Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Мохият ва ахамияти молияи махалли

Нақша:
1. Зарурият, моҳият ва аҳамияти молияи маҳаллӣ;
2. Тартибу ташкили буҷети маҳаллӣ;
3. Даромадҳои буҷети маҳаллӣ;
4. Хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ.

1. Зарурият, моҳият ва аҳамияти молияи маҳаллӣ.
Молияи маҳаллӣ – муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба воситаи онҳо мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ, бавуҷудоӣ, тақсимот ва истифодабарии мувофиқи вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузоштаанд оиди қисми маҳсулоти ҷамъиятӣ дар шакли пул мебошад.
Молияи маҳаллӣ қисми таркиби молияи давлат аст ва иборат аст аз:
– буҷаи маҳаллӣ;
– фондҳои махсуси ғайрибучавӣ;
– молияи субъектҳои алоҳида.
Таркиб ва роҳҳои асосии молияи маҳаллӣ аз руи вазифаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва мақомотҳои идоракунандаи онҳо (маҷлиси намояндагони маҳаллӣ), маъмурияти маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ (местное самоуправление) ба рох монда мешавад. Имруз дар шароити устуворшавию барқарорёбии муносибатҳои бозорӣ доираи фаъолияти мақомотҳои маҳаллӣ васеъ шуда, мустақилияти ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, демографиро пайдо намуданд.
Ба зиммаи мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ вазифаҳои махсус оиди дар амал татбиқ намудани барномаҳои иҷтимоии давлат вобаста шудааст.
Чорабиниҳои молиявӣ оиди хизматрасониҳои аҳолӣ асосан аз ҳисоби захираҳои молиявии маҳаллӣ ташкил меёбад.
Муносибатҳои молиявии звенои маҳаллӣ ба воситаи қонун оиди низоми буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиб дароварда мешавад. Дар молияи маҳаллӣ нақши махсусро буҷаи маҳаллӣ ҳамчун молиявии идоракунии фаъолиятҳои мақомотҳои ҳукуматӣ иҷро мешавад.
Буҷаи маҳаллӣ (шаҳр, ноҳия). Даромад ва хароҷотҳои он вобастагӣ дорад ба ҳаҷми воситаҳои буҷаи давлатӣ мебошад.
Дар намуди буҷа ташкили муносибатҳои молиявӣ ба воситаи моил амал менамояд.
а) Марказонидани низоми шаклҳо ва усулҳои идоракунӣ, ҳаракати захираҳои молиявӣ ҳамчун ифодаёбандаи ҷараёни умуми афзоиши марказонидашаванда дар идоракунии иқтисодиёт бо мақсади аз буҳрон ва ношорӣ баромадан мебошад.
б) Ғайримарказонидани молия бо тезонидани зиёдшавӣ вазифаҳои мақомотҳои идоракунии молиявӣ, маҳаллӣ оиди бавуҷудоии ва истифодабарии мақомотҳои молиявӣ мебошад.
Тамоили дуюм асос меёбад ба наздикшавии мақомотҳои маҳаллӣ ба шароити маҳаллӣ, ҳавасмандии онҳо ба тараққиёти чиҳатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳудуд мебошад.
Шарти маъмуриятикунонии муносибатҳои молиявӣ пайдоиш ва амалиёти вазифаи назоратии молӣ мебошад. Гарчи камтар муайян намудани дохилии муносибатҳои молиявӣ ба назорати расмӣ афтад баръакс гарчи бештар назоратӣ – батартибдарории марказонидашуда.
Назария ва таҷрибаи молиявии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки буҷаи маҳаллӣ ҳамчун қисми таркибии мустақилонаи низоми буҷавӣ ба вуҷуд меояд.
Мустақилияти буҷаи маҳаллӣ, мақомотҳои идоракунии ҳудудӣ дар асоси даромаде, ки дорад худаш объекти буҷаро муайян менамояд андозаи даромад ва хароҷоти онро дақиқона ба таркибаш муайян мекунад.
2. Тартибу ташкили буҷети маҳаллӣ.
Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мувофиқи талаботи қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи ҳокимияти маҳаллӣ, дигар санадҳои меъерӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд, барои тартиб додани буҷетҳои маҳаллӣ мақоми молияи маҳаллӣ масъул мебошад. Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия, раисони Вилоят, вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳои тобеъи чумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд.
Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳаллӣ бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:
– нишондиҳандаҳои даромаду хароҷот барои соли навбатии молиявӣ ва давраи миёнамуҳлат;
– ҳисоби маблағи зарурии кӯмаки молиявӣ (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявиро ҷудо карда мешаванд.
Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконият медиҳанд, ки таклифҳои оиди буҷетро ҷамбаст ва таҳлил намояд. Дар мавриди руй додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳаллӣ, Вазорати молия қарор карда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеъи вилоят ва шаҳр ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия нишондиҳандаҳои даромад, хароҷоти бучетҳо, ҳисобҳоро оиди онҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 38 қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ пешниҳод менамоянд.
3. Даромадҳои буҷети маҳаллӣ.
Даромадҳои буҷаи маҳаллӣ аз даромадҳои андозу ғайриандоз инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошанд.
Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:
а) андозҳои маҳаллӣ, ки феҳристи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;
б) даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда барои буҷетҳои маҳаллӣ мувофиқи тартибе, ки қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муқаррар кардааст, ҷудо карда мешавад;
в) боҷи давлатӣ ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад.
Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:
а) даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия) мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзӣ ё дар шакли дигар ба буҷети маҳаллӣ ворид мешаванд:
б) кумаки молиявии беподош (дотатсия) – маблағҳои буҷетҳое, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумхурии Тоҷикистон барои пушонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт дода мешаванд;
в) мусоидати молиявӣ (субвенсия) – маблағҳои буҷетие , ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд;
г) кумаки молиявӣ (субсидия) – маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари ситемаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мутобиқи шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;
д) қарзгирӣ – маблағҳое, ки мутобиқи шартнома гирифта ба ҳамон андоз ва бо фоиз ё бе фоиз аз истифодаи он баргардонида мешаванд ва ё маблағҳое, ки аз руи онҳо ба қарздиҳанда фоиз дода мешавад ё дигар пардохти ба қарзпулӣ мансуб анҷом мегирад;
е) ӯҳдадории буҷетӣ – мутобиқи қонун (қарор) дар бораи буҷет ва феҳристи ҷамъбастии буҷет дар давоми муҳлати муқарраргардида иҷро намудани уҳдадорӣ оиди хароҷоти маблағи бучетӣ дахлдор, ки мақомоти иҷрокунандаи буҷет қабул кардааст.
Грантҳо – маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ ё мақомоти идоракунии давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ё аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ беподош ва бидуни қабул кардани уҳдадорӣ оиди ҷуброни онҳо барои дастгириии самти алоҳидаи сиёсати иқтисодӣ дода мешаванд.
Сармоягузорӣ (инвеститсия) – маблағҳое, ки барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва қоғазҳои қимматнок, пурра кардани захираи молҳо истифода мешаванд.
Интиқоли маблағ (трансфертҳо) – маблағҳои буҷетӣ, ки барои маблағгузории пардохтҳои ҷорию асосии аҳолӣ дар шакли нафақа, стипендия, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин маблағҷудокунӣ барои пардохти хароҷоти корхонаҳо, ташкилотҳои хусусии ғайритиҷоратӣ, ки ба аҳолӣ мақомоти идораи давлатӣ хизмат мерасонанд ва дар бобати маблағҳои мазкур ҳеҷ гуна уҳдадорӣ оиди пардохт пеш намеояд.
Ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатӣ – хизмати давлатӣ, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблағгузорӣ аз сатҳҳои мухталифи системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлатӣ ба андозаи ҳадди ақали имконпазиру муайян дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад ва ба он давлат кафолат медиҳад.
Ҳадди ақали таъминоти буҷетӣ – арзиши ҳадди ақали имоконпазири хизмати давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ аз маблағҳои буҷетӣ дахлдор дастрас мегардонанд.
Ҷараёни буҷет – фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар иштирокчиёни протсеси оиди ноҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ тасдиқ ва иҷрои онҳо ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешавад.
Даромад аз хизмати пулие, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилоҳои идоракунии буҷетӣ мерасонанд.
Воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ, аз ҷумла ҷарима, ҷубронпулӣ ва ҳоказо.
4. Хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ.
Аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблағгузорӣ мешавад:
1. Таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;
2. Ташаккули моликияти коммуналӣ дар маҳал ва идоракунии он;
3. Ташкил, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, матбуоти даврӣ ва нашрияҳои дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд;
4. Инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
5. Сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳо, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;
6. Ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳал;
7. Ташкили истифода ва коркарди партовҳои рузғор;
8. Ташкили хизматрасонии нақлиётии аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти комуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти хокимияти маҳаллӣ мебошанд;
9. Ҳифзи табиат дар маҳал;
10. Амалигардонии барномаҳои мақсадноки ҳокимияти маҳаллӣ;
11. Хизматрасониҳои қарзии ҳокимияти маҳаллӣ ва пардохти он;
12. Кумаки молиявии беподош ба аҳолӣ;
13. Гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагони ҳокимият.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.