Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Сарватҳои табиии ҷаҳон

Нақшаи кор Муҳити географӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ Таъмин будан бо сарватҳои табиӣ Географияи захираҳои маъдании ҷаҳон Захираҳои ҳудудӣ Захираҳои замин Захираҳои ҷангал Захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ Захираҳои геотермалӣ Захираҳои уқёнуси ҷаҳонӣ Захираҳои рекреатсионӣ Муҳити географӣ – ин қисми табиати замин аст, ки бевосита ба ҳаёт ва фаъолияти инМавзӯъ: Сарватҳои табиии ҷаҳон
Нақшаи кор

1. Муҳити географӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ
2. Таъмин будан бо сарватҳои табиӣ
3. Географияи захираҳои маъдании ҷаҳон
4. Захираҳои ҳудудӣ
5. Захираҳои замин
6. Захираҳои ҷангал
7. Захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ
8. Захираҳои геотермалӣ
9. Захираҳои уқёнуси ҷаҳонӣ
10. Захираҳои рекреатсионӣ

1. Маҷмӯи ҳамаи қабатҳои замин, яъне литосфера, гидросфера, атмосфера ва биосфера-муҳити географӣ ном дорад.
Муҳити географӣ-ин қисми табиати замин аст, ки бевосита ба ҳаёт ва фаъолияти инсон вобаста аст.
Қариб 3/4 ҳиссаи ҳудуди сайёраи мо муҳити географӣ маҳсуб меёбад. Таъсири муҳити географиро ба ҷамъият бо ду тарз баҳо медиҳанд, яъне ба тарзи мутлақ (детерминизми географӣ) ё баҳодиҳии нодуруст (нигилизми географӣ).
Фаъолияти инсон , ки ба қонеъ намудани талаботҳои хеш бо роҳи истифодаи хусусиятҳо ва захираҳои муҳити географӣ равона гардидааст, истифодаи сарватҳои табиӣ ном дорад.
Аз рӯи хусусият истифодабарии табиат оқилона ва ғайриоқилона мешавад. Истифодаи оқилонаи табиат он низоми истифодабарӣ ва таъсиррасонии инсон ба муҳити географӣ мебошад, ки дар натиҷаи он шароитҳои сарватҳои табиӣ босамар истифода гардида, маҷмӯи чораҳои ҳифзу барқарорнамоии табиат амалӣ гардида, дар истеҳсолот технологияи бепартов ва такрористеҳсолкунанда татбиқ карда мешавад.
Дар натиҷаи истифодаи ғайриоқилона бошад, норасоии сарватҳои табиӣ, ифлосшавии муҳити табиӣ ва деградатсияи он ба вуҷуд меояд.
Таъмин будан бо сарват ин таносуби бузургии захираҳои сарватҳои табиӣ ба андозаи истифодаи онҳо мебошад.
Таъмин будан бо сарватҳои табиӣ ё ба сол (дар сурати истеҳсоли ҷорӣ дар чанд сол мерасад) ё ба ҳар нафар (яъне ба ҳар нафар чӣ қадар захира рост меояд). Ишорат чуни наст:
Т=З:Ҳ ё Т=З:А
дар ин ҷо:
Т= таъми будан бо захира
З= захираи сарватҳои табиӣ
Ҳ=ҳасарватҳои табиӣ
А= шумораи аҳолӣ
Аз рӯи сатҳи таъмин будан бо сарватҳои табиӣ ҳамаи кишварҳои олам ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1. Кишварҳое, ки анқариб аз тамоми навъҳои сарватҳои табиӣ таъминанд (Россия, Хитой, ИМА, Канада);
2. Кишварҳое, ки аз навъҳои гуногуни сарватҳои табиӣ ғанӣ мебошанд (Австралия, Бразилия, Ҳиндустон, Украина, Қазоқистон, Ҷумҳурии демократии Конго ва ҶАҶ);
3. Мамлакатҳое, ки дорои як ё якчанд номгӯи сарватҳои табиӣ мебошанд (Олмон-ангиштсанг ва ангишти сиёҳ, Лаҳистон-ангиштсанг, мис ва сулфур, Исландия-захираҳои геотермалӣ ва моҳӣ, Мамлакатҳои халиҷи Форс- нафт ва гази табиӣ, Малайзия-қалъагӣ, Ямайка-боксит, Чили-мис ва селитра, Марокко-фосфорит, Алҷазоир ва Ливия-нафт ва гази табиӣ, Замбия-мис ва ғ.);
4. Давлатҳое, ки аз сарватҳои табиӣ комилан таъмин нестанд ва тамоми талаботро аз ҳисоби воридот таъмин менамоянд (Ҷопон, кишварҳои Прибалтика ва ғ).

Таснифоти сарватҳои табиӣ

Географияи захираҳои маъдании ҷаҳон
Захираҳо ва ё сарватҳои маъданӣ муайянкунандаи рушди минбаъдаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Аз давраи пайдоиш инсоният пайваста истифодаи сарватҳои табииро баҳри ҳастии хеш омӯхтааст. То имрӯз тамоми сарватҳо, моҳияти онҳо таҳлил гардида, истифодаи онҳо ба тарзи васеъ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯзҳо кам кишвареро пайдо намудан мумкин аст, ки аз истифодаи сарватҳои табиӣ барканор бошанд, яъне дар кули кишварҳои олам ин ё он навъи сарватҳои табиии маъданӣ коркард ва истифода мегардад. Сарватҳои маъданӣ аз рӯи хусусият ва истифодабарӣ ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо карда мешаванд. Чунончӣ:
ТАСНИФОТИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ

Бузургтарин кишварҳо аз рӯи захираҳои иктишофии ангишт

1. ИМА 6. Олмон
2. Хитой 7. Ҳиндустон
3. Россия 8. Украина
4. Австралия 9. Британияи Кабир
5. ҶАҶ 10. Қазоқистон

Захираи умумигеологии ангишт дар чаҳон ба 15 трлн тонна баробар аст, ки аз он 9,5 трлн тоннаашро ангиштсанг ташкил медихад. Захираҳои ангишт нобаробар ҷойгир шуда, аксаран дар ҳудуди кишварҳои мутараққии иқтисодӣ воқеанд.
Аз рӯи захираҳои умумигеологӣ
1. Россия (зиёда аз 5 трлн тонна)
2. ИМА (зиёда аз 3,5 трлн тонна)
3. Хитой (1,5 трлн тонна)
ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Миёни мамлакатҳои аз ангишт бой инчунин Австралия, Канада, Олмон, Британияи Кабир, Полша, ҶАҶ, ва Ҳиндустонро ҷудо кардан мумкин аст. Миёни кишварҳои ИДМ бошад ба ғайр аз Россия инчунин Қазоқистон ва Украина пешсафанд. Ҳавзаҳои муҳимтарини ангиштсанги ҷаҳон Кузбасс, Печора ва Ёқутистони Чанубӣ (Россия), Донбасс (Украина), Қарағанда (Қазоқистон), Рур (Олмон), Шимолӣ (Франсия), Йоркшир, Шотландӣ ва Уелси Ҷанубӣ (Британияи Кабир), Астурия (Испания), Силезияи Шимолӣ (Полша), Остравско-Карвини (Чехия), Фушун ва Фусин (Хитой), Банголаи Ғарбӣ (Ҳиндустон), Аппалаги ва Илиной (ИМА), Нюкасл (ҶАҶ), Сидней ва Боуэн (Австралия) ба шумор мераванд.
Нисбати ангишт зиёда аз 80 % -и захираҳои нефти ҷаҳон дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ воқеанд. Аз 150 млрд тонна захираҳои иктишофшуда аз 2/3 ҳиссаашон дар Халиҷи Форс воқеанд.
Ба мамлакатҳои аз захираи нефт пешсаф:
1. Арабистони Сауди (зиёда аз 43 млрд тонна – 36 %-и захираи ҷаҳонӣ)
2. Ироқ (зиёда аз 17 млрд тонна ё қариб 10 %)
3. АМА (зиёда аз 16 млрд тонна ё қариб 9 % )
баъдан Қувайн, Эрон, Венесуэла, Мексика, Россия, Хитой, ИМА ва Ливия дохил мешаванд.
Ноҳияҳои муҳимтарини аз захираҳои нефти бой Халиҷи Форс, ки дар он конҳои Гавар, Абкайк, Берри ва Саффания (Арабистони Сауди) Оғоҷорӣ (Эрон), Ар-Румайла (Ироқ), Мурбон (АМА), Раудатайн (Қувайт) воқеанд, Сибири Ғарбӣ (Сургут, Самотлор, Меғион), Хитои Шимолу Шарқӣ (Датсин), Халиҷи Мексика (Ҳавзаи Галф дар ИМА ва Кампече дар Мексика), Аляска (Прадхо-Бей) маҳсуб меёбанд.

Мамлакатҳое, ки дорои захираҳои бузурги нафт мебошанд,
1-Арабистони Сауди, 2- Ироқ, 3- АМА, 4- Қувайт, 5- Эрон, 6- Венесуэла, 7-Мексика, 8- Россия, 9-Хитой, 10-ИМА, 11-Ливия.

Захираҳои ҷаҳонии газ бошанд, қариб 135 трлн м3-ро ташкил медиҳад. Аслан
ноҳияҳои газдори ҷаҳон дар минтақаҳои нефтдор рост меояд. Захираҳои асосии гази ҷаҳон дар мамлакатҳои зерин воқеанд
1. Россия (кариб 50 трлн м3 – зиёда аз 37%-и ҷаҳонӣ)
2. Эрон (20 трлн м3 – 15%)
3. Қатар (7 трлн м3 – 5%)
Бузургатрини конҳои гази табиӣ Уренгай ва Ямбург (Россия), Газли (Узбекистон), Майск (Туркменистон), Дашава, Шебелинка (Украина), Гронинген (Ҳоланд), Бушер (Эрон), Хасси Рмел (Алҷазоир), Хюготон, Монро ва Халиҷи Мексика (ИМА) ва Тейлора (Канада) ба шумор мераванд.

Мамлакатҳое, ки дорои захираҳои бузурги газ мебошанд.
1-Россия , 2-Эрон, 3-Қатар, 4- АМА, 5-Арабистони Сауди, 6- ИМА, 7-Нигерия, 8-Алҷазоир, 9-Венесуэла, 10-Ироқ
Маъдани оҳан
Захираҳои умумичаҳонии маъдани оҳан зиёда аз 400 млрд тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои бештарро давлатҳои зерин доро мебошанд
1. Россия (қариб 90 млрд тонна-23%)
2. Бразилия (50 млрд тонна-13%)
3. Хитой (40 млрд тонна-10%)

Дороии захираҳои маъдани оҳан дар як қатор кишварҳо
Инчунин ИМА, Канада, Австралия, Ҳиндустон, ҶАҶ, Украина, Франсия, Шветсия ва Қазоқистон низ аз захираҳои бузурги оҳан бархурдоранд.
Бузургтарин конҳо АМК ва Қачқанор (Россия), Кривой Рог (Украина), Аншан (Хитой), Роугчат (Ҳиндустон), Итабира (Бразилия), лисаби Ҳиндустон ва ғайра мебошанд.

Уэлпа Чукикамата Эссе-Хайя Норилск Далнегорск Витватерс- Юсуфия Карлсбад Орапа
(Австр) (Чили) (Россия) (Россия) (Россия) ванд (Мароко) (ИМА) (Ботс-
Тромбе- Моренси Певек Томпсо Уст-Камено- (ҶАҶ) Воскре- Соликамск Арҷайл
тас ва Дуглас (Россия) (Канада) горск Каргурме сенск (Россия) (Австр)
(Браз) (ИМА) Кавалерова Садбери (Қазоқ) (Австр) (Россия) Березники Мирний
Боке Грендак (Россия) (Канада) Рио-Тинто Дукат Қаратау (Россия) (Россия)
Фриа ва Садбери Гетсзю Лейдсторп (Испания) (Россия) (Қазоқ) Солигорск Мбуҷи
(Гвинея) (Канада) (Хитой) (ЧАЧ) Шукшоушан Бодайбо Тампа (Белорус) Майе
Арма- Кананеа Пхукет Никаро (Хитой) (Россия) (ИМА) Кануш (Конго)
ниантак (Мексика) (Тайланд) (Куба) Матагами Крипл Крик Бу-Краа (Украина) Кимберли
(Ҳинд) Ило (Перу) Тайпинг Никеландия (Канада) (Россия) (Саҳрои Элзас (ҶАҶ)
Сулея Легнитса (Малайзия) (Бразилия) Чиуауа (Мек) Йелоунайф Гарби) (Франсия) Оринҷмаут
(Россия) (Полша) Белитунг Нонок (Мексика) (Канада) Хибин Олмон Луанда
Айка Алаверди (Индонезия) (Филипин) Брокенхил Узбекистон (Россия) Урдун (Ангола)
(Венгрия) (Арман) Потош Ларона (Австр) Хитой Тунис Исроил Экати
Парнас- Сарчашма (Боливия) (Индонезия) Маунт-Айза Перу Хитой (Канада)
Киона (Эрон) Чос Камбалда (Австралия) Гана Того
(Юнон) (Нигерия) (Австралия) Керд-Ален
(ИМА)

Бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи алмос Австралия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Россия, Конго ва Анголаю Бразилия ба шумор мераванд.

Бузургтарин истеҳсолкунандагони алмоси табиӣ.
Захираҳои ҳудудӣ
Ҳудуди кишвар-яке аз намудҳои асосии боигарӣ ба ҳисоб меравад. Фазои бузурги ҳудуд, чун қоида гуногунрангии шароишҳо ва сарватҳои табииро таъмин менамояд. Албатта на дар ҳамаи кишварҳо тамоми ҳудудро истифода намудан мумкин аст.
Ҳудуди босамари иқтисодӣ-қисми ҳудуди мамлакат аст, ки барои фаъолияти хоҷагидории инсон мувофиқ мебошад.

Рисунок 1

Бузургтарин кишварҳои олам аз руи масоҳати ҳудуди босамари иқтисодӣ (млн. км2)
1-Бразилия, 2-ИМА, 3-Австралия, 4-Хитой, 5-Россия, 6-Канада.

Захираҳои замини ҷаҳон
Дар сохтори фонди замини ҷаҳон ҷангалзорҳо ва заминҳои истифоданашаванда
(ботлоқҳо, биёбонҳо, пиряхҳо ва ғайра) афзалият доранд, ки ба он 60 % -и тамоми заминҳо рост меоянд. Заминҳои коркардкунанда ҳамагӣ 11 %-и фонди замини ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Сохтори фонди замини ҷаҳонӣ

Минтақа-ҳои ҷаҳон Заминҳои коркард-шаванда (%) Чарогоҳ-
ҳо(%) Чангалзору буттазорҳо (%) Нуқтаҳои аҳолинишин, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ (%) Заминҳои камистифода-шаванда ё истифода-нашаванда (%)
Тамоми ҷаҳон
ИДМ
Аврупо
Осиё
Африқо
Амрикои Шимолӣ
Амрикои Ҷанубӣ
Австралия ва Океания 11

10
29
17
11
12

7

5 23

17
18
22
26
16

20

54 30

37
31
17
26
31

52

18 3

1
5
2
1
3

1

1 33

35
17
42
36
38

20

22

Табиатан, барои инсон заминҳои коркардшаванда муҳим аст, зеро қариб 90% маҳсулоти истеъмолии инсоният аз он гирифта мешавад.
Аз рӯи дороии заминҳои киштшаванда, давлатҳои зерин:
1. ИМА-186 млн. га
2. Ҳиндустон- 166 млн. га
3. Россия – 121 млн. га
4. Хитой- 92 млн. га
5. Канада-45 млн. га пешсафанд.

Захираҳои ҷангалии ҷаҳон
Захираҳои ҷангалии ҷаҳон нобаробар тақсим шудааст. Дар сайёраи мо ду минтақаи асосии ҷангалдорро чудо менамоянд: Шимолӣ, ки ҷангалзори минтақаи муътадилро дар бар мегирад ва Ҷанубӣ, ки фарогири ҳудуди экватори намнок, ҷангалҳои мусонӣ мебошад.

Мамлакатҳои дорои ҷангалзори бузург ва маҳдуд вобаста ба ҳудуд

Мамлакатҳо бо дороии ҳудуди ҷангалзор
Мамлакатҳои ҳудудан маҳдуди ҷангалзор
Давлат Ҳудуд, чангалзор
(%) Давлат Ҳудуд, чангалзор
(%)
Суринам
Папуа Гвинеяи Нав
Гайана
Габон
Конгои демократи
Финландия
Камбоча
ҶХДК
Шветсия
Чопон 95 %
84 %
83 %
78 %
77 %
76 %
76 %
75 %
68 %
67 %
Оман
Қувайт
ҶАМ
Арабистони Сауди
Урдун
Миср
АМА
Гаити
Нигер 0,0
0,1
0,2
0,6
0,8
1,0
1,0
1,5
1,6

Аз рӯи майдони умумии ҷангалзор Осиё ва аз рӯи ҳиссаи ҷангалзор Амрикои Ҷанубӣ ҷудо мешаванд. Вобаста ба захираи чубу тахта дар ҷои аввал Россия баъдан Канада, ИМА, Норверия, Шветсия, Финландия, Бразилия, Перу пешсафанд.
Аз рӯи ба ҳар нафар рост омадани Гвиана дар ҷои аввал қарор дорад, яъне ба ҳар нафар 144 га рост меояд. Дар баъзе кишварҳо бошад, ба монанди Қувайт, Баҳрайн, Қатар, АМА амалан ҷангалзор вучуд надорад.
Захираҳои обӣ ва гидроэнергтикии ҷаҳон
Захираҳои оби ҷаҳонӣ тахминан 13,9 трлн км3-ро ташкил дода, аз он қариб 13,4 трлн км3 ба обҳои баҳру уқёнусхо ва камтар аз 3 %, яъне 35,8 млн км3-ро обҳои мусаффо ташкил медиҳанд. Барои истифодабари бошад, танҳо 0,3 % дастрас аст.
Танҳо 2.5 %-и захираи оби ҷаҳониро обҳои ширин ташкил медиҳанд. Ба захираҳои обӣ обҳои руи замини, обҳои зеризамини ва пиряхҳо шомил мебошанд. Захираҳои обӣ низ дар ҷаҳон нобаробар тақсим шудаанд. Дар минтақаи муътадили шимол зонаи экваториали барзиёди об ва минтақаҳои тропикию субтропикӣ норасоии об мушоҳида мешавад.
Аз рӯи захираҳои об Россия, кишварҳои Скандинавия, Канада, мамлакатҳои Амрико ҷанубию марказӣ, Африкаи Ғарбию экваториалӣ ва Осиёи Ҷанубу Шаркӣ пешсаф буда, вобаста ба ҳар нафар аҳолӣ рост омадани оби тоза Конго (320 ҳазор м3 ба ҳар нафар) мақоми аввалро мегирад.
Баръакс кишварҳое, ки дар ҳудудҳои биёбонҳои Саҳрои Кабир, Рубэлхали, Такломакан, Гоби, Қизилқум, Қароқум, Атакама, Намиб ва ғайра воқеанд аз об танқисии зиёд мекашанд.
Захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳон аз ҷониби мутахассисон тахминан 10 трлн кВт/ соат баҳогузорӣ гардида, айни замон танҳо 1/5 истифода мебаранд.

1. Осиё
2. Америкаи Лотинӣ
3. Америкаи Шимолӣ
4. Африка
5. ИРМ
6. Аврупо
7. Австралия ва Океания

Иқтидори гирдоэнергетикии минтақаҳои бузурги ҷаҳон (млрд. кВт/ соат)
Бузургтарин захираҳои гидроэнергетикиро Хитой, Россия , ИМА, Канада, мамалакатҳои Анд, ҶД Конго, Бразилия, кишварҳои Алп, Скандинавия, Балкан ва Ҷанубу Шаркии Осиё доро мебошанд.

Захираҳои уқёнуси ҷаҳонӣ
Захираҳои уқёнуси ҷаҳонӣ-сарватҳои табии комплексиест, ки захираҳои обӣ, маъданӣ, биологӣ ва энергетикиро дар бар мегирад.
Захираҳои обии уқёнуси ҷаҳонӣ 97%-и захираҳои обии умумиҷаҳониро ташкил медиҳад. Минтақаҳои асосии истеҳсоли нефт Халиҷи Форс, Гвинея, Мексика, Маракайбо, баҳри Хитои Ҷанубӣ ва перспективӣ баҳрҳои Баренс, Отатск, Беринг ва Чукотка маҳсуб меёбанд.
Таркиби обҳои баҳру уқёнусҳо аз тамоми маъданҳо ғанӣ мебошад. Ҳоло аз таркиби об намаки ошӣ, намаки магний, йод ва бром истеҳсол менамоянд.
Захираҳои биологии уқёнуси ҷаҳонӣ қариб 35 млрд тонна буда, аз ҷониби инсоният истифодаи он рӯз аз рӯз меафзояд.
Инчунин аз ҳисоби мадду ҷазр энергия низ истеҳсол карда мешавад.

Захираҳои рекреатсионии ҷаҳон
Захираҳои рекреатсиони захираҳоеанд, ки инсоният онро барои табобат, истироҳат, фароғат ва барқарорнамоии саломатӣ истифода мебарад.
Захираҳои рекреатсион аз рӯи пайдоиш ва хусусияти истифодабарӣ ба сарватҳои рекреатсионии табиӣ (баҳрӣ, кӯҳӣ ва ландшафтӣ) ва таърихию фарҳангӣ ҷудо менамоянд.

Соҳили баҳри Миёна- Алпҳо (Франсия, Байкал (Россия) Кремл (Москва)
Замин (Франсия, Швейтсария, Италия, Кишвари кулҳо Суздал (Россия)
Италия, Испания, Юнон Австралия, Словения) (Финландия) Версал, Лувр,
Кипр, Харватия Карпатхо (Полша, Курортҳои Чехия Натр-Дам ва Черногория, Туркия Словакия, Украина, Боғҳои милли (ИМА, Манораи Эйфел
Тунис, Алҷазоир) Руминия) ҶАҶ, Танзания, Кения, (Франсия)
Соҳили баҳри Сиёҳ Қафқоз (Россия, Тоҷикистон ва ғайра) Марказҳои
(Россия, Украина, Гурҷистон) таърихии РИМ,
Гурҷистон, Булғория) Кордилеро Фларенсия, Венет-
Ҷазираҳои Канар (ИМА ва Канада) сия, Акропол,
Ҳавзаи Кариб Ҳимолой ( Непал, Қасри Сан-Суси
Флорида Бутан) (Олмон), Байтул-
Гавайя муқаддас (Исроил)
Таити МақбараиТоҷмаҳал
Фидҷи ва ғайра (Ҳиндустон),
Девори бузурги
Хитой, Ҳайкали
Озоди (ИМА),
Шаҳри қадимаи
Ҳиндуҳо-Мачу-
Пикчу дар Чили
ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.