Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Манбаъҳо доир ба Осиёи Миёна дар асрҳои 1Х – ХШ

Бисёр олимони замони ташаккули халқи тоҷик, барпо шудан ва инкишоф ёфтани нахустин давлати асримиёнагии тоҷиконро, ки сарвараш сулолаи Сомониён буд, дар таърихи халқамон яке аз давраҳои мутараққӣ ва пурсамар меҳисобиданд. Аз Оли Сосон то Оли Сомон дар таърихи тоҷикон даврае буд, ки ду кишварҳои зархези аҷдодиамон Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳаматарафа инкишоф ёфта, махсусан дар давраи Сомониён илму маърифат ба авҷи баланд расид.Манбаъҳо доир ба Осиёи Миёна дар асрҳои 1Х – ХШ
Нақша:
1.Ба вуҷуд омадани манбаъҳои таърихӣ дар асрҳои 1Х-Х.
2.Таълифи асарҳои таърихӣ дар асрҳои Х1-ХШ ва аҳамияти онҳо дар илми манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик.
Бисёр олимони замони ташаккули халқи тоҷик, барпо шудан ва инкишоф ёфтани нахустин давлати асримиёнагии тоҷиконро, ки сарвараш сулолаи Сомониён буд, дар таърихи халқамон яке аз давраҳои мутараққӣ ва пурсамар меҳисобиданд. Аз Оли Сосон то Оли Сомон дар таърихи тоҷикон даврае буд, ки ду кишварҳои зархези аҷдодиамон Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳаматарафа инкишоф ёфта, махсусан дар давраи Сомониён илму маърифат ба авҷи баланд расид. Шаҳрҳои азалии тоҷикон – Бухоро ва Самарқанд ба маркази ҳақиқии тамаддуни тоҷикон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин давра, яъне асрҳои 1Х-Х баробари инкишофи илмҳои гуногуни замон, инчунин илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ пеш рафт. Дар давраи мазкур миқдори асарҳо оид ба таърих ба вуаданд, ки ҳамчун манбаи муҳими таърихӣ хизмат мекунанд.
Яке аз муаррихони ин давра Наршахи, ки номи пурраи ў Абўбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Закариёи Хаттоб ибни Шарик мебошад. Шарҳи ҳоли муаррих дар ягон сарчашма дида намешавад. Асари маълум, машҳур ва калони ў «Таърихи Бухоро» буда, бо номҳои «Ахбори Бухоро», «Таҳқиқи вилояти Бухоро», низ машҳур шудааст. Тасвири батафсили ҳодисаҳои давраи Сомониён ва воқеаҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки асар бо супориши махсуси Нўҳ ибни Насри Сомонӣ (942-954) таълиф ёфтааст. Китоби «Таърихи Бухоро» аз тарафи Наршахӣ бо забони рабӣ таълиф шудааст. Онро соли 1128 Абўнаср Аҳмади Қубави ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз нусхаи то замони мо расидаро Муҳаммад ибни Зуфар (охири асри ХП) бори дуюми таҳриру ихтисор намудааст.
Ин асар бобу фаслҳо надошта, аз ибтидо то интиҳо бесарлавҳа навишта шудааст. Дар он асосан дар бораи Бухоро ва заминҳое, ки ба ҳайати он дохил мешуданд, аҳволи шаҳр, бозорҳо, амалдорони ҳамон давр, биноҳои мухталиф, аз ҷумла сохтмони арк, баёни Ҷўи Мўлён, андозу хироҷҳо, танга ва дирҳами Бухоро, ҳукмронии Қутайба ибни Муслим, фатҳи Бухоро аз тарафи арабҳо, тақсими Мовароуннаҳр ва ҷори шудани дини ислом, дар бораи сулолаи Сомониён маълумот дода шудааст. Маҳз бо воситаи ҳамин асар бори аввал дар бораи дар аҳди Насри 2 барои аппарати марказии давлатӣ – даргоҳ (дарбори амирӣ) ва девонҳо (идораҳои ҳарбӣ-гражданӣ) дар атрофии майдони Регистон сохта шудани даҳ бинои калон маълумот гирифта мешавад. Номи девонҳоро низ Наршахи овардааст, ки то ин вақт дар дигар маъхазҳо зикр нашуда буд. Инҳо девони вазир ё хоҷаи бузург, девони муставфӣ (оиди хазинадорӣ, девони амидулмулк (оиди муносибатҳои дипломатӣ), девони соҳибушрот (оид ба таъмини сипоҳиёни дарбор), девони соҳиббарид (оиди алоқа), девони мўҳтасиб (оиди нарху навои бозор), девони мушриф (назораткунанда), девони қозӣ (оид ба тартибот), девони аз-зиё ё девони малакаи хос (оид ба мулкҳои давлатӣ) ва девони вақф (оид ба корҳои мадраса, масҷид ва қабристонҳо) ба ҳисоб мерафтанд. Наршахи оиди коргоҳи калони бофандагӣ «Байтуттироз», шаҳрсозӣ, таркиби топографӣ, меъморӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, табақавӣ ва синфии шаҳрҳо, оиди шўришҳои зиддиарабӣ бо роҳбарии Муқаннаъ, Рофеъ ибни Лайс маълумотҳои пурарзиш додаст. Умуман, китоби Наршахи яке аз беҳтарин сарчашмаҳо доир ба давраи Сомониён, вилояти Бухоро мебошад.
Чӣ тавре, ки маълум аст, давлати феодалӣ-теократии (теократӣ-чунин идоракунии давлат, ки дар он ҳокимият дар дасти рўҳониён аст) Араб дар аввалҳои асри VII дар натиҷаи просесси аз ҳам пошида шудани муносибатҳои қабилавӣ ва дар зери байрақи оини нав-ислом муттаҳид шудани тоифаҳои араб, ки бо тамоми шиддат дар нимҷазираи Араб давом менамуд, ба вуҷуд омада буд. Ин давлат аз тарафи халифаҳо-яъне ҷонишинони асосгузори дини ислом-Муҳаммад бинни Абдулло идора карда мешуд.муттаҳид шудани тоифаҳои араб ва ташкил гардидани давлати исломӣ, пас дар вақти ҳукумронии халифаи дуюм – Умар бинни Хаттоб (634-644) аз тарафи феодалони араб барои ҷангҳои истилокори ва запт намудани мамлакатҳои ҳамсоя бештар ба кор бурда шуд.
Оиди истилои арабҳо ва ба ҳайати хилофати араб дохил шудани Осиёи Миёна дар асарҳои муаррихони арабизабон тасвир шудааст. Яке аз беҳтарин сарчашмае, ки дар бораи истилои арабҳо дар Осиёи Миёна маълумоти муфассал медиҳад «Таърихи Бухоро»-и Абўбакри Наршахӣ (вафот соли 959) мебошад. Муаллиф дар асари худ масъалаҳои фатҳи Бухоро аз тарафи арабҳо, Хукумронии Қутайба ибни Муслим, ҷори шудани дини ислом, оиди шўришҳои зиддиарабии «сафедҷомагон» бо роҳбарии Муқаннаъ, Рофеъ ибни Лайс дар солҳои 806-810, ки бисёр вилоятҳои Мовароуннаҳрро фаро гирифта буданд, тадқиқ намуда, равшани андохтааст ва аз баъзе асарҳои таърихии арабӣ, ки то замони мо нарасидаанд, истифода кардааст.
Дигар манбаи арабӣ асари Муҳаммад Табари «Таърих-ур-русул вал мулук» («таърихи пайғамбарон ва шоҳон») мебошад, ки бо забони арабӣ навишта шуда буд. Ин асар аз 13 ҷилд иборат буда, ҷилди сеюм ва чорум ба замони ҳукмронии Муҳаммад ва чор халифаи ў – Абўбакр, Умар, Усмон ва Ҳайдар бахшида шудааст. Ҷилдҳои 6-9 ба таърихи Хилофати Уммавиён, 10-13 ба хилофати Аббосиён оиданд. Ҳукмронии хилофати араб дар Осиёи Миёна бар дўши аҳолӣ бори сангине гардида буд. Масалан, дар асари Табари аз номи Қутайба нисбат ба мардуми маҳаллӣ чунин омадааст: «Ба ҳеҷ як будпараст, то вақте ки мўҳр ба дасташ назананд, иҷозат надиҳед, ки аз дарвоза берун шавад, агар мўҳр то берун шудан аз шаҳр хушк гардад, ўро бикушед. Ва агар шабонгаҳ пас аз бастани дарвоза касеро дар шаҳр пайдо кунед, вайро бикушед».
Абулҳасан Мадоини – соли 840 вафот кардааст, яке аз муаррихони араб Буда, муаллифи якчанд асарҳо оид ба таърихи иҷтимоӣ-сиёсии Арабистон, Хуросон ва Осиёи Миёна дар асрҳои VII-VIII ба ҳисоб рафта, асарҳои ў «Ахбор-ал-хулафо» («Таърихи халифаҳо»), «Китоб-ал-мағозӣ» («Китоб оиди ҷангҳо»), «Таърих-ал булдон» («Таърихи сарзаминҳо») доир ба забти Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо дар нимаи авали асри VIII манбаи муҳим ба шумор меравад, вале афсўс, ки ин асарҳо то замони мо омада нрасидааст. Муаррихон Табарӣ, Балозўрӣ дар бораи асарҳои ин таърихшинос маълумот дода, аз баъзе асарҳои вай иқтибос овардаанд.
Балозўрӣ – шогирди Мадоини буда, номи пурраи вай Абўбакр Аҳмад ибни Яхё Ҷобир ал-Балозўри, аслан аз Ироқ аст. Дар хонадони авлоди аббосиҳо умр ба сар бурдааст ва муаллифи ду асари машҳур мебошад, ки яке «Китоб футуҳ-ал Булдон» («Китоб дар бораи забти мамлакатҳо») ва дигаре «Китоб-ансаб-ал-шараф» («Дар ҳаққӣ наслу насаби одамони машҳур») ном дорад. Китоб аввал, яъне «Китоб-футуҳ-ал-Булдон»,ки баъди соли 869 таълиф намудааст, он аз 90 боб иборат аст ва аз рўи хронология,мазмун ва сохт ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст.
«Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ ил-ал-Мағриб»-яке аз қадимтарин китобҳои таърихи, этнографӣ ва ҷуғрофии ниёгон ба ҳисоб меравад. Асар соли 983 ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда,муаллифи он маълум нест. «Ҳудуд-ул-олам» аз 59 боб иборат буда, 5 боби аввал доир ба ҷурофияи табии ва 52 боби дигар «Кушоиши китоб» ва «Сухан андар хотимаи китоб» ном дорад. Маълумоти ин китоб доир ба Форс, Мовароуннаҳр, Хуросон, оиди шаҳрҳои қадимаи тоҷикон-Бухоро, Самарқанд, Балх, Хуҷанд, Панҷакент, водиҳои Фарғона, Зарафшон, Сух, Истаравшан, кишварҳои куҳан- Суғд, Тахористон,Хуталон, таърихи Эрону Афғонистон арзиши баланд дорад. «Ҳудуд-ул-олам» барои омўхтани таърихи халқӣ тоҷик васеъ истифода шудааст. Ин сарчашмаи таърихиро дар солҳои охир аксари олимони гуногунсоҳа чун манбаъбарои исботи фикри худ ба таври васеъ истифода мебаранд,вай китобест, ки чун намунаи услуби насри илмии давраи Сомониён ба ҳисоб рафта,яке аз маъхазҳои пурқиммат оиди таърихи ниёгон мебошад.
Баъд аз таназзули давлати Сомониён мубориза барои тақсими мероси давлати Сомони фақат дар байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Қарохониён давом мекунад. Соли 1040 ҷангӣ Дандонакон тақдири давлати Ғазнавиёнро ҳал карда, боиси ба Хуросон соҳиб шудани Салчўқиён гардид. Аз асрҳои 11-12 ва ибтидои 13 миқдори зиёди осори меъмории мўҳташам то замони мо омада расидааст. Масалан, қасрӣ Хулбуқ (ҷанубии Тоҷикистон), масҷидӣ Тирмиз, масҷидӣ Деггарон (дар Бухоро), масҷидӣ Мағоки Атторӣ Бухоро, мақбараи Султон Санҷар дар Марв, мақбараи Хоҷа Нақшрон дар наздикии ш. Турсунзода ва ғайра.
Тағиротӣ сиёсии охирҳои асри 10, яъне аз байн рафтани давлати Сомонӣ ба Мовароунаҳр соҳиб шудани Қарахониҳо ва ба дасти Ғазнавиён гузаштани Хуросон ба ҳаёти фанни ва адабии халқӣ тоҷик таъсир накарда натавонист. Ба вуҷуд омадани давлати бузургӣ Маҳмуди Ғазнавӣ ва ба як марказ муттаҳид шудани тамоми хокӣ Хуросон, Чағониён, Хатлон, Тахористон, қисми асосии Эрон ва шимолии Ҳиндустон барои равнақи илму фан баъзе шароиту имкониятҳо фароҳам овард. Дар нимаи авали асри 11 таърихнависиҳам тараққи кард.
Гардезӣ- муаррихи асри 11 Абўсаид Абўлҳай бинни Заҳҳок ибни Маҳдӣ Гардезӣ соли 1010 таваллуд ёфта, ўро шогирди А. Берунӣ медонанд. Аз таълифоти ин олим то ба имрўз танҳо китоби ба забони тоҷикӣ таълифшудаи «Зайн-ул-ахбор» боқӣ монда, онро солҳои 1050-1051 бахшида ба ҳукмрони он давраи сулолаи Ғазнавиён Абдурашид ибни Маҳмуд(1049-1052) навиштааст. Асар доир ба шоҳонӣ Эрони бостонӣ, халифаҳои араб(то с. 1032) таърихи Хуросон(то с.1041) маълумот медиҳад ва бо саргузашти Масъуд ибни Масъд-набераи Маҳмуди Ғазнавӣ анҷом меёбад. Дар чанд бобби охир оид ба замони муаллиф, дину оин, иду маросимҳои мусулмонон, насрониён, яҳудиён, зардуштиён, ҳиндуён ва туркҳо сухан меравад. Як бартарии асари Гардезӣ дар он аст, ки муаллиф ба давраи давлатдории Сомониён, маданият ва сохти иҷтимоию иқтисодии он диқати махсус дода, оиди тарзу усули идораи ҳукмронии Исмоил бинни Аҳмад бинни Асад бинни Сомон, Абўнаср Аҳмад бинни Исмоил, Саид Наср бинни Аҳмад сухан рондааст, маҳз дар ҳамин асар оиди ба сари ҳокимият омадани Исмоили Сомонӣ дар асоси сарчашмаҳои мўътамад нақл карда мешавад. Дар ин хусус Гардезӣ дар бобби «Вилоят ва нисбати Сомониён» менависад: «Самарқанд Наср дошт ва Бухоро Исмоил ва миёни эшон тахриз кардан д , ва ваҳшат афканданд ва онро мадад намекарданд, то он ваҳшат мустаҳкам гашт, то кори эшон ба харб расид ва лашкарҳо кашиданд ва ба якдигар рафтанд, андар санаи 888 харб карданд ва Исмоил бар Наср зафар ёфт ва Насрро дастгир карданд ва пеши Исмоил оварданд». Гардезӣ давраи ҳукмронии Исмоилӣ Сомониро ҳамчун марҳилаи болоравии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳанги ҳисобида, сабаби онро дар сохти давлатдории амир медид. Мувофиқӣ маълумотҳои муаррих дар давра ҳокимонӣ сомонӣ ба масъалаи обёрӣ диққати махсус медоданд.
Бино ба ахбори «Зайн-ул-ахбор» Исмоил ҳамаи қонундонҳои Хуросонро гирд оварда, қонундонҳоро аз Ироқ низ даъват карда, ба онҳо супориш медиҳад, маҷмўи қонунҳои истифодаи обро барои обёрии сунъи мураттаб созанд. Чунин маҷмўи қоидаи истифодаи об таҳти унвони «Китоб-ул-куний» тартиб дода шуда, вай ба муддати тўлони барои тақсими об чун дастурамал хизмат кард. Мо аз асари Гардезӣ сабабҳои баъди истилои Сомонӣ суст шудани давлати Сомониёнро фаҳмида метавонем. Инчунин оиди дар айёми Насри 2 (914-943) мамлакатро идора кардани вазир Абдулло Муҳаммади Ҷайҳонӣ, яке аз одамони бомаърифати замонааш, дар бораи ба сифатиҳоҷиби бузург Сар бардоштани сардори гвардияи турк Алп-Тегин, аслу насаб ва давраҳои авали ҳокимони сулолаи Ғазнавиён маълумот гирифта метавонем. Хулоса, асари Гардезӣ «Зайн-ул-ахбор» оиди таърихи халқи тоҷик яке аз манбаъҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Матни пурраи ин асар соли 1333 ҳиҷрӣ (с.1955) аз тарафи олими Эрон Саид Нафиси дар Теҳрон ва соли 1969 олими Афғонистон Абулхай Ҳабиби дар асоси чанд нусхаи дастнавис ва нашри Теҳрон матни интиқодии онро ба табъ расонд.
Бузургтарин муаррихи давраи Ғазнавиён Абулфазл Муҳаммад бинни Ҳусайни Байҳақӣ соли 992 дар деҳаи Хорисободи Байҳақи Хуросон таваллуд ёфта, таҳсили илмро дар Нишопур гирифтааст. Дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ ба кори девондорӣ машғул мешавад, лекин бо сабабҳои ноаён ба ҳабс гирифта мешавад ва баъди озод шудан ба таълифи асари машҳури худ «Таърихи Масъудӣ» машғул мешавад. Ин асар ба султон Масъуди Ғазнавӣ бахшида шуда, бо номҳои «Таърихи Байҳақӣ», «Таърихи Оли Сабуктегин» дучор меояд. Асар аз 30 ҷилд иборат Буда, то имрўз қисми охири ҷмлди 5, ҷилди 6-9, қисме аз ҷилди 10 боқи мондааст ва мавзўи асосии китоб таърихи мухтасари салтанати сулолаи Ғазнавиён мебошад.
Байҳақи дар давраи ҳукуматдории Масъуд(с.1030-1041) зиндагӣ карда, тороҷ гардидани аҳолиро бо чашми худ дида буд,хонахаробшавии халк, ришвагари ва ситонидани андозҳои ғайриқонуни, умуман сиёсати давраи Масъудро дар китобаш нишон додаст. Ҳуҷҷату санадҳо ба мавқеъ истифода шудааст. Худаш шоҳидӣ воқеа ва ҳодисаҳои зиёд буд. Вай дар навиштани ин асар фақат ба тасвири ҳодисаҳои сиёсии давраи худ қаноат накарда кўшидааст, ки сабабҳо ва иллати бисёр ҷангҳо ва сафарҳои ҳарбии султон Маҳмуд ва Масъудӣ Ғазнавиро шарҳ диҳад. Ў нусхаи фармонҳо ва ҳукмҳоро айнан меорад.Қисми зиёди китоб ба давраи Ғазнавиён бахшида шуда бошад ҳам, дар баъзе бобҳо дар бораи таърихи сулолаи саффориён, сомониён, салчўқиён, маълумотҳои муҳим ҳаст. Байҳақи ҳамчун муаррихи дақиқкор моҳияти хештаншиносиро дар асари хеш мазмунан баланд кушодааст. Хештаншиноси аз диди ў таъриху фарҳангӣ худро донистан аст.Ў дар асараш чунин меорад:
«Нахустин сифати инсони хуб бояд он бошад, ки зоти хеш бишносад, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт. Ҳар кассе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чи гунна тавонад донист».
Забон ва услуби асар хеле сода ва равон аст, бақалами олим боз китоби «Зинат-ул-китоб» навишта шудааст, вале афсўс ки то замони мо омада нарасидааст. Байҳақи соли 1077 дар Ғазна вафот кардааст. Бояд қайд кард, ки якчанд нафар муаллифоне, ки зодаи музофоти Байҳақи Хуросонанд, бо номи «Таърихи Байҳақи» асар эҷод кардаанд, ки онҳо набояд бо муаллифи «Таърихи Масъуди» иштибоҳ нашаванд. Чунончи, дар асри 12 Захируддин Абулхасан Алӣ ибни Зайди Байҳақи маъруф ба ибни Фундук соли 168 ба забони тоҷикӣ асари «Таърихи Байҳақи»-ро навишт, ки он барои омўхтани воқеа ва ҳодисаҳои давраи ҳукмронии салчўқиён, хусусан таърихи шаҳри Байҳақ маъҳази мўтабаре мебошад.
Низомулмулк – Абўалӣ Ҳасан ибни Алии Тўси, машҳур бо номи Низомулмулк, олим, муаррих, арбоби давлатии асри 11 мебошад. Вай дар ҳаёти сиёси, адабӣ ва мадании халқҳои тоҷику форс бо навиштани китоби «Сиёсатнома» мавқеи босазое ишғол намудааст. Низомулмулк соли 1018 дар деҳаи Навғони вилояти Родхони Тўс таваллуд ёфта, таҳсили илмро дар Нишопуру Марв гузаронида, дертар дар дарбори Салчўқиён аввал дар вазифаи дабирӣ ва сони ҳамчун вазир хизмат мекунад. Хусусан, дар давраи султонҳои салчўқи Алпарслон(1063-1072) ва Ҷалолуддин Маликшоҳ(1072-1092) вазифаи сарвазириро соҳиб шуда, ҳамчун вазири кордону бомаҳорат соҳибӣ эътибор мегардад. Ў барои парокандагии феодалиро барҳам додан, дастгоҳи марказии давлатиро мустаҳкам кардан, корҳои молиявии давлатро ба тартиб даровардан бисёр мубориза бурдааст. Аз ҳамин сабаб ба ў тахаллуси Низомулмулк (шахси мамлакатро ба тартиб медаровардаги)-ро гирифтааст. Ҷалолуддин Маликшоҳ дар солҳои охири ҳукмрониаш ба фозилону донишмандони дарбор мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдори рисолае тартиб диҳанд, ки он ҳамчун дастурамали муайяниидора кардани давлат қобили истифода бошад. Низомулмулк ба ҳамин муносибат соли 1091-1092 асаре навишта, ба Маликшоҳ пешниҳод мекунад ва ин асар яке аз беҳтаринҳо ҳисобмда мешавад, ки номи он «Сияр-ул-мулук» («Сиёсатнома») буда, он дастурамали сиёсии хонадони Салчуқиён гардид. «Сиёсатнома» аз 51 боб иборат Буда, дар он ба чунин масъалаҳо эътибор дода шудааст:

Ташкили аппарати марказии давлатӣ
Корҳои ҳисобу китоби молиявии давлат
Ташкили қўшун
Мансабҳои болоии давлатӣ ва тартиби бо он таъмин намудан.
Маросимҳои қабул, тайёр кардан ва тартибигузаронидани он
Назорат кардан аз болои фаъолияти мансабдорон.
Инчунин дар бораи кишвардорӣ, ахлоқ, рафтору кирдор, муомилаву муносибат ва сиёсати раёсати амирону вазирон, дабирон, надимон, қозиҳо, хизматгорон, посбонон, дигар табақаҳои иҷтимоӣ, таъмину нигоҳ доштани лашкар, хазинаи давлат ва бисёр дигар фикрҳои ҷолиб баён ёфтаанд. Дар асар мушоҳидаҳои муаллиф, ки дар тўли 24 соли вазириаш аз одобу ахлоқ ва салтанату сиёсати ҳукуматдорон ҳосил карда буд, ҷамъбаст гардидааст. Ба ғайр аз ин дар асар оиди ҳаракати Қарматиҳо, шўриши Муқаннаъ, бо далелу фактҳо давлатҳои муттамарказӣ танзим ёфта будани давлатҳои Сомониён, Аббосиён, Ғазнавиёнро исбот кардааст. Ба ақидаи муаллифи китоб сари давлат бояд донишмандон бештар шаванд ва подшоҳон он навъи мамлакатдориро бипазиранд, ки аз санҷиши рўзғор гузашта бошад. «Сиёсатнома» барои омўхтани таъриху этнографияи замони Салчуқиён аҳамияти калон дорад, ғайри моҳияти таърихӣ, инчунин аҳамияти калони адабӣ-фолклори низ дорад.
Абўнасри Утбӣ-таърихнависи асри Х1 яке аз дарбориёни Маҳмуди Ғазнавӣ бо номи султон «Таърихи Яминӣ» ном асарро бо забони арабӣ таълиф кардааст (соли 1020-1021). Ин асар ба Яминуддавла-Султонмаҳмуд ва падари ў Сабуктегин бахшида шудааст. Маънои калимаи «ямин» дасти рост аст. Маънои «ямин-ул-давла» қудрат ва қуввати давлат ё таърихи давраи Ғазнавиён аст. Муаллиф номи шоҳону амирон, муншиён, ҷузъиёти ҳаёти онҳоро батафсил зикр карда, фармону мукотибаи онҳоро айнан меорад. Соли 1206 Абўшараф Носеҳ ибни Зафар ибни Саъдулмуншии Ҷуфрудконӣ «Таърихи Яминӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба он бобе бо номи хотима илова намудааст, ки воқеаҳои солҳои 1186-1207-ро дар бар мегирад. Ин асар барои омўхтани таърихи давраи Ғазнавиён яке аз маъхазҳои муҳимтарин мебошад.
Дар асри ХП ҳукмронҳои салчуқӣ давлати бузурги худро дар сарзамини пештараи Ғазнавиён бунёд карда кўшиш мекарданд, ки барои мустаҳкам намудани пояи давлати худ аз адабиёт ва таърих истифода баранд ва ба манфиати худ ғамхори мекарданд. Реаксияи дини –клерикали, ки дар асри ҳукмфармо буд, дар асри ХП боз ҳам пурзўртар шуд ва ин ба инкишофи илмҳои табии, таърихӣ ва фалсафӣ монеъ гардид. Дар мадрасаҳои бисёре, ки дар ин аср дар шаҳрҳои гуногуни шарқ бино ёфта ва аксари онҳо шўҳрати калон пайдо карда буданд, барномаи дарсро аз омўхтани илмҳои динӣ, сарфу наҳви арабӣ, мантиқ ва баъзан илми тиб иборат буд. Илмҳои табии, таърихӣ, фалсафӣ, риёзиёту ҳайат, ки чанд вақт пеш хеле пеш рафта буданд, дар мадрасаҳо ба таври расмӣ омўхта намешуданд. Таъсири идеализми дини-клерикалӣ инкишофи илмҳои табиӣ, фалсафиро ҳарчанд суст карда бошанд ҳам, аммо мавҷудияти онҳоро, ки аъанаи бузурги таърихи доштанд, аз байн бурда натавонист. Дар ин давр баробари инкишофи соҳаҳои гуногуни илм, таъоифи китобҳои таърихӣ низ хеле ривоҷ ёфта буданд. Аксари ин китобҳои таърихӣ, ки асосан ба ҳаёти сиёсии Эрону Осиёи Миёна бахшида шуда буданд, ба забони форсӣ таълиф ёфта буданд.
Яке аз асари муҳими таърихие, ки то замони мо омада расидааст ва дар омўзиши ҳаёти сиёсӣ ва мадании он давр аҳамияти калон дорад, «Маҷмаъ-ут-таворих ва л-кисас» буда, номи муаллифи ин китоб маълум нест. Китоб дар 25 боб буда, таърихи халқҳои араб ва эрониро дар замони қадим то аввали асри ХП дар бар гирифтааст. «Маҷмал-ут-таворих» махсусан дар омўхтани давраи қадими Эрон ва барқарор намудани истилоҳоту калимаҳои аз байн рафтаи таърихӣ маъхази хеле муҳим аст. Ин асар соли 1126 таълиф шудааст.
«Форснома»-муаллифи он Ибн-Ал-Балхӣ, Аслан аз Хуросон буд, дар замони салтанати Маликшоҳ дар пеши ҳокими Форс Хумор-текин ба корҳои молиявии ин вилоят маъмур буд ва асари худро дар солҳои авали асри ХП таълиф намуда, онро ба таърихи қадими Эрон, ба таърихи салтанати пешдодиён, каёниён, ашкониён ва сосниён, ба давраи истилои И.Мақдунӣ бахшида шудааст.»Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур »-муаллифи ин китоб Наҷмиддин Муҳаммади Рованди (Рованд-мавзеест назди кошон ва ҷои таваллуди муаллиф) чанд муддат дар пеши ҳукмронҳои салчуқӣ хидмат карда, асари худро бахшида ба таърихи сулолаи Салчуқиён, аз авали таъсиси он то охирисалтанати ин хонадон менависад.
Фахриддин Муборакшоҳ Марваруди –муаррихи барҷастаи нимаи дуюми асри ХП ва ибтидои асри ХШ мебошад. Доир ба шарҳи ҳолаш маълумот хеле кам аст. Фахриддин Муборакшоҳ ва падараш дар дарбори шоҳони Ғурриҳо (Ғурриҳо-сулолае, ки баъди пароканда шудани давлати Сомониён тоҷиконро муттаҳид карда буд, дар асри Х1-ибтидои асри ХШ дар қисми шарқии Хуросон, Афғонистон ва шимолии Ҳиндустон ҳукмронӣ карда буд) Муизиддин Муҳаммад (с.1173-1206) ва Ғиёсиддин Маҳмуд (с.1206-1212) хизмат карда, яке аз одамони маълумотноки замонаш ҳисоб меёфт. Вай соли 1206 асари машҳури худро бо номи «Таърихи Муборакшоҳ» менависад ва онро дар шаҳри Лоҳур ба Ғиёсуддин Маҳмуд тақдим мекунад, бо ҳамин ба эътибори подшоҳ Мушарраф мегардад. «Таърихи Муборакшоҳ» дар тўли 13 сол навишта шуда, аз 136 қисм иборат Буда, дар он дар бораи Муҳаммад пайғамбар, халифаҳои ў, шоҳони Сурия, подшоҳони Яман, шоирҳое, ки дар давраи тоисломӣ зиндагӣ карда буданд, подшоҳони Сосонӣ, сулолаи Уммавиҳо, Аббосиҳо, Тоҳириҳо, Саффориҳо, Сомониҳо, Ғазнавиҳо ва ниҳоят дар бораи таърихи Ғуриҳо маълумотҳои муфассал овардааст. Ягона нусхаи дастнависи ин китоб дар китобхонаи Бодлеяни Британияи Кабир нигоҳ дошта шудааст.
Дар асри ХШ ва нимаи авали асри Х1V ҳамлаи ҳалокатовари чингизиён дар навбати аввал марказҳои бузургтарини илму маданияти Осиёи Миёнаро тамоман хароб кард. Парокандагии феодалӣ ва зулми истисмори дутарафаи савдогарону заминдорони махаллӣ ва истилогарони муғул аҳволи иқтисодии мамлакат ва вазъияти аҳолиро ниҳоят танг карда буд ва ин албатта ба ривоҷи илму адабиёт монеъ мешуд. Аз нимаҳои асри ХШ Сар карда, баробари ривоҷи адаби, мо пешрафти ниҳоят ҷиддии илму фалсафа ва таърихнависиро мебинем. Адабиёти таърихӣ дар ин давра ҳам аз ҷмҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати сифату доираи мавзўъ ба пояи баландтарини инкишофи худ расидааст. Забони форсӣ дар илми таърихшиносӣ мавқеи муҳимро ишғол намуд, зеро дар се асри гузашта (Х-ХП) дар таърихнависӣ забони арабӣ забони ҳукмрон буд.
Дар давраи истилои муғулҳо вазъияти адабиёти таърихӣ қатъиян тағир ёфт. Дар илми таърихнависӣ, аз як тараф забони форсӣ нуфузи калон пайдо кард, аз тарафи дигар доираи тадқиқ ва таҳқиқотҳои таърихӣ низ хеле васеъ шуд. Муаррихони ин аср дар натиҷаи ҳамлаи муғул ва юришҳои аҳли салиб бо ҳаёти муосир ва гузаштаи халқҳои туркнажод, муғул, хитоу, бо таърихи мамлакатҳои Аврупо шинос шуданд. Бисёр ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ, солнома ва китобҳои таърихӣ дастраси онҳо шуд ва бо ҳамин муаррихони забардаст дар асарҳои худ воўқеаҳои таърихии халқ ва давлатҳои ҳамсоя ва инчунин кишварҳои дурдасти ҷаҳонро низ дохил намуданд. Аммо дар асарҳои таърихии муаллифоне, ки дар хидмати хонҳои муғулбуданд, руҳи муғулдўстӣ равшан намоён аст, яъне ин муаллифон «фатҳу зафарҳои» истилогаронаро таърифу тавсиф мекарданд ва аз даҳшату бадкирдориҳои онҳо қариб чашм мепўшиданд. Ин руҳи муғулдўстӣ дар асарҳои Рашидуддин, Ҷувайнӣ, Вассоф, Банокати, Ҳамдуллоҳ, Муставфии Қазвинӣ ба хубӣ ҳис карда мешавад.
Атомалики Ҷувайни –таърихчӣ ва арбоби давлатии асри ХШ Буда,с соли 1226 дар қишлоқи Озодвори ноҳияи Ҷувайни Хуросони Ғарбӣ дар оилаи бонуфузи арбоби сиёсӣ ва бадавлат таваллуд ёфтааст. Ў аз хурди хуб таҳсил карда, забонҳои муғулӣ, ўйғурӣ, арабӣ, форсиро хуб аз худ карда, бисёр фанҳои асримиёнагиро омўхта буд. Ў аз ҷавони ба хизмати муғулҳо қабул карда шуда, соли 1259 ба Ироқ ваХуҷмстон ҳоким (малик) таъин карда шуда буд ва дар ин вазифа зиёда аз 20 сол кор кард. Ҷувайни соли 1283 вафот кардааст.
Атомалики Ҷувайни бо асараш «Таърихи ҷаҳонкушоӣ» машҳур аст, ки он доир ба таърихи иҷтимоӣ-сиёсии асри ХШ-и Муғулистон, Осиёи Миёна ва Эрон маълумотҳои муҳим дорад. Ин асарро «Таърихи Ҷаҳонгир» (Чмнгизхон) ҳам меноманд, аз се ҷилд иборат Буда, ҷилди аввал аз ибтидои ҷангҳои истилогаронаи Чингиз то замони ҳукумронии Гуюк-ҳоқонро фаро мегирад, ки 50 солро дар бар мегирад. Ҷилди дуюм таърихи ҳукумронии Хоразмшоҳиён, Қарохониён ва амирони муғулро сабт менамояд, ки онҳо то соли 1258 ҳукмронӣ кардаанд. Дар ҷилди сеюм лашкаркашиҳои Хулоку ба Эрон (1256–1258) ба қалам дода шудааст.
«Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайни доир ба яке аз саҳифаҳои дурахшони ҳаракати зиддимуғулӣ шўриши Маҳмуди Тороби сарчашмаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, лекин муаррих ин шўришро аз мавқеи синфии худ бо назари манфи тасвир намудааст, аз ин сабаб ў фаъолони шўришҳои халқи, шахсияти Маҳмуди Торобӣ, хоҳари ўро бо кинаву адоват нишон дода, номи неки онҳоро бо нафрату дашномҳо муттаҳам сохтааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин Ҷувайни дар ҳикоят ва баёни таърихи хуруҷи Маҳмуди Тороби аз тасвири ҳақиқатнигоронаи аҳволи пешво ва ҳодисаҳои замон дур нарафтааст. Чӣ хеле, ки Б.Ғафуров дар «Тоҷикон» овардааст: «Ҷувайни дар воқеаномаи худ ба ҳар васила кўшиш кардааст, ки симои Маҳмуди Торобиро бар хилофи ҳақиқат нишон диҳад, ў Маҳмудро ҳамчун як марди нимдевона тасвир намудааст, лекин дар асл ў як марди оқили хеле шуҷоъ буд».
Абўумар Сироҷиддини Ҷузҷонӣ – адиб ва муаррихи асри ХШ. Асари машҳури ў «Табақоти Носирӣ» соли 1260 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст ва ба яке аз подшоҳони Ҳиндустон Носируддин Маҳмудшоҳ (1246-1263) бахшида шудааст. Ин китоб аз 23 боб иборат муда, мавзўи асосии он таърихи умумии олам мебошад. Бобби 1 ба таърихи пайғамбарон, бобби 2 ба таърихи чор халифаи араб, бобби 3 ба таърихи сулолаи Уммавиён, бобби 4 ба таърихи сулолаи Аббосиён, бобби 5 ба таърихи шоҳони қадими форс, бобби 6 таърихи шоҳони Яман, бобби 7 ба таърихи сулолаи Тоҳириён, бобби 8 ба таърихи сулолаи Саффориён, бобби 9 ба таърихи давлати Сомониён, бобҳои 10-13 ба таърихи хонадони Дайламиён, Сабуктегиниҳо, Салчуқиён ва Санҷариҳо, бобби 14 ба таърихи подшоҳони Нимрўзу Сиистон, бобби 15 ба таърихи ҳокимони курд, бобби 16 ба таърихи сулолаи Хоразмшоҳиён, бобби 17 ба таърихи хонадони Шансабоиҳо ва шоҳони Ғур, бобҳои 18-20 ба таърихи хонадонҳои Шамсабониҳои Таҳористону Ғазна, Муиззиҳои Ҳиндустон, бобҳои 21-22 ба таърихи хонадонҳои Шамсиҳои Ҳиндустон, волиҳои султонҳои Шамсӣ, бобби 23 ба ҳуҷуми муғулҳо оиданд. Ҷузҷонӣ, ки дар давраи ҳуҷуми муғулҳо зиндагӣ кардааст, дар бораи ҳамлаи муғул то аҳди Халоку маълумоти муфассал медиҳад.
Азуддин ибни Асир-муаррихи асри ХШ, ки асари таърихии худ «Таърих-ул-комил»-ро ба забони арабӣ таълиф кардааст ва он аз 12 ҷилд иборат Буда, дар он таърихи олам, хусусан таърихи муфассали мамлакатҳои исломӣ аз давраи қадим то соли 1231 баён шудааст. Муаллиф баробари зикри воқеаҳои гуногун дар хусуси пайғамбарону шоҳони зиёд маълумот медиҳад. Ба гуфти муаллифи китоб, ў дар навиштани он аз асарҳои Балозўрӣ, Табарӣ ва ғайра истифода бурдааст. Қисми охири «Таърих-ул-комил» ба вазъияти сиёсии Осиёи Миёна дар давраи ҳуҷуми муғул бахшида шудааст. Азбаски охири ҳаёти Ибни Асир ба давраи ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна рост меояд, ў бисёр воқеаҳои дидаю шунидаашро ба асараш дохил кардааст,аз ин рў «Таърих-ул-комил» аввалин китобест, ки роҷеъ ба ибтидои ҳукумронии муғулҳо дар Осиёи Миёна маълумлт медиҳад.
«Таърихи Сиистон» яке аз асарҳои машҳури ниёгон оиди таърихи халқи мо ба ҳисоб меравад, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст.муаллифи китоб маълум нест, аз рўи сабки иншои асар маълум мешавад, ки онро де ё се нафар бо навбат навиштаанд, зеро услуби ибтидои навишти китоб аз қисми охири китоб ба куллӣ фарқ мекунад. Матни асар – таърихи Сиистон аз давраҳои қадим то солм 1073-ро дар бар мегирад. Сиистон вилояти таърихиедар ҳудуди Эрон ва Афғонистонбуда, решаи он аз номи қабилаи қадимаи аҷдоди мо сакоиҳо бармеояд. Қабилаи ҳиндуаврупоии сакоиҳо дар миёнаи асри 2 т.м., аз шимол омада, дар ин ҷо маскан гирифтанд ва ба сукунатгоҳи худ Сакистон ном гузоштанд, яъне мамлакати сакоиҳо (дертар Сиистон, Систон номида шудааст). «Таърихи Систон» дар хусуси ҳамин сарзамин и қадима ва таърихии аҷдоди мо нақл мекунад. Таълифи китоб дар ҳудуди солҳои 1325, яъне дар се давра се маротиба навишта шудааст. Ин китоб барои омўзиши ҳаёти гузаштаи адабӣ ва сиёсии халқҳои форсу тоҷик сарчашмаи мўътабаре аст.
Рашидудин Фазлуллоҳ – муаррих, адиб, табиб ва арбоби машҳури сиёсии форсу тоҷик Буда, соли 1247 дар шаҳри Ҳамадони Эрон таваллуд ёфта, дар давраи Абоқохон (1265-1282) табиби шахсии ў ва дар давраи Ғазонхону Улҷойхотун вазир шуда, хизмат кардааст. Асари таърихии ў «Ҷомеъ-ут-таворих» («Маҷмўаи таърихҳо») ном дошта, соли 1301-1311 бо фармоиши Ғазонхон навишта шуда, таърихи Шарқи Наздик ва Миёнаро дар бар мегирад, анъанаҳое, ки муаррих ҷорӣ кард, ин таърихи умумӣ гуфта ин таърихи умумӣ гуфта таърихи мамлакатҳои ҳам Шарқ ва ҳам Ғарбро дар назар дошт, ки то ин вақт таърихи умумӣ гуфта танҳо таърихи мамлакатҳои мусулмонро дар назар доштанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.