Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Иқлим

Тоҷикистонро бинобар дар ҷануб чой гирифтанаш ва будани рузҳои соф маълуманҷчумхурии «офтобруя» меноманнд. Иклим Тоҷикистон гарм, хушк, континентии шадид бо зимистони кутоҳу мулоим ва тобистонаш тулонии гарм мебошад. Тоҷикистон дар ҷануби шарқии Осиёи Миёна дур аз баҳру укёнусхо ҷойгир аст. Бинобар ин тағйироти унсурҳои метеорологию мавсими ва шабонарузи дар ин ҷо зиёд мебошадИқлим
Тоҷикистонро бинобар дар ҷануб чой гирифтанаш ва будани рузҳои соф маълуманҷчумхурии «офтобруя» меноманнд. Иклим Тоҷикистон гарм, хушк, континентии шадид бо зимистони кутоҳу мулоим ва тобистонаш тулонии гарм мебошад. Тоҷикистон дар ҷануби шарқии Осиёи Миёна дур аз баҳру укёнусхо ҷойгир аст. Бинобар ин тағйироти унсурҳои метеорологию мавсими ва шабонарузи дар ин ҷо зиёд мебошад. Иқлими хушки субтропики (дар водиҳои Вахш ва Ҳисор ), ки тобистон тулони, гарм зимистон кутоҳи нарм ва боришот кам (150-200мм) аст. Иқлими хушкиконтиненти. ки тобистон гарм ва зимистон хунук буда, 350-500 мм боришот мешавад, ки иқлими муътаъдил (дар минтакахои миёнакӯҳ, ки тобистон салқин ва зимистон хунук буда, боришот то 1500мм-ро ташкил медиҳад:иқлими баландкуҳию биёбони (минтақаи баландкуҳ) бо зимистони кашратуни тулон, тобистони кутоҳи хушк , боришоти кам(60-100).
Дар ташакули иқлим гардиши атмосфера аҳамияти калон дорад. Вобаста ба фасли сол дар Тоҷикистон бодҳои артики ,ғарби ва тропики мевазад.Зимистон иқлими ҷумҳури зери таъсири ҳавои хунуки аритики ва ҳавои намноки атлаантики тобистон зери таъсири ҳавои гарм ва хушки тропики ташакул меёбад. Зимистони Тоҷикистон кутоҳ ва тағйирёбанда аст . Баҳору тирамоҳи водиҳо кутоҳ ва боришот зиёд аст . Тобистон тулони , хушк ва гарм буда дар водиҳо ҳарорат то +40-450 мешавад.Маҳали гармтарини Тоҷикистон ноҳияи Шаҳритус ба шумор меравад
Яке аз хусусиятҳои иқлими ҷумҳури дар тули сол дар ҳама мавзеъхо нобаробар будани боришот мебошад. Маълуман, вобаста ба баланди миқдори боришот то ҳадди муайян афзуда , сипас кам мегардад . Афзоиши боришот аз пастиҳо то баланкуҳҳо гуногун аст . Зеро ба ин фақат баланд ва релеф, балки тарзи ҷойгиршавии қаторкуҳу водиҳо нисбати самти ҳаракати ҳавои намнок низ таъсири калон мерасонад .
Дар бештари ноҳияхои ҷумҳури миқдори асосии боришот ба мавсими сармо рост меояд. Дар ҳамвори ва доманакуҳҳо миқдори бештарини боришот моҳҳои март-апрел ва миқдори камтарини он дар фасли тобистон ба амал меояд . Баҳорон борони сел бошиддат буда, хоки нишебиҳоро шуста мебарад ва обкандаҳои калонро ба вучуд меорад. Сели дар натиҷаи чунин боронҳо пайдошуда ба хоҷагии халқ зиёни ҷидди мерасонад.
Миқдори боришоте, ки шамолҳои ғарби меоранд, аз Ғарб ба Шарқ кам мешавад. Боришоти аз хама зиёд дар нишебиҳои ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор (соле ба хисоби миёна то 1200мм,бештаринаш 200мм) рух медиҳад. Дар нишебиҳои қаторкуҳҳои Пиётри Якум ва Академияҳои Илмҳо миқдари боришот кам аст. Дар водиҳо ҳамагӣ 150-300 мм боришот мешавад. Мавзеи аз ҳама камбориши Тоҷикистон Помири Шарқӣ аст. Дар мавзеи Қарокӯл соле ҳамагӣ 70мм бориш мешаваду бас. Ин яке аз ҷойҳои камбориштарини на фақат Тоҷикистон , балки ИДМ мебошад.
Ба ташаккули иқлими Тоҷикистон анбӯҳи гуногуни ҳаво таъсир мерасонад. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бодҳои маҳаллӣ , ки вобаста ба фаслҳои сол ва релеф мевазанд , омилҳои иқлимҳосилкунанда мебошанд. Тобистон ва тирамоҳ дар Тоҷикистони Шимолӣ аз биёбонҳои Осиёи Миёна гармсел мевазад. Гармсел боди тафсону хушк буда , дар миқёси Осиёи Миёна аз ҳаракатҳои ҳавои тафсони биёбонҳои Қизилқум ва Қароқум ҳосил мешавад.
Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ зимистон ва баҳорон шамолҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ бартарӣ дорад. Тобистон ва тирамоҳ давраи нисбатан бешамол бошад ҳам, тобистон баъзан шамолҳои кӯтоҳмуддати ҷануби ғабӣ мевазад. Ин шамолҳоро “хокбоди афғон” меноманд. Ин шамол маҳалӣ буда дар болообӣ дарёи Ому ба амал меояд. Суръати миёна 17-25м сония аст . “Хокбоди афғон” боди гарм ва ғуборнок буда намии ҳаворо кам мекунад ва хеле зарарнок аст .
Обу ҳавои Тоҷикистон дар фаслҳои гуногуни сол фарқ мекунад. Бо мақсади пешгӯйӣ кардани обу ҳаво дар ҷумҳурӣ даҳҳо истгоҳҳои метеорологӣ (обу ҳавосанҷӣ) бунёд мешавад. Пешгӯйиҳои мунтазами обу ҳаво, махсусан пешгӯйиҳои кӯтоҳмуддат барои рӯзи дигар; дарозмуддат-чандрӯза ё якмоҳа барои муҳофизати боғу роғ ва киштзор аз сармо, барои дуруст интихоб кардани мӯҳлати киштукор ва ғунучини ҳосил низ шароити мусоид фароҳам меоранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.