Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Таѓирёбии иќлим

Гузашти айём исбот мекунад, ки дигаргунии иќлим дар асоси фаъолияти худи инсон ба вуљуд омадааст ва оќибатњои фољеабори он ба тамоми кишварњо ва сокинони сайёраи мо тањдид мекунад. Имрўзњо таѓирёбии иќлим ба њаёти милионњо одамон таъсир расонида, шиддати гармшавї ба мушоњида мерасад, ки боиси обшавии пиряхњо, сел ба амал омаданаш мумкин аст. Ин њолатњо боиси бадбахтињои зиёде метавонад шавад.Гузашти айём исбот мекунад, ки дигаргунии иќлим дар асоси фаъолияти худи инсон ба вуљуд омадааст ва оќибатњои фољеабори он ба тамоми кишварњо ва сокинони сайёраи мо тањдид мекунад. Имрўзњо таѓирёбии иќлим ба њаёти милионњо одамон таъсир расонида, шиддати гармшавї ба мушоњида мерасад, ки боиси обшавии пиряхњо, сел ба амал омаданаш мумкин аст. Ин њолатњо боиси бадбахтињои зиёде метавонад шавад.
Дар њалли ин масъалаи басо муњиму таќдирсоз маќом ва талошњои Асосгузори Сулњу Вањдати Миллї- Пешвои Миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон басо бузург аст. Ў дар минбарњои баланди љањонї хавфу хатари экологияро мавриди баррасї ќарор дода, барои пешгирии он пешнињодњои судманд намудааст. Дар Фаронса, дар Конфренсияи 21- уми Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид дар бораи иќлим далели ин гуфтањои болост.
Аз баски бањогузории иќтисоди њар як кишвар нахуст аз рўи захирањои обу замин гузаронида мешавад, дар воќеъ масоњати Тољикистон 142,6 њазор км2. буда 93%- и он кўњсор аст. 80%- и он минтаќаи фаъоли сейсмики ва 60- и он минтаќањои сел, тарма, ярч мансуб мебошад.
Далелњои илмї нишон медињад,ки зиёни офатњои табиї дар Тољикистон њама сола таќрибан 70%- и ММДРО- ро ташкил медињад.Соли 2015, ки дар кишварамон рўњ дод, зиёда аз 100 млн. доллари Амрикоиро ташкил медињад. Мувофиќи пешгўи мутахассисони ин соња то соли 2050 афзоиши њарорат дар љумњурї ба њисоби миёна 1,8- 2,90С. мерасад дар баъзе ноњияњо ин нишондод ба 4,90 С. мерасад.
Дар давоми солњои 1970- 2015 дар њудуди Тољикистон камшавии масоњати пиряхњо ва зиёдшавии офатњои табиї ба мушоњида мерасад. Таѓирёбии иќлим бо даврањои њар 12- 15 сол, ќариб 30- сол, 70- сол маълум аст. Таѓрёбии яхбандї ба њамин ќонуният тобеъ мебошад ќисмати аз пиряхњоро ки ба ин таѓирот дучор меоянд, лаѓжанда меноманд. Давраи лаѓшиш натанњо аз таѓири иќлим, балки аз љойгиршавии макони пирях, шакли нишебї ба сабабњои зиёди дигар вобаста аст. Њар замон дар болои пиряхњо миќдори зиёди барф ва ях љамъ мешавад. Бо таъсири ќувваи љозиба ин миќдори зиёд ба поён њаракат намуда, мављи яхро ташкил мекунад. Пирях дароз мешавад, сипас обшавї ба вуљуд меоя ва андозаи пирях коњиш меёбад. Дар Тољикистон пиряхњои лаѓжанда зиёданд ба монанди Федченко, пиряхи Њисор хеле машњур аст.
Яке аз омилњои асосии табиии таѓири љараёни об ба таѓири миќдори боришоти атмосфер ива яхбандии масоњат мебошад.
Таѓироти иќлим метавонад боиси таќсим шудан ва таѓир ёфтани яхњои Помир аз љараёни обии дарёњои Осиёи Марказї гардад. Таѓири шароити иќлим дар Осиёи Марказї бо таѓироти глобалии иќлим алоќаи зич дорад. Гармшавии иќлим, махсусан дар давраи зимстон, метавонад дар ќламрави Тољикистон ба чунин оќибатњо оварда расонад:
– захирањои зимистони барф кам мешаванд, майдони бисёр солаи яхбандї коњиш меёбанд, яъне захирањои об кам мегарданд;
– љараёни об аз захирањои зимистонии барф кам мешавад;
– љараёни тобистонаи обњои ях дар ибтидо мумкин аст зиёд шавад, вале солњои минбаъда кам мегардад;
– таќсимоти минтаќањои баланди, хушгкгузаронии њаёти инсон ва мутобиќшавии он таѓир меёбад;
– таќсимоти минтаќањои наботот дар шароити баландї, њамчунин минтаќањои пайдоиши хок таѓир меёбад.
Масъалаи камшавии пиряхњо натанњо барои Тољикистон, балки барои њамаи минтаќањои Осиёи Марказї ва умуман љомеаи љањонї масъалаи муњимтарин аст. Гармшавии иќлим ва камшавии захирањои оби Тољикистон вале аз рўи арзёбињои дигар коњиши пиряхњо бо афзоиши боришот баробар мешавад, ки дар натиљаи он љараёни об њатто бештар мегардад.
Ин далелу андешањо аз н шањодат медињанд, ки њоло таѓирёбии иќлим ба миќдор ва њаљми захирањои обии кишварамон таъсир расонида истодааст. Ин як аз масъалаи љањони экологист. Дар ин раванд бухоршавии об дар Тољикистон 5- 14% зиёд мешавад, ки талаботи растанињо ба об зиёд шуда, мутаносибан истифодабарии об дар соњаи кишоварзї дучанд мегардад.
Олимон пеш пешгўи мекунанд, ки гармшавии глобалии боиси афзудани фалокатњои табиї дар кишварамон мегардад.
Дар Тољикирстон имрўз соњањои муњими иќтисодї ба паёматњои манфии вобаста ба таѓири иќлим рў ба рў гардидаанд. Њар як шањрванди ин ё он давлат њамчун комилњуќуќи љомеа ба таъминоти иљтимої, фарњангї, нигоњдоштани шаъну шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти худ дар њамаи соњањои хољагии халќ вазифадор мебошанд. Инсон њаќ дорад, ки дар бењтар кардани шароити таѓирёбии иќлим саъй ва талош намоянд.
Ањолї бояд дарк намояд, ки љамъ шудани партовњо, афзоиш ёфтани ихрољи газњои парникї, буридани дарахтон, биёбоншавї, умуман, муносибати нодуруст бо табиат ба чї гуна оќибатњои ногувор оварда мерасонад. Доктори илмњои тиб, профессор Абдулњамид Ќаюмов дар мавзўи «Таъсири таѓирёбии иќлим ба иќтисодиёт» сухан ронда, хотиррасон намуд, ки дар натиљаи индустрикунонї ва ривољу равнаќи соњаи наќлиёт ихрољи газњои гармхонаї дар сайёра афзуд. Ќисмати сиёсии экспедитсия аз он иборат аст, ки профессор А. Ќаюмов расман 6 январи соли 2009 парчами Тољикистони соњибистиќлолро дар Антарктида афрохт, ки ин иќдом гувоњи њисси баланди ватанпарстї ва кўшишњои ў бањри муаррифї намудани миллат ва давлати соњибистиќлоли тољикон дар сатњи байналмиллалї, дар баробари давлатњои абарќудрат мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар айни њол азхудкунии Антарктида дар баробари азхудкунии Кайњон масъалаи аввалиндараљаи тадќиќотию илмии арсаи љањонї мањсуб меёбад. Вазифаи экспедитсия, ки ба омўзиши таѓйирёбии иќлим вобастагї дошт аз тањќиќи иќлим ва пажўњиши тиббию биологї иборат аст. Дар бахши иќлимшиносї профессор А. Ќаюмов њамљоя бо муттахассисони Институти Арктика ва Антарктида уќёнуси Атлантик, уќёнуси Љанубї ва ќитъаи Антарктидаро мавќеи омўзиш фарор дода аст. Дар уќёнуси Љанубї ва Антарктида (стантсияи Мирнї) якљоя бо мутахассисон њолати яхбандї ва обшавии яхњоро омўхта аст.
Профессор А.Ќаюмов мутобиќшавии ќутбяиёнро ба шароити гуногуни иќлими курраи Замин њангоми шино кардан дар уќёнусњо ва ќитъаи шашум- Антарктида ташхис намудааст. Ин татќиќот яке аз моделњои сањењи омўзиши таѓйирёбии иќлим ба њисоб меравад ва чунин омўзиш дар шароити лабораторї аз имкон беру наст.
Дар натиља, њавои кураи замин гармшуда, бо обшавии пиряхњо шумораи селу обхезињо ва њаљми хисорот аз ин офатњо то рафт бештар мешавад. Аз љумла дањ соли охир дар Тољикистон гармшавии аз њад зиёди њаво ба назар мерасад, ки боиси афзоиши теъдоди офатњои табиї гаштааст. Шумораи пиряхњои хурд низ торафт дар љумњурї кам мешавад. Мисол: моњи январи соли 2008 дар Тољикистон якбора хунукшавии њаво ба ќайд гирифта шуд, ки 15- 20 рўз давом ёфт. Чунин њавои сарди дуру дароз хоси зимистони диёри мо набуд, ки он боиси сармо задани нињоли дарахтони субтропикї гардид.
Одатан дар љумњурии мо обшавии барфњои болои пиряхњо то нимаи авввали моњи август сурат мегирифт. Солњои охир бинобар якбора гармшавии њаво суръати обшавии пиряхњо афзуда истодааст. Гармшавии њаво барои гирифторони як ќатор беморињо, алалхусус беморони дилу рагњо, фишори баланди хун, диабети ќанд ва ѓайра мушкилињо пеш меорад.
Моњи июли соли 2015 њарорати нињоии њаво дар Тољикистон рўз то рўз баланд шуда дар водињо (њамчунин, дар ноњияи Дарвоз) ба +43 дараља, дар ноњияњои љануби вилояти Хатлон бошад, ба +44, +48 дараља расид. Сабабњои руй додани хатарњои экологї партофтани партовњо ба селроњањо боиси пуршавии сойњо гашта, њангоми боришоти зиёд сел маљрои худро иваз менамояд. Њамчунин, обёрии заминњо ба воситаи љўйбор ва ќубурњо дар талу теппањо баъзан боиси пайдоиши ярч мегардад.
Сари ваќт нагузаронидани корњои соњилмустањкамкунї дар ќитъањои нисбатан хатарноки соњили дарёњо бо нишондоди мушоњидањои чандинсола ва хусусиятњои гидрологии дарёњо ба зиёдшавии селњо дар мавсими обхезї мусоидат мекунад.
Асосгузори Сулњу Вањдати миллї- Пешвои Миллат Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар муколамаи интерактивии самти 2015 оид ба мавзўи «Ба хотири њифзи сайёраи мо ва дар љодаи мубориза бо таѓирёбии иќлим» низ суханронї намуд. Ба иттилои Эмомалї Рањмон тайи дањсолаи охир паёмадњои манфии таѓйироти иќлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, њар чи бештар аз худ дарак медињад. «Пажўњиши чандин солаи мутахассисони мо аз таќвияти таъсири таѓироти иќлим ба табиат ва вазъи иљтимоиву иќтисодї дар кишвар аз минтаќа гувоњї медињад», – изњор дошт Сарвари давлат.
Ќайд гардид, ки тибќи мушоњидањо тайи 60 соли охир ба њисоби миёна њарорати солонаи њаво дар Тољикистон ба андозаи 1 дараља аз рўи Селсия баланд шудааст, теъдоди рўзњои сербориш зиёд гардида, њодисањои ѓайриоддии гидрометорологї бештару шадидтар рух медињанд. Фаќат ба иллати офатњои табиии имсола ба иќтисоди кишвари мо ба андозаи садњо миллион доллари амрикої хисороти моддї расид. Мутаассифона, онњо ба талафоти љонї низ боис шуданд.
Ба андешаи Президенти љумњурї таъсири манфии таѓйироти иќлим ба њаљм ва сифати захирањои оби тзаи нўшокї рўз ба рўз возењтар мегардад. Тайи дањсолаи охир дар Тољикистон ба таври назаррас кам шудани масоњати пиряхњое, ки барои тамоми Осиёи Марказї ањамияти њаётї доранд, ба ќайд гирифта шудааст. Аз рўи маълумоти мављуда ба иллати таѓйироти иќлим дар њудуди кишвар то як њазор пирях нобуд шудааст.

Экология ва саломатии инсон

Саломатии одамро бештар сифати њаёти инсон муайян мекунад. Дигар љабњаи ин проблема бўњрони экологї вайроншавии муњити зист, ифлосшавии об, хок, њаво ва мањсулоти хўрокии пастсифат мебошад, ва саломатии одам хатарнок аст. Ин њолатњо ба саломатии одамон таъсир расонида, боиси ба вуљуд омадани касалињои зиёди сирояткунанда гардиданашон мумкин аст. Инчунин ба иќтисодиёти оила, кишвар низ метавонанд таъсир расонанд. Ифлосшавии муњити атроф омили асосии вайроншавии хусусиятњои ирсии организм гардида метавонанд, ба ѓаёр аз ин, тамокукашї, истифодаи нўшокињои спиртї, хўроки пастсифат норасоии инкишофи љисмониро ба вуљуд оварда, боиси пайдошавии касалињо мешавад. Ин њама њолатњо таќозои онро дорад, ки масъалњои экологї бояд њамеша дар мадди назари љањониён бошад. Њукумати Тољикистон барои нигоњ доштани муњити солими зист тадбирњои муассиру мухталиф меандешад. Дар ин љода ва бо маќсади иљрои ўњдадорињои мо оид ба татбиќи санадњои байналмилалї, аз љумла, Конвенсияи СММ оид ба таѓирёбии иќлим Чумњурии Тољикистон дар ќонунгузории ва сиёсати кории худ як ќатор тадбирњо андешида истодааст.
Офатњои табиие, ки њамасола ба амал меояд зери таъсири омилњои гуногун ба вуљуд омада, њисороти зиёд меоранд, ба монанди соли 2015 дар њудуди кишварамон дар ноњияњои ВМКБ, Рашт, Нуробод, Мастчоњ, Панљакент, Айнї, ки офатњои табии ба амал омаданд дар Минтаќаи Осиёи Марказї дар садаи XXI ду масъалаи экологии глобалї ташаккул ёфт.
Њаёти имрўзаро бе автомобил тасаввур кардан мушки аст. Бо мошин ба љои кору тањсил ва истироњат рафтан осону ба роњаттар аст. Аз рўи маълумоти омор њар даќиќа дар љањон як автомобил истењсол мешавад. Зиёдшавии теъдоди автомобилро мо њар рўз мушоњида мекунем. Рўз то рўз њаракат дар роњњои шањру ноњияњо бинобар аз меъёр зиёд будани автомобил мушкилтар мегардад. Имрўз 80% моли талаботи хољагии халќи љањон тавассути автомобилњо ба нуќтаи нињої расонида мешавад. Нисфи њаљмї мусофиркашонии дунё ба наќлиёти автомобилї рост меояд.
Дар баробари осону кўтоњ шудани масофа тавассути наќлиёти автомобилї ин намуди наќлиёт барои одамон ва муњити зист мушкилињои зиёд пеш меояд. Агар ба њисоби миёна дар сайёра ба 1 километри муррабаъ 5 автомобил рост ояд, дар шањрњои калонтарин ин раќам 200- 300 маротиба бештар аст. Автомобил яке аз манбаъњои асосии даромад низ ба шумор меравад.
Њар сол дар натиљаи истифодаи соляркаву бензин аз дудбарои мошинњо садњо миллион тонна моддањои зарарнок ба фазо ихрољ мешавад. Аз ин рў дар рўзњои офтобии бешамол боли фазои шањрњоро пардаи дуди ѓафси аз наќлиёт ихрољшуда мепўшонад. Мувофиќи маълумоти омори ИМА тамоми намуди наќлиёт 60% њаљми умумии ифлосии њаворо ихрољ менамоянд. 17% ифлосї ба саноат, 14% ба соњаи энергетика ва 9% ифлосињо ба гармкунии хонањо, сўзонидани партов ва ѓайра рост меояд.

Об- сарвати бебањои табиат

Расми об.

Бо ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Созмони Милали Муттањид соли 2003- ро Соли байналмилалии «Оби тоза», солњои 2005- 2015- ро дањсолаи амалиёти «Об барои њаёт» ва соли 2013- ро «Соли њамкорї дар соњаи об» эълон гардид. Бо пешнињоди Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон дањсолаи нави байналмилалї тањти шиори «Об барои рушди устувор» аз љониби беш аз 100 кишвар маъќул дониста шуд.
28 сентябри соли 2015 дар ќароргоњи СММ дар шањри НЮ- ЙОРК 70- солагии ин созмони бо нуфузи байналмилалї, иљлосияи 70- уми Маљмаи умумии СММ ва мулоќоти СММ дар сатњи олї љињати тасдиќи Рўзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 њамоиш доир гардид. Љумњурии моро дар ин чорабинињо Сарвари давлат Эмомалї Рањмон намояндагї намуданд.
Президенти љумњурї Эмомалї Рањмон дар чорабинии сатњи баланд дар СММ оид ба мавзўи «Њавасмандгардонии раванди татбиќи амалї ва дастёбї ба њадафњои рушди устувор дар соњаи об», ки бо ибтикори Тољикистон љамъ омада буд, суханронї намуданд.

Хулоса

Дар асри XX ва оѓози асри XXI экология ва њифзи муњити зист аз масъалањои муњими њаёти инсон гардид. Ифлосшавии муњит на танњо корхонањои саноатї, муассисањои хизмати маишї, наќлиёт ва ѓайра, ки партовњои зиёди истењсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, дарахтонро мебуранд, кабудизорњоро нест мекунанд, њайвонотро шикор карда, ба камшавии саршумори онњо сабаб мешаванд, гиёњњои шифобахшро решакан карда мувозинати табиатро вайрон мекунанд. Ташкили тарбияи самараноки экологии шањрвандон имконият фароњам меорад, ки инсон муњити зист ва биосфераро њимоя кунад, тоза нигоњ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сињату саломат умр ба сар барад, муњити аз љињати экологї тозаро ба наслњои оянда боќї гузорад. Тарбияи экологї ва њифзи муњити зист, пеш аз њама, њимояи генофонди миллатро дар назар дорад.
Бояд њар як шахс дар фаъолияти худ ба табиат ѓамхорона муносибат намояд. Табиат сиру асрори зиёде дорад, ки омўхтани њаматарафаи онњо ба мо бо осонї муяссар намегардад. Њар як амали инсон дар табиат бе љавоб намемонад. Табиат њам бар ивази он ѓамхорї ба инсон некї мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.