Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Карзи давлати

Нақша:
1. Зарурият ва моҳияти қарзи давлатӣ.
2. Вазифаҳои қарзи давлатӣ.
3. Шаклҳо ва усулҳои қарзи давлатӣ.

1. Зарурият ва моҳияти қарзи давлатӣ.
Вақте, ки як шахс ва ё корхона ба истеҳсоли мол машғул мешавад, барои вай маблағҳои пулӣ барои харидани ашёи хом, сузишворӣ ва дигар воситаҳо – олоти истеҳсолот ва таҷҳизот, мошинҳо, биноҳои истеҳсолӣ ва ғайра, яъне воситаҳои истеҳсолот лозим мешавад. Ба забони иқтисодӣ олоти истеҳсолот ба воситаҳои истеҳсолотро воситаҳои гардон ба асосӣ мегуянд.
Воситаҳои гардон дар ҷараёни истеҳсолот аз сар мегузаранд, яъне:
а) дар аввал ба шакли захираҳои истеҳсолӣ (ашёи хом, сузишворӣ ва дигар ашёи (предмет) меҳнат, ки ҷараёни мунтазами истеҳсолотро таъмин менамоянд;
б) хароҷоти истеҳсолот (истеҳсоли нотамом);
в) маҳсулоти тайёр;
Таъмини ҷараёни мунтазами истеҳсолот талаб мекунад, ки дар ҳар давраи истеҳсолот як миқдори муайяни захираҳои истеҳсолӣ ба таври доимӣ бояд вучуд дошта бошад. Илова бар ин, дар ҳисоби субъектҳои хоҷагидорӣ (корхона) маблағи муайяни пулӣ низ бояд мавҷуд бошад ва дар якҷоягӣ бо захираҳои истеҳсолӣ, ҷараёни истеҳсолот бояд пайваста давом кунад.
Воситаҳои гардони субъектҳои хоҷагидорӣ гуфта, маблағҳои пулиро меноманд, ки дар ихтиёри онҳо буда, барои ташкили фонди захираҳои истеҳсолӣ ва фонди муомилот истифода мешаванд.
Воситаҳои гардони корхона ба 2 қисми асосӣ ҷудо мешаванд:
1. Воситаҳои гардони хусусӣ;
2. Воситаҳои гардони қарзӣ.
Воситаҳои гардони хусусӣ маблағҳои пулие ҳастанд, ки барои ташкили фонди захираҳои истеҳсолӣ ва фондӣ заруранд.
Дар ҷараёни истеҳсолот воситаҳои гардони хусусии корхона аз як шакл ба шакли дигар гузашта, баъди сипарӣ шудани як муддати муайян ба пул табдил мегарданд. Аммо истеҳсолот бояд бе танаффус давом кунад, бинобар ин, дар давраи то ба фуруш расидани моли тайёр корхона ба маблағҳои пулӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад ва ин маблағҳои пулӣ ба вай барои харидани захираҳои истеҳсолӣ зарур мебошанд. Ин маблағҳои пулиро корхона фақат аз бонк дарёфт мекунад ва бонк ин пулҳоро ба корхона ба шакли қарз медиҳад ва ин маблағҳои пулӣ воситаҳои гардони қарзии корхонаро ташкил медиханд.
Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки асоси иқтисодии мавҷудияти қарзи кутоҳмуддат вуҷуд доштани воситаҳои гардони корхона мебошад.
Фаъолият дар шароити иқтисоди бозорӣ талаб менамояд, ки сифати маҳсулот (мол) ба талаботи руз ҷавоб дода, талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намояд. Илова бар ин, истеҳсолкунандагони мол тахминан баъди ҳар 4-6 сол бояд таҷҳизот ба мошинҳоро нав мекунанд. Барои иваз намудани мошинҳои куҳна ба мошинҳои нав корхона ба маблағҳои пули иловагӣ зарурат пайдо мекунад. Корхона ин маблағҳои пулиро низ аз бонк ба шакли қарз мегирад ва мошинҳои нав харидорӣ намуда, онҳоро ба ҷои мошинҳои куҳна мегузорад ва ё васл мекунад. Азбаски давраи истифодаи воситаҳои асосӣ хеле дароз аст, аз ин хотир, қарз низ ба давраи нисбатан тулонӣ дода мешавад. Аз ин рӯ метавон бо қаноатмандӣ гуфт, ки асоси иқтисодии мавҷудияти қарзи дарозмуддати бонкӣ ин хусусияти истифода ба муҳлати хизмати воситаҳои асосии корхонаҳо мебошад.
Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки молистеҳсолкунандагон дар ҳолатҳои зарурӣ аз қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати бонкӣ истифода намуда, талаботи худро ба маблағҳои иловагӣ қонеъ карда, ҷараёни мунтазами истеҳсолотро таъмин менамоянд. Ин амали корхонаҳо дар навбати худ иқтидори иқтисодии корхона ва мамлакатро боло мебарад ба талаботи ҷамъиятро ба молҳои истеҳсолию истеъмолӣ ба як андоза қонеъ мегардонад.
Қарзи бонкӣ дар дигар маврид давраи фуруши молро метезонад, зеро дар ҳолати зарурӣ ба истеъмолкунанда ҷиҳати пардохти пули мол қарзи кутоҳмуддат дода мешавад ва харидор бо молфуруш ҳисоби худро баробар мекунад. Қарзи давлатӣ барои иқтисодиёт ва соҳибкорӣ фишори махсус буда, истеҳсолоти муфлисшударо ҷоннок мегардонад ва ба ҷараёни иқтисодиёт омили пешрафт мегардад.
Аз ин сабаб қарзи давлатӣ нисбат ба дигар намудҳои қарз хусусияти махсус дорад ва ҳамзамон ба таркиби фонди марказонидашудаи давлатӣ сахт алоқаманд аст.
Маҷмуи муносибатҳои иқтисоди байни давлат ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки давлат ба сифати қарздиҳанда, қарзгиранда ва кафолатдиҳанда баромад мекунад – қарзи давлатӣ номида мешавад. Ба воситаи қарзи давлатӣ сараввал восиатҳои пулӣ ҷамъ оварда шуда, барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ пеш аз ҳама хароҷотҳои давлатӣ истифода бурда мешавад. Қарзи давлатӣ характери истеҳсолӣ дорад. Зеро воситаҳои ба ин тарз ба вуҷуд омадан барои маблағгузориҳои иқтисодиёт истифода бурда мешавад.
Маблағҳои асосии муносибатҳои қарзи давлатӣ аз инҳо иборат аст.
1. Ҷалб кардани воситаҳои қарзи давлатӣ ҳамчун захираҳои молиявии давлат, ки ин маблағ ҷудо карда мешавад барои истеҳсолоти истеъмолӣ ва ғайриистеҳсолӣ.
2. Ҳисобот аз рӯи гирифтан ва додани қарз ва инчунин додани фоизи қарз аз ҳисоби воситаҳои буҷавии марказ.
2. Вазифаҳои қарзи давлатӣ.
Қарзи давлатӣ ҳамчун категорияи молиявӣ 3-вазифаи асосиро иҷро менамояд:
1. Тақсимкунӣ;
2. Танзимкунанда;
3. Назоратӣ.
1. Бо ёрии вазифаи тақсимкунӣ, қарзи давлатӣ такмилкунандаи фонди марказонидашудаи давлат буда, бо шартҳои ҳатмӣ, фоизнок, баргардонидан истифода бурда мешавад. Давлат ҳамчун қарзгиранда баромад намуда, бо ёрии маблағҳои иловагӣ хароҷотҳои худро маблағгузорӣ мекунад. Дар мамолики тарақикардаи ҷаҳон қарзи давлатӣ – сарчашмаи асосии пушонидани касри буҷет ба ҳисоб мераванд. Лекин дар шароити имруза сарчашмаи пушонидани касри буҷет андоз ва баъд қарзӣ давлатӣ ҳисоб ёфта истодааст. Характери мусбати вазифаи тақсимкунии қарзи давлатӣ дар он аст, ки бо ёрии он андозҳо дар вақташ баробар тақсим карда мешаванд.
2. Танзимкунӣ. Давлат муомилоти пулро танзим намуда, займҳоро дар байни гуруҳи гуногуни маблағгузорон ҷо ба ҷо мегузорад. Маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷалб намуда, қудрати пардохтро ба талабот кам менамояд. Агар аз ҳисоби қарз хароҷотҳои истеҳсолот молиягузорӣ шаванд, дар ин ҳолат ҳаҷми пулҳои нақдӣ дар гардиш буда, тамоман кам мешаванд. Дар ҳолати молиягузорӣ барои хароҷотҳои музди меҳнат (муаллимон, духтурон ва ғайра) ҳаҷми пулҳои нақдӣ ҳамон тавр бетағйир мемонанд.
Вазифаи танзимкунандаи қарзи давлатӣ аз он иборат аст, ки бо ёрии он давлат: ҳолати гардиши пул, сатҳи меъёри фоиз дар бозори пул ва сармояро ба танзим медарорад.
Давлат ба сифати қарзгиранда дар бозори молиявӣ баромад намуда, барои маблағҳои қарзӣ талаботро зиёд менамояд.
Чӣ қадаре, ки талаботи давлат зиёд шавад, ҳамон қадар сатҳи фоизи қарз баланд мегардад ва ин вазъият барои соҳибкорон гарон меафтад.
3. Вазифаи назоратии қарзи давлатӣ ба вазифаи назоратии молиявӣ монандӣ дошта, танҳо бо якчанд хусусиятҳо фарқ менамояд:
а) Қарзи давлатӣ – ба фаъолияти давлатӣ ва таркиби фонди марказонидашудаи пулӣ сахт алоқаманд аст;
б) Ҳаракати арзишнокӣ маблағҳоро дар 2-самт бо ҳолати баргаштан таъмин менамояд;
в) Барқароркунандаи на танҳо таркиби молия, балки ташкилотҳои қарзӣ низ ба ҳисоб меравад.
Асосан мақсаднок истифода бурдани маблағҳо, муҳлати баргаштан, сари вақт супоридани фоиз назорат карда мешавад.
3. Шаклҳо ва усулҳои қарзи давлатӣ
Мавқеъ ва нақши қарзи давлатӣ ба он оварда мерасонад, ки воситаҳои як давраи муайян холимондаи аҳолӣ ва инчунин корхонаю ташкилоту муасисаҳо барои маблағгузории аввалиндараҷаи давлат сафарбар карда шуда истифода бурда мешавад.
Қарзи давлатӣ асосан ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
1. Қарзи дохилӣ;
2. Қарзи берунӣ;
3. Қарзи шартӣ.
1. Қарзи дохилӣ гуфта, ин пеш аз ҳама муносибатҳои қарзии давлатӣ байни ҳукумат, мақомотҳои маҳаллӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии мамлакат дар шароитҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Яъне давлат ҳамчун қарзгиранда ва инчунин қарздиҳанда ба ҳисоб меравад.
2. Қарзи берунӣ иборат аст, аз маҷмуи муносибатҳои маблағи ҳукумат ва мақомотҳои маҳаллӣ аз як тараф ва ташкилотҳои молиявӣ, бонкӣ, байналхалқӣ аз тарафи дигар. Тарафе, ки қарз медиҳад давлатӣ донорӣ ё ин ки ташкилоти донорӣ ба ҳисоб меравад.
3. Қарзи шартӣ аз тарафи давлатҳои гуногун дода шуда, ҳамчун уҳдадории хукумат аз руи кафолати баргардонида додани дигар мамлакатхо аз руи займҳо (вомбаргҳо).
Шакли асосии қарзи давлатӣ займҳо ба ҳисоб меравад, ки онҳо маҷмӯи ҳамаи муносибатҳои пули қарзиеро ифода менамояд, ки давлат мавқеи асосиро ба сифати қарзгиранда иҷро менамояд.
Барои пушонидани камомадхои буҷет мақомотҳои идоракунандаи давлат маблағҳои қарзиро бо намуди заёмбарорӣ (вомбаргҳо) менамоянд.
Зайёмҳо бо шаклҳои зерин бо шартҳои гуногун ҷудо карда мешавад:
1. Аз руи вақти баргардондан;
2. Аз руи ҷой;
3. Тарзи ҷойгиркунӣ;
4. Арзи займ;
5. Аз руи эмитентҳо;
6. Намудҳои даромадҳо.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.