Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Муомилоти пули ва низоми пули

Нақша:
1. Мафҳуми муомилоти пулӣ ва моҳияти он;
2. Назарияи миқдории пул;
3. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Ҳаҷми пул ва суръати гардиши он;
5. Таваруми пул ва намудҳои он.

1. Мафҳуми муомилоти пулӣ ва моҳияти он
Муомилоти пул ин ҳаракати пул дар дохили иқтисодии мамлақат дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар шақли нақдӣ, ғайринақдӣ ва қарзӣ, ки асосан барои хариду фуруши молу хадамот хизмат мекунад, меноманд.
Категорияҳои муомилоти пул инҳоянд.
Воҳиди пулӣ, массаи пул, низоми пулӣ ва сиёсати пулию қарзӣ, бонкҳои марказӣ.
1) Воҳиди пули нишонаи қонунан муайяншудаи пул аст, ки барои ҳисоб ва муайян намудани нархи ҳамаи молҳо ва хизматрасониҳо истифода мегардад.
2) Массаи пул миқдори умумии пулҳои нақдӣ, ғайринақдӣ ва қарзиро меноманд, қи дар иқтисодёти мамлакат мавҷуданд. Массаи пул дар Тоҷикистон аз тарафи Бонқи миллии Тоҷикистон танзим қарда мешавад.
3) Низоми пулӣ шақли ташкили пул дар мамлақат мебошад. Низоми пулӣ – ин сохтори муомилоти пулест, ки аз қадим ба роҳ монда шуда, бо қонунгузории миллӣ тағйир дода мешавад.
4) Сиёсати пулию қарзӣ маҷмуи чорабиниҳоеро меноманд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти таъмини устувории қурби асъори миллӣ дар мамлакат меандешад.
2. Назарияи миқдори пул
Таърихи инсоният давраҳои гуногунро ёд дорад, ки ба сифати воҳиди пули молҳои гуногун баромад мекарданд.
Назарияи миқдории пул чунин меҳисобад, қи воҳидхои пулии дар муомилот буда (массаи пул) вобаста ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) танзим карда шавад.
Дар сурати афзудани ММД миқдори пул дар муомилот бояд афзуда шавад ва дар сурати қам шудан миқдори пул кам карда шавад.
Миқдори пуле, ки барои муомилот зарур аст бо нархи мол ва миқдори хизмати пулакӣ, сатҳи таварруми пул ва якчанд омилҳои дигар вобастагӣ дорад.
Назарияи миқдори пул ва нархро дар натиҷаи таҳлили ҳамаҷонибаи мубодилаи мол муайян кардан мумқин аст. Баробарии ин мубодиларо дар яқ давраи муътадил чунин ишора кардан имконпазир аст.
МС2 = Н И, ки дар инҷо:
М- миқдори пули барои муомилот зарурбуда;
С2- суръати гардиши пул;
Н – сатҳи нарх;
И – сатҳи истеҳсоли хақиқӣ ё формула намуди зеринро мегирад.
М V = P A, ки дар инҷо:
М – ҳаҷми пули барои муомилот зарурбуда;
V – суръати гардиши пул;
Р- нархи молҳои истеҳсолқардашуда;
Q – миқдори молҳои истеҳсолкардашуда.
3. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми пули Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки милли Тоҷикистон амал меқунад. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян меқунад. Қурби сомониро нисбати дигар асъорхо Бонки миллии Тоҷикистон муайян намуда, дар васоити ахбори омма чоп меқунад. Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди расмии пул, ташкил ва танзими муомилотро дар бар мегирад.
Воҳиди расмии пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2000 рубли тоҷикӣ буд. Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот пули нави миллӣ бо арзиши 1,5,10,20,50 ва 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. То давраи ҷори намудани пули миллӣ – сомонӣ дар муомилот рубли тоҷикӣ амал мекард.
Барои он, ки аз ҷори намудани пули миллӣ – сомонӣ халқи Точиқистон аз ягон ҷиҳат зарари молиявӣ набинанд, эътибори гардиши рубли тоҷикӣ дар муомилот то 1- уми апрели соли 2001 боқӣ монд. Аз якуми апрели соли 2001 дар қаламрави ҷумҳурӣ пули миллии сомонӣ воситаи ягонаи пардохт қарор дода шуд.
4. Ҳаҷми пул ва суръати гардиши он
Мафҳуми ҳаҷми пул яке аз нишондиҳандаҳои асосии миқдори пули дар муомилот буда, мебошад.
Ҳаҷми пул ба маҷмуи воситаҳои пардохтӣ, харидорӣ ва пасандозие мебошад, ки ба шахсони хуқуқию вақеӣ ва давлат таалуқ дошта мебошад. Суръати гардиши пул ва миқдори гардиши он дар як давра муайян карда мешавад, зеро пули дар муомилот буда, дар як давраи муайян аз даст ба дасти дигар гузашта ба муомилоти мол хизмат меқунад.
5. Таварруми пул ва намудҳои он
Таваруми пул гуфта – сатҳи болоравии нархҳо, паст шудани қобилияти харидории пул ва дар муомилот зиёд шудани пули нақдро меноманд.
Таваррум аз қалимаи лотинии inflation гирифта шуда, маънояш варам карда шуда мебошад. Дар иқтисодиёт мафҳуми таваррум дар миёнахои асри 19 дар Америка пайдо шудааст. Сабабаш чоп қардани зиёди доллар буд.
Дар таҷрибаи байналхалқӣ вобаста ба болоравии нархҳо, таваррумро ба гуруҳҳои зерин ҷудо меқунанд.
1. Таваруми оддӣ – агар болоравии миёнаи солонаи нархҳо аз 5 то 10% зиёд набошад.
2. Ҷаҳанда – агар болоравии миёнаи солонаи нархҳо аз 5 то 10% зиёд бошад.
3. Шадид (гиперинфлятсия) – агар болоравии миёнаи солонаи нархҳо зиёда аз 100% бошад.
4. Супергиреринфлатсия – агар нархҳо ҳар моҳ 50% ва зиёда аз он боло раванд.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.