Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Манбаҳои арабӣ оиди таърихи халқҳои Осиёи Миёна.

Илми таърихшиносии араб ҳамчун илми мустақил дар асрҳои 8-9 ба вуҷуд омадааст. Аввалин навиштаҷотҳои таърихии араби ба охири асри 7 таалуқ дорад, ки дар асоси нақлу ривоятҳои нимафсонавӣ дар бораи ҷангҳои байниқабилавӣ, ки бо номи «Айём-ул-араб» машҳуранд, маълумотҳои таърихии генеологи (насабшиносӣ) оид ба давлатҳои тоисломии араб-киндиҳо дар ҷануби Арабистон, гассониҳо дар Сурия,Манбаҳои арабӣ оиди таърихи халқҳои Осиёи Миёна.
1.Пайдоиш ва инкишофи илми таърихшиносии араб.
2. Асарҳои муаррихони арабизабон оиди масъалаи ба
ҳайати хилофати Араб дохил шудани Осиёи Миёна-
ҳамчун манбаи таърихи.

Илми таърихшиносии араб ҳамчун илми мустақил дар асрҳои 8-9 ба вуҷуд омадааст. Аввалин навиштаҷотҳои таърихии араби ба охири асри 7 таалуқ дорад, ки дар асоси нақлу ривоятҳои нимафсонавӣ дар бораи ҷангҳои байниқабилавӣ, ки бо номи «Айём-ул-араб» машҳуранд, маълумотҳои таърихии генеологи (насабшиносӣ) оид ба давлатҳои тоисломии араб-киндиҳо дар ҷануби Арабистон, гассониҳо дар Сурия, лахмиҳо дар Ироқ навишта шуда буданд. Инчунин ҳадисҳои динӣ ва таърихи оид ба ҳаёти Муҳаммад, пайдоиш ва паҳнкунии ислом ба зуҳур ёфтани таърихнависи низ бетаъсир набуданд. Мувофиқи шакли қабулшудаи таърихнависи дар таърихшиносии араб муаррих аввал суханро аз халқ кардани оламу одам сар карда, давраи ҳар якпаёмбарро шарҳ дода, пас ба тасвири ҳодисаҳои замони худ мепардозад. Дар пайдоиши илми таърихшиносии араб илми донишҳои астрономӣ ва тарҷумаи асарҳои таърихию эпики форсҳои давраи Сосониён (аз қабили «Худойнома», «Шоҳнома», «Аҳди Ардашер») ва ривоятҳои динии яҳудӣ ва масеҳӣ низ роли калон бозидаанд. Илми таърихшиносии арабии асримиёнагӣ рафти таърихи умумиҷаҳониро аз нуқтаи назари теология шарҳ дода, дар он амали гардонидани иродаи илоҳиро нисбат ба инсон мебинад. Дар Айни ҳол, он масъуоияти инсонро нисбат ба рафтори худ эътироф карда, чунин мешуморад, ки вазифаи муаррих таълим додани таҷрибаи таърих аст. Пешгузаштагони муаррихони касбии араб ровиён ва насабшиносоне буданд, ки онҳо насаби қабилаи худро ба ахбори гузаштаи онро ба хубми медонистанд. Азбаски он ахбору ривоятҳо танҳо аз даҳон ба даҳон мегузаштанд ва дар ҷое сабт нагардида буданд, дар онҳо саҳву хатои бисёре ҷой дошт. Ин ривоятҳои таърихӣ ва маълумотҳои генеологиро Муҳаммади Калбӣ (вафот763) ва пмсараш Хишон (вафот 819) ҷамъ карда, ба як система дароварданд.
Аввалин ривоятҳои таърихие, ки ба воқеияти реалӣ наздик буданд, дар Мадина пайдо шуда, лаҳзаеро аз ҳаёти Муҳаммадро дар бар мегирифтанд. Пайдоиши нахустин асари таърихӣ ба қалами Муҳаммад ибни Исҳоқ (704-767) таалуқ дошта, ба ҳаёти Муҳаммад ва дигар пайғамбарон бахшида шудааст. Дар асри 8 ва миёнаи асри 9 маркази таърихшиносии араб аз Мадина ба Ироқ кўчид. Пайдоиши асарҳои таърихӣ, ки дар онҳо маълумотҳои таърихи аз рўи мавзўъ интихоб карда шуда, ҳодисаҳо дар робитаи мутақобил ва дар алоқамандии мантиқи оварда мешуданд, асарҳои Балозўрӣ (812-892), Диноварӣ (вафот 895) ва Яқубӣ (вафот 897) ба нимаи дуюми асри 9 таалуқ доранд. Аз муаррихони мазкур Яъқуби ба жанри нави таърихшиносии араб таърихи умумӣ асос гузошт, ки он пайравони зиёде пайдо карда, дар асри 9-11 ба яке аз жанрҳои асосии таърихшиносии араб табдил ёфт. Ин гунна асарҳо дар шакли ахбор тартиб дода шуда, муаллифон суханро аз таърихи умумии олам Сар карда, баъд офариниши дунё таърихи давраи пайдоиши ҷамоаи ислом, ҳуҷуми арабҳо ба давлатҳои ҳамсоя ва ғайраро Зина ба Зина тасвир менамуданд. Асарҳои калонҳаҷми муаррихон Табарӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Ибни Асир, Ибни Халдун дар жанри мазкур навишта шуда, дорои шўҳрати ҷаҳонианд.
Дигар манбаи муҳими асри 9-10 асари Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири ибни Язиди Табари «Таърих – ур – русул вал мулук» («Таърихи паёмбарон ва шоҳон») мебошад. Муҳаммад Табарӣ соли 839 дар шаҳри Омули Табаристон таваллуд шудааст. Вай баъди таҳсил ба шаҳрҳои Рай, Бағдод, Басра, Куфа, Сурия ва Миср мусофират намуда, пас то охири умр дар Бағдод зиста, оид ба илми таърих ва илоҳиёт асарҳои барҷастае офаридааст. «Таърихи Табарӣ» аз 13ҷилд иборатбуда, воқеаҳои таърихии арабу аҷам ва дигар халқҳои ҳамсояро то соли 915 дар бар мегирад. Ҷилди якум аз муқаддима ва тавсифи қадими Шарқи Наздик иборат аст. Ҷилди дуюм ба таърихи давлати Сосониён, ҷилди сеюм ва чорум ба замони ҳукмронии Муҳаммад ва чор халифаи ў – Абўбакр, Умар, Усмон ва Ҳайдар бахшида шудааст. Ҷилдҳои 6-9 ба таърихи Хилофати Уммавиён, 10-13 ба хилофати Аббосиён оиданд. Забони асар забони асри 10, қадамҳоинахустини нигориши форси нав, сабку услуби насри даврони Рўдакист, ки барои асрҳои минбаъда чун намунаи беҳтарини насри ривояти ва таърихӣ хизмат кардааст. «Таърихи Табарӣ» аз тарафи Абулфазли Балъами ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Забони китоб ба дараҷае сода Буда, ба хонандагони имрўзаи мо фаҳмо аст. Тарҷумаи «Таърихи Табари»-и Балъами баъд аз «Шоҳнома»-и Абўмансур Муҳаммад бинни Абдулло ал-Муаммари қадимтарин намунаи насри тоҷики то замони мо махфузмонда мебошад. Тавассути «Таърихи Табарӣ» барин асарҳо ҳиссиёти худшиносӣ, ватанпарастӣ, дўстии мардум бедор карда шуда, лн дар руҳияи истиқлолиятталаби, ягонагӣ, ҷоннисорӣ, дар роҳи ҳифзи ватан, садоқат ба халқи худ ва оштинопазир будан нисбат ба душманони он тарбия карда мешуданд.
Табирӣ ҳамчун муаррихи барҷастаи форсу тоҷик дар таърихи фарҳанги мо мақоми калон дорад. Асарҳои вай борҳо дар мамолики машриқзамин Чоп шуд, ки он аз бузургдошти асари таърихии Табарӣ шаҳодат медиҳад.
Яке аз манбаҳои муҳими давраи мазкур асари «Осор – ул – боқия»-и Абурайҳони Берунӣ мебошад. Ин асари калонҳаҷми олим соли 1000 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Осор – ул – боқия» ба амири Гургон Шамсулмаолӣ Қобус бо унвони «Ал-осор-ул-боқия ва анна-л-курун-ил ҳолия» таълиф ёфта, бо номи «Осор-ул-боқия» маълум аст.
Мундариҷаи ин китобро масъалаҳои баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеоти оддӣ ва ғайриоддии табии, сабабу тарзҳои пайдоишиоину кешҳо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани тақвими ҳиндувон, руму яҳудиён, тоҷику форсу араб ташкил додаанд. Дар китоб оид ба Собеиён, Харрониён, Килдониён, Пешдодиён, Сосониён, дар бораи Искандари Мақдунӣ, Монӣ, Зардушт, Муқаннаъ маълумоти пурқиммате оварда шудааст. Муаллиф аз сарчашмаҳо, асарҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, ҳуҷҷатҳои ёддоштӣ, нақлу ривоятҳои фолклори васеъ истифода бурдааст. «Осор-ул-боқия» моҳияти тарҷумаҳоли низ дорад. Ин асар барои омўхтани андешаҳои гузаштагон ва муайян кардани ҳиссаи ба такомули афкори илмӣ фалсафаи баҳри инсоният гузаштаи эрониён, ҳиндуҳо, яҳудиён, арабу румиён яке аз манбаҳои гаронбаҳост. Солҳои 1876-1878 шарқшиноси олмон Эдуард Захау бори аввал дар Лейпсиг «Ослр-ул-боқия»-ро ба табъ расонид. Соли 1879 ин китоб ба забони англисӣ тарҷума гардид. Соли 1957 «Осор-ул-боқия»-ро М.Сале ба забони русӣ ва А.Расулов ба забони ўзбекӣ тарҷума кард. Дар замони имрўза «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ манбаи муҳим оид ба омўзиши таърихи гузаштаи халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Дар қисми авали ҳиҷрати Муҳаммад аз Мака ба Мадина ва забткориҳое, ки ба онҳо худи Муҳаммад дар нимҷазираи Арабистон ибтидо гузошта буд, тасвир ёфтаанд. Қисми дуюми китоб таърихи истилои Ироқ ва ҳаракати истилогаронаи арабро ба сўи Шарқ ва Шимолу Шарқ (истилои Эрон, Озорбойҷон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва қисми Ҳинду Синд) дар бар мегирад. Қариб чоряки ин асар (22 боб) ба воқеаҳои гуногуни таърихи маданӣ («Дар бораи қоғаз», «Дар бораи сохтани шаҳри Куфа», «Сикка задании тангаҳо») оид аст. «Китоб футуҳ –ал-булдон» барои таҳқиқи таърихи Осиёи Миёна ва Хилофати Араб сарчашмаи муҳим аст, бо забонҳои форсӣ, англисӣ, русӣ, олмонӣ чоп шудааст. Ин асар то имрўз дар шакли пурра дастрас нашудааст, танҳо таҳрири мухтасари он вуҷуд дорад.
Ал-Ёқуби – яке аз ҷуғрофидон ва таърихшиносони араб, ки номи пурраи ў Абулаббос Аҳмад ибн-Яъқуб Ҷаъфар ибн Ваҳб Буда, дар оилаи мансабдор ба воя расидааст. Ал-Ёқубӣ, ки дар асри 9 дар Бағдод таваллуд шуда бошад ҳам, қисмати зиёди умрашро дар Хуросон, Фаластин, Миср гузаронидааст, зеро падараш ва бобояш сиёсатмадор буданду мансабҳои гуногунро иҷро менамуданд. Асарҳои машҳури ў «Китоб-ул-булдон» ва «Таърих» мебошад, ки то имрўз омада расидааст. «Китоб-ул-булдон», ки тахминан соли 891 навишта шудааст, аз 4 қисм иборат аст:
1) дар бораи подшоҳони Эрон, Мовароуннаҳр, Афғонистон, Хуросон ва Сиистон нақл мекунад.
2) дар бораи ҳукмдорони Байнаннаҳрайни ғарбӣ ва нимҷазираи Арабистони ҷанубу ғарби маълумот медиҳад
3) дар бораи ҳукмдорони Байнаннаҳрайни ҷанубу шарқи, Арабистони шарқӣ ва Ҳиндустону Хитой гуфта шудааст.
4) оиди ҳукумронии Византия, Сурия, Миср, Африкаи Шимолӣ сухан меравад.
Дар ин асар дар бораи ҳамаи он мамлакатҳое, ки ба дасти арабҳо фаромада буданд, шаҳру қалъаҳо, ҳаёти иқтисодӣ-сиёсӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ низ маълумот дастрас кардан мумкин аст. Ал-Ёқуби дар дигар асари таърихиаш «Таърих» дар бораи таърихи мамлакатҳои Шарқ аз давраи қадим то пайдо шудани ислом гуфта гузаштааст.ин асараш бо номи «Таърихи Яъқубӣ» низ маълум аст. Ҳамчун манбаи муҳими таърихӣ ин китоб дар бораи паходҳои арабҳо ба давлатҳои Шарқ, оиди муборизаи халқҳои истилошуда бу муқобили қоиммақоми арабҳо дар мисоли муборизаи мардуми Самарқанд тироамоҳи соли 712 ва рухи озодихоҳии онҳо мисолҳо ва шарҳу далелҳо овардааст.
Яке аз маъхазҳои нисбатан куҳан, вале танҳо ба наздики ба доираи илм воридгашта асари сеҷилдаи «Китоб-ал-футуҳ» («Китоби истилоҳо»)-и муаррихи араб Аҳмад ибни Аъсами Куфӣ (вафоташ соли 926) мебошад. Дар ин асар юришҳои ҳарбии давраи ҳукумронии халифа Усмон, хусусан лашкаркашиҳои онҳо ба Пасикавказ (645-646) зери фармондеҳи хилофат Салмон ибни Рабиаи Бохилӣ, дар бораи муқобилати қаҳрамононаи бисёр халқҳо баҳри истиқлолияти сарзамини худ, дар мисоли Бобаки шуҷоъ, ки роҳбари шўриши калони халқии зидди Хилофат дар Озорбоёҷон ва ғарбии Эрон буд, маълумотҳо овардааст. Аъсами Куфӣ инчунин оиди зулми арабҳо дар Фарғона, Ҳафтруд, Сирдарёи Миёна низ маълумотҳо додаст.
Ибни Қутайба – номи пуррааш Абўмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслими Диноварӣ, ки асари худ «У он-ул-ахбор»-ро ба забони арабӣ навишта, аз муқаддима ва 10 боб иборат аст ва масъалаҳои таърихи иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, этнографиро дар бар гирифтааст, оид ба масъалаҳои давлатдорӣ, ҷангҳо, дўстӣ, соҳаҳои гуногуни илм, хислатҳои инсонӣ таваққуф кардааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.