Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Авасто ҳамчун манбаи таърихӣ

Дар шароити кунуни, вақте ки мардуми ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои бунёди ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ камари ҳиммат баставу дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад, омўзиши таҷрибаи таърихии ниёгонамон, ки ба ташаккули ғояи ҳуввияти миллӣ созгор аст, аҳамияти бузурги илмӣ-назариявӣ пайдо менамояд. Таҷлили ҷашни 2700-солагии мероси азалии ва аслии фарҳанги тоҷикон – «Авасто» таҷассуми пурҷилои муносибати давлатӣ ва илмӣ-амалӣ нисбати таърихи ниёгону шинохти бузургони миллат аст.Нақша:

Авасто – муҳимтарин осори хаттии давраи гузариш аз ҷамоаи ибтидоӣ ба ҷамъияти
синфӣ

Таркиб (қисматҳо) ва мазмуни асосии он.
Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти Авасто.
Дар шароити кунуни, вақте ки мардуми ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои бунёди ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ камари ҳиммат баставу дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад, омўзиши таҷрибаи таърихии ниёгонамон, ки ба ташаккули ғояи ҳуввияти миллӣ созгор аст, аҳамияти бузурги илмӣ-назариявӣ пайдо менамояд. Таҷлили ҷашни 2700-солагии мероси азалии ва аслии фарҳанги тоҷикон – «Авасто» таҷассуми пурҷилои муносибати давлатӣ ва илмӣ-амалӣ нисбати таърихи ниёгону шинохти бузургони миллат аст.
Авасто яке аз ёдгориҳои хаттии қадимаи халқҳои эронинажод буда, китоби муқаддаси дини зардуштия ба ҳисоб меравад. Пас аз «Ригведа»-и ҳиндӣ (ҳазорсолаи 2 т.м.) ва «Таврот»-и яҳудиён (тақрибан 1500 сол п.м.) Авасто яке аз қадимтарин осори таърихӣ, маданӣ ва динии Шарқ буда, дар асрҳои 7-6 т.м. дар хоки Осиёи Миёна ва Шимолии Афғонистон пайдо шуда, такомули минбаъдаи он дар кишварҳои мардуми Эрон ба амал омадааст. Бинобар ин Авасто чун асари таърихӣ ва адабӣ ба халқҳои ин ҷо низ нисбате дошта, барои омўхтани таърих, маданият, эътиқоди динӣ, фолклор, анъанаҳои адабӣ ва эстетики ин халқҳо аҳамияти бузург дорад. Худи номи Авасто аз масдари вайд гирифта шуда, маънои «дониш», «донистан»-ро дорад, дар форси миёна «абастан» ба маънои «асос», «дастур» омада, моҳияти хирадмандиро ифода мекунад.
Ёдгориҳои хаттии Эрони қадим бо ду забон, вале аз ҷиҳати таркиби луғавӣ ба ҳам наздик боқӣ мондаанд. Як қисми онҳо бо хати мехи дар сангу кўҳҳо ва девору қалъаҳо бо забони форсии қадим навишта шудаанд. Ёдгории дуюм Авасто мебошад, ки бо забони авастои таълиф ёфтааст. Ҳар дуи ин забон бо забони санскрит як реша дорад. Забони австои ҳамчун забони эронии қадим ба забони қисмати шимолу шарқии Эрон мансуб аст. Ин забон забони мурда ҳисоб мешавад ва ягона асаре, ки бо ин забон боқӣ мондааст, Авасто мебошад. Муддатҳои зиёде Авасто ба таври шифоҳӣ нақл карда мешуд. То ба вуҷуд омадани алифбои авастои матнҳои Авасто бо алифбои дар асрҳои 6-5 т.м дар Осиёи Миёна ҷорӣ будаи оромӣ таълиф шуда буданд. Мувофиқӣ маълумоти ёдгориҳоӣ забонҳои форсии миёна дар замони Ҳахоманишиён ҳамаи мавзўи китобҳои Авасто мавҷуд будаанд, вале дар замони ҳамлаи Искандарӣ Мақдунӣ онҳо аз байн рафтанд. Авастои давраи Ҳахомнишӣ дорои 1000 фасл буда, аз 21 китоб ё наск иборат будааст. Тадқиқотчии эрони Муҳаммадӣ Рашшод хабар медиҳад, ки бино ба қавле он дар ибтидо аз 1000 фасл, ба қавли дигар аз 815 фасл иборат будааст. Вале ин китоб дар сўхтори Истахр, ки тақрибан соли 332 т.м. рўй дода буд, сўхта аз байн рафтааст.
Муҳаққиқӣ дигари эронӣ Мурод Авранг дар «Яктоипарастӣ дар Эронӣ бостон» ном асараш қайд мекунад, ки Авастои имрўза Авастои асли нест. Авастои аслиро Гуштосп ё Доро дар ду нусха бар 120 ҳазор пўсти гов бо ранги тиллоӣ навиштааст. Ҳангоме ки Искандарӣ Мақдунӣ сарзамини Хуросону Мовароуннаҳрро тасарруф кардааст, қасри шоҳ аз ҷумла китобхонаи Истахрро низ оташ задааст ва аз он чизе боқӣ намондааст, танҳо баъзе порчаҳои он, ки аз суруду ниёиш иборат будаанд, даҳон ба даҳон гузошта, дар варақаҳои алоҳида барои таълим навишта мешуданд.
Дар давраи салтанати подшоҳони Ашконӣ Билоши 1 (с.50-76) ва Билоши 2 (с.76-110) ҳамин хел варақаҳо порчаҳои алоҳидаро гирд оварданд. Дар давраи Сосониён Ардашери Бобакон (226-241) ба ҷамъоварии боқимонда наскҳои Авасто шурўъ карданд, онро ба сурати китобӣ алоҳида дароварданд.
Матни ибтидоии китоб Авасто аз 21 китоб иборат Буда, 350000 калимаро дар бар мегирифт (83000 калимааш то замони мо омада расидааст). Авасто дар ду таҳрир маълум аст: якум – маҷмўаи порчаҳои ибодатӣ, ки аз чанд китоби он фароҳам омадааст ва дуйюм – панҷ қисми мустақил:
1. Ясно – маҷмўаи матнҳои маросими (муноҷот) буда, муҳимтарин қисми Авасто мебошад. Маънояш парастиш, ситоиш буда, онро дар маросимҳои мазҳаби мехонданд. Дар яке аз ясноҳо (фасли 29) эътироз нисбат ба куштор, ғоратгари нишон дода шудааст. Дар дигар қисмҳои он оиди ғояҳои инсондўстӣ, неки ва бади, хайру шарр зикр карда шудааст.
2. Яштҳо – сурудаҳо дар васфи худоёни дини зардушти мебошад ва дар 21 қисмҳои он ҳамаи худоҳои ҳиндуаврупоӣ оварда шудааст.
3. Вандидод – маҷмўаи амрҳои динӣ, дастур дар бораи покизагӣ, ки ин қисми таркибии Авасто буда, вайда – зид ва дайва – дев, яъне аз маҷмўи дуоҳои динӣ ба муқобили қувваҳои бадӣ ва девҳо иборат аст.
4. Виспарад – маҷмўи дуо ва матнҳои ибодатӣ, ҳамаи сарварони ин қисмро ҳангоми маросими динӣ дар ситоиши яздони худо мехонданд. Дар ин қисм бештар ба обу оташ, кишту кор саҷда мекунанд.
5. Хурд Авасто – дуоҳо, ситоиш ба офтоб, моҳ, гузаронидани маросимҳо, урфу одатҳо.
Қадимтарин қисми Авасто Готҳо (муноҷотҳо) мебошанд. Таълифи ин қисмро ба Зардушт нисбат медиҳанд. Масъалаи замон ва макони пайдоиши ҷузъҳои Авасто то имрўз аз бисёр ҷиҳат баҳснок аст. Мувофиқи анъанаҳои дини зардушти, ки дар замони зиндагии Зардушт ва офарида шудани «Готҳо» – ро ба охири асри 7 – нимаи авали асри 6 нисбат медиҳанд. Академик Б.Ғафуров дар китоби худ «Тоҷикон» ба чунин хулоса меояд, ки «Макони пайдоиши Готҳо, гарчанде, ҳоло ягон ноҳияи муайянеро бо боварии қатъи ном бурдан мумкин нест, бо вуҷуди ин метавон тасдиқ кард, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна ва ё ноҳияи ҳамсарҳади он воқеъ буд» аммо шак нест, ки такомули минбаъдаи он дар кишварҳое, ки мардуми эрони маскун буданд – Мод, Отрупотан (Озорбойҷон) ва хусусан ҷануби Эрон ба амал омадааст. Авасто асари адабӣ ва динӣ бошад ҳам, бисёр порчаҳои адабие дорад, ки асосан ҷанбаи асотири дошта, намунаҳои фолклори эрониёни қадимро то имрўз боқи доштааст. Дар Готҳо ғояҳои ислоҳоти динии Зардушт, ки дар шароити тараққиёти олии сохти ҷамоаи авлодӣ ва тадриҷан ба ҷамъияти синфӣ, ба марҳилаи демократияи ҳарбӣ гузаштан ҷараён дошт, ифода ёфтааст.
Чӣ тавре дар Вандидод ёд мешавад, Бохтар яке аз кишварҳоест, ки дар он дини Зардуштия аввалин маротиба паҳн гардид. Дар матнҳои Хурд Авасто муттаҳидшавии таълимоти Зардушт, ки аз тарафи пайравони ў инкишоф дода шуда буд, мушоҳида мегардад. Як силсила сурудҳои Авасто худоён ва персонажҳои асотириро (мисли Митра ва Хавма) васф мекунанд, ки аз қадим боз ориён онҳоро ситоиш мекарданд, вале аз тарафи пайғамбар дар Готҳо рад гардидаанд. Ин натиҷаи созиш бо дину мазҳабҳои қабилавӣ буд, ки дар ҳудуди давлатҳои бузурги Ҳахоманишиён, Порт, Сосониён паҳн гардида буданд. Ҳамин тавр Авасто на танҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавӣ маълумот медиҳад. Дар баробари ин Авасто муҳимтарин ёдгорӣ дар бобати омўзиши айёми бостон, маданияту маишат, созмонҳои иҷтимоӣ ва сиёсии давр ҳамчунин осори хамосаи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна ва Эрон мебошад.
Доир ба давраи зардуштӣ ва таълимоти он китобҳои зиёде мавҷуданд. Дастурҳои марбути ин давраро аз китобҳои бағоят ғании «Таърихи Зардушт»-и Дхалла, «Зардуштия»-и Мэри Боус, «Зардушти пайғамбари Эрони қадим»-и Ҷексон дарёфтан мумкин аст. Авасто дар нусхаҳои дастнависи асрҳои 13-14 ба мо расидааст. Дар Аврупо Авасто нахустин бор дар соли 1771 бо ёрии дастурони порсӣ пешвоёни динӣ (дар Ҳиндустон) аз тарафи Анкетил Дюпперон ба франсавӣ тарҷума шуда буд.
Муҳаққиқон хусусияти ҷамъияти авастоиро тадқиқ намуда, чаҳор зина будани онро қайд намудаанд. Дар «Яштҳо»-115 оварда мешавад: «сарвари динии хонадон – нманйи, сарвари динии авлод –вмсйа, сарвари динии қабила – зантума, сарвари динии мамлакат – дахйума, сарвари олии динӣ – «заратуштротэма» номида мешавад». Аксари масъалаҳои хонаводаро шўрои қабила, ки сарварони гурўҳҳои бизоатманд ба он дохил мешуданд, ҳал мекард. Шўро масъалҳои ҳаёти дохилӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии марбут ба анҷоми вазифаи динӣ ва ҳуқуқӣ, ғайр аз муносибат бо қабилаҳои дигарро ҳал мекард.
Дар Авасто гурўҳҳои «иҷтимоӣ-касбӣ», ба монанди рўҳониён, лашкариён, деҳқонони чорводор, ҳунармандон номбар мешаванд, таркиби иҷтимоӣ ва ҳудудии аҳолии қадими Осиёи Миёна, Эрон ба авлод (дар ҷамоа), қабила (дар ноҳия) ва иттиҳоди қабилаҳо (дар вилоят) бо сардории пешвоёнаш тақсим шудааст. Мундариҷаи асосии таблиғоти динии готҳо аз даъват барои пурқувват кардани ҷамоаи чорводорону барзгарони муқимӣ, зарба задан ба ҳуҷумҳои бодиянишинон ва мутаносибан истеҳком додани ҳокимияти «беҳтарин тартибот»-и рўҳониёну пешвоёни ҳарби иборат аст, ки ин ибтидои давлатдории синфи мебошад. Дар баробари мардуми оддӣ ҷамъият дорои «родмардон» ва «ашрофон» буд. Ҷамоаи дар Готҳо тасвиршуда аз тороҷгарӣ, тохтутози ваҳшиёнаи ҳамсоягон, ғорат шудани чорпоён ба дод омадааст. Готҳо ба зиндагии орому осоишта ва мавҷудияти маконҳои гул-гулшукуфон бо сарварии «шоҳони хуб» даъват мекунанд. Ин ҳолатро низ ба назар гирифтан зарур аст, ки дар давраи аввали ҷамъияти синфӣ мавқеи ҳалкунандаро дар байни синфи ҳукмрон ҳамеша аъёну ашрофи қабила – пешвоён ва рўҳониён, ки дар заминаи сохти ҷамоаи ибтидои ба миён омада буданд, ишғол мекард.
Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои иҷтимоӣ – сиёсии давраи мазкурро ба Осиёи Миёна ҳамчун муносибатҳои гузариш аз сохти ибтидоии ҷамоати ба сохти ҷамъиятии синфӣ маънидод кардан мумкин аст. Ҷамоати қабилавӣ аз байн рафта, ҷамоати деҳот ба миён меомад. Асоси ҷамоати деҳотро бар хилофи ҷамоати қабилавӣ на муносибатҳои қабилавӣ,балки алоқаҳои хоҷагӣ ва территориявӣ ташкил мекарданд. Дар таърихи Осиёи Миёна ҷамоати деҳот роли калон бозида, асрҳои аср пояндаву барқарор мондааст.
Дар дохили община тадриҷан нобаробарии молумулки меафзуд. Дороён ва камбағалон пайдо мешуданд. Чунон, ки Ф.Энгелс қайд мекунад, лашкаркашиҳои ғоратгарона мавқеи смпаҳсолорон ва пешвоёнро боз ҳам баланд менамуд. Ҷанг бо мақсади ғоратгарӣ касбу кори доими мегардад. Сипаҳсолори олӣ ва дастёрони вай аъёну ашрофи мероси шуда мемонад, «демократияи табии сохти ибтидоӣ ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегашт.
Мутобиқи шароити мухталифи истеҳсолот дар минтақаҳои саҳрои ва водиҳо дар оғози ҳазораи 1 т.м. ду намуди хоҷагӣ: кўчманчигӣ, чорводорӣ дар саҳро ва муқимнишинӣ, заминдорӣ дар воҳаву водиҳои сероб ташкил мегардиданд. Таҳлили таърихи Авасто ба мо баъзе хулосаҳоро дар бораи ҳаёти қишлоқ медиҳад.
Таҳлили вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва эҳтимол инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар Авасто «дахйусасти» номида шудаанд. Яке аз давлатҳо Хоразми Бузург буд. Гарчанде бисёр масъалаҳои марбут бо Хоразми бузург шубҳа кардан маҳол аст ва маркази ин иттиҳодия дар Хоразми ҳозиразамон набуда, ҷанубтар дар ноҳияи Марву Ҳирот ҷой доштааст.
Дувумин давлати бузург салтанати Бохтари қадим буд. Чунин меояд, ки Бохтар бо давлатҳои бузурги Миср ва Бобул дар як қатор меистодааст. Бохтари қадим аз ҷиҳати тавоноӣ аз ноҳияҳои ҳамсоя болотар буда, дар байни онҳо мавқеи хосро ишғол менамуд. Шўҳрати боигариҳои табии Бохтар берун аз ҳудуди он то Осиёи Наздик расида буд. Махсусан, лоҷуварди бадахшонӣ баҳои баланде дошт.
Дар байни қабилаҳои эрони дар ҳудуди ҳазорсолаи 2-1 т.м. оину мазхабҳои ҷудогонае мавҷуд буданд, ки баъдтар онҳо ба зардуштия дар шакли комилан инкишофёфтаи худ дохил гардиданд. Худоёне, ки эрониён мепарастиданд «Аҳура» ном доштанд. Тадриҷан тасаввурот дар бораи худои ягона Аҳура пайдо шуд, ки ўро Мазда «доно» меномиданд, яъне Аҳура-Маздо маънои худованди бохирадро дорад.
Номи Зардушт (шакли аврупоиаш Зооастр) бо эҳтимолӣ кули маънии «шутурбон»-ро дорад. Ў аз дудмони Спитама буда, аз авлоди Шоҳони Довудӣ ба ҳисоб мерафт. Падараш Пулшасп ва модараш Дуғдова аз оилаи Спитамон будаанд. Зардушт дар Готҳо ба худ чун ба «Зоатар» , яъне ягона шахси ташкилдиҳандаи дин ва ё паёмбар муроҷиат мекунад. Дар «Ҷомоспнома» омадааст, ки ҳамсари Зардушт Хува ном дошта, чун тани худро дар оби чашма шўяд, кафи обе аз он нўшад, обистан шавад ва аз тухмаи Зардушт Хушидаршо, Хушидармо, Сошиёнас, Хуршедчеҳр барин фарзандоне ба Дунё меоварад, ки инсонҳои ҳақҷўро дар роҳи ростӣ ва дурусти ба мурод мерасонанд. Ва Ҳува низ имрўз дар забони тоҷикӣ зинда аст. Мардуми хуҷандӣ модарро «бува», яъне бибихува ном мебаранд. Худи Ҳува дар китобҳои насрони Ева ва дар ислом шакли бибиҳаво гирифтааст.
Аз адабиёт ва маъхазҳои қадима бармеояд, ки асоси дини то зардуштиро об ва оташ ташкил дода ин ду унсурӣ муқаддас қувваи яздонии рўи Замин ба ҳисоб мерафтааст. Ниёгони мо ба об барои он саҷда мекарданд, ки об ба бўстонҳо ва биёбонҳо ҳаёт мебахшад. Оташ бошад, ба гарми, равшани ва ба пухтагарии хомиҳо сабаб мешуд. Оташ ҳамчн ифода ва рамзи адолати илоҳӣ – арта шинохта мешуд. Ситоиши оташ ва оташкадаҳо баъдан яке аз хусусиятҳои хоси дини зардушти гардид. Тамоми зуҳуроти замини ва осмонӣ ба некӣ ва бадӣ, нуронӣ ва зулмот ва ниҳоят ба ду категория: некӣ ва бадӣ ҷудо шудааст.
Зардушт як шабонарўзро ба панҷ бахш тақсим намудааст. Ин васила тарафдорони ў соҳиби панҷ вақти намоз шуданд. Аз этимол дур нест, ки ҳомиёни дини ислом ҳам аз тақсимоти зардуштӣ истифода бурдаанд. Ҳарчанд аз давраи империяи охирини зардуштӣ 13000 сол гузаштааст, вале то ҳол боқимондаҳои он таълимотро дар Ҳиндустон ва Форс пайдо кардан мумкин аст. Общинаи парсакҳо дар Ҳиндустон ва Эрон, ки дини исломро қабул накарда буданд, то ҳол арзи вуҷуд доранд. Асри 19-20 ҳам анъанаҳо ва унсурҳои оташпарастиро аз байн бурда натавонист. То ҳол тоҷикони кўҳистон анъанаҳо, расму русумҳое, ки аз давраи зардушти боқи мондаанд, ки аз рўи меъморӣ, масоҳат, сохтор онҳо ба оташхонаҳои қадими зардушти шабеҳанд. Дар замонҳои қадим ҳар зардушти дар хонаводаи худ оташгоҳе дошт. Парастиши оташдони хона ҳам ба парастиши оташ вобаста аст. Аз рўи таълимоти зардуштия одамон бояд мислм оташ накўва дурахшон бошанд, мисли шўълаи оташ, ки ба боло майл дорад, сарбаланд бошанд ва аз пасти парҳез кунанд. Ба хомўшшавии оташ роҳ додан, пуф кардан, чизи нопок партофтан гуноҳи азим ҳисоб мешуд. Дар оташ афкандан, дар об ғарқ кардан, дар хок дафн кардани мурдагон авфнопазир буд, зеро он се унсури муқаддасро олуда ва нопок месозад.
Заминдори ва чорводорӣ дар таълимоти зардуштия мартабаи хеле баланд дорад. Бахти одамон аз заминдорӣ вобаста аст. Ба зироаткорӣ олиҳа Анахито сарвари менамояд. Ҳосилхез кардани замин ба 10000 дуохонӣ ва сад қурбонӣ баробар аст. Аз рўи таълимоти зардуштия занон бо мардон ҳуқуқи баробар доранд. Зардуштия дар давраи ҳукумронии Сосониён пурра ба дини давлатӣ табдил ёфт. Баъди истилои арабҳо низ боз 3-4- асри дигар нуфузи худро нигоҳ дошт.
Китоби Авасто аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқи низ дорад, зеро вай асари пандномаи ниёгон ба ҳисоб меравад. Зардушт се сутуни зебоӣ – гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори некро ба асоси фанонопазири рости бино мекунад ва аз мо даъват мекунад то ҳафт деви палид ва зиштхў, яъне дурўғ, шаҳват, тамаъ, хашм, рашк, ғурур, танбали ба даруни қалъаи мустаҳками андешаи нек роҳ надиҳем. Хулоса, Авасто на танҳо китоби динӣ, балки китоби таърих, фалсафа, илм хату забон ва маданияти қадимии халқҳои форсу тоҷик мебошад. Дар тўли чандин асрҳо ин китоб раҳнамои навъи башар аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.