Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Ҷоизадорони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

Садриддин Айнӣ (с.1878 – 1954) – Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.Садриддин Айнӣ (с.1878 – 1954) – Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Нусратулло Махсум Лутфуллоев (с. 1881 – 1938) – Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, с.1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур (с.1899 – 1937) – Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, с. 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олииҚаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бобоҷон Ғафуров (с.1909 – 1977) – Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якўми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Мирзо Турсунзода (с.1911-1977) -Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тољикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999 ва 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.