Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ёдгориҳои таърихӣ меъмории Канди куҳан

Конибодом яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, дар асрҳои IV бо номи \”Канд\” машҳур буд. Дар бораи номи ин шаҳр, ягона сарчашмае, ки ба мо маълум аст мактуби ба шоҳи Суғд Диваштич навиштани сафири ӯ Фатуфарин аст, ки ба солҳои 712- 715- и мелодӣ рост меояд. Ин мактуб ҳангоми ба сарзамини Мовароуннаҳр лашкар кашидани Кутайба ибни Муслими араб навишта шудааст, ки он чунин аст:

\”Ҳар як шаҳраки қадима, қалъа, оромгоҳи бузургон, тасвири рӯи санг бояд барои шаҳрвандони Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва онҳо бояд ҳифз намудани ин мероси гаронбаҳоро вазифаи худ шуморанд\”.
Эмомалӣ Раҳмон

Конибодом яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, дар асрҳои IV бо номи \”Канд\” машҳур буд. Дар бораи номи ин шаҳр, ягона сарчашмае, ки ба мо маълум аст мактуби ба шоҳи Суғд Диваштич навиштани сафири ӯ Фатуфарин аст, ки ба солҳои 712- 715- и мелодӣ рост меояд. Ин мактуб ҳангоми ба сарзамини Мовароуннаҳр лашкар кашидани Кутайба ибни Муслими араб навишта шудааст, ки он чунин аст:
\”Ба ҷаноби аълохазрат, такъягоҳ, ишҳиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Диваштич, ки аз ғуломи пургуноҳ ва камтарин Фатуфарн хабар. Ба Шумо аълоҳазрати ҳумоюнӣ дуруд ва таъзим гуфта хабар медиҳам, ки Ман ба сарзамини Чоч омадам ва нома ба шоҳ додам ва он чизеро, ки даҳонӣ фармуда будед, ба ӯ гуфтам. Номаҳоеро, ки ба тобеон ва подшоҳи Фарғона навишта будед, ман онҳоро ба дасти яке аз навкарони шоҳи Фарғона фиристодам. Шоҳам, маро бубахшед, ки ман худам ба тарафи Фарғона ва туркҳо рафта натавонистам, зеро тамоми роҳҳо зеро тасарруфи душман аст. Аз Ҳоқон, туркҳо хабар нест, мегӯянд, ки онҳоро ҳеҷ дидан мумкин нест. Аз Тудун ва Ёвар мактубҳои ҷавобӣ гирифтам. Барои бозгашт роҳ нест, вилояти Истаравшан тамоман таслим шудааст. Шоҳам, ман яккаю танҳо бе ҳамсафар мондам ва пеш рафта наметавонам ва барои ҳамин ҳам бозгашта ба Чоч омадам ва аз Шумо бисёр метарсам.
Ҷанобам, мувофиқи сулҳи басташуда Жамравоз ва лашкари форс ба тарафи поён рафтанд. Баъзе одамҳои дигар гурехта ба сӯи боло рафтаанд ва ҳанӯз барнагаштанд.
Тудун бо Тарбанд (сардори қабилаҳои турк) шартнома баста ҳамаи заминҳоро гирифтанд. Аз рӯи гапҳо Ёвар аз ин шартнома хеле ғамгин шуда ва барои ба назди Шумо омада натавонистанаш метарсад. Шоҳам, ман барои шумо ягон хабаре фиристода наметавонам.
Нусхаи аслии ҳамин номаро ба дасти марзбони араб бо роҳи Канд равон кардам.
Ба ҷаноби аълохазрат муттакои бузург, ишхиди Суғд ва шоҳи Самарқанд Диваштак аз ғуломи ҳақир Фатуфарн хабар\”.
Аз ин ҷо метавон ба хулоса омад, ки Конибодом пеш аз истилои араб вуҷуд дошт. Дар нимаи аввали асри X сайёҳ ва ҷуғрофидони маъруфи араб Истахрӣ дар китоби худ \”Ал-Масолик ва-л-Мамолик\” номи Кандро зикр карда, ба ҳайати вилояти Хуҷанд дохил будани онро таъкид кардааст, каме дертар дар охирҳои асри X муаррих ва ҷуғрофидони машҳури араб Муқаддасӣ, ки Хуросону Мовароуннаҳро саёҳат карда будааст, дар асари худ \”Аҳсан-ут-такосим\” доир ба Канд маълумоте, дода аз миёни шаҳр гузаштани ҷӯйборро қайд кардааст.

Харитаи Роҳи Бузурги Абрешим, ки бо воситаи Конибодом мегузарад.
Шаҳри Канд дар давраҳои ҳукмронии Сомониён ҳамчун дарвозаи водии Фарғона
чун маркази савдо шӯҳрати беандоза дошт. Роҳи бузурги абрешим аз ин шаҳр гузашта мамлакатҳои Хуросону Мовароуннаҳр, Хитою Покистон ва Ҳиндустонро бо давлатҳои Арабу ғарб пайваст мекард. Ҳамчунин мардуми кӯҳистони водии Қаротегин ҳамчун роҳи наздиктар барои рафтуомад ба водии Фарғона ба воситаи ағбаҳо пиёдаю савораи асп аз кӯҳҳои Сӯху Ворух ба Исфара гузашта вориди шаҳри Конибодом мешуданд. Ин сарзамин, ки водии ободу тараққикарда буд, мардуми аз кӯҳистон омада ба корҳои мардикорию тиҷорат ва илмомӯз даст мезаданд.

Дарвозаи шаҳри Конибодом аз тарафи ҷамоати деҳоти Патар деҳкадаи Яккатерак.

Тайғир ёфтани номи Канд дар асрҳои XII- XIII ба Конибодом аз он ҷиҳат аст, ки дар ин шаҳри бостонӣ дарахтони бодом ниҳоят фаровон будаанд. Беҳуда нест, ки шоири асри XIII Сӯзании Самарқандӣ дар ашъораш чунин мегӯяд.

Канда боду хуфта чашми дил бадандеши туро,
Кӯфта нори Хуҷанду кандани бодоми Канд.

Водии Фарғона, ки Конибодом дар ҳудуди он аст, мувофиқи сарчашмаҳои аниқи таърихӣ манзилгоҳи тамаддуни миллати тоҷикон буд. Донишманди Юнонӣ ва сайёҳони Чин дар давраи пеш аз Ислом ин ҳақиқати таърихиро бо далелҳои қотеъ исбот кардаанд.
Конибодом дар гузашта низ яке аз шаҳрҳои маркази фарҳангӣ ва маърифатӣ буд. Мардуми ин диёр аз қадимулайём ба илму дониш ва ҳунармандӣ шавқу завқи зиёде доштанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки то ба имрӯз маҳаллаҳои ҳунарҳои кулолгарон, чармгарон, дукчигарон, дегрезон, кордгарӣ, мисгарон, ғалберо ва рангрезӣ бо чунин номҳо боқӣ мондаанд.
Гузаштаи таърихи Конибодом пур аз фоҷеаҳои даҳшатангез аст. Давраҳои тохтутози арабҳои истилогар, қабилаҳои кӯчманчиёни Манғит, муғулҳо, ки дар натиҷа шаҳр борҳо майдони ҷангу хунрезӣ қарор гирифта буд. Баъдтар асрҳои XVII – XIX лашкар кашидани амири Бухоро Насруллобек бар зидди хони Ҳӯқанд Маҳаммадалихон, ки ҳазорҳо мардумони ин водӣ қатл карда шуданд.
Конибодом аз асри IV- V то инҷониб ҳамчун шаҳри обод, маркази тиҷоративу фарҳангӣ маъмул гардидааст. Аммо он боигариҳои таърихие, ки то имрӯз ба мо мерос мондаанд, оғози сохтмони онҳо аз охирҳои асри XVI ва аввали асри XVII сар шуда бунёд шуданд. Пас аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки аз сабаби дар ин минтақа паи ҳам сарзадани муборизаҳои қавмию миллӣ шаҳри Конибодом зери тасарруфи ҷангҷӯён монда борҳо харобу валангор гардидааст. Аксарияти ҷойҳои таърихӣ несту нобуд шуда, то ба рӯзгори мо намондаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки то давраи Инқилоби Октябр дар гузару маҳалҳои ин шаҳр зиёда аз 105 масҷид ва 6 мадраса вуҷуд доштанд, ки дар онҳо фарзандони ҳамин шаҳр ва навоҳии гирду атрофи ҳамсоя сабақ меомӯхтанд. Мадрасаи Оим, Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ, Мадрасаи Машҳад, Мадрасаи Хӯҷа Рӯшноӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.