Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Сказки

Сказки

Чазои хилагар

Чазои хилагар

Сказки
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада бо сангпушту мӯрча вохӯрд. -Ту кӣ? - пурсид аз сангпушт! -Мана мепурсӣ? Ман сангпушт. -Ин ҷонварак чӣ? - Рӯбоҳ мӯрчаро нишон дод. Ин дӯсти ман - мӯрча. -Дӯсти ман мегӯӣ? - тамасхур кард рӯбоҳ. Ту магар аз зоти хазандаҳо нестӣ? -Ҳа, ман хазандаку, тасдиқ кард сангпушт. -Ин мӯрча аз зоти ҳашаротку, чӣ xел ин кати ту дӯст шуд? Чӣ фарқаш ҳаст, ин ҳам ҷонвар, ман ҳам ҷонвар, гуфт сангпушт. Рӯбоҳ ин гапро шунида, фикр кард, ки чонварҳои нодонро фиреб кардан даркор. Чунон фиреб кардан даркор, ки як умр фаромӯш накунанд. Агар ҳамин хел накунам, номи ман рӯбоҳ лақабам айёр нест, қасам хӯрд рӯбоҳ дар дилаш. -Набошад, ман ҳам ба шумоён дӯст, гуф
Бузу гусфанду гусола

Бузу гусфанду гусола

Сказки
Як бузи қӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт: -Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан гир, ман аз дигар тараф мехӯрам. Охир буз розӣ шуд. Ҳар ду аз ду тарафи замин алаф хӯрда гаштанд. Як рӯз ба як тарафи замин як гӯсола даромад. Бузак хез карда омаду гӯсоларо шох зада, пеш кардани шуд, гӯсола гуфт: -Ҷӯра, ман ҳам бо шумо аз ин алаф хӯрам, ин алаф, ки тамом шуд. Боғи Шимол меравем хазон мехӯрем. Бузу гӯсфанду гӯсола чанд рӯз алаф хӯрда гаштанд, алаф тамом шуд. Онҳо ҳар се ба сӯи Боғи Шимол равон шуданд. Рафта истода буданд, ки аз роҳ як пӯсти гург ёфтанд. "Ягон вақт дар
Нахутак

Нахутак

Сказки
Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт. Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе тақ-тақ мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани деҳкон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи зебо ва кулчаи равғанин овард. Дар рӯи суфа кӯрпачаи мулоим партофта, пирамардро ба нишастан даъват намуд. Пирамарди ришсафед чой нӯшид, нон хӯрд, ба чолу кампир миннатдорӣ изҳор карду ба онҳо гуфт: - Худоё, ҳар нияте, ки дошта бошед амалӣ гардад! Ҳамин тавр, воқеан, орзуи деринаи деҳқону занаш амалӣ шуда, дар хонаи онҳо писаре таваллуд шуд, ки хурдакак буд ва падару модараш ӯро Нахӯтак ном ниҳоданд. Солҳо гузашт ва Нахӯт
Вазири зирак

Вазири зирак

Сказки
Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ cap шуд. Подшоҳ, аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтода, намедонист, ки чӣ кор кунад ва мардумашро аз марг чӣ гуна наҷот диҳад. Бисёр фикр кард, вале ба натиҷае расида натавонист. Ба чунин қароре омад, ки сарварии кишварро барои як сол ба вазираш супорад ва худаш ба назди бародараш, ки подшоҳи кишвари ҳамсоя буд рафт. Вазир сарвари мамлакат шуд. Акнун ӯ фикр мекард, ки мамлакатро чӣ тавр аз гуруснагии марговар наҷот дихад. Баъди фикри дуру дароз вазир тасмим гирифт. Ӯ ба хазинаи подшоҳ рафта, тамоми тиллову тангаро баробар ба мардум тақсим кард. Баъд ба мардум рӯ оварда гуфт: - Ман ин пулҳоро ба шумо бар
Хаёлпараст

Хаёлпараст

Сказки
Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мекард. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! Ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш ҷола борад ҳам аз ҷояш намехест. Боре занак ба писараш гуфт: - Ман пир шудам, дигар барои як луқма нон ҳам кор кардан бароям мушкил аст. Акнун вақти он расидааст, ки ту дар бораи кор фикр кунӣ. Ҳамаи мардҳо бо як коре машғуланд: аз пахта ҳосил мегиранд, боғеро обод мекунанд, бо ягон ҳунаре ва ё тиҷорате машғуланд. Ту ягон коре карда наметавонӣ, ҳунаре ҳам надорӣ, ҳадиақал бо тиҷорат машғул шав. Шояд ягон пули пучак кор кунӣ? Ин гапҳоро гуфта, занак ба писараш сабадеро бо тухм дод. Аз бекорӣ писар бо тухмҳо сӯи бозор рафт. Рафт,
Лаку Пак

Лаку Пак

Сказки
Буд, набуд, дар рӯи ин олам Лаку Пак буд. Лак зани Пак буд. Лаку Пак духтари зебое доштанд, вале аклаш норасо. Як рӯзе ба хонаи онҳо хостгор омад. Лак хостгорҳоро дида ба духтараш гуфт: - Духтарам, ба ту хостгор омад. Рафта об биёр. Чаққон бош, ки хостгорҳо «духтари бадаступо будааст» гуфта, туро хуш кунанд! Духтар кӯзаро гирифта, тозон ба лаби ҳавз рафт. Об гирифта истода фикр кард, ки: "Раваду хостгорҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Баъд як писарча таваллуд кунам. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: "Ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем". Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли

Марди дехкон ва кузаи зар

Сказки
Як деҳқоне буд. Камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта, пинҳон кард. Пинҳон карду cap бардошта дар раҳе, ки аз назди саҳро мегузашт, савореро диду ба дилаш алав афтод. "Рафту ин одам кӯзаи зар ёфтани маро дида бошад, - фикр кард деҳқон, - пеши подшоҳ раваду хабар диҳад, подшоҳ маро ба зиндон андозад. Беҳтараш, - фикр кард деҳқон, - даъват кунаму зарро ду тақсим карда гирем". - Эй савора! - гуфт деҳқон, - назди ман биё! Савора пешаш омада, вохӯрӣ карду пурсид: - Хуш, бобо, чӣ гап дорӣ, маро аз роҳам доштӣ? "Маълум, ки надидааст, - фикр кард деҳқон, - беҳуда ҷеғ задаам». Ҳамин хел фикр карду

Рубох ва паланг

Сказки
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард. Паланг ҳайрон шуда, пурсид: - Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? - Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қадар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз ҷариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст. Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту д

Саги чашмгурусна

Сказки
Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту саросема ба даҳонаш гирифта, гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи вай буд. "Оҳо, устухони вай аз устухони ман калонтарку!" - аз дил гузаронд саг ва устухонашро партофта, худро ба об андохт. Устухон ҳам ҳамроҳи ӯ ба об рафт. Об тез буд, саги чашгурусна бо сад азоб шино карда истода фаҳмид, ки аз ин мондаву аз он ронда шудааст.

Хирсаки серкор

Сказки
Рӯзе хирс саҳари барвақт хеста ба ҷангал барои ҳезум меравад. Баъдан ба хона бармегардад оташ дар мегиронад ва барои кӯдаконаш шӯрбо мепазад ва барои бедор намудани кӯдаконаш меравад, баъд аз чанде бӯи шӯрбо ба машомаш мерасад ва давидакунон ба назди дег меояд. Худ мегӯяд: "Намак ва қаламфури гузошта, куҷо бошад то ки бинам чигуна хӯрок бомазза шудааст." Вай як дугонаи рӯбоҳ дошт, ки дар ҷангал хеле машҳур буд. Хирс қарор гирифт, ки рафта аз дугонааш мурч гирад. Хирс саросемавор сӯи хонаи рӯбоҳ мерафт, то ки шӯрбояш пухта насӯзад, ки дар ҳамин вақт аз роҳаш харгӯш баромада мегӯяд: - Хуби нағзи дугона? - Хона биё, бо карам зиёфатат мекунам. Ин гуна онҳо қариб ду соат сӯҳбат карданд. "Эй кош бо харгӯш вонамехӯрдам, ин қадар вақтамро бефоида гузаронидам", -инро гуфту ба роҳаш шитофта р