Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Масъалаҳои иқтисодии географӣ ва рушти саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон

Нақша: 1. Сарсухан 2. Мавқеи геограФӣ ва баҳои иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон 3. Давраҳои ташаккулёбии саноати кӯҳӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ-шахсӣ 4. Ҳолати ҳозира ва дурнамоии рушди саноати кӯҳӣ 5. Хулоса 6МУНДАРИҶА
МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДИИ ГЕОГРАФӢ ВА РУШТИ САНОАТИ КӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Сарсухан ……………………………………………………….……….3-4

1. Мавқеи геограФӣ ва баҳои иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон……..………………………………………….………5-39
2. Давраҳои ташаккулёбии саноати кӯҳӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ шахсӣ………………………………………………………………40-47
3. Ҳолати ҳозира ва дурнамоии рушди саноати кӯҳӣ………………………………………………………………..48-55
ХУЛОСА …………………………………………………….…………..56-57
РЎЙХАТИ АДАБИЁТҲО……………………………………………….……..58

САРСУХАН
Мавқеи географӣ ин дар сатҳи замин нисбат ба якдигар воқеъ гардидани объект, маҳал ва қаламравро ифода менамояд. Он бо тарзҳои гуногун, табиӣ, риёзӣ, геополитикӣ муайян карда мешавад. табиат, аҳолӣ ва хоҷагии кураи Замин гуногун аст. Географияи табиӣ дар бораи қонунияти тараққиёт ва ҷойгиршавии унсурҳои комплекси табиии (релеф, бойигариҳои табиӣ, иқлим, хок, набото ва олами ҳайвонот кураи Замин ва қисмҳои ҷудогонаи онҳо баҳс мекунад. Он аз ҷумлаи илмҳои табиӣ буда, дар асоси қонунҳои табиат инкишоф меёбад. Географияи табииро ба якчанд қисм тақсим кардан мумкин аст: ландшафтшиносӣ, геоморфология, иқлимшиносӣ, биогеография ва ғайра). Географияи табиИ ва иқтисодӣ якҷоя бо ҷузъҳояшон силсилаи илмҳои географиро ташкил медиҳанд. Силсилаи илмҳои географӣ ба дарахти азиме монанд аст, ки ду танаи калон иборат буда, ҳар яки он боз аз шохаҳои бисёр таркиб ёфтааст. Бо тарзи риёзӣ дар байни кадом арзу тўл воқеъ гардидани объект, маҳал ва ё масоҳат муқаррар карда мешавад. Аз нигоҳи географияи табиӣ бошад, объект, маҳал ва масоҳатро нисбат ба материкҳо, ҳавзаҳои об, системаҳои Кўҳӣ муайян менамоянд. Муҳити географӣ ин қисми табиати рўи замин аст, ки тавассути ҳаёт ва фаъолияти хоҷагидории инсон тағйир ёфта, асоси зиндагӣ ва фаъолияти инсониятро ташкил медиҳад. Мафҳуми табиат ва «муҳити географӣ» қариб бо ҳам монанданд. Вале мафҳуми табиат нистабан васеътар аст. Муҳити географӣ аслан дар натиҷаи фаъолияти бевоситаи инсон дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, ки дар ин муддат шаҳру корхонаҳо, иншоотҳои гуногун, азхудкунии замин, қлиёт ва ғайра пайдо шудаанд. Ба таври дигар гўем, муҳити географӣ ҳамон қисмати табиати кураи замин мебошад, ки ҷамъияти инсонӣ дар он ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии худро пайваста идома медиҳад. Он на ин ки муҳити зиндагӣ, балки ягона манбаи зисту зиндагӣ ва маънавиёту тандурустии одамон ба шумор меравад. Масъалаҳои географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон на танҳо байни ҳам, балки бо якдигар илмҳо, бахусус биология, физика, химия геология, иқтисодиёт, таърих робитаи ногусастанӣ доранд ва якҷоя бо онҳо омўхта мешаванд.бояд гуфт, ки донистани географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон барои ҳар як сокинони ҷумҳурӣ зарур мебошад, зеро донишманде фармудааст: Надонистани хусусиятҳои кишвари худ ва фарқи он аз кишварҳои дигар на маънои онро дорад, ки ту дар Ватани худ шахси аҷнабӣ бугона ҳастӣ.
Бо вуҷуди ин ҳангоми муайян намудани мавқеи муҳити географӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ нуқтаи назари якхела вуҷуд надорад. Баъзе аз донишмандон мавқеи онро аз ҳадди имкон зиёд, гурўҳи дигаре онро қариб инкор мекунад. Солҳои охир дар баробари мафҳуми муҳити географӣ боз истилоҳи муҳити зист паҳн гардидааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҳамаҷонибаи ҷамъияти инсонӣ (таъсири табиию антропогенӣ) – ро дар бар мегирад. Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиҳ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоишиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захираҳои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд. ҳамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ имконият медиҳад, аз тарафи дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норосигии сартватҳои табиӣ танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ зам мекунад.
ҳамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комёбиҳои илму техника боиси пурзўр гардидани иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат хоҳад гашт. Саноати ҳозираи Тољикистон қариб пурра дар замони ҳокимияти Шўравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дар Тоҷикистон чун як гўшаи дурдасти Русия корхонаҷои косибии хурд бартарӣ доштанд. Ҳоло саноати соҳаи асосии хоҷагии халқ буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро медиҳад. Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бўҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар давлатҳои собиқ Шўравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коргарону мутахассисон гардид.

1. Мавқеи географӣ ва соҳаи иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон
Мавқеи географӣ ин дар сатҳи замин нисбат ба якдигар воқеъ гардидани объект, маҳал ва қаламравро ифода менамояд. Он бо тарзҳои гуногун, табиӣ, риёзӣ, геополитикӣ муайян карда мешавад. Бо тарзи риёзӣ дар байни кадом арзу тўл воқеъ гардидани объект, маҳал ва ё масоҳат муқаррар карда мешавад. Аз нигоҳи географияи табиӣ бошад, объект, маҳал ва масоҳатро нисбат ба материкҳо, ҳавзаҳои об, системаҳои кўҳӣ муайян менамоянд. Дар географияи иқтисодию иљтимоӣ ва географияи сиёсӣ бошад, он нисбат ба дигар объекту маҳал ва ҳудудҳо (мамлакат, бозори ҷаҳонӣ ва ғайра) муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани мавқеъи табиию географи асосан аз тарзи табиӣ ва риёзӣ истифода мебаранд. Аз ин нигоҳ Тоҷикистон дар байни арзҳои 360 – 40 ва 410 – 05 – и шимолӣ ва тўлҳои 670 – 14 – и шарқӣ (аз Гринвич), дар қисми ҷануби шарқии системаи кўҳҳои Осиёи Миёна воқеъ гардидааст.
Нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол дар қаторкўҳи Курама, дар ҷануб дар водии дарёи Панҷ, дар ғарб қаторкўҳи Зарафшон ва дар шарқ қаторкўҳи Сарикўл мебошанд. Дар ғарб давоми шохаҳои пастии Тўрон ба марзи Тоҷикистон даромадаанд, ки оҳиста – оҳиста ба доманакўҳҳо ва қаторкўҳҳои Осиёи Миёна мувофиқ меояд. Қаламрави Тоҷикистон 143, 1 ҳазор км2 – ро ташкил менамяод. Он аз ғарб ба самти шарқ ба масофаи 700 кашол ёфтааст.
Қисми марказии мамлакат тақрибан дар меридиани 710 тўли шарқӣ хело камбар буда, қариб 100 км – ро ташкил менамояд.
Аз сабабе, ки Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир шудааст, бинобар он аз уқёнусҳо дур мебошад. Масофаи марзи он то баҳри Каспий 1150 км ва то баҳри Арал 700 км – ро дар бар мегирад.
Вобаста ба мавқеи географӣ, марзи кунунии Тоҷикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллӣ ва сиёсию иқтисодӣ якчанд маротиба тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 ибтидоан дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати ҷумњурии Ўзбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таъсир ёфт. Сипас 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Ўзбекистон баромада, ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил намуд ва худи ҳамон сол ба ҳайати собиқ СССР ҳамчун ҷумҳурии Иттифоқи шомил гардид. Пас аз пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 7 ноябри соли 1991 аз ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ баромад. Ҳоло ҳар сол 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар айни замон масофаи умумии марзи Тоҷикистон 3000 км – ро ташкил менамяод. Аз ҷумла дар масофаи 1180 км бо Ўзбекистон, 1030 км бо Афғонистон, 430 км бо ҷумҳурии Халқии Чин ва 630 км бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар шарқ марзи ҷумҳурӣ бо Чин қаторкўҳи Сарикўл мегузарад.
Марзи ҷанубии ҷумҳурӣ соли 1895 муқаррар карда шудааст, ки он бо ҷараёни дарёҳои Помир, панҷ ва Амударё мутобиқ буда, Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо менамояд. Аз тарафи ғарб ва шимол Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Он соли 1925 муқаррар гардида буд, ки дар он вақт Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии Худмухтор ба ҳайати Ўзбекистон шомил буд. Соли 1929, вақте, ки Тоҷикистон ҷумҳурии Иттифоқӣ эълон гардид, собиқ округи Хуҷанд, ки аҳолии онро асосан тоҷикон ташкил менамуданд ба ҳайати Тоҷикистон шомил гардид. Мутобиқан ба ин марзи Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон тағйир ёфт.
Мувофиқи системаи идоракунии маъмурӣ, ки онро Конститутсияи мамлакат (Сарқонун) муқаррар намудааст, қаламрави он ба шабакаи воҳидҳои сиёсию маъмурӣ тақсим карда шудааст, ки онро тақсимоти сиёсию маъмурӣ мегўянд. Хусусияти онро шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳокимияти сиёсии давлат муайян менамояд. Дар шароити давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ тақсимоти сиёсию маъмури барои саривақт амалӣ гардонидани масъалаҳои иқтисодӣ, ҷтимоӣ нигаронида шудааст. Мутобиқаи ба ҳалли масъалаи тақсимоти сиёсию маъмурӣ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ соли 1939 дар њудуди Тоҷикистон вилояти Ленинобод, Сталинобод, Кўлоб, Ғарм ва соли 1925 вилояти Худмухтори Бадахшони Кўҳӣ ташкил карда шуданд. Дертар вилояти Қурғонтеппа дар ҷануб ва вилояти Ўротеппа дар шимоли ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд. Солҳои 1950 – 1960 вобаста ба такмил додани корҳои ташкилию роҳбарии сохтмон ва таъсиси Совнархозҳо зарурати барҳам хўрдани вилоятҳо ва муттаҳид намудани колхозҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ ба миён омад. маҳз дар ин давра дар тақсимони сиёсию маъумрии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ даромад. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Кўлобу Ғарм ва соли 1963 Ленинобод барҳам дода шуд. Миқдори ноҳияҳои маъмурии поёнӣ низ кам карда шуданд. Ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надодан ва Совнархозҳоро барҳам доданд. Ин буд, ки соли 1970 вилояти Қўрғонтеппа ва як қатор ноҳияҳои маъмурӣ – поёнӣ аз нав барќарор карда шуданд. Балки Истиқлолияти миллӣ вобаста ба сохти нав масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ. Ҳарбӣ ва ташкилӣ ба миён омад. ҳалли онҳо қисман ташкил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб намуд. Аз ҳамин нигоҳ соли 1993 вилоятҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа муттаҳид карда шуданд ва он номи Хатлонро гирифт.
Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани рушди хоҳагии халқи ҷумҳурӣ ва ба истеҳсолот наздик шудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурӣ поёние, ки дар гузушта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо тамоюли миллӣ дода шуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ду вилояти маъмурҳ ноҳияҳои тобеи марказ , як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поёнӣ, 22 шаҳр, 50 шаҳрак ва 280 ҷамоъа ташаккул ёфтаанд.
Аз тарафи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994, тањти рақами 983 «қонун дар бораи истифодаи қаъри замин» ба имзо расид, ки пурра тартиби истифодаи сарватҳои табии заминро муқаррар месозад.
Аз он ҷумла дар моддаи 7, боби 2 қонуни мазкур ҳуқуқҳои истифодаи қаъри замин барои чунин навъҳои фаъолият муқаррар карда шудааст:
1) тадқиқоти геологӣ;
2) истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз он ҷумла истифодаи партовҳои корхонаҳои истихроҷию маъдантозакунӣ ва соҳаҳои истеҳсолии ба онҳо вобаста;
3) сохтумон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста набуда, аз он ҷумла иншоотҳои зеризаминӣ барои нигоҳдории нафт, газ ва дигар моддаҳо ва масолеҳҳо, инчунин барои нигаҳдории моддаҳои зарарнок ва партовҳои обҳои саноатӣ;
4) ташкили объектҳои махсус ҳифзшавандаи геологӣ, ки дорои аҳамияти илмию мадани, эстетикӣ, санитарию беҳдоштиии ва дигар (нуқтаҳои табиӣ, ғорҳо ва дигар ковокиҳои зеризаминии монанди онҳо);
5) ҷамъоварии маводҳои намунаҳои минералогӣ, палеонтологӣ, ва дигар коллексияҳо.
Дар моддаи нуҳуми ҳамин боб оид ба маҳдудиятҳои истифодаи қаъри замин чунин ҳолатҳо муқаррар карда шудаанд:
Бо мақсади бехатарии давлат ва ҳифзи муҳити атроф ҳукумати ҳумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад истифодаи қитъаҳои муайяни ҳудуди қаърии худро маҳдуд намояд ва ё пурра манъ созад (дар таҳрири қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.01.2008с №351).
Истифодаи қаър дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтаӯаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва ва алоқа метавонад қисман ва ё пурра дар он ҳолатҳое, ки агар истифодаи қаъри ҳудудҳои номбаршуда метавонад боиси таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ гашта, ба объектҳои хоҷагии халқ ва ё муҳити табии атроф хисорот ворид созанд, манъ карда шавад.
Истифодаи қаъри ҳудудҳои махсус ҳимояшаванда мутобиқи мавқеи ҳуқуқию маъмурии ҳамин ҳудуд амалӣ карда мешавад.
Дар боби сеюми қонун дар бораи қаъри замин масъалаҳои истифодаи меъёрӣ ва ҳифзи қаъри замин муқаррар карда шудаанд. Мувофиқи талаботҳои он риояи пурраи талаботҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда ҳатмӣ буда, истифода ва азхудкунии худсаронаи қаъри замин қатъиян манъ карда мешавад.
Гузаронидани экспертизаи давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои қаъри замин, ки барои мақсадҳои ғайриистихроҷӣ мувофиқи қонун амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати истихроҷи конҳо бояд пуррагии маъданҳои истихроҷшуда таъмин карда шуда, ҳисобгирии шаффофи раванди истихроҷӣ бояд таъмин карда шавад.
Муҳофизати қонҳои канданиҳои фоиданок аз хавфи зериобмонӣ, пуробшавӣ, сохтор ва дигар омилҳои ба пастравии сифати канданиҳои фоиданок сабабгогшаванда, инчунин боиси костагардии арзиши саноатии он ва ё мураккабсозии шароитҳои истихроҷи конҳо бояд таъмин карда шавад.
Бояд ҳангоми истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок ҳама гуна амалиётҳо ва корҳои боиси ифлосшавии муҳити табиӣ гарданда, ки ба истифодаи захираҳои конҳо вобаста мебошанд, махсусан ҳангоми дар иншоотҳои зеризаминӣ нигоҳдории захираҳои нафт, газ ва моддаҳои тарканда, нигоҳдории моддаҳои зарарнок ва партовҳои истеҳсолӣ, партови оби ифлосшуда бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида ва талаботҳои асосӣ ба иҷро расонида шаванд.
Риояи қоидаҳои консервиронӣ ва бартарафсозии корхонаҳои истихроҷи конҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок алоқаманд надоранд, ҳатмӣ мебошад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешаванд.
Бояд сохтмон ва бунёди худсаронаи биноҳо ва иншоотҳо дар ҳои канданиҳои фоиданлк ва ҳои ба истифодаи конҳо вобастабуда пешгирӣ карда шавад.
Мувофиқи талаботҳои қонун оид ба истифодаи қаъри замин талаботҳо оид ба бехатарии гузаронидани амалиётҳо ва корҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда, ҳолатҳои зерин ҳатман риоя карда шаванд: сохтумон ва истифодабарии корхонаҳои истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани тадқиқотҳои геологии қаъри замин танҳо дар ҳолати пурра таъмин шудани бехатарии ҳаёт ва фаъолияти кормандони ин корхонаҳо ва аҳолии дар ҳудуди истихроҷшаванда наздик ҷойгиршуда иҷозат дода мешавад. мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ, истифодабарандагони қаъри замин ва мақомоти назорати давлатии бехатарии окрҳо дар доираи масъулият ва кафолатҳои худ масъуланд, ки иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшударо дар самти таъмини бехатарии корҳои ба истифодаи қаъри замин вобастабударо иҷро намоянд ва ё иҷроиши онро таъмин намоянд. Роҳбарони муассисаҳои ба истихроҳи конҳо вобастабударо бевосита барои бехатарии корҳо ва амалиётҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда ҷавобгар мебошанд.
То замони хотимаёбии раванди басташавии корхонаи истихроҷӣ ва ё иншооти зеризаминии ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда истифодабарандаи қаър масъулияти мувофиқи қонун муқарраршударо бояд иҷро намуда, нақбҳои зеризаминӣ ва ё рўизаминӣ, дастгоҳ ва таҷњизоти пармагарӣ ва истихроҷӣ бояд ба ҳолати таъминкунандаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити табииро пурра таъмин намояд. Бастани муассисаҳои истихроҷӣ ва ё иншоотҳои ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда пас аз баимзорасии санад оид ба баста шудани он аз тарафи мақомоти давлатии барои иҷрои ин амал дорои иҷозатномаи давлатидошта қонуни дониста мешавад.
Муҳити географӣ ин қисми табиати рўи замин аст, ки тавассути ҳаёт ва фаъолияти хоҷагидории инсон тағйир ёфта, асоси зиндагӣ ва фаъолияти инсониятро ташкил медиҳад. Мафҳуми табиат ва «муҳити географӣ» қариб бо ҳам монанданд. Вале мафҳуми табиат нистабан васеътар аст. Муҳити географӣ аслан дар натиҷаи фаъолияти бевоситаи инсон дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, ки дар ин муддат шаҳру корхонаҳо, иншоотҳои гуногун, азхудкунии замин, нақлиёт ва ғайра пайдо шудаанд. Ба таври дигар гўем, муҳити географӣ ҳамон қисмати табиати кураи замин мебошад, ки ҷамъияти инсонӣ дар он ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии худро пайваста идома медиҳад. Он на ин ки муҳити зиндагӣ, балки ягона манбаи зисту зиндагӣ ва маънавиёту тандурустии одамон ба шумор меравад.
Бо вуҷуди ин ҳангоми муайян намудани мавқеи муҳити географӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ нуқтаи назари якхела вуҷуд надорад. Баъзе аз донишмандон мавқеи онро аз ҳадди имкон зиёд, гурўҳи дигаре онро қариб инкор мекунад. Солҳои охир дар баробари мафҳуми муҳити географӣ боз истилоҳи муҳити зист паҳн гардидааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҳамаҷонибаи ҷамъияти инсонӣ (таъсири табиию антропогенӣ) – ро дар бар мегирад.
Тамоми он бо табиат, ба муҳити географӣ мебошад. Тадриҷан гузаштан ба шакли хоҷагии истеҳсоли (зироатчигию чорводорӣ) инқилоби бузурги иқтисодие буд, ки он ба пурзўршавии таъсири инсон ба табиат овард. Муносибати одамон ба табиат, махсусан дар ҳудуди тамаддуни қадимаи паҳншуда, қабл аз ҳама дар водиҳои дарёи Нил, Далҷа, Ефрат, ҳинд, Ганг, Хуанхэ, Янсзи, Ому гуногунранг гардид. Баъдтар таъсири назаррас дар қаламрави Риму Юнони қадим мушоҳида карда мешуд. Одамон обанбору иншоотҳои обёрӣ (канал, коррез) сохта, ботлоқзорҳоро хушконида, бо воситаи дарахтшинонию кабудизоркунӣ дар масофаи чандин километр пеши роҳи ҳаракати биёбоншавиро мегирифтанд.
Аз аввали асри ХХ дар алоқамандии табиату ҷамъият марҳилаи нав сар шуд. Таъсир ва ё «фишор» – и ҷамъият ба табиати атроф ниҳоят авҷ гирифт. Дар ин асно аз ландшафтҳои табиӣ ба антропогенӣ (шаҳру деҳот, корхонаҳои саноатию истихроҷи маъдани кўҳӣ, хоҷагиҳои ҷангалу минтақаҳои рекреатсионӣ ва ғайра) табдил ёфтан ҳодисаи муқаррарӣ гардид.
Бо мурури замон қариб дар тамоми қитъаю материкҳо инсон аз табиат ба таври васеъ захираҳои онро истихроҷ намуда, ба ивази ин ба мухити атроф партовҳои зиёдеро боқӣ гузошт, ҳамин тавр, ду масъалаи бо ҳам алоқаманду муҳими ба миён омад: 1) оқилона (дуруст) истифодабарии захираҳои табиӣ; 2) ҳифзи муҳити зист.
Ба зинаи баланди инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ расидани инсоният, пеш аз ҳама истифодаю коркарди захираҳои гуногуни табиӣ алоқаманд аст.
Дар ҳама давру замон талабои одамон ба захираҳои табиӣ якхел нест. Масалан, бе об инсон ва дигар мавҷудоти зинда дер зиндагӣ натавон кард, ҳол он ки бе истифодаи баъзе намуди ашёҳои маданӣ вай тўли ҳазорҳо сол ҳаёт ба сар бурдааст. Харҷу маблағгузорӣ нисбати истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ низ якхела нест. Дар бисёр ҳолат сарфу харҷи коркарду истифодабарии намуди сарватҳои табиӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ оқилона буда, дар лаҳзаи дигар маблағгузории калон ва техникаю технологияи мураккабу гаронро талаб мекунад.
Бисёр намуди сарватҳои табиӣ баъди тадқиқу истихроҷ ба ашёи хоми соҳаҳои гуногуни истеҳсоли табдил меёбанд. Аз тарафи дигар ашёи хоми ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалбшуда дар зинаи дувум ба захираи иқтисодӣ табдил меёбад. Ҳамин тариқ, унсурҳои табиӣ ҳангоми сарфи меҳнат ба олотҳои истеҳсолӣ, бино ва дигар неъматҳои моддӣ мубаддал мешаванд.
Саноати ҳозираи ҷаҳонӣ миқдори ниҳоят зиёди ашёи хом истифода мекунад. Харҷи он аксар 70-75% хароҷоти умумии истеҳсолоти махсулоти саноатиро ташкил менамояд. Чунин вазъият аксари давлатҳоро дар ҳолати ногувор мегузорад.
Қисми зиёди захираҳои сарватҳои табиӣ (махсусан, канданиҳои фоиданок) оҳиста – оҳиста баъди истихроҷи босуръат тамом мешаванд. Ин ҳодиса боиси ташвишу изтироб аст. аз тарафи дигар на ҳамаи захираи мавҷудаи кураи Замин тадқиқ шудаанд. Бисёр конҳои кашфшуда самаранок истифода бурда намешаванд. Тадқиқоти солҳои охир дар аксари давталҳои дунё захираҳои калони сарватҳои табииро ошкор намудаанд. Пешрафти илмию техникӣ оид ба истифодаи қувваи бузурги қувваи ядроӣ дар соҳаҳои мухталиф пешомадҳои боварибахш дорад. Ҳоло дар бисёр давлатҳои мутарақӣ истифодаи қувваи Офтоб, шамол ва дигар сарчашмаҳои энергетикӣ самараи худ дода истодаанд. Дар ҳар сурат бояд комёбиҳои илму техника ба манфиати инсон равона шуда, табиат ва захираҳои бойи онро ғанӣ гардонад.
Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиӣ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захирахои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд.
Дар дунё давлатҳое ҳастанд ба мисли ИМА, Россия ва Чин, ки қариб бо тамоми намуди сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурўҳ Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва боз якчанд давлатҳои дигар (гарчанде бо баъзе намуди сарватҳои табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд.
Умуман дар сайёраи мо давлате вуҷуд надорад, ки ин ва ё он намуди сарвати табиӣ надошта бошад. Ҳангоми кам ва ё набудани ин ва ё он намуди захираи табиӣ ба дигар давлатҳо муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди дар ҳудуди Ҷопон набудани бисёр намудҳои захираҳои табиӣ бо истифода аз ашёи хом, сўзишвории кашонда ва комёбиҳои илму техника ба дараҷаи ниҳоят баланди пешрафти иқтсодӣ ноил гардидааст. Бар хилофи Ҷопон давлатҳои зиёде вомехўранд, ки бо вуҷуди захираҳои бои сарватҳои табиӣ дараҷаи инкишофи иҷмоию иқтисодии онҳо назарнорас аст.
Ҳамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ имконият медиҳад, аз тарафи дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норосигии сартватҳои табиӣ танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ зам мекунад.
Ҳамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комёбиҳои илму техника боиси пурзўр гардидани иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат хоҳад гашт.
Канданиҳои фоиданок аз қадимулайём ҳадафи фаъолияти меҳнатии инсон буданд. Ин ҳолат дар замони чунин давраҳои таърихии тамаддуни ҷамъияти инсонӣ, мисли асри сангин, асри биринҷӣ, асри фулузот таҷассум ёфтаанд. Дар асрҳои миёна инсон аз қаъри замин 18 номгўй, асри XVII – 25 асри XVIII – 29 асри XIX -47, ибтидои асри ХХ- 54 ва ҳоло бошад зиёда аз 200 намуди ҳархелаи ашёи минералиро истифода мебарад. Мувофиқи ҳисоби олимон инсоният дар тўли тамоми ҳастиаш аз қаъри замин 180 млрд тонна ангишт, 85 млрд тонна нефт, 40 млрд тона маъдани оҳан, 280 млн тона маъдани мис истихроҷ кардааст. Дар айни замон соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд тонна намуди ҳархелаи ашёи минералӣ ва сўзишворӣ истихроҷ карда мешавад, ки агар онро ба қатораҳо бор кунем, пас дарози ин қаторҳо (вагонҳои роҳи оҳан) ба 700 ҳазор километр мерасад ва ин дарозӣ метавонад, ки атрофи хати экваторро 17 маротиба печонад. Тадқиқоти геологӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки захираи намудҳои гуногун канданиҳои фоиданок дар кураи амин як хел нест.
Тавсифи умумӣ. Захираҳои табиӣ таҳкурсии тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат, воситаҳои зиндагӣ ва истеҳсолот ба шумор меравад.
Захираҳои табиӣ ба чор гурўҳ ҷудо мешаванд: минералӣ (маъданӣ) обӣ, замин ва биологӣ.
Дар навбати худ захираҳои минералӣ ба се қисм ҷудо мешаванд: сўзишворию – энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, торф варақсангҳои сўзанда); маъданҳои металлӣ, (металҳои сиёҳ, ранга, нодир асил) ва минералҳои ғайриметаллӣ (ашёи хоми кимиёвӣ, сохтмони ва ғайра)
Захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданокро мувофиқи дараҷаи истифодабарӣ ба чор категория тақсим менамоянд: А, В, СI, С2. Чунин тақсимот дараҷаи омузишу истифодаи захираҳои кашфшударо муайян мекунад.
Категорияи А-ин захираҳое мебошанд, ки пурра омўхта шуда барои истифодабарӣ тавсия дода шудаанд; категорияҳои В ва СI –ин конҳои ҳастанд, ки кашф шуданду аммо то ҳол захираҳои онҳо пурра аниқ карда нашудаанд. Категорияҳои С2 – захираҳое мебошанд, ки алҳол ба онҳо баҳои аниқ дода нашудааст, яъне ин захираҳо дар айни замон тахминан баҳо дода шудаанд.
Ба ғайри аз ин боз захираҳое ҳастанд, ки фақат пешгўи карда шудаанд ва ё дар оянда дар ин ҳавзаҳо кашфиётҳо бурда мешаванд.
Ҳамаи категорияҳои зикршуда, (А, В, СI, С2,) ва ҳам захираҳои пешгўи шуда дар якҷоягӣ ба захираҳои геологӣ дохил мешаванд.
Захираҳои маъдани ба миқдори зиёда аз 200 намуд ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ, алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф карда шудааст, ки 70 намудҳои онҳоро конҳои маъданию ғайри маъданӣ ташкил медиҳанд. Дар айни замон 100 кон ба истифода дода шудааст, ки 36 намуди ашёи хоми маъданиро дар бар мегиранд.
Инкишофи минбаъдаи ҷамъият аз дараҷаи ҳар чӣ бештар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Ҳаҷми истихроҷи маъдан ва дараҷаи истифодаи ашёи хом, нишондиҳандаҳои асосии тараққиёт ва нишонаи иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат ба ҳисоб меравад.
Бо сабаби бошиддат истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом, дар натиҷаи нобаробар тақсимшавии ин захираҳо дар кураи замин, таъмин намудани талаботи доимоафзояндаи саноат ба ин захираҳо боиси мушкилиҳои зиёд шуда истодааст. Бо ин мақсад дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон кофтукови геологӣ ва тадқиқотҳои нави ҷустуҷўи захираҳои минералию ашёи хомро ба тариқӣ васеъ ба роҳ мондан, аҳамияти калон дорад.
Бо ин мақсад омўхтани таърихи сохти геологии пайдоиши конҳои маъдан дар минтақаҳои гуногун, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, тайёр кардани мутахассисон, нашр намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои геологӣ, нашр намудани китобҳо, маҷаллаҳо ва дар ин асос пурзўр намудани кофтуковҳои геологӣ, ба қатори вазифаҳои муҳимтарин дохил мешаванд.
Ҳалли ин масъалаҳо дар Тоҷикистон низ роҳҳои худро доранд ва мо бояд барои амали гардонидани ин масъалаҳо кўшиш намоем. Халқи тоҷик ҳанўз дар замонҳои қадим ба кўҳҳои сар ба фалак кашида ва водиҳои зархези худ бо умеди зиёд ва орзуҳои нек менигарист. Бозёфтҳои археологӣ далели онанд, ки то давраи мо ҳанўз дар асри биринҷӣ дар Қарамазору Зарафшон ва Бадахшон ба коркарди маъдан машғул буданд. Конканони қадими ин сарзамин мису тилло, сурбу нуқра, симобу оҳан ва сангҳои қиматбаҳо ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўзаву ёқутро аз конҳо ба таври оддӣ истихроҷ мекарданд. Ҳатто номи баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ба монанди Кондара, Кони Нуқра, Кони Мансур, Кўҳи Лаъл аз қадим машҳуру маъруф будаанд. Дар асрҳои XI-XII истеҳсоли маъдан дар кишварамон хеле ривоҷ ёфта будааст. Ҳанўз дар асри XI аъломаи бузурги Машриқзамин Абуали ибни Сино нахустин бор дар ҷаҳон ҷисмҳои минералиро ба гурўҳҳо тақсим карда будааст.

Олими машҳур Абурайҳон Берунӣ дар китоби «Китоб-ул-ҷавоҳир» (китоб дар боби шинохтани ҷавоҳирот), ки соли 1048 нашр шудааст, масъалаҳои омўзиш ва тадқиқи сарватҳои зери заминӣ Осиёи Миёна, аз он ҷумла конҳои тиллои Рашту Шуғнон, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон, нефти Фарғона ва ғайраро муфассал шарҳ додааст.
Маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш дар асари худ «Наводир-ул-вақоеъ» менависад: «Бадахшон мулкест, ки манзараи назари офтоби рахшон аст ва дар он чаҳор маъдан аст: тилло, лоҷувард, лаъл, ёқут».
Ҳамаи далелҳо гувоҳи онанд, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон дар гузаштаи хеле дур низ шўҳрати калон доштааст. Тадқиқоти аввалин нисбати дар асоси илми омўхтани табиат ва сарватҳои табиӣ Тоҷикистон бо номи олимони рус, Ф. Богословский, П.П. Семёнов-Тяньшанский, А.П. Федченко, И.В. Мушкетов, Г.Д. Романовский, Д.Л. Иванов, Д.В. Наливкин ва дигарон, ки дар асри XIX ва аввалҳои асри ХХ гузаронида буданд, вобаста аст.
Мунтазам омўхтани сохти геологӣ ва ганҷинаҳои Тоҷикистон дар замони Ҳокимияти Шуравӣ оғоз ёфт. Соли 1925 аз тарафи олими рус, И.И. Бездека номгў ва харитаи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нашр карда шуд. Солҳо 1928-1932 барои омўхтани боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Экспедитсияи комплексии тоҷику помир тахти роҳбарии академик Н.П. Горбунов ташкил шуд. Ин экспедитсия барои тартиб додани харитаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки соли 1942 аз чоп баромад, ёри расонд. Дар Тоҷикистон дар ин давра якчанд конҳои нави канданиҳои фоиданок кашф шуданд.
Тарақкиёти минбаъдии хоҷагии халқи Тоҷикистон, зарурияти дар дохили республика ташкил намудани идораҳои геологӣ ва Институтҳои илмӣ-тадқиқотиро ба миён гузошт. Бо ҳамин мақсад соли 1932 дар назди базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР Сектори геология ва соли 1941 Институти геологияи филиали Тоҷикистонии Академияи Илмҳои СССР ташкил шуд. Соли 1951 ин институт ба ҳайати Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон сол таҳсис ёфта буд, дохил шуд. Соли 1943 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДДМТ) шўъбаи геология кушода шуд, ки баъдтар ба факултаи геология табдил ёфт. Ин факулта бисёр ҷавононро тарбия карда дар тараққиёти илми геологияи тоҷик, ва ҷустуҷўи сарватҳои Тоҷикистон ҳиссаи сазовори худро гузоштанд.
Дар қатори дигар олимони забардасти Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар омўхтани сарзамини Тоҷикистон хизмати сазовор кардаанд, ҳиссаи олимони тоҷик академик Соро Юсупова (1910-1966), академик Р. Баротов ва дигарон низ хеле назаррас аст.
Минбаъд дар натиҷаи корҳои пурсамари геологҳо дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расид. Дар ин давра харитаи геологии республика кашида шуд, ки дар онҳо оиди ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок дар миқёси ҳар як минтақа маълумоти пурра ҷамъ оварда шудааст.
Солҳои мавҷудияти Ҳукумати Шўравӣ дар Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кўҳи ташкил ёфта ва рў ба инкишоф ниҳод. Алҳол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, рўҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сўрма, симоб, висмут, флюорит, булўри кўҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўза ва ғайра, инчунин намаксанг, масолеҳои бинокорӣ, ангишт, нефт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ, ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат равона карда шудаанд.
Дар базаи истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом дар ҷумҳурӣ корхонаҳои металлургияи ранга, саноати истихроҷи маъдан, саноати кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра бунёд карда шудаанд.
Бовуҷуди он, ки Тољҷикистон аз бисёр захираҳои минералию ашёи хом ниҳоят бой аст, онҳо дар ҳудуди мамлакат нобаробар ҷойгир шудаанд. Чунин ҳолат дар тараққиёт ва ҷойгиркунии соҳаҳои саноат дар ин ва ё он минтақа мушкилиҳо пеш меоварад.
Дар процесси омўзиш, канданиҳои фоиданоки металлиро аз ҷињати хусусиятҳои техникию иқтисодиашон ба гурўҳҳои зерин тақсим мекунанд.
1. Металҳои сиёҳ;
2. Металҳои ҷавҳардоркунанда (руйпушкунанда)
3. Металлҳои ранга;
4. Металҳои асил;
5. Элементҳои радиоактивӣ.
Гурўҳи металҳои сиёҳ. Ба ин гурўҳ маъдани оҳан, манган ва хром мансубанд, ки асоси металургияи сиёҳро ташкил медиҳанд.
Маъдани оҳан – дар Тоҷикистон маъдани оҳан дар Шимолии мамлакат конҳои Чоқадамбулоқ, Оқкулак ва Туранглӣ, ва дар қисми Марказии он дар ноҳияи Нуробод (Тегерма) кашф карда шудаанд. Муҳимтаринаш захираҳои кони маъдани оҳани Чокадамбулоқи Қарамазор мебошад, ки дар оянда барои истифода бурдан дар саноати металлургияи сиёҳ (захираи он аз рўи категорияи А+В+С1 ба 60 млн. тонна мерасад) аз ҷиҳати миқдор ва сифат ба мақсад мувофиқ аст.
Манган – ҳамчун филизаи сиёҳ дар металлургия кор фармуда мешавад. Аз ҷумла 95% он дар металлургияи сиёҳ истифода карда мешавад. Манган асосан барои тайёр намудани рельсҳои роҳҳои оҳан, чархи вагон, зиреҳи танкҳо ва тракторҳо, ва ғайра истифода карда мешавад. Манган ҳамчун элемент соли 1774 аз тарафи химики швед К.В. Шееле (1742-1791) кашф карда шудааст.
Дар Тоҷикистон манган дар ноҳияи Исфара бо номи кони Чатиратек маълум аст, ки ин филиза дар байни мармарҳои палеозои ёфт шудааст.
Гурўҳи металҳои руйпушкунанда. Металҳое, ки хусусияти ҷавҳардоркуни доранд, инҳо титан, ванадий, никел, кобалт, молибден ва волфрам мебошанд.
Дар ҷумњурии мо танҳо захираи молибден ва волфрам дар қисми Шимолӣ ва Марказии Тоҷикистон кашф карда шудаанд.
Молибден – дар таркиби маъданҳои кони Чоруқдарон ва Янги Кон мавҷуд аст. Дар баъзе мавзеъњои Рашту Дарвоз низ молибден дучор меояд. Молибден дар металлургияи сиёҳ барои ҳосил кардани хуллаҳои гуногун ва тайёр кардани рангҳои зард, кабуд ва зангор корбаст мешавад.
Пўлодҳои молибдендорро дар авиатсия ва саноати автомобил ба кор мебаранд.
Волфрам – яке аз филизоти муҳими саноати металлургӣ буда, барои истеҳсоли пулоди аъло сифат ва лампаҳои электр ба кор бурда мешавад. Дар таркиби волфрам қариб 15 минерал вомехўранд.
Конҳои маъдани волфрами Тоҷикистон дар кўҳӣ Муғул (кони Чоруқдарон), дар қаторкуҳи Ҳисор (конҳои Майхўра, Кабудӣ, Такфон, Сармад ва Зарафшон (кони ҷилав) ҷойгир шудаанд.
Гурўҳи металҳои ранга. Ба ин гурўҳ металҳои мис, рўҳ, сурб, алюминия, магний, қалъагӣ, симоб, сурма, висмут дохил мешаванд.
Тоҷикистон дорои захираҳои боӣ маъдани металҳои ранга мебошад.
Аз замонҳои қадим сурб, рўҳ ва мис дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурда мешаванд.
Аксарияти конҳои маъдани сурб ва рўҳ дар Шимолӣ республика асосан дар Қарамазор (кўҳи Қурама) ҷойгир шудаанд. Дар инҷо конҳои Олтинтопган, Қуруқсой, Чолота, Консой, Кони Мансур, Чуқурҷилға, Чамбарак, ва ғайра маълуманд. Дар атрофи ноҳияи Исфара низ якчанд конҳои сурб ва рўҳ (Эскикон, Қаротек) маълум карда шудааст.
Конҳои маъдани сурб ва рўҳ дар Тоҷикистони Марказӣ дар нишебии қаторкўҳи Ҳисор мавҷуданд, (Таккоб, Кондара, Сафедорак, Дияималик ва ғайра).
Дар бисёр конҳои сурбу рўҳи ҷумҳури ба қадри даркори захираҳои мис ҳам вомехўранд. Захираи маъдани мис дар конҳои Чоруқдорон ва Тарор (ноҳияи Панҷакент) муайян карда шудааст.
Конҳои маъдани сурб ва рўҳ асосан дар эраи палеозой ба вуҷуд омадаанд. Конҳои Тоҷикистони ҷанубӣ-Ёкунҷ, Дараишо бошанд, нисбатан ҷавон буда ба эраҳои мезозой ва кайнозой таалуқ доранд.
Дар таркиби маъданҳои бештари конҳо ба ғайр аз сурб ва рўҳ ба миқдори муайян пайвастаҳои нуқра, кобалт, кадмий ва дигар филизот мавҷуданд.
Алюминий – дар таркиби бисёр минералхо, мавҷуд бошад, ҳам, алҳол асосан аз боксит алунит, сиенит истеҳсол карда мешавад. Боксит – ҷинси кўҳиест, ки бо гил, хок ва регсанги сурх ё сафед монанд буда дар таркиби он, ба қадри даркори гидрооксидҳои алюминий ҳаст.
Як қисми конҳои боксити Тоҷикистон дар нишебии қисми шимолии қаторкўҳҳои Туркистон (Ворух, Шаҳристон) дар байни оҳаксангҳои эраи палеозой ҷойгир шудаанд. Қисми дигари онҳо дар каторкўҳҳои Зарафшон (Киштут) ва Ҳисор (Янгиоб) дар байни регсанг ва гилҳои эраи мезозой вомехўранд.
Конҳои боксит дар нишебии қаторкўҳҳои Ҳисор (Ромит, Қаротоғ) дар болои ҷинсҳои магмавӣ воқеанд. Аммо конҳои боксити Тоҷикистон хеле хурд буда ва аҳамияти саноатӣ надоранд. Ҳоло заводи алюминий Тоҷикистон ашъёи хомро барои ҳосил кардани алюминий аз дигар давлатҳо мегирад.
Солҳои охир алюминиро бевосита аз ҷинсҳои магмавӣ, аз сиенитҳои нефелиндор низ ҳосил мекунанд. Калонтарин кони нефелин дар ноҳияи Рашт (Кони Турпӣ) ҷойгир аст.
Барои ҳосил кардани алюминий аз сиенитҳои нефелиндор технологияи навро ҷорӣ кардан лозим меояд. Барои истеҳсоли алюминий қувваи хеле зиёди барқ сарф мешавад.
Магний – ҳам хеле аз филизотҳои муҳими ранга мебошад. Онро аз доломит (оҳаксанги магнитдор) ҷудо карда гирифтан мумкин аст. Доломит дар бисёр ҷойҳои қаторкўҳҳои Ҳисор (Қаротоғ) ва дар назди ноҳияи Ёвон ёфт шудааст.
Қалъагӣ – дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир маълум аст. Дар конҳои Тагобикул ва Кумарх (ҳавзаи дарёи Яғноб) минерали қалъагӣ касситерит дар байни хоросанг ва варақсангҳои метаморфии палеозой вомехўранд. Дар кони Майхура низ (ҳавзаи дарёи Варзоб) кассетирит дучор меояд.
Қалъагиро барои истеҳсоли асбобҳои биринҷӣ, қуттиҳои консерва ва кафшеркунӣ истифода мебаранд.
Симобу сўрма – ҳануз дар замонҳои қадим маълум буданд. Симобро асосан, аз шангарф (киновар)-Hg S – ном минерал, ки ранги сурхи баланд ё қирмизи дорад, ҳосил мекунанд. Яке номи он аз калимаи арабии «кино бари» ба миён омадааст, ки маънояш «хуни аждаҳо» мебошад.
Симоб ягона филизаи моеъ мебошад, ки баъзан дар намуди холис низ дучор меояд, Вай нуқраранг аст, барои ҳамин ҳам ўро баъзан «Оби нуқра» меноманд.
Агар вазъи ҳаво муътадил бошад хосияти ҷоришавии симоб зиёд ва ба ҳар тараф парешон мешавад. Аз замонҳои қадим қимати симоб ба қимати тилло баробар дониста мешуд. Барои ҳосил кардани симоб минерали шангарфро куфта, баъд метафсонанд. Симоб аз таркиби минерал ба намуди буғ ҷудо мешавад ва сипас хунук шуда ба симоби моеъ мубаддал мегардад.
Яке аз хусусиятҳои аҷиби симоб ин маҳлулкунии тилло мебошад.
Агар маҳлули симоби тиллодорро тафсонем симоб буғ шуда, дар рўи зарф тиллои холис боқӣ мемонад.
Симоб ва пайвастаҳои он заҳрнок мебошанд. Симобро дар бисёр соҳаҳои тиб, сохтани ҳароратсанҷ, ҳавосанҷ ва лампаҳои махсус барои тайёр кардани асбоби тарконанда (детанатор) ба кор мебаранд.
Конҳои симоб дар Кончоч (назди Искандаркул), Қавноқ, Зардхок ва Заҳок ҷойгир шудаанд. Кони Ҷиҷикрут дар баробари симоб сурма ҳам дорад. Солҳои охир дар қаторкўҳҳои Туркистон ва Помири Шимолӣ ҳам конҳои симобро кашф кардаанд.
Сўрма – сўрмаро асосан аз минерали антимонит (Sb2 S3) ки ранги сурбро дорад, ҳосил мекунанд. Сурма ҳам хосияти гуногун дорад. Филизе, ки ғаши сурма дорад, дар натиҷаи соидан аз гарми на ин ки васеъ, балки баръакс фишўрда мешавад. Ин хусусияти сўрмаро дар техника, алалхусус дар саноати мошинсозӣ васеъ истифода мебаранд. Гири чархҳо, подшибник ва соққоҳои онро аз ҳамин филиза месозанд. Сурма барои тайёр кардани хулаҳои филизии матбаа (бо омехтаи сурб) ва ҳар хел рангҳо ҳам ба кор меравад. Аз замонҳои қадим сурмаро барои тайёр кардани ҳар хел дорўҳо низ истифода мебаранд.
Аксарияти конҳои сурма дар ҳавзаҳои дарёҳои Шингов, Моғиён ва Яғноб ҷойгир шудаанд, ки ин конҳои Туркпарида, Қароқамар, Гурдара, Рўдакӣ, Учкадо, Калтакўл аз қабили онҳоанд. Умуман Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сурма дар байни давлатҳои ИДМ ҷои якўмро ишғол мекунад. Дар айни замон аз конҳои Ҷиҷик-рут сурмаю симоб истеҳсол, мекунад. Барои ба тарзи пурра истифода бурдани конҳои сурмаю симоби кўҳистони Зарафшону Ҳисор дар ҷои якшавии дарёҳои Фон ва Искандар дар ноҳияи Айнӣ комбинати маъдантозакунии Анзоб сохта шуд. Ҳоло геологҳои ҷумҳурӣ якчанд конҳои нав кашф кардаанд, ки истеҳсоли сурмаю симобро хеле зиёд мекунад. Дар доираи қаторкўҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷустуҷўи конҳои нав давом дорад.
Висмут – дар металлургия барои ҳосил кардани хўлаҳои тезгудоз, тайёр кардани ҳар хел шишаҳои махсус, реактивҳои химиявӣ ба кор бурда мешавад. Газворҳое, ки бо маҳлули висмут кор карда шудаанд, намесўзанд. Аз висмут ҳар гуна дорўҳо низ тайёр мекунанд.
Хокаи маъдани висмут дар Қарамазори Шарқӣ маълум аст. Ин конҳои Адрасмон, Сари Қурғон, Маразбулоқ ва Челтимас мебошанд. Ин конҳо дар байни ҷинсҳои вулконии турш – порфирҳои кварцдор ҷойгир шудаанд. Маъдани ин конҳо мураккаб буда, дар таркибаш ғайр аз висмут минералҳои сурб, рўҳ, кадмий, кобалт ва нуқра доранд.
Гурўҳи металҳои асил ва элементҳои гурўҳи платиндор. Ба ин гурўҳ металҳо тилло, нуқра, платина ва элементҳои гурўҳи платинадор дохил мешаванд.
Тилло – ҳамчун филизаи гаронбаҳо тимсоли қудрати моддии мамлакат мебошад. Тилло металли нодир аст. Ба таъсири обу ҳаво ва модаҳои химиявӣ устувор буда, дорои ранги хоси дилрабост. Дар техника, тиб ва заргарӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Беҳуда нест, ки тиллоро филизаи асил мегўянд.
Конҳои тилло аз ҷиҳати пайдоиши худ ба конҳои асил ва пошхурда ҷудо мешаванд.
Конҳои асили тилло ба ҷинсҳои магмавӣ хусусан ба рагҳои кварци алоқаманданд. Дар таркиби баъзе маъданҳо ба монанди волфрам, қалъагӣ, арсен, оҳан ва рўҳ низ заррачаҳои тилло мушоҳида мешаванд. Ранги минералии пирит зард буда, аксар вақт бўлурҳои ў шакли куб доранд, чунин ҷинсҳои кўҳӣ дар маъданҳои тиллодор дар кўҳистони Зарафшону Ҳисор, Дарвоз, Помири Шарқӣ ва Қарамазор дида мешаванд.
Аз маъдани конҳои асил ҷудо карда гирифтани тилло хеле меҳнатталаб аст. Маъданҳои тиллоро дар осиёбҳои махсус мисли рег майда карда, баъд заррачаҳои тиллоро ба воситаи симоб ҷудо карда мегиранд. Дар конҳои асил дар таркиби як тонна маъдан аз 1 то 200 грамм тилло ба назар мерасад.
Конҳои пошхурда дар натиҷаи вайрон шудани ҷинсҳои кўҳии тиллодор ба вуҷуд меоянд. Онҳо аз таъсири об, ҳаво, ҳарорат ва ғайра тадриҷан вайрон ва ба сангпора, рег ва гил мубаддал мешаванд. Обҳои равон ин ҷинсҳои вайроншударо ба ҷойҳои дигар бурда такшин мекунад.
Дар вақтҳои суст шудани ҷараёни об ва таъғир ёфтани маҷрои дарё заррачаҳои тилло ҳамчун филизаи хеле вазнин дар ҷойҳои муайян такшин мешаванд. Чунин ҷинсҳои пошхўрдаро дар рўдхона ва дар водии дарёҳои қадим пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло дар баъзе суфачаҳои соҳили дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Яхсу ва Сурхоб, ки аз шағал, рег ва гилҳо иборатанд, заррачаҳои тилло мушоҳида карда мешаванд.
Дар ҳавзаи дарёи Яхсу (Дарвоз) дар таркиби кангломерат ва регсангҳо, ки тахминан 30 миллион сол пеш аз ин дар давраи неоген ба вуҷуд омадаанд, заррачаҳои тилло мавҷуданд. Чунин ҷинсҳои кўҳие, ки тилло доранд, дар атрофи Рангкул ва водии Маркансуи Помири Шарқӣ низ ҳастанд. Тоҷикистон аз замонҳои қадим ҳамчун диёри конҳои тиллодор шўҳрат дорад.
Аҷдодони мо аз реги дарёҳои Зарафшон ва Панҷ, зарраҳои тиллоро шуста мегирифтанд.
Ҳоло геологҳои Тоҷикистон пайдоиши ҷинсҳои куҳии тиллодорро омухта, алоқаи онҳоро бо ҷинсҳои магмавӣ, метаморфӣ ва такшин ва сохти тектоникӣ муайян кардаанд. Ин тадқиқоти илмӣ имконият дод, ки қонуниятҳои асосии дар сарзамини ҷумҳурӣ ҷой гирифтани маъдан ошкор карда шавад.
Дар асоси сарчашмаҳои қадим оиди захираҳои тилло доштани сарзаминамон баъзе маълумотҳо маълум карда шудаанд. Масалан: дар давраи сулолаи Сомониён тиллоро дар Рашт- 32 кг 430 гр, дар дараи Вахон (ҷанубӣ Помир 24 кг 360 гр.) дарёфт карда шуда буданд.
Нуқра – аз давраҳои қадим истеҳсол карда мешавад. Нуқра барои сахт кардани мис бо он ҳамроҳ карда мешавад, инчунин барои сика задани танга, тайёр намудани зарфҳои хўрокхурӣ, асбобҳои заргарӣ ва наққошӣ, барои дандонсозӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.
Дар Тоҷикистон нуқра (дар Қарамазор) аз маъдани конҳои сурбу рўҳ аз замонҳои хеле қадим истеҳсол карда мешуд. Дар базаи захираҳои Кони Мансур комбинати нави саноати металлургӣ дар назар дошта шудааст.
Гурўҳи элементҳои радиоактивӣ. Уран дар шакли оксид дар соли 1739 аз тарафи химики немис М. Клапрот дар маъдани сиёҳ, ки минбаъд катрони уран ном доданд, аз кўҳҳои Маъдан дар Саксония кашф карда шуд. Дар шакли металл соли 1884 аз тарафи олими француз Э. Пелиго пайдо карда шуд.
Солҳои зиёде ба уран он қадар талаботи зиёде набуд. Вай дар Аврупо барои истеҳсоли рангҳои ҷиллодиҳанда ва чиниворӣ истифода бурда мешуд. Дар аввали асри XX омехтаи маъдани уранро барои истеҳсолкардани элементҳои радиоактивии баланд, – радий истифода мекарданд, ки дар тиб (табобати обилаҳо) ва асбобҳои ченкуни истифода мебурданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ уран барои тайёр намудани бомбаҳои атомӣ ва дигар лавозимотҳои ҳарбӣ истифода бурда шуд. Пас аз солҳое 1950 уран бо ташабуси Ҳокимияти Советӣ барои манфиати хоҷагии халқ истифода бурда шуд. Дар соли 1954 дар ҷаҳон истгоҳи аввалини атомӣ дар ш. Обнинск (в Калугаи Россия) сохта шуд. Дар соли 1960 аллакай 5 мамлакати ҷаҳон дорои истгоҳҳои барқии атомӣ буданд. Ҳоло дар ҷаҳон қариб 60 истгоҳи барқии атомӣ кор мекунанд. Захираҳои уран дар тамоми ҷаҳон қариб 3,6 млн. т. ташкил мекунад. Ин захираҳо дар Австралия-25%, захираҳои ҷаҳон, инчунин дар ИМА, Канада, Намибия, Франсия, Бразилия, Аргентина, Зоир, Португалия, Шветсия ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҷойгир шудаанд.
Дар Тоҷикистони мо низ захираҳои маъдани уран кашф карда шудаанд ва аз баски дар харитаи геологӣ нишон дода нашудаанд, оиди дар куҷо ҷойгир шудани онҳо маълумоте нест. Аз руи маълумотҳо захираҳои асосии он дар шимолӣ ва қисми марказию шарқии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Гурўҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ. Ба гурўҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ фосфорит, апатит, намакҳои калийи, сулфури табиӣ, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, намакҳо, кварц, оҳаксанг, мармар, гилу гилбутаву хок ва қайра дохил мешаванд.
Аз ин гурўҳ фосфорит, апатит ва намакҳои калийиро асосан гурўҳи канданиҳои фоиданоки аграноми меноманд. Сабаби асосии ба ин гурўҳ дохил шудани онҳо аз он иборат, ки онҳо барои саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Худи нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ ба кор бурда мешаванд. Аз фосфорит ва апатит нуриҳои минералии фосфордор (суперфосфат) тайёр карда шуда, аз намаки калий нуриҳои минералии калийдор тайёр карда мешавад.
Дар замони Ҳокимияти Шўравӣ талаботи ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин нуриҳои минералӣ аз Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР пурра таъмин карда мешуд. Бинобарон кофтуковҳои ҳаматарафаи геологӣ барои кашф кардани ин захираҳои ашёи хом дар Тоҷикистон пурра гузаронида нашудааст ва ин захираҳо алҳол пурра кашф карда нашудаанд. Аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералии фосфордор ва калийдор амал намекунанд. Ҳоло ҳам чун пештара талаботи хоҷагии қишлоқи ҷумҳури аз суперфосфат ва нуриҳои калийдор аз давлатҳои ИДМ ва берун аз ҳудуди он таъмин карда мешаванд.
Дигар захираи ғайриметалл, ин сулфури табиӣ мебошад, ки аз он кислотаи сулфат ва дигар маҳсулотҳо истеҳсол мекунанд, ки он мањсулотҳо барои саноати кимиё ва дигар соҳаҳо ба сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо ашёи хоми сулфур, ки аамияти саноатӣ дошта бошад, ҳоло кашф карда нашудааст.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳаи хоҷагии қишлоқ ташкил мекунад. Хоҷагии қишлоқ бошад бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо истеҳсолоти интенсивноки худро таъмин карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб дар оянда истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаб мебошад.
Тавсифи флюорит. Ин минерал шаффоф ва нимшаффоф буда, он қадар сахт нест. Дар табиат бо рангҳои бунафш, гулобӣ, зард, сабз дида мешавад. Флюорит бо сангҳои қимат монанд ҳаст, бинобар на ҳамаи заргарон онро зуд шинохта метавонанд.
Дар охири асри XVIII химики швед Шееле муайян кард, ки таркиби флюорит қисман аз калсий ва қисман аз унсури номаълуми ғайр иборат аст. Пас аз сад сол (соли 1889) олими франсавӣ Муассон аз гази зардчатоб – фтор иборат будани қисми ғайри флюоритро муайян намуд.
Флюорит на танҳо дар заргари ва саноати оптикӣ, балки дар металлургия, кимиё низ васеъ истифода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи флюорит дар байни давлатҳои ИДМ ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Конҳои флюорит дар Қаромазор (Навгарзон, Конимансур, Кенгқутан) ва дар нишебии ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор (Такоб, Кондара, Беғар, Мағов, Калтуч, Ромит, Чурёз, Сурхтеппа) воқеанд, ки аксари конҳои флюорит чун рег дар байни хорасангҳо вомехўранд.
Ҳоло флюоритро аз конҳои Навгарзон дар ноҳияи Ашт, Беғар (ҳавзаи дарёи Варзоб) ва Мағов (ҳавзаи дарёи Кофарниҳон) истиҳроҷ мекунанд.
Тавсифи сангҳои қиматбаҳо. Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон – лаъл, лоҷвард, фирўза ва дигарҳо аз замонҳои қадим машҳуранд.
Алмос (бриллиант), ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин), хризоберилл, алоксандрит (зумрад), лаъл (шпинели асил) ба гурўҳи сангҳои қиматбаҳои худранги дараҷаи якўм дохил мешаванд. Мутаасифона, дар Тоҷикистон аз ҷумлаи сангҳои дараҷаи якум то ҳол ба ҷўз лаъл дигар сангҳои қиматбаҳои дараҷаи якўм дарёфт карда нашудааст.
Фирўза, аметист (нилум), булўри кўҳӣ, халцедон, ақиқ ба гурўҳи сангҳои худранги дараҷаи дуюм ва сеюм дохил мешаванд.
Сангҳои рангин – лоҷвард, кварцҳои рангин, яшм, ҷазъ (оникс), мармар, газ, ба гурўҳи сангҳои кандакорӣ – резакорӣ дохил мешаванд.
Сангҳои қиматбаҳо на фақат дар заргарӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни саноат ва техникаи навтарин истифода мешаванд.
Лаъли Бадахшон санги қиматбаҳои сурхранги дурахшон аст. Ин санг, чи хеле, ки аз номаш маълум аст, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳии республикамон дида мешавад. Деҳае, ки дар он ҷо кони лаъл воқеъ аст, бо номи деҳаи Кўҳи Лаъл аст. Лаъли Бадахшон аз замонҳои хеле қадим машҳуру маълум будааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорҳои Бухоро, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои машрикзамин савдо мекарданд.
Заргарон тоҷ, ангуштарин ва дасмонаҳои шоҳонро ба лаъл меоростанд.
Аввалин маълумоти муфассалро доир ба лаъли Бадахшон олими машҳур Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ул ҷавоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» овардааст.
Дар боби махсуси ин китоб, ки «Ал-Лаъл-ул-Бадахш» ном дорад, Берунӣ менависад, ки «Лаъл байни табақоти сангҳои сафеди булурин ба ҳаҷми гуногун ба андози чормағз то ба андозаи харбуза бихобад».
Таркиби химиявии лаъл (шпинел) аз алюмосиликати магнийдор иборат буда, дар он омехтаи оксиди оҳан, хром ва манган ҳам ҳаст.
Ранги сурх ва гулобии шпинели Кўҳӣ Лаъл ба омехтаҳои хром вобаста аст. Шпинелро оксиди манган ранги бунафша диҳад, оксиди оҳан тобиши осмонӣ медиҳад. Лаъл минерали басо сахт аст. Сахтии нисбии алмос 10 бошад, аз лаъл 8 мебошад, вазни хоси он ба ҳисоби Берунӣ 3,5 аст. Аксарияти шпинелҳои Кўҳӣ Лаъл сурху гулобиранганд. Баъзе булўрҳои бунафшаранг ва сиёҳ ҳам вомехўранд.
Андозаи булўрҳо аз якчанд милиметр то 2 х 3 см, баъзан ба андозаи 6 х 12 см мешаванд.
Солҳои охир геологҳо дар атрофи Кўҳи Лаъл дар Ғорондара, Лоҷварддара, Абхарв, Сумчин, Ямчин чанд конҳои нави лаълро муайян кардаанд.
Ҳоло лаъл на фақат чун ҷавоҳирот балки дар соҳаҳои гуногуни техникаи навин, алалхусус дар соҳаи электроника, истифода карда мешавад.
Лоҷвард – санги қиматбаҳо буда, аз замонҳои қадим маълуму машҳур будааст. Кони Лоҷвард дар ҳавзаи дарёи Шоҳдара ҷойгир шудааст.
Дар замонҳои кадим аз лоҷвард зарфҳои нафис метарошиданд ва дар лавҳакориҳо ба кор мебурданд. Аз лоҳвард инчунин нигини ангуштарину дастпонаҳо ва мўҳра месохтанд. Лоҷвардро соида, хока карда, барои наққши ранги аълосифати ултрамарин (ранги кабуди баланд) ҳосил мекунанд. Лоҷвардро бо забони илмӣ Лазурит меноманд, вайро ба гурўҳи сангҳои кошинкории дараҷаи якўм дохил мекунанд.
Лоҷвард дар бозорҳои аксари мамлакатҳои Шарқ, Миср, Юнон ва Рим шўҳрат дошт. Лоҷварди Бадахшонро бо корвонҳо ба Бобулистон, Ҳиндустон мебурданд. Овозаи лоҷварди Шоҳдара аз кадим маълум буд. Яке аз шохобҳои дарёи Бодомдара, ки ба Шоҳдара мерезад, бо номи Лоҷварддара машҳур аст. Якумин шуда муҳандиси рус А. Серебренников соли 1894 мавҷудияти лоҷвардро дар мавзеи Шоҳдара ба харита қайд карда буд. Кони Лоҷвард аз Хоруғ 100 км дур бошад ҳам, аммо бо вуҷуди он то Шоҳдараю Бодомдара роҳи мошингард кушода шудааст.
Лоҷвард – минерали лазурит ё Ляпис-Лазур (санги нилгун) мебошад.
Таркиби кимиёвии вай аз алюмосиликатҳои натрию калсийдор ва оксидҳои сулфур – иборат аст.
Лазурит агар – чӣ минерали шафоф нест, бо ранги осмонӣ, нилуфариву бунафши худ дилро ба тахсир меоварад, Лазурит минералӣ хеле сахт, сахтии нисбиаш аз рўи шкалаи даҳбалла 5,5 – 6 мебошад. Онро ба шиша бозўрӣ харошидан мумкин аст.
Тадқиқот нишон додааст, ки кони Лоҷварди Шоҳдара камаш 3 миллиард сол муқаддам дар давраи архей ба вуҷуд омадааст. Ҳоло аз лоҷварди Бадахшон, дастмона, ангуштарин, медалион ва дигар ороишҳои занона месозанд. Лоҷвардро инчунин барои ороиши қасрҳои маданият истифода мебаранд. Меъморону кандакорони кишварамон бо умеди калон орзу доранд, ки қасрҳои мухташами пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо лоҷварди Помир оро диҳанд.
Фирўза – санги қимматбаҳои кабуд ё осмонранги ғайри шафоф мебошад, ба гурўҳи сангҳои гаронбаҳои рангаи дараҷаи сеюм дохил мешавад.
Фирўзаро аз замонҳои қадим чун санги зебои нисбатан арзон барои зебу зинат ба кор мебурданд. Истилоҳи байналхалқии ин санги қимматбаҳо бирюза аст, ки тахрифи фирўза мебошад.
Фирўзаро дар заргарӣ истифода мекунанд.
Фирўза минералиест, ки ҷисми он аз ҷиҳати физикӣ ва кимиёвӣ якхела буда, дар натиҷаи реаксияҳои табий дар қабатҳои қашри замин ба вуҷуд меояд. Ин минерал дар ҷойҳои кафидаи замин, ки дар он маҳлулҳои мис, алюминий, фосфор мавҷуданд, ёфт мешавад. Миқдори мис, ки сабаби асосии кабудчарангии фирўза мебошад, дар таркиби он аз 8 то 3 фоиз мавҷуд аст. Фирўза, баъзан дар натиҷаи тағйир ёфтани устухон ва дандонҳои ҳайвоноти мурда низ пайдо мешавад.
Ин навъ фирўзаро фирўзаи устухонӣ меноманд.
Сахтии нисбии фирўза ба 5 – 6 баробар аст, ки дар сатҳи он ба шиша ё корд рах гузоштан мумкин аст. Ранги фирўза, бо мурури замон дар натиҷаи фарсоиш, таъсири муҳит ва моддаҳои органикӣ хира ва камҷило мешавад.
Конҳои фирўза дар Эрон, ИМА ва Хитой ва дар нимҷазираи Синой воқеанд. Хусусан фирўзаи нишопурӣ (Эронӣ ) фирўзаи дараҷаи аъло мебошад. Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон дар як худи вилояти Суғд 6 кони фирўза маълум аст. Яке аз конҳои шоёни диққат – Фирўзакон мебошад. Ҳоло дар яке аз конҳои вилояти Суғд фирўзаи осмонранг ва кабуд истеҳсол карда мешавад. Солҳои наздик захираҳои ҳамаи конҳои фирўза бояд муайян карда шаванд.
Геологҳо солҳои охир дар Помирӣ Шарқӣ якчанд минералҳои хушранг дарёфт карданд.
Дар Помири ҷанубу ғарбӣ аломати ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин) ва гранатҳои хушранг муайян карда шуданд. Дар баробари сангҳои қиматбаҳои табии, олимони кимиё, физикҳо ва минерологҳо булўрҳои гуногуни хушрангро ба таври сунъи ҳосил карда истодаанд.
Вале ягон санги сунъи ҷои офаридаи табиатро гирифта наметавонад.
Геологҳои Тоҷикистон ҳоло дар ҷустуҷўи конҳои нави сангҳои қимматбаҳо мебошанд ва умед аст, ки конҳои нави лаълу лоҷвард, фирўзаю ёқут ва дигар сангҳои хушранг кашф карда хоҳанд шуд.
Кварц – ин минерали сахт буда аз сабаби сахт буданаш дар вақти вайрон шудани ҷинсҳои кўҳии булўр, кварц ба шакли ғуруша мемонад. Кварцро ҳатто бо корди пўлодин ҳам харошидан мумкин нест. Кварц чун шиша ҷило медиҳад. Он, сафед, дудранг, зардча, гулобӣ, бунафш ва сиёҳ, вале аксар вақт беранг мебошад.
Кварц дар ҷинсҳои магмавӣ дар шакли булурҳои гуногунҳаҷм вомехўрад.
Агар магма дар руи замин хунук шуда бошад, оксиди силиций (яъне кварц), чун шиша сахт мешавад.
Дар таркиби кварц шиша аз 60 то 80 фоиз мавҷуд аст. Ҳоло аз кварц шишаҳои аълосифат тайёр мекунанд, ки он ҳам ба гарми ва ҳам ба хунуки як хел тобовар аст. Дар металлургия бе хиштҳои оташбардори кварци маъданро гудохта намешавад. Аз кварц барои асбобҳои оптикӣ линзаҳо месозанд. Лампаҳои кварцӣ дар электроника аҳамияти калон доранд, Реги кварцӣ яке аз масолеҳи асосии бинокорӣ аст.

2. Давраҳои ташаккулёбии саноати кўҳӣ
дар ҷумҳурӣ
Чорабиниҳои иқтисодие, ки дар Тоҷикистон аз январи соли 1992 гузаронида шуд, вазъияти сиёсию иқтисодиро ба куллӣ тағйир дод. Ҳоло ҷараёни барқароркунии иқтисодиёти бозоргонӣ ниҳоят вазнин гузошта истодааст. Ҷанги шаҳрванди ба ин ҷараён мушкилотҳои навро илова намуд. Бисёр корхонаҳои саноатӣ дар натиҷаи бесарусомонӣ, талаю тороҷ шуда, ба яғмо бурда шуданд. Кори ҳамаи корхонаҳои саноатӣ фалаҷ гардида ва аксарияти онҳо фаъолияти истеҳсолии худро қатъ намудан. Чорабиниҳои баъди ҷангӣ боиси пешгирӣ намудани бўҳронӣ иқтисодӣ ва барқароршавии фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноати гардид.
Ҳарчи бештар таъмин намудани талаботи мардум ба маҳсулотҳои гуногун боиси танзимкунии ҷараёни истеҳсолот мегардад. Алоқаҳои сифатан нав байни мол истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон ҷори шуд. Ташаккулёбии иқтисодиёти гуногунҷабҳа боиси барпо намудани миқдори зиёди корхонаҳои шахсӣ муштарак, ҷамъиятҳои сҳҳомӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ мегардад. Дар айни замон аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ (с2003)ба ҳиссаи корхонаҳои давлатӣ 20,7% корхонаҳои хусусӣ 52,2%, корхонаҳои коллективӣ – 25,5% ва ба ҳиссаи корхонаҳои дигар шаклҳои моликият -1,6% шумораи корхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Вазъияти иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон бўҳрони давомдор ва минбаъдла паст шудани ҳаҷми истеҳсолот сол то сол мураккаб шуда истодааст. Сабабҳои он инкишофи сусти гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва тартиботи маъмурии мутамарказӣ мебошад, ки ин ба номунтазамии алоқаҳои хоҷагидорӣ, таъмин набудани корхонаҳо ба захираҳо мушкилотҳои молиявӣ, ва фарсудашавии фондҳои асосӣ ва гайра мебошанд. пастшавии минбаъдаи ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ , аз ҷумла соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маҳсулот ба назар мерасад. Масалан, соли 2003 индекси ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ба нархи соли 1999 нисбат ба соли 1991 – 46,7% аз ҷумла соҳаҳои истихроҷ – 83,3% ва соҳаҳои коркард – 41,3% ташкил намуд. Ҳиссаи ин соҳаҳо дар таркиби ҳаљми умуми маҳсулот саноатӣ чунин буд:

Дар соли 1990 Дар соли 2000 Дар соли 2003
Истихроҷ – 7,7% Истихроҷ – 10,2% Истихроҷ – 10,1%
Коркард – 92,3% Коркард – 89,8% Коркард – 89,9%

Саноат яке аз соҳаҳои муњимтарини хоҷагии халқи ҷумҳури ба ҳисоб меравад. Соҳаҳои асосии саноати мамлакат ин соҳаҳои сўзишворию энергетикӣ, кимия, мошинсозӣ, металлургӣ, сабук, хўрокворӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра мебошанд. вобастагии ҷойгиркунии соҳаҳо ва истеҳсолот ҳамеша зери таъсири омилҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Ба ин омилҳо, пеш аз ҳама таъмин будан ба захираҳои маъданию ашё хом, энергетикию сўзишворӣ, масолеҳи сохтмон, захираҳои меҳнати, дохил мешаванд. Ин омилҳо байни худ алоқаҳои зич дошта дар ҷойгиркунии корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири муайяни худро мерасонанд.
Саноати энергетикию – сўгишворӣ. Яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи Тоҷикистон буда, дар ҷойгиркунӣ инкишоф ва махсусгардонии хоҷагии халқи мамлакат мақоми муҳимро ишғол мекунад. Саноати энергетикӣ – сўзишворӣ ба истеҳсоли қувваи барқ сўзишворӣ ва ба истеъмолкунандагон расонидани онҳоро таъмин мекунад. Саноати энергетикӣ – сўзишворӣ ба ду соҳаи калон тақсим мешавад. саноати сўзишвори ва истеҳсоли қувваи барқ.
Саноати сўзишворӣ . Саноати сўзишворӣ ба истеҳсоли ангишт, нефт, газ, варақсангҳои сўзанда, торф истеҳсоли ангишт, нефт ва газро дар бар мегирад. Тоҷикистон аз захираҳои сўзишворӣ бой мебошад. Муҳимтаринаш захираҳои ангишт мебошанд.
Захираҳои умумии ангишти Тоҷикистон ба 4 миллиард тонна мерасанд, ки қариб 41% захираи ангишти Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Конҳои калонтарини он Шўроб, Фон Яғноб, Равот, Киштуту Заврон, Моғиён, Назарайлоқ ва Миёнаду мебощанд.
Бештари ин конҳо дар мавзеъҳои доманакўҳ ва баландкўҳҳо ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат барои истеҳсол ва истифодабарии ангишти ин конҳо мушкилиҳои зиёдеро ба амал оварда, ба баландшудани хароҷотҳои зиёд сабаб мешаванд.
Кони ангишти Фон – Яғноб дар ҳавзаи дарёҳои Фон ва Яғноб дар баландии 1700 – 2500м ҷойгир шуда, аз 18 қабат иборат мебошад, ки ҳар яке он қабатҳо аз 0,5м то 12 м ғавсӣ доранд. захираи умумиигеологии ангишти кони Флн Яғноб қариб ба 2 миллиард тонна баҳо дода мешавад.Ангишти ҳавзаи Фон – Яғноб дорои сифати баланд буда, 86 фоизи онро ангишти кокс ташкил мекунад.
Ҳоло як қисми он барои қонеъ гардонидани талаботи комбинати металлургии кўҳии Анзоб истифода бурда мешавад. дар оянда истеҳсолоти ангишт дар ин ҳавза, аз беҳтар намудани роҳҳои нақлиёти ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Зарафшон вобастагӣ дорад. Дар ҳудуди ноҳияи иқтисодии Зарафшон инчунин кони ангишти Киштуд Заврон ҷойгир шудааст, ки захираи умумии он 850 млн.т буда, аз 48 қабат ангишт ташкил ёфтааст, ки ғавсии баъзе қабатҳои он то 3 метр мерасанд.
Кони ангишти Шўроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, воқеъ гардидааст. Ангишти кони Шўроб сиёҳтоб буда, қабатҳои ангишт қариб 25 то ва ғавсии умумии онҳо ба 35 метр мерасад. Захираи ангишти 600 млн т буда, дар таркиби ангишти ин кон аз 3-30 фоиз хокистар мавҷуд аст. Дар ийни замон истеҳсоли ангишт дар ин кон кариб, ки қатъ гардидааст, зеро бисёр шахтаҳо хароб шудаанд. Ин ангишт то солҳои 90 – ум ба сифати сўзишворӣ дар Шимоли Тоҷикистон ва қисман дар роҳи нақлиёти оҳани Осиёи Миёна бо сифати сўзишворӣ истифода бурда мешуд.
Конҳои ангишти Зиддӣ, Моғиён, Тошқутан, Сайёд, назарайлоқ, шўробод, Равнов. Қуртекка низ аҳамияти иқтисодӣ доранд.
Аз ин конҳои номбурда танҳо дар кони Назарайлоқ ба миқдори кам ангишт истеҳсол карда мешавад, ки он аҳамияти дохили ноҳиявӣ дорад.
Саноати нефт ва газ. Нефти Тоҷикистон ҳанўз дар аввалҳои асри ХХ маълум буд. Аввалин бор нефт дар мавзеи Селроҳа солҳои 1908 -1909 пайдо ва истеҳсол карда шуда. дар ин мавзеъ соли 1912 Ширкати Осиёи Миёнагии савдои нефт (САНТО) дар таҳти назорати англисҳо, ташкил карда шуд. Минбаъд аз солҳои 60 – уми асри гузашта дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои тадқиқоти – геологӣ ривоҷ ёфт, ки дар натиҷа як қатор конҳои нефту газ дар ҳудуди вилояти ҳозираи Суғд, вилояти Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шудаанд. Ин конҳои нефту гази Равот, Ниёзбек, айратон, Қарақчикум, кичилбек, Қизилтумшуқ, Оқбошидар, Қурғонча, шоҳамбарӣ, Бештентоқ, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. нефти Тоҷикистон барои коркард ба заводҳои нефткоркунии Узбекистон фиристода мешуд. Нефте, ки дар ҷануби ҷумҳури мавҳуд аст, сифаташ паст буда асосан барои истеҳсоли битум кор карда мешавад, ки аз он барои мумфарш кардани роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад.
Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшук ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад, вале захираи он ночиз аст ва талаботи асосӣ аз ҳсиоби гази Ўзбекистон таъмин карда мешавад.
ИСТЕҲСОЛИ НАМУДҲОИ АСОСИИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ СЎЗИШВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҳсулот/ солҳо 1991 1992 1993 1994 1997 1998 1999 2000 2003
Нефт (ҳавмроҳи конденсати газ) ҳаз тонна 108 61 42 33 26 19,4 18,7 18,4 17,7
Газ млн м3 93 72 49 33 42 32 36 40,0 32,8
Ангишт, ҳаз тонна 313 214 174 106 17 19 19 22 46.5

Саноати электроэнергетикӣ (истеҳсоли қувваи барқ). Саноати истењсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ тараққӣ карда. Асоси саноати истеҳсоли қувваи барқи ҷумҳуриро захираҳои об ташкил менамояд, ки ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон дар соҳаи пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуд.
Сохтмони ГЭС – ҳо аз солҳои 30 – ум сар шуд. Дар солҳои баъди 50 – ум дар дарёҳои Сир ва Вахш як қатор истгоҳи барқӣ – обӣ сохта шуд. Дар баробари истгоҳҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ якчанд истгоҳҳои олавӣ низ бунёд гардиданд. Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқи дар Тоҷикистон 14247 млн кВт / с ташкил менамояд.
Аз ин ҳисоб ба истгоҳҳои барқии обӣ 14025 млн кВт / с ва ба истгоҳҳои барқии олавӣ боқимонда 222 млн кВт / с истеҳсоли қувваи барқ рост меояд.
Калонтарин истгоҳҳои барқии обӣ инҳо: Норак, 3 млн, квт Сарбанд 210 ҳазор квт дар дарёи Вахш, Қайроқум 126 ҳаз кВт дар дарёи Сир ва истгоҳҳои олавии Душанбе 223 ҳаз кВт , Ёвон 180 ҳаз кВт ба ҳсиоб мераванд.
Хусусияти сохтмони истгоҳҳои барқии обии ҷумҳури аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчанто истгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани истгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи обии дарёҳо мегардад. Ҳоло дар ҳавзаи дарёи Варзоб силсилаи истгоҳҳои барқии обии Варзоби Боло, Варзоби Поён, Варзоб дар дарёи Вахш истгоҳҳои Шаршара, Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ сохта шудааст. Дар дарёҳои Сир, Бартанг Ванҷ, Ғунд истгоҳҳои хурди барқии обӣ алоҳида аз он иборат аст, ки обанборҳои онҳо ба ғайр аз истеҳсоли қувваи барқ, инчунин барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезӣ обёрикунии заминҳои корам ва аз об таъмин намудани шаҳру деҳаҳо шароити муҳим фароҳам меоваранд.
Дар Тоҷикистон чун дигар давлатҳои Осиёи Миёна қувваи барқ ба истеъмолкунандагон бо хатҳои баландшиддати барқӣ истеъмолкунандагон бо хатҳои баландшиддати барқӣ фиристода мешаванд, зеро ноҳияҳои истеҳсол ва истеъмоли қувваи барӣ аз якдигар дар масофаи дур воқеанд. Як қисми қувваи барқи ҷумҳури ба воситаи хатҳои баландшиддати барқӣ ба Узбекистон дар қисми ҷанубу ғарбӣ ва дар қисми Шимолии ҷумҳури барқ аз Узбекистон гирифта мешавад. дар давраи Ҳукумати Шўравӣ ҳамаи истгоҳҳои барқӣ ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна пайваст буданд. Дар айни замон ин система пурра фаъолият надорад.
Дар оянда аз ҳисоби захираҳои бузургии қувваи барқ дар Тоҷикистон сохтмони як қатор истгоҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд. Инҳо истгоҳи обии Роғун, Сангтуда, даштиҷум ва ғайра ба ҳсиоб мераванд.
Албатта сохтмони чунин истгоҳҳои пуриқтидор маблағи калон ва муҳлати дуру дарозро талаб мекунанд. Ҳол он, ки дар деҳот ва шаҳракҳо аз нарасидани қувваи барқ аҳоли танқисии зиёд мекашад. Яке аз масъалаҳои дар оянда ба таври таъҷилӣ таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба қувваи барқ ин дар маҳаллҳои алоҳида сохтани истгоҳҳои хурди барқии аҳамияти маҳаллдошта ба мақсад мувофиқ ҳаст.
Саноати ҳозираи Тоҷикистон қариб пурра дар замони Ҳокимияти Шўравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дар Тоҷикистон чун як гўшаи дурдасти Русия корхонаҳои косибии хурд бартарӣ доштанд. Ҳоло саноати соҳаи асосии хоҷагии халқ буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро медиҳад.
Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бўҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар давлатҳои собиқ Шўравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коркарону мутахассисон гардид. Соли 1997 истеҳсоли маҳсулоти саноати дар мамлакат нисбат ба соли 1990 бештар аз 33 фоиз паст фурумад. Дар ин давра истеҳсоли соҳаҳои муҳими саноатӣ, аз он ҷумла соҳаи металлурӣ қариб 40 фоиз ва саноати сабут то 32 фоиз кам гардид. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ нисбат ба соли 1990 – ум 3,6 млрд квт соат паст шуд.
Иқтисодиёт , ин комплекси ягонаи хоҷагии халқ аст, ки ҳамаи чабҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар бар мегирад. Хоҷагии халқи Тоҷикистон аз шумораи умумии аҳолии машғули ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст.
Асоси комплекси ягонагии хоҷагии халқро соҳаҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳанд, ки дар ин соҳаҳо 82% шумораи умумии аҳолии машғули кор дар мамлакат рост меояд.
Ба соҳаҳои истеҳсолӣ инҳо дохил мешаванд:
1. Соҳаҳое, ки дар онхо неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунанд. Саноат, хоҷагии қишлоқ ва сохтмон;
2. Соҳаҳои хизматрасонӣ ва ё ғайри истеҳсолӣ.
3. Соҳаҳое, ки бо ҷараёни истеҳсолот дар соҳаи мубодила алоқаманд савдо хўроки умумӣ, таъминот, фурўш ва захиракунӣ.
Соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ:
1. Соҳаҳои хизматрасонӣ, манзил ва коммуналӣ, хизматрасонии маишии аҳолӣ, савдо, нақлиёти мусофиркашонӣ.
2. Соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ – ҳифзӣ саломатӣ тарбияи бадан ва таъминоти иҷтимоӣ;
3. Маориф, фарҳанг, санъат;
4. Илм ва хизматрасонии илмӣ;
5. Карздиҳӣ молия ва суғурта;
6. Дастгоҳи мақомотҳои идоракунҳ;
7. Дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ.

Дар солҳои имслоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон як қатор тағиротҳо дар таркиби соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба амал омад. масалан ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ аз 90% то 71% кам шуд, вале дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бошад, ин нишондиҳанда аз 4 то ба 18% зиёд шуд. Ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар саноат ва сохтмон кам шуда, дар савдо фурўш ва зихаракунӣ, қарздиҳӣ, молия ва суғурта, дар дастгоҳи мақоми идорахои давлатҳ ва идораи хоҷагиҳо, мақомоти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ зиёд шуда истодааст. Тағйироти таркибии шуғли дар соҳаҳои комплекси хоҷагӣ ва соҳаҳои меҳнатталаб аз тараққиёти сохторҳои бозоргонӣ дар иқтисодиёт гувоҳӣ медиҳад. Соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба якдигар алоқаи зич доранд. инкишоф ёфтани соҳаҳои истесолӣ ба тараққиёти соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ сабаб шуда метавонанд.
Ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халќ ба ҳамдигар алоқаи зич доранд. чунончи тараққиёти соҳаҳои саноатро бе пешравӣ дар дигар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ба монанди хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, сохтмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. пешравии ин соҳаҳо ба инкишофи соҳаҳои саноат таъсири калон расонида, барои инкишофи соҳаҳои он шароити муътадил фароҳам меоваранд. Масалан хоҷагии қишлоқ ба як гурўҳ соҳаҳои саноат ашёи хом сохтмон, корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёту алоқа сари вақт иҷро шудани супоришҳоро таъмин менамояд. Савдо бошад фуруши маҳсулоти тайёрро таъмин мекунад ва ғайра.
Саноат хоҷагии кишлоқро бо техника қисмҳои эҳтиётӣ, сўзишворӣ нуриҳои минералӣ хуроки омехтаи чорво сохтмонро ба конструксияҳои оҳану бетони металл маҳсулоти сохтмонӣ ва ғайра таъмин мекунад. Ҳамин тавр байни ҳамаи соҳаи хоҷагии халқ алоқаи зичи истеҳсолӣ мавҷуд аст.
Қайд кардан зарур аст, ки таркиби соҳавии хоҷагии халқ тағйирёбанда буда, ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, тақсимоти территориявии меҳнат инкишофи илму техника беҳтаршавии дараҷаи иҷтимоӣ иқтисодӣ аҳолӣ вобастагии зич дорад.
Дар қаламрави имрўзаи Тоҷикистон ва берун аз маркази он мулкҳои тоҷикнишин аз азмонҳои хело қадим мардум ба зироаткорию инкишофи олоти истеҳсоли машғул буданд. Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ қабилаҳои дар Тоҷикистон буда ҳанўз дар давлаи асри санг 10-5 ҳазор сол то милод ба киштукор машғул буданд. Дар китоби муқаддаси Авасто асри 10-6 то милод оид ба кишоварзӣ боғдорӣ обёрии заминҳо, поруандозӣ, чорводорӣ ва кишти алафҳои хўроки чорво маълумотҳои нодир мавчуданд. Дар замони Кушониён ҳазораи якуми то милод зироатчигӣ на фақат дар водиҳо балки мавзеъҳои кўҳсорро фаро гирифта буд.
Саноати Тоҷикистон зиёда аз 90 соња ва 400 корхонаи калони саноатиро дарбар мегирифт. Бисёр соҳахои асосии саноат, аз ҷумла саноати вазнин бахусус электроэнергетика, мошинсозӣ, химия, металлургияи ранга, сабук хўрокворӣ босуръат тараққи мекард. Дар сурати ба кор даровардани корхонаҳои нави соҳаи коркарди маъдани кўҳӣ, анҳом додани сохтмони нерўгоҳҳои барқии обии Сангтўда 2 ва Роғун роҳи автомобилгарди Душанбе, Ғарм, Ҷиргатол, Саритош сохтмони нақбҳои Шаҳристону Чормағзак ва ғайра иқтисодиёти Тоҷикистон имконияти бо суръати баланд тараққи карданро пайдо мекунад.
Географияи иқтисодию иҷтимоӣ омўзишу тадқиқоти худро танҳо дар ҳолати якранг будани ҳодисаю воқеаҳо маҳдуд намекунад. Вай тадқиқоти объекту ҳодисаҳоро дарҳолати инкишоф, алоқамандӣ ва баҳампайвастагӣ омўхта, истифодаи онҳоро аз нигоӣи аҳамияти онҳо барои ҷамъият баҳо дода, ҳамчунин қонунияти объективии ҷойгиронӣ ва ташкили ҳудуди истеҳсолоти ҷамъиятиро низ муайян менамояд. Айни замон дар миқёси хоҷагии ҷаҳонӣ ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолот ва истҳесоли махсулоти ҷопонӣ ба уҳдаи давлатҳои абарқудрат рост меояд. Масалан ҳафт давлати бузург ШМА Канада, Англия, Япония, Франсия, Германия ва Италия дар қаламрави худ қариб аз ¾ ҳиссаи тамоми истехти ҷаҳониро муттаҳид сохтаанд. Қисми зиёди ин мамлакатҳо корхонаҳои истеҳсолии худро аз ҳисоби манбаъҳои сарвати арзони табии давлатҳои рў ба инкишофи Осиёи , Африка ва Америкаи Лотинӣ ба роҳ мондаанд. Барои Тоҷикистон дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ чун дигар давлатҳои рў ба инкишоф зарур аст, ки вобаста ба шароитҳои географию таърихи ва муассисаҳои истеҳсолӣ модели тараққиёти иқтисодӣ ва ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолоти ба шароити худ хосро интихоб намояд. Чунин чорабинӣ яке аз роҳҳои барқарор намудани мардуми бекор ва бартараф намудани қафомонии иқтисодӣ дар мамлакат мегардад.
Саноат яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Саноати Тоҷикистон қариб пурра дар замони Ҳокимияти Шўравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дам дар Тоҷикистон чун як гўшаи дастури Русия корхонаҳои косибии хурд бартарӣ доштанд. Чунин корхонаҳои хурди косибӣ қариб дар ҳама гўшаю канорҳои Тоҷикистон вуҷуд доштанд, ки онҳо ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пўсту пашм ва истеҳсоли олоти нисбатан оддӣ машғул буданд. Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо ҳазор одамон ба кори косибӣ банд шуда, аксар танҳо ва ё худ дар артели хурд кор мекарданд. Аз рўи маълумти мавҷуда дар ҳудуди ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон 3335 корхонаҳои косибӣ амал мекарданд, ки дар онҳо 3543 коргар кор мекард. Қариб 90% ин корхонаҳоро соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хўрока, дастгоҳҳои бофандагӣ ва коркарди пўст ташкил медод, ки аслан барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии маҳалӣ равона шуда буд. Дар замони Ҳокимияти Советӣ саноати Тоҷикистон ба пешравиҳои зиёд ноил гашт. Дар солҳои аввал миқдори корхонаҳои саноатии пахтатозакунӣ, бофандагӣ, виною консервабарорӣ ва минбаъд дар асоси конӣои мавҷудаи нафти САНТО ҳоло КИМ ва Шўроб истеҳсоли нафт ва ангишт ба роҳ монда шуд. Тадқиқотҳои геологӣ барои дар Тоҷикистон ташкил намудани саноатӣ кўҳӣ истҳесоли металҳои нодир ва ранга замина гузошт. Ҳоло саноат соҳаи асосии иқтисодиёт буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро медиҳад.
Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бўҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўрвӣ ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коргарону мутахассисон гардид.
Соли 1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат нисбат ба соли 1990 бештар аз 33 фоиз паст фаромад. Дар ин давра истеҳсоли соҳаҳои муҳими саноатӣ, аз он ҷумла соҳаи металлургӣ қариб 40 фоиз ва саноати сабук то 32 фоиз кам гардид. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ нисбат ба соли 1990 -0ум 3,6 млрд кВт соат паст шуд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва маъдан буда, он имконияти дар оянда тараққи додани соҳаҳои саноати вазнинро ба миён меорад. Ҳоло дар таркиби саноати Тоҷикистон вазни хоси саноати вазнин 48 фоизро ташкил мекунад. Вобаста ба талаботи маҳсулоти саноат ва муносибатҳои бозаргонӣ соҳаҳои асоӣ дар ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот мавқеи хосро ишғол мекунанд. Ҳол дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мавқеи асосиро металлургияи ранга 49,5 фоиз сипас саноати сабук 19,5 фоиз ва хўрокворӣ 16,8 фоиз ишғол менамоянд.

Корхона зинаи ибтидоӣ ва асосии хоҷагии халқ мебошанд. одатан корхонаҳои истеҳсолӣ ба се шакли моликият тааллуқ доранд: ҷамъиятӣ ва саҳомию шахсӣ. Ба корхонаҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ ва ғайра дохил мешаванд. Корхонаҳои саҳомию шахсӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноатӣ, маишӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Маҷмўи корхонаҳои зикршуда системаии ягонаи истеҳсолиро ташкил медиҳанд ва дар асоси низомномаҳои махсус кор мекунанд. Ҳар як корхонаи истеҳсоли мустақил бошад ҳам мақсади онҳо ягона аст: мувофиқи нақша истеҳсол кардани миқдори муайяни маҳсулоти хушсифат, рушди ҷанбаҳои технологи ва афзоиши баланди маҳсулнокии меҳнат, паст кардани арзиши аслӣ ва ғайра.
Дар шароити худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ ҳар як корхона фаъолияти истеҳсолии худро мустақилона ба нақша гирифта, аз рўи он истеҳсоли маҳсулот, миқдор ва намуди он, маъслаҳои барқарор намудани алоқаи бевосита бо ташкилотҳои ашёи хомдиҳанда, истеъмолкунанда, такмилдиҳии таҷҳизот ва ғайраро муайян менамояд. Вобаста ба ҷанбаҳои хоси ташкили истеҳсолот намуди корхонаҳо гуногун мешаванд: хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативӣ, завод, фабрика, комбинат, иттиҳодия, ферма, истгоҳи барқӣ ва ғайра.
Қатъи назар аз фарқияти ташкили истеҳсолот симои хозираи корхонаҳо ва тараққиёти минбаъдаи онҳо ба ҳалли масъалаҳои зерин вобаста мебошад: а) ҷорӣ намудани техникаи нав, таъмин кардани дараҷаи баланди ташкили истеҳсолот ва маданият, б) торафт баланд бардоштани савияи маданӣ – техникии коргарон: в) бо ҳам пайвастани илм бо истеҳсолот, мустаҳкам намудани алоқаи корхонаҳо бо муассисаҳои илмӣ. Дар ҷараёни инкишофи истеҳсолот ба назар доштан ва амалӣ гардонидани ин масъалаҳо гаравӣ васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ, сарфакорона истифода бурдани ашёи хом, сўзишвори ва энергия. Такмил додани ташкили истеҳсолот беҳтар намудани сифати маҳсулот, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва тарбияи коркунони баландихтисос мебошад.
Корхонаҳо аз ҷиҳати андоза ва тарзи коркарди ашёи хом аз якдигар фарқ мекунанд. Одатан дар корхонаҳои калон дараҷаи консентратсияи истеҳсолот баланд мебошад. Консентратсия гуфта дар як корхонаи калон муттаҳид шудани истеҳсолотро меноманд. Афзалияти консентратсияи истеҳсолот хеле калон аст. вай омили муҳими баландшавии маҳсулнокии меҳнат ва арзоншавии арзиши аслии маҳсулот мебошад. Ин аз ҳисоби сарфакорона истифода бурд ани ашёи хом, энергия, сўзишворӣ, таҷҳизот, қувваи корӣ, ҷорӣ намудани технологияи босамар ба дарст оварда мешавад. Маҳз аз амин сабаб дар асоси истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ комбинатҳои калони шоҳибофии Хуҷанд, матоъҳои пахтагини Душанбе, консервабарории Конибодом, Исфара, қолинбарории Қайроқум ва ғайра сохта шуданд. Ин корхонаҳо миқдори истехсолии калон дошта, бо миқдори зиёд маҳсулоти якхела истеҳсол менамоянд. Чунин шакли истеҳсоли маҳсулоти якхеларо махсусгардонӣ меноманд.
Махсусгардонӣ дар корхонаҳо се хел мешавад: предметӣ (шайъӣ), қисми пайдарҳамӣ (технологӣ), муштараконӣ. Корхонаҳои махсусгардида тавассути ҳамкорӣ ва мадади якдигар маҳсулот тайёр мекунанд. Ингуна робитаи истеҳсолии байни корхонаҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти тайёр кооператсия меноманд. Мисол, фабрикаи ресмонресии Конибодом ва комбинати қолинбофии Қайроқум ресмон медиҳад. Комбинати шоҳибофии Хуҷанд ба даҳҳо корхонаҳои хориҷӣ маҳсулоти нимтайёр медиҳад. Ҳамин тавр шаклҳои ҷамъиятии ташкили истеҳсолот (консентратсияи, кооператсия, махсусгардонӣ) узван бо якдигар алоқаманд буда, мунтазам инкишоф додани онҳо дар оқилона ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва умуман саноат аҳамияти куллӣ дорад. Бояд хотирнишон намуд, ки ҳар як корхона вобаста ба талаботи хоҷагии халқ ва тиҷорат аз намудҳои гуногуни ашёи хом маҳсулоти хархела истеҳсол менамоянд, ки он бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ин рў сарфи назар аз мавқеи ҷойгиршавӣ, корхонаҳо вобаста ба истифодаи ашёи хом ҷараёни истҳесолот, навъи маҳсулот ба он ё ин соҳаи саноат дохил мешаванд. Чунончи, корхонаҳои консервабарорӣ ба саноати консерв, истеҳсоли нафт , газ, ангишт ба саноати сўзишворӣ ва ғайра.

3. ҲОЛАТИ ҲОЗИРА ВА ДУРНАМОИИ РУШДИ
САНОАТИ КЎҲӢ
Пайдоиши соҳаҳои саноат дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ нақши хеле бузург бозид. Инқилоби илмӣ – техникӣ ба ҳар восита ба инкишофи саноати тамоми давлатҳои дунё таъсири амалӣ расонид. Ин суръати инкишоф дар асри ХХ ба авҷи баланди худ расид. Махсусан, баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соҳаҳои боз ҳам мураккаби саноат пайдо шуданд. Ба ин пеш аз ҳама саноати давлатҳои ИМА, Япония, собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Германия мисол шуда метавонанд. Суръати инкишофи баланди саноати Япония боиси ба миқдори хеле зиёд ифлос намудани муҳити атроф гардид. Аз ҳама бештар таъсири манфӣ ба муҳити зист корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳу ранга, химия, нефтухимия, энергетикӣ, қоғазу селюлоза мерасонанд. Партовҳои асосии ин соҳаҳои саноатро ба атмосфера гази карбон, ангидриди сулфур, туршии нитроген ва ғайра ташкил мекунанд. Мувофиқи ҳисоби олимон аз соли 1905 то 1965 партовҳои гази сулфур то 4 баробар афзуд ва ҳоло бошад., зиёда аз 150 млн тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 110 млн тоннаи он зиёда аз 70 фоизи ҳаҷми умумии партовҳои гази сулфур ба давлатҳои Европа, ИМА ва Канада рост меояд.
Ифлосшавии ҳавои атмосфера на танҳо ба саломатии одамон, балки ба иқтисодиёт низ зарари зиёди моддӣ меравад, масалан, дар фазо зиёд шудани консентрати гази сулфур боиси афзудани суръати зиндагии металл, вайроншавии биноҳо, ёдгориҳои меъморӣ ва паст шудани сифати маҳсулоти саноатӣ мегардад. Муайян карда шудааст, ки дар ноҳияҳои саноатӣ занг задани пулод то 20 баробар ва вайроншавии алюминий то 100 маротиба нисбати ноҳияҳои кишоварзӣ тезтар ба амал меояд.
Партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба фазо ва об боиси дар масофаи хеле зиёд ифлоскунии муҳити зист мегардад. Масалан, муқаррар карда шудааст, ки партовҳои корхонаҳои Германия ва Британия ба масофаи зиёда аз 1000 км то давлатҳои нимҷазираи Скандинавия ва аз ҳудуди ИМА бошат то Канада мерасад. Ин ҳолат ҳангоми боришот яке аз сабабҳои ба амал омадани боронҳои кислотагӣ низ мегардад, ки он ба олами наботот ва зироатҳои кишоварзӣ зарари калони моддӣ меоварад. Корхонаҳои саноатӣ яке аз манбаъҳои асосии ифлоскунии оби ҷую дарё ва баҳру уқёнусҳо низ мебошанд. дар Европаи Ғарбӣ дарёи Рейн маънои шаффофро дорад. Ҳоло аксар оби ин дарё ранги сиёҳтобро гирифтааст.
Чанде пеш матбуоти хориҷӣ дар бораи маҳв гардидани набототу ҳайвонот дар яке аз беҳтарин ва зеботарин кўлҳои Америкаи Шимолӣ кўли Эри хабар дода буданд. Маълум шуд, ки корхонаҳои саноатию коммуналӣ ба ин кўл соле зиёда аз 50 млрд литр партовҳои химиявӣ мерехтанд. Аз партовҳои нефт ва саноати коркарди нефт бошад, бештар баҳрҳои Миёназамин, балтика ва Баҳри Шимолӣ зарар мебинанд. Дар натиҷаи ин гуна партовҳо дар зарфи 30 соли охир захираҳои моҳии Баҳри Миёназамин то 80 фоиз кам шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки 1 тонна нефт то 12 км3 оби баҳру уқёнусро ифлос мекунад.
То давраи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тамоми корхонаҳо дар Тоҷикистон кор мекарданд ва дараҷаи партовҳои саноатӣ ба фазо ва ҷўю дарёҳо хеле баланд буд. Шаҳри Душанбе бошад дар солҳои 80 – уми асри гузашта аз ҷиҳати ифлосии фазои атмосфера дар қатори шаҳри Нию – Йорк меистод. Айни замон қисми зиёди корхонаҳои ифлоскунии обу ҳаво нисбатан паст шудааст. Бо вуҷуди ин корхонаҳои саноати металлургияи ранга Заводи арзизи шаҳри Турсунзода, комбинати кўҳии Анзоб, корхонаи Ёвон, Заводи нуриҳои азотии Вахш инчунин корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хоҷагиҳои коммуналӣ ҳоло ҳам ба миқдори зиёд ҳавои атмосфера ва обҳои нўшокиро бо партовҳои саноат ифлос мекунанд. Қисми зиёди ин корхонаҳо бо таҷҳизоти кўҳна кор карда дар атрофи худ минтақаҳои санитарию муҳофизавӣ надоранд.
Солҳои охир зиёд шудани миқдори нақлиёти автомобилӣ боиси ташвиши ҳақиқии аҳолӣ гардидааст. Танҳо дар Душанбе бештар аз 80% ифлосшавии фазои атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Яке аз роҳҳои муҳими беҳтаркунии фазои атмосфера ва тозагии оби кўлу дарёҳои кишвар ин ба таври куллӣ нав кардани технологияи корхонаҳои мавҷуда ва дар ҳама шаҳрҳо таъмиру аз нав сохтани иншоотҳои обтозакунӣ мебошад.
Ҷинсҳои кўҳӣ– агрегати табиии минералҳо ё боқимондаҳои органикие мебошанд, ки қишри заминро ташкил медиҳанд. Ҷинсҳои кўҳиро аз рўи таркиби минералӣ ба ду намуд ҷудо мекунанд 1. Бисёрминералҳо (Полиминералҳо) он ҷинсҳоеро меноманд, ки аз якчанд минералҳо таркиб ёфтаанд. 2. Якминералҳо (мономинералҳо) – ҷинсҳое мебошанд, ки аз як минерал таркиб ёфтаанд.
Аз рўи шароитҳои пайдошавиашон ҷинсҳои кўҳиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд: магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфикӣ. Пайдоиши ҷинсҳои кўҳӣ дар сохт ва текстураи онҳо акс ёфтааст. Дар зери мафҳуми сохт (структура) хусусиятҳои сохти дохилии ҷинсҳои кўҳӣ, дараҷаи кристаллнокии он, шакл ва андозаи зиёдтарин ва камтарини кристаллҳо ва донаҳои ташкилдиҳандаи онҳо фаҳмида мешавад. Текстура хусусиятҳои дар фазо ҷойгиршавии қисмҳои таркибии ҷинсро меноманд.
Ҷинсҳои кўҳии магматикӣ ҷинсҳоеро меноманд, ки ҳангоми хунук шудани магма (моддаҳои гудохтаи қаъри замин) дар дохили Замин пайдо шудаанд. Аз рўи мавқеи хунук шудани магма дар дохили Замин ҷинсҳои кўҳии магматикиро ба се навъ тақсим менамоянд:
1. Интрузивӣ (қаъри заминӣ), он ҷинсҳое, ки дар натиҷаи хунук шудани магма дар қабатҳои хеле чуқури қишри замин дар шароити фишори калон ва ҳарорати баланд пайдо шудаанд. Дар ин шароит магмаи тафсон оҳиста ва оромона хунук шуда ба кристалл мубаддал мешавад.
2. Гипабиссалӣ (мобайнӣ) ҷинсҳое, ки ҳангоми хунук шудани магма дар чуқурии наздик ба сатҳи замин дар шароити фишор ва ҳарорати начандон калон ба вуҷуд меоянд.
3. Эффузивӣ (сатҳи заминӣ), яъне ҷинсҳое, ки дар натиҷаи хунук шудани магмаи ба рўи замин рехтагӣ (лава-магмаи ба рўи замин баромадаро мегўянд) пайдо шудаанд.
Барои ҷинсҳои интрузивӣ сохти (структураи) пурракристаллӣ ва барои ҷинсҳои эффузивӣ бошад нопурракристаллӣ ё ин ки шишагӣ хос мебошад. Ҷинсҳои магматикӣ дар вобастагӣ аз ягона набудани гудозаи магматикӣ, инчунин аз рўи таркиби химиявӣ ва минералӣ низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷинсҳои магматикиро асосан аз рўи миқдори SiO2 дар ҷинс ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд, ки ранги ҷинсҳо низ аз миқдори он вобастагӣ дорад: чи қадаре ки миқдори дуоксиди силитсий – SiO2 (кремнезем) зиёд бошад, ранги ҷинс ҳамон қадар равшан мешавад. Вобаста ба миқдори дуоксиди силитсий – SiO2 (кремнезем) ҷинсҳои магматикиро ба чор гурўҳи зерин ҷудо мекунанд.
Ҷинсҳои турш бисёр равшан буда, таркибашон аз 65 % зиёд SiO2 дорад, асосан аз минералҳои квартс ва ортоклаз таркиб ёфтаанд. Намояндагони ин гуруҳи ҷинсҳои кўҳӣ гранит (санги хоро), гранодиорит –ҷинсҳои пайдоишашон интрузивӣ; пегматити гранитӣ, аплит, гранит-порфир – ҷинсҳои субвулқонӣ; липарит (риолит), датсит, пемза, перлит, обсидиан – ҷинсҳои пайдоишашон эффузивӣ мебошанд.
Ҷинсҳои миёна камее сиёҳранг буда, аз 65 то 52 % SiO2 таркиб ёфтаанд. Асосан аз ортоклаз ё ин ки аз плагиоклазҳои натриевӣ-калийгӣ таркиб ёфта, то 30 % минералҳои сиёҳранг (биотит, роговая обманка, авгит)-ро дар бар мегирад. Намояндагони ин гурўҳи ҷинсҳо диорит, габбро-диорит, диорити квартсӣ, сесиенит, сиенитҳои нефелинӣ – ҷинсҳои интрузивӣ; диорит-порфир, сиенит-порфир – ҷинсҳои субвулқонӣ; андезит, андезит-базалт, трахит – ҷинсҳои эффузивӣ мебошанд.
Ҷинсҳои асосӣ сиёҳранг буда, таркибашон 52 – 45 % SiO2 дорад. Аз плагиоклази асосӣ ва пироксенҳо таркиб ёфтаанд. Намояндагони ин гурўҳ габбро, анортозитҳо, пироксенит – ҷинсҳои интрузивӣ; долерит – ҷинси субвулқонӣ; базалт – ҷинси эффузивӣ мебошанд.
Ҷинсҳои ултраасосӣ (фавқуласосӣ) бисёр сиёҳранг, сабзи сиёҳтоб буда, аз 45% кам SiO2 таркиб ёфтаанд. Аз оливин ва пироксенҳо ва баъзан ба миқдори хеле кам шпатҳои саҳроӣ дорад. Намояндагони ин гурўҳ перидотитҳо (гартсбургит ва ғайраҳо), дунит – ҷинсҳои интрузивӣ; пикрит- ҷинси эффузивӣ мебошанд.
Ҷинсҳои кўхии таҳшинӣ дар сатҳи Заамин таҳшин шуда, бештар аз 75 % майдони сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 95 % ҳаҷми онҳо дар шароити баҳрӣ пайдо мешаванд. Барои аксарияти ҷинсҳои таҳшинӣ текстураи қабатнок хос буда, давра ба давра пайдошавии онҳоро таҷассум менамояд. Хосияти қабатнокӣ аз шароити конкретии гузариши раванди ҷинспайдошавӣ вобаста аст, аммо аввалиндараҷаи аз онҳо муҳити динамикаро нишон медиҳад. Масалан, дар обҳои ороми беҳаракат қабатнокии уфуқӣ (горизонталӣ) ва дар обҳои равони ҷараёни дарёӣ қабатнокии моилӣ (наклоннӣ) пайдо мешавад. Боз яке аз нишонаҳои хоси текстураи онҳо холигии онҳо мебошад, ки вобаста аз андозаи холигӣ ба бисёркалон, калон, хурд ва бисёрхурд тақсим менамоянд. Аз рўи пайдоиш ҷинсҳои кўҳии таҳшиниро ба панҷ гурўҳ ҷудо менамоянд.
Ҷинсҳои донагӣ (кластикӣ) дар натиҷаи вайроншавии механикии дигар ҷинсҳои кўҳӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳоро аз рўи се нишона ҷудо менамоянд. 1. Аз рўи андозаи (диаметри) донаҳо: калондона (псефитҳо), миёнадона (псаммитҳо) ва майдадона (алевритҳо). 2. Аз рўи шакли донаҳо: рўядор (угловатые) (шағал) ва ҳамвор (окатанные) (галка). 3. Аз рўи сементатсияшуда: резон (қум, рег) ва сементшуда (сахтшуда) (регсанг).
Ҷинсҳои гилӣ (пелитҳо) аз зарраҳои майда, ки андозаашон (диаметрашон) аз 0.01 мм камтар аст таркиб ёфтаанд. Қисми зиёди онҳо тавассути раванди вайроншавии химиявӣ ба вуҷуд меоянд. Таҳшиншавии гил (хок) аз таҳшиншавии моддаҳои маҳлулҳои каллоидӣ алоқаманд аст, ки исботи чунин гуфтаҳо хосияти қабатнокии тунуки уфуқӣ (горизонталӣ)-и гилҳо мебошад. Ҳангоми дегидрататсияи гил (хок) ҷинси мустаҳками дар об ҳалнашаванда аргиллитҳо пайдо мешавад.
Ҷинсҳои хемогеннӣ дар натиҷаи кристаллшавии моддаҳои маҳлулкардашудаи обҳои равон ҳосил мешаванд. Дар аксар ҳолатҳо ҷинсҳои хемогенӣ якминерала (таркибашон аз як минерал таркиб ёфтаанд) мебошанд: аз миненралҳои синфҳои карбонатҳо (оаксангҳои хемогеннӣ), сулфатҳо (гипс (гач) ва ангидрит), галогенидҳо (намаки ошӣ ва намаки калий (силвин) ва ғайра метавон ном бурд. Ҷинсҳои хемогеннӣ дорои сохти пурракристаллӣ (кристаллӣ-донагӣ): аз калон – то майдакристаллӣ ва ҳатто пушидакристаллӣ мебошанд. Текстураи онҳо қабатӣ ва якхела-массивӣ.
Ҷинсҳои органогенӣ аз ҳисоби таҳшин шудани масолеҳи фаъолияти организмҳо: пеш аз ҳама аз организмҳои баҳрӣ ва ба дараҷаи камтар аз организмҳои бемўхраи обҳои ширин пайдо мешаванд. Баъзе аз ҷинсҳои органогеннӣ дар натиҷаи ҷамъшавии боқимондаҳои растаниҳо (торф) ба вуҷуд меоянд. Аз рўи таркиби минералӣ карбонатҳо (оҳаксанг-ракушечник, бур) бартарӣ дошта, баъзан минералҳои силитсийдор (кремнийдор) (диатомит) ва дигар ҷинсҳои таркибашон органогеннӣ дошта вомехўранд. Ба ин гурўҳи ҷинсҳо сохти биоморфӣ (ҷинсҳои аз устухонҳои вайроннашуда таркиб ёфтааст (скелетов), детрисуӣ (детритусовую) (ҷиснҳои аз склетҳои майдашуда таркиб ёфтааст), биоморфӣ – детритусовӣ (ҷинсҳои аз склетҳои вайронашуда ва майдашуда таркиб ёфтаанд) хос аст. Текстураи ҷинсҳои органогенӣ қабатӣ ва масоманокӣ мебошад.
Ҷинсҳои таҳшинии пайдоиши омехта дошта таркибашон мураккаб буда, ҳангоми таъсири якҷояи равандҳои гуногун пайдо мешаванд. Мергел, опока ҷинсҳое мебошанд, ки бо ин роҳ ба вуҷуд меоянд.
Ҷинсҳои кўҳии метаморфӣ дар натиҷаи азнавпайдошавии қаърии ҷинсҳои пештар пайдошудаи магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфӣ ба вуҷуд меоянд. Таркиби минералии ҷинсҳои метаморфӣ аз шароитҳои метаморфизм ва таркиби ҷинсҳои ибтидоӣ (аввала) вобастагӣ дорад. Асоситарин минералҳои ҳинсофарандаи ҷинсҳои метаморфиро минералҳои магматогеннии қатори қабулшудаи Боуэн, аз ҷинсҳои карбонатии таҳшинӣ, инчунин гранатҳои хоси метаморфогеннӣ, талк, турмалин ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. ҳамаи ҷинсҳои метаморфӣ сохти пурракристаллӣ доранд, ки ба калондона, миёнадона, майдадона, резадона ва пинҳондона (ниҳондона) ҷудо мешаванд. Ғайр аз ин вобаста ба шакли кристаллҳои ташкилдиҳанда, сохти порфиробластовӣ (кристаллҳои сузаншакл) ва гранобластовӣ (ҷинсҳои аз донаҳои гирд таркиб ёфта) низ ҷудо мекунанд.

Хулоса
Аз нигоҳи гурўҳбандӣ ва мураттабсозии илмҳо географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба гурҳи илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад. Алоқаи илми география ва илмҳои техникӣ таърихи тўлониро дар бар мегиранд. Дар ин муддат вобаста ба дараҷаи пешрафти илму техника муносибати онҳо нисбат ба якдигар як хел набуд. Аз солҳои 50 – и асри XIX сар карда техника ва технология рў ба инкишоф ниҳод ва дар асри ХХ ҳамаи соҳаҳои истеҳсолотро фаро гирифта, барои бо суръат аз худ намудани сарватҳои табиӣ ва ба таври васеъ ҷойгир намудани истеҳсолот мусоидат намуд. Аз тарафи дигар бо суръати баланд аз худ намудани муҳити географӣ ба ҷойгиршавии аҳолӣ, самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнтаӣ, такмил ва ташаккул ёфтани комплексҳои гуногунмиқёси истеҳсолию минтақавӣ, тахассусонӣ ва бо ҳам алоқамандии онҳо таъсир расонид. Вобаста ба мавқеи географӣ, марзи кунунии Тоҷикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллӣ ва сиёсию иқтисодӣ якчанд маротиба тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 ибтидоан дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таъсир ёфт. Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ба истеҳсолот наздик шудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурӣ поёние, ки дар гузушта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо тамоюли миллӣ дода шуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ду вилояти маъмурӣ ноҳияҳои тобеи марказ, як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поёнӣ, 22 шаҳр, 50 шањҳак ва 280 ҷамоъа ташаккул ёфтаанд
Ҳамин тавр шаклҳои ҷамъиятии ташкили истеҳсолот (консентратсияи, кооператсия, махсусгардонӣ) узван бо якдигар алоқаманд буда, мунтазам инкишоф додани онҳо дар оқилона ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва умуман саноат аҳамияти куллӣ дорад. Бояд хотирнишон намуд, ки ҳар як корхона вобаста ба талаботи хоҷагии халқ ва тиҷорат аз намудҳои гуногуни ашёи хом маҳсулоти ҳархела истеҳсол менамоянд, ки он бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ин рў сарфи назар аз мавқеи ҷойгиршавӣ, корхонаҳо вобаста ба истифодаи ашёи хом ҷараёни истҳесолот, навъи маҳсулот ба он ё ин соҳаи саноат дохил мешаванд. Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиӣ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захираҳои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқӣ Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд. Дар дунё давлатҳое ҳастанд ба мисли ИМА, Россия ва Чин, ки қариб бо тамоми намуди сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурўҳ Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва боз якчанд давлатҳои дигар (гарчанде бо баъзе намуди сарватҳои табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд. Ҳамин тариқ, захираҳои минералӣ сарчашмаи муҳими ашёи хоми гуногун барои иқтимодиёти ҷаҳонӣ мебошанд. онҳо дар сайёраи мо вобаста ба сохти геологии он нобаробар ҷойгир шудаанд. Қисме аз захираи канданиҳои фоиданок дар натиҷаи истифодаи ғайрисамаранок хароб ва ё тамом шуда истодаанд. Ҳоло комёбии илму техника истифодаи такрории захираи канданиҳои фоиданокро дар оянда пешкаши инсоният намудааст. Ҳиссаи саноати истихроҷ то рафт кам шуда истодааст, ки сабабҳои асосиаш доимо камшавии қувва ва масолеҳталабии он ивазкунии ашёи хоми табиӣ бо масолеҳи синтетикӣ мебошад. Бо вуҷуди он соҳаҳои истихроҷ ҳам дар замони ИИТ ба тағйиротҳо дучор шудаанду ин тйиротҳоро мо дар васеъшавии усулҳои кушода истихроҷкунии канданиҳои фоиданоки хушкию баҳрӣ ва ғайра мебинем.

РЎЙХАТИ АДАБИЁТҲО

1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷўмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.
2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ
3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ
4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ
5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.
6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.