбусон месозанд. Гули арғувон, ки то давраи маҳбасхона шудани мадраса сабзу хуррам ва нишонае аз ин ҷойҳо муқаддас буд решакан карда шуда, ба ҷои он девори атрофи маҳбасхонаро месозанд. Ду манорае, ки аз ду ҷониби мадраса буданд, вайрон карда дидбони посдорони маҳбасхона месозанд. Баъди он, ки маҳбасхонаро аз ҳудуди Конибодом ба ноҳияи дигар мекӯчонанд, дарҳои мадрасаро баста қисмати чап саҳни масҷиди Эшонҳоро ба ихтиёри омӯзишгоҳи тиббӣ медиҳанд, ки то ҳол ин омӯзишгоҳ фаъолият мекунад.

Дохили хуҷраҳои барқароршуда.
Бояд, бо некӣ ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 1992- ум бо ташаббуси сарвари шӯъбаи фарҳанги ш.Конибодом Нӯъмонҷон Раҳимҷонов оиди обод сохтани Мадрасаи Оим бо вазири фарҳангии Тоҷикистон Ато Ҳамдам борҳо атрофи ин масъала сӯхбатҳо карда буданд. Ва билохира, ҳамон сол бо кӯмаки вазир як гурӯҳи кории лоиҳакашон иборат аз 8 нафар ба шаҳри Конибодом омаданд. Ин гурӯҳи кори муддати як моҳ ба корҳои лоиҳакашӣ, оиди барқарорӣ ва таъмири Мадрасаи Оим нақшаҳо кашида корҳои судмандеро ба ҷо оварданд. Вале мутаассифона аз соли 1992- ум то соли 1996- ум кори ободонии Мадрасаи Оим аз мадди назар дур монда буд. Хушбатона соли 1997- ум бо ташаббуси зани қавиирода раиси Кумитаи Иҷроияи Маҳаллии шаҳри Конибодом мӯҳтарама Бибихон Азизова кори таъмиру тармими Мадрасаи Оим давом ёфт. Мо умед дорем, ки бо ташаббус ва дастгирии чунин шахсиятҳои бо номусу хирадманд боз чароғи меҳроби ин ҷои муқаддас аз нав фурӯзон хоҳад шуд.

Саҳни ҳавлии мадраса аз тарафи шимолу ғарбӣ.

МАДРАСАИ ОИМ
Зодагоҳи уламову шуаро Канди кӯҳан,
Ворисони қавму Суғду мардумаш ширинсухан.
Тухми илму дониш фарҳанг бузургон киштаанд,
То ба имрӯз ҳосилашро насли онҳо чидаанд.
Номи \”Канд\” маъне аз он зардолуҳои қанди ӯ,
Конибодом ном гирифт аз боғи бодом чанди ӯ.
Як замоне, ин макон дарвозаи Фарғона буд,
Ҷои ҳарбу зарби чандин душмани бегона буд,
Лек шукри он Худованди кариму ҳам Раҳим,
То замони мо бимонд обод ин шаҳри қадим.
Масҷиду мадрасаҳо таълими илм омӯхтаанд,
Дар дили мардум чароғи маърифат афрӯхтаанд.
Монда мерос то ба мо Мадрасаи Оим ҳанӯз,
Дар ҳавои тираи мо ҳаст чароғи хирасӯз.
Дар вуҷуди мо агар имону нанг бошад каме,
Боз кунем равшан чароғи хонаҳояшро ҳаме.
То кунем шод руҳи поки Оиму Эшон ҳам,
Ҳар ки дасти ҳамматаш бошад набинад рӯзи кам,
Ин дуоро хонда рӯшноиву оминаш бихост,
Ҳар ки бо мо ёр бошад ёри ӯ доим Худост.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.