Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик

Нақша: 1. Ҳисор (Қалъаи Ҳисор) 2. Панҷакенти қадим 3. Шаҳраки ҳулбук 4. Водии ҳафткӯл 5. Гармчашма 6. Сари хосор 7. Саразм Халқи тоҷик ба туфайли дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳми назаррасу арзанда гузоштааст
НАҚША

Сарсухан
1. Ҳисор (Қалъаи Ҳисор)
2. Панҷакенти қадим
3. Шаҳраки ҳулбук
4. Водии ҳафткӯл
5. Гармчашма
6. Сари хосор
7. Саразм
Хулоса

САРСУХАН
Халқи тоҷик ба туфайли дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳми назаррасу арзанда гузоштааст. Ҳануз аз замони қадим, гузаштагони мо дар сарзамине, ки умр ба сар мебурданд, намунаҳои олии ҳунар, меъморӣ, хат ва амсоли инро ба вуҷуд оварда буданд. Баъзе аз ин шоҳкориҳо то ба мо омада расидааст ва дар бораи онҳо бояд насли имрӯза маълумот дошта бошанд. Дар ҷараёни корҳои тадқиқотии бостоншиносон танҳо дар сад соли охир нишонаҳои зиёди тамаддуни қадимаи халқи тоҷик бозёфт шудааст, ки бори дигар дорои фарҳанги воло ва қадимӣ будани тоҷиконро исбот месозад.
Аз ҷониби Маркази туризм баргузор намудани чунин як чорабинии фарҳангию кишваршиносӣ ва тавассути он муаррифӣ намудани Тоҷикистони зебову бостонии мо ба сокинони сайёра сазовори дастгирист. Албатта, аз байни зиёда аз 2000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон интихоб намудани 7-мавезъи ҷолибу дилрабо ва натакрор коре буд ниҳоят мушкил. Вале дустдорони таъриху табиати кишвар аз ӯҳдаи ин кори бағоят мушкил ба хубӣ баромадаанд.

ВОДИИ ҲАФТКӮЛ
Дар рӯи замин мавзеҳои зиёде мавҷуд аст, ки табиат ба инсон зебоиҳои худро ҷилвагар месозад, вале ба гумон аст, ки чунин ҷойе пайдо шавад, ки дар удуди начандон бузурги миёни ҷинсҳои кӯҳии нотакрор, дар доманакӯҳҳои барфпӯши бо марғзору ҷангалҳо иҳотагардида ва дар зери осмони софу нилгун кӯлҳои рангобаранг ҷойгир ва оби он тобишҳои гуногуне аз ранги сабзи паст то бунафши баланд дошта бошад.
Буриши мураккаби қаторкӯҳҳо ва обшавии пиряхҳо тӯдаи пораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва кӯҳпораҳоро ба ҳаракат оварда, барои дар дараву мавзеҳои ҷудогона пайдо шудани кӯлҳо боис гардидааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарҳ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Онҳоро баъзан яке аз ҳафт мӯъҷизаҳои олам низ ном мебаранд. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонӣ медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.
Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад.

Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷгоҳ баромада наметавонад. Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст. Дар муқобили ин ривояти халқӣ геологҳо мегӯянд, ки ин кӯлҳо бар асари заминҷунбӣ арзи вуҷуд кардааст. Қобили зикр аст, ки номи кӯлҳо як маънои рамзие дорад ва ба ҳолату хусусиятҳои он робита дорад. Масалан: яке аз кӯлҳо Ҳушёр ном дорад, зеро дар гирду атрофи он морони заҳрноки хавфнок хеле зиёд гашутугузор мекунанд ва Ҳушёр номидани он шояд бо он сабаб бошад, ки одамонро огоҳ месозад, то эҳтиёт шаванд. Кӯли дигар Ҳазорчашма ном дошта, он аз оби мусаффои ҳазорон чашмаҳо ва дарёчаҳои хурд ба монанди Ҳисору Дарахти Сурх пур мешавад. Дар атрофи кӯл дарахтони тӯс месабзад. Мегӯянд, тухми ин дарахтро ба инҳо паррандагон овардаанд. Дар замони қадим аз инҳо як шохаи Роҳи Абрешим мегузаштааст.

Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, аз ҷумла дарёи Шинг аз миёни водиву дараҳои танги кӯҳсорон ҷорӣ гардида, дар макони обгурези дарёҳо дар кӯлҳои дар ин ҳавзабуда танзим мешавад. Дар мавзеи гирду атроф дарахтони тӯс, ангат, сафедор, бутаи зирк, настаран, қот ва табулға руста, кӯҳдоман ва дараҳо бо растаниҳои марғзорӣ, теппагӣ ва нимбиёбонӣ, аз қабили сечак, астрагал, пиёз, явшон, пудина, ҳулбӯй, тимён ва амсоли ин пӯшонида шудааст.

Водии Ҳафткӯл натанҳо бо кӯҳҳову кӯлҳо ва дарёҳояш, балки бо мавзеҳои таърихиву макони муқаддасаш низ машҳур аст. Аз водии Ҳафткӯл тавассути ағбаи Товасанг ба кӯлҳои Кӯли калон ва Искандаркӯл сафар кардан мумкин аст.

САРАЗМ
Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.
Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.
Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат буд. Аз охири ҳазораи IV-ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рӯҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардиданд.

Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV-уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони ҷанубӣ, Эрон, Балуҳистон, Ҳиндустон ва Афғонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринӣиро таҷассум кардааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986), Париж (соли 1985), Олмон (соли 1992), Эрон (соли 2003), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 391, аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон карда шуд.

ҲИСОР
Дар 30 километрии шаҳри Душанбе (4-5 километр дуртар аз шаҳраки Ҳисор) яке аз ҷойҳои тамошобобу шоёни диққати Тоҷикистон – мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор ҷойгир шудааст. Зери ин ном ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории давраҳои гуногун, ки дар майдони 86 гектар воқеъанд, муттаҳид шудаанд.

Макони ҷойгиршавии мамнӯъгоҳ водии Ҳисор буда, пастхамие мебошад, ки аз паҳлӯи он дарёҳои Кофарниҳон, Қаротоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Ҳаёт дар ин ҷойҳо ҳанӯз дар асри сангӣ, асрҳои IV-III-и то давраи мелод оғоз гардидааст. Баъдтар қаламрави водӣ ба ҳайати Бохтар (Бактрия), сипас ба ҳайати давлатҳои Бохтару Юнониён ва Кӯшониён дохил мешавад. Ба ин боқимондаҳои шаҳракҳо ва маҳаллаҳои қадимаи зист, ки бостоншиносон дарёфт кардаанд, гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз аз онҳо танҳо хоктеппаҳои доирамонанд, ки «теппа» номида мешаванд, боқӣ мондаасту халос. Дар асрҳои миёна Ҳисор ҳамчун шаҳри ҳунармандону маркази харидуфурӯш (бозор) маъруф буд. Дар асрҳои XVIII-XIX он ба бекигарии Ҳисор табдил ёфт, ки яке аз 28 макони мутааллиқ ба Аморати Бухоро маҳсуб мегардид. Аз ҳамон давра Қалъаи Ҳисор боқӣ мондааст, ки имрӯз ба осорхона дар ҳавои кушод табдил дода шудааст.

Охири солҳои 80-уми асри XX дар Ҳисор маҳмааи мамнӯъгоҳи нодири фарҳангиву таърихӣ бунёд гардид. Ба ин маҷмаа иншооти зерин дохил мешавад:
1. Қалъаи Ҳисор бо пештоқҳояш (дарвозаҳояш). Он бо тарзи дастӣ 2500 сол қабл сохта шудааст. Арк – ин дарвозаи асосӣ аст. Дарвозаҳо дар асри XVI сохта шуда, имрӯз пурра аз нав барқарор карда шудааст;
2. Регистон (майдони назди Қалъа);
3. Мадрасаи кӯҳна. Муассисаи таълимии асримиёнагӣ, дар асри XVI бунёд шуда, майдони мадраса 2250 метри мураббаро ташкил медиҳад;
4. Мадрасаи нав;
5. Корвонсарой. (меҳмонхона). Корвонсаройи хиштӣ дар соли 1808, дар замони салтанати Саидбӣ Атолиқ сохта шуда, ба сифати меҳмонхона истифода мегардид;
6. Масҷиди «Чашмаи моҳиён» (Масҷиди «Сангӣ»). Дар асри VIII сохта шудааст. Ду даҳлез ва манора дар асри XIV бунёд гардида, айни замон комилан барқарор карда шудааст;
7. Масҷиди «Сангин»;
8. Мақбараи «Махдуми Аъзам». Ёдгории таърихии асри XVI маҳсуб гардида, дар ҷойи қабри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳайвоқӣ сохта шудааст. Майдони мақбара – 609 метри мураббаро ташкил медиҳад;
9. Осорхонаи таърихӣ, ки дар бинои Мадрасаи кӯҳна ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо бо миқдори беш аз 3200 нусха ёдгориҳои нодир ва нигораҳое, ки ҳангоми ҷустуҷӯйҳо дар қаламрави Ҳисор ба берун аз он бозёфт гардидаас, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

ҚАЛЪАИ ҲИСОР
Собиқ қароргоҳи Бек, сарнишондаи амири Бухоро дар 26 километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст. Қалъаи деворҳои ғафсиаш 1 метр бо сангарҳои тирпарронӣ ва тӯпҳо аз ҷониби посбонҳо таҳти муҳофизат қарор гирифта буд. Дар дохили қалъа ҳавз ва боғ мавҷуд аст. Зинаҳои бузург ва пешайвонҳо, ки аз хишт сохта шудааст, ба даромадгоҳи асосӣ роҳ мекушояд. Мутаассифона, то рӯзҳои мо ин зинаҳо ва бинои қалъа низ боқӣ намондааст. Ягона чизи ҷолибе, ки аз қалъаи мазкур боқӣ мондааст – дарвозаҳои пуршукӯҳи пештоҳдори аз хишт сохташуда бо ду манораи устувондор аст, ки дар асрҳои XVII-XIX аксари дарвозаҳои Бухоро бо ин тарз сохта мешуд. Вале, ҳамин қисмати боқимондаи қаср низ хеле пуршукӯҳу назаррабо ҷилвагар мегардад. Дар рӯ ба рӯи қалъа бозори пуршӯру сермағал бо корвонсарой ва фурӯшгоҳҳо мавҷуд буд. Дар муқобили даромадгоҳи қалъа Мадраси кӯҳнаи дар асри XVII сохташуда боқӣ мондааст, ки дар он Қуръонро меомӯхтанд. Дар назди он Мадрасаи нав, дар асри XVIII-XIX ва мақбараи дар асри XVI-XVII сохташуда мавҷуд аст. Ба таърихи пайдоиши Қалъаи Ҳисор якчанд ривоятҳоро мансуб медонанд, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро тасдиқ менамоянд. Мувофиқи яке аз ин ривоятҳо, қалъаро Афросиёб барои муҳофизат аз Рустам (қаҳрамони достони «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ) сохтааст. Ривояти дигар чунин аст, ки халифаи тақводор Алӣ бо аспи худ Дул-Дул ба ин ҷо баҳри тарғиби дини ислом омада, дар кӯҳе маскан гузидааст, ки имрӯз номи Пои Дул-Дулро дорад (дар ғарби Ҳисор). Ӯ чун дорбози чолок аз кӯҳ вориди қалъа мегардад, вале ӯро шинохта, асир мегиранд. Аспи вафодораш шамшери Зулфиқорро ба ӯ меорад ва бо ин шамшер тамоми душманон, аз ҷумла ҷодугари он замон соҳиби ин қаср бударо низ ба қатл мерасонад. Дар канори қалъа ду чинор қомат афрохтаанд, ки тақрибан 500-700-сол умр дорад.
Мадрасаи кӯҳна ва нав.
Мадрасаи кӯҳна бинои хиштии дар асрҳои XVI-XVII сохташуда бо даромадгоҳи асосӣ буда, бо гунбаз ба итмом расонида шудааст. Ҳангоми ба дарун ворид шудан дар пеши назар ҳавлии васее намудор мешпавад, ки гирдогирди онро ҳуҷраҳо иҳота кардааст.

Ҳанӯз дар авали асри ХХ дар ин ҷо аз 100 то 150 толибилм таҳсил мекард.
Дарсҳо соли 1921 қатъ карда шуд. Ҳамчунин дар Мадрасаи кӯҳна бинои китобхона ҳифз шудааст. Мадрасаи нав, ки дар асрҳои XVII-XVIII бино ёфтааст, мутаассифона қариб ба пуррагӣ хароб шудааст. Аз он танҳо намои дуқабата боқӣ мондаасту халос.
Дар паҳлӯи Мадрасаи кӯҳна маҳбараи Махдуми Аъзам (асрҳои XVI-XVII) ҷойгир шудааст. Махдуми Аъзам ин ном набуда, балки лақаб ва ё унвонро ифода мекунад. Аҷиб он аст, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ чандин маҷмааҳо бо ин ном мавҷуд аст, ки онҳоро бо одамони гуногуни воқеӣ, арбобони давлатӣ ва ё динӣ пайванд медонанд. Дар мақбараи Ҳисор ки гӯронида шудааст, то ҳол муаммост, вале тахминан ин гӯри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳайвоқӣ аст.
Боз як бинои ҷолиби диққати маҷмааи Ҳисор ин корвонсаройи «Хиштин» аст. Дар асри ХХ аз корвонсарой боқимондаҳои ҷудогонаи пойдевор ва деворҳо, ки баландиашон қариб 1 метр буда, аз хишти пӯхта сохта шудааст, боқӣ мондаасту халос. Намуди аввалаи он танҳо дар расме, ки соли 1913 аккосӣ карда шудааст, боқӣ мондааст, ки аз рӯи он корвонсарой аз нав барқарор карда шудааст.
Ёдгории шоёни диққати мамнӯъгоҳи Ҳисор ин масҷиди гунбаздори «Сангин» (асрҳои ХII –XVI) ба ҳисоб меравад. Масҷид барои он Сангин ном гирифтааст, ки деворҳои он то ба нисф аз санг сохта шудааст. Ба гунбази масҷид чор кӯзаи сафолини бетаг барбаста шудааст. Ҳамин тавр резонанскунандаи аслӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки он барои беҳтар намудани қобилияти садодиҳии бино пешбинӣ гардидааст.

САРИ ХОСОР
Сари Хосор пораест аз сарзамини кӯҳистони Тоҷикистон ва гӯшаи басо зебоманзари он. Ин гушаи афсонавии табиати Тоҷикистон дар силсилакӯҳҳои Вахш дар қисмати болооби дарёи Сурхоб, тақрибан дар баландии 1200 -1600м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, марказии маъмурияш деҳаи Шаҳидон, аз соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.
Минтақаи Сари Хосор дорои мавзеҳои бойи реакреатсионӣ мебошад. Дар оғӯши Сари Хосор ёдгориҳои нодири таърихию табиӣ хело зиёданд, ки доир ба зиндагӣ, урфу одат ва касбу ҳунари мардуми ин сарзамин маълумоти басо равшан медиҳад.
Релефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи Ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Сохти ландшафташро пасткӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд ташкил медиҳад. Қисмати зиёди релефи ин мавзеро миёнакӯҳҳо ташкил намуда, онҳо дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Баландии фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500м., аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунад.
Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст.
Чуноне зикр шуд, табиати Сари Хосор бо зебоӣ ва гуногуншаклии худ беҳамтост.

Дар ин гӯшаи дар ҳақиқат зебоманзари табиат мувофиқати аҷиби табиат ҳукмрон аст: анбӯҳи дарахтони мевадор аз ду тарафи дара бо марғзорҳои гӯё дар даруни абрҳо буда ва харсангҳои азим бо ҳам омезиш меёбанд. Обҳои ҷорӣ, ки аз қуллаҳои кӯҳҳои баланд сарчашма мегирад, қад-қади дара ҷорӣ шуда, онро обшор месозад. Чашмаҳои шаффоф, чакалакҳои смоядори чормағз, чанорҳои кӯҳан ва олами гуногуни ҳайвонот, ки ҳама дар зери гунбази осмони беабри нилгун аст, ба табиат ҳусни дигар зам мекунад. Шумораи аҳолии чанде аз деҳаҳо, ки дар водӣ ҷойгир щудааст, он қадар зиёд нест. Ҳаёти ин одамон ба шароите мутобиқ карда шудааст, ки онҳо тӯли асрҳои зиёд насл ба насл ин ҷо сукунат доранд. Ин аст, ки онҳо барвақт зиндагии орому мувофиқ бо табиат, зиддият накардан ба он, балки кӯмак кардан дар дигаргуншавии табиат, эҷодкор набудан, балки итоаткор будан ба табиатро омӯхтаанд. Боз яке аз мавзеҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирдк атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилвамеояд. Бо мақсади рӯшди туризм дар ин минтақа сохтмони маркази барқарорсозии саломатӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои истироҳатию фароғатӣ идома дорад.

ШАҲРАКИ ҲУЛБУК – АСРҲОИ IX-XI
Ҳулбук – номи шаҳрест, ки дар 7 километрии шимолу шарқии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷойгир шуда, имрӯз Қурбон-шаҳид ном дорад. Шаҳрак, ки имрӯз қариб пурра зери иншооти сохтмонии муосир мондааст, майдони бузургеро ишғол менамояд, ки қисмати марказии он ба 70 гектар баробар аст. Корҳои ҳафриётӣ дар ҳаҷми на он қадар зиёд дар қаламрави шаҳристон ва корҳои ҳафриётии бештар дар арки он гузаронида шудааст. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар шаҳристон маълум гардид, ки биноҳои истиқоматӣ аз хишти пӯхта сохта шуда, хишти хом низ гоҳе алоҳида ва гоҳе дар якҷоягӣ бо хишти пӯхта истифода бурда мешудааст. Хонаҳои истиқоматӣ ободу муҷаҳҳаз буда, деворҳо бо рангҳои сафед ва дигар рангҳо андова карда шудааст. Фаршҳо низ ботартибона бо чӯб пӯшонида шуда, ҳамчунин аҳолии шаҳристон тавассути қубур бо оби нӯшокӣ таъмин мегардид. Дар қаламрави шаҳристон устохонаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд будааст.
Таҳкурсии росткунҷа (50 х 150 м) аз ду қисм иборат аст: қисми ҷанубиаш (5- х 50м) нисбатан баландтар, (15 метр аз болои маҳалли иҳотакардашуда) буда, қисмати шимолиаш хеле паст (10 метр аз болои маҳалли иҳоташуда) мебошад. Қариб пурра кофта шуда, дар қисмати шимолиаш корҳои ҳафриётӣ бештар гузаронида шудааст. Дар қаламрави арк қасре бунёд ёфтааст, ки ду давраи мавҷудиятро аз сар гузаронидааст.
Корҳои ҳафриётии шаҳристони Ҳулбук тасаввуроти моро дар бораи санъати меъмориву ороишии асримиёнагии Осиёи Миёна ба таври куллӣ дигаргун месозад. Беш аз панҷ ҳазор намунаҳои маҳсулоти ҳунармандии кандакорӣ, аз ҷумла лавҳаҳои пурнақшу нигор ва гаҷкоришуда дарёфт шудааст. Дар намунаҳои маҳсулоти аз шаҳристони Ҳулбук дарёфтшуда, нахустин лавҳаҳои ба мавзӯи набототу ҳайвонот бахшидашуда ва катибаҳои дар сари қабр гузошташуда пайдо карда шудааст.

Бозёфтҳои наққошиҳои деворӣ аҳамияти махсусеро касб кардааст. Аксари олимон бар ин назар буданд, ки санъати наққошии деворӣ бо густариши ислом дар Осиёи Миёна аз байн рафтааст. Аммо тибқи иттилои муаллифи асри XI – Байҳақӣ чунин намунаҳои наққошӣ дар қасрҳои ғазнавиён дар Афғонистон мавҷуд будааст ва ин гуфтаи муаллифро бозёфтҳо аз қасрҳои шаҳристони Ҳулбук тасдиқ месозад. Айни замон ба туфайли бозёфтҳои ёдгориҳои таърихӣ аз шаҳристони Ҳулбук ва Сайёд метавон хулоса намуд, ки ҳунармандии асримиёнагӣ дар Осиёи Миёна низ вуҷуд доштааст.
Дар шаҳристони Ҳулбук ба миқдори хеле зиёд зарфҳои биринҷиву шишагӣ ва сафолӣ дарёфт шудаст. Донаҳои шоҳмоти аз устухони фил. сохташуда хеле ғайриоддианд. Ҳамчунин маҳсулоти аз санг сохташуда бозёфт гардидааст. Қасри поёнӣ дар давоми асрҳои IX-X ва болоӣ дар тӯли асрҳои XI-XII вуҷуд доштааст.
Дар шаҳристони Қурбон-шаҳид (Ҳулбук) корҳои ҳафриётӣ дар солҳои 1953-1954 гузаронида шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский аз соли 1957 то соли 1994 ва аз тарафи Ю. Ёқубов дар солҳои 2003-2006 низ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст.

ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ
Нодирии ёдгории мазкур дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чун замини киштукор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодатхонаҳо, кӯчаҳо ва паскӯчаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст. Панҷакенти қадимро метавон бо чунин ёдгориҳои дар ҷаҳон машҳур чун Афросиёб, Варахш, Пайкент (Ӯзбекистон), Нисо, Марв (Туркманистон), Оқ-теппа, Тара, Отрар (Қазоқистон), Уструшана, Кофир-Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон), Чакалак-теппа (Афғонистон) ва амсоли ин муқоиса намуд.
Корҳои баргузорнамудаи ҳафриётӣ тақрибан ҳудуди нисфи ёдгориро фаро мегиранд. Дар арки мавҷуда дар теппаи алоҳидаи ҳоким ва гӯристон корҳои ҳафриётӣ гузаронида шудааст. Панҷакенти қадим ёдгории таърихии давраи то исломӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маҳал аз асри 5 то асри 8 давраи мо Суғдиён – аҷдоди тоҷикони муосир, ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд, зиндагӣ кардаанд.
Дар ин ёдгории таърихӣ ҷузъҳои алоҳидаи шаҳри қадима боқӣ мондааст, ки аз қисматҳои зерин иборат аст: худи шаҳрак (майдони 13,5 гектар), арки ҳоким (2,5 гектар), работ (боғҳо ва боғҳои беруназшаҳрӣ бо масоҳати қариб 70 гектар) ва қабристон.
Шаҳристон бо девори қалъагӣ иҳота гардида, дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истиқоматӣ бо деворҳои пурнақшу нигору мусаввара, ҳашт кӯча, фурӯшгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизатӣ бозёфт карда шудааст.
Дар Панҷакенти қадим ҳар кадоме аз суғдиёни осудаҳол дар манзили худ толори пуршукӯҳи деворҳояш бо нақшу нигор ородода, гаҷкорӣ ва аз чӯб кандакоришуда дошт.

Суғдиён аз ҳамаи комёбиву дастовардҳои тамаддунҳои пешрафтаву бузурги замони худ огаҳӣ доштанд. Аз ин рӯ дар ҳунари онҳо хусусияҳои ҳунармандии византиягӣ, Эронӣ ва Ҳиндугиро мушоҳида намудан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ҳунари суғдӣ бо мавзӯҳои гуногуни фарқкунанда усули нотакрори худро дошт. Мисоли он, ҳунари наққошии суғдист, ки адабиёт, фолклор, маросиму анъанаҳои суғдиёнро инъикос намудааст ва то оғози корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакент дар ин бора қариб чизе маълум набуд. Дар шаҳр тоҷироне мезистанд, ки бо Шоҳроҳи Абрешим ба тиҷорати корвонӣ машғул буданд. Шоҳроҳи Абрешим аз Риму Византия то ба Чин тӯл мекашид. Яке аз шохаҳои ин роҳ Панҷакентро убур мекард.
Имрӯз комилан тасдиқ шудааст, ки маҳз тоҷирони суғдӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим афзалият дошта, вазифаи миёнаравиро миёни Ғарбу Шарқ ба анҷом мерасонидаанд. Танҳо як худи Панҷакент дар бораи фарҳанги шаҳрдории натанҳо Суғд, балки тамоми қаламрави Роҳи Бузурги Абрешим маълумоти пурра дода метавонад. Суғдиёни Панҷакенти қадим натанҳо созмондиҳандагони бузурги тиҷорати Осиё буданд, балки ҳамзамон чун интиқолдиҳандаи арзишҳои фарҳангии як халқи Осиё ба дигараш шинохта мешуданд. Арки Кӯҳандиз. Майдони он зиёда аз 2,5 гектарро ташкил дода, аз ҷиҳати тарҳ ба арки Варахш (Бухоро) монанд аст. Арк аз ду қисмат иборат аст: қаср (иншооти муҳофизатии дохилӣ) ва кохи аз тарафи шарқ ба он пайваста (ҳавлии беруна). Ҳар кадоме аз онҳо бо девори алоҳидаи қалъагӣ ва кӯшки аввала аз ҷониби ҷанубу ғарб бо хатти дуқабатаи девор мустаҳкам карда шудааст.
Корҳои ҳафриётии чандинсола нишон доданд, ки дар арафаи истилои арабҳо дар қаламрави арк ду бинои бузург – донқон ва қаср мавҷуд будааст.

Донқон – бинои пуршукӯҳест, ки аз ду иншооти андозаи 26 ба 26 метр бо баландии 2,5 метри сатҳи болоии иҳотакардаи қаср ва пойдевори болои иншоот бо андозаи 18 ба 18 метр ва баландии 8 метр иборат аст.
Бинои асосии арк маҷмааи қаср мебошад. Қаср дар пояи қалъаи ҳоким бозёфт шудааст. Маҷмааи мазкур аз толори сеқабатаи андозаи 22 ба 12,5 метр ва тахти шоҳиву се толори хурд бо андозаи 11 ба 10 метр иборат аст. Аз ҷониби ғарб, ҷанубу ғарб ва шимол ба толорҳои қаср айвони пуршукӯҳи дарозиаш 12 метр ва даҳлези асосии дарозиаш 45 метр пайваст мешавад. Аз навиштаҷоти дар деворҳои қаср боқимонда хулоса кардан мумкин аст, ки ҳамаи биноҳои пуршуқӯҳи қаср як замоне бо навиштаҷоти зиёде оро дода шуда будааст. Аз тарафи ҷануб, ғарб ва шимол қаср бо биноҳои хоҷагӣ ва манзили зисти хизматгорони ҳоким иҳота шудааст. Қаср дар як вақт бо шаҳристон аз сӯхтори солҳои 721-722 рӯйдода зарари зиёде дидааст. Биноҳои асосӣ сӯхта, навишатҷот барқасдона аз деворҳо канда поймол карда шудааст.
Қабристон дар қисмати ҷануб ва ҷанубу ғарбии шаҳристон ҷойгир шудааст. Қабристон дарвоқеъ ҳам яке аз гӯристонҳои нодири давраи то исломии Суғд ба шумор меравад. То баргузории корҳои ҳафриётӣ (ҷустуҷӯӣ) қабристон аз маҷмӯи гӯрҳои алоҳида дар шакли теппаҳо намудор мегардид. Работ маҳаллаи аҳолинишини наздишаҳри мебошад. Он дар қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии шаҳристон ҷойгир шудааст. Масоҳати работи Панҷакент якчанд маротиба аз қаламрави шаҳр калонтар аст. Дар қаламрави работ беш аз дусад теппаҳои сунъии аз ҳамдигар ҷудо мавҷуд аст. ҷустуҷӯйҳо собит сохт, ки ҳар кадоме аз теппаҳо аз се ё чаҳор бино иборат буда, ҳар яке аз онҳо дар навбати худ таъиноти махсусе доштааст: бинои истироҳату хоб, ошхона, бинои қабул, кор ва ғайра. Дар ин ҷо чун дар аксари хонаҳои шаҳристон зинаҳо (пандус) вомехӯрад, ки ба барои ба ошёнаи дуввум ё боми бино баромадан сохта шудааст.
Ҳамин тавр, омӯзиши бозёфтҳои як қатор хонаҳои наздишаҳрӣ нишон дод, ки работи Панҷакент дар асрҳои VII-VIII ба ташаккул ёфтан оғоз кард, ки он қисми ҷудонашавандаи шаҳри давраи то феодалӣ мебошад. Чанде дертар работ ба қаламрави шаҳр дохил карда шуда, бо девори муҳофизатӣ иҳота карда шуд, ки чунин манзараро мо дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тирмиз ва дигар шаҳрҳои асримиёнагӣ мушоҳида менамоем.
Дар маҷмӯъ, корҳои ҳафриётӣ дар ҳамаи қисматҳои шаҳристони Панҷакент имкон дод, ки фаъолияти бинокориву сохтмонӣ ва аломатҳои асосии корҳои меъмориии иншооти шаҳрӣ дар замони қадим пурратар омӯхта шавад. Дар натиҷа маълум шуд, ки меъморони Панҷакент бо анъанаҳои меъмории Месопотамия, Бохтар ва Эрон аз наздик ошноӣ доштаанд ва ин имкон медиҳад, ки осори меъмории Панҷакентро дар як саф дар сатҳи меъмории ҷаҳонӣ гузошт. Аз нигоҳи афзалияти арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба сарвати миллӣ Панҷакенти қадимро намунаи омӯзиш ҳисобидан мумкин аст. Дар ин ҷо бо тамоми аёният то ба кадом андоза дар он замони қадим ба сатҳи баланд расидани фарҳанги мардуми Осиёи Миёнаро дидан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол робитаи суғдиён бо манбаъҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ доимӣ ва ҳамдигарро такмилдиҳанда боқӣ мондааст.

ГАРМЧАШМА
«Гармчашма» дар ҷараёни миёнаи дарёиҳам номаш (шохоби рости дарёи Панҷ), дар шохаи ҷанубу ғарбии сислсилакӯҳҳои Ишкошим, дар баландии 2325 метр аз сатҳибаҳр ҷойгиршудааст. Аҷибаст, ки дар номҳои ҷуғрофии қадимӣ дуноми нахустини дарёчаи номбурда ё доварӣ мешавад: Андаробва Ростй ӯ-дара. Аммокунун номи ҳозираи он номи дараро низ ба худ гирифтааст. Ин дара, ки қисмати болоияш ба қуллаи теғаи тездори Маяковский рафтамерасад, урёнбуда, дар тамомидарозии худ ғафсиҳои хокистар ранги хоросанг ва варақсангҳои булӯриро бурида мегузарад, кисинну соли докембрӣ дорад. Ин ҷинсҳои кӯҳӣ борастанӣ пӯшонида нашудааст, танҳо дар поёнини шебиҳои кӯҳ онҳоро сабзаву алафҳои ковоки дарёӣ пӯшонидааст. Вақте ба чашма наздик мешавед, чунин баназар мерасад, ки суфачаҳо мустақиман аз ин обовардҳо фавора мезананд. Кӯҳпораи оҳаксангии баландиашон 7-8 метр бо якчанд нишебиҳо қариб то маҷрои дарё омада мерасад. Камарҳои мармарӣ дар масофаи 0,5-1,5 метр паси ҳам ҷойгиршуда, бо камарҳои овезон аз сталактитҳои пайваста ҷудошуда меистад. Дар камарҳои ҷудогона суфачаҳои хурд мавҷӣдаст, ки боканораҳои начандон бузург деворбандӣ карда шудааст. Оби гарм аз канораҳои ин суфачаҳоӣ орҷгардида, калтсий таҳшин месозад, ки дар натиҷа камарҳо торафт дуртар шудан мегирад. Оби суфачаҳо ранги кабуду фирӯзагӣ дошта, вобаста ба наздикиаш ба фаввораҳои сарчашма ҳарораташ гуногунаст. Дар дохили суфачаҳо ба миқдори хеле зиёд қишрҳои доиравии таркибашон иборат аз калтсий (0,3-4 см) низ дучормеояд. Ба сифати омехтаи начандон зиёд дар таркиби онҳоҳам чунин кремнезем, оксиди магний, алюминий низ ба мушоҳида мерасад.
Дар як литри об ҳудуди се грамм намакҳои гуногун, асосан калтсий ва натрий мавҷудаст. Зиёдбудани оҳакшояд аз дар дохили ҷинсҳои карбонатӣ мавҷуд будани оҳаксанг ва доломит вобаста бошад. Ғайр аз ин, обҳои зеризаминии гарми Гармчашма аз гази ангидриди карбон иборатбуда, ба миқдори камсулфидӣ ӯ доменамояд.
ҷараёни ба берунбаромадани он ғайриоддӣ аст: фаввораҳоимоил аз оҳаксангҳои бузург ҷусса то 60 см ба боломе барояд. Айни замон шумораи чунин фаввораҳо он қадар зиёднест, вале 50 сол пештар миқдори онҳо ба 6 фаввораи бузург (то 1 метр) ваҳафтфаввораихурд (то 15 см) баробар буд. Ҳаҷми обе, ки аз сарчашма дар як сония ба боломебарояд ё чӣ тавре ки дебит мегӯянд, он қадар зиёд набуда, ҳудуди 6 литрро дар як сония ташкил медиҳад. Вале ҳамин миқдор ҳам басандааст, ки дар доманаи кӯҳ ҳавзи ҳақиқии гарми чуқуриаш зиёда аз якуним метр ташкил гардад. Ин ҳавз сунъӣ буда, ба табобатгоҳ бообҳои гарми дар кишвари мо маъруфи «Гармчашма» тааллуқ дорад. Худи табобатгоҳ камее поёнтар, дар дарёбодӣ ҷойгиршуда, аз якчанд бино иборат аст. Табобатгоҳ то 200 нафар муолиҷа гирандагонро қабул карда метавонад. Дар ин ҷо бемориҳои вазнини пӯсту устухон ва бемориҳои асаб муолиҷа гардида, ба сифати доруворӣ натанҳо ҳавзҳои оби гарми шифобахш, балки нурҳои офтоби гарм ва лойқаи таҳшин шудаи дохили ҳавз низ истифода бурда мешавад. Дар таркиби ин лойқаҳои таҳшиншуда илова ба пайвастаҳои карбонатӣ, ҳамчунин ба миқдори зиёд моддаҳои оҳан, алюминий, магний, стронсий, фтор вакибрит (олтингӯгирд) низ мавҷудаст. Ҳамчунин оби терминалии чашмаҳои шифобахш ба ваннаҳои махсуси табобатгоҳ ба воситаи қубурҳо овардашудааст. Вале, хатти қубурҳо, ки ба кӯҳпораҳои хурди оҳаксанг насбшудааст, ба манзараҳои афсонавии ин мавзеъ мувофиқ нест.

ХУЛОСА
Тоҷикистон як кишвари афсонавист, ки табиати нотакрор дораду таърихи қадима, ки нишониҳояшонро дар тамоми гӯшаву канори мамлакт пайдо метавон кард. Мутаассифона бо гузашти айём нигаҳдорӣ ва ҳифзи ин ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва офаридаҳои нотакрори табиат торафт душвортар мегардад. Тибқи маълумоти коршиносон, танҳо дар зарфи 20 соли охир дар натиҷаи худсарона аз худ кардани қитъаҳои замин, решакан кардани дарахтону буттаҳо ва риоя накардани меъёрҳои экологӣ беш аз сад ёдгориҳои муҳими таърихиву меъморӣ аз қабили шаҳрҳои қадим, қасрҳо ва қабристонҳои кӯҳан кӯҳан харобу валангор ва нобуд карда шудаанд. «Танҳо гузаштаро дониста метавон имрӯзро дарк ва ояндаро пешгӯи кард» – гуфтаанд бузургон. Аз ин рӯ, вазифаҳои аввалиндараҷаи имрӯзи мо тарбияи насле мебошад, ки ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи олами нодири набототу ҳайвоноти диёри хеш манфиатдор бошаду аз таърихи гузаштаи халқаш ифтихор кунад то мо тавонем ояндаи кишварро бо боварӣ ба он супорем.
Тоҷикистон як сандуқи бузургест пур аз ганҷинаҳои бебаҳо ва ин ҳафт намунаи пешкашгардида танҳо як қисмати хурдест аз он хазини нуҳуфта.

ПЕШНИҲОД
Бояд гуфт, ки имрӯз соҳаи туризм аз ҷониби давлату ҳукумат низ пайваста дастгирӣ ёфта истодааст ва умед аз он аст, ки дар ояндаи наздик ҳангоми хуб роҳандозӣ кардани ин соҳа ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва пешқадами хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Чуноне, ки президенти Ҷумҳурии Эмомали Раҳмон қайд намуда буданд: «Ибтидои асри ХХI барои мамлакати мо баробари пешрафти истеҳсолот ва коркади заxираҳои зеризаминӣ, асри инкишофи туризму сайёҳӣ хоҳад гардид».
Бисёр хуб мешуд, ки минбаъд дар заминаи захираҳои таҷдиди саломатӣ шумораи базаҳои сайёҳӣ меафзуд, инчунин санаторияю курортҳо, машқгоҳҳои варзишии обию хушкӣ ва ғайра бунёд гарданд, мухлисону ҳоҷатмандонро қабул намоянд бо чеҳраи кушод ва бардаму солим гуселашон кунанд.
Тазаккур бояд дод, ки объектҳое, ки ҳоло барои қабули сайёҳон дар канори Ҷумҳуриамон сохта шудаанд ба талаботи имрӯза ва алалхусус хориҷиён аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҷавобгӯ нестанд. Ин масъалаҳо бозсозии ҳаматарафаро мехоҳанд.
Дар оянда:
1) Клубҳои эко-туристӣ барои нигоҳдоштани мавзеҳои гирду атрофии объектҳои сайёҳӣ ташкил карда шавад.
2) Ташкил кардани муассисаи ёрии аввалини тиббӣ.
3) Ташкил кардани мағозаҳои махсуси туристӣ барои таъмин
намудани туристон бо лавозимоти туристӣ.
4) Таъсис додани меҳманxонаҳо ҷавобгӯ ба талабатҳо ҷомеъаи
ҷаҳонӣ

Рӯйхати адабиётҳо

1. «Экскурсоведение» Н.А.Добрина Москва-2012.
2. Модули таълимӣ «Асосҳои Сайёҳӣ» Душанбе-2012
3. Модули таълимӣ «Таҳияи Хатсайрҳо» Душанбе-2012
4. Шабакаи интерентии Google. Яндекс…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.