Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Минтақаи Балҷувон

Диёри Балҷувон – як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азизам мебошад. Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарини ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд. Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар мавзеъҳои гуногуни ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин дар ҳудуди Бохтар дохил буд. Дар сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаандСарсухан
Диёри Балҷувон – як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азизам мебошад. Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарини ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд.
Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар мавзеъҳои гуногуни ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин дар ҳудуди Бохтар дохил буд. Дар сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар барйни олимону донишмандон дар хусуси пайдоши номи Балҷувон ақидаҳои ҳархела то ҳол маҳфуз мебошад. Ба ақидаи муйсафедони рӯзгордидаю донишмандони таҳҷоӣ, Балҷувон аз ду вожа «Бале» ва «Ҷавон» бар меояд. Яъне маънояш Бале- ҷавон аст. Саидаҳотам Юнусов, Ҷонибеки Асрориён дар китоби худ «Авроқи рангини Кулоб» ва корманди академияи улуми Тоҷикистон Ҷумъахон Алими мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ дар чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи вожаи Балхиён аст.
Балҷувон чун вилояти мустақил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856 – 1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ буда ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайяти бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияи Данғара, Темурмалик, як қисм Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорудқул ва Тутқавул дохил мешавад. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Поктилло соли 1886 дар 15 амлоки бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд, ки 60 ҳазор аҳоли дошт ва дар ибтидои асри XIX чун вилояти мустақил танга сиккамезад. Бо бекҳои Ҳисор, Дарвоз Қаротегин робитаи тиҷорати дошта, ба бозорҳои он аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот овварда мешуд.
Аз солҳои 1870 то 1901 бештар аз 15 экспедитсияҳои тадқиқоти барои муайян намудани металлҳои қиматбаҳои Хатлонзамин ташкил карда шуда буд. Тадқиқотчиён муайян карданд, ки дар ин вилоят на танҳо тилло нуқра ва мисс балки боз конҳои ангиштсанг, сурб, намак, курғошим, нефту газ маҳфуз аст. Аз 20 марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шуравӣ барқарор карда шуда буд. Дар байни ноҳияҳои Хатлонзамин, Балҷувони яке аз ноҳияҳои аввалин ба ҳисоб меравад, ки 23-ноябри соли 1930 таъсис ёфта буд. Он вақт бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон деҳшуроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардиданд: Балҷувон, Саталмуш, Садибарда, Дараи калот ҳам, дашти гулҳо, Дектур, Афардӣ, Дошманди ва Хазлат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои аҳолинишин мавҷуд будааст. Аз ин шумора дар солҳои Ҷанги Бӯзурӣ Ватани 7696нафар ба фронт рафта аст, ки аксарияти онҳо дар ҷанг шаҳид шудаанд. Аз ин сарзамини кучаки Балҷувон сазовори номи Олли Қаҳрамони иттиҳоди Шуравӣ шудани се нафар фарзандони ҷигарбанди он Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов ва Сафар Амиршоев корнамоии фаромушнашуданист.
Бояд иқрор шуд, ки дар шароити имруза дар бисёр соҳаҳо мушкилоту монеаҳо садди комёбиву пешравиямон мегардид. Ҳанӯз бисёр масъалаҳои ҳалталабе ҳастанд, ки аз сабаби афзудани вазъи иқтисодиву молиявӣ онҳо ҳал ҳалшавандаанд. Таҳлили аниқу нуқтасанҷона ва омӯхтани имконоту шароитҳои мусоид минтақаи моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти ноҳия қадамҳои устувор гузорем. Аз захираҳои табии ва шароиту иқлимимусоиди ин минтақа ба хубӣ метавон натиҷагириву хулоса баровард, ки ноҳияи Балҷувонро ояндаи хеле дурахшон ва бой донистан зарур аст.
Ба ҳайси раиси ноҳия аз таҳияи «Барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2009-2011» изҳори мамнунияту сарфарозӣ байён менамоям ва хурсанд аз он ки нияту ормонҳои чандинсолаи банда ва тамоми сокинони ин диёри куҳистон амалӣ мегардад. Барои татбиқи пурраи ҳадафу вазифаҳои дар Барнома зикр ёфта корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Аз ин нуқтаи назар аввалин дараҷа ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Балҷувон ва ҳар як сокини он дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур мебошад.
Таҳияи Барномаи рушди ноҳия амалҳои зеринро дар бар мегиррад.
А) Ташкили гуруҳи ташаббускори барои муайян намудани ҳадафҳои асосии рушди деҳоти ноҳияи Балҷувон
Б) Таъсиси гурӯҳи корӣ таҳия Барномаи Рушди Ноҳия ва гурӯҳои секторӣ дар доираи ҳадафҳои асоси муайян шуда;
В) Таҳлили ҳолати кунуни ва муайян намудани мушкилиҳои асоси соҳаи афзалиятноки рушди ноҳия;
Г) Омӯзиши якҷоя мушкилиҳои афзалиятдоштаи деҳот ва ноҳияи Балҷувон;
Д) Муайян намудани афзалиятнокии самти рушди соҳа, лоиҳаҳои рушди деҳот ва манбаъҳои маблағгузории онҳо;
Ғ) Таъсиси гуруҳи мониторинг ва арзёбии ноҳия барои муайян сохтани индикаторҳои иҷроиш ва таҳлили ояндаи пешрави дар тадбиқи Барномаи Рушди Ноҳия;
Е) Муҳокимаи барномаи таҳия шуда дар доираи кушодаи мутахасисон, аз ҷумла бо иштироки шаҳрвандон.
Ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷат аз ҷумла аз татқиқоти иқтисодӣ – иҷтимоии ноҳия ва натиҷаҳои татбиқи системаи кортҳои ҳисоботии шаҳрвандон оид ба сифати хизматрасоние ки истифода шудааст аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали шуданд. Дар таҳияи барнома иштироки васеи намояндагони соҳаҳои гуногун таъмин гардида, дар афзалиятҳои асосии рушд, ки пешниҳодҳои аҳолӣ мебошанд, дарҷ гардидааст.

Ҳолатҳои умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳияи Балҷувон

Балҷувон ҳамчун ноҳия 23 ноябри соли 1930 дар ҳудуди 8 деҳшуроҳо ва 260 деҳа таъсис дода шуда буд. Баъдан ноҳия 15 ноябри соли 1954 барҳам дода шуда, ҳудуди маъмурии он ба ноҳияҳои Темурмалик (собиқ Совет) ва Ховалинг ҳамроҳ карда шуд. Бо мурури замон 2 феврали соли 1996 ноҳияи Балҷувон аз нав бо маркази маъмурияташ дар деҳаи Балҷувон эҳё гардид.
Балҷувон дар қисми шимолу шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда аз шимол бо ноҳия Нуробод, аз Ғарм бо ш. Роғун, ш. Норак ва ноҳияи Файзобод, аз шарқ бо ноҳияи Ховалинг ва Кулоб аз ҷануб ноҳияи Темурмалик ва Восеъ ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия аз маркази ҷумҳури дар масофаи 175км ва аз маркази вилояти Хатлон (ш. Қурғонтеппа) дар масофаи 127км дур ҷойгир аст.
Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1400- 1500м воқеъ буда иқлимаш континентали миёна мебошад, ки ҳарорати миёнаи моҳи январ 3,1С, аз + 0,8 то – 12,2С ва дар моҳи июл аз + 14,2 то 28,4С мебошад. Боришоти миёнасолона водиҳо 767мм – ро ташкил медиҳад. Масоҳати ноҳия 1327км2 буда, 97%-ро куҳҳо фаро мегирад ва ҳудуди ноҳияро аз ғарбу шимол як қаторкуҳ бурда мегузарад. Дар ҳудуди ноҳия дарёҳои Сурхоб Тира, Оби мазор, Талхак, Кирксой ва қариб 200 чашмаҳои шифобахш мавҷуданд.
Кӯҳистони Балҷувон хазинаи бебаҳои сарватҳои табии аст. Кормандони экспедитсияи инкишофи геологи дар минтақа теъдоди зиёди конҳои ангиштсанг, руҳ, сурб, нефт, газ кашф намуданд, онҳо аҳмияти калони иқтисодӣ доранд. Дар заминаи конҳои кашф шуда бунёди коргоҳҳои муштараки «Балҷувон» пешбини шудааст. Аз канданиҳои фоиданоке, ки аҳамияти бузурги энергетики доранд, дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон захираи калони кони ангиштсанг ба қайд гирифта шудааст. Илова бар ин он мақсади дуруст ва оқилона истифода намудани захираҳои дохилии ноҳия корҳои зиёди ҷустуҷуи гузаронида шудааста. Дар заминаи ҷустуҷи ин ҷустуйҳо барои коркарди маъдани тилло қувваи кории лозима мавҷуд аст. Дар сурати ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо истифода аз захираҳои фаровони кашфшудаи маъданҳои гуногун корхонаҳои коркард бунёд намуда, ба ин васила барои мардум ҷойҳои нави кори муҳайё намуда, ба кам шудани сатҳи камбизоатӣ таъсири ҷиддӣ расонидан мумкинаст.
Балҷувон аз растаниҳои муфид ғанӣ аст. 145навъи растаниҳои дорувор, 47навъи растани асаловвар, 107навъи растани ғизои, 118навъи растании дорои равғани эфир сабпт шудааст. Олами ҳайвоноти ноҳия ҳам гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи куҳҳи баланд паҳн гардидааст. Дар ин ҷо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, хуки ёбои, ҷайра, рубоҳ, барс, гавазн, харгуш, морҳои оби, гурза, калтакалос аз парандагон кабки ҳилол, кабки дари, гунҷиш, кабутар, турна, қарроғ, зарғов, булбул ва ғайра дучор мешаванд.
Мавқеи ҷуғрофӣ мавҷудияти чашмаҳои гуногуни шифобахш ва меъроси бойи таърихию фарҳанги ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳати экологи имконият фароҳам меоварад. Дар ноҳия сарчашмаи зиёди неъмати бебаҳои табии мавҷуд аст, ки онро 190чашма, Рудҳои Дашти Ангора, Дароз, Питол, Шикилдарра, Шингидарра, Гандарра, Шипдара , Шурак, Сафедак, Булғурӣ, Шуроб, Ҳорма Руи Об, Шаршараи Пушти Боғ, Шаршараи Камоли , Шаршараи Сафедов, Чашмаи Шифобахши, Оби гугирди Султон Увайси, Чашмаи Булғури, Чашмаи Оби Гур, Чашмаи Шулук, Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимҷуссаи Шинг (деҳаи шинги дара), Ҷувоз Чинор (деҳаи Даштарҳо ) ва ғайра дар бар мегиранд.
Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир (мутааллиқ ба асрҳои XVI-XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ, қалъаи Дектур асрҳоиXVIII-XIX, қалъаи Турк асрҳои XII-XIIIқалъаи Чаноро, қалъаи Ҷавгони, қалъаи Доди, бошишгоҳҳи даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди, Бобохон мебошанд.
Барои рушди туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шуъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ «Сари Хосор,» муассисаи давлатии «маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён» ва Намояндагии туристии ноҳияи Балҷувон дар ш. Душанбе таъсис дода шудааст.
Ноҳияи Балҷувон дорои панҷҷамоат (Балҷувон, Тоҷикистон, Дектур, Саталмуш, Сари Хосор) ва 104 деҳот мебошад.
1-ми январи соли 2009 аҳолии ноҳияи Балҷувон 25870 нафарро ташкил дода аз ин 12966 нафар мардҳо (50,1%) ва 12904нафар занҳо (49,9%) мебошад. Зичии аҳолии ноҳия 19,9нафар дар як км2 ташкил медиҳад. Ноҳия аз руи хусусияташ аграрӣ буда 100% аҳоли дар деҳот зиндаги мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 99,7% Тоҷикон ва 0,3% дигар миллатҳо (Руссҳо, Узбекон ва ғайра) ташкил медиҳад.
Дар солҳои 2006- 2008 зиёдшавии шумораи аҳоли ба ҳисоби мийёна 1,8%-ро ташкил медиҳад, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита мерасонад. Аз шумораи умуми аҳоли 50,3% ашонро захираҳои меҳнати ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоте, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин сол то сол зиёдшавии шумораи аҳолии қобили меҳнати бешуғл (дар ҳамаи табақаҳо) ба ҳисоб меравад. Аҳолии қобили меҳнати бешуғл дар соли 2008, 36,3%-и захираҳои меҳнатиро ташкил дода, 12,2%и он дар муҳоҷирати меҳнати беруна қарор доранд ва танҳо 51,3%-и он ба бозори дохили ворид шудааст.
Дар ноҳия ду корхонаи саноати (коркади нафту газ), 11ташкилоти сохтмони (2давлати ва 9 хусуси), 1 корхонаи таъмири роҳхо, 238хоҷагии деҳқонии инфироди ва 8 хоҷагии деҳқонии колективӣ, 45 муассисаи таълимӣ,16 муассисаи фарҳангӣ, 27муассисаи тандурустӣ ва як ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Балҷувон ноҳияи дататсионӣ мебошад ва 80,0% маблағҳо ба буҷети ноҳия барои ҳисоббаробаркунии аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилояти ворид мешавнд. Дар тули се соли сипари гашта ноҳия аз буҷети вилоят ба ҳисоби миёна 80%и даромади буҷети маҳалиро пурра намудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2008 ба 78,3% фаромадааст.
Ноҳия минтақаи аграрӣ ба шумор меравад. Кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳайёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзи қисми асоси аҳоли қобили меҳнат фаъолият мекунад. Бахшҳои асоси соҳаи кишоварзии ноҳия чорводорӣ растанипарварӣ, боғдорӣ ва асалпарварӣ мебошад. Ноҳияи Балҷувон дорои 4518 га замин аз ҷумла 68га обӣ мебошад, ки барои парвариши картошкаю сабзавот, меваю ангур, ғалла аз ҷумла шароити иқлими ноҳия барои парвариши ҳайвонот ва парранда мувофиқ аст. Дар ноҳияи Балҷувон як хоҷагии давлатӣ зотпарварӣ, ду хоҷагии ҷангал, 8 хоҷаги деҳқонӣ, колективи 238хоҷагии деҳқонӣ инфиродӣ, ду хоҷагии ёрирасон ва 3526хоҷагии хонагӣ фаъолият менамоянд. Дар сурати махсусгардонидани ноҳия ба соҳаи чорводорӣ ва ба роҳ мондани коркади маҳсулоти он ноҳия имконият дорад, ки тамоми минтақаи Кулоб ва дигар минтақаҳои ҳамсояро ба маҳсулоти ширӣ таъмин намояд.
Омили дигаре, ки ба сатҳи камбизоати таъсири манфи мерасонад, сатҳи нокифояи муайянкунии бемориҳо дар деҳот аст. Ҳар чанд шабакаи муасисаҳои табобати саросари ноҳияро фаро гирифтааст, ҳануз садҳо нафар барои ташхису табобат ба ноҳияҳои ҳамсоя, маркази вилояту ҷумҳури мераванд. Яке аз мушкилии асосие ки дар соҳаи тибби ноҳия ба назар мерасад, ин афзудани шумораи фавти кудакони то як сола ба ҳисоб меравад. Дар тулии се сол койфисенти фавти кудакони то сини як сола 25% афзудааст.
Дар соҳаи маъориф айнизамон як муасисаи то мактабӣ, 44 мактаби таҳсидлоти умуми, аз ҷумла 21 мактаби таҳсилоти ибтидои, 11 мактаби миёна ва 12 мактаби асосии, 1 гимназия ва гуруҳи мақсадноқи филиали омузишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара дар ноҳияи Балҷувон фаъолият мекунад. Ҳадафи аввалиндараҷаи ин соҳа аз хонаҳои шахси баровардани 5 мактаби таҳсилоти умуми ва аз нав сози 3 мактаби дар ҳолати садамави қарордошта иборат мебошад. Аз шумораи умуми омузгорон дар соли 2008 167 нафаррашон, дорои маълумоти олли 46 нафаррашон дорои маълумоти олии нопура, 77 нафар дорои маълумоти миёнаи умуи мебошанд.
Дар нохия 54 нафар омузгорони маълумоти олидор намерасад ва асосан мактабхо ба муаллимони фанхои математика, забонҳои русию англисӣ биология, география ва технологияи информатсиони ниёз доранд.
Нохияи Балчувон аз сарчашмахои обхои зеризаминӣ хело бой бошад хам, вале мутаассифона ин неъмати бебахо на бахама дастрас мебошад. Махаллҳое маҷуданд, ки аз норасоии оби нушокӣ танқисӣ мекашанд. шумораи аҳолие, ки аз нарасидани обӣ нӯшоки танқисӣ мекашанд. 35,8%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Яке аз мушкилоти асосие, ки дар ин нохия ба назар мерасад, ин пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи об мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки соли 2008 ҳамаги 17% аҳоли ноҳияи Балҷувон ҳақи истифодаи обро пардорхт намуда,83% -и он бошад, барои истифодаи он пардохт намекунанд. Маблағ барои таъмир ва нигоҳбини хатхои обӣ нӯшоки сари вақт ҷаъм оварда намешавад ва ҳангоми аз кор баромадан ва фарсуда шудани иншоотхо барои таъмири онҳо дарёфт намудани сармоя мушкил м егардад.корхонаи фаръии «Балҷувонгаз»иқтидор дорад ,ки аҳолиӣ ва ташкилотҳои ноҳияро дар як сол ба миқдори 30онад 0ҳазор м3 бо гази табиӣ таъмин намояд.корхона танҳо ба 63 ойла дар ҷаъмати Балҷувон бозори марказӣ дар ҷамоати саталмуш,бинои маъмурии мақомоти маҳалли,ошхонаи маркази ва беморхонаҳои маркази хизмат мерасонад ва имконияти бозор ба 300 ойлаи дигар гузаронидани газ мавҷуд аст, вале бинобар норасоиҳои қубурҳои гузарони ин кор ба таъғир андохта шудааст. нақша гирифта шуда ки соли 2009 истифодабарандагони. Ноҳияи Балҷувон ба пойгоҳи газ тақсимкунии шоҳқубури сари мазор пайваст карда мешавад. Дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон зиёда аз 30 деҳаи хурду калон (зиёда аз 300 хоҷаги) бунёдшудаанд, ки бо барқ таъмин нестанд. Ин деҳаҳо асосан аз маркази ноҳия дар масофаи 20 то 70 км дурр ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди ноҳияи Сари Хосор 16 деҳаи нав бунёд шудаанд, аз 5 то 20 оила доранд. Шароити хуб сохтани НОБ-и худро дорад вале набудани маблағи зарури ба ин монеаги пеш меоварад. Ҳамазамон аз навсози ХИБ 04-10кВт ва кашонидани хатти интиқоли барқ аз деҳаи Даштарро то деҳаи мулкони зарурият дорад, зеро қисми зиёди деҳаҳо тавассути он бо барқ таъмин карда мешавад. Муофиқи қарори Ҳ.Ҷ.Т. аз 3.07.02. №276 дар бораи барномаи маҷмуи рушди Балҷувон ба сифати митақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012. сохтумони хатти интиқоли барқ дар деҳаҳои Шаидон, пештовар, пушити боғ Мулкон ва Хуҷахитовонӣ таи солҳои 2005-2012 дар ҳаҷми 1712хазор сомони аз ҳисоби буҷет пешбини шудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолии нохия бо қувваи барқ дар солҳои 2009-2012 сохтумони неругоҳои хурди барқии «Ҳорма» 360 квт, Н, Б, О-и «пештовар -1» «55квт», Н, Б, о, -и «Пушти боғ» гирифта шудааст. Дар сурати ба истифода додани неругоҳ таъмини барқ барои сокинони деҳаҳои номбурда беҳтар хоҳад шуд.
Сохтумон барои ноҳияи Балҷувон соҳаҳои муҳим ба шумор рафт дар бунёду барқарорсозиноҳия мақеъи хосро ишғол менамояд. Хусусияти хоси ноҳия дар қиёс ба дигар митақаҳои ҷумҳури дар он аст, ки ноҳия навтаҳсис буда,дар маркази ноҳия бунёди биноҳои маъмурӣ,маъишиву маъданиӣ ва хонаҳои истиқоматӣ идома дорад.Дар ноҳия 59,3 км роҳҳо мавҷуд мебошад,ки аз он 44,7км роҳҳои аҳмияти ҷумҳуриявӣ 14,6км аҳмияти маҳаллӣ доранд.Дар ноҳия сохтумони роҳои дохилии аз маркарзи ноҳия то ҷамоати Сари Хосор зарурият дорад,ки ин роҳ метавонад алоқаи доимии маркарзи ноҳияро ба деҳаҳои дурдаст ва ташрифи зиёди туристонро ба вазъхои таърихӣ таъмин намояд.Уман, роҳҳои ноҳия ба меъёрҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ нестанд ва аз давраи таъсиси ноҳия то ба имрӯз ягон маротиба таъмири асосиро надидааст.
Бахши Ҷаъмоати саҳҳнии кушодаи «Тоҷиктелком »-и ноҳияи Балҷувон яке аз корхонаҳои бонуфузи алоқаи ноҳия маҳсуб меёбанд.Як пойгҳи рақамии дорои 500 рақам дар маркази ноҳия як адад Д.А.М.А.дорои 4рақам дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва нуқтаи гуфтугуӣ байнӣ шаҳрӣ ба мардуми ноҳия хизмат марасонандХизматрасонии корхона ба муштариён сол аз сол заёд шуда бошад ҳам,вале дар баъзе ҷамоатҳо то ҳол хатҳои телфонӣ вуҷуд надорад.Аз ҷумла, дар ҷамоати Сари Хосор (45км), Саталмуш (20км),Дектур (25км)ва Тоҷикистон (15км)хатҳои интиқоли телфорнӣ вуҷуд надоранд.Сокинони ноҳия инчунин аз шабакаҳои мобилии «Индиго»,«Вавилон ». «МЛТ», «Билайн» ва «Текамабайл» истифода мебаранд.
Дар қаламрави ноҳия барномаҳои телвенизонии ТВТ, ТВ Сафина, Баҳористон, Ҷаҳонамон, РТР-планета ва радиои Тоҷикистон пахш карда мешавад. Дар Балҷувон рӯзномаи «Навиди Балҷувон»-нашрияи мақоиоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо теҳдоди 1000нусха (Мохе ду маротиба) нашр гардидаанд.

Соҳаи туризм
Туризмҳамчунин яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои ноилшавӣ бо суръати рушди туризм дар ноҳия ва байни мардум эътироф гаштааст.

Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии ноҳия ва обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахш ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё аз ҷумла барои рушди сайёҳи экологи имконияти фароҳам меоварад.
Рушди соҳаи туризм баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳи замина ва имкониятҳои муфидро фароҳам меоварад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғани гардонидани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Балҷувон табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонанд барои инкишофи соҳаи туризм дар ноҳия истифода шаванд. Бахусус инкишофи соҳаи туризм экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, фарҳангӣ ва дигар намудҳо барои ноҳия хос мебошанд. Барои туризми экологӣ – фарҳангӣ хатсайрҳои аз 2 то 10 рӯза муайян шудааст.

Дар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табии мавҷуд аст, ки онро 190 чашма, рӯдҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шигилдара, Гандара, Шибдара, Шурак, Сафедак, Буоғури, Шӯроб, Хорма, Рӯи об, дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби-Мазор, Талхак, Шаршараи Пушти Боғ, Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов, Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Қалъанқ, Чашмаи Булғурӣ, Чашмаи Оби Гур, Чашмаи Оби шулук, Дарахти азимҷуссаи Шинг (деҳаи Шингидара), ва ғайра мебошад. Дар ин замина таъсис додани туризм бо иштироки ҷомеъа хело муфид аст. Дар ин ҷо назорати асоси ба души ҷомеаи маҳали таалуқ дошта, барои рушд ва идоракунии он худи онҳо ҷалб мегарданд, қисми зиёди даромад бошад, дар дохили худи ҷомеъа нигоҳ дошта мешавад.
Барои рушди минбаъдаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ «Сари хосор», Муасисаи давлатии «Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён» ва Намояндагии туристии ноҳияи Балҷувон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Воқеанҳам ноҳияи Балҷувон дорои меъроси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди туризми дохили ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Омилҳои зикр шударо ба инобат гирифта, соҳаи туризми ноҳия самти афзалиятнок маҳсуб мешавад. Ҷиҳати рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус аз 3юми июли соли 2002 №276 «Дар бораи Барномаи маҷмуии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилали дар давраи солҳои 2002- 2012» қабул гардидааст. Барномаи мазкур стратегия, самтҳои асоси, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатро роҷеъ ба туризм дар сатҳи минтақави дар давраи дарозмуҳлат муайян менамояд.
Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб ёфта, давлатҳои муттарақи аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба

даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд.
Ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати рушди соҳаи сайёҳи имкониятҳои хело калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Масалан, агар солҳои охирро ҷиҳати натиҷабардори қарор диҳем, шумораи сайёҳони хориҷи нисбати солҳои пешин як чанд маротиба афзудааст ва ин нишондод раванди афзоиш дорад. Соли 2007 ба ноҳияи Балҷувон аз давлатҳои Олмон, Австраля, Росия ва дигар кишварҳои мустақил беш аз 13 нафар ва дар соли 2008низ наздик ба ҳамин миқдор яъне беш аз 21 нафар дохил шудаанд, ки шумораи сайёҳони воридшуда нисбати солҳои 2005- 2006 8 нафар зиёд мебошад.
Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир (мутаалиқ ба асрҳои XVI- XIX), қалаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-пеш аз мелод то шаши мелоди), қалъаи Дегтур (асрҳоиXVIII- XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII- XIII), қалъаи Чинорро, қалъаи Ҷавгони, қалъаи Додӣ, бошишгоҳи даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди, Бобохон, Чимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон мебошад.

Шоҳ Неъматуллоҳи Вали (Зароби). Шайх Неъматуллоҳи Кирмони дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Саидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмони ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зароби маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Саид Нуриддин Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои муқадаси руҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷи санаи валодати уро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд.
Дар аксари манбаъҳо омадааст, ки аломаи улуми «қурони» ба пешвои ҷамоаи бонуфуз 103 сол умр дида, соли 1431-и мелоди аз олам дар гузаштааст. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 ба дастгирии ширкатти «Самар» ва мусоидати мардони саховатманд аз сари нав пурра таъмиру тармим гардид.

Осорхона.
Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон соли 1980 таъсис дода шуд. Осорхона дорои 2650 нигораҳои даврони гуногун аст. Ҳар фарде, ки ба ин осорхона ташрифмеорад, аз чунин ёдгориҳо ба ҳайрат меояд.
Шаршараи Сари Хосор
Ин ёдгории туризм табиати зебо ва мавзеъҳои хуб дошта бошандҳам, вале дар ин ноҳия омилҳо вуҷуд доранд, ки сади туристии ноҳия дар интернет мебошад. Дар доираи «Барномаи маҷмуии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифроҳи рушди соҳа мегарданд.

Пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани ифросохтори ноҳия мебошад, ки бевосита ба инкишофи соҳа таъсири манфи мерасонад. Аз ҷониби дигар муайян набудани хатсайрҳо, омада набудани сокинони ноҳия барои қабули туристон, менеҷменти заиф дар худи саноати туристи, паст будани корҳои рекламави ва ҷой накардани маълумот оид ба мавзуъҳати минтақаи туризми байналмилали дар давраи солҳои 2002- 2012» сохтмони базаи туристии иборат аз 50 ҷой дар деҳаи Султон Увайси ҷамоати деҳоти Сари Хосор аз ҳисоби ташкилотҳо байналмилаи ва маблағи 998ҳазор сомони дар назар аст.
Дигар мушкилоти муҳимтарини рушди соҳаи туристи ин дастгирии мақомоти маҳалли ва маблағгузори ба соҳа мебошад, ки масъалаи мазкур ҳали худро найёфтааст ва барои ҳалли онандешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
– таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлати ва хусуси ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти мақомоти маҳалли;
– мусоидат ба рушди ташабусҳои хусуси;
– татиб додани системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти туристии ватани ба бозорҳои ватанию хориҷи;
– ташаккули фазои итилооти дар соҳа;
Ҳамзамон мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди соҳа таъсири манфи мерасонанд.
– ба талабот ҷавобгуй набудани ҳолати санитарию гигении ошхонаҳо, мабразу дастшуйгоҳхот ва ҷойҳои тамошои туристи;
– набудани меҳмонхона, шиору овезаҳои бо забонҳои давлатию хориҷи, инчунин дигар маводи тарғиботи, аз қабили китобчаҳо, расмҳо, буклетҳо оид ба мавзеъҳои туристи;
– ҳолати ногувории инфрасохтори ноҳия;
– омода намудани хонаҳои истироҳатию хизматрасони дар миқёси хатсайрҳои кӯҳӣ;
Ҳадафи асосии соҳа – ин инкишоф додани соҳаи туризм ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии он.
Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Балҷувон.
Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз системаи суғуртаи давлатии иҷитимоӣ, таъминот бо нафақа, шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи оила, кудакон, расонидани кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ва камбизоат иборат мебошад. Марҳалаи кунунии рушди ноҳияи Балҷувон бо мавҷудияти бекорӣ, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имконияти то андоза маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолии ноҳия дар мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вазифаи ташкили ҷойҳои кори навро гузоштааст. Бо ин мақсад дар давоми солҳои 2006 – 2008 аз ҷониби шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 930 ҷойҳои нави кори холи ташкил карда шуд, ки аз ин 870 нафарашон бо ҷои кори доими таъмин гардидаанд.

Сари Хосор
Сари Хосор сарзамини кӯҳистони Тоҷикистон ва гушаи басо зебоманзари он. Ин гушаи афсонавии табиати Тоҷикистон дар силсилакӯҳои Вахш дар қисмати болооби дарёи Сурхоб, тақрибан дар баландии 1200-1600мт аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, марказии маъмуриаш деҳаи Шаҳидон, аз соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Минтақаи Сари Хосор дорои мавзеъҳои бойи реакреатсионӣ мебошад.

Дар оғуши Сари Хосор ёдгориҳои нодири таърихиютабии хеле зиёданд, ки доир ба зиндагӣ, урфу одат ва касбу ҳунари мардуми ин сарзамин маълумоти басо равшан медиҳад. Релефи Сари Хосор басо мурккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар мантиқиҷумҳури фарқмекунанд. Сохти ландшафташро пасткӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд ташкил мекунанд. Қисмати зиёди релефи ин мавзеъро миёнакӯҳҳо ташкил намуда онҳо дар баландии 1200-3000 мт аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Балҷувон фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500м, аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Ин ҳудуд худмуайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин авзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосор дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Широбдарё ва шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунанд. Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта маъниҳои зиёде доранд. Ба ақидаи сокинони маҳаллаи номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хосор» гирифта шудааст. Чуноне зикр шуда, табиати Сари Хосор бо зебои ва гуногуншаклии худ беҳамтост. Дар ин гушаи дар ҳақиқат зебоманзари табиат мувофиқати аҷоиби табиат ҳукмрон аст: анбуҳи дарахтони мевадор аз ду тарафи дара бо марғзорҳои гуё дар даруни абрҳо буда ва харсангҳои азим бо ҳам омӯзиш меёбанд. Обҳои ҷорӣ, ки аз қулаҳои куҳҳои баланд сарчашма мегиранд, қадқади дара ҷорӣ шуда онро обшор месозанд. Чашмаҳои шаффоф чакалакҳои сармоядори, чормағз чанорҳои кӯҳан ва олами гуногуни ҳайвонот, ки ҳама дар зери гунбази осмони беабри нилгун аст, ба табиат ҳусни дигар зам мебахшад. Шумораи аҳоли чанде аз деҳаҳо, ки дар водии ҷойгир шудааст он қадар зиёд нест. Ҳайёти одамон ба шароите мутобиқ карда шудааст, ки онҳо тӯли асрҳои зиёд насл ба насл ин ҷо сукунат доранд.

Ин аст, ки онҳо барвақт зиндагии орому мувофиқ бо табиат зидият накарданд ба он балки кумак кардан дардигаргуншавии табиат, эҷодкор набудан, балки итоаткор будан ва табиатро омӯхтанд. Боз яке аз мавзуъҳои зебоманзари води дар наздикии деҳаи Муллкони ҷойгир шудааст. Аз баландии 50м шаршара ба поён мерезад ва милионҳо қатраҳои обро ба гирди атроф пош медиҳад. Пошхурии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд.

Бо мақсади рушди туризм дар ин минтақа сохтмони маркази барқарорсозии саломати ва сохтмони дигар иншоотҳои истироҳатию фароғати идома дорад.(www.tdc.tj)
Маънии номи сари хосор
Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст. Чуноне зикр шуд, табиати Сари Хосор бо зебоӣ ва гуногуншаклии худ беҳамтост. Дар ин гӯшаи дар ҳақиқат зебоманзари табиат мувофиқати аҷиби табиат ҳукмрон аст: анбӯҳи дарахтони мевадор аз ду тарафи дара бо марғзорҳои гӯё дар даруни абрҳо буда ва харсангҳои азим бо ҳам омезиш меёбанд.
Обҳои ҷорӣ, ки аз қуллаҳои кӯҳҳои баланд сарчашма мегирад, қад-қади дара ҷорӣ шуда, онро обшор месозад.

Чашмаҳои шаффоф, чакалакҳои соядори чормағз, чанорҳои кӯҳан ва олами гуногуни ҳайвонот, ки ҳама дар зери гунбази осмони беабри нилгун аст, ба табиат ҳус ни дигар зам мекунад. Шумораи аҳолии чанде аз деҳаҳо, ки дар водӣ ҷойгир щудааст, он қадар зиёд нест. Ҳаёти ин одамон ба шароите мутобиқ карда шудааст, ки онҳо тӯли асрҳои зиёд насл ба насл ин ҷо сукунат доранд. Ин аст, ки онҳо барвақт зиндагии орому мувофиқ бо табиат, зиддият накардан ба он, балки кӯмак кардан дар дигаргуншавии табиат, эҷодкор набудан, балки итоаткор будан ба табиатро омӯхтаанд. Боз яке аз мавзеҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирдк атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд.
Бо мақсади рӯшди туризм дар ин минтақа сохтмони маркази барқарорсозии саломатӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои истироҳатию фароғатӣ идома дорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.