Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Молия, мохият, зарурият ва конуниятхои инкишофи он

Нақша:
1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он;
2. Зарурият ва моҳияти иқтисодию иҷтимоии молия;
3. Молия, вазифа, нақш ва мақоми он.

1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он
Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, муносибатҳои пулиеро меноманд, ки дар раванди ташкил, тақсим ва истифодабарии фондҳои пулу амвол ба амал меоянд. Нишонаҳои авалини он ҳанӯз дар давраи аз байн рафтани ҷомеаи ибтидоӣ айён гардидаанд. Бо раванди ташаккули форматсияҳои ҷамъиятӣ ва тафаккури инсоният шакл ва намудҳои он тағйир ёфта меистод. Ҳангоми пайдо шудани давлатҳо бошад, онҳо хусусиятҳои ҳатмӣ пайдо намуданд. Бо раванди ташаккули давлатдорӣ шакл ва намудхои молия мукамал шудан гирифт.
Намунаи аввалини муносибатҳои молиявӣ ситонидани андозҳо буд, зеро дар натиҷаи онҳо фондҳои натуравие, ки дар ихтиёри давлат қарор доштанд, пайдо мешуданд. Таҷрибаи таърихии давлатдории халқият ва миллатҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳама макону замонҳо андоз ҳамчун восита ва асоси бунёди моддӣ ва мавҷудияти давлат сарфи назар аз тағйиротҳои шаклиаш буда, то кунун аз маҷро ва мазмуни аслии худ дур нарафтааст.
Агар ба таърих назар андозем, ҳар давлат бо тарз ва усули хос ба масъалаҳои андозии худ камар бастааст. Дар давлатҳое, ки аксарияти мардумони онро мусулмонҳо ташкил медиҳанд, асосан бо истифода аз дини ислом намуд ва меъёрҳои андоз муқарар карда мешуданд.
Масалан дар қаламрави давлати Сомониён намудҳои зерини андоз ситонида мешуд.
– закот;
– ушр;
– закоти фитр;
– хироҷ;
– андоз аз тиҷорати молӣ;
– ҳумс;
– ҷизия;
– боҷи гумрукӣ ва пардохти гумрукӣ;
– мусодира ва ҷаримаҳо.
Марҳилаҳои пайдоиши молия:
Марҳилаи аввал:
Пайдоиши молия ва муносибатҳои молиявӣ ба пайдоиш ва рушди муомилоти пулӣ ва дахолати давлат ба онҳо пайдо шудаанд.
Аввалан, дар Аврупои Марказӣ – дар натиҷаи якумин инқилоби буржуазӣ тартиботи монархӣ пайдо шуд, вале ҳукумати монархҳо бисёр бад маҳдуд шуда буд, ё аниқтарш қонуну қоидаҳое вуҷуд доштанд, ки сардори давлат (монарх) аз истифодаи онҳо озод буд. Аз ҷумла пайдошавии фондҳо ва воситаҳои пулии умумидавлатӣ, ки онро баъдан буҷет номиданд, ки шахсан сардори давлат наметавонист аз онҳо истифода барад, ташкил карда шуданд.
Аз ин ҷо бар меояд, ки аломатҳои аввалини пайдоиши молия – ин ба вуҷуд омадани фондҳо ва маблағҳои пулии умумидавлатӣ ҳисоб меёфт.
Марҳилаи дуюм:
Бавуҷудорӣ ва истифодабарии буҷет – бо тартиби муайян, ки раванди он аз тарафи мақомоти олии идоракунандаи давлат назорат ва танзим карда мешуд. Бо ташакули низоми давлатдорӣ ва таҳкими қонуният дар онҳо ин раванд ба ҳукми қонун дароварда мешуданд.
Дар ин давраҳо чаҳор намуди асосии хароҷотҳои буҷет муайян шуда буданд, ки онҳо чунин номгузорӣ шуда буданд:
1. Хароҷотҳо барои мудофиаи мамлакат (хароҷотҳои мақсади ҳарбӣ – амниятӣ дошта);
2. Хароҷотҳои барои идоракунии давлат (барои подшоҳон ва амалдорони онҳо дар маҳаллу минтақаҳо);
3. Хароҷотҳои барои иқтисодиёти ҷомеа (барои сохтмони бино ё корхонаҳое, ки манфиатҳои умумидавлатӣ доштанд);
4. Хароҷотҳои барои ҳалли ҷиҳатҳои иҷтимоӣ (барои нигоҳубинӣ як қисми аҳолӣ) – ин дар таркиби буҷети асрҳои 19 маблағи ночизро ташкил медод.
Харҷотҳои иҷтимоӣ дар Руссия дар охирҳои асри ХIХ пайдо шуданд. Дар он ҷойҳое, ки низони монархӣ вуҷуд дошт, ин қисми маблағҳо барои нигоҳубини хонаву ҷой равона мешуд. Масалан .дар миёнаи асри ХIХ бо ин мақсад дар буҷаҳои Англия – 1,05%, Франсия – 2,01%, Прусия – 3,4%, Русия – 2,7 % – хароҷотҳои умумии давдатӣ ташкил карда шуда буданд.
Марҳилаи сеюм:
Қисми даромадҳои давлат аввалан, аз ҳисоби ашёҳои натуралӣ ва ӯҳдадориҳои меҳнатӣ пур карда мешуд. Баъдтар бо мурури вақт ҷои онро шаклҳои пулии андоз гирифта, характери бештареро пайдо намуданд.
Хамин тариқ, танҳо дар чунин марҳилаи тарақкаёти давлатдорӣ муносибатҳои пулӣ шароити маҳсулоти ба вуҷудомадаро аз рӯи ченаки арзишашон тақсим менамоянд.
Муносибатҳои тақсимоткунӣ – қисми муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа мебошад ва молия ҳамчун инъикоскунандаи ифодаи объективӣ дар дораи муносибатҳои иқтисодӣ ҳисоб меёбад, ки худ як мафҳуми алоҳидаи иқтисодӣ аст. Бавуҷудоӣ ва истифодабарии фондҳои пулии давлат тавассути шаклҳои махсуси ҳаракати арзишнок дошта, баррасӣ мегарданд.
Молия ба ғайр аз ин мафҳуми таърихӣ аст, ба он хотир, ки давраи тарақкиёти пайдоишаш бо мурури замон тағйир меёбад.
Аз ин ҷо мебояд ду марҳилаи асосии тарақкиёти молияро ҷудо кард. Марҳилаи якумро метавонист шакли заифбунёди молия номид, зеро он нишондиҳандаи характери ғайристеҳсолӣ аст, яъне ҳаҷми асосии воситаҳои пули (2/3 буҷет) барои мудофиаи мамлакат ё мақсадҳои ҳарбӣ равонда шуданд, ки ин ба иқтисодиёти ҷомеа ягон таьсире нарасонидааст.
Бо баробарии таракқиёти муносибатҳои пулӣ ва сохти давлатдорӣ зарурияти пайдоиши фондҳо ва воситаҳои пулӣ доир бавуҷоидоӣ ва истифодабарӣ ба миён меоянд.
Дар шароити имрӯза қатъи назар аз шароитҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ё он давлат ҳаматарафа молия ба марҳилаи нави тараққиёт дохил шудааст, ки ин марҳиларо метавонист – марҳилаи дуюм номид.
Дар ин давра молия дар марҳилае ташаккул ёфтаст, ки бисёрзинагии таркиби молиявӣ, дараҷаи баланди таъсири он ба иқтисодиёт, ҳархелагии муносибатҳои молиявӣ – вуҷуд доранд. Молия яке аз воситаҳои бевоситаи таъсиррасонӣ ба муносибатҳои истеҳсолӣ ва таркиби он: Яъне истеҳсолот, тақсимот, мубодилот ва истеъмолот мебошад.
Вобаста ба шароитҳои конкретии иқтисодӣ – сиёсӣ, табии нақш ва мавқеъ давлат, молия институтҳои якхеларо соҳиб шудааст, ки дар сифатҳои доими мазмуни гуногун доранд. Чунон чӣ то рӯзҳои наздик дар ҷаҳон ду низоми иқтисодӣ ва сиёсӣ мавҷуд буд. Тамоми муносибатҳои молиявии мамлакатхои капиталистӣ бо роҳи такрористеҳсолӣ муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ – равона шудаанд, ва аз мамлакатҳои сотсиалистӣ бошад ва такрористеҳсоли низоми авторитарӣ (бо нуфузу эътибори худ кӯшишкунанда) ва мувофиқкунонии идоракунии иқтисодиёти марказонидашуда вуҷуд дошт.
Баъд аз пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ робитаҳои иқтисодии ҷумҳуриҳое, ки истеҳсолоташон ба ҳамдигар пайваст карда шуда буданд, ки то ҳол таъсири манфии он пои кор гирифтааст. Инқилоби иқтисодӣ ба хоҳиши ҷиддии қобилияти хариду фурӯши мол оварда расонд. Бинобарин беқурбшавӣ, боларивии нархҳо ва камбизоати одамон қудрати хариди молу ашё надоранд. Дар ин ҳолат хазинаи давлат зарар дид. Вақте, ки хазинаи давлат, яъне буҷа руй ба касодӣ овард, ҳалқ қашшоқу бенаво мегардад, мардумро танҳо як фикр «як бурда нон буд, на гардиши пулу, на гардиши мол».
Нобаробарии тараққиёти иқтисод, молия ва системаи бонкиро аз ҳар ҷиҳат ба ғанӣ гардондани буҷет ҳалал мерасонанд, ҳамчунин муомилоти пулию қарзиро мушкил мегардонанд.
2. Зарурият ва моҳияти иқтисодию иҷтимоии молия
Чӣ тавре, ки аз сарчашмаҳо бармеояд, таърихи пайдоиши молия ва муносибатҳои молиявӣ ба давраи пайдо шудани давлатҳо рост меоянд. Амалан давлатҳо бо мақсади муайян пайдо мешуданд ва вазифаҳои мушаххасро ба ӯҳда доштанд. Барои иҷроиши он вазифаҳо воситаҳои пулӣ лозим мешуд. Масалан: барои таъмини амнияти аҳолие, ки дар қаламрави ягон давлат зиндагӣ мекарданд, нигоҳубини марзу буми он лозим буд. Барои иҷрои ин вазифа давлат пеш аз ҳама ба одамон, аслиҳа, хӯрока, либос, маош ва ғайра эҳтиёҷ дошт. Маҳз ҳамин эҳтиёҷот давлатҳоро маҷбур мекард, ки аз аҳолие, ки ба он масъулият доштанд, андозҳоро ҷамъ оварда, вазифаҳои худро иҷро намоянд.
Агарчанде аввалин андозҳо зуран ва маҷбуран ситонида мешуданд, ҳатто дар натиҷаи онҳо одамон осеби ҷисмонӣ медиданд, лекин онҳо аввалин муносибатҳои молиявӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Аз дигар нуқтаи назар, барои пайдоиши муносибатҳои молиявӣ заминаи асосиро рушди муносибатҳои истеҳсолӣ (мануфактурӣ), муомилоти пулӣ ва дахолати давлат ба онҳо гузоштаанд.
Зарурияти объективии молия дар давраи иқтисодӣ бозорӣ ба амали системаи қонунҳои иқтисодӣ ва қонунҳои ҳуқуқӣ вобаста аст. Масалан, зарурияти қонуни асосӣ (Конститутсияи давлати Тоҷикистон) – таъмин намудани дараҷаи пурраи некуаҳволӣ ва инкишофи озодии ҳаматарафаи аъзоёни ҷамъият бо роҳи афзоиш ва инкишофи бемайлони шаклҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба миён меояд. Барои иҷрои талаботи ин қонун бояд фондҳои пулӣ (буҷа, фондҳои корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва муассисаҳо) ташкил, тақсим ва истифода шаванд, яъне бояд молия вуҷуд дошта бошад. Қайд кардан лозим аст, ки зарурияти молия на балки ба амали қонуни асосии иқтисодиёт, балки ба дигар қонунҳои иқтисодӣ: қонуни арзиш, нарх, тақозо, арза, рақобат, қонуни андӯхт ва ғайра вобастагӣ дорад. Ваӣ дар таъмини тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат нақши бузургро иҷро менамояд. Молия пеш аз ҳама ҳаракати фондҳои асосӣ ва гардонро дар раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ, яъне хоҷагии халқ таъмин менамояд. То он даме, ки муносибатҳои молию пулӣ (бозорӣ) боқӣ мемонанд ва давлат вазифаҳои хоҷагидорӣ, таъминотию, ташкилӣ ва маданию тарбиявиро мувофиқи амали қонунҳои бозор иҷро менамояд, молия дар сохтмони ҷамъият мавқеи асосиро иҷро менамояд.
Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ:
– муносибатҳо бо маблағҳои пулӣ истифодашуда,
– ташаккул ва бо ҳам пайваст будани маблағҳои пулӣ – ро ифода мекунад. Бо ибораи дигар таҳти молия муносибатҳои пулӣ, тарзу услуби ташаккул, тақсим ва истифодаи захираҳои пулӣ фаҳмида мешавад.
Аз ин лиҳоз, таркиби муносибатҳои пулӣ ва ҷараёну ҳодисаҳои бо маблағҳои пулӣ вобастабударо муносибатҳои молиявӣ меноманд. Дар шароити бозор муносибатҳои молиявии иқтисоди муллӣ аз сабаби гуногуншаклии моликият ва мураккабии таркиби бахши хусусӣ, яъне намудҳои ҳархелаи корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо, ҳархела сурат мегирад.
Муносибатҳои молиявӣ ҳамчун қисми таркибии низоми пулӣ аз тарафи давлат танзим карда мешаванд. Молия – кулли муносибатҳои пулиеро ифода менамояд, ки ба ташкил ва истифодаи фондҳои пулии марказонидашуда: буҷети давлат, фонд ва воситаҳои пулии корхона, иттиҳодия ва ташкилотҳо ва ғайраҳо алоқаманд мебошад.
Дигар хел муносибатҳои пулии корхонаҳо ба сифати муносибатҳои молиявӣ қадр карда шуда наметавонанд. Масалан, хариду фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, дар бозорҳо, ифода кардани арзиши молҳо бо пул ва ғайра. Инҳо бо ташкил ва истифодаи фондҳои пулӣ алоқа надоранд ва муносибатҳои молиявиро ифода карда наметавонанд.
Фондҳои пулие, ки ба воситаи молияи давлатӣ ба вуҷуд меоянд, барои инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аъзоёни ҷамъият, таъмин намудани мудофиаи мамлакат, нигоҳ доштани дастгоҳи идоракунии давлат, маориф маданият, тандурустӣ, варзиш, туризм ва мустаҳкам намудани алоқаи иқтисодӣ бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешаванд.
3. Молия, вазифа, нақш ва мақоми он
Моҳияти молия асосан дар вазифаҳои вай пурра зуҳур мегардад. Оиди он дар байни иқтисоддонҳо фикру андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Иддае аз молиячиён се вазифаи асосиро ҷудо менамояд. Тибқи андешаи А.М.Бирман молия вазифаҳои: таъмин намудани раванди хоҷагидорӣ бо маблағҳои пулӣ, назорати пулӣ ва тақсимотро иҷро менамояд.
А.М.Александров ва Э.А.Вознесенский бештар ба вазифаҳои нақш ва мақоми молия дар вуҷудоии фондҳои пулӣ, истифодабарии фондҳои пулӣ ва назорати пулӣ диққат медиҳанд. Мувофиқи ақидаи И.Т.Балабанов бо баробари гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ молия вазифаи тақсимотро дигар иҷро намекунад.
Аксарият ақида ба он доранд, ки дар давраи иқтисоди бозорӣ молия ду вазифаро иҷро менамояд:
1. Тақсимкунӣ;
2. Назоратӣ.
Моҳияти вазифаи тақсимкунӣ – дар тақсим ва аз нав тақсим кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ, ки дар натиҷаи онҳо фондҳои пулӣ ва воситаҳои пулӣ ташкил меёбанд ва барои таъмини такрористеҳсолоти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қонеъ гардондани дигар талаботҳои ҷамъиятӣ истифода мешаванд, зоҳир мегарданд.
Арзиши маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятӣ тибқи назардошти К.Маркс бо формулаи C+V+М ифода меёбад, ки дар ин ҷо:
C – арзиши воситаҳои истеҳсолот барои истеҳсоли маҳсулоти сарфшуда ва ё фонди пулии барои аз нав барқарор кардани арзиши воситаҳои истеҳсолии сарфшуда;
V – арзиши маҳсулоти зарурӣ ва ё арзиши қувваи коргарии коркунони соҳаҳои истеҳсолӣ;
М – арзиши маҳсулоти иловагӣ ва ё даромади софи корхонаҳои истеҳсолиро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо V+М даромади миллиро ташкил медиҳад. Ба се қисми дар боло зикрёфта ҷудо шудани маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятӣ бо воситаи молия ба амал меояд ва бо ҳамин тақсимоти зинаи аввалин ба охир мерасад. Фондҳои пулие, ки дар натиҷаи тақсимоти аввалини маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятӣ ташкил меёбанд, барои таъмини талаботи ҷамъият кифоя нестанд. Барои васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот, нигоҳдории соҳаҳои ғайриистеҳсолот, таъмин намудани мудофиаи мамлакат, соҳаҳои тандурустӣ, маданият, варзиш ва туризм, нигоҳдории дастгоҳи ҷамъиятӣ, фондҳои махсуси пулӣ бояд ташкил ва истифода бурда шаванд. Бо ин мақсад асосан даромади миллӣ аз нав тақсим карда мешавад ва дар натиҷа фонди марказонидашудаи пулии давлатӣ – буҷети давлат ва фондҳои пулии кохонаҳо ва хоҷагиҳо ташкил меёбанд.
Тартиби ҷамъ кардани фонди пулии умумидавлатӣ бо роҳи аз нав тақсим кардани даромади миллӣ чунин аст: барои ба коргарони соҳаҳои истеҳсолӣ додани музди кор фонди пулӣ (V) ташкил карда мешавад. Пеш аз он, ки музди кор дода шавад, як қисми вай бо намуди андозҳо ба буҷети давлат ворид мешавад. Корхонаҳо ва хоҷагиҳои соҳаҳои гуногун ҳам аз даромади худ ба буҷет андоз месупоранд. Ба буҷет ҷалб кардани як қисми даромади корхона ва хоҷагиҳои гуногун, инчунин музди кории коркунон намунаи ба воситаи молия аз нав тақсим кардани даромади миллӣ мебошад.
Буҷети давлатӣ барои бо пул таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, сохторҳои фарҳангӣ – маданӣ, мудофиаи мамлакат ва дигар чорабиниҳо, истифода мешавад. Дар навбати худ маблағҳои буҷет дар байни вазоратҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳо, хоҷагиҳо ва ташкилотҳо тақсим карда мешаванд. Ниҳоятан, маблағи буҷет ба фондҳои пулии таъиноти махсус дошта (фондҳои пулӣ барои маблағгузорӣ, фонди музди кор ва ғайраҳо) ҷудо карда мешаванд. Қисми дигари даромади миллӣ ва дигар воситаҳои пулӣ, ки дар ихтиёри корхонаҳо ва хоҷагиҳо боқӣ мемонад, низ ба фондҳои пулӣ ҷудо карда мешаванд.
Масалан, фоида ва ё даромади софи корхонаву хоҷагиҳо бо фонди пулии маблағгузорӣ, фонди гардон, фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва дигар фондҳо ҷудо мешаванд.
Ба ҳамин тариқ, тақсим ва аз нав тақсим кардани маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ бо роҳи ҷамъ карда истифода бурдани фондҳои пулӣ – зоҳиршавии вазифаи тақсимкунии молия мебошад.
Ба вазифаи тақсимкунии молия вазифаи назорати вай зич алоқаманд мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ раванди тақсим ва аз нав тақсим кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ бояд назорат карда шавад. Чунки танҳо фақат бо ин роҳ раванди тақсимкуниро бо талаби қонунҳои иқтисодӣ мувофиқ кардан мумкин аст ва ин вазифаро асосан молия иҷро менамояд.
Ба воситаи вазифаи назорати пулӣ ҳаматарафа, пурра, сари вақт, аз рӯи нақшаи муайяншуда ташкил ва самаранок истифодабарии фондҳои моддӣ ва пулӣ тафтиш карда мешавад. Ба воситаи ин вазифаи молия амалиёти истеҳсолӣ ва молиявии на фақат корхона ва хоҷагиҳо, балки тамоми ҷамъият назорат мегардад.
Назорати молиявӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ аҳамияти бузург дорад. Ба воситаи вай тартиби истифодаи фондҳои корхона, ташкили раванди истеҳсолот ва фуруши маҳсулот, натиҷаи ниҳоии амалиёти корхона, ҳолати алоқаи дутарафаи корхона бо буҷети давлатӣ ва системаи бонкҳо, ташкил ва истифодаи фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва дигар фондҳои пулӣ назорат карда мешавад. Ба воситаи назорати молиявӣ на фақат норасоиҳову захираҳои амалиёти истеҳсолӣ ва молиявӣ, балки роҳҳои бартараф кардани онҳо, истифодаи захираҳо, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот муайян карда мешавад.
Дар соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ назорати молиявӣ барои аз рӯи нақша, сарфакорона истифода бурдани воситаҳои моддӣ ва пулӣ аҳамияти калон дорад.
Бомувоффақият истифода намудани вазифаҳои тақсим ва назоратӣ молия сабаби ба фишанги пурзури сарфаи меҳнат, воситаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокӣ дар хоҷагии халқ гардидааст.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.