Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Предмети манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик.

Дар омўзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик мақоми манбаъҳои таърихӣ хеле калон аст. Ба манбаъҳои таърихӣ ҳамаи сарчашмаҳои ба таърихи табиат ва ҷамъият мутаалиқ дохил мешаванд. Дар навбати худ омўзиши манбаъҳои барои таҳқиқи таърихи ҷамъият ва инсоният аҳамияти калони илмӣ дорад. Бесабаб нест, ки сарвари давлатамон Э.Раҳмон дар маърўзаву суханрониҳои худ бисёртар ба масъалаҳои омўзиши таъриху осори илмӣ – фарҳангии халқи тоҷик такя карда, мардумро ба такомули ҷаҳонбинӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ даъват менамояд. Зеро, ки беэътибори нисбат ба таъриху фарҳанги хеш ва аҷдод, беҳурмати нисбат ба ҳастии хеш аст. Пайдост, ки президенти кишвар ҳамчун як шахсияти сиёсатмадор ва фарҳангӣ нисбат ба осори гузаштагон муҳаббати хоса дорад, ба қадри онҳо мерасад, тарғибу ташвиқи арзишҳои маънавии гузаштагонро яке аз падидаҳои ифтихори миллӣ, зуҳуроти дурахшони ватанхоҳи мешуморад.Нақша:

Мафҳуми манбаъшиносии таърихӣ, моҳият ва вазифаҳои он.
Ба гурўҳҳо тақсим намудани манбаъҳои таърихӣ
Алоқамандии манбаъшиносии таърихӣ бо фанҳои ёрирасони таърихӣ
Аҳамияти омўзиши фанни манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик.
Дар омўзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик мақоми манбаъҳои таърихӣ хеле калон аст. Ба манбаъҳои таърихӣ ҳамаи сарчашмаҳои ба таърихи табиат ва ҷамъият мутаалиқ дохил мешаванд. Дар навбати худ омўзиши манбаъҳои барои таҳқиқи таърихи ҷамъият ва инсоният аҳамияти калони илмӣ дорад. Бесабаб нест, ки сарвари давлатамон Э.Раҳмон дар маърўзаву суханрониҳои худ бисёртар ба масъалаҳои омўзиши таъриху осори илмӣ – фарҳангии халқи тоҷик такя карда, мардумро ба такомули ҷаҳонбинӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ даъват менамояд. Зеро, ки беэътибори нисбат ба таъриху фарҳанги хеш ва аҷдод, беҳурмати нисбат ба ҳастии хеш аст. Пайдост, ки президенти кишвар ҳамчун як шахсияти сиёсатмадор ва фарҳангӣ нисбат ба осори гузаштагон муҳаббати хоса дорад, ба қадри онҳо мерасад, тарғибу ташвиқи арзишҳои маънавии гузаштагонро яке аз падидаҳои ифтихори миллӣ, зуҳуроти дурахшони ватанхоҳи мешуморад.
Бо тадқиқи таърихи тоҷикон илмҳои ёрирасони таърихӣ: палеография, нумизматика, эпиграфика, сфрагистика, гералдика, хронология ва ғайраҳо машғуланд, ки онҳо соҳаҳои алоҳидаи таърихро меомўзанд. Фанни манбаъшиносии таърихӣ бошад, илм дар бораи манбаъҳои таърихӣ, назария ва амалияи омўзиш ва истифодаи онҳо мебошад. ҳар як манбаъ маҳсули давраи муайян буда, пайдоиши он ба сабабҳои конкретии таърихӣ вобаста аст, барои муайян намудани аҳамияти илмии манбаъ аниқ кардани ҷаҳонбинии муаллиф ва баромади иҷтимоии вай роли калон мебозад.
Баробари пайдоиши хат ва инкишофи он ёдгориҳои хаттӣ ба вуҷуд омаданд, онҳо имконият доданд, ки таърихи ҷамъият ба таври объективӣ ва ҳаматарафа омўхта шавад. Проблемаҳои назариявии манбаъшинсиро дар асоси манбаъҳои хаттӣ меомўзанд. Таҳлили манбаъҳои хаттӣ аз муайян кардани нусхаи аслӣ ва муаллифи ҳуҷҷат, хондани матн, шарҳи он иборат аст. Умуман дар илми таърихшиносии ҳозира манбаъҳои таърихиро ба шаш гурўҳи асосӣ тақсим мекунанд: хаттӣ, моддӣ, этнографӣ, даҳонӣ ё фолклёр, лингвистӣ ва материалҳои кино-фото. Манбаъҳои хаттӣ дар навбати худ аз рўи мазмун, пайдоиш ва типҳо, намудҳояш ба ду гурўҳ: боқимондаҳои таърихӣ ва анъанаҳои таърихӣ ҷудо мешаванд: гурўҳи якум аз қонунҳо, указҳо, ярликҳо, ҳукмномаҳо, иноятномаҳо, шартномаҳои байни давлатҳо иборат аст, гурўҳи дуюм аз асарҳои таърихӣ (солномаҳо, хронографияҳо, достонҳо), сафарномаҳо, ёддоштҳо, рўзномаҳо, мактубҳо, асарҳои бадеӣ, материалҳои рўзномаҳои даврӣ ва ғайра иборатанд.
Манбаъшиносӣ ба қатори илмҳои таърихӣ дохил шуда, назария ва услуби азхудкунӣ ва истифодаи сарчашмаҳои таърихиро кор карда мебарояд. Манбаъшиносӣ фаннест, ки чунин амалҳоро ба охир мерасонад:

Манбаъҳоро муайян мекунад
Манбаъҳоро ба гурўҳҳо тақсим мекунад.
Ҷой ва вақти онҳоро муайян мекунад.
Ҳаққони ва пурра будани онро меомўзад.
Муаллифи манбаъро аниқ мекунад.
Усулҳои таҳлили сарчашмаро кор карда мебарояд
Манбаъшиноси қисми асосии фанни таърих буда, омўзиши манбаъҳои моддӣ, хаттӣ, шифоҳӣ ё фолклёр, этногарфӣ лингвистиро дар бар гирифта, аз онҳо аз ҷиҳати илмӣ, назариявӣ ва амалӣ истифода бурданро меомўзад. Дар илми манбаъшиносӣ тамоми манбаъҳо ба чунин қисмҳо тақсим мешаванд:

Манбаъҳои моддӣ. Таърихи ҷамияти инсонӣ тақрибан 3 млн. сол пеш пайдо шудааст, лекин хат ва пайдоиши он таърихи на он қадар калон дорад. Манбаъҳои моддӣ пеш аз хат ба вуҷуд омада буданд, ки ба он манзилгоҳҳои қадима, олотҳои меҳнат, яроқи ҷанги, асбобҳои рўзгор, иншоотҳо, зебу зиннат дохил мешаванд. Бо кофтукови манбаъҳои моддӣ илми археология машғул аст.
Манбаъҳои хаттӣ. Ин яке аз қисмҳои муҳимтарини манбаъшиносии таърихӣ мебошад ва имконият медиҳад, ки таърихи ҷамъият ба таври объективӣ ва ҳаматарафа омўхта шавад. Муаммоҳои назариявии манбаъшиносиро дар асоси манбаъҳои моддӣ меомўзанд. Манбаъҳои хаттӣ аз рўи мазмун, пайдоиш, типҳо ва намудҳояш ба ду гурўҳ ҷудо мешавад: а) ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки аз бойгониҳои ҳукумдорони олӣ ва маҳаллӣ иборат мебошанд (ярликҳо, фармонҳо, қонунҳо, шартномаҳо, ҳукмномаҳо), б) асарҳои таърихӣ ва биографӣ (тарҷумаи ҳолӣ), ёддоштҳо, мактубҳо, асарҳои бадеӣ, рўзномаҳо ва ғайра.
Манбаъҳои шифоҳӣ ё фолклёр. Ин аз ҳама соҳаи қадимаи маданият буда, дар ҷамоаи ибтидоӣ ба вуҷуд омадааст. Баъзе намунаҳои адабиёти даҳонӣ бо воситаи асарҳои таърихчиёни Юнону Рим, ба воситаи олимону адибони Шарқ Табарӣ, Фирдавсӣ, Румӣ то имрўз насл ба насл омада расидаанд. Масалан, афсонаҳо дар бораи Рустам, Сиёвуш, Кайковус, ҳикояти Томирис, Шерак.
Манбаъҳои этнографӣ. Ба ин материалҳо ва маълумотҳое, ки бо ба вуҷуд омадани халқ вобаста аст, дохил мешаванд. Масалан, номҳои халқҳо, авлоду қабилаҳо, ҳамаи он яроқу олотҳое, ки халқ бо дастонаш офаридааст, ҳамчунин дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёт гирд овардани тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат, маросимҳо, ки ҳамаи инро илми этнография меомўзад.
Манбаъҳои лингвистӣ (забоншиносӣ). Дар забони мо, аниқтараш дар таркиби лексионии он мафҳумҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маъмурӣ, юридикӣ вомехўранд, ки онҳо маъноҳои гуногун доранд. Масалан: мафҳуми хироҷ – андози асосие, ки аз даромади деҳқонон дар асрҳои миёна гирифта мешуд ё мафҳуми халифа – ин давомдиҳандагони кори Муҳаммад пайғамбар дар давраи асрҳои миёна, сардори давлати феодалии араб.
Манбаъшиносии таърихӣ бо якчанд фанҳои ёрирасон алоқамандӣ дорад:

Палеография – фаннест, қоғаз, муқова, ранг, хат ва тарзи навишти асарҳои қадимаро меомўзад.
Дипломатика – фаннест, ки ҳуҷҷатҳои расмиро меомўзад ва таҳлил мекунад.
Гералдика – фаннест, ки аломатҳои гербҳо (нишона), рамзҳои давлатҳои қадимаро меомўзад.
Сфрагистика – фаннест, ки мўҳрҳои подшоҳон, хонҳо, амирон ва қозиҳоро меомўзад ва навиштаҷоти онҳоро тафтиш мекунад.
Эпиграфика – фаннест, ки навиштаҷоти рўи санг, фулузот, чизи сахтро меомўзад.
Нумизматика – фаннест, ки материал, вазн, шакл, навиштаҷот ва вақти сикка зада шудани тангаро меомўзад.
Хронология – фаннест, ки вақт, солшуморӣ ва календари давраҳои қадимаро меомўзад.
Барои омўхтани таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон манбаъҳои муҳими бои таърихи мавҷуданд. Доир ба сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна материалҳои археологӣ, палеографӣ, фолклёр, этнографияи таърихӣ манбаъҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Роҷеъ ба сохти ғуломдорӣ Авасто, катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ, асарҳои муаррихони Юнону Рим (Ҳеродот, Помпей Трог, Ктесий, Квинт Курсий, Плутарх, Арриан, Страбон) манбаъҳои нодиранд. Характеристикаи таърихи қадимаи Осиёи Миёна дар манбаъҳои хитоӣ, ҳиндӣ, архиви шоҳони Порт (а.1м., аз Нисо), Хоразм (а. 3м. аз Тупрокқалъа), Суғд (а.7-8, аз кўҳи Муғ), замони ба ҳайати Хилофати Араб дохил шудани Мовароуннаҳру Хуросон дар асарҳои Табарӣ, Ибни Асир, Балозўрӣ, Яъқубӣ ва дигарон акс ёфтаанд. Дар аҳди Сомониён асарҳои нодир таълиф шудаанд, ки машҳуртарини онҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайиди Балхӣ, «Ҳудуд-ул-олам», «Таърихи Наршахӣ» ва ғайра мебошанд. Дар асри Х1 «Таърихи Ямини»-и Абунасри Утби, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Масъудӣ»-и Байҳақӣ ва ғайраҳо навишта шудаанд.
Доир ба таърихи замони истилои муғул «Табақоти Носири»-и Ҷузҷонӣ, «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашиддудин, доир ба давлатдории Темур ва темуриён «Рўзномаи ғазовоти Темур ба Ҳиндустон»-и Ғиёсуддини Алӣ, «Зафарнома»-и Шарофуддин Алии Язди, «Матлаъ –ус – саъдайн ва маҷмаъ – ул – баҳрайн»-и Абдураззоқи Самарқандӣ манбаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Асарҳои Восифӣ, Бобур, Ҳакимхон, Аҳмади Дониш ва дигарон тарзи зиндагонӣ ва ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Миёнаро дар давраҳои гуногуни таърихӣ инъикос менамоянд. Аз миёнаҳои асри 16 муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии хониҳои Осиёи Миёна бо Русия инкишоф ёфт. Дар ҳуҷҷатҳои сафоратҳо, вазорати корҳои хориҷии Русия доир ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон муълумоти муҳимро дарёфтан мумкин аст.
Баъзе аломатҳои манбаъшиносӣ бори аввал дар асарҳои муаррихони қадим (Лукиан, Тасит) вомехўрданд. Дар замони Эҳё барои омўзиши интиқодии матнҳои қадима маорифпарварон Л.Валл, фон Гуттен ва дигарон кўшидаанд. Охири асри 18-нимаи 1 асри 19 олимони немис А.Шлесер, Б. Нибур, Л. Ранке методи аз ҷиҳати танқиди омўхтани манбаъҳоро пешниҳод намудаанд. Вале манбаъшиноси ҳамчун илми махсус дар нимаи дувуми асри 19-ибтидои асри ХХ дар асрҳои муаррихон И.Дройзен, Э.Бернхейм, В.Бартолд, В.Жуковский, Н.Хаников, А.Семёнев, М.Андреев ташаккул ёфт.
Зери таъсири олимони рус як гурўҳ шарқшиносони маҳаллӣ аз ҷумла Абўсаид – Махдум, Мирзо Абдураҳмон, Мирзои Бухороӣ, Акрамполвон Аскаров ба камол расидаанд. Солҳои 1865-1917 дар Осиёи Миёна зиёда аз 3 ҳазор дастхати асарҳои нодир ҷамъ ва ба осорхона, бойгониҳо супорида шуданд.
Баъди ғалабаи инқилоби Октябр фанни манбаъшиносии таърихӣ хеле инкишоф ёфт. Олимони Шўравӣ роҳҳо ва методҳои таҳлили манбаъҳоро аз ҷиҳати танқиди омўхта ба доираи тадқиқи илми манбаъшиносӣ манбаъҳои навро дохил карданд. Дар кори ҷамъовари, омўзиш ва нашри манбаъҳои таърихи олимон В.Бартолд, М.Андреев, А. Семенов, Б. Ғафуров, Б. Искандаров ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Имрўзҳо дар Тоҷикистон дар роҳи тадқиқ ва ба нашр тайёр намудани асарҳои таърихии давраи гузашта як қатор корҳо ба анҷом дода шуда, як силсила ёдгориҳои хаттии қадима ва асримиёнагӣ ба тариқи пурра, мунтахаб ё таҳрир карда шуда, ба табъ расонида шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки манбаъҳои таърихӣ дар рўзҳои мо низ аҳамияти худро гум накардаанд.
Гералдика – аз калимаи лотинии «хералдика»-чорчи гирифта шудааст. Гералдика ё гербшиноси фанни ёрирасони таърих буда, гербҳоро ҳамчун манбаи махсус меомўзад. Дар муайян кардани таърихи ёдгориҳое, ки герб доранд, роли калон мебозад. Дар роли муайян кардани аслият, мансубият, муаллиф, ҷой ва санаи истеҳсоли асбоби рўзгор, таълифи асарҳои санъат, китоб, дастхат, инчунин аниқ намудани ҳаҷм ва арзиши молу мулк, роҳҳои ворисӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва маданӣ кўмак мерасонад. Гералдика бо генеология, нумизматика, полеография, сфрагистика робитаи зич дорад. Маълумоти гералдика дар соҳаҳои гуногуни илми таърих истифода мешавад. Асарҳои аввалин доир ба гералдика – шеърҳо, достонҳои шоирон – геролдҳо (шоирони чорчи) буданд, ки нимаи дуюми асри ХШ офарида шудаанд. Гералдика ба русия нимаи дуюми асри 17 аз Ғарб омад ва зудаҳамияти расмӣ, давлатӣ пайдо кард. Асарҳои аввалин ба гербҳои подшоҳон бахшида шуда, мақсад доштанд, ки мақоми олии онҳоро дар байни ҳокимони мутлақи Аврупо асоснок кунанд.
Нумизматика – аз калимаи лотинии нумизма, маънояш – танга гирифта шудааст. Нумизматика фанни ёрирасони таърих буда, таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом фулуз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ меомўзад. Нумизматика ба ҳалли масъалаҳои хронология, ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои берунӣ ва дохилӣ имконият фароҳам оварда, ба илмҳои таърих, археология, палеография, таърихи санъат, иқтисоди сиёсӣ, этнография ёрии калон мерасонад. Нумизматика инчунин пулҳои қоғазӣ (бонистика), медал, орден, нишонҳо (фалеристика)-ро меомўзад. То пайдо шудани пулҳои филизӣ вазифаи онро молҳои гуногун: ҳайвонот, асбобҳои ороиш, яроқҳои филизӣ адо менамуданд. Бо инкишофи иқтисодиёти ҷамъият ва тараққиёти савдо ба пул зарурат пайдо шуд. Танҳо сардорони давлатҳо ба сикка задании он ҳуқуқ доштанд. Аввалин тангаҳои филизӣ асрҳои 8-7 т.м. дар давлати Лидияи Осиёи Хурд пайдо шудаанд. Дар Осиёи Миёна аввалин тангаҳо (аз нуқра) ибтидои асри 3 т.м. бароварда шуд. Дар рўи он акси подшоҳ, дар тарафи дигараш худоҳои гуногун, ҳайвоноти муқаддас тасвир ва ё номи подшоҳу мўҳраш сабт мегардид. Тангаҳои қадима вазни муайян доштанд, вале ба сабаби ислоҳоти пулӣ зуд-зуд тағир меёфтанд. Аниқ кардани вазн ва филизи танга барои барқарор намудани як қатор воқеаҳои ҳаёти иқтисодӣ, омўзиши типографияи ҷойҳои ёфтшудаи танга барои муайян намудани доираи муомилоти пулӣ, роҳҳои тиҷоратии қадим ва тарзи доду гирифт ёрӣ мерасонад. Намуди тангаҳо, катибаҳои рўи онҳо барои аниқ кардани шаклҳои идоракунии давлат, ивазшавии подшоҳон, муносибатҳои байниҳамдигарии волиҳо, табаддулоти дарборӣ ва ғайра аҳамияти калон пайдо мекунад. Ба нумизматикаи илмӣ дар нимаи дуюми асри 18 нумизмати венагӣ Й.Х.Эккел асос гузоштааст. Муҳаққиқони нумизматикаи рус: А.В.Арешников, И.Талстой, В.Янин, А.Биков, И.Спасский. Ба нумизматикаи Шарқ шарқшиноси рус Х.Д. Френ асос гузоштааст. Ғайр аз он ба тадқиқи нумизматикаи Шарқ хусусан тангаҳои давлатҳои Осиёи Миёна П.Савелев, В.Григорев, А.Марков, М.Массон, Е.Давидович, О.Смирнова, Е.Зеймал ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар натиҷаи аз тарафи О.Смирнова, В.Лившис, Т.Ерназарова тадқиқ карда шудани комплекси тангаҳои аз Панҷакент, Самарқанд, Таҳористон ва Истаравшан ба дастомада, соҳаҳои нав – нумизматикаи Суғд, Таҳористон, Истаравшан ба вуҷуд омаданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.