Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он

1. Демография ҳамчун илм дар бораи таҷдид, миқдор ва сохтори аҳолӣ;
2. Афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он;
3. Омилҳои ба афзоиши аҳолӣ таъсиркунанда;
4. Нишондиҳандаҳои афзоиши аҳолӣ.

1. Демография ҳамчун илм дар бораи таҷдид, миқдор ва сохтори аҳолӣ
Калимаи “демография” аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: demog-халқ ва grapho-менависам, яьне “халқнависӣ” ва ё тасвири аҳолӣ аст. Вале демография аз ибтидои таърихӣ наздик 3,5 асраи худ фақат ба тасвири аҳолӣ машғул нашуда, ҳамеша предмети омӯзишу тадқиқоти он масьалаҳои мухталиф ва васеъро дарбар мегирифт: шумораи аҳолӣ ва тағйирёбии он, сохтори демографии аҳолӣ (ҳайати ҷинсӣ, синну солӣ, ҳайати оилавии аҳолӣ), ҳодиса ва равандҳои демографии аҳолӣ (таваллуд ва таваллуднокӣ, фавт ва фавтнокӣ, издивоҷ ва талоқ), афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он ва ғ.
Мавзӯи асосии демография ҳамчун илм тадқиқи қонунҳои таҷдиди табиии аҳолӣ аст, ки онҳо характери ҷамъиятӣ-таърихӣ доранд. Зеро қонунҳои инкишофи демографӣ қисми ҷудонопазир ва таркибии қонунҳои рушди чамъият ба шумор мераванд. Дар ҷамъият тамоми равандҳо: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғ. ба ҳам алоқаманд ва робитаи мутақобила доранд.
Дар навбати худ равандҳои демографӣ низ ба рафти тамоми дигар равандҳои ҷамъиятӣ таъсир доранд. Масалан, дараҷаи пасти таваллуднокӣ сабабгори зиёд шудани саҳми нафақагирандагон дар ҷамъият ва вазнин гардидани проблемаи “падарон ва фарзандон” мегардад. Ё худ тағийр ёфтани дараҷаи таваллуднокӣ баъди гузашти вақти муайян дар бозори меҳнат дараҷаи шуғлварзиро, дар давлатҳо дараҷаи ҷинояткориро, ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ конкурси довталабонро низ тағийр медиҳад. Бинобар он демография қонунҳои афзоиши аҳолӣ, раванд ва ҳодисоти демографиро дар вобастагӣ ба сохти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамъият тадқиқ карда, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географии ба раванду ҳодисоти демографӣ, ба афзоиши аҳолӣ таъсиркунандаро низ меомӯзад.
Дар демография аҳолӣ мафҳуми махсус (хосе) аст. Дар география, аҳолӣ ҳамчун маҷмӯи одамони (сокинони) дар территорияи муайян иқоматкунанда (ҷойгир буда) фаҳмида мешавад. Вале дар демография аҳолӣ на ҳаргуна маҷмӯи одамон, балки маҷмӯи одамони худбарқароркунанда (худтаҷдидкунанда) дар раванди ивази насл мебошад. Барои демограф аломати (хусусияти) муҳимтарини аҳолӣ-ин худбарқароркунӣ, яъне таҷдидӣ он ба воситаи таваллуд ва фавт мебошад. Қобилияти худбарқароркунандагӣ сифати асосии муайянкунандаи аҳолӣ ҳамчун категорияи демографӣ аст.
Ҳамин тавр, демография илми таърихан ташаккулёфтаи ҷамъиятиест, ки қонуниятҳои иқтисодӣ-ҷамъиятии афзоиши аҳолӣ, ҳодисот, равандҳо ва вазъи демографӣ, сохтори демографии аҳолиро дар вобастагӣ бо сохти иҷтимоӣ иқтисодии муайян зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географӣ меомӯзад.
Дар демография ҳодисаҳои демографӣ гуфта таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ-бекор карда шудани аҳди никоҳро дар фардӣ мефаҳманд. Пайиҳамии ҳодисаҳои демографӣ дар маҷмӯи аҳолӣ равандҳои демографиро ташкил медиҳанд, ки он муттасил идома ёфтани таваллуд, фавт, афзоиши аҳолӣ, никоҳ ва талоқро, бевамониро ифода мекунад.
Вазъи демографӣ-ин ҳолати ҳодисот ва равандхои демографӣ, ҳайат ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин ё он вақт (сол) дар территорияи муайян мебошад. Вазъи демографӣ-ин зоҳиршавии аниқи қонуниятҳои обеъктивии иҷтимоӣ-иқтисодии тараққиётӣ ҷамъият аст, ки тамоюли умумии инкишофи аҳолиро дар территорияи муайян (мамлакат, ноҳия, маҳаллӣ аҳолинишин) инъикос мекунад.
Ҳангоми омӯзиши демографиву географии аҳолӣ байни демографон ва географон алоқаи зич ва ҳамкории бисёрсамта ба вуҷуд омадааст. Дар татқиқоти демографиву географии аҳолӣ як зумра масъалаҳое ба миён омадаанд, ки дар ҳаллу фасли онҳо вазифаҳои географон ва демографонро ҷудо кардану фарқ кардан душвор аст. Масалан, муайян кардан ва таҳлили фарқи регионии таваллуднокӣ, фавтнокӣ, сохтори демографии аҳолӣ (таркиби ҷинсӣ, синну солӣ, оилавӣ ва ғ…) бешак фазон тадқиқоти демографон (демографияи регионӣ) мебошад. Вале ин масъалаҳо, бешубҳа, барои географон низ зарур аст. Зеро ин масъалаҳо ба қисми таркибии тадқиқоти комплексонаи муқоисавии гурӯҳҳои территории аҳолӣ дохил мешаванд. Чунин масъалаҳои “мобайниро” илми ҷавони дар натиҷаи ҳамкории географон ва демографон ба вуҷуд омада-демогеография меомӯзад. Демогеография дар қатори фарқияти территории ҳодисот ва равандҳои демографӣ (тавалллуднокӣ, фавтнокӣ, афзоиши аҳолӣ ва ғ.) инчунин ҷойивазкунии территории аҳолӣ (муҳоҷирот) ва ҷойгиршавии аҳолиро (зичии аҳолӣ, маскуншавӣ) низ тадқиқ мекунад. Албатта, масъалаҳои номбурда ба фазои тадқиқотӣ географон мансубанд. Вале ба ин масъалаҳо демографон ҳам мароқ доранд.2. Афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он
Инсоният доимо дар инкишофёбӣ ва худтакроркунӣ аст. Мувофиқи маълумоти охири асри cоли 1999 дар кураи Замин дар ҳар дақиқае 192 нафар, соате -11,6 ҳаз нафар, шабонарӯзе – 271 ҳазор нафар ва соле 94-96-млн. нафар сокинони нав пайдо шуда истодаанд. Бо ибораи дигар соли 2000 дар ҷаҳон 152-156 млн. таваллуд ва 60-64 млн. фавт ба вуҷуд омада истодааст. Нав, ҷавон ҳамеша ҷои кӯҳна, солхӯрда, мурда истодаро иваз мекунад. Ин диалектика аст. Албатта, ин равандро раванди соф биологӣ ҳисобидан нодуруст аст: баръаксӣ олами ҳайвонот одамон ба насли худ воситаҳои меҳнат, маҳсули меҳнат, таҷрибаи меҳнатии худ-неъматҳои моддӣ, маданӣ ва маънавии худро мерос мегузоранд, насли худро тарбия мекунанд ва ба воя мерасонанд. Чунин раванди такроран ивазшавии насл, барқарор шудани миқдор ва сохтори аҳолӣро таҷдидӣ аҳолӣ меноманд.
Таҷдидӣ аҳолиро географон ва демографон дар шаклҳои ҳархела таъриф дода бошанд ҳам, вале мазмунан онҳо як раванди демографиро ифода мекунанд.
Дар адабиёти географӣ (масалан, дар китоби В.А.Копилов) афзоиши аҳолӣ чунин таъриф оварда шудааст: “Таҷдиди (ҳаракати табиии) аҳолӣ-ин раванди таваллуднокӣ, фавтнокӣ ва афзоиши табиииест, ки аз нав барқароршавӣ ва ивазшавии насли одамонро таъмин мекунад”.
Дар демография хусусияти худбарқароркунандагӣ ва худнигоҳдорандагии маҷмӯи одамонро дар рафти тағйирёбии шумора ва сохтори аҳолӣ афзоиши аҳолӣ ҳисобида мешавад: ” Афзоиши аҳолӣ-ин ба воситаи таваллуд ва фавт мунтазам аз нав барқароршавии миқдор ва сохтори аҳолӣ дар равандӣ ивазшавии наслӣ одамон аст”. Аз таърифотҳои болоӣ чунин бармеояд, ки таҷдидӣ аҳолӣ равандест, ки миқдор ва сохтори аҳолиро тағйир медиҳад ва иваз шудани наслро таъмин мекунад. Онро баъзан ҳаракати табиии аҳолӣ низ меноманд.
Таърихан се типи асосии афзоиши аҳолӣ имконпазир аст:
1. Таҷдиди археотипӣ (аз юн. Archaios-қадим). Он ба давраи ҷамъияти бесинфӣ – обшинаи ибтидоӣ хос буда, хусусиятҳои он ниҳоят баланд будани нишондиҳандаҳои таваллуднокӣ ва фавтнокӣ, басо паст будани афзоиши табиии аҳолӣ, кам будани давомнокии миёнаи умр ва дар натиҷа тез иваз шудани насл ба шумор мерафт.
2. Типи анъанавии афзоиши аҳолӣ. Он ба давраи ибтидои ҷамъиятӣ синфӣ (сохти ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ), яъне ба давраи то капитализм характернок буда, онро давраи аграрии инкишофи демографӣ низ меноманд. Барои ин типи афзоиши аҳолӣ нишондиҳандаҳои нисбатан баланди таваллуднокӣ ва фавтнокӣ, паст будани афзоиши табиии аҳолӣ, кам будани давомнокии миёнаи умр ва ивазшавии тези насл хос мебошад. Вале ин нишондиҳандаҳо назар ба таҷдиди археотипӣ андаке баландтар буданд.
3. Типи таҷдиди ҳозиразамон, ки он давраи ҷамъияти сохти капиталистӣ (ва ҳам сотсиалистӣ), давраи индустрии инкишофи демографиро дар бар мегирад. Вобаста ба характери ивазшавии насл намудҳои зерини типи таҷдиди ҳозира имконпазир аст ва дар давлатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст:
а) Таҷдиди васеъ ва ё мӯътадили аҳолӣ. Он ҳангоми зиёд будани таваллуднокӣ назар ба фавтноки рух дода, миқдори насли нав (“фарзандон”) назар ба насли кӯҳнаи гузаштаистода (“волидон”) зиёд мешавад. Чунин намуди афзоиши аҳолӣ сабаби афзудани миқдори аҳолӣ (бо суръатҳои мухталиф) мегардад. Онро алҳол дар аксари давлатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст.
б) Таҷдиди оддии (соддаи) аҳолӣ. Он ҳангоми ба ҳам баробар будани таваллуднокӣ ва фавтнокӣ ба вуҷуд омада, миқдори насли нав (“фарзандон”) ба миқдори насли “волидон” (гузаштаистода) як хел, яъне баробар мешавад. Дар натиҷа шумораи умумии аҳолӣ тағйир наёфта устувор мегардад.
в) Таҷдиди танги аҳолӣ. Он дар вақти зиёд будани фавтнокӣ назар ба таваллуднокӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат миқдори насли “фарзандон” назар ба миқдори насли “волидон”кам шуда, он сабаби кам шудани шумораи умумии аҳолӣ мегардад. Чунин ҳолатро дар демография депопулатсия (аз лот.-de, dec-пастшавӣ, population- аҳолӣ, кам шудани шумораи аҳолӣ) ва ё “бӯҳрони демографӣ” меноманд, ки сабаби мунтазам кам шуда рафтани миқдори аҳолии мамлакат мегардад. Алҳол дар ҷумла давлатҳои ҷаҳон (Россия, Украина, Латвия, Булғория, Белорусия, Венгрия, Эстония, Руминия, Чехия, Дания, Италия ва дигарон) вазъи депопулатсия дида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки як қатор олимон намудҳои мавҷудаи таҷдиди аҳолии давлатҳои ҷаҳонро ба ду типи асосӣ ҷудо мекунанд. Мисли В.А. Копилов, В.П. Максиковский.
Типи якум – таҷдиди содда (ва ё ба он наздик) номида шуда, он намудҳои таҷдиди содда ва тангро (б ва в) дарбар гирифтааст, ки дар рафти ивазшавии насл шумораи аҳолӣ тағйир намеёбад ва ё ҳатто кам мегардад.
Типи дуюм – таҷдиди васеъ ва ё мӯътадили аҳолӣ, ки дар натиҷаи он миқдори насли минбаъда назар ба насли пешин зиёд буда, сабаби афзудани шумораи умумии аҳолӣ мегардад.
Барои типи якуми афзоиши аҳолӣ нишондиҳандаҳои пасти таваллуднокӣ, фавтнокӣ ва афзоиши табиии аҳолӣ характернок аст. Типи мазкурро дар давлатҳои Аврупо дидан мумкин аст. Баъзан ба ин тип давлатҳои Америкаи Шимолӣ, Австралия ва Уқёнусияро низ мансуб медонанд, умуман ин тип ба давлатҳои тараққикарда хос аст. Барои дар давлатҳо таҷдиди соддаи аҳолӣ амалӣ гардад, зарур аст, ки ними оилаҳои он 2-тогӣ ва ними дигари он 3-тогӣ фарзанд дошта бошанд (2-фарзанд ҷои волидонро “иваз кунанд”, фарзанди сеюм ҷуброни аз садамаҳову ҳодисаҳои нохуш, касалиҳо фавтидагон, оилаҳои бефарзанд (безурёд) ба шумор меравад). Дар демография барои амалӣ гардидани таҷдиди соддаи аҳолӣ нишондиҳандаи 2,5 фарзанд дар оилаҳо эътироф шудааст.
Барои типии дуюми афзоиши аҳолӣ таваллуднокии баланд ва ниҳоят баланд, фавтнокии нисбатан паст ва ё миёна, афзоиши табиии мӯътадил, миёна ва ё баланд характернок аст. Типи мазкур дар давлатҳои рӯбаинкишофниҳодаи Африка, Осиё, Америкаи Лотинӣ паҳн гардидааст.
Қонунияти асосии афзоиши аҳолӣ пеш аз ҳама характери таърихӣ доштани он аст, яъне бо мурури гузашти вақт ва рушди ҷамъият намуд ва типи афзоиши аҳолӣ низ тағйир меёбад. Сониян, бо баробари тараққиёти иҷтимоӣ -иқтисодӣ, рушди фарҳангиву маънавиёти ҳаёти мардум характери афзоиши аҳолӣ низ дигаргун мегардад, яъне ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ, маданию фарҳангии ҷомеа вобастагии калон дорад.

3. Омилҳои ба афзоиши аҳолӣ таъсиркунанда
Ба афзоиши аҳолӣ (ҳаракати табиии аҳолӣ) миқдори зиёди омилҳо таъсир мекунанд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст.
1. Омилҳои табиӣ-биологӣ. Аҳолии кураи Замин дар шароитҳои мухталифи табиӣ зиндагӣ мекунанд ва таваллуд, фавт, афзоиши табиии аҳолӣ равандҳои биологӣ мебошанд. Бинобар ин ба таҷдиди табиӣи аҳолӣ омилҳои табиӣ – биологӣ таъсир накарда наметавонанд.
Дараҷаи гуногуни мутобиқшавии организми мард ва зан ба шароити муҳити табиӣ ҳаёт сабабгори асосии фарқ дар миқдори тавлиди духтарча ва писарбача ва дараҷаи фавтнокии онҳо дар синни то 5-солагӣ; дар вақтҳои гуногун оғозёбии камолоти ҷинсӣ дар сокинони минтақаи иқлими гарм ва хунук сабаби давомнокии ҳархелаи давраи фертилӣ (аз лот. fertilis-серҳосил) дар занҳо ва миқдори гуногуни таваллуд дар онҳо мегардад; таъсири касалиҳо ба фавт, ки сирояткунандаҳои онҳо дар шароитҳои мухталиф зиндагӣ доранд (касалии вараҷа дар маҳалҳои ботлоқзору серрутубат, касалии хоб дар тропика, эпидемияҳо ва дигарон).
Бо баробари организми биологӣ будану зери таъсири қонуниятҳои табиат рух додани таваллуд, фавт ва афзоиши табиӣи аҳолӣ одам дар як вақт аъзо ва маҳсули тараққиёти ҷамъият буда, ба дараҷаи умумии таваллуднокӣ ва фавтнокӣ қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият, гурӯҳи калони омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-маданӣ, психологӣ ва сиёсӣ таъсири ҳалкунанда доранд.
2. Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҳаракати табиии аҳолӣ нақши калон мебозанд. Ба ин гурӯҳи омилҳо дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ, рушди хизматрасонии тиб ва тандурустӣ, мавқеи умумии занҳо дар ҷомеа, намуди машғулият (меҳнат), маҳалли зист ва ҳолати санитарӣ-беҳдошти он, муносибатҳои аграрӣ ва монанди инҳо мансубанд.
3. Таъсири омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба воситаи гурӯҳи омилҳои иҷтимоӣ-маданӣ (дараҷаи умумии саводнокии (маълумотнокии) аҳолӣ, рушди маданият, фарҳанг, маънавиёт).
4. Омилҳои психологӣ (анъанаҳо, расму русум, аҳкомҳои динӣ, худогоҳии шахсӣ ва миллӣ) мегузаранд. Зеро дар ҷамъияти инсонӣ раванди афзоиши аҳолӣ бо омилҳои шуури шахсӣ ва ҷамъиятӣ зич алоқаманд буда, амали як қатор нишондодҳои иҷтимоии дар зери таъсири шароитҳои моддии ҳаёти ҷамъият ба вуҷуд омада бе шуурнокии шахсӣ ва ҷамъиятӣ имконпазир аст. Мисли, анъанаи серфарзандӣ дар баъзе халқҳои ҷаҳон.
5. Омилҳои демографӣ-ба ин гурӯҳи омилҳо сохтори демографии аҳолӣ, яъне таркиби ҷинсӣ, синну солии аҳолӣ, никоҳ, қатъ гардидани никоҳ (дараҷаи талоқнокӣ), дараҷаи оиланокии аҳолӣ дохил мешавад. Ба бузургии нишондиҳандаҳои таваллуднокӣ ва ба воситаи он ба афзоиши аҳолӣ, албатта таносуби ҷинсҳо дар шумораи аҳолӣ, сохтори синну солӣ, дараҷаи никоҳнокиву талоқ таъсири калон дорад.
Механизм ва дараҷаи таъсири гурӯҳҳои дар боло зикр шудаи омилҳо ба афзоиши аҳолӣ якхел нестанд ва ба ҳам мухталифу мутақобилаанд. Масалан, таъсири омилҳои табиӣ- биологӣ ба фавт рӯирост (бевосита) набуда, он ба воситаи касалиҳое мегузарад, ки паҳншавии ин касалиҳо ба шароитҳои табиии муҳит вобаста аст. Ё беҳтар шудани шароити зиндагии одамон, шароити мусоиди соҳаи тиб дараҷаи фавти аҳолиро, бахусус, фавти кӯдаконаро кам намуда, сабаби дароз гардидани умр мегардад. Ин ҳолат боиси зиёд шудани саҳми солхӯрдагон дар шумораи умумии аҳолӣ гардида, он дар навбати худ, сабаби зиёд шудани фавт мегардад.
Ҳамин тавр, ба равандӣ афзоиши аҳолӣ миқдори зиёди омилҳо таъсир мекунанд ва баъзан натиҷаи таъсири онҳо ба ҳам мухолиф аст. Аз тарафи дигар, таъсири на ҳамаи омилҳо ба таври бояду шояд тадқиқ карда шудаанд. Масалан, роли омилҳои иҷтимоӣ-маданӣ ва психологӣ ҳамоно ҳаматарафа омӯхта нашудааст.

4. Нишондиҳандаҳои афзоиши аҳолӣ
Барои муайян кардани андозаи (дараҷаи) барқароргардии насли одамон як қатор нишондаҳандаҳо истифода бурда мешавад, ки дар байни онҳо брутто(дағал) ва нетто (холис)-коэфисиентӣ афзоиши аҳолӣ ва коэффисенти маҷмуии таваллуднокӣ муҳимтар мебошанд. Онҳо ба интенсивии (сермаҳсулии) наслнокии занон асос ёфтаанд. Брутто- коэффисент (аз лафзи итолиёвии brutto-дағал) – ин миқдор духтарчаҳои ба ҳисоби миёна як нафар зан дар давоми ҳаёти худ таваллудкарда мебошад. Нетто – коэффисент (итолиёвии netto тоза, холис) – миқдори духтарони аз як модар таваллуд шудааст, ки онҳо то синни миёнаи модари худ зинда мондаанд. Одатан, бузургии он дар давлатҳои фавтнокии аҳолӣ баланд буда, назар ба брутто – коэффисент 20-31% камтар аст, вале дар давлатҳои фавтнокии аҳолӣ паст буда, бузургии онҳо аз ҳам кам фарқ доранд.
Агар нетто- коэффисент (ё худ коэффисенти холис) аз 1 кам бошад, онгоҳ таҷдиди танги насли одамон ба вуҷуд меояд, яъне миқдори насли “фарзандон” назар ба насли “волидон” баъди гузашти вақти ба дарозии насл баробар буда, кам мегардад. Агар нетто – коэффисент аз 1 калон (зиёд) бошад, онгоҳ миқдори насли “фарзандон” нисбат ба насли “волидон”баъди гузашти вақти ба дарозии насл баробар буда, зиёд мешавад. Ҳангоми нетто- коэффисент ба 1 баробар будан наслҳо миқдоран ба ҳам баробар мешаванд ва таҷдиди оддии аҳолӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати нетто – коэффисент аз 1 кам будан таҷдиди танг ва аз 1 зиёд будан – таҷдиди васеи (кушоди) аҳолӣ ба амал меояд.
Дар ибтидои солҳои 90-ми асри ХХ дар ҷаҳон коэффисенти холис 1,36 (брутто – коэффисент 1,6) буд. Вале тақрибан, дар сеяки давлатҳои ҷаҳон бузургии таваллуднокӣ (аз он ҷумла нетто – коэффисент) назар ба талаботи таҷдиди оддии аҳолӣ камтар аст ва онҳо ба давлатҳои мутараққӣ мансубанд. Масалан, нетто – коэффисент дар ШМА – 0,92, дар Япония – 0,88, дар Германия – 0,67, Италия – 0,77, Фаронса – 0,88, дар Британияи Кабир – 0,86 мебошад. Баръакс, дар аксари томи давлатҳои рӯ ба инкишоф нетто – коэффисент аз 1,5 зиёд аст, ки он сабаби афзоиши тези миқдори аҳолии онҳо гардида истодааст. Нетто – коэффисенти афзоиши аҳолӣ дар Бангладеш – 1,95 дар Нигерия – 2,60, дар Покистон – 1,94, дар Ҳиндустон – 1,43, дар Бразилия – 1,52 буд.
Тадқиқотҳои демографон нишон дод, ки барои қисми зиёди давлатҳои ҷаҳон нетто- коэффитсиенти ба шароити кунунӣ мувофиқ 1,1 – 1,2 мебошад. Барои таъмини он зарур аст, ки дар ҳар 100 оила 280-300 фарзанд бошад. Барои таҷдиди оддии аҳолӣ кифоя аст, ки дар 100 оила 260 бачагон таваллуд ёбанд ва ё коэффисенти маҷмӯии таваллудокӣ ба 2,1 баробар бошад.
Тарзи (режими) афзоиши аҳолӣ басо тагйирёбанда буда, ба он вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсири калон дорад. Бинобар ин ҳангоми тадқиқи қонуниятҳои афзоиши аҳолӣ ба ҳам муқоиса кардани маълумоҳои якчанд солҳо ва ё бузургии миёнаи қисмати давр (масалан, барои 5 ва ё 10 сол) фоидаовар мебошад.
Вазифаи муҳими географон – тадқиқ кардани хусусияти территории таҷдиди аҳолии дар раванди рушди ҷамъият ташаккул ёфта, сабаб ва оқибатҳои он, таъсири афзоиши аҳолӣ ба ҷамъият мебошад, ки масъалаҳои марбутро – демогеография ва ё геодемография меомӯзад.
Тазод дар нишондиҳандаҳои демографии на танҳо байни регион ва давлатҳои ҷаҳон калон аст, он инчунин дар ҳудуди як давлат, байни ноҳияҳои он чашмрас мебошад. Масалан, дар соли 2002 таваллуднокӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 310/00, вале дар ноҳияи Конибодом 18,80/00, афзоиши табиии аҳолӣ дар онҳо мутаносибан 27,30/00 бар 12,90/00. буд.
Бо сабаби он, ки ба афзоиши аҳолӣ омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсири ҳалкунанда доранд, бояд тадқиқоти он ба дониши саҳеҳу васеи географияи истеҳсолоти ҷамъитӣ, ба таҳлили фарқияти территории дараҷаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ такя намояд. Нишондиҳандаҳои геодемографии имрӯзаро таҳлил карда истода набояд “мерос”-и гузаштаи демографии ҳаёти одамонро, рафтори репродуктивии онҳоро, пойдориву устувории анъанаҳо ва расму русумҳои миллӣ, динӣ ва ғайраро дар психологияи қисми одамон, махсусияти таъсири муҳити табиии маҳалро ба ҳаёти ҷомеа фаромӯш кард.
Чунин тадқиқот метавонад характери ҷузъӣ ва ё комплексӣ дошта бошанд, яъне онҳо, кадом як аломатро (масалан, географияи таваллуднокиро) таҳлил мекунанд ва ё ба тадқиқоти интегралии қонуниятҳои территории афзоиши аҳолӣ бахшида мешаванд, аз ин лиҳоз онҳо территорияҳои миқёсҳои гуногунро дарбар хоҳанд гирифт. Вале аниқияту муҳимиятии маълумоти геодемографӣ тақозо доранд, ки ба қадри имкон ҳарчӣ бештар воҳидҳои хурди территорӣ тадқиқ карда шаванд ва маълумоти онҳо истифода бурда шаванд. Ҷамъбасти ниҳоии чунин тадқиқот – ноҳиябандии демографӣ мебошад. Яъне муайян кардани ареалҳои территории аломатҳои муҳимтарини демографии нисбатан якхела ва тарзи (режими) махсуси афзоиши аҳолӣ дошта мебошад.
Тадқиқоти геодемографӣ аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд. Донишҳои демографӣ ва баҳисобгирии вазъи геодемографӣ барои нақшабандии самараноки динамикаи аҳолӣ ва ҷойгиркунии аҳоливу истеҳсолот, дар ташкили истифодабарии оқилонаи сарватҳои меҳнат, барои ислоҳи ақидаҳои ғайриилмӣ (ба мисли аз ҳад зиёд баҳо додан ба омилҳои демографии таваллуднокиву фавтнокӣ, саҳеҳ ва дуруст муайян накардани аҳамияти омилҳои иҷтимоӣ- иқтисодии ба равандҳои демографӣ таъсиркунанда…) ва ғайра имконият медиҳад.
Тадқиқоти геодемографӣ басо мураккаб ва ташкили онҳо душвориҳои зиёде дорад. Бинобар ин, онҳо миқёси васеъ надоранд. Зеро ба даст овардани маълумоти омории демографӣ, бахусус барои воҳидҳои хурди маъмурӣ – территорӣ басо душвор аст. Сониян, таъсири мухталифи бисёр омилҳо ба равандҳои демографӣ ҳаматарафа муайян карда нашудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.