Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Географияи иктисодии Точикистон

Чумхурии Точикистон сермиллат мебошад. Мувофики шумораи соли 2011 ахолии Точикистон ба 7,6 миллион расидааст, ки дар чахон чои 90 умро аз чихати ахоли ишгол мекунад.
Хар сол ахолии Точикистон такрибан 100 хазор нафар зиёд мешавад. Афзоиши табии ахоли ба хар хазор нафар 19.2 кас мебошад. Ин дар байни дигар чумхурихо хусусан чумхурихои Аврупо нишондихандаи баландтарин аст.
Чумхурии Точикистон сермиллат мебошад. Мувофики шумораи соли 2011 ахолии Точикистон ба 7,6 миллион расидааст, ки дар чахон чои 90 умро аз чихати ахоли ишгол мекунад.
Хар сол ахолии Точикистон такрибан 100 хазор нафар зиёд мешавад. Афзоиши табии ахоли ба хар хазор нафар 19.2 кас мебошад. Ин дар байни дигар чумхурихо хусусан чумхурихои Аврупо нишондихандаи баландтарин аст.
Зичии ахоли. Бинобар кухсор будани кисми зиёди Точикистон ва гуногунии шароити табиию иктисоди ахоли нобаробар чойгир шудааст. Дар чумхури зичии миёнаи ахоли дар як км2 42,4 нафарро ташкил медиад. Зичии ахоли дар нохияхои кухсори чумхури нисбатан кам аст. Чунончи зичии ахоли дар Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон ба 1 км2 3,2 нафар рост меояд.
Точикон гайр аз Точикистон дар Узбекистон (кариб 1.5 млн) нафар Киргизистон (зиёда аз 123 хазор нафар), Казокистон (кариб 60 хазор нафар), Русия (такрибан 320 хазор нафар) зиндаги мекунанд. Шумораи умумии точикон дар чахон ба 25млн нафар мерасад.
Аз дигар мамлакатхои чахон точикон асосан дар Афгонистон, Эрон, Хитой ва мамлакатхои Шарки Наздик ва Шарки Миёна сокин мебошанд.
Дар чумхури аз чихати шумораи ахоли чои дуюмро узбекон (21фоиз) мегиранд. Онхо дар водихои кисми гарби ва шимолии чумхури сокин мебошанд. (нохияхои Турсунзода, Ч. Руми, Шахритус, Чаббор Рассулов, Нов). Дар чои сеюм русхоянд (8.1 %). Онхо дар шахру шахракхои саноати зиндагони мекунанд. Дар шахрхои Душанбе, Норак, Конибодом ва Чкаловск русхо нисбатан бештаранд.
Киргизхо бошанд (1.3%) дар Помири Шарки (нохияи Мургоб) ва дар Чиргатол ки хамсархади Киргизистон мебошанд, сукунат доранд. Дар Точикистон гайр аз ин тоторхо, немисхо, казокхо, яхудиён, туркманхо ва халку милатхои дигар низ зиндаги мекунанд.
Конститутсия Чумхурии Точикистон баробархукукии гражданхои Точикистонро новобаста аз нажоду миллат, чинс, мазхаб, пайдоиши ичтимои, боигари дар хама сохахои хочаги, давлати, мадани ва чамъиятию сиёси хифз мекунад.
Окилона истифода бурдани захирахои мехнати барои инкишофи истехсолоти чамъияти ва баланд бардоштани некуахволии халк ахамияти калон дорад. Дар Точикистон хануз хам хиссаи одамони машгули корхои хона ва хочагии шахси бештар аст. Сабаб пеш аз хама дар серфарзандист (хусусан дар дехот). Мавчудияти захирахои кувваи кори дар дехот, шахрхои хурд ва шахракхо водор месозад, ки сохахои калони хочагии халкро инкишоф дода, шабакахои муассисаю маданию маиширо васеъ намоем.
Холо аз микдори умумии ахолии машгули корхои хочагии халк 78.3% дар сохахои истехсолоти модди 21.7% дар сохахои гайриистехсоли (маориф, илм, маданият, санъат, тандурусти, хочагии комунали ва гайра банд аст.
Касбхои нисбатан маъмул – пахтакори, богдори, токпарвари, кухкани, бофандаги, ресандаги ва гайра мебошанд.
Яке аз масъалахои асосии инкишофи иктисодиёти чумхури окилона ва дуруст таксим кардани кувваи кори дар хама сохахои хочагии халк, ва зиёд намудани истехсолот мебошад. Аз худ кардани нохияхои кухсор ва ривоч додани иктисодиёти онхо низ корест басо мухим. Ин имкон медихад, ки захирахои мехнати дар махалхо окилона истифода бурда шаванд.

Саноат
Саноати хозираи Точикистон кариб пурра дар солхои Хокимияти Шурави ба вучуд омадааст. То ин дам дар Точикистон чун як гушаи дурдасти Русия корхонахои косибии хурд бартари доштанд.
Холо саноат сохаи асосии хочагии халк буда, 46 фоизи даромади миллиро медихад.
Холо хозира серсоха буд, аз 380 муассисию корхонахои калон иборат аст. Дар тули солхои 1940-1998 хачми истехсолоти чумхури беш аз 25маротиба афвзуд.
Дар таркиби саноати Точикистон вазни хоси саноати сабук ва хуроквори 54,9 фоизро ташкил мекунад (дар ИДМ 26,фоиз). Саноати чумхурии кариб пурра дар асоси ашёи хоми махалли кор мекунад. Чойгиркунонни саноат мофоки накша сурат мегирифта бошад хам,вале аз сабаби кухсор будани Точикистон нобаробар аст. Дар ду шахри калони чумхурии- Душанбе ва Хучанд зиёда аз 40 фоизи хачми махсулоти саноати истехсол карда мешавад.
Саноат дар шахрхои хурду миёна: Кургонтеппа, Уротеппа, Исфара, Кулоб, Конибодом, Панчакент, Турсунзода, Норак низ босуръат таракки карда истодааст.

Саноати вазнин
Саноати вазнин асоси хочагии халк ва пешрафти илму техника буд|, савияи тараккиёти иктисодии чумхуриро нишон медихад. Саноати вазнин Точикистон солхои охир бо суръат никишоф ёфт ва куллиян 54,7 фоизи хачми хамаи махсулоти чумхуриро медихад (дар ИДМ% 73,0 фоиз). Дар оянда низ тезонидани суръати афзоиши саноати Точикистон масъалаи хеле мухим мебошад.
Алхол сохахои асосии саноати вазинини чумхурй мошинсозй ва коркарди металл, сузишворию энергетики, металлургияи ранга, электроэнергетика ва кимиё ба шумор мераванд. Ин сохахо 3-4 хачми махсулоти саноати вазнинро истехсол мекунанд. Саноати масолехй сохтмон ва коркарди чуб низ инкишоф ёфтааст.
Мошинсозй ва коркарди металл сохаи мухими саноати вазнин буд зиёда аз 70 корхонаи калонро дар бар мегирад. Ин корхонахо дастгохи бофандагй, яхдон, трансформатор, асбобхои рушноидех, култиватор ва кисмхои эхтиётии тракторхо, плитахои газ, кабел ва дигар махсулот мебароранд.
Заводхои “Точиктекстилмаш”, заводи ба номи Орчоникидзе “Торгмаш”, заводи яхдон (Душанбе), “Гидроагрегат”, заводи зарфхои сирдор (Хучанд), заводи кисмхои эхтиётии автомобил (Конибодом) корхонахои калонтарин мебошанд.
Солхои охир инкишофи мошинсозй аз хисоби чихозонидани кор¬хонахои мавчуда, нав кардани техника ва самаранок истифода бур- дани иктидори онхо амалй мегардад. Дар оянда ривоч додани сохахои саноате, ки металро кам талаб мекунанд (асбобсозй, элект¬ротехника, мошинхои обёрй ва рохсозй) мувофики максад аст.
Саноати сузишворию энергетики аз даххо корхона иборат аст, ки бо ангишт, нефт, гази табий ва кувваи об кор мекунанд.
Дар чумхурй даххо кони ангишт ёфт шудааст (ба хотир оваред). Аксари онхо дар нохияхи кухсори дурдаст чойгир шудаанд ва аз хамин сабаб истифода бурда намешаванд. Пеш аз кони ангишти Шуроб соле то 500 хазор тонна ангишти бур истихроч мекарданд. Ангишти Шуроб чун сузишвории энергетики дар рузгор корбаст мешавад. Аз кони Фону Ягноб соле 50 хаз. тонна ангишт мегиранд. Ин кони калонтарини ангишти аълосифати Осиёи Миёна буда, захираи саноатии он ба 840 млн. тонна мерасад ва дар оянда комилан ба истифода дода хохад шуд. Дар солхои наздик истифодаи васеъи кони ангишти Назарйлок низ дар назар дошта шудааст. Захирахои геологии ин кон ба 212,5 миллион тонна расида, сифати нихоят ба¬ланд дорад, Дар таркиби як тонна ангишт хокистар хамагй 0,6 фоизро ташкил медихад. Хол он ки ин нишондиханда дар кони Экибастуз ба 30 фойз мерасад. Мувофики тадкикоти як катор институтхои марказй сифати антратсияи кони Назарайлок ба худ хамто надорад ва танхо дар Ветнам кони Ха-тау ба он монанд аст. Дар таркиби ангишт Назарайлок боз даххо намуди элементхои дигари нодиру камёфт муайян карда шудааст.
Нефт дар чумхурй нисбатан кам аст. Нефтро каму беш дар Точикистони Шимолй (конхои Равот, Айритон, Ниёзбек, Маданият, Махрам,
Конибодом) ва Точикистони Чануби Гарбй (Кичикбел,
Сулдуэй, Шамбарй, Бештентак, Окбошадир) истихроч мекунанд. Не¬фти Точикистон катрон ва сулфури бисёр дошта, сифаташ нисбатан паст мебошад. Он барои истехсоли битум истифода шуда, ащёи бехтарин барои асфалткунии рох мебошад, Нефтро ба заводхои коркарди нефти Узбекистон (Андичон) ва Туркманистон (Чорчуй) мефиристанд.
Конхои асосии гази чумхурй Кизилтумщук, Сулдузй, Хочасартез ва гайра мебошанд. Солхои охир дар Точикистон хамагй 48 млн. м3 газ ва 25 хаз. тонна нефт истихроч шуд. Ин талаботи чумхуриро конеъ карда наметавонад, бинобар тавассути кубур аз дигар давлатхо газ гирифта мешавад. Вале аз руи тадкикоти геологхо захираи умумй- геологии нефт ба 467 млн.т. ва газ ба 1036 млрд. м3 бахо дода меша¬вад.
Х,оло дар худуди Точикистон зиёда аз 100 структурахои эхтимолии нефту газдор муайян карда шудааст, ки аксарияти он дар кисми чануби гарбии чумхурй чойгир шудаанд.
Тавре кайд шуд, Точикистон захирахои зиёди гидроэнергетики
дорад, ки хануз пурра истифода бурда намешавад. Дар баробар даххо стансияхои электрикии олавй чумхурй чандин стансияхои калони обй мавчуданд, ки якчоя соле такрибан 18 млрд. квт-соат кувваи электр истехсол мекунанд, ки зиёда аз 90 фоизаш ба хиссаи стансияхои электрии обй рост меояд. Алхол чумхурй нисбати Латвия 2,7 баробар, Киргизистон 1,7 баробар ва Туркманистон 1,2 баробар зиёдтар энергияи электрикй истехсол менамояд. Ин нисбат ба солй 1940 253 баробар зиёд аст. Ба акидаи олимон иктидори дарёхои Точикистон соле 286 млрд. квт-соат кувваи электр мебошад (киёс кунед 18 ва 286 млрд. соат) ки ин барои боз хам инкишоф додани гид- ронергетика шароити мусоид фарохам меорад.
Дар байни давлатхои Осиёи Миёна Точикистон аз чихати захираи гидроэнергетики чои аввалро мегирад (ба хиссаи он 54 фоиз рост- меояд). Захираи об ба 1 км2 дар Точикистон аз хисоби миёнаи ИДМ 13 баробар бещтар аст.
Дар тули солхои Хокимияти Шуравй дар дарёхои Точикистон
ГЭС-хои “Дустии халкхо”, Норак, Бойгозй, каторстансияхои Варзоб, Вахш сохта шудаанд. Гэс-и Норак асоси Комплекси минтакавию территориявии Точикистони Чанубй (КМТТЧ) мебошад. Дар ин чо дар заминаи энер¬гияи арзон сохахои энергия талаби истехсолот (истехсоли нурихои минералй, металхои ранга ва нодир) инкишоф меёбад.
Иктидори стансияи элект¬рии обии Рогун, ки сохтмонаш давом дорад, 3,6 млн. квт-соат аст. Баландии сарбанди он 335 м мебошад. Ин аз манораи машхури Эйфели Париш баландтар мебошад. ГЭС-и Рогун соле 13млрд. квт-соат (ГЭС-и Норак 11,2 млрд. квт-соат) кувваи электр истехсол хохад кард. Масохати обанбори он 160 км2, чукуриаш 300 м аст. Ин калонтарин стансияи баркии обии Осиёи Марказй буда, бо кумаки Русия ва дигар давлатхо бунёд мешавад. Барои тезонида- ни суръати сохтмони ГЭС-и Рогун Покистон ёрии амалй хохад расонид.
Дар айни замон сохтмони ГЭС-и Сангтуда босуръат идома дорад.
Кувваи барке, ки истгоххои обии баркии чумхурй истехсол мекунанд дар хама сохахои хочагй истифода мешавад. Арзиши 1 квт- соат кувваи барки каторстансияхои Вахш аз дигар манбаи нерухои баркй хело арзон мебошад. Оянда дар дарёхои Вахш ва Панч ист¬гоххои баркии обии нав сохта хоханд шуд.
Металлургиям рангаи Точикистон як катор корхонахои калонро дар бар мегирад, ки маъдани истихроч карда консентрат истехсол мекунанд. Ин корхонахо силсилаи коркарди пурра надоранд: махсулоти онхо ба дигар нохияхо фиристода мешавад (дар он чо аз кон¬сентрат гайр аз металлхои асосй элементхои нодир низ мегиранд). Корхонхои асосии истихрочи маъдани металлхои ранга дар Точи¬кистони Шимолй ва Точикистони Марказй чойгир мебошанд. Кон¬хои металлхои рангаи Точикистон дар чойхои душворгузари кух вокеъ гаштааст ва хусусияти комплексй доранд. Барои коркарди онхо технологияи мураккаб ва харочоти бисер лозим аст.
Корхонаи асосии металлургияи рангаи чумхурй заводи алюминий меошад. Завод дар шахри Турсунзода чойгир шудааст. Соли 1975 дар завод аввалин металл гудохта шуд. Заводи алюминий яке аз корхо¬нахои калонтарини чахон буда (12 корпус дорад) ва аксар ба вазъи экологии нохияхои атроф таъсири манфй мерасонад. Зиёда аз 90 фоиз махсулоти завод навъи аъло аст. Завод бо кувваи арзони стансияи электрии обии Норак кор мекунад. Алхол ашёи хомро барои завод аз дигар кишвархо мекашонанд. Баъди аз худ шудани кони нефели¬ну сиенити Турпй завод бо ашёи хоми махаллй таъмин мегардад. Дар завод мутахассисони тахчой низ камол ёфтаанд.
Металлургияи сиёх дар Точикистон суст тараккй кардааст. Он аз истехсолоти рехтагарй иборат буда, дар корхонахои “Точиктекстилмаш”, “Торгмаш”, “Точикгидроагрегат” (Душанбе) ба рох монда шудааст.
Саноати химияи Точикистон сохаи нав аст. Вай аз даххо корхо¬нахо иборат мебошад. Корхонаи аз хама калотарини ин соха заводи нурихои нитрогендори Вахш (Сарбанд) ва заводи электрохимиявии Ёвон мебошад. Ин корхонахо кувваи барки арзонро истеъмол кар¬да, аммиак, карбамид, хлор, соддаи каустикй мебароранд. Махсулоти ин корхонахоро дар саноат ва сохахои кишоварзии нафакат Точикистон, балки Узбекистану Туркманистон низ кор мефармоянд. Дар чумхурй барои ривочи сохахои саноати гидролизй (дар асоси гузапоя) имкониятхои калон мавчуданд.
Саноати коркарди чуб нисбатан суст инкишоф ёфтааст. Вай асосан куттихои чубин, мебел, плитахои тахтагин истехсол мекунад. Корхонахои ин соха дар Душанбе ва Хучанд чойгир мебошанд. Саноати коркарди чуб кариб тамоман дар асоси ашёи хоми аз дигар кшивархо овардашуда кор мекунад, зеро дар Точикистон чангал хеле камаст.
Саноати маснуоти сохтмон барои тезонидани суръати индустрий конии чумхурй, бо манзил таъмин кардани мардум, сохтмони шахрхо, рох ва гайра зарур аст. Ин сохаи саноат ашёи хоми махаллиря кор мефармояд: гач, per, охак, доломит, санг, гил ва гайра. Захираи^ ин ашёхо дар Точикистон бисёр аст. Корхонахои ин сохаи саноат, семент, шифер, сафоли бомпушй, маснуоти охану бетонй, тахтадевор ва гайра. истехсол мекунанд.
Корхонахои саноати масолехи сохтмон бисёр буда (заводи сементи Душанбе, комбинати масолехи бинокории Душанбе, комбинатхои хонасозии Душанбею Кофарнихон, заводхои охану бетонии Душанбею Хучанд ва гайра) кариб дар хамаи нохияхо чойгир шудаанд. Солхои охир сохтмони заводхои хишт хеле зиёд гардид. Заводи сементи Душанбе солхои Чанги Бузурги Ватанй сохта шудааст. Икти¬дори он ба 1 млн. т семент баробар аст. Комбинати масолехи бино¬кории Душанбе бошад, соле 50-60 млн дона шифер истехсол меку¬над.
Дар тули дахсолахои охир дар чумхурй як катор комбинатхои калони хонасозй ва заводхои конструксияи охану бетонй сохта шуданд. Дар натича кори сохтмони манзил пеш рафт. Барои аз деворхои яклухт сохтани бинои истикоматие, ки 60 хучра дорад, як мох зарур аст (хамин навъ хонаро аз хишт дар ду мох месозанд).
Дар Хучанд заводи шиша мавчуд аст, ки шишахои консерв, шищаи тиреза, блокхои шишагин истехсол мекунад. Дар оянда сохтмо¬ни чунин завод дар шахри Турсунзода ба накша гирифта шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.