Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он

Нақша: 1. Давлат кай ба вуҷуд омад? 2. Кадом шаклҳои пайдоиши давлатро медонед? 3. Моҳияти давлат дар чӣ ифода меёбад? 4.Фарқи давлат аз ҷамъияти ибтидоӣ дар чист? Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошадВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДОНИШКАДАИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОН

Кафедраи «Ҳуқуқи иқтисодӣ ва ҳуқуқи байналҳалқӣ».

РЕФЕРАТ

Дар мавзӯи «Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он»

Иҷрокунанда: донишҷӯи курси 1-ум.
гр. 1-24.01.03.02 «Б» бо
ихтисоси «Танзими
ҳуқуқии молия ва қарз»
Давлвтов Навруз.

Роҳбари илм: Ҳасанов Ш

Душанбе 2011

Мавзӯъ: «Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он»

Накша:
1. Давлат кай ба вуҷуд омад?
2. Кадом шаклҳои пайдоиши давлатро медонед?
3. Моҳияти давлат дар чӣ ифода меёбад?
4.Фарқи давлат аз ҷамъияти ибтидоӣ дар чист?

Адабиёти истифода шуда:

МАҲМУДОВ М. РАҲИМОВ Н – асосҳои давлат ва ҳукуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2006

Мавзуъ давлати ҳуқуқбунёд.
1. Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он.
Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқи ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст,ки ҳуқуқи ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқии бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад.Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мубошад. Вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабанд. Барои ин ба вуҷуд овардани зиммаҳои муайяни сиёсӣ,иқтисодӣ,иҷтимои ва ҳуқуқи зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъият, муҳайё намудани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун нест.
Барои бунёди давлати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳамаба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ зарур аст. Дар кишвари мо Конститутсия (Сарқонун) ва як қатор қонунҳо қабул карда карда шаваанд, ки онҳо барои инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон ва ташкилотию дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд роҳ мекушоянд.
Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.
Дар тӯли инкишофи ҷамъият инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то ки орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналхалқи ба роҳ мемонад. Бартарияти ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумишиносӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудуии ҷамъият ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд. Зеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, вилояти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳвандон, ташкилоту муасисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд факат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае , ки қонун иҷозат додаст ва манъ накардааст, яъне аз рӯи принсипи «он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост», ба амалбароварда мешавад.
Фаъолияти мақомоти ҳакимияти давлати судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додаст, амалӣ карда карда шавад.Валоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъияти мебошад.
Дар Канститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки инсон, ҳуқуқ озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалшуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо,фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатро муаян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешавад.
Ҳуқуқи озодиҳои инсон аз лаҳзаи таввалуд ба худи ӯ таалуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гунна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоо ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Канститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ факат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба заммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо даҳлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офаридаи ҳуқуқи озодиҳои шаҳвандон мешаванд, ки ин боиси маҳдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндарачаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ҳамин, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамин шаҳрвандон дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд.Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъиятва шаҳрвандон равона карда мешавад.
Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс.Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар одатан масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар қ.3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф мекунад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он , шахсони мансабдор , шаҳрвандон ва итиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Канститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи мувофиқи қонун рӯёнида ё ҷуброн карда шавад.Меъёри зикршудаи кониститутсионӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонунгузории амалкунанда таҷассуми худро меёбад. Аз ҷумла, дар моддаи 16 Кодекси гражданӣ омадааст: «Зиёне (зараре), ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи кабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳалӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори он ҷуброн карда шавад»
Ҳамин тартиб, доираи амали мақомоти давлатӣ, суд ва прократура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳвандон ба қонун итоат менамоянд ва баробар рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд.Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон , давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. Ӯ низ вазифадор аст ӯҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқарар намудаанд, риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи озодӣ ва шаъну шарвфи дигарон , ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайраҳо аз ҷумла ӯҳдадориҳои шаҳрванд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ҳарсе шохаи ҳокимият дар татбиқи фаъолияти мақомоти давлатӣ ба се шохаи мустақил яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣмебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст.Дар моддаи 9 (Конститутсия(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳокимияти давлатӣ, дар асои таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои хокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна сӯистиеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад.
Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимшаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ менамоянд,ки онҳо дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбад.
Фаъолияти мақомоти ҳокимият дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имконияти намедиҳад, ки аз ҳадди муқарарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамоянд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаанд.
Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва далати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро дар он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки дар он ҷой ҷамъияти шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад.Ҷамъияти шаҳрванди соҳаи нисбатан мустақили новобаста аз давлат ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун, иттиҳодияҳои маданӣ, миллӣ, динӣ, ҳудудӣ ва ҳислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатҳои ҳархелаи одамон амал менамояд.Мафҳуми «ҷамъияти шаҳрвандӣ» имконият медиҳад, ки соҳаи сиёсӣ ва ғайри сиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ карда шуда, мафҳумҳои давлат ва ҷамъият аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд.
Ҷамъият аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони барои манфиатҳои гуногун, талабот хислатҳои гуногун ҳамкори менамоянд.Ҳамзамон бо ин, одамон бо ҳамдигар дар алоқаҳои маъданӣ, тиҷоратӣ,манзили оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайраҳо қарор доранд. Ба низоми ҷамъияти шаҳрвандонӣ ба ғайр аз муносибатҳои сиёсӣ муносибатҳои иқтисоди, нажодӣ,маънавӣ, иттилоотӣ, оилавӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки новобаста аз давлат вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, ҷамъият ва давлатро пурра аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст, зеро давлат маҳсули инкишофи ҷамъият ва шакли мавҷудияти он мебошад. Ҷудо намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз давлат магои онро дорад, ки соҳаи ҳаёти ҷамъиятие вуҷуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне давлат набояд ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд.
Ҳамзамон инсон дар ҷамъияти шаҳрвандӣ унсури асосӣ аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алоҳидагӣ ё бе алоқамандӣ бо одамони дигар қонеъ гардонад. Он чӣ ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллуқ дорад, ин пеш аз ҳама дар иҷораи ӯҳдадориҳои шахс дар назди давлат , хусусан ӯҳдадории шахс оид ба итоат намудан қонун ва супоридани ондоз ифода меёбанд. Агар шахс ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат софдилона иҷро намояд, он гоҳ дар дигар мавридҳо ҳаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарқ надошта бошад ва давлат ҳақ дорад, ки ба он дахолат намояд.
Давлат бояд ба ҷамъияти шаҳрвандӣ ва манфиати он хизмат намуда ва бо ҳамин манфиати умумии ҷамъиятро ифода намояд. Инкишофи нопурраи ҷаиъияти шаҳрвандӣ мумкин аст шароитеро муҳайё созад, ки боиси фурӯ бурдани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз тарафи давлат ё муқобил гузоштани он ба ҷамъият бор кардан гардад. Барои ҳамин, на ҳама гуна ҷамъият ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошанд. Нишонаи асосии ҷамъияти шаҳрвандӣ- ин ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошанд. Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс имконният дорад, ки ҳама гунна шакли моликиятро интихоби намояд, инчунин ҳақ дорад натиҷаи меҳнат ва қобилияти худро ба меҳнат ихтиёкорӣ кунад. Салоҳияти давлат дар чунин ҷамъият сарпо намудани шароити мӯътадил барои ташаббуснокӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, муҳофизат ва ҳифзи моликият, таъмини рақобати озод, мубориза бар зидди ҷиночткорӣ ва муҳофизати тартибот мебошад.
Нишонаи дигари ҷамъияти шаҳрванди эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои табии инсон ва ҳивзи самараноки он мебошад.
Нишонаи сеюми ҷамъияти шаҳрвандӣ мавҷуд набудани манополизми идеолоғи дар ҷамъият мебошад. Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида мулоҳиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ доираи гузаронидани фаъолияи гуногуни сиёсии ташкилотҳо, институтҳо ва иттиҳодияҳоро муайян менамояд. Вай ғояҳои пешқадам ва инсондӯстонаро пеш бурда, тарзҳои демократии идоракунии корҳои ҷамъиятиро истифода мебарад.
Хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ошкоро ва худидора будани корҳои шахсӣ мебошад. Ошкоро будан аз ҷумла озодона ворид шудан ба ҳамаи манбаъҳои иттилооти (ба ғайр аз сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ), ошкоро гузаронидани ҳама гунна чорабиниҳое, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танқид, озодии алоқаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷиро дар назар дорад.
Ҳамин тавр, ҷамъияти шаҳрвандӣ- ин ҷамъияти ҳуқуқӣ, демократии, инсондӯст ва сулҳдӯстона буда, дар он барои ҳеҷ гунна зӯрӣ ба шахсият ҷой нест, баръакс дар он адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.