Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Катибаҳои дар рўи санг ва сафол навишиташуда.

Мақоми хат дар ифодаи афкору ақидаҳои ин ё он қавм баланд буда, барои сабти осори илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад. Табиист, ки агар хат пайдо намешуд, меросу осори илмӣ ё адабии пешиниён бо хотираҳо зери хок мерафт ва афкори гузаштагон ба ояндагон немерасид, тамаддун пеш намерафт. Яке аз манбаъҳои хаттии қадимае, ки дар илми манбаъшиносӣ омўхта мешавад, катибаҳо мебошанд.Нақша:

Мавқеъ ва моҳияти катибаҳо дар илми манбаъшиносии таърихӣ.
Навиштаҷотҳои шоҳони Ҳахоманишиён – манбаи муҳими омўзиши таърихи халқҳои Осиёи Миёна дар замонҳои қадим.
Катибаҳои дар рўи сафол навишташуда ва аҳамияти таърихии он.
Мақоми хат дар ифодаи афкору ақидаҳои ин ё он қавм баланд буда, барои сабти осори илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад. Табиист, ки агар хат пайдо намешуд, меросу осори илмӣ ё адабии пешиниён бо хотираҳо зери хок мерафт ва афкори гузаштагон ба ояндагон немерасид, тамаддун пеш намерафт. Яке аз манбаъҳои хаттии қадимае, ки дар илми манбаъшиносӣ омўхта мешавад, катибаҳо мебошанд. Катибаҳо – ҳуҷҷатҳо, навиштаҷоте, ки дар ашёҳои сахт ва пурбақову устувор бо хат ё аломатҳои шартӣ бо мақсади нигоҳ доштани маълумот ва ё хотирае аз баъзе воқеаҳо сабт карда мешаванд. Катибаҳо дар кўҳу харсангҳо, девори қасру мақбараҳо, сутунҳои биноҳо, сангҳои қабру мазор, лавҳаҳои тиллоӣ, гаҷӣ, гилӣ, асбобу ашёҳои нуқрагин, биринҷӣ, сафолӣ, яроқу аслиҳа, тангаҳо, асбобу лавозимоти ороиши занона, дару дарвозаҳо, табақу косаҳо ва ғайра навишта мешаванд. Катибаҳо материали фаровонеро оид ба сиёсат, воқеаҳои таърихӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ғоявӣ дар бар гирифта, манбаи муҳиме барои омўзиши таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраҳои минбаъда мебошад. Катибаро як соҳаи илми таърих – катибашиносӣ – эпиграфика меомўзад.
Бисёр вокеаҳои сиёсӣ ва ҳаёти мадании халқҳои Осиёи Миёна дар катибаҳои шоҳони Ҳахоманишини, ки рўи санг, асбобҳои филизи бо забони форсӣ ё дигар забонҳои қадима сабт шудаанд, акс гардидаанд. Яке аз ин гунна катибаҳо дар шаҳри Порсо музофоти Эрон дар Тахти Ҷамшед боқи мондааст. Дар ривоятҳои эронӣ баромади номи Тахти Ҷамшедро ба шоҳи афсонавии Эрон Ҷамшед нисбат медиҳанд. Тахти Ҷамшед асосан солҳои 520-460 т.м. дар аҳди Дорои 1 ва Ҳашиёршоҳ дар доманакўҳ бунёд ёфта, бо қалъа иҳота шудааст. Дар ибтидои асри 17 сайёҳи италявӣ Петро дела Вале аз димнаи Тахти Ҷамшед намунҳои хати мехиро пайдо кард. Бо роҳбарии олимони олмонӣ Э.Херсфелд (1931-1934) ва Э.Шмидт (1935-1939) дар он ҷо ҳафриёти археологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум шуд, ки ба суфаи шаҳр бо зинаҳои сербари боҳашамати сангин баромада, бо воситаи гузаргоҳи байни ду муҷассамаи барзаговодам ба майдони шаҳр ворид мешуданд. Аз майдон ба толорҳои серсутуни азими қабулгоҳи шоҳ – ападани Доро ва Ҳашиёршоҳ ва ападанаи Садсутун дохил шудан мумкин буд. Дар паси ападанаҳо биноҳои иқомати ва хоҷагӣ ҷой гирифта буданд. Нақшу тасвиротҳои ападана ҷиҳатҳои хоси ҳаёти моддӣ ва мадании халқҳои тобеи Ҳахоманишиён (Осиёи Миёна ва Қазоқистони имрўза) бинокорӣ, сару либос, яроқ ва хусусиятҳои антропологиро таҷассум месозад ва дар омўзиши таърихи ин халқҳо роли калон мебозад. Санъати меъмории Тахти Ҷамшед монументали ва мураккаб буда, маданияти хос ва тарзи давлатдории Ҳахоманишиён, зисту зиндагонии халқҳои империя, намоиши ҳарбиён, шоҳон, манзараҳои ҳарбу зарби шоҳон бо аждаҳо, бузургӣ ва ҳашамати давлати онҳо, дин ва идеологияи қадими эронзаминро инъикос менамояд. Агар осори пойтахти Куруши Кабир – пасаргард ибтидои санъати меъмории замони Ҳахоманишиёнро инъикос намояд, комплекси осори Тахти Ҷамшед аз равнақи минбаъдаи ин санъат дарак медиҳад. Катибаҳои хати мехи девори қасрҳо бо супориши шоҳони Ҳахоманишиҳо дар се сутун, бо се забон (элами, оромӣ, форси қадим) ва се ҳуснихат кандакори карда шудааст. Дар онҳо рўйхати мамлакат ва халқҳое, ки ба ҳайати давлатҳои Доро ва Ҳашёршоҳ буданд, оварда шудааст. Дар рўйхат номи кишвар ва халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистони имрўза низ зикр ёфтаанд. Аз он ҷо қариб 2000 дастхату ҳуҷҷатҳои ба забони эламӣ ва оромӣ таълифшуда ёфт шудаанд. Боқимондаҳои Тахти Ҷамшед имрўзҳо ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Соли 1973 дар ин ҷо 2500 солагии давлати Эрон ҷашн гирифта шуд.
Катибаи Нақши Рустам – ёдгории бостонӣ, мақбараҳои шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ, ки 65-75 км. дуртар аз Шероз дар самти шимолии Тахти Ҷамшед, 15 км. дуртар аз Истахр дар Ҳусайнкўҳ накр карда шудаанд. Нақши Рустам ном гирифтани ин мавзеъ бо номи сипаҳсолори Яздигурди 3 – охирин подшоҳи сулолаи Сосониён марбут аст. Дар ҳамин мавзеъ гўё ў бо Саъди Ваккос ҷангида ҳалок гардидааст. Мақбараҳо дар баландии 20 метр дар шакли салиб канда шуда, дар онҳо Дорои 1, Ҳашиёршоҳи 1, Артахашиёри 1 ва Дорои 2 дафн шудаанд. Матни катиба подшоҳии Дорои 1-ро тавсиф карда, халқҳои мамлакатҳои зердасти ўро ба итоаткорӣ даъват менамояд ва гирифтори ҷазоҳои мудҳиш шудани халқҳои озодихоҳро таъкид месозад. Дар қисми асосии катиба мамлакатҳое номбар мешаванд, ки Дорои 1 ба муқобили онҳо ҳуҷум карда, онҳоро тобеи худ карда буд. Осори тасвирии Нақши Рустам инчунин шаъну шукўҳи империяи Дорои 1-ро, ки солҳои 522-521 т.м. 19 маротиба ҷангида, шоҳони 9 мамлакатро асир гирифтааст, инъикос менамояд. Ҳамаи ин мамлакатҳо ба Дорои 1 хироҷ медоданд. Дар тасвири Дорои 1 рамзе низ дида мешавад: ҳамаи ин 30 мамлакат, ки намояндагонашон тасвир ёфтаанд, Дороро на танҳо дар расм, балки дар ҳаёти воқеи низ болои тахт нигоҳ медоштанд. Дар зери ҳар як тасвир катибаҳои хурди 2 – сатри ба се забон (форси қадим, элами, аккадӣ) омадааст, ки мутаасифона танҳо хондани 8 ном ба мутахассисон муясар шуд.
Дар қисми болои релефи пешгоҳи мақбараи салибшакл сурати Аҳурамаздо, дар зери он расми Дорои 1 ва се надими дарбори ў тасвир ёфтаанд. Дар катибаи қисми поении релеф 24 сатрапи давлати Дорои 1 ва рўйхати пурраи халқиятҳои он оварда шудааст.
Дар релефи қаноти чапи поёнии қабри Дорои 1 ғалабаи шоҳи Сосонӣ Шопури 1 бар империяи Рим Валериан (с.260) ва дар назди Шопур зону зада таслим шудани ў тасвир ёфтааст. Дар катибаи зери релеф ҳуҷуми форсҳо ба Закавказе (262) сабт шудааст. Дар рў ба рўи мақбара Каъбаи Зардушт воқест, ки бомашро бо тахтасангҳои мустаҳкам пўшонида, дар деворҳояш сурохҳои рўшноидаро гузоштаанд. Дар деворҳои он рўйхати мамлакатҳои ба ҳайати давлати Сосониён дохилшуда бо хати паҳлави, порти, юнони сабт ёфтаанд. Деворҳои дохили оташкада бо тахтасангҳои сиёҳ рўкаш шудаанд. Релеф ва катибаҳои Нақши Рустам манбаи муҳими омўзиши таърих, этнография, маданияти халқҳои аз тарафи давлати Ҳахоманишиён ва Сосониён забт гардида мебошанд.
Катибаи Нақши Рустамро музеи махсуси этнологӣ меноманд. Ин катиба аввалин маротиба аз тарафи Вестергард ва Лассен ба табъ расонида шудааст (1840-1844). Дар катибаи дуйюми аз Нақши Рустам ёфтшуда дар бораи усули давлатдории Дорои 1 ва сифатҳои вай (асптозӣ, камонвар, найзабардори моҳир буданаш) нақл карда мешавад.
Катибаи Суэтс – ин катиба дар рўи тахтасанге навишта шуда, 33 км. дуртар аз шаҳри Суэтс ёфт шудааст. Ба монанди катибаҳои дигар Дорои 1 дар ин катиба суханро аз ситоиши Аҳура Маздо Сар карда, пас аз он ному насаби худро сабт менамояд. Дар қисмати асосии катиба Дорои 1 аз номи худ меорад, ки ман Мисрро забт намуда, фармудам ин ҷўйро бикананд ва киштиҳо ба воситаи ин ҷўй ба Форс мерафтагӣ шуданд. Дар тарафи дигар тахтасанги хоро матни нисбатан калонтар бо ҳуруфи иероглифии мисрӣ кандакори шудааст. Аҳамияти таърихи ва забонии катибаи Суэтс хеле калон аст.
Катибаи Беҳсутун – ёдгории хаттии асри 6 т.м., 20 км. дуртар аз шаҳри Кирмоншоҳ (Эрон) дар роҳи корвонгузаре, ки ба сўи Бағдод меравад, воқеъ гаштааст ва дар баландии 105 м. аз сатҳи замин дар кўҳи Беҳсутун бо хати мехӣ канда шудааст. Баландии лавҳа 7-8 метр буда, бараш 22 метр. Дар маркази он дар панҷ сутун, ки ҳар кадомаш 2 метр бар ва 4 метр дарозӣ дорад, аз корнамоиҳои шоҳи Ҳахоманишиён Дорои 1 сухан рафтааст. Катибаи Беҳсутун бо се забон форси қадим, бобулӣ ва эламӣ навишта, бо фармони шоҳ Дорои 1 дар дили кўҳ канда шудааст.
Катибаи Беҳсутун аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро он аввалин сарчашмаест, ки дар бораи забони қадимаи форсӣ, эламӣ маълумот медиҳад. Катибаи Беҳсутун оид ба гузаштагони тоҷикон – бохтариҳо, хоразмиён, марвиҳо ва дигарон иттилоъ медиҳад. Катибаи Беҳсутун манбаи хаттии гаронбаҳо ва асари таърихии нодирест. Аз рўи катибаи Беҳсутун оид ба симои бохтариҳо, марвиҳо, суғдиҳо, сакоиҳо, сару либоси онҳо маълумоти пурарзиш пайдо кардан мумкин аст. Соли 1838 офисери англис Генри Фредрик Роулинсон катибаи Беҳсутунро нусхабардорӣ ва соли 1848 нусхаеро бо тавзеҳ дастраси олимони Аврупо кард. Тавзеҳи ў аввалин таълифоте буд, ки оламиёнро аз мавҷудияти катибаи Беҳсутун огоҳ намуд. Олимони шуравӣ А.Фреёман, В.Струве, В.Абаев, М.Дандамаев катибаи Бесутунро тарҷимаву тафсир намуда, дар тадқиқоти худ аз он истифода кардаанд. Порчае аз нусхаи катибаи Беҳсутун, ки дар он Доро дар хусуси фурў нишонданиҳои истиқлолиятхоҳонаи як қатор вилоятҳо ба таври муфассал сухан мекунад: «Доро гўяд: кишвари Марғиён ба ошўб омад, якеро бо номи Фрадаи Марғиёни сардор хонданд. Аҳура – Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати ў қўшуни ман лашкари ошўбгаронро торумор намуд. Кишвар мутеи ман гардид».
Яке аз ёдгориҳои қадимаи хаттии Ҳахоманишиён навиштаҷотҳое ки ба шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ Ариярамна, Аршама, Куруш, Ҳашиёршоҳ – писари Дорои 1 ва дигарон мансубанд, мебошад. Катибаҳои Ариярамна ва Аршама кадимтарин навиштаҷотҳои эрониёни аст, ки дар Ҳамадон ёфт шудаанд, онҳо дар боло тахтачаҳои тиллоӣ сабт шудаанд. Катибаи Ариярамна аз 10 сатр иборат буда, дар бораи дар Форс шоҳаншоҳ шуданаш аз вазъияти он даври мамлакат маълумот медиҳад. Як пораи ин катиба нобуд шудааст. Ин катиба соли 1830 аз тарафи олим Херсфелд нашр шудааст. Катибаи Аршама аз 14 сатр иборат буда, бо забони форси қадима навишта шудааст. Аршама баъди Ариярамна ба тахт нишастани худро баён карда, оид ба вазъияти кишвар ва ҳукуматдориаш маълумот овардааст. Аз ҳукумронии дигари Ҳахоманиши – Куруши Кабир се катиба боқи мондааст, ки дар Истахр дарёфт гардидаанд. Катибаҳои Куруши Кабир аз 1 то 4 сатр буда, бо се забон форси қадим, эламӣ ва аккадӣ навишта шудаанд. Дар катибаҳо танҳо насаби подшоҳи бузург ба тариқи «Ман Куруш, шоҳ, Ҳахоманиш», «Куруш, шоҳи бузург Ҳахоманиш» сабт ёфтааст.
Яке аз катибаҳое, ки дар рўи сафол навишта шудааст, катибаи сохтмони қасри Дорои1 дар Шуш мебошад. Матни форси қадими ин навиштаҷот нисбатан хуб мондааст. Ҷойҳои харобшудаи онро аз рўи нусхаи дигараш ва инчунин аз рўи матнҳои элами ва бобули барқарор намудан мумкин аст. Дар ин катибаи рўи сафол оид ба сохтмони қасре, ки Дорои 1 барои худ бино кардааст, (оғози кори сохтмон соли 520 т.м.) ба таври пурра маълумот дода мешавад. Барои сохтмони аз мамлакатҳои тобеи давлати Доро аз Лубнон чўби қамматбаҳо, аз Бохтар тилло, лоҷувард аз Суғд, фирўза аз Хоразм, нуқра ва биринҷӣ аз Миср, устухони фил аз Эфиопия (Ҳабашистон) ва Ҳиндустон оварда шуданд. Ҳунармандони юнонӣ, модӣ, заргарону рассомони мисрӣ, хиштрезони бобулӣ ва намояндагони халқҳои зиёде номбар карда шудаанд, ки дар сохтмони қаср иштирок доштанд. Катибаи мазкур дар муайян намудани ҳудуҳои давлати Ҳахоманишиён, муносибатҳои байналхалқии онҳо, нигоҳдории номи предмету ашёҳои гуногуни маданӣ ва моддӣ, исми касбу корҳои гуногун ба таври пурра тасвир кардани техникаи бинокорӣ (мустаҳкам намудани таҳкурси, тарзи хишт рехтан) аҳамияти зиёди таърихӣ, забоншиносӣ ва меъморӣ дорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.