Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Манбаъҳои доир ба омўзиши таърихи давлати Порт.

Мамлакати Портҳо (Парфия ё Паҳлава) дар тарафи шарқии Баҳри Каспий – дар хоки Туркманистони имрўза воқеъ гардида буд, ки ҳавзаи Теҷандро дар бар мегирифт. Давлати Портҳоро дар сарчашмаҳои шарқӣ бо номи сарсулолаи подшоҳони ин силсила – Аршак низ давлати Ашкониён меноманд ва ин ном дар китобҳои таърихӣ бештар истифода бурда мешавад.Манбаъҳои доир ба омўзиши таърихи давлати Порт.
Нақша:
1.Архиви Нисо – манбаи муҳими хаттӣ доир ба таърихи давлати Порт.
2.Дастоварҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар заминаи Архиви Нисо.
3.Аҳамияти таърихии ҳуҷҷатҳои Архиви Нисо дар илми манбаъшиносии таърихӣ.
Мамлакати Портҳо (Парфия ё Паҳлава) дар тарафи шарқии Баҳри Каспий – дар хоки Туркманистони имрўза воқеъ гардида буд, ки ҳавзаи Теҷандро дар бар мегирифт. Давлати Портҳоро дар сарчашмаҳои шарқӣ бо номи сарсулолаи подшоҳони ин силсила – Аршак низ давлати Ашкониён меноманд ва ин ном дар китобҳои таърихӣ бештар истифода бурда мешавад. Дар яке аз калонтарин марказҳои давлати Порт Нисо (қарибии Ашхобод) архиви калони ҳуҷҷатҳои хаттӣ ёфт шуд. Он аҳамияти махсус дорад. Худи ҳуҷҷатҳо бо хати оромӣ навишта шудаанд. Бояд хотиррасон кард, ки хати оросмӣ ҳанўз дар давраи Ҳахоманишиён кор фармуда мешуд. Бо гуфти Страбон сатрапии Порт дар миёнаҳои асри 3 т.м. аз давлати Селевкиён ҷудо мешавад. Таърихи давлати Порт, ки ҳамаги 500 сол тўл дорад, дар нимаи дуйюми мавҷудияти худ асосан дар хоки Эрон ва Байнаннаҳрайн ҷараён гирифта, аз доираи таърихи аҷдоди халқҳои Осиёи Миёна қисман берун мемонад.
Нисо – шаҳри қадим ва асримиёнагӣ (димнаи он ҳоло дар масофаи 18 км шимолу ғарбии шаҳри Ашхобод воқеъ аст). Дар асри 3 т.м. – асри 3 м. Нисо аз шаҳристон (димнаи Нисои нав, тақрибан 18 гк) ва қароргоҳи мустаҳками шоҳи Порт (димнаи Нисои куҳан, номи қадимиаш Меҳрдодкарт, тақрибан 14 гк) иборат буд.
Солҳои 1946-1960 олими Шўравӣ М.Е.Массон мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронд. Дар натиҷа материалҳои нодири роҷеъ ба таъриху маданияти шоҳии Порт бадаст омаданд. Дар Нисои Нав ва Куҳан боқимондаи девори қалъа, маъбадҳо, қаср, биноҳои хоҷагӣ ва истиқомати кушода шуданд. Аз онҳо хазинаи шоҳ, ҳайкалҳои мармарин, асбобҳои зебу зиннат, пластинкаҳои хурдяроқу аслиҳа, асбоби рўзғор ёфт шудаанд. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки асрҳои 3-1 т.м. ба маданияти Порт таъсири маданияти эллини зиёд буд. Дар натиҷаи ҳафриёт инчунин зиёда аз 2 ҳазор ҳуҷҷати хоҷагидории дар рўи сафолпораҳо навишташудаи (хусусан оиди майкашӣ) мутаалиқ ба асри 1 т.м. ба даст омаданд, ки онҳо бо алифбои ороми ба забони порти навишта шудаанд. Баъди пароканда шудани шоҳии Порт (асри 3 м.) Нисо таназзул ёфт. Танҳо дар нимаи 2-ми асри 5 дубора барқарор гардид. Дар асрҳои 11-12 ҳамчун маркази Хуросон аз нав аҳамияти иқтисоди ва сиёсӣ пайдо кард. Аз асри 16 Нисо мунтазам хароб гашт ва дар солҳои 20-ми асри 19 танҳо димнаи он боқи монд.
Ба туфайли тадқиқ ва кушоди рамзи архиви Нисои Кўхна олимон И.М.Дяконов ва В.А.Лившис барои муайян намудани тартиби маъмурияти маҳаллие, ки дар Порти шимолу шарқи амал мекард, материали пурқиммат ба даст оварданд. Дар давлати Порт мувофиқи ҳуҷҷатҳо ҳокимияти подшоҳро ду шўро – шўрои ашроф ва коҳинон ба андозае маҳдуд мекарданд. Подшоҳро аз байни хонадони ҳукумрони ҳамин ду шўро интихоб карда, васияти подшоҳи маҳрумро ҳам ба инобат мегирифтанд. Ба ҳайати Порт дигар маҳалҳо идораҳои сершабакаи маъмурӣ вуҷуд доштаанд. Вазифаи амалдорони маҳалли, пеш аз ҳама, ҳамин буд, ки аз мардум ҳар чи бештар андоз ситонад ва ўро мутеъ нигоҳ дорад.
Ҳуҷҷатҳои архиви Нисо далолат мекунанд, ки дар заминҳои ҳосилхези ҷануби Тоҷикистон «мулкҳое» вуҷуд доштанд, ки аз «токзор» иборат буданд. Моликияти замин чанд намуд дошт ва вобаста ба ҳар як намуди моликияти замин барои подшоҳ андоз мегирифтанд. Дар марказ, дар қалъаи Меҳрдлдкирд (алҳол димнаи Нисои Кўхна) анборҳои бузурги шаробнигоҳдории шоҳ воқеъ буд. Ба ин ҷо шароб оварда, ба хумҳои калон мерехтанд ва ба ҳуҷҷати дахл менавиштанд. Барои навиштани ҳуҷҷат Тани хумҳо истифода мешуд. Дар як пораи он гапҳои лозимаро навишта мемонданд. Дар ин ҳуҷҷатҳо миқдори шароб, номи токзору номи мулк, ному унвони шаробкаш,санаи овардани шароб, навъи шароб нишон дода мешуд Ғайр аз ин ҳисоботи умуми, рўйхатҳо ва барои шаробгири талабномаҳо ёфт шудаанд.
То ба қариби фақат шаҳрҳои Порти Ғарби, санъати шаҳрсозӣ ва маданияти он омўхта шуда буд. Аз ҳуҷҷатҳои ба даст омада маълум мешавад, ки шаҳрҳо,ба ҳар ҳол шаҳрҳои калон органҳои худидоракуни доштанд, ба шаҳр як ноҳияи ҷагии қишлоқ вобаста буд ва баъзе шаҳрҳо аз номи худ ҳатто сикка мезаданд.
Ба шарофати ҳафриёти археологҳо бори нахуст шаҳру деҳаҳои Порти Шимолу Шарқӣ ҳам маълум шуданд. Димнаи Нисои Кўҳна куруки подшоҳ будааст, Нисои Нав бошад, боқимондаи шаҳри Порт аст. Қалъаи Нисои Кўҳна қасрҳои подшоҳ (аз ҷумла, иморатҳои хоҷагӣ) ибодатгоҳҳо, бинои сарбозон ва манзили ашрофонро дар бар мегирад. Дар Нисои Кўҳна ё Меҳрдодкирд анбори калони шароб, ки зиёда аз ним миллион литр шароб мебурд ва хазинаи подшлҳ ёфт шуд. Инчунин ҳайкалҳои гилӣ, биринҷӣ, мармарӣ ва нуқра ёфт шудаанд. Дар байни бозёфтҳои Нисои Кўҳна ҳуҷҷатҳои сершумори Порт мақоми махсус дорад, ки онҳо асосан санадҳои андозу хироҷ Буда, дар остраконҳо яъне порчаҳои сафолӣ сабт шудаанд.
Архиви Нисо имкон дод, ки на фақат тартиботи маъмурӣ ва андозгирӣ, балки инчунин маданияти маънавии шимолу шарқи Порт амиқтар дарк карда шавад. Дар давлати Порт динҳои ниҳоят гуногун вуҷуд доштаанд. Ғайр аз динҳои маҳалли парастиши худои Офтоб Митра ва асосгузори сулолаи Аршак, дар ин ҷо мазҳабҳои юнонӣ зардуштия, яҳудия,баъдтар насрония мавҷуд буданд. Дини зардуштия мақоми асосӣ дошт.
Ба муносибати ҳуҷҷатҳои Нисо масъалаи тақвими Порт пеш омад. Оғози тақвим солест, ки ба соли 247 т.м. рост меояд. Дар ҳуҷҷатҳои Нисо санаҳои мувофиқи тақвими зардушти дарҷ гардидаанд. Сол аз 365 рўз, 12 моҳ (ҳар яке 30 рўзи) иборат Буда, ба он боз панҷ рўз илова мешуд. Номи рўзу моҳҳои ин тақвим талаффузи порти номи худоёни зардушти мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.