Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОН

МУОМИЛОТИ ПУЛИ ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОН
Мо акнун медонем, ки асоси пайдоиши пул пешрафти истеҳсолоти молӣ ва вобаста ба он муомилоти молй мебошад. Барои он ки пул тавонад ба муомилоти молӣ дуруст хизмат кунад, зарур аст, ки он баробари ҳаракати молҳо (аз фурӯшандагон ба харидорон) дар гардиш бошад, яъне муомилоти молӣ мутаносибан муомилоти пулиро талаб мекунад.МУОМИЛОТИ ПУЛИ ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОН
4.1. Мафҳуми муомилоти пулӣ
Мо акнун медонем, ки асоси пайдоиши пул пешрафти истеҳсолоти молӣ ва вобаста ба он муомилоти молй мебошад. Барои он ки пул тавонад ба муомилоти молӣ дуруст хизмат кунад, зарур аст, ки он баробари ҳаракати молҳо (аз фурӯшандагон ба харидорон) дар гардиш бошад, яъне муомилоти молӣ мутаносибан муомилоти пулиро талаб меку-над.
Донистани мафҳуми пул, зарурати пайдоиш, моҳият, вазифаю намудҳои он имкон медиҳад, ки мо ба мафҳуми муомилоти пулӣ ва тартиби таш-кили дурусти он сарфаҳм равем.
Ҳаракати пайвастаи пул (накдию гай-ринакдӣ) хангоми хариду фурӯши молхо, хиз-жатрасокгсссо ва и-^рои дигар ӯудадорихои мар-бути чунин муносибот муомилоти пулӣ но-мида мешавад.
Муомилоти пулии ҳар як мамлакат аз ҳа-ракати пул дар байни субъектҳои зерин иборат аст:
– бонки марказӣ (мгсллӣ) ва бонкхои тичоратӣ ҳангоми додани пул барои қонеъку-нии талаботи мизоҷон ва баргардонидани пул бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳою зиёд кардани захира-ҳои ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ);
– бонкхои тичоратӣ ҳангоми қарздиҳӣ, хариду фурӯши асъор ва иҷрои ӯҳдадориҳои байни-ҳамдигарӣ;
– бонкхои тичоратӣ ва мизочони онхо (шахсони хукукию вокеӣ) ҳангоми додани кар-зу маблағҳои дар суратҳисобҳои онҳо буда, баргар-донидани қарзҳою пасандози пулҳои муваққатан озодмонда;
– шахсони хукуцӣ ҳангоми иҷрои ӯҳ-
дадориҳои байниҳамдигарӣ вобаста ба пардохти
арзиши молҳою хизматҳои расонидашуда;
– шахсони хукукӣ ва вокеӣ ҳангоми до-дани музди меҳнат, нафақа, аъзоҳаққй, додани пу-ли хизматҳои расонидашуда (масалан, ҳангоми таъ-мири хона аз ҷониби ягон ширкат) ва ғайра;
– шахсони вокеӣ ҳангоми хариду фурӯши молҳою хизматрасонӣ, гирифтани қарз аз яқдигар ва баргардонидани он;
– бонкхо ва муассисахои молиявии гай-рибонхы. (ташкилотҳои суғуртавӣ, хазинаи нафақа, нуқтаҳои ивази асъор, биржаи асъор, биржаи коғаз-ҳои қиматнок ва ғайра) ҳангоми додани қарзу маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои онҳо, баргардонида-ни карзҳою иҷрои ӯҳдадориҳои дигар ва маблағгу-зорй дар суратҳисоб;
– муассисаздои молиявии гайрибонкӣ ва ассолӣ ҳангоми додани нафака, маблағи суғурта, хариду фурӯши асъору саҳмияҳо ва ғайра.
Азбаски ба муомилоти молӣ пулҳои накдӣ ва ғайринакдй хизмат мекунанд муомилоти пулӣ ба ду гурӯу тацсим мешавад:
Муомилоти пулии накдӣ
Он аз гардиши пулҳои хазинадорй, пулҳои карзй (бонкнотаҳо) ва тангаҳои филиззӣ иборат аст. Пулҳои хазинадорӣ аз ҷониби вазорати молия ё ха-зинадорй бароварда шуда, барои пӯшонидани кас-ри буҷет истифода мешаванд. Ва аммо пулҳои қар-зӣ аз ҷониби бонки марказӣ (миллӣ) бо рохд карз-диҳӣ ба ҳукумату субъектҳои хоҷагидорй ва хари-ди асъори хориҷӣ ба муомшгот бароварда меша-ванд.
Муомилоти пулии гайринакдӣ Он аз гардиши пайвастаи пасандозҳои бон-кии шахсони ҳуқукию воқеӣ иборат аст. Гардиши пасандозҳо ё пулҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ буда бо истифодаи векселҳо, чекҳо, кортҳои бонкй, су-поришномаҳои пулдиҳию талабномаҳои пулгирй таъмин карда мешавад. Исгифодаи техникаю тех-нологияи ҳозирзамон дар соҳаи бонкдорӣ рӯз аз рӯз намудҳои хизматрасонии бонкиро зиёд менамояд.
Вақтҳои охир дар мамлакатҳои аврупоӣ шаклҳои ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ, ба монанди супо-ришдиҳӣ ба воситаи компютер, факс ва телефон ва-сеъ истифода мешаванд.
Мақсади муомилоти пулии накдию ғайри-нақдӣ таъмини самаранокии муомилоти молӣ ва пардохтҳо мебошад. Ташкили дурусти он имкон медиҳад:
– устувории қурби пули миллӣ, ки яке аз шартҳои пешрафти иқтисодиёт мебошад, таъмин карда шавад;
– ҳаракати саривақтии маблағҳои пулӣ (пар-дохтҳо) дар байни суратҳисобҳои мизоҷон амалӣ гардад;
– гардиши пул, нигаҳдошти захираҳои пулӣ ва ивазкунии пулҳои фарсудашуда бо харҷи камта-рин ба анҷом расонида шавад;
– талаботи асосноки мизоҷон ба қарз ва пули нақд қаноатманд карда шавад.
4.2. Чоп ва эмиссияи пул
Азбаски дар ҳама давраҳо одамоне ҳастанд, ки ба чопи пулҳои қалбакию гирифтани даромади бедардимиён шавқи хоса доранд, дар дунё бо мақ-сади пешгирӣ намудани чунин амалиётҳои ғай-риқонунӣ тартиби муайяни чопу ба муомилот баро-вардани пул қабул шудааст. Аслан пул аз ҷонибиҳукумати мамлакат аз чоп бароварда мешавад. Дар қисме аз мамлакатҳо чопи пул ба ӯхдаи бонки мар-казй (миллй) гузошта шудааст.
Дар ҳар ду сураг, бо қарори ҳукумат гурӯҳи махсус аз ҳисоби олимону рассомон ва мутахас-сисони соҳаи молияю бонк* ташкил карда меша-вад. Ин гурӯҳ сохтори пул, ҳаҷму микдори пулҳои чопшаванда, қурби он нисбати пулҳои дар муо-милотбуда ва. асъорҳои озод табдилшаванда, шакли пулҳо**, мӯҳлати чопу ба муомилот баровардани онҳоро муайян намуда, барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод менамояд. Ҳукумат баъди тасдиқи пеш-ниҳод бо мақсади чопи пул ширкати лозимиро ин-тхоб мекунад.
*Ҳангоми дар вазъи бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошта-ни иқтисодиёти мамлақат ва хавфи таъсири манфии ҳар гуна овоза оид ба чопи пули нав ба қурби пули дар муоми-лот будаю нархҳо сарвари давлат метавонад бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ин амалиёт иҷрои онро ба гурӯҳи муайян супорад. Азбаски харҷи чопи пул калон буда, он аз буҷети давлатӣ пӯшонида мешавад, махфӣ нигоҳ доштани чунин амалиёт хеле мушкил аст. Маълум аст, ки банакша-гирии буҷет тақрибан як сол пеш сар шуда, ҳамаи хароҷот-ҳои соли оянда дар он нишон дода мешавад. Агар харҷи чопи пул дар нақша бошад, бояд он дар буҷет нишон дода шавад, яъне хоҳ нохоҳ кормандони вазорати молия аз ин хабардор мешаванд. Болои он қонуни буҷет ба ҳукумат пешниҳод шуда, баъдан аз ҷониби парламент қабул меша-вад, ки хавфи овоза шудани чопи пулро боз ҳам зиёд меку-над. Ин аст, ки баъзан харҷи чопи пул аз ҳисоби захираҳои бонки марказӣ пӯшонида шуда, баъдан аз ҳисоби буҷет бар-қарор карда мешавад.
**Шакли пул ва дар болою пушти он ҷой додани рас-ми бузургону ҷойҳои таърихии кишвар аз ҷониби гурӯҳ му-айян карда мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, 1си кишварҳо ба ин муносибати гуногун доранд. Масалан, дар болои евро аксҳои аниқи ба миллатҳои алоҳида дахлдошта ҷой дода нашудаанд. Қисме аз пулҳои канадагӣ бо сурати шоҳи Британияи Кабир – Елизабетаи II ороиш ёфтаанд.
Ширкати интихобшуда чопи пули миллиро дар шаклҳои қабулшуда ба роҳ мемонад. Баъдан ин пулҳо аз ҷониби бонки марказӣ ба муомилот баро-варда мешаванд.
Вобаста ба қурби пулу ҳаҷми муомилоти мо-лӣ ҳукуматҳо ё бонкҳои марказӣ микдори пулеро, ки барои таъмини талаботи муомилот зарур аст, аз чоп мебароранд. Масалан, маблағи умумии сомо-нию дирамҳои чопшуда аз маблағи ҳангоми вори-дот (соли 2000) ба муомилот бароварда 5 баробар зиёд буд. Ин имкон медиҳад, ки талаботи муомилот чанд соли дигар аз ҳисоби пулҳои дар захираҳо буда таъмин карда шавад. Азбаски доллари амри-коӣ пули асосии ҷаҳонист, ҳукумати ИМА чопи пайвастаи онро ба роҳ мондааст, то тавонад талабо-ти дохилию беруниро ба он таъмин намояд (Нигаред ба замимаи 18).
Тартиби ба муомилот баровардани пул, ки боиси гиёд шудаии щацми он мегардад, эм-иссияи пул ном дорад. Дар аввал пулҳо аз ҷони-би давлат – эмитент бо воситаи бонки марказӣ (миллӣ) ба муомилот бароварда мешаванд. Баъдан ҳаҷми пул дар муомилот бо роҳи аз ҷониби бонки
марказӣ (миллӣ) додани карз ба ҳукумату бонкқои тиҷоратӣ ё харидани асъори хориҷӣ зиёд карда ме-шавад.
Дар натиҷаи барориши пул даромади эмис-сионй пайдо мешавад, ки он баробар аст ба фарқи байни арзиши номиналй* ва арзиши аслии пулҳои накд (харҷи чопи пулҳо)**. Масалан, соли 1994 даромади эмиссионй дар ИМА 0,4 фоиз, Британияи Кабир 0,3 фоиз ва Олмон 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод (33,51). Агар фарз кунем. ки вобаста ба истифодаи пулҳои электронӣ даромади эмиссионии ИМА дар солҳои охир 2 ба-робар кам шудааст, яъне он акнун на 0,4, балки 0,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил меди-ҳад, дар ин ҳолат низ соли 2002 он на камтар аз 20 млрд. доллар*** аст. Мутаассифона, кишварҳои хурд даромади ночизи эмиссионӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди даромад дар ҷамъи умумии даромадҳои Бонки миллӣ ба ҳисоб гирифта шуда, мувофики тартиби муайяншуда ан-дозбандӣ мешавад.
*Арзиши номиналӣ ин арзиши дар рӯи пулҳо навиш-ташуда аст. Барои дуруст таъмин кардани талаботи муоми-лоти молй ба пул ҳукумат ё бонки марказй вобаста ба қурби муайянкардаи пулаш (нисбати асъорҳои озодтабдилшаван-да) пулҳои арзиши номиналии гуногунро ба муомилот меба-рорад. Барои мисол, агар бонки марказӣ пули сомониро ба ҷои 1 доллар баробари 2,2 сомонӣ бо қурби 1 доллар баро-бари 1200 сомонӣ ба муомилот мебаровард, он гох, пулх.ои сомонй бо арзиши номиналии имрӯзаашон (1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонй) ба муомилот дуруст хизмат карда наметавонистанд. Дирамҳо умуман лозим набуданд. Ба ҷои онҳо бояд 20, 50, 200, 500, 2500, 5000, 10000, 25000, 50000 сомонӣ ба муомилот бароварда мешуд. Танҳо бо чунин сохтори пулҳо талаботи муомилоти молиро таъмин намудан мумкин буд, зеро он гоҳ нархҳо 500 маротиба аз нархҳои имрӯза баланд мебуданд.
**Маблағе, ки барои чопи воҳиди пулӣ сарф шуда-аст.
***Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА соли 2002 10446,2 млрд. долларро ташкил дод, ки 0,2 фоизи он ба 20,9 млрд.доллар баробар аст (\\У\\У\\У.ПГ$1§ОУ.§ОУ Ос1оЬег, 2003).
Таъмини талаботи муомилоти молӣ ба пул зарурати пайваста ба муомилот баровардану аз муомилот гирифтани ггулро ба миён меорад. Қисме аз ширкатҳою одамон аз ҳисобҳояшон пул меги-ранд, қисми дигар бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳо-яшон дар назди буҷет, пасандози маблағҳои мувақ-қатан озодмондаашон ва ғайра ба бонк пул месу-поранд. Дар натиҷа мумкин аст ҳаҷми ггул дар муо-милот тагйир наёбад. Эмиссияи пул барориши пу-леро дар бар мегирад, ки он боиси зиёдшавии ҳаҷ-ми пул мегардад.
Эмиссияи пулҳои ғайринақдӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва пулҳои нақдӣ аз ҷониби бонки марказӣ амалй мегардад.
Бонки тиҷоратӣ наметавонад аз бонки марка-зй пули накд гирад, агар дар ҳисоби муросилоти-аш* маблағи заруриро надошта бошад. Ин аст, ки ҳангоми зарурат, аввал байни бонкҳои марказию тиҷоратй шартномаи қарзӣ имзо шуда, миқдори му-айяни пул ба ҳисоби он гузаронида мешавад ва
баъдан ба ивази ин пул он метавонад аз бонки мар-казй пули накд гирад.
*~Ҳисоби муросилотй – ҳисоби бонки тиҷоратӣ, ки барои нигаадошту истифодаи мақсадноки маблағхои он дар бонки марказӣ ё бонки тиҷоратии дигар кушода шудааст.
Мақсади эмиссия таъмини талаботи иловагии мизоҷон ба пул мебошад. Талаботи шговатй мум-кин аст ба зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот ё болора-вии нархҳо вобаста бошад. Бонкҳои тиҷоратӣ тала-боти иловагии мизоҷонро аз ҳисоби сармояи худ қонеъ карда наметавонанд, зеро он танҳо барои ко-неъгардонии талаботи доимй басанда асту халос.
Эмиссияи пулҳои нақд бе дарназардошти зи-ёдшавии Маҷмӯи маҳсулога дошлй ё сармоягузо-риҳои хориҷй метавонад боиси беқурбшавии пулу болоравии нархҳо* гардад. Аз ин рӯ. зарур аст, ки эмиссияи пули накд ба нақшаи муайян асос ёбад. Бонки марказӣ аз рӯи пешбиниҳои гардиши касса-вии бонкҳои тиҷоратй ва таҳлилҳои худ, ки ба зи-ёдшавии ҳаҷми истеҳсолот, тагйир ёфтани таварру-му қурби пул асос ёфтааст, ҳаҷми тахминии эмис-сияи пулро дар мӯҳлатҳои алоҳида муайян менамо-яд. Баъдан эмиссияи пул аз ҷониби сохторҳои бон-ки марказй бо тартиби дар нақша нишондодашуда амалй карда мешавад.
*То солҳои 80-уми асри XX дар адабиёти илмӣ ақи-дае вучуд дошт, ки мувофики он бояд миқдори пули ба муо-милот бароварда аз ҳаҷми захираҳои тиллоию асъории мам-лакат вобаста мебуд. Гӯё қурби пул аз таъминнокии он бо
захирахои тиллоии мамлакат вобаста аст, вале, баъдан таҷ-рйбаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки чунин ақида дуруст нест. Ҳаҷ-ми пули дар муомилот буда, метавонад кисман бо захира-ҳои тиллоию асъорӣ ва қисман захираҳои молӣ таъмин бо-шад. Илова ба он, курби пул ба сиёсати пулию қарзии бонки марказӣ вобаста аст (Нигаред ба замимаи 19).
4.3. Мултипликатори бонки
Тавре ки дар мавзӯъҳои гузашта зикр наму-дем, дар зинаи муайяни пешрафти муомилоти мо-лию пулӣ одамон аз истифодаи тилло ҳамчун пул даст кашиданд. Тиллоҳояшонро аввал ба ҷавоҳи-ротсозон ва баъдан ба бонкҳо супурда, ба ивазаш шаҳодатнома мегирифтанд, ки ҳамчун воситаи до-дугирифт истифода мешуд. Ин шаҳодатномаҳо оҳиста-оҳиста ба шакли муайян даромада, ҳамчун пул истифода мешуданд.
Дар аввал арзиши номиналии ин пулҳо ба арзиши умумии тиллои ба бонкҳо супурдашуда ба-робар буд, вале баъдан таҷриба нишон дод, ки қисми муайяни пулҳо ба бонк барнагашта, доимо дар муомилот мемонанд, зеро на ҳамаи одамон якбора ба ивази пулашон аз бонк тилло мехаранд. Аз ин рӯ, соҳибони бонкҳо ба хулоса омаданд, ки имкон доранд ба ивази ҳаҷми тиллои мувақкатан озодмонда ба муомилот пули иловагӣ бароранд.
Татбиқи ин амал ҳаҷми пули дар муомилот бударо аз миқдори зарурӣ чандин маротиба зиёд намуда, боиси болоравии нархҳою касодшавии бозор гардид. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо бо мақсади таҳти назорат гирифтани ин амал аз асри XIX сар карда, бонкҳои марказиро ташкил намуданд ва ҳуқуқи ба-рориши пулро ба онҳо доданд, вале ин ҳам нати-ҷаи дилхоҳ надод.
Пешрафти соҳаи бонкдорию афзалияти воси-таҳои ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ, инчунии имконияти ҳимояи маблағҳои пулӣ аз беқурбшавй (бо роҳи гирифтани фоиз аз пасандози онҳо дар бонк) қисми зиёди мардумро водор сохт, то маб-лағҳои пулии худро дар бонкҳо пасандоз кунанд. Бонкҳо наметавонистанд ин пасандозҳоро бе ҳара-кат нигоҳ доранд, зеро ба онҳо даромаде лозим буд, ки аз ҳисобаш ҳам хароҷотҳои худро пӯшонанду ҳам ба амонатгузорон фоиз диҳанд. Ин аст, ки қарз-диҳӣ аз ҳисоби пасандозҳо яке аз вазифаҳои асосии бонкҳо ба шумор меравад.
Қарзгирифтагон маблагҳои гирифтаашонро барои хариди молу иҷрои ӯҳдадориҳои пулии худ сарф мекунанд. Ин пулҳо ба воситаи мағозаю дигар нуқтаҳои савдо боз ба бонк баргашта пасандоз ме-шаванд. Ҳамин тариқ, дар муомилоти молию пулӣ гардиши пайвастае (пасандоз – қарз – соҳаҳои сав-дою хизматрасонӣ – пасандоз – қарз – …) вуҷуд до-рад, ки боиси зиёдшавии ҳаҷми пул дар муомилот мегардад. Ин гардиш хусусияти объективӣ дошта, аз хоҳиши одамон вобаста нест. Бонки марказӣ имкон дорад фишангҳои назоратии худро истифода карда, онро танзим намояд.
Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ яке аз роҳҳои ба муомилот баровардани пул ё ба тавридигар эмиссияи пул мебошад. Тавре ки пештар зикр намудем, эмиссияи пулҳои ғайринақдй аз ҷо-ниби бонкҳои тиҷоратӣ амалӣ шуда, боиси зиёд шудани қаҷми пул дар муомилот мегардад.
Тартиби зиёдшавӣ (мултипликатсия)-и ссачми пул дар натичаи истифодаи маблаги пасандозосо осамчун сарчашмаи карздщӣ мул-типликатори бонкӣ* ном дорад.
*Дар адабиёти иктисодӣ икчунин мафҳумҳои мул-типликатори карзӣ ва мултипликатори пасандозй истифода мешаванд, ки мазмунан ҳар се аз ҳамдигар фарқ надоранд. Ин мафҳумҳо ҳангоми баҳодиҳй ба накши мултипликатор аз мавқеи умумибонкӣ, қарз ва ё пасандоз истифода меша-ванд.
Фарз мекунем, ки маблағи умумии пасан-дозҳо* дар Фононбонк ба 100 ҳазор сомонӣ баробар аст.
*Дар ин ҷо «пасандоз» гуфта, ҳамаи маблағҳои дар ҳисобҳои бонкй бударо (сарфи назар аз мӯҳлаташон) дар на-зар дорем, зеро дар шароити бозор ва рақобати байнибонкӣ бонкҳо барои ин пасандозҳо фоизи муайян медиҳанд.
Агар меъёрҳои захираи ҳатмӣ дар бонки марказӣ 15 фоиз ва захираи кассавии Фононбонк 10 фоиз бошанд, пас он метавонад 75 фоизи пасандоз е 75000 сомониро ба қарз диҳад. Қарзгиранда бо ин пул мол мехарад ё ӯҳдадориҳои дигари пулии худ-ро иҷро мекунад. Дар ҳама ҳолат, қисми зиёди ин пул аз ҷониби мағоза ё шахсони дигаре, ки соҳиби
Шариф Рауимзода 76 Муомилоти пули ва царз
он шудаанд, боз ба бонк супорида шуда ба пасан-доз мубаддал мегардад. Бонк маҷбур аст, ки тарти-би пешинаро боз такрор намояд, яъне 15 фоизи он-ро ба бонки марказӣ гузаронида, 10 фоизашро ҳам-чун захираи кассавй нигоҳ дошта, 75 фоиз ё 56250 сомониашро ба қарз диҳад. Ин фаъолият бо тарти-би зайл давом мекунад:

Тартиби амали мултипликатори бонкӣ ва зиёдшавии ҳаҷми пул дар муомилот
пасандозҳо захираи кассавй захираиҳатмй қарзи додашуда
(10%) (15%) (75%)
пасандози асосӣ – 100000 10000 15000 75000
пасандози якум – 75000 7500 11250 56250
пасандози дуюм – 56250 5625 8437,5 42187,5
пасандози сеюм – 42187,5 4218,75 6328,2 31640,6
пасандози чорум – 31640,6 3164,1 4746,1 23730,5
ва ғайра
ҶАМЪ: 400000 40000 60000 300000
Ҳамин тариқ, дар охири ин амалиёт маблағи пасандози асосй (100 ҳазор сомонй) дар шакли захираи кассавӣ ва ҳатмӣ ба бонкҳо баргашта, 300 ҳазор сомонӣ (пасандозҳои иловагӣ ё пулҳои дар ин раванд пайдошуда) ба карз дода мешавад. Ал-батта, маблағи пулҳои дар ин раванд пайдошуда мумкин аст аз ин камтар бошад, зеро кисме аз ода-мон ба бонкҳо он қадар бовар надошта, пулҳоя-шонро дар хона нигоҳ медоранд.
Ҳаҷми умумии пасандозҳои иловагӣ ё пулҳои нав пайдошуда аз меъёрҳои кассавии бонки тиҷоратӣ ва захираи ҳатмӣ дар бонки марказӣ вобаста аст. Дар ҳолати ба 10 фоиз баробар будани онҳо ҷамъи умумии пасандозҳо ба 1 млн. сомонӣ баро-бар мешавад, ки аз он 100 ҳазор сомонӣ пасандози асосй ва 900 ҳазор сомонӣ пасандозҳои иловагӣ ё пулҳои сохташуда мебошанд. Агар меъёрҳо дар якҷоягӣ ба 40 фоиз баробар бошанд, он гоҳ пасан-дозҳо 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 100 ҳазор сомонӣ пасандози асосй ва 150 ҳазор сомонӣ пулҳои навсохташуда аст.
Агар ҳамаи бонкҳо меъёри якхелаи кассавӣ медоштанд (масалан, 10 фоиз) он гоҳ ба ҷои ҳар 1 сомонии дар бонк гузошташуда 10 сомонӣ пасан-доз пайдо мешуд, ки аз он 1 сомонӣ маблағи асосӣ ва 9 сомонӣ пасандозҳои иловагӣ мебуданд. Дар Точикистон, ки меъёри захираҳои ҳатмй дар Бонки миллӣ ба 18 фоиз (соли 2004) ва меъёри захираи кассавии бонкҳои тиҷоратӣ ба 30 фоиз баробар аст, дар натиҷаи пасандози ҳар 1 сомонӣ боз 1 сомонии дигар пасандози иловагӣ пайдо мешаваду халос.
Дар мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо меъёри захираи ҳатмй дар бонки марказӣ паст аст ва ё вуҷуд надорад ва исбот шудааст, ки агар бонк-ҳо 8-10 фоизи пасандозҳояшонро ҳамчун захираи кассавӣ* нигоҳ доранд, метавонанд талаботи дои-мии мизоҷонашонро пурра қонеъ гардонанд. Яъне бонкҳои дар Аврупо буда имкон доранд 90-92 фои-зи пасандозҳоро ба қарз диҳанд ва ҳамин тавр, ҳар як еврои пасандозшуда боиси пайдошавии 9 евро -пасандози иловагӣ мегардад.
*Қайд кардан зарур аст, ки дуруст муайян намудани меъёри захираи кассавӣ барои таъмини фаъолияти самара-ноки бонк хеле зарур аст. Дар шароити рақобати сахти бозорӣ бонкҳо бо мақсади ҷалб кардани мизоҷон ҳаракат мекунанд қарзҳои арзонтарро ба онҳо пешниҳод намоянд. Агар меъёри захираи кассавии як бонк аз бонкҳои дигар баландтар бошад, пас он қисми камтари пасандозҳоро мета-вонад ба қарз диҳад. Дар натиҷа бонк фоидаи нисбатан кам мегирад. Мутаассифона, вобаста ба ин бонк имкон надорад фоизи ба амонатгузор медодагиашро кам кунад, зеро амо-натгузор метавонад пасандозҳояшро ба бонки дигар гуза-ронад. Чунин амал мумкин аст боиси муфлисшавии бонк гардад. Бинобар ин дуруст муайян намудани меъёри захи-раи кассавй яке аз шартҳои самаранокии фаъолияти бонки тиҷоратӣ мебошад.
Тавре ки зикр намудем, эмиссияи пулҳои ғай-ринакдӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратй боиси зиёд-шавии ҳаҷми пул ва болоравии нархҳо (таваррум) мегардад. Бо мақсади таҳти назорат гирифтани ин амалиёт ва роҳ надодан ба зиёдшавии беасоси ҳаҷ-ми пул бонки марказӣ аз механизми идоракунии мултипликатори бонкӣ истифода мебарад. Аз он ҷумла, дигар кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ дар бонки марказй микдори чандкарата зиёд пгудани ҳаҷми пул ё дар қатори ҳар як сомонӣ чанд сомо-нии нав пайдо шуданашро муайян мекунад.
Ҳамин тавр, истифодаи фишангҳои иқтисо-дӣ, аз он ҷумла таҳти назорат гирифтани амали мултипликатори бонкӣ, ба бонки марказӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми пули дар муомилот бударо во-баста ба сатҳи таваррум танзим намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.