Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Мохият, вазифахо ва намудхои пул.

Нақша:
1. Моҳият ва вазифаҳои пул;
2. Таърихи пайдоиши пул;
3. Намудҳо ва шаклҳои пул.

1. Моҳият ва вазифаҳои пул
Пул категорияи иқтисодиест, ки ба воситаи он муносибатҳои чамъияти ташкил меёбад ва инчунин пул воситаи муаӣянкунандаи арзиши мубодилавӣ, воситаҳои муомилот, пардохт ва андухт баромад мекунад.
Пул моли махсусест, ки арзиши молҳои дигаро ба воситаи он муаӣян мекунанд. Пул эквиваленти молҳои дигар аст.
Пул вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
1) Ченаки арзиш – пул ҳамчун эквиваленти умумии молҳо арзиши тамоми молҳоро ифода мекунад, яъне арзиши ҳамаи мол, кор ва хизматрасониҳо бо пул чен карда мешавад.
2) Воситаи муомилот – дар бозор муомилот фақат бо пул сурат мегирад. Пул аз дасти харидор ба дасти фурӯшанда гузашта пули ӯ ба мол табдил меёбад ва моли фурӯшанда ба пул. Ин ҷараёни муомилотро чунин ифода мекунад: М-П-М.
Дар ин марҳилаҳои мубодила пул нақши миёнаравро иҷро мекунад. Пул дар вақти иҷро кардани вазифаи худ ҳамчун воситаи муомилот, дар ҷараёни муомилот бояд дар шакли нақдӣ баромад кунад.
3) Воситаи пардохт – ин вазифаи пул дар натиҷаи уҳдадориҳои молияви ба вуҷуд меояд, яъне ҳангоми бар гардонидани уҳдадориҳои қарзӣ, ҳангоми пардохти музди менат. Қисми дигари субъектҳо аз сарчашмаҳои муқараркардаи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷет андоз пардохт менамоянд. Дар инҷо пул ҳамчун вазифаи воситаи муомилот будани худро иҷро мекунад.
4) Воситаи андухт (ҷамъкунӣ) – пул ба дорандаи худ имконияти ба даст овардани молҳои дилхоҳро фароҳам оварда метавонад. Аз ҳамин ҳисоб ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар суратҳисобҳо, хазинаҳо танхо пул ҷамъ мекунанд.
5) Пулҳои ҷахонӣ – алоқаҳои савдои хориҷӣ, муносибатҳои молиявии баӣналмилалӣ боиси паӣдоиши пулҳои ҷаҳонӣ мегарданд. Пул ин вазифаи худро дар муносибатҳои баӣналхалқии иқтисодӣ дар шакли нақдӣ ва ғаӣринақдӣ иҷро менамояд. Аӣни замон вазифаи пулҳои ҷахониро доллар, евро, фунт-стерлинг, иен ва юан иҷро мекунад. Ҳамаи ин панҷ вазифаи пул бо ҳам алоқаманд буда, дар ягонаги моҳияти асосии пулро ҳамчун эквиваленти умумии молҳо ва хизматрасониҳо маънидод мекунад.
2. Таърихи пайдоиши пул.
Дар адабиёти иқтисодӣ оиди паӣдоиши пул ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Тибқи ақидаи мухаққиқон тангаҳои фулузӣ дар асрҳои 12-уми пеш аз мелод дар Чини Бостон паӣдо шуданд. Баъдтар бостоншиносон аз сохилҳои Баҳри миёназамин тангаҳоеро ёфтанд, ки ба асрҳои 16-17 пеш аз мелод таълуқ доштанд онҳо вазни якхела, андозаҳои якхела ва нақшхои якхела дошта оҳиста-оҳиста шакли давраро гирифта барои истифода мувофиқ гардонида шуда буданд. Дар давраҳои давлатдории Сомониён низ дар муомилот тангаҳои фулузӣ буданд. Дар он давра тангаҳо бо номи динор (тангаҳои тиллоӣ), дирам (тангаҳои нуқрагӣ)дар муолимот буданд. Дар асри 20 ин тангаҳо бо худ номи (исмоилӣ)-ро гирифтанд.
Бо мурури замон дар баробари пешравии истеҳсолот талабот бо пулҳои коғазӣ паӣдо шуданд. Мувофиқи ақидаи бостоншиносон, дар асри 12 аввалин бор пулҳои коғази хамчун воситаи муомилот дар давлати Чин пайдо шуданд. Баъдтар дар асрҳои 16-17 пулҳо дар Амрико ва дар Русия соли 1769 дар муомилот пайдо шуданд.
Пул ду давраро аз сар гузаронида аст:
1. Биметамизм – низоми пулиест, ки дар он нақши эквиваленти умумии молҳоро ду метал (нуқра ва тилло) иҷро мекунад. Биметаллизм калимаи лотинӣ буда би-ду ва метал-филиз тарҷума мешавад, яъне дар муомилот ҷои доштани ду филизӣ мебошад.
2. Монометаллизм – низоми пулиест, ки дар он танҳо як филиз тилло ё нуқра накши эквиваленти умумии тамоми молҳоро иҷро мекунад. Дар низоми монометаллизм асосан тилло нақши эквиваленти умуми тамоми молҳоро иҷро мекунад.
Пул яке аз кашфиётҳои бузурги инсон аст(К.Маркc) ва бе қонуният ва тартиботи муайян пайдо шудааст.
Аз сарчашмаҳо бар меояд, ки пул дар натиҷаи ивазшавӣ ё табдилдиҳии як мол ба моли дигар пайдо шудааст.
3. Намудҳо ва шаклҳои пул.
Аз таърихи паӣдоиши пул то кунун чор намуди он маъмул аст:
1. Тангаҳои филизӣ – тангаҳои сиказадашудаи махсусеро меноманд, ки аз филизоти махсус сохташудаанд ва онҳо вазну андозаи якхела дошта дар муомилот истифода бурда мешаванд;
2. Пулҳои коғазӣ – гуфта пулҳоеро меноманд, ки аз коғазҳои махсус сохта шуда дар муомилот ба сифати пули нақд истифода бурда мешавад. Гардиши пулҳои коғазӣ дар муомилот тибқи қонунгузориҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Вазифаи асосии пулҳои коғазӣ ҳамчун воситаи муомилот, воситаи пардохт ва андухт баромад кардан мебошад.
3. Пулҳои қарзӣ – дар натиҷаи инкишофу таҳовули сармояи қарзӣ, такмилу рушди вазифаи пул ҳамчун воситаи пардохт, густариш ёфтани соҳаҳои хочагии халқ ба арсаи муомилот баромаданд.
Ба пулҳои қарзӣ дохил мешаванд: васиқа, бонкнот, чекҳо ва ғайраҳо.
4. Пулҳои электронӣ – пулҳое мебошанд, ки дар суратҳисобҳо ба сифати хотираи кампютерӣ дар бонкҳо ҷоӣгир шудаанд, идораи онҳо таввасути воситаҳои махсуси електронӣ ба рох монда мешавад. Пайдоши пулҳои электронӣ табаддулоти наве дар олами муомилоти пулӣ буда, дар асоси истифодаи мувафақиятноки воситаҳои электронии хисоббаробаркун дар соҳаи бонкӣ имконияти иваз кардани чекҳо бо кортхои плостинкӣ дар назар дошта мешавад. Кортҳои пластикӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ бароварда мешавад. Дар муомилот намудҳои гуногуни кортҳои пластикӣ (visa, wester union, master-card) истифода карда мешавад.
Аз рӯи шаклҳо пулҳо мешаванд: нақдӣ ва ғаӣринакдӣ.
Пулҳои нақдӣ гуфта, мо ҳаракати пулҳои накдии дар муомилот бударо дар назар дорем. Дар вориди гардиши пули нақдӣ пул дар муомилот ду вазиваро иҷро мекунад: воситаи пардохт, воситаи муомилот.
Гардиши пулҳои ғаӣринақди бе иштироки пулҳои нақд сурат мегирад. Он ба воситаи гузаронидани воситаҳои пулӣ, тавассути суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзӣ бо розигии тарафайн ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.