Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


НАҚШИ ПУЛ ДАР ПЕШРАФТИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ДАВЛАТДОРИ

Дар шароити сол аз сол зиёд шудани миқдори аҳолӣ ва кам шудани масоҳати заминҳои ҳосилдиҳанда ягона роҳи беҳшавии дараҷаи некӯаҳволии мардум, ки шарти асосии згьтирофи сиёсати ҳукумат аз тарафи аҳолӣ аст, таъмини пешрафти истеҳсолот ва такрористеҳсоли васеи молҳою зиёдкунии ҳаҷми хизматрасонӣ мебошад…

ВАЗИФА ВА НАМУДҲОИ ПУЛ
Моле, ки кобилияти ба хар моли дил-
хох иваз шуданро дорад, хамарзиш (эквива-
лент)-и умумӣ номида мешавад.
Пул ҳамчун ҳамарзиши умумӣ аз пайдошавиаш чунин вазифаҳои бо ҳам алоқамандро иҷро мекунад:
ченаки арзиш;
воситаи муомилот;
воситаи пардохт;
воситаи андухт;
пулњои љањонї
Омӯзиши вазифаҳои мазкур дар пайдарҳамӣ ва алоқамандии зичи онҳо имконият медиҳад, ки моҳияти пулро беҳтар фаҳмем.
Ч е н а к и а р з и ш
Бинобар маҳсули меҳнат будани ҳамаи мол-ҳо, аз он ҷумла пул, арзиши онҳо бо ҳам муқоиса-шаванда аст. Пул, ки моли дорои хусусиятҳои хос аст, вазифаи ченаки арзишро иҷро мекунад.
Вазифаи пул ҳамчун ченаки арзиш аз муайян-кунии арзиши молҳои дигар иборат буда, ду хусу-сияти хос дорад: 1) онро пулҳои аслӣ – тилло ё нуқ-ра иҷро мекунанд, зеро барои арзиши молҳои ди-гарро муайян намудан худи пул бояд маҳсули меҳ-нат буда, дорои арзиш бошад; 2) онро пулҳои идеа-лй, яъне фикран тасаввуркарда иҷро мекунанд. Ма-салан, барои муайян кардани арзиши мол зарур нест, ки микдори муайяни тилло дошта бошем.
Дар ҳолати бо пул ифода кардани арзиши мол, меҳнати барои ин мол сарфшуда ба меҳнати барои истеҳсоли миқцори муайяни пул – тилло сарфшуда фикран ва дар асоси таносубҳои қабул-шуда муқоиса карда мешавад.
Арзиши моли бо пул ифодаёфта нархи мол номида мешавад.
Ҳангоми истифодаи тилло ҳамчун пул нархи молҳо бевосита бо тилло муайян карда мешуд.
Истифодаи пули коғазӣ ҳамчун андозаи арзиш танҳо бо миқёс (масштаб)-и нарх – ифодаи тиллоии ба пул додашуда имконпазир аст. Миқёси нарх та-биати техникӣ дошта, метавонад аз тарафи давлат ва ё дар бозор муайян карда шавад.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ як рубл ба 0,987412 грамм тиллои холис баробар карда шуда буд. Дар ИМА миқёси нархи як доллар соли 1900 ба 1,504 грамм, 1934 – 0,889 грамм, 1971 – 0,818 грамм, 1973 – 0,737 грамм тиллои холис баробар буд. Баъ-дан аз соли 1976 сар карда, ИМА аз муайяннамоии нархи асъори худ ба таври маъмурӣ даст кашид ва акнун нархи он дар бозор вобаста ба пешниҳоду талабот муайян карда мешавад. 20 сентябри соли 2007 нархи як доллари амрикоӣ дар бозори ҷаҳонии тилло ба 0,04274 грамм тиллои холис баробар буд.
Ифодаи тиллоии пули миллии Тоҷикистон -сомонӣ бо воситаи пулҳои озод табдилшаванда ва бо таври савдои озод муайян мешавад. Қурби тил-лоии пулҳои озод табдилшаванда дар бозорҳои ҷа-ҳонии савдои тилло муайян мегардад.
Ҳамин тариқ, пул ба сабаби маҳсули меҳнат буданаш ҳамчун ченаки арзиш амал мекунад ва иҷрои ин вазифа имконият медиҳад, ки додугириф-ти байни молистеҳсолкунандагону истеъмолкунан-дагон одилона амалӣ гардад.
Воситаи муомилот Пул ҳамчун воситаи муомилот дар вақти ха-риду фурӯш, ки гирифтани молу додани пул бо ҳам мувофиқ меоянд, истифода бурда мешавад. Моҳия-ти ин вазифа аз миёнаравии пул ҳангоми хариду фурӯши мол иборат аст.
Пул ҳамчун воситаи муомилот ду хусусият дорад: 1) онро пулҳои ҳақиқӣ* ичро мекунанд, яъне ҳангоми хариду фурӯш пули воқеӣ истифода мешавад ва 2) азбаски дар ин сурат истифодаи пул муваққатй аст, ин вазифаро пулҳои камарзиш** иҷ-ро мекунанд.
*Пулҳои ҳақиқӣ гуфта, муаллиф истифодаи бевоси-таи пулҳои коғазй ё филиззиро ҳангоми хариду фурӯш дар назар дорад, яъне дигар намудҳои ҳисоббаробаркунӣ ба мо-. нанди аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронидани пул, дар оянда додани пули фурӯш ва ғайра хоси ин вазифа нестанд. Масалан, Қосим ба Ҳайдар калам мефурӯшад. Агар Ҳайдар аз киссааш пул бароварда арзиши қаламро дарҳол диҳад, дар ин ҳолат пул ҳамчун воситаи му-омилот амал мекунад.
**Пулҳои камарзиш гуфта, пулҳои коғазию филиззи-еро мегӯянд, ки арзиши дар рӯи онҳо навишташуда ба арзи-ши истеҳсолиашон мувофиқ нест. Масалан, барои истеҳсо-ли як дона панҷсадевроӣ ҳамагӣ якчанд сент сарф мешавад, ҳол он ки бо ин панчсадеврой маҳсулоте харидан мумкин, ки арзишаш аз арзиши аслии панчсадевроӣ садҳо маротиба зиёд аст.
Дар ҳолати истифодаи пул ҳамчун воситаи муомилот харидору фурӯшанда имконият доранд иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои байниҳамдигариро назорат кунанд. Харидор сифати молро тафтиш ва арзиши онро ба арзиши молҳои дигари ба ин мол монанд муқоиса карда, нархи охиринро муайян менамояд. Фурӯшанда дар навбати худ имконият дорад ба қобилияти пардохтпазирии харидор боварӣ ҳосил намояд.
Ва танҳо баъди чунин назорати байниҳамди-гарӣ мол ба харидор ва пул ба фурӯшанда дода мешавад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки пул
ҳамчун воситаи муомилот, инчунин воситаи назо-рати иҷрои ӯҳдадориҳои байниҳамдигарии хари-дору фурӯшанда аст.
Вобаста ба пешрафти иктисодиёт, комёбиҳои илму техника, сол то сол зиёд шудани истифодаи кортҳою чекҳо ва дигар намудҳои ҳисоббаробар-кунӣ ҳаҷми пули ҳамчун воситаи муомилот исти-фодашаванда кам мешавад. Дар мамлакатҳои та-раққикарда, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва ғайра ҳаҷми пули накд дар ҳаҷми умумии гардиши он хеле кам аст, зеро дар ин мамлакатҳо воситаҳои ҳозирзамони ҳисоббаро-баркунӣ – ба суратҳисоби кормандон, нафақахӯ-рон, донишҷуён гузаронидани музди меҳнат, нафа-қапулию стипендия ва аз он ҷо ба таври гайринакдӣ (бо воситаи кортҳо) додани хонапулӣ, арзиши мол-ҳо ва хизматрасонӣ, бо чеку векселҳо додани пули молҳои баландарзиш васеъ истифода мешаванд. Масалан, дар ИМА ҳамагӣ 1 фоизи кормандон мо-ҳонаи худро бо пули нақд мегиранду халос, дар Ол-мону Британияи Кабир ва Фаронса миқдори кор-мандоне, ки чунин тарзи ҳисоббаробаркуниро ис-тифода мебаранд, аз 8 то 12 фоизро ташкил меди-Ҳад.
Дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин нишондиҳанда ба 90-100 фоиз баробар аст. Тоҷи-кистон ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил аст, ки тамо-ми мардуми он бо пули нақд гирифтани музди меҳ-натро афзалтар мешуморад.
Воситаи пардохт (ќарзадокунӣ)
Пул ҳамчун воситаи пардохт ҳамон вақт амал мекунад, ки агар байни додани молу гирифтани пули он, додани қарзу баргардонидани он, иҷрои кору пардохти пули он (масалан, пардохти муз-ди меҳнат) фосилае пайдо шавад.
Агар ҳангоми истифодаи пул ҳамчун воситаи муомилот вақти хариду фурӯш ба ҳам мувофиқ ояд, ҳангоми истифодаи пул ҳамчун воситаи пар-дохт фурӯшанда имконият надорад пули молро дарҳол гирад. Чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ асо-сан дар байни корхонаҳо, корхонаҳою давлат, кор-хонаҳою кормандони онҳо, байни давлатҳо маъмул аст.
Аслан ин вазифаро пулҳои ғайринакдӣ иҷро мекунанд, ҳаҷми пулҳои нақдии барои иҷрои ин вазифа истифодашаванда хеле кам буда, асосан ҳангоми додани андоз, хонапулӣ ва ғайра аз тарафи шахсони воқей истифода мешаванд.
Ба тавассути истифодаи воситаҳои ҳозирза-мони ҳисоббаробаркунй ба монанди векселу чекҳо, кортҳои кредитию дебетӣ ҳаҷми пули ҳамчун воситаи пардохт истифодашаванда нисбати ҳачми пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда сол то сол меафзояд.
Имрӯзҳо дар муомилоти мамлакатҳои тарақ-қикарда пулҳои электронӣ васеъ истифода меша-ванд. Воситаҳои ҳозирзамони алоқа имконият меди-ҳанд, ки харидор барои молҳои харидааш ба воси-таи корт ҳисобу китоб кунад. Фурӯшанда имконият дорад дар сониях,ои башумор дар ҳисоби бонкии харидор будан ё набудани маблағи зарурӣ ё гарави пӯшонидани хароҷотҳои харидорро тафтиш наму-да, баъдан ба маблағи нархи молҳои интихобкарда-аш чек нависад. Дар чек номи харидор, таърихи рӯз, рақами корт ва маблағи умумии молҳои фурӯх-ташуда ё хизматҳои расонидашуда нишон дода шудааст. Чек аз тарафи харидор имзо шуда ба бон-ки ӯ барои гузаронидани пул фиристода мешавад.
Бонк моқе як бор феҳристи хароҷотҳои аз суратҳисоби мизоҷ кардашударо ба он мефиристад. Мизоҷ имкон дорад бо воситаи ин феҳрист ду-рустии амалиётҳои дар х,исоби он гузаронидашуда-ро назорат кунад (Нигаред ба замимаи 3).
Пул ҳамчун воситаи пардохт инчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ васеъ истифода меша-вад. Масалан, пул ҳамчун воситаи пардохт аз та-рафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷ-рои ӯхдадориҳои худ оид ба баргардонидани қарз-ҳо, додани фоизи онҳо ба ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, давлатҳои дигар, ширкатҳои алоҳида, додани аъзоҳаққӣ ба созмонҳои байналмилалӣ, ха-риду фурӯши байниҳамдигарии ширкатҳои дав-латҳои гуногун ва ғайра истифода мешавад.
В о с и т а и а н д ӯ х т
Дар қатори хароҷотҳои ҳаррӯза ё ҳарҳафтаи-на (хариди нон, равған, чой ва ғайра) одамон харо-ҷоте доранд, ки як бор дар як ё якчанд сол ба вуқӯъ пайваста маблағи калонро талаб мекунанд. Маса-лан, тӯй, хариди хона, мошин ва ғайра.
Хукумат низ дар қатори хароҷотҳо барои музди меҳнат, кӯмакхарҷӣ, нафақа ва ғайра ҳанго-ми зарурати сохтмони иншоотҳои азим, ба монанди бунёди нақб, роқ, истгоққои барқӣ, хариди қаво-паймоҳо бояд захираҳои пулӣ дошта бошад. Корхо-наю ташкилотҳо барои нав намудани таҷҳизот, сохтмони биноҳо ва ғайра ба чунин захираҳои пулӣ ниёз доранд.
Ин аст, ки ҳам ҳукумату корхонаю ташкилот-ҳо ва ҳам одамон барои дар оянда пӯшонидани ха-роҷотҳои дар боло номбаршуда аз даромад, маошу фоидаашон маблағи муайянеро дар ҳисобҳои мах-сус ё дар сандуқҳо ҷамъ мекунанд. Масалан, чанд сол баъд зарурати иваз намудани агрегатҳои пурқи-мати нерӯгоҳи барқии «Норак» ба миён меояд ва соҳиби онро зарур аст, ки аз аввали истифодаи ин нерӯгоҳ пай дар пай маблағи муайянеро ҷамъ на-мояд, то тавонад ҳангоми зарурат агрегатҳои навро харидорӣ кунад. Пул дар чунин маврид ҳамчун воситаи андӯхт ё ғункунӣ баромад мекунад.
Зарурати пай дар пай азнавкунии техникаю технологияи истеҳсолӣ бо мақсади таъмини пеш-рафти истеҳсолот андӯхти миқдори муайяни пулро талаб мекунад. Азбаски мақсади асосии молистеҳ-солкунандагон дар шароити иқтисоди бозорӣ ги-рифтани фоида мебошад, онҳо ҳаракат мекунанд, ки маблағҳояшонро барои таъмини пешрафти ис-теҳсолот истифода кунанд. Яъне, аз як тараф, пул ҳамчун воситаи андӯхт имкон медиҳад, ки молис-теҳсолкунандагон ҳангоми зарурат маблағи муа-йянро дошта бошанд, аз тарафи дигар, бо шарофа ти ин вазифаи пул ва хариди саривақтии техникаю технологияи нав такрористеҳсоли васеи молҳо таъ-мин карда мешавад.
Дар миқёси байналхалқӣ ин вазифаро тилло ва асъорҳои озодтабдилшаванда иҷро мекунанд.
П у л ҳ о и ч а ҳ о н ӣ
Дар баробари хариду фурӯш бо пули миллӣ дар дохили мамлакат ҳар як кишвар сарфи назар аз хоҳишаш ба додугирифти берунӣ ниёзманд аст.
Ҷаҳонишавӣ ё боз ҳам васеъшавии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба он оварда расонд, ки давлат ва шаҳрвандони он, корхонаю ташкилотҳо барои қонеъ гардонидани талаботашон бо давлату шаҳр-вандон ва корхонаҳои хориҷӣ додутирифт мекунанд. Илова ба он, сол то сол миқдори шахсони ба хориҷи кишвар сафаркунанда, аз қабили сайёҳон, донишҷӯён, кормандони ҳукуматию шахсони алоҳида меафзояд ва онҳо барои пӯшонидани хароҷот-ҳои худ ба асъори* хориҷӣ ниёз доранд.
*Мафҳумҳои «пул» ва «асъор» ҳаммаъноянд, вале бо мақсади ҷудо кардани пули миллии тоҷикӣ аз пулҳои мил-лии кишварҳои дигар ҳангоми омӯзиш ҳар ду мафҳум исти-фода мешаванд. Таҳти мафҳуми «пул» пули миллии тоҷикӣ ва зери мафҳуми «асъор» пулҳои миллии мамлакатҳои ди-гар дар назар дошта шудааст.
Азбаски дараҷаи тараққиёти давлатҳо ва имкониятҳои дохилии онҳо барои таъмини устувории қурби пули миллиашон гуногун аст, ҳукумату со-ҳибкорон барои ҳисобу китоб пули мамлакатҳои му тараққиро, ки онҳо гарави устувории қурбашро до-даанд, истифода мебаранд. Пули миллии мамлакат-ҳои нисбатан қафомонда дар додугирифти байнал-халқӣ истифода намешавад.
Албатта, ҳангоми истифодаи тилло ҳамчун воситаи пардохт чунин мушкилот вуҷуд надошт, вале бо баробари ба ҷои тилло истифода кардани пулҳои коғазӣ зарурати интихоби як ё якчанд пул-ҳои миллӣ ҳамчун пули ҷаҳонй ба миен омад.
Ҳамин тариқ, асъори озодтабдилшавандаи мамлакати мутараққие ба сифати воситаи пардохти байналхалқӣ ё ҳамчун пули ҷаҳонӣ истифода ме-шавад. Имрӯзҳо дар муносибатҳои байналхалқӣ асосан доллари ИМА ва евро васеъ истифода ме-шаванд. Пули миллии мамлакатҳои алоҳида дар ҳо-лати зарурӣ дар бозорҳои дохилии онҳо ба асъори озодтабдилшаванда иваз карда мешавад (Нигаред ба замимаи 4).
Бо мақсади пешбурду равнақи савдои бай-налхалқӣ дар ҳама мамлакатҳо бозори дохилии асъор амал мекунад, ки аз он корхонаю ташкилот-ҳои эҳтиёҷманд барои иҷрои ӯхдадориҳояшон дар назди ширкатҳои хориҷӣ асъор мехаранд ва ё асъо-ри аз хориҷи кишвар овардаашонро дар он фурӯхта ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет оид ба додани андозҳо, коргаронашон доир ба пардохти музди меҳнат ва ғайра иҷро менамоянд.
2. Намудҳои пул
Дар давраҳои гуногуни пешрафти ҷамъият талабот ба категорияҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла пул низ дигар мешавад. Ин аст, ки вобаста ба талаботи ҷамъият ва имконияти давлатҳо намудҳои гуногуни пул дар муомилот истифода шудаанд.
Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва пешрафти соҳаҳои алоҳида, истифодаи ҳамарзиш (эквивалент)-и умумии мутобиктареро тапаб мекард. Аз ин рӯ, баробари ҷудо шудани чорводорӣ аз зироаткорӣ мардум ба сифати ҳамарзиши умумӣ ҳайвонотро ис-тифода карданд, зеро он бо қобилиятҳои хосаи худ* аз дигар намуди молҳо афзалияти бештар дошт.
*Имконияти истифодаи хдйвонот ҳамчун қувваи ко-рӣ, истеҳсоли ширу маҳсулоти ширй, гӯшт, пӯст ва ғайра.
Ҷудошавии ҳунармандӣ аз заминдорй боиси истифодаи намудҳои нави ҳамарзиши умумӣ: та-бар, биринҷ, равғани зайтун ва ғайра гардид, ки онҳо хосиятҳои бештари заруриро доро буданд, яъ-не нисбатан одӣ, сабуку камҳаҷм, тақсимшавандаю санҷидашаванда буда, арзиши устувортаре доштанд.
Пешрафти истеҳсолоту муомилот ва чусту-ҷӯи ҳамарзиши умумии мутобиқтаре боиси дар ҳа-мин давра истифода кардани оҳан, қалъагӣ, қӯр-ғошим, мис, нуқраю тилло ҳамчун пул гардид. Арасту дар асарҳои худ оид ба истифодаи тангаҳои оҳанин қайд кардааст. Императори Рим пулҳои қалъагиро ба муомилот баровардааст. Дар Чину
сиёи Миёна пулҳои мисин васеъ истифода мешу-даанд. Баъдан мамлакатҳо ба истифодаи нукраю тилло гузаштанд, ки хосиятҳои бештари заруриро доро буданд (Нигаред базамимаи 5).
Албатта, тилло моли аз ҳама киматтарин на-буд, вале ба тавассути хосиятҳои хос доштанаш мӯҳлати дароз ҳамчун пул истифода шудааст. Гар-чанде тиллои сафед (платина) филизи аз тиллои маъмулӣ чандин маротиба қиматтар аст, вале ба сифати пул истифода нашудааст, балки одамон қа-риб, КИ ОНрО намешиносанд (Нигаред базамимаи 6).
Зарурати таъмини устувории арзиши пулҳо, баҳисобгирй ва батанзимдарории муомилоти пулӣ боиси ба як шакли муайян даровардани онҳо гар-дид. Ин аст, ки тангаҳои филиззии нуқрагию тил-лой дар шаклҳои муайян аз ҷониби бонкҳою ҳуку-матҳо бароварда шуданд.
Тангаҳои нуқрагию тиллой то охири асри XIX ва аввали асри XX дар муомилоти пулии мам-лакатҳои алоҳида истифода шудаанд. Баъдан мам-лакатҳо паси ҳам аз истифодаи пулҳои тиллоӣ даст кашиданд, зеро дар шароити пай дар пай зиёдша-вии истеҳсоли молу хизматрасонӣ барои таъмини талаботи муомилот захираҳои зиёди тилло лозим буд. Барои қонеъгардонии ин талабот давлат бояд ҳар сол маблағи зиёдро барои истеҳсоли тилло ва истифодаи он ҳамчун пул сарф мекард. Давлатҳое, ки конҳои тилло надоштанд, маҷбур буданд қисми захираҳои моддии худро барои хариди тилло сарф кунанд. Илова ба он, сармояи дар шакли пули тил-лоӣ ҷамъшуда фоизи иловагӣ намеовард, яъне мисли пулҳои имрӯзаи дар бонкмонда аз ҳисоби фоиз зиёд намешуданд. Аз тарафи дигар, калонҳаҷм бу-дани муомилоти пулии тиллоӣ мушкилиҳои зиёде-ро ҳангоми васеъ шудани савдои байналхалқӣ ба миён овард. Давлату тоҷирон барои додугирифт бо мамлакатҳои хориҷӣ маблағҳои иловагии зиёдеро сарф мекарданд, ки боиси камманфиатӣ ва садди роҳи пешрафти савдои байналхалқӣ* мегардид.
*Масалан, агар давлат барои аз ширкати амрикоӣ ха-ридани ҳавопаймои калонҳаҷми арзишаш 50 млн. доллар шартнома баста бошад, ба бонки миллӣ барои гузаронидани ин маблағ супориш медиҳад. Бонки миллӣ дар навбати худ аз ҳисоби долларҳои дар бонки амрикой доштааш маблағи заруриро на дертар аз рӯзи дигар ба ҳисоби ширкати амри-коӣ мегузаронад. Ширкат бошад, фардо ё пасфардо ҳаво-пайморо ба харидор мефирисгад. Харҷи бонк барои ин ама-лиёт на зиёдтар аз 100 сомонӣ аст. Дар ҳолати муомшюти пулии тиллоӣ барои хариди ин ҳавопаймо бо нархҳои соли 2005 тахминан 10 тонна тиллои маҳаки 585 лозим аст. Ба-рои ин миқдори тиллоро аз давлати мо то Амрико бурдан вақту хароҷотҳои зиёди иловагӣ (тахминан 300 ҳазор сомо-нӣ) лозим аст. Тилло на танҳо дар шакли пул, балки дар шаклҳои дигар низ (ҷавоҳирот, воситаи иулғункунӣ, ноқил ва ғайра) истифода мешавад. Тилло дар шакли пул вобаста ба харҷи меҳнат барои зебосозӣ (дизайн) ва рехтани он аз тилло дар шакли одӣ қиматтар буд ва ин фарқият аз ҳисоби хазинаи давлат пӯпюнида мешуд.
Илова ба ин камбудихо, тилло бо сабаби му-лоим буданаш ҳангоми истифода хӯрда шуда ваз-нашро гум мекунад* ва давлат барои таъмини усту-вории арзиши он бояд доимо тангаҳои тиллоии ис-тифодашударо ба тангаҳои нав иваз намояд. Иқтисоддонҳои амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки агар имрӯз-ҳо дар ИМА муомилоти пулии тиллоӣ мебуд, дав-латашонро лозим меомад, ҳар соле барои нигаҳ-дошти он камаш 2,5 ҳазор тонна тиллои холис сарф кунад(15).
Захираҳои тиллоии Амрико соли 2004 ба 13 ҳазор тонна баробар буд ва агар ҳисоб кунем, ки дар ин мамлакат 100 соли охир тилло ҳамчун пул истифода намешавад, пас ба хулоса меоем, ки ҳат-то чунин давлати пуриқтидор аз ӯҳдаи ташкили му-омилоти пулии тиллоӣ намебарояд.
*Арзиши номиналии пули тиллоӣ (арзиши дар болои танга навишташуда) бояд ба арзиши қонунан муайяншудаи он баробар бошад, вагарна боварии мардум ба ин тангаҳо ва ҳукумат, ки эмитент – барорандаи пул аст, гум мешавад. Барои мисол, ҳукумат ҳамчун эмитент эълон мекунад, ки тангаи 10 сомонии аз тиллои маҳаки 585 сохташуда, 10 грамм вазн дорад. Вале ҳангоми истифода дар муомилот ин танга хӯрда шуда вазни худро гум мекунад. Бинобар ин, за-рур аст, ки аз ҷониби эмитент ба тангаи арзишаш пурра иваз карда шавад.
Ба ҳама маълум аст, ки миқдори конҳои тил-ло дар дунё хеле маҳдуданд ва истеҳсолкунанда-гони тилло аз ӯхдаи крнеъ гардонидани талаботи муомилот ба тилло намебароянд. Илова ба ин, мақ-сади асосии ҳама гуна намуди истеҳсолот гириф-тани арзиши иловагӣ мебошад. Истеҳсоли тилло, ки қиматтарин моли дунё буд, зараровар гардида, боиси болоравии арзиши тиллою молҳои дигар ва номутаносибии пешрафти соҳаҳо гардид.
Ҳамин тариқ, илова ба камбудиҳои дар мав-зӯи аввал қайдшуда, махдуд будани захираҳо ва таъмини нопурраи муомилоти пулӣ ба миқдори зарурии тилло, таъсири манфии муомилоти пулии нопурра ба истеҳсолот вазъи ногувореро ба миён овард.
Давлатҳо дар ҷустуҷӯи роҳи баромад аз ин вазъи ногувор маҷбур шуданд пули тиллоиро ба намояндаи он дар муомилот – пулҳои коғазӣ иваз намоянд.
2.3. Пулҳои коғазӣ
Пулҳои коғазй ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: пулхои хазинадорӣ ва пулхои царзӣ.
П у л х о и хазинадорӣ Пулҳои хазинадорӣ аз ҷониби ҳукумат (ба во-ситаи сохтори молиявии он) барои ггӯшонидани ха-роҷотҳои иловагии буҷет (хусусан ҳангоми ҷанг, гиперинфлятсия ва ҳодисаҳои дигари харҷи бар-зиёдро талабкунанда) ба муомилот бароварда ме-шаванд. Давлат ӯхдадор нест, ки ин пулҳоро ҳан-гоми зарурат аз муомилот гирад, зеро онҳо таъ-миноти аслӣ надоранд.
Баровардани пулҳои хазинадорӣ ҳаҷми уму-мии пулҳоро дар муомилот зиёд намуда, боиси бо-лоравии нархҳо ё таваррум мегардад. Бинобар ин, истифодаи чунин намуди пулҳо воситаи «маҷбу-рии» ҷамъ кардани андози иловагӣ аз мардум барои пӯшонидани хароҷотҳои барзиёди буҷети дав-лат ҳисобида мешавад.
Дар Тоҷикистон пулҳои хазинадорӣ дар дав-раи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шудаанд. Онҳо 1, 3, 5-рублаи чопи соли 1961 буданд, ки баробари ба истифодаи пули миллй гузаштани ватанамон аз му-омилот гирифта шуданд.
Имрӯзҳо пулҳои хазинадорӣ дар ИМА, Ита-лия, Ҳиндустон, Индонезия ва чанд мамлакати ди-гар истифода мешаванд.
П у л х о и к а р з ӣ
Асоси пайдоиши пулҳои қарзӣ истифодаи за-бонхатҳои ҷавоҳиротсозон буд, ки таъминоти тил-лоӣ дошта, дар муомилот озод истифода мешуданд. Ин забонхатҳо бо мурури замон ва равнақ ёфтани фаъолияти бонкҳо ба шакли муайян даромада век-сел ном гирифтанд. Векселҳо ба гурӯҳи пулҳои қарзй дохил мешаванд, зеро бо тартиби аз ҷониби бонкҳо муайянкарда бароварда шуда, ҳамчун гара-ви қарзи ба ивазашон додашаванда эътибор доранд. Яъне соҳиби вексел имкон дорад онро ҳамчун га-рав истифода карда, ба ивазаш қарз гирад.
Баъдан дар натиҷаи пешрафти бонкдорӣ, пайдоиши имконияти ҳисоббаробаркунии ғайри-накдӣ ва истифодаи мошинҳои электронй дар соҳаи бонкдорӣ шаклҳои нави пулҳои қарзӣ: бонкнота-хо, чек, пулхои электронӣ ва кортхои бонкӣ пайдо шуданд.
Хусусияти хоси пулҳои қарзӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар асоси амалиётҳои қарзӣ, яъне ҳангоми додани карз ба муомилот бароварда шуда, бо мурури замон ба бонк бармегарданд. Таъмин будани қарз ба миқдори муайяни мол ё воситаҳои асосию гардишй нишонаи таъминоти молӣ дошта-ни пулҳои қарзй мебошад.
Агар барориши пулҳои хазинадорй ба мақ-сади пӯшонидани касри буҷет амалӣ гардад ва ба талаботи муомилот алоқае надошта бошад, пас ба-рориши пулҳои қарзӣ дар асоси талаботи муомилот ба пул амалӣ мегардад. Ин аст, ки онҳо дар ҳолати татбиқи сиёсати дурусти пулӣ аз ҷониби бонки марказӣ ба болоравии нархҳо сабаб намешаванд.
Албатта, дар аввал пулҳои коғазиро ба муо-милот бе ягон пайвастагӣ ба тилло баровардан ғай-ри имкон буд, зеро мардум онҳоро эътироф наме-кард. Бинобар ин, бонкҳои тиҷоратӣ, ки эмитенти пулҳои коғазӣ буданд, гарави таъмини устувории арзиши онҳо ё ба таври дигар, гарави дар ҳолати зарурӣ ба ивази пулҳои қоғазӣ додани микдори му-айяни тиллоро доданд. Ин пайвастагӣ аввал «стан-дарти тиллоӣ» ва баъдан «стандарти хишти тил-лоӣ» ном гирифт.
Аз ҷониби давлат қабул кардани «стандарти тиллоӣ» маънои онро дошт, ки воҳиди пулии ин мамлакат ба микдори муайяни тилло баробар аст ва ҳар касе пули онро ба бонк пешниҳод кунад, со-ҳиби микдори муайяншудаи тилло мегардад. Ма-салан, дар Британияи Кабир аз асри XVII то соли 1914 стандарти тиллоӣ вуҷуд дошт. Мувофиқи қо-нун 1 фунт стерлинг ба 113 гран ё 7,3 грамм тиллои холис баробар буд. Бо сар шудани ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва зиёд шудани хароҷотҳои ҳарбии мамлакат Британияи Кабир аз стандарти тиллоӣ даст кашид, зеро дигар имконияти ба ивази пулҳояш додани тиллоро надошт. Ҳатто тангаҳои тиллоие, ки дар гардиш буданд, аз муомилот гирифта шуданд.
Мамлакатҳое, ки иқтидори истифодаи стан-дарти тиллоиро надоштанд, бо роҳи истифодаи «стандарти хишти тиллоӣ» мехостанд устувории арзиши пулашонро таъмин намоянд. Масалан, Бри-танияи Кабир баъди анҷоми ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва барқарор шудани иқтисодиёташ соли 1925 истифо-даи «стандарти хишти тиллоӣ»-ро эълон кард, ки мувофиқи он давлат ба шахсони хоҳишманд ба ива-зи пулашон хишти тиллоӣ медод. Арзиши хишти тиллой, ки 11 киллою 340 грамм вазн дошт, ба 1550 фунт стерлинг баробар буд. Дар он давра ин маблағи калон буд ва ба ҳар кас муяссар намешуд, ки соҳиби чунин маблағ гардад. Бӯҳрони иқтисо-дии солҳои 30-юми асри XX Британияи Кабирро маҷбур сохт, ки соли 1931 аз «стандарти хишти тиллой» даст кашад.
Баробари аз ҷониби ҳукумату бонкҳо ёфтани роҳҳои танзими гардиши пулҳои коғазию таъмини устувории қурби онҳо ва бо ин восита зиёд наму-дани эътимоди мардум ба пулҳои коғазӣ давлатҳо паси ҳам аз стандартҳои тиллоию хишти тиллоӣ даст кашиданд, яъне имрӯз ягон давлати дунё ба ивази пулаш тилло ё хишти тиллоӣ намедиҳад, гар-чанде шумо метавонед бо он пул аз бозораш миқ-дори муайяни тиллоро харидорӣ кунед.
Пешрафти соҳаи бонкдорӣ, электроника ва татбики комёбиҳои он дар ин соҳа, фоиданокии ни-гохдошти пул дар бонк, самаранокии истифодаи шаклҳои ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ ба воси-таи бонк ва ғайраҳо боиси пай дар пай камшавии истифодаи пулҳои накдӣ ва васеъ шудани истифо-даи пулҳои ғайринақдӣ гардид.
2.4. Пулҳои ғайринакдӣ
Дар мамлакатҳои пешрафта мардум ҳисобу китобашонро асосан ба воситаи бонкҳо амалй ме-кунанд. Аз ин рӯ, микдори пули накд дар муомилот хеле кам буда, аслан барои хариди молҳои камар-зиш, ба монанди сигарет, оби нӯшокӣ ва ғайра ис-тифода мешавад.
Ҳукуматҳо низ ба истифодаи камтари пулҳои накд дар муомилот хеле ҳавасманданд, зеро таъми-ни гардиши пулҳои нақдӣ харҷи хеле зиёдро талаб мекунад. Мувофиқи маълумотҳо ҳаҷми умумии пулҳои нақд дар дунё 10 млн. тоннаро ташкил ме-диҳад, ки аз он 250 ҳазор тоннааш ба долларҳои ИМА рост меояд. Барои таъмини муомилоти пулӣ на камтар аз 100 млн. тонна коғазу ширеш ва ла-возимоти дигар зарур аст (7,148). Болои он мар-думи зиёд ба ҳисобу китоб, бастакунӣ, ҷобаҷогузо-рӣ, нигохдорй, кашонидан аз як ҷой ба ҷойи дигар ва ғайра машғуланд. Арзиши як мошини калони пулҳисобкунӣ аз 40 ҳазор то 2 млн. доллари ИМА аст. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳисоббаробаркунианд. Илова ба он, ҳисо-бу китоб ба воситаи бонкҳо ба одамон имкон наме-диҳад, ки аз андозбандӣ гурезанд. Ин аст, ки цул-ҳои нақдӣ тахминан ба як фоизи муомилоти молии мамлакатҳои мутараққӣ хизмат мекунанду халос ва ин ҳам рӯ ба камшавӣ дорад (7,112).
Сарфи назар аз омӯзиши пулҳои ғайринақдӣ ҳамчун саволи алоҳида дар байни онҳо ва пулҳои накдӣ* алоқамандии зич вуҷуд дорад, ки он дар воҳиди ягонаи пулӣ будани ҳар ду, гузариш аз шакли нақдӣ ба ғайринақдӣ (ҳангоми пасандоз кардани пулҳо, бо пули нақд додани аъзоҳаққӣ, додани пули барқу телефон) ва баръакс (ҳангоми аз ҳисоби бонкӣ гирифтани пули накд барои додани музди мехнат, иловапулӣ, нафақа) зоҳир мегардад. Инчунин, идоракунии гардиши пул ба воситаи тат-биқи сиёсати пулию қарзии бонки марказӣ, дар доираи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул ҳам ба пулҳои накдӣ ва ҳам ғайринакдӣ дахл дорад.
*3икр бояд кард, ки истифодаи мафҳуми «пули нақд» дар мамлакатҳои собик Иттиҳоди Шӯравӣ аз исти-фодаи он дар мамлакатҳои дигар фарк мекунад. Агар дар мамлакатҳои гурӯҳи аввал пули нақд гуфта танҳо пулҳои коғазию тангагии дар даст ё дар хазинаҳо доштаро фаҳманд, дар мамлакатҳои гурӯҳи дуюм ба онхо инчунин пулҳои дар ҳисобҳои бонкӣ буда низ дохил мешаванд.
Баробари зиёд шудани пулҳои ғайринақцй за-рурати идоракунӣ ва таъмини самаранокии истифо-даи онҳо ба миён омад. Бо мақсади нигаҳдошт ва баҳисобгирии пулҳои ғайринақдй бонкҳо барои ми-зоҷонашон ҳисобҳои алоҳида мекушоянд. Тартиби кушодани ҳисобҳо хеле одӣ буда, чанд дақиқаро талаб мекунад. Барои ин шахс (ҳуқуқӣ ё воқеӣ) ба бонк ариза ва ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод ме-намояд. Доштани рақами мушаххаси андозсупо-ранда ҳатмӣ аст.
Гузаронидани маблағҳо аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар, албатта, бе истифодаи шаклҳои алоҳидаи ҳи-соббаробаркунӣ анҷом намеёбад. Барои таъмини ҳаракати мақсадноки пулҳои ғайринакдӣ вексел, чек, кортҳои бонкӣ ва намудҳои дигари ҳисоббаро-баркунӣ васеъ истифода мешаванд.
Вексел ин ӯхдадории хаттии як шахс ба шахси дигар дар бораи ба ӯ ё шахси сеюм дар мӯхлати муайян додани маблаги навиш-ташуда аст.
Вобаста ба муносибатҳои байни фурӯшан-даю харидор дар ҳисоббаробаркунӣ шаклҳои гуно-гуни векселҳо истифода мешаванд.
Векселе, ки аз ҷониби қарздор* бароварда шуда, дар он ӯхдадории хаттии ӯ дар хусуси дар мӯҳлати муайян додани маблағи навишташуда ба шахси дигар нишон дода шудааст, вексели одӣ ном дорад.
*Дар ин ҷо мафҳумҳои истифодашуда маънои зерин-ро доранд: қарздор – харидори мол, ки пули онро дарҳол дода наметавонад ё шахсе, ки ӯҳдадории худро ҳоло иҷро карда наметавонад, бинобар ин, векселро ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунй истифода мебарад; қарздиҳанда – фурӯшандаи мол ё хизматрасон, ки ба пардохтпазирии қарздор дар оянда боварй дошта, ҳоло ба қабули вексел розй аст.
Векселе, ки аз ҷониби қарздиҳанда бароварда шуда, дар он ӯхдадории қарздор дар хусуси дар мӯҳлати муайян ба шахси сеюм додани маблағи дар вексел навишташуда нишон дода шудааст, век-сели тахвилшаванда ном дорад. Ин намуди век-сел аз тарафи се шахс – қарздиҳанда, қарздор ва пулгиранда имзо карда мешавад.
Дар якҷоягй ин ду намуди коғазҳои қиматнок векселҳои тиҷоратӣ ном доранд, зеро аслан дар сохаи савдои яклухт истифода мешаванд.
Векселҳо бо тартиби аз ҷониби қонун муа-йяншуда бароварда мешаванд. Дар онҳо сабти нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ аст: номи он – век-сел, фармон оид ба бе шарту шароит додани маб-лағи муайяни пул, номи қарздор – пулдиҳанда, ҷой ва мӯҳлати пардохт, таърих ва ҷойи навишти век-сел, имзои соҳиби вексел. Дар ҳолати набудани яке аз ин сабтҳо вексел ҳамчун воситаи пардохт қабул карда намешавад,
Хусусиятпхои хоси векселхо инхоянд:
– дар онҳо объекти қарз, яъне мол ё чизи ди-гаре, ки ба ивази он қарздор пули муайян доданӣ ҳаст, нишон дода намешавад;
– додани қарз ҳатмй буда, ҳатто истифодаи ташкилотҳои салоҳиятдор барои маҷбуран гириф-тани пул пешбинӣ шудааст;
– векселҳо бо роҳи навишти додани ҳаққи
пулгирӣ дар пушташон ба шахси дигар таҳвил карда мешаванд.
• Азбаски векселҳои таҳвилшаванда гарави пурраи пардохт надоштанд, дар ибтидо истифодаи васеъ наёфтанд. Бинобар ин, бонкҳо ҳамчун гарави додани пули векселҳои аз ҷониби мизоҷони бова-риноки худ навишташуда баромад карданд, ки чунин намуди векселҳо номи векселхои аксепт-шударо* гирифтанд.
*Аслан аксепт истилоҳест, ки маънии тарзи бе пули накд баробар кардани ҳисоб дар байни идораҳо ва ҳамчунин розигӣ барои додани пул аз рӯи ҳуҷҷатҳоро дорад.
Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда век-селҳои тиҷоратй доираи танги гардиш доранд, зеро аслан онҳо ҳангоми ҳисобу китоб дар соҳаи савдо ва байни шахсони ба пардохтпазирии якдигар бо-варидошта истифода мешаванд.
Дар баробари векселҳои тиҷоратӣ дар муоми-лот намудҳои зерини векселҳо низ истифода меша-ванд:
– векселхои хазинадорӣ, ки аз ҷониби ҳу-кумат ба мӯҳлати 3-6 моҳ бароварда шуда, бо нархи аз арзиши номиналиашон пасттар фурӯхта мешаванд;
– векселхои молиявй – коғазҳои қиматноки дарозмуддати ҳукуматӣ, ки дар онҳо ӯҳдадории
ҳукумат оид ба баргардонидани маблағи навишта-шуда дар мӯҳлати муайян нишон дода шудааст;
– векселуои дӯстӣ – векселҳои аз ҷониби як шахс ба номи шахси дигар навишташуда*, ки таъ-миноти молӣ надоранд. Сабаби мавҷудияти чунин векселҳо аз ҷониби бонк эътироф кардани онҳост, яъне соҳиби чунин вексел метавонад онро ба бонк супурда ба ивазаш қарз гирад.
*Масалан, Қосим вазъи бади молиявии дӯсташ -Ҳайдарро дониста, мехоҳад ба ӯ ёрдам кунад, вале ҳоло ху-даш лул надорад, бшобар ш ба Ҳайдар вексел медиҳад, ки дар он ӯхдадории Қосим дар хусуси дар мӯҳлати муайян додани маблағи вексел нишон дода шудааст. Ҳайдар бо мақсади карзгирӣ ин векселро ба бонк пешниҳод мекунад. Албатта, ба бонк додани ҳуқуқи гирифтани пул аз Қосим дар пушти вексел навйшта мешавад. Бонк дар навбати худ ба Ҳайдар дар ҳолати боварӣ ба пардохтпазирии ӯ ё дӯсташ – Қосим қарз медиҳад.
Тавре ки зикр гардид, векселҳо аслан дар байни шахсони боваринок истифода шуда, дар он-ҳо асоси навишти вексел, яъне барои чӣ як шахс ба шахси дигар пул медиҳад, нишон дода намешавад.
Азбаски зарурати таъмини сирри тиҷоратӣ имкон намедиҳад, ки харидору фурӯшанда аз вазъи молиявии яқдигар пурра хабардор бошанд, онҳо ба истифодаи шакли ҳисоббаробаркуние ҳавасман-данд, ки дар он гарави гирифтани пулашон дода мешавад. Ин аст, ки аз охирҳои асри XVII* сар карда, дар баробари векселҳо тоҷирон ба истифо-даи чекҳо шурӯъ намуданд.
*Чекҳои аввалин дар Британияи Кабир соли 1683 ҳангоми ҳисобу китоб байни точирон истифода шудаанд.
Чек ин фармони хаттии сохиби хисо-би бонкӣ ба бонк дар хусуси аз хисоби ӯ пар-дохт кардани маблаги дар чек нишондодашу-да ба шахси муайян – пешниходкунандаи чек ё ба хисоби бонкии дигар мебошад.
Шакл ва тартиби навишти чек аз ҷониби бонк муайян карда мешавад.
Дар муомилот намудхои гуногуни чекхо истифода мешаванд:
номӣ – чеки ба номи шахси муайян навиш-ташуда, ки ҳуқуқи тамвили онро надорад;
фармонӣ – чеки ба номи шахси муайян на-вишташуда, ки дар навбати худ имкон дорад бо роҳи навишт дар пушти чек ҳуқуқи гирифтани пул-ро ба шахси сеюм диҳад;
пешниходӣ – мувофиқи он маблағи дар чек нишондодашуда ба пешниҳодкунандаи чек дода мешавад;
аксептшуда – мувофиқи он бонк гарави додани пули дар чек навишташударо додааст;
пардохтӣ – чекҳое, ки танҳо барои ҳисоб-баробаркунии ғайринақдӣ истифода мешаванд.
Истифодаи чекҳо дар мамлакатҳои пешрафта ба дараҷае равнақ ёфтааст, ки барои коркарди онҳо марказҳои махсус ташкил карда шуда, дар онҳо миқдори зиёди кормандон фаъолият доранд. Дар ин
марказҳо ҳар рӯз чекҳои аз бонкҳо воридшуда ба гурӯҳҳо ва бонкҳои пардохткунанда чудо карда шуда, ҳисоббаробаркунй танҳо аз рӯи фарқияти маблағи онҳо гузаронида мешавад.
Истифодаи чекҳо ва коркарди онҳо харҷи зиёдро талаб мекард, аз ин рӯ бонкҳо бо истифода аз комёбиҳои илми электроника роҳҳо ва шаклҳои нави ҳисоббаробаркуниро ба роҳ монданд, ки он иборат аз кортуои бонкӣ мебошад. Ин воситаи ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ ба ҷои пулҳои нақ-ду чекҳо истифода шуда, инчунин имкон медиҳад, ки соҳиби он бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз бонк қарзи кӯтоҳмуддат гирад. Дар адабиёти илмӣ пулҳои ба воситаи кортҳо истифодашавандаро пулодои элек-тронӣ номидаанд .
Дар муомилот намудҳои зерини корто истифода мешаванд:
– кортои дебетӣ, ки дорандаи он имкон дорад танҳо дар ҳаҷми маблаги дар корт доштааш ҳисобй кунад.
– кортуои кредитӣ, ки ба соҳибаш имкон медиҳад ҳангоми нарасидани маблағи дар корт бу-да, аз бонк қарзи кӯтоҳмуддат гирад. Дар ин ҳолат қарз бо тартиби роҳ додан ба овердрафт* дода ме-шавад.
– кортуои савдо, ки аз ҷониби ширкатҳои калони савдо бароварда шуда барои ҳисобу китоб бо мизоҷони онҳо истифода мешаванд.
Истифодаи имкониятҳои алоқаи электронӣ ба бонку мизоҷон имкон медиҳад аз уисоббаробар-кунӣ ба воситаи компютер истифода баранд. Агар шахс дар хонааш ё ҷои кораш компютер дош-та бошад, метавонад ба воситаи он ба бонк супо-ришҳои заруриро диҳад. Албатта, чунин намуди ҳисоббаробаркунӣ баъди бастани шартномаи мах-сус ва муайян намудани рамз (код)-и мизоҷ исти-фода мешавад.
Суръати баланди пешрафти илму техника ва татбиқи комёбиҳои он дар соҳаи бонкдорӣ имкон медиҳад, ки бонкҳо пайваста ба мизоҷон шаклҳои нави хизматрасониро пешниҳод кунанд (Нигаред ба замимаи 9).
Ҳамин тариқ, зарураги таъмини гардиши са-мараноки пулҳои ғайринакдй бонкҳоро маҷбур ме-созад, ки роҳҳои самараноки ҳисоббаробаркуниро ҷустуҷӯ намуда, дар амал татбиқ намоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.