Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Муҳимтарин кашфиёт ва тадқиқотҳои географӣ

Тақрибан солҳои 600 то эраи мо. Баҳрнавардони финики шиновариро дар атрофи Африқо анҷом доданд. Тақрибан солҳои 500 то эраи мо. Файласуфи Юнон Парменид бори аввал дар бораи курашакл будани Замин ақидаронд. Қариб солҳои 212-194 то э. моМуҳимтарин кашфиёт ва тадқиқотҳои географӣ

Тақрибан солҳои 1500 то эраи мо, Экспедитсияи Мисриён саёҳати баҳриро ба давлати Бунт ба анҷом расониданд, ки тахминан дар Ҷануби Африқо ҷойгир буд.
Дунёи қадим
Тақрибан солҳои 600 то эраи мо. Баҳрнавардони финики шиновариро дар атрофи Африқо анҷом доданд.
Тақрибан солҳои 500 то эраи мо. Файласуфи Юнон Парменид бори аввал дар бораи курашакл будани Замин ақидаронд.
Қариб солҳои 212-194 то э. мо. Олими Юнон Эратосфен андозаи кураи Заминро муайян карда, харитаи Ойкуменро тартиб дод (дар он қисми Замин, ки инсоният мавҷуд буд), «Асрори қайдҳои географӣ»-ро таьлиф намуд.
Тақрибан соли 165 то э. мо. Олими Юнон Картес Малосский глобуси нахустинро сохт.
Қариб солҳои 23-24 то э. мо. Аз тарафи олими Юнон Страбон «География» дар 17 ҷилд нашр шудааст.
Асрҳои миёна
Соли 860. Нормандҳо ҷазираи Исландияро кашф карданд.
Соли 682. Нормандҳо ҷазираи Гренландияро кашф карданд.
Тақрибан солҳои 1000-ум. Нормандҳо ба сардории Лейв Эриксон соҳилҳои шарқии Амрикои Шимолиро кашф карданд.
Солҳои 1271-1295. Сайёҳати тоҷири италиявӣ Марко Поло ба Чин.
Соли 1415. Оғози шиноварии португалҳо қад-қади соҳилҳои Африқо дар нимкураи Ҷанубӣ.
Солҳои 1466-1472. Саёҳати Афанасий Никитин ба Ҳиндустон.
Солҳои 1487-1488. Экспедитсияи португалии Б. Диаш ба нуқтаи охирини ҷануби Африқо расида, димоғаи Умеди Некро кашф кард.
Солҳои 1442. Олими Олмонӣ Мартин Бехайм глобуси калонро сохт.
Солҳои 1492-1493. Экспедитсияи баҳрнавардии аввалини испанӣ Христафор Колумб ва кашфи Олами Нав.
Солҳои 1497-1499. Экспедитсияи Португалии Васко да Гама роҳи баҳриро ба Ҳиндустон аз тарафи Африқо кашф намуд.
Солҳои 1519-1522. Аввалин саёҳати гирдиоламии Фернандо Магеллан
Солҳои 1607-1617. Экспедитсияи баҳрнавардии англисии Г. Гудзон дар ҷустуҷўи «Гузаргоҳи шимолу ғарб» аз уғёнуси Атлантика ба уқёнуси Ором.
Солҳои 1642-1643. Экспидитсияи баҳрнавардии Абелл Тасман ба соҳилҳои Австралия.
Соли 1648. Баҳрнавардии Семён Дежнев аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба уқёнуси Ором.

Давраи нав
Солҳои 1697-1699. Саёҳати заминкушоии В. Атласов ва Л. Морозно ба Камчатка.
Соли 1698. «Нақшаи умумии Сибир»-и С. У. Релиёзов аз чоп баромад.
Солҳои 1768-1779. Экспедитсияи гирдиоламии баҳрнаварди англис Ҷеймс Кук.
Солҳои 1819-1821. Аввалин экспедитсияи русии Ф. Ф.Беллинсгаузен ва М.И. Лазарев ба Антарктика.
Солҳои 1830-1856. Муайян кардани баландии як қатор қуллаҳои Ҳимолой, аз ҷумла Ҷомолунгма (Эверест).
Солҳои 1872-1876. Кори экспидитсияи уқёнусшиноси (Океанология) англисӣ бо киштии «Челленҷер».
Солҳои 1893-1896. Саёҳати Ф. Нансен ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дар киштии «Фрам».
Солҳои 1903-1906. Баҳрнавардии Р. Амундсен дар «Иова» бо «Гузаргоҳи шимолу ғарб» аз уқёнуси Атлантика ба уқёнуси Ором.
Солҳои 1908-1909. Ба мавзеи Қутби Шимол рафта расидани Ф. Кук ва Р. Пири.
Солҳои 1991-1912. Расидани Р. Амундсем, Р. Скоттит ба Қутби Ҷануб.
Давраи навтарин
Соли 1932. Аввалин баҳрнавардии дутарафа ба роҳи баҳри Шимолӣ ба воситаи киштии Яхшикани «Сибиряков» дар як мавсим.
Солҳои 1947-1971. Кашфи қаторкўҳҳои зериобии Ломоносов, Менделеев ва дигарон.
Соли 1965. Оғози кор аз рўйи нақшаи 10-солаи гидрологии Байналхалқӣ. Ошкор кардани новаҳои чуқуроба, қаторкӯҳҳои мобайни уқёнусҳо, кафидаҳо, ҷараёнҳои муқобил ва дигар кашфиётҳо дар уқёнуси Ҷаҳонӣ.
Соли 1961. Парвози аввалин дар ҷаҳон дар киштии кайҳонии «Восток» ва парвози минбаъдаи стансияҳои кайҳонӣ, омўзиши Замин ва Кайҳон.
Соли 1965. Оғози кор аз рўи барномаи 10 солаи Байналхалқии гидрологӣ: муайян намудани новаҳои қаърӣ, қаторкўҳҳои миёнаи уқёнус, шикастапораҳо ва кашфҳои дигар дар Уқёнуси Ҷаҳонӣ.
Соли 1972. Якумин Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити атроф ва тараққиёт дар Рио-де-Женейро.
Соли 2009. Аз тарафи профессор Абдулҳамид Қаюмов авалин бор 6-январи соли 2009 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар материки Антрактида бардошта шуд. Масофа аз майдони дӯстии шаҳри Душанбе то материки Антрактида 11 862 км мебошад
Омӯзгори фанни география, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Назиров Маҳмадсаид.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.