Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Чашмаҳои шифобахш ва фоиданокии онҳо.

Тоҷикистон дорои беш аз 200 чашмаи оби маъданӣ буда, таркиби химиявӣ ва ҳарорати ҳар кадоми онҳо аз ҳам тафовут дошта,аҳамияти хоси муолиҷавӣ доранд. Муҳимтарини онҳо Аксигон дар ноҳияи Ваҳдат,Бахмир ва Бахтиёр дар Помири Шарқӣ,Баршор дар Шуғнон,Гармоба дар ноҳияи Файзобод,Гармчашма дар ноҳияи Ванҷ,Оби сафед дар ноҳияи РаштЧашмаҳои шифобахш ва фоиданокии онҳо.
Накша

1. Чашмањои шифобахш
2. Мавзеъи Чилучорчашма
3. Маҷмааи табобатӣ-истироҳатӣ гармчашма
4. Бадахшон ва чашмањои шифобахш

Тоҷикистон дорои беш аз 200 чашмаи оби маъданӣ буда, таркиби химиявӣ ва ҳарорати ҳар кадоми онҳо аз ҳам тафовут дошта,аҳамияти хоси муолиҷавӣ доранд. Муҳимтарини онҳо Аксигон дар ноҳияи Ваҳдат,Бахмир ва Бахтиёр дар Помири Шарқӣ,Баршор дар Шуғнон,Гармоба дар ноҳияи Файзобод,Гармчашма дар ноҳияи Ванҷ,Оби сафед дар ноҳияи Рашт. Оби шифо дар ноҳияи Исфара, Хоҷаобигарм дар ноҳияи Варзоб,Ҳавотоғ дар ноҳияи Истаравшан,Шоҳамбарӣ дар ноҳияи Ҳисор мебошанд.
АКСИГОН чашмаи минералӣ дар 3,5 км ҷанубу шарқии ш. Ваҳдат. Оби минералии гидрогенсулфиди навъи Сочи – Митсеста. Аз пармачоҳ (чуқурии1800 м) ба миқдори 4 л/сон. ҷорист. Ҳарорати обаш дар сарчашма 540С; минералнокиаш 29 г/л; таркибаш хлориди натрию калсий дорад; обаш андаке радиоактивист. Ҳамчун оби шифобахш истифода мебаранд.

ЗОНГ чашмаи минеарлӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар андароби деҳои Помир ва Вахон, тақрибан 111 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатњи бањр 2840 – 3020 м. Оби чашма аз 9 ҷой, ки оби шаштои он хунук ва оби сетоаш гарм аст, мебарояд. Мавзеи чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Дар атрофу акнофи он бӯи гидрогенсулфид ҳис мешавад. Дебити чашмаҳои обашон гарм – 6,0 л/сон., ҳарор. +25,5 – +470С. Оби чашма газнок буда, аз натрий (650 мг/л), калий (61,0 мг/л), калтсий (61,0 мг/л), магний (16,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1232 мг/л), хлоридҳо (291 мг/л), сулфатҳо (287 мг/л), ангидриди озоди карбон (301 мг/л), кислотаҳои силикат (161 мг/л) ва метаборат (159 мг/л) иборат аст. Минералнокӣ 3,07 г/л. Ҳарор. чашмаҳои обашон сард +15 – +190С, дебиташ 2,85 л/сон. Дар таркиби оби онҳо оҳан, литий, стронсий, фтор, титан, манган, алюминий, мис ва берилий мавҷуд аст.
Оби чашмаҳоро метавон барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурд. Лойқаи атрофи чашмаҳо (ғафсиаш 10 – 15 см) низ шифобахш аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои маъдании Истису (Озарбойҷон), Боржоми (Гурҷистон) ва Дилиҷон (Арманистон) шабоҳат дорад.

ВЕЗДАРА чашмаи минералӣ дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳати рости дараи Вездара, 50 км дуртар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3400 м. Дебиташ – 2,6 – 3,3 л/сон., минералнокии умумиаш – 3,3 г/л, ҳарор. обаш +17 – +330С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 мг/л), калий (53 мг/л), калсий (196 мг/л), магний (36 мг/л), гидрокарбонтаҳо (1165 мг/л), хлоридҳо (430 мг/л), сулфатҳо (50 мг/л), кислотаҳои силитсий (187 мг/л), метаборат (97 мг/л), ангидриди озоди карбон (660 мг/л) мавҷуданд. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Онро метавон биошомид, ҳамчун обзан (ванна) кор фармуд. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои Налчик шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Дар байни аҳолии таҳҷоӣ дар бораи пайдоиши чашма ривояте ҳаст. ҳангоме ки ҳазрати Алӣ ба ин мавзеъ барои тарғиби ислом омад, дарёи наздиктарини Ромит хушк шуд. Он вақт Алӣ ба дарё лаънат хонда, онро Кофарниҳон ном кард. То ба макони ҳозираи Чилучорчашма расида, ба худо муноҷот кард, то об бифиристад ва ба таги теппа бо дастонаш зад. Аз ҷойи панҷаҳои ҳазрати Алӣ панҷ чашмаи обаш мусаффо баромад.
НЕМАТС чашмаи минералии обаш сард. Дар ноҳияи Шуғнон дар соҳ. чапи дараи Нематсдара (шохоби чапи д. Ғунт) воқеъ аст. Баландиаш аз сатњи бањр 3170 м. Дебиташ 5,6 – 6,7 л/сон., ҳарор. обаш +6,00 С. Дар таркиби оби чашма ангидриди карбон (449 мг/л), кислотаи силикат (51,0 мг/л), катионҳои калсий (20,0 мг/л), натрий (8,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (92,0 мг/л), сулфатҳо (5,0 мг/л), радон (9,6 нКи/л) вуҷуд доранд. Оби чашма шифобахш буда, барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холесистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабет ва диатези бавлӣ-заҳрпешобӣ) муфид аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои минералии курорти машҳури Брамбахийск (Германия) ва Дарсуни вил. Чита (ФР) шабоҳат дорад (вале минералнокиаш қадре кам аст).

Мавзеи Чилучорчашма

Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ўзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шўравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷўйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.
Ривоятҳо дар бораи чашма

Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шӯҳраташ ба асри 8-уми милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ – Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар Бадахшон захмӣ шуда, дар хоб мавзеи чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучор чашма дар куҷо воқеъ аст: «Аз сипоҳиёни ислом чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма баромаданд. Ба сардории Қутайба ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба води Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучор чашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучор чашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз мамон вақт инҷониб мар дум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд…» Асли номи Бобои Қамар – Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари оддӣ хизмат кардааст.[1]
Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Зиёраткунандагон ин ҷо таҳорат мекунанд, намоз мегузоранд, қурбонӣ меоваранд ва дар оби чашма оббозӣ мекунанд. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад: “Чашмаи морон, Хунукзадагон” – аз газидани мор ва аз шамол задан, “Устухондард” – аз касалиҳои устухон, “Табларза” – аз табларза, “Шифо”- шифобахш ва дигар.
Одамонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. Зоирон мегӯянд, бахусус, аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чун ин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқра дар ҳарорати 130 дараҷа тасфад, он ба заҳр табдил меёфтааст ва табиист, агар моҳиҳои Чилучор чашмаро рӯйи оташи 600-дараҷаи бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст.

Аммо пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.[2]

Имрўз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.
Гармчашма – Маҷмааи табобатӣ-истироҳатӣ, чашмаи гармоби минералӣ ва яке аз ёдгориҳои табии ва экологии Тоҷикистон мебошад.

Чашмаи минералии Гармчашма дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр,ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ғарби нишебии силсилакӯҳҳои Шоҳдара, дар мобайни ҷараёни дарёи Гармчашма, шохоби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Дар километри 42, дуртар аз ш. Хоруғ осоишгоҳ (санаторияи) Гармчашма, ки аз якчанд чашмаи шифобахш иборат аст, амал мекунад.
Чашма соли 1928 аз ҷониби минерологи рус А.Н. Лубенсов кашф карда шудааст.Чашма умри чандинҳазорсола дорад, зеро дар тўли чандинасраи мавҷудияташ дар ин ҷо таҳшинҳои оҳаксанг (шўшаҳои оҳак) ҷамъ шуда, ба тарафи дарё чун шалола овезонанд. Соли 1957 дар ҷои баромади обҳои минералӣ табобатгоҳи «Гармчашма» бунёд гардид, ки баъдан чандин маротиба тармиму бозсозӣ шудааст.
Макони табобат

Осоишгоҳи (санаторияи) Гармчашма, ки аз якчанд чашмаи шифобахш иборат аст, дар километри 42, дуртар аз ш. Хоруғ амал мекунад. Як омили муҳими осоишгоҳ қарор гирифтани макони ҷойгиршавии чашмаҳо бар замми табобат бо оби чашма обу ҳавои форами маҳал аст, ки барои шифо ёфтан аз бемориҳои дил, системаи асаб, миён, пой, пўст ва касалиҳои занона мусоидат менамояд.

Бадахшон ва чашмаҳои шифобахш.

Агар боигарии водиҳои Ҳисор, Вахш, Рашт, Зарафшону мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ замини кораму чарогоҳҳо бошанд, дороии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъданҳои кӯҳӣ ва чашмаҳои шифобахшанд. Тибқи маълумоти китоби «Лечебные минералы источников Памира»-и Икром Бобохоҷаев ва Ширинбек Давлатмаҳмадов дар вилоят дар заминаи 76 чашмаи шифобахш истироҳатгоҳ бунёд кардан мумкин аст. Ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар қаламрави вилоят Раёсати гидрогеологӣ ва муҳофизати сарватҳои зеризаминии назди Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ гурӯҳи тадқиқотии Ҷанубии гидрогеологӣ ва Пажӯҳишгоҳи марказии курортология ва физиотерапияи собиқ Вазорати тандурустии ИҶШС хосиятҳои физикӣ, таркиби кимиёвию газнокӣ ва гидрогеологии ин чашмаҳоро комилан омӯхта буданд. Маълум шуд, ки чашмаҳои маъдании гарму хунуки Бадахшон аз лиҳози хосиятҳои физикӣ, таркиби кимиёву газнокӣ, балнологӣ (гармобашиносӣ), иқлими миёнаву баландкӯҳ ва фоиданокии табобатӣ аз истироҳатгоҳҳои шӯҳратёри Қафқоз, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Русия, Украина, Олмон, Чехия, Словения, Маҷористон бартарӣ доранд.
Дар иртибот ба вазъи ин соҳа бо Ширинбек Давлатмаҳмадов яке аз муаллифони китоби зикргардида, ки ба тозагӣ интишор ёфтааст, ҳамсӯҳбат шудем.
-Тибқи маълумоти китоб вилоят дар оянда ба макони истироҳатгоҳҳо табдил меёбад, аммо ҳолати кунунии онҳо чӣ тавр аст?
-Мо имконият доштем, ки танҳо 76 чашмаи обҳои гарму шифобахшро таҳқиқ намоем, вале дар Бадахшон теъдоди чунин чашмаҳо ба маротиб зиёданд. Имрӯз дар вилоят истироҳатгоҳ вуҷуд надорад. Ҳастанд муассисаҳои тавъам ба шифохонаҳо, аммо онҳо ба шифохона ҳам қариб ки муносибате надоранд. Чунин муассисаҳо дар вилоят якчандтоанд. Калонтаринашон «Ҷелондеҳ», «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун» ва боз 2-3 -тои дигар дар Ванҷу Мурғоб фаъолият доранд. Онҳо дар асл истироҳатгоҳ ҳам нестанд, зеро истироҳатгоҳҳо сохтори вижагии мушаххаси тиббии худро доранд, ки корафтодагон дар он табобат мегиранд, ё истироҳат мекунанд. Ман гуфтаниам, ки кулли чашмаҳои обҳои шифобахш дорои хусусияти хоси худанд, яъне на ҳамаи одамон метавонанд вориди обзанҳои (ваннаҳо) ин чашмаҳо гарданд, зеро ба яке суд бахшанд, ба дигаре зиён меоранд.
-Шумо гуфтаниед, ки дар кори табобатии ин муассисаҳо назму низоме вуҷуд надорад?
-Бале, аксарияти одамон бе ташхиси қаблии муассисаҳои табобатӣ ба ин ё он чашмаи оби шифобахш мераванд. Гирем, чашмаи оби шифобахши Ҷелондеҳро. Ҳарорати гармии оби чоҳҳои он аз 50 то ба 80 дараҷа мерасад. Маризон гумон доранд, ки ҳамин гармӣ малҳами кулли дардҳост. Оби чашмаи Ҷелондеҳ тариқи қабули обзанҳо танҳо ба гирифторони касалиҳои узвҳои такяву ҳаракат, дилу рагҳои хунгард, системаи асаби ғайримарказӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва бемориҳои занонаю ғадудҳои эндокриникӣ давост. Дар саросари дунё дар назди чашмаҳои шифобахш духтурон фаъолият доранд ва табибон ба ҳар мариз тибқи бемориаш табобат таъин менамояд. Гирем, обзанҳоро. Қабули обзанҳо низ барои беморон гуногунанд, яъне мӯҳлати қабули яке бештару аз дигаре камтар. Умуман, мӯҳлати қабули обзанҳо аз 15 то 20 дақиқа аст, вале одамон то 45 дақиқа ва баъзан то як соат дар даруни оби маъданӣ меистанд, ки он ба ҷои фоида зиён меорад. Кормандони ҳамаи обзанҳо асосан соҳибхоназанҳо мебошанд, ки дар бораи табобати обҳои шифобахш тасаввуроте надоранд. Дар ҳар як чашмаи обҳои шифобахш барои истироҳаткунандагон бояд обзанҳои алоҳидаву барои сокинони деҳоти гирду атрофи чашма, ки ба хотири оббозӣ ба ин ҷо меоянд, алоҳида бошанд. Қариб дар ҳамаи чашмаҳои обҳои шифобахш, ки фаъолият доранд, дутоӣ обзан мавҷуд аст. Яке барои занон ва дигаре барои мардон. Яъне дар он ҳам истироҳаткунандагон ва ҳам «меҳмонон» оббозӣ мекунанд. Одатан аз соати 4-и субҳ то 8-и рӯз обзанҳоро онҳое қабул мекунанд, ки дар оби ин чашма табобат мегиранд. Касони аз соати 8 то 4-и рӯз омада, на ба мақсади табобат, балки ба шустушӯ меоянд. Онҳо баданашонро собун мезананд. Баъди ин онҳоро баъзан мешӯянд, аксар вақт «фаромӯш» месозанд. Дар натиҷа онҳое, ки ин ҷо табобат мегиранд, вориди обзанҳои ифлос мешаванду бар замми дардашон боз ба чандин дарди дигаре гирифтор мегарданд. Роҳбарияти чашмаҳо чунин нафаронро ба хотири ҷамъоварии пул иҷозати шустушӯ медиҳанд.
-Яъне дар назди чашмаҳои шифобахш ҳатман бояд духтурони соҳа фаъолият намоянд.
-Оре, аммо дар вилоят боз чашмаҳои обҳои шифобахше ҳастанд, ки ҳатто хоҳарони шафқат надоранд. Чунин чашмаҳо ба ҳаммом табдил ёфтаанд. Инчунин табобат дар обҳои шифобахш ба истеъмоли ғизо низ алоқаманд аст. Аксарияти беморон бояд парҳезро риоя намоянд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мариз комилан шифо меёбад.
-Вазъи машҳуртарин табобатгоҳ – «Гармчашма» чӣ гуна аст?
-Дар ду-се соли охир ба ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси вилоят КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар «Гармчашма» меҳмонхона ва бинои табобатии барҳаво сохт. Идороту муассисоти дигару соҳибкорон низ биноҳои гуногуни хизматрасонӣ бунёд карданд. Ин биноҳо имрӯз дар хизмати садҳо нафар мариз қарор дорад.
-Ба фикри шумо ба хотири беҳбудии чашмаҳои шифобахш чӣ корҳоро бояд сомон дод?
-Имрӯз аз минтақаҳои ҷумҳурӣ маризон маблағи зиёд харҷ карда, бо умеди ба дардашон даво ёфтан меоянд, вале на ҳама шифо меёбад. Зеро тарзи табобат таваккалист. Вақти он расидааст, ки дар заминаи ин нимбеморхонаву ним- истироҳатгоҳҳо осоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намоем. Ё дар вилоят раёсати осоишгоҳҳо таъсис диҳем ё кулли чашмаҳои шифобахши онро муваққатан ба ихтиёри Раёсати осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ вогузорем. Бигзор, беморон бо роҳхатҳои иттифоқҳои касаба вориди Бадахшон шаванд. Донишгоҳи давлатии тиббии кишвар бояд мутахассисони гармобашиносу иқлимшиносро тайёр намояд. Ба сохтмонҳои бесарусомон ҳам, ки дар гирду атрофи чашмаҳои шифобахш ҷараён доранд, хотима бахшидан зарур аст. Ошхонаву хобгоҳҳо бояд дар тобеияти шифохонаҳо бошанд. Он гоҳ ҳам маризон табобат меёбанду ҳам ба буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ ворид мегардад.
Дар Тоҷикистон чашмаҳои обашон шифобахш зиёд аст. Баъзеи онҳо аз сабаби бӯй ва рангашон барои нӯшидан мувофиқ нестанд. Чунончи, чашмаҳое ҳастанд, ки «олтингӯгирд» (сулфур) доранд. Бо ин гуна об вузӯ кардан ҷоиз аст.

Тоҷикистониён ноҳияи Ванҷро бо пиряхҳои азими Федченко, Хирсон, Кашолаях, дарёҳои хурӯшони Ванҷобу Язғуломоб, конҳои маъдани никел ва мармари оҳарии сафед, ҷангалистонҳою бӯстонҳояш мешиносанд. Дар Ванҷ бар замми ҳамаи ин неъматҳои фаровон ҳамчунин чашмасорони оби зулолу маъданӣ ва шифобахше ҳастанд, ки ба даҳҳо дард даво мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки чашмасорони маъдандори шифобахш дар қаламрави Помир зиёданд ва шумораи аниқи онҳоро касе намедонад.
Ин чашмаҳои шифобахш аз резишгоҳи рӯдхонаи Ванҷоб, аз соҳили Панҷи пуртуғён оғоз гардида, то ба домони пиряхҳои ҳазорсолаи Федченко, Абдулқаҳҳор ва Хирсон, водии Язғулом, деҳоти Босид ва Убағн то қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя дар сари ҳар як қадам аз камари кӯҳҳо фавворазанон мебароянд.
Иқбол Нағзибеков, куҳансолтарин сокини ноҳияи Ванҷ, нақл мекунад, ки дар замони Аморати Бухоро чанде аз толибилмоне, ки дар мадрасаҳои ин шаҳри бостонӣ таҳсил доштанд, обҳои мусаффои диёрро ба Бухоро мебурданд. Ҳамин тариқ, аз рӯзгори куҳан овозаи обҳои мусаффои Ванҷ ба шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ низ рафта буд.
Мӯъҷизаи дигари табиати нотакрори Ванҷ рӯдҳои калону хурди он мебошанд, ки маҷрояшон аз таги сангу кӯҳпораҳо то чандин фарсахҳо ҷараён гирифтааст. Оби дарёчаҳои таги сангпораҳо ва кӯҳҳо хеле ширин ва болаззат мебошад. Аз ҷумла дарёчаҳои зерикӯҳӣ ва зеризаминии деҳаҳои Гишхун, Одешт, Ширговад эҳтиёҷи беш аз ҳазор хонаводаро бо об таъмин месозанд ва киштзору боғот низ шодоб мегарданд. Ҳамчунин оби чунин рӯдҳои зеризаминӣ хосияти шифобахшӣ доранд.
Сироҷиддин Наҷмиддинов, табиатшинос, корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иттилоъ дод, ки замони шӯравӣ олимон ва мутахассисони соҳаи гидрогеология таркиби кимиёвӣ ва дараҷаи шифобахшии даҳ чашмаи шифобахши Ванҷро омӯхта, таҳлил намуда буданд. Аммо ин амали хайрро то охир ба ҷо оварда натавонистанд.
Нахустин чашмаи оби маъдании шифобахш аз канори дашти Сурхсангов ба оғӯши Ванҷоб ҷорӣ мешавад. Хусусиятҳои муолиҷавӣ дошта, барои табобати дардҳои зиёд давои хубе мебошад. Дар таркибаш моддаҳои фаровони кимиёвӣ дорад. Ин чашма дар даромадгоҳи деҳаи навбунёди мавзеи Сурхсангов, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлат, зимни сафари корӣ дар Бадахшон деҳаи Ваҳдат номгузорӣ кард, ҷойгир буда, барои истифода хеле қулай аст. Зеро оби чашма роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷро миёнбур карда мегузарад. Аммо аз ин атои табиат то ҳанӯз истифодаи дуруст бурда намешавад. Дар канори ин чашмасор деҳаи дорои 165 хонавода доман густурдааст ва шояд шахси боҳиммате пайдо гардаду ин ҷо истироҳатгоҳе созад. Болотар чашмае дар мавзеи Пайшанбеобод ҷойгир аст ва аз оби шифобахши он мардуми деҳахои Вичхарв, Роғу Вокроғ истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар мавзеи Дараи Зинг, дар домони кӯҳсорон, чашмаи нодире пайдост, ки таркиби кимиёвии он ба касалиҳои меъда, рӯда, талха ва ҷигар давои беҳамтост. Анвар Нилобеков, сокини деҳаи Убари Даргов, нақл мекунад, ки ӯ аз овони бачагӣ ба бемориҳои меъда, талха ва ҷигар мубтало буд. Табибон нӯшидани оби чашмаи Дараи Зингро ба вай тавсия доданд. Истифодаи бардавоми оби чашма саломатии ӯро барқарор кард. Афсӯс, ки ба сӯи ин чашма роҳи мошин нест ва мардуми эҳтиёҷманд аз он кам истифода мебаранд. Чашмаи дармонбахши дигар дар канори деҳаи Гармчашма, дар шафати роҳи мошингарди қишлоқи Поимазор, воқеъ гаштааст ва истифодаи он хеле осон аст. Фарҳод Ноёфтов, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ташаббус нишон дода, соле қабл дар канори ин чашма иморате бино кард, ки ҳоло шахсони дардманду эҳтиёҷманд он ҷо аз оби маъдании чашма истифода мебаранд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки мутахассисони соҳаи тиб ва олимони гидрологу табиатшинос дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқ ба хулосае омаданд, ки оби чашмаҳои маъдандор ва шифобахши Ванҷ хеле нодир ва баҳри муолиҷаи беморон беҳамтост. Аз обҳои маъдани Қафқоз, истироҳатгоҳҳои Шоҳамбарӣ, Хоҷа Оби Гарму Гармчашма ва Авҷ камӣ надоранд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар чорсӯи Помир соҳибкорон ва тоҷирон даҳҳо ва садҳо адад мағоза, тарабхона, қаҳвахона, марказҳои савдо, чойхонаю ошхонаҳо бунёд мекунанд. Ин ҷо саволе ба миён меояд: куҷоанд он соҳибкорон, ҷавонмардони олиҳиммате, ки дасту остин барзананду дар канораҳои ин чашмасорони зулолу шифобахш корхонае, истироҳатгоҳе бунёд намоянд ва ба мардум нафъу фоидае расонанд.
Оби зулолу шифобахши чашмаи «Авҷ»-и ноҳияи Ишкошим шуҳратёр аст. Мутаассифона, он бо сабаби дурии роҳ танҳо ба гурӯҳи бисёр ками аҳолии кишвар дастрас мебошад. Яъне онҳое метавонанд аз ин об нӯши ҷон кунанд, ки роҳи дарозро бо мақсади муайяне тай намуда, ба ин мавзеъ меоянд ва ё дар ин гӯша ва гирду атрофи он иқомат доранд.
Аслан ҷойи таассуф аст, ки дар асри XXI, асри рушду тараққиёт оби ин чашма беҳуда ба дарёи Панҷ мерезаду аз он истифода намегардад. Магар мушкил аст бунёд кардани сехе, то ин оби зулолу газноку шифобахш тавассути шишаҳо ба мардуми тамоми манотиқи кишвар дастрас шавад? Дар ин ҳол боз чанд нафаре ҷойи кор пайдо мекунад ва ҳам мардум ба даҳҳо дард даво меёбад.
Дар мавриди ба хориҷи кишвар баровардани ин об алҳол чизе намегӯям.
Оре, ман дар ин нома танҳо масъалаи оби чашмаи «Авҷ»-ро гузоштам. Обҳои «Гармчашма», «Бибӣ Фотимаи Заҳро» ва дигар чашмаҳои Бадахшонро низ дар баробари «Авҷ» мебояд дастраси мардум намуд.
Бовар дорам, ки бо нашри ин нома масъулон сари ин масъалаи муҳим меандешанд ва тадбир меҷӯянд.
Соли 1935 геологҳо дар ҷустуҷӯи нафт қишри заминро парма карданд. Вале ба ҷои нафт чуқурии 800 метр оби гарм фаввора зада баромад, ки ҳарораташ 28 дараҷа буд.
Геологҳо ба ин қаноатманд нашуда соли 1949 боз 40метр дуртар аз оби пайдошуда заминро карданд. Ин дафъа низ аз қаъри 1800 метр об баромад, ки гармиаш ба 36 дараҷа мерасид.
Ҷустуҷӯи нафт идома меёфт. Тахминан як километр поёнтар аз чашмаҳои ёфтшуда боз заминро парма карданд, ки чуқурии он то 1200 метрро ташкил дод. Ин бор оби гармтаре фаввора зад, ки 40 дараҷа ҳарорат дошт.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо пайдо шудани обҳои гарм ба тадқиқи об ҷиддитар машғул шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз се чашма обҳоро гирифта барои ташхис ба шаҳри Москва фиристод. Аз Москва мужда омад, ки «Обҳо шифобахшанд».
Соли 1952 сохтмони муассисаи курортии «Шамбарӣ» оғоз ёфт. Аввалин бинои муолиҷагоҳи «Оби шифо» бо хишти пухта қомат афрохт. Баъдан иморати похсагин барои ҷои хобби ниёзмандон ва муолиҷа, тариқи ҳашар бо қувваи сокинони Деҳаҳои Дарозӣ ва Чағатой сохта шуд.
Моҳи майи соли 1954, Шамбарӣ нахустин бор 50 нафар эҳитиёҷмандонро қабул кард. Табобати онҳо бепул буд, яъне аз ҳисоби Вазорати Тандурустӣ бо либосҳои касалхонагӣ таъмин гардиданд. Мардум аз истифодаи оби шифо дар тани худ беҳбудие дарк карданд. Мутахассион низ дарёфтанд, ки оби шифо ба тандурустии маризон даво мебахшад.
Натиҷаи кор дар идораҳои болої мавриди тадқиқ қарор гирифту соли 1956 биное барои 70 нафар қомат рост кард. Соли 1961 боз ду хонаи дигар барои 40 нафар сохта шуд. Акнун номи ин мавзеъ мутобиқи оби шифои «Шамбарӣ» («Водолечебница Шамбари») ба муассисаи курортии «Шамбарӣ» табдил дода шуд.
Соли 1965 барои 56 эҳтиёҷманд бинои рақами 5-ум қад кашид. Талабот сол то сол барои муолиҷа меафзуд ва ҷой камӣ мекард. Бинобар ин эҳтиёҷмандонро дар ҳуҷраҳои корӣ ҳам ҷой мекарданд.
Бояд тазакур дод, ки дар сохтмони аввалин биноҳои «Шамбарӣ» саҳми аввалин сардухтур- Михо Степан Илич (миллаташ булғор) хело калон буд. Набудани роҳ, қувваи барқ, борону селҳо сади роҳи ин мард шуда наметавонист. Ин марди матинирода дар муддати 14-соли сарвариаш (аз соли 1952) дар ободании курорт саҳми назаррасе гузошт.
Аз соли 1970 Додихудоев Давлат Додихудоевич роҳбари курорт тайин шуд. Он солҳо маризони зиёде аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ба Шамбарӣ омада табобат мегирифтанд. Ҳамон солҳо дар майдони поёнии курорт як бинои дуошёна барои 56 нафар ва 4-то коттеҷ сохтанд. Ҳамагӣ 100 нафар роҳхат қабул карда мешуд. Дар майдони боло низ се коттеҷ сохта шуд. Ҳазорҳо бех ниҳоли соядор ва мевадор асосан дар давраи сарварии Додихудоев сабзу хуррам гашт.
Давлат Додихудоев 17-сол сарвари табобатгоҳи «Шамбарӣ» буд. Барои хизмати арзандааш ба ӯ нишони «Аълочии тандурустӣ» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС доданд. Мо заҳмати азизони гузаштаро набояд фаромӯш кунем.

Соли 1972 Инсититути гастроэнтерологии Академияи Илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор Ҳомид Мансуров мутахассисони институтро барои кори илмӣ, ба курорт фиристоданд. Онҳо аниқ карданд, ки оби Шамбарӣ бештар ба касалиҳои узвҳои ҳазмкунанда фоидабахш аст. Аз соли 1974 курорт барои табобати касалиҳои ҳазмкунӣ шурӯъ кард.
Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон соли 1976 дар бораи ҳамаҷониба обод гардонидани Шамбарӣ қарор қабул кард. Тибқи ин карор сохтмони нави комплексии курорт оғоз ёфт.
Ҳамин тавр, сохтмони бинои асосӣ барои 204 нафар, клуби дорои 200 ҷой, ошхона, хонаи обгармкунӣ, амбор, гараж, манзили истиқоматӣ барои кормандони курорт (32-хонага), сохтмони иншооти тозакунӣ шурӯъ ёфт. Сохтмон то соли 1950 давом кард, қисман нотамом монд, зеро баъдан оби чашмаҳои шифобахш кам шуданд. Сабаби камшавии об дар он аст, ки ҳар як чашмаи пармашуда баъди 30соли хизмат бояд маҳкам карда шавад ва чунин ҳам карданд. 4-то чашмаро бастанд. Соли 1986 заминро аз нав дар 4 ҷой парма карданд. 2-тоаш то чуқурии 700-750 метр, дутои дигараш то 1400-1410 метр парма карда шуд. Соли 1987 аз ҳамаи чашмаҳо оби фаровон фаввора зад. Сохтмон аз нав идома ёфт.
15-уми марти соли 1990 бинои асосӣ ба истифода дода шуд. Ин боиси хурсандии аҳли заҳмат гардид. Дар ҳамаи ҳуҷраҳои бино оби хунуку гарм муҳайё шуд, клуб ва киноаппаратҳои пуриқтидор ба кор шурўъ карданд. Ҳуҷраҳо бо таҷхизоти нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар ҳар як ҳуҷра телефон кор мекард. Дар ҳар як ошёна телевизорҳои ранга дар хизмати одамон буд. Оби ошомидани аз масофаи 6-километр аз дарёчаи Алмосӣ тавассути насосҳои пуриқтидор омад. Шамбарӣ аз курортҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ камї надошт.
Ин давраи рушди курорт ба солҳои роҳбарии Шейт Борис Волфович мансуб аст. Соли 1987 хонаи чехӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат сохтанд. Солҳои 1990-1991 курорт тамоми сол кор кард. Дар зимистон то 250 нафар ва тобистон шумораи истироҳаткунандагон ба 600 нафар мерасид.
Соли 1988 курорт дар байни курортҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои аввалро соҳиб шуда, ба гирифтани Байрақи Сурхи Сайёри СССР мушарраф гардид. Беш аз 70%-и сайёраи Заминро об пушонидааст. Ва хамаги 3%-и он оби ошомиданц мебошад. Ба таври умум ин захира барои инсония тули солхои дароз басанда аст. Лекин мавчудияти он дар хама китъахои олам баробар нест. Барои яке фаровон асту барои дигаре камчин. Дар як чо ба кадраш мерасанду дар чойи дигар хораш мекунанд. Агар неруи ободкунандаи онро эхтиром намоянд, кудрати харобиоварии онро кам дарк мекунанд. Истифодаи окилони он мазраеро шодоб намояд, истеъмоли бенизомаш заминхоро ботлоку шур мепардонад.

Вокеан хам, вакте ки мо дар бораи захирахои истифода дар окибатхои об харф мезанем, бояд микёси гуфорамонро хар кас ба зуди дарк менамоянд. Обро окилона истифода барем, тоза нигох дорем ва барои фаровон шуданаш кор кунем. Зеро замин хонаи умумии хамаи мост.
Оре, об манбаи хастии хамаи мавчудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки вокеияти он чахону зиндагониро таровату зебой ва сарсабзиву озодагй мебахшад. Хастии гулу гиёх, хайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободй ва озодагиву пурбаракатй хама ба об, вобастагй дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шуступгуи сохтани манзил, тозагии кучахо, обёрии заминхо истифода мебарад. Инчунин одам бо рохдои обй завраку киштй ронда, хар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинахоро ба харакат дароварда, чараёни электрики хосил мекунад. Бо кувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакхои обчувоз харакат мекунанд. Кори ягон сохаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводхо обро барои тайёр кардани махлули рангхо, охар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани когаз, собун, нонпазй, нушокихои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагй карда наметавонад. Хатто кисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лахзахои хаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокй, аз бемориву дардхо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва хайвонотро, ки инсон хамеша бо онхо сарукор дорад, манбаи асосист. Хатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанй ва гулу гиёх намеруяд.
Мо, точикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд хамеша бифахрем. Точикистон аз захираи об бой буда, кариб 7000 пирях, 155 кули гуногунхачм, даххо хазор чашмаоби одию маъданй ва обанборхои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагй пойдор буда наметавонад. Аз кадимулайём дар китобхои динй низ об чун манбаи асосии хаёт дониста мешавад. Чор унсур дар хаёт мукаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавчудоти олам ба онхо эхтиёч доранд.
Модоме ки асоси зиндагии хамаи мавчудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси хастй, чароги равшанидиханда, созгори дунёи хастй эхтиром намоем, тозаву озода нигох дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъчизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовхо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Тоза нигох доштани об ва мукаддас шумурдани он, кимат донистани хар катраи ин муъчизаи бузург карзи хар як инсони асил аст, зеро об на танхо хамчун манбаи ободй, балки маъхази нуру рушной ва махсули шодихои олами хастист.
Об хаст ободй хаст, мегуянд. Об аст, ки кулли мавчудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагй у карор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёх аз он рангу буй, таровату пояндагй мегиранд. Бе об хаёт маъно надорад. Зиндагиро аз хастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонхои беандеша ва номурод дидаю дониста обхоро ифлос мегардонанд. Дар дарёхо партовхо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорй истифода мебаранд, ки ин ба касодихо оварда мерасонад.
Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмуи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ иборатанд.
Обҳои зеризаминӣ – қисми захираҳои обии кураи Замин ба шумор рафта, захираҳои умумии ин обҳо дар чаҳон беш аз 60 млн км2-ро ташкил медиҳад.
Обҳои зеризаминӣ ҳамчун кандании фоиданок баррасӣ карда шуда аз дигар намудҳои канданиҳои фоиданок бо он фарқ мекунанд, ки захираҳои онҳо барқароршаванда мебошад.
Аз рӯи пайдоиш обҳои зеризаминӣ гуногун буда, қисме аз онҳо дар натиҷаи воридшавии обҳои барфу борон ба қабатҳои начандон жарф (то 1,5-2,0 м) ташкил шуда (бо ибораи болооб ё баландоб ифода карда мешаванд) қисми дигари онҳо бошад дар чуқуриҳои нисбатан зиёди қаъри замин ташкил меёбанд.
Обҳои ошомидании зеризаминӣ обҳое ҳастанд, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояшон дар ҳолати табии ё баъди коркард барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода мешаванд ва дар муқоиса ба обҳои рӯизаминӣ бо баъзе хусусиятҳо ва бартариятҳо аз қабили сифат ва эмин будан аз ифлосшавию олудагиҳои рӯизаминӣ фарқ мекунанд. Маҳз ҳамин омилҳо сабаби ҳарчӣ бештар гардидани истифодабарии онҳо дар солҳои охир гаштааст Истифодабарии обҳои нӯшокии зеризаминӣ, махсусан дар солҳои охир ривоҷу равнақи тоза гирифта шумораи истифодабарандагони он сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Теъдоди умумии пармачоҳҳои барои об кофташуда дар Ҷумҳурӣ наздики 10 000 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1652 пармачоҳ дар асоси захираҳои ҳисобӣ ва тасдиқшуда фаъолият намуда барои обтаъминкунии мутамарказонидашуда хизмат менамоянд.
Пармакунии чоҳҳои истифодабарии об аз тарафи корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои дорои шакли гуногуни моликият ва шахсони воқеӣ иҷро карда мешавад. Ташкилоту корхона ва ҷамъиятҳое, ки фаъолияти худро дар ин бахш ба роҳ мондаанд, бояд талаботи Кодекси об ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии амалкунандаро риоя намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти кишвар ба ҳалли масоили обӣ, чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ, таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад. ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони об аст ва дар робита чунин далелҳо пеш овард: «Пиряхҳо ва кӯлҳои ҷумҳурӣ фарогири беш аз 800 миллиард метри мукааб оби тоза мебошад. Ҳамасола дар қаламрави кишвар ҳудуди 60 миллиард метри мукааб оби дарёҳо ташаккул меёбад, ки ҳудуди 60%-и захираҳои оби тамоми Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Аммо тоҷикон барои ниёзҳои дохилӣ танҳо 15%-и захираҳои обии худро истифода мебаранд. Қисмати боқимондаро кишварҳои поиноб асосан барои обёрии заминҳояшон масраф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 40%-и сокинони Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд ва дар як қатор деҳот таъмини оби ошомиданӣ мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст. Алъон дар кишвар бо дастгирии созмонҳои кӯмакрасон як қатор лоиҳаҳо оид ба беҳтар гардонидани обтаъминкунии аҳолӣ татбиқ карда мешаванд. Вазифаи мазкур ҳамзамон қисми таркибии Стратегияи рушди миллӣ ва Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад».

«ЗУМРАД», осоишгоҳест дар ш. Исфара. Дар баландии 940 м аз с.б. воқеъ гаштааст. Мавзеи «З.» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дошта, зеботарин гӯшаи ноҳия ба шумор меравад. Сабаби таъсиси «З.» чашмаи минералии «Обишифо» аст. Дар ҷои имрӯзаи «З.» с. 1972 хонаи истироҳат (150 кат) барои кормандони соҳаи кишоварзӣ ташкил шуда буд. С. 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд (барои 260 наф). Феълан дар «З.» дар як баст то 500 наф. истироҳат мекунад (дар як сол то 8500 наф.). «З.» дорои 3 бинои иқоматӣ, 2 котеҷ, 3 бинои табобатӣ (барои 250 наф. дар як соат), қасри «Шифокорон» (барои 300 наф.), китобхона, чойхонаи «Сино», осорхона, ошхона, озмоишгоҳи биохимиявӣ, шӯъбаи ташхис ва стоматологӣ мебошад. Дар «З.» ба бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардитҳо, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғ.), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартрозҳо, остит, бурсит ва ғ.), силсилаи асаб (атеросклерози рагҳои майна, арахноидит, энсефалит, полиомиелит, сарсом, неврастения ва ғ.), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғ.), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда ва роҳҳои пешоб ва ғ. дармон бахшида мешавад. Табибони «З.» аз усулҳои муолиҷа бо оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзаншифоӣ ва ғ. истифода мекунанд. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Таваҷҷӯҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани ин масьала ба назар гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 таҳти рақами 551 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон ҷизи дигар обро иваз карда наметавонад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доими ва пиряхҳои кӯхӣ ба миқдори 2,53% маҳфузанд.Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониён ба он нигаронида шудааст.
Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :” Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад” . Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дар Помир мавҷуданд. 73% кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Яке аз ихтироъи ягона дар ҷаҳон аз ҷониби ширкати «Гейзер» бо номи картриҷи «Арагон» мебошад, ки он дар асоси хусусиятҳои таркибии химиявиву физикии глобалӣ-молекулярӣ сохта шуда, барои саломатии инсон комилан бехатар мебошад. Яъне ҳангоми гузаштан ба воситаи ин филтр об структураи худро дигар мекунад. Яъне таркиби молекулявии об иваз шуда, тамоми ифлосиҳову микробҳои зараровари он аз ҳисоби қабатҳои ионҳои муҳофизаткунанда ба оби софи фоиданок табдил меёбанд. Бояд гуфт, ки микробҳои зараровар аз филтри «Арагон» намегузаранд, зеро қабатҳои ҷафсшудаи филтр хеле мустаҳкаманд. Аслан «Арагон» аз хока таркиб ёфтааст ва тавре ки дар сохтмон қум тар шуда ба якдигар зичтар мегардад, қабатҳои филтри «Арагон» ҳам ба ҳамин тарз хеле ба ҳам ҷафсанд ва дар навбати худ обро тоза карда, аз қабати худ мегузаронанд. Зеро ифлосиҳои об дар қабатҳои он ба монанди таркиби қуми тар часпида мемонанд ва дар натиҷа танҳо оби соф аз қабати филтр гузашта метавонад.

Ин заррачаҳои хавфноки дар об мавҷудбуда ба монанди парҳое мебошанд, ки ҳангоми гузаштани об ба қабатҳои филтр дармемонанд. Ҳамчунин дар таркиби филтри «Арагон» нуқра мавҷуд аст, ки он хусусияти нест кардани микробҳоро дорад. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳо «Арагон» аз дигар филтрҳо фарқ мекунад.
Ченаки филтри «Арагон» аз рӯи микрон ҳисоб карда мешавад ва он ба шароити ифлосии об вобаста аст. Чӣ қадаре ки дар об микроб зиёд бошад, эҳтимолияти аз филтр гузаштани 0,1 ё ки 0,01 ҳиссаи онҳо вуҷуд дорад. Якхел обҳое ҳастанд, ки ба назар ҷилодору шаффоф ва тоза менамоянд. Агар бо микроскоп бинем, дар таркиби ин обҳо металҳои гуногуни аз қабати замин ба об дохилшуда вуҷуд доранд. Масалан ҳангоме обанбор сохта мешаваду об ҷорӣ мегардад. Чунин обҳоро филтр кардан шарт нест. Дар таркиби чунин обҳо намакҳои ғафси табиӣ вуҷуд доранд, ки онҳо аз филтр намегузаранд. Ин намакҳо дар навбати худ обро тоза нигоҳ медоранд. Аммо вақте филтри «Арагон»-ро истифода мебарем, танҳо миқдори ками намакҳое дар об боқӣ мемонад, ки ба саломатии инсон фоида дорад. Ин филтр ихтироъи гурӯҳи калони олимони соҳа дар Санкт-Петербург мебошад.
«Афзоиши назарраси аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 22 миллион нафар дар соли 1956 ба 64 миллиони кунунӣ расидааст, боиси афзудани истеъмоли об гардидааст.

Ҳамзамон аз таъсири тағйири иқлим масоҳати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии ташаккули дарёҳои минтақа мебошад, кам гардид ва дар натиҷа ҳаҷми оби дарёҳои фаромарзӣ коҳиш ёфт.
Бинобар ин, кишварҳои минтақаро зарур аст, дурнамо ва барномаҳои истифодаи об, хусусан, дар соҳаи кишоварзиро бознигарӣ кунанд ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаеро бипазиранд, ки барои рушди устувори тамоми минтақа ва ҳар як кишвари он мусоидат мекунанд.
Тоҷикистон тайи солҳои охир масоҳати кишти пахтаро беш аз 40% коҳиш дода, алъон дар ин заминҳо анвои рустанию сабзавоте кишт мекунад, ки масрафи камтари обро металабанд»,

Хулоса
Обу ободони гуфтаанд . Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Омӯ, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Гангу Брахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус аз Хитой ба Гонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳои Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад.

Адабиётњо

1. Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
2. Нурназаров М. Муҳабатов Ҳ. Раҳимов М. Ҷуғрофияи Тоҷикистон китоби дарси синфи 8. 2000с.
3. Джураев К.Ш., Пулатов Д.П. География Таджикистана-Душанбе: Маориф, 1988г.
4. Хайдарова Р.Н. Экономическая и социальная география Таджикистана-Душанбе: ТГПУ им. К. Джураева, 1995г.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.