Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


ҚОНУНИ МУОМИЛОТИ ПУЛИ ВА НАЗОРАТИ ГАРДИШИ ПУЛ

Дар давраҳои аввали истифодаи тиллою нуқра ҳамчун пул зарурати назорати гардишу танзими мидори он ба миён наомада буд, зеро истеҳсоли тиллою нуқра дар дунё маҳдуд буда, ба қурби онҳо таъсири манфӣ намерасонд. Вале баробари кушода шудани китъаҳои нав ва зиёд шудани истеҳсоли тиллою нуқра хатари таъсири манфии он ба қурби пул ба миён омад.Дар давраҳои аввали истифодаи тиллою нуқра ҳамчун пул зарурати назорати гардишу танзими мидори он ба миён наомада буд, зеро истеҳсоли тиллою нуқра дар дунё маҳдуд буда, ба қурби онҳо таъсири манфӣ намерасонд. Вале баробари кушода шудани китъаҳои нав ва зиёд шудани истеҳсоли тиллою нуқра хатари таъсири манфии он ба қурби пул ба миён омад.
Масалан, дар асри XVI аз Амрикои Ҷанубӣ ба Испания овардани миқдори зиёди тиллою нуқра боиси зиёд шудани миқдори пул дар муомилот, болоравии нархҳо ва касодшавии ширкатҳою соҳибкорони алоҳида гардид. Ин ҳодиса ҳукуматдоронро маҷбур сохт, ки ба масъалаҳои ташкили муомилоти пулй диққати махсус диҳанд.
Маълум шуд, ки дар миёни миқдори пул ва молҳои дар муомилот буда, баробарӣ ва ё таносуби муайян ҳукмфармост. Таъмин нагардидани ин баробарӣ ва ё таносуб ба нархҳо бетаъсир намемонад. Барои сарфаҳм рафтан ба ин муаммо моро зарур аст, ки мафҳумҳои зеринро аз худ намоем: микдори пул, суръати гардиши пул, сатҳи умумии яархҳо, миқдори молҳо.
М и қ д о р и п у л
Аз фанни «Иқтисоди сиёсӣ» талаби қонуни талаботу пешниҳод ва зарурати риояи он ба ҳама маълум аст. Пул, ки худ мол аст, каму зиёд шудани микдораш дар муомилот ба қурб ва ё нархи он таъсир мерасонад. Барои мисол: дар давлате 1 млн. воҳиди пулй ва 1 млн. дона моли муайян мавҷуд буда, нархи як дона мол ба як воҳиди пулӣ баробар аст. Агар бо сабабе ҳукумат ба муомилот боз 1 млн. воҳиди пулии дигар барорад, одамон баъди чанде шоҳиди он мегарданд, ки сарф кардани миқдори пулҳои иловагӣ ғайриимкон аст, зеро дар бозор микдори молҳо зиёд нашудааст. Аз ин рӯ, рақобати байни одамон барои ҳарчӣ зудгару зиёдтар харидани молҳои мавҷуда сар шуда, хоҳу нохоҳ боиси болоравии нархҳо мегардад. Ин рақобат то баробар шудани нархи як дона мол ба ду воҳиди пулӣ давом мекунад.
Ҳамин тавр, барои устувор нигоҳ доштани қурби пулу нархи молҳо зарур аст, ки таносуби
байни миқдори пул ва арзиши молҳои мавҷуда таъмин карда шавад.
Барои баъдан дар формула истифода кардани «микдори пул» мо онро бо «Мп» ишора мекунем.
С у р ъ а т и г а р д и ш и п у л Пулҳои дар муомилотбуда доимо дар гардишанд. Агар донишҷӯй баъди гирифтани стипендия бо хурсандии зиёд аз ошхона хӯроки гӯштдоре харад, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин пулҳои ба ивази хӯрок додаи ӯ нест мешаванд. Соҳиби ошхона рӯзи дигар ё дертар бо ин пул аз бозор гӯшт мехарад, гӯштфурӯш дар навбати худ мол мехарад, молфурӯш маҳсулоти дигар ва ғайра. Ин раванди беохир аст, ки дар он пул воситаи доду-гирифт буда, доимо дар гардиш аст. Албатта, суръати гардиши кисме аз пулҳо тезтар буда (масалан, пулҳое, ки барои додани стипендия истифода мешаванд), суръати гардиши қисми дигар сусттар аст (масалан, мукофотпулии одамони дорою бодавлат барои пасандоз истифода мешавад ва ё ба кунҷи сандуқ меафтад).
Фарз мекунем, ки соли гузашта миқдори пули дар муомилот истифодашуда 1 млн. сомонӣ буд, вале далелу ракамҳои оморӣ шаҳодат меди-ҳанд, ки дар ҳамин давра арзиши молҳои фурӯхташуда ба 10 млн. сомонӣ баробар аст. Ин нишонаи он аст, ки ҳар як сомонӣ ба ҳисоби миёна дар ин давра 10 маротба гардиш кардааст, яъне суръати гардиши пул ба 10 баробар аст.
Ҳангоми таҳлили иқтисодй суръати гардиши пул бо роҳи тақсими Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба ҳаҷми пул (агрегатҳои пулии М1 ё М2) муайян карда мешавад. Тавре ки мебинем, ин ба гуфтаҳои боло ҳаммазмун аст.
Барои баъдан истифода кардани ин мафҳум дар формула мо онро бо «Сгп» – суръати гардиши пул ишора менамоем.
Азбаски омилҳои гуногун* метавонанд ба гардиши пул таъсир расонида, суръати онро тагйир диҳанд, моро зарур аст, ки таъсири манфии дигар шудани суръати гардиши пулро ба қурби пул ва нархҳо муайян намоем.
*Масалан, мардум ҳангоми хушксолӣ бо максади ҳарчӣ тезтар захира кардани хӯрока маблағҳои пасандоз ва ё дар сандукхо нигоҳдоштаи худро мебароранд, ки боиси зиёд шудани пул дар муомилот ва суст шудани суръати гар-диши он мегардад. Бо ворид кардани шаклҳои нави ҳисоб-баробаркунй суръати гардиши пул меафзояд. Мисол, соли 1994 мӯҳлати гузариши маблағ байни бонкҳои дар Душанбею Хуҷанд буда на кам аз ду ҳафта буд, вале акнун ба-рои чунин амалиёт ҳамагӣ чанд дақиқа лозим асту халос. Яъне, дар ин ҷо суръати гардиши пул даҳчанд афзудааст.
Дигар шудани суръати гардиши пул ба ҳаҷми пул ва қобилияти харидории мардум* таъсир мера-сонад. Фарз мекунем, ки суръати гардиши пул 10 маротиба нею 12 маротиба аст. Дар ҳолати тағйир наёфтани миқдори пули дар муомилотбуда (1 млн. сомонӣ) қобилияти харидории мардум ба 12 млн. сомонӣ баробар мешавад. Агар дар ин давра микдори молҳои дар бозор буда (10 млн.сомонӣ) зиёд нашавад, хохнохох, баъди чанде нархи молҳо 20 фоиз боло рафта, қурби пули сомонӣ паст мешавад.
*Қобилияти харидории мардум гуфта, талаботи бо пул таъминшавандаи онро дар назар дорем. Тавре ки ме-донем, ҳама хоҳиш доранд мошини сабукрав дошта бошанд, вале на ҳама пул доранд, ки ин талабогашонро қонеъ гардонанд. Ҳангоми ба накша гирифтани сохтани заводи мо-дганбарорӣ дар давлат ва ё аз чойи дигар овардани миқдори муайяни мошинҳо барои фурӯш қобилияти харидории мар-дум ё ба таври дигар талаботи ба пул таъминбудаи он ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ба суръати гардиши пул пасандоз кардани мардум низ таъсир мерасонад, Агар қисме аз мардум пулҳояшонро барои пӯшонидани хароҷотҳои калониоянда, ба монанди сохтмони хона, хариди мошин, тӯй ва ғайра захира кунанд, қисми дигар барои хариди саҳмияҳою гирифтани фоида захира мекунанд. Албатта, зиёд шудани пасандозҳо нишонаи дорошавии мардум аст, вале агар аз ҷониби ҳукумат тартиби таъмини истифодаи дурусти ин пулҳо дар оянда ба ҳисоб гирифта нашавад, дар ҳолати бо ягон сабаб яку якбора ба муомилот баромадани онҳо микдори пул зиёд шуда, суръати гардиши он суст мешавад.
Ҳамин тарик, микдори пул ва суръати гарди-ши он ба ҳам алоқаманд буда, дар маҷмуъ «Мп х Сгп» ҳаҷми умумии пулҳои барои хариди молҳо истифодашавандаро ташкил меднҳанд.
Вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта мисоли хуби ин ҳолат аст. Дар ин давра нархи молҳои истеъмолӣ пайваста афзуда, суръати болоравии онҳо аз суръаги болоравии нархҳои молҳои дуюмдараҷа даҳҳо маротиба зиёд буд.
Бо мақсади назорати ин амал ҳукумат ба воситаи кумитаи омор сабабҳои тағйирёбии нархҳоро омӯхта, барои устувор нигоҳ доштани онҳо чораҳои дахлдор меандешад. Аз рӯйи нархи гурӯҳи молҳои муайян (тахминан 350 намуд) сатҳи умумии нархҳо* муайян карда мешавад. Дар омор ин нишондиҳанда намояи нархҳои истеъмолӣном дорад ва мо онро бо ҳарфи «Н» ишора менамоем.
*Кормандони соҳаи омор ҳар ҳафта аз бозорҳои ви-лояг, шаҳру ноҳияҳо маълумоги заруриро оид ба нархи мол-ҳои гурӯҳи муайян ҷамъ оварда, ба марказ мефиристанд. Дар Кумитаи давлатии омор ин маълумотҳоро таҳлил намуда, тағйирёбии умумичумҳуриявӣ ва маҳалии онҳоро муа-йян менамоянд. Таваррум ва намояи нархҳои истеъмолӣ, ки барои таъмини сиёсати дурусти иқтисодии ҳукумат заруранд, дар асоси маълумотҳои болоӣ ҳисоб карда мешаванд.
М и қ д о р и м о л
Дар боло бо роҳи зарб кардани микдори пул ба суръати гардиши он мо ҳаҷми пули барои хариди молҳо сарфшавандаи харидоронро муайян на-мудем. Вале мо медонем, ки дар мукобили харидор фурӯшанда истодааст, ки микдори муайяни молро дорост. Барои таъмини баробарӣ зарур аст, ки маблағи сарфкардаи харидор ба маблағи ба даст
овардаи фурӯшандаю арзиши моли ӯ баробар бошад. Барои ин зарур аст, ки бо роҳи зарб кардани микдори молҳо ба сатҳи умумии нархҳо арзиши умумии молҳои фурӯхташударо муайян намоем. Агар мо микдори молҳоро бо «Мм» ишора кунем, арзиши умумии молҳои фурӯхташуда ба Мм х Н баробар аст.
Донистани мазмуни мафҳумҳои мщдори пул, суръати гардиши пул, сатхи умумии нарххо, миқдори мол имкон медиҳад, ки ба омӯзиши алоқа-мандии онҳо гузарем.

5.2. Қонуни муомилоти пулӣ ва назорати гардиши пул
Қонуни муомилоти п у л й Барои таъмини устувории нархҳо зарур аст, ки ҳаҷми пулҳои барои хариди молҳо сарфшаванда ба арзиши умумии молҳои барои фурӯш пешни-ҳодшуда баробар бошад:
МпхСгп = МмхН
Таҳлили иқтисодии ин амал ва имконияти муайян намудани микдори пули барои муомилот зарурй боиси дар асри XIX аз ҷониби К. Маркс кашф намудани цонуни муомилоти пулӣгардид. Ин қонун талаб мекунад, ки микдори пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда ба арзиши молҳои фурухташаванда (вобаста ба суръати гардиши пул) баробар бошад:
Мп = Мм х Н / Сгп
Аз ин баробарӣ бармеояд, ки таъсир расони-дан ба як ё ҳамаи нишондиҳандаи тарафи рости он (суръати гардиши пул, сатҳи умумии нархҳо, миқдори мол) ба микдори пул бетаъсир намемонад.
Қонуни муомилоти пулӣ қонуни объективии иқтисодй буда, сарфи назар аз хоҳиши мо амал ме-кунад. Дар ҳолати риоя накардани он нархҳо боло рафта, боиси норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат мегардад, дар натиҷа, ин ҳукумату бонки марказиро маҷбур месозад, ки сиёсати дурусти иқтисо-диро амалй намоянд.
Вобаста ба пешрафти соҳаи бонқдорӣ ва пай-доиши шаклҳои нави қарздиҳию ҳисоббаробаркунӣ ба формулаи болоӣ унсурҳои нав илова шуда, шакли он тағйир ёфт:
Мп = МмхН-К + Пк-Уп /Сгп
К – арзиши молҳои ба қарз фурӯхташуда, Пк – қарзҳои молие, ки мӯҳлати пардохташон расидааст ва Уп – арзиши ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ, ки барои иҷрояшон пул истифода намешавад.
Мутобиқ ба назарияҳои мавҷуда дар ҳолати татбиқи барномаи асосноки сиёсати пулӣ ва дар мӯҳлати дароз дучанд зиёд кардани микдори пули дар муомилот буда, нархи молҳо то ба дараҷаи зидшавии миқдори пул боло рафта, дараҷаи истеҳ-солот ва меъёри фоизи қарз бетағйир мемонанд.
Аз тарафи дигар, асоснок зиёд намудани миқ-дори пул то дараҷаи муайян боиси болоравии нарх-ҳо гардад ҳам, ба болоравии истеҳсолот сабаб мешавад. Аз ин рӯ, қисми зиёди ҳукуматҳо миқдори пули дар муомилот бударо бо тартиби муайяни илман асоснокёфта зиёд менамоянд, ки он, аз як тараф, боиси болоравии истехсолот ва аз тарафи дигар, иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет ме-гардад.
Назорати г а р д и ш и п у л Азбаски ба воситаи танзими гардиши пул ба нархҳою вазъи истеҳсолот таъсири мусбй расони-дан мумкин аст, ҳукуматҳо ин воситаи идоракуниро васеъ истифода мебаранд.
Дар амал муайян намудани Мм – миқдори мол бисёр мушкил аст, аз ин рӯ, иқтисоддонҳо ҳангоми таҳлили вазъи иқтасодиёт ба ҷойи он нишон-диҳандаи даромади софи миллиро истифода мебаранд. Агар мо ин нишондиҳанда – даромади софи миллиро бо «Дс» ишора намоем, баробарш Мп х Сгп = Мм х Н ранги зерин мегирад :
Мп х Сгп = Дс х Н
*Нишондихандаи даромади софи миллй бо роҳи аз мачмӯи маусулоти миллӣкам кардани маблағи барои баркароркунии (омортизатсия) фовдхои асосӣ сарфшаван-да муайян карда мешавад.

Азбаски дар ин баробарӣ нишондихандахо бо ҳам зич алоқаманданд, ҳукумат ҳангоми татбиқи сиёсати иктисодии худ бо роҳи таъсир расондан ба як ё якчандтои он метавонад яке аз нишондиҳанда-ҳоро тағйир диҳад. Ҳар як нишондиҳандаи ин баро-бариро дар алохддагӣ чушн муайян кардан мумкин аст:
Мп=ДсхН/Сгп Сгп = ДсхН/Мп
Дс = Мп х Сгп / Н Н = Мп х Сгп / Дс
Агар ҳукумат дар назди худ мақсад гузорад, ки ба болоравии нархҳо хотима мегузорад, пас бояд яке аз се нишондиҳандаҳои тарафи ростро тағйир дода, дутои дигарашро бетағйир нигоҳ дорад.
Масалан, ҳукумат метавонад бо татбиқи сиёсат муайяш пулӣмиқдори пулро дар муомилот кам кунад, вале агар дар ин вақт суръати гардиши пул афзояд, ҳаҷми пули барои харид сарфшаванда тағйир намеёбад ва чорабинии ҳукумат натиҷаи дилхох намедиҳад, ё ба таври дигар ба болоравии нархҳо хотима гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми таъсир расонидан ба яке аз нишондиҳандаҳо бетағйир нигоҳ доштани дутои дигар ба мақсад мувофик аст.
Дар ҳама ҳолат татбиқи сиёсати дурусти пулӣ метавонад боиси болоравии истеҳсолот гардад. Ин-ро ба инобат гирифта, дар ҳама давлатҳо ҳукумат харакат мекунад аз ин воситаи идоракунй васеъ истифода барад.Аз ин ру, омухтани масъалаҳои марбут ба ҳаҷми пул ва сохтори он ба мақсад мувофиқ аст.
5.3. Ҳаҷми пул ва зарурати назорати он
Ҳаҷми пул яке аз нишондиҳандаҳои муҳим-ми муомилоти пулӣ буда, аз ҷамъи пулҳои накдию ғайринакдӣ ва ӯхдадориҳои молиявӣ (вомбаргҳои давлатӣ ва сертификатҳои пасандозии бонкҳо) иборат мебошад.
Азбаски тағйир ёфтани ҳаҷми пул ба нарху дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсир мерасо-над, ҳукумату бонкҳои марказӣ онро таҳти назорат мегиранд. Ҳангоми таҳлили иктисодӣ бо роҳи муқоисаи ҳаҷми пул дар давраҳои муайян (масалан, аввали ҳар моҳ ё чаҳоряки сол) тағйирёбии онро муайян намуда, барои дар чорчӯбаи барномаи молиявии ҳукумат нигоҳ доштанаш чораҳои зарурӣ меандешанд.
Нишондиҳандаҳои алоҳидаи таркибии ҳаҷми пул агрегатуои пулӣном дошта, бо ҳарфҳои зерин ифода мешаванд:
Мо – пулҳои нақди дар муомилот буда;
М1 – пулҳои накди дар муомилотбуда (Мо) ҷамъи пулҳои дар ҳисобҳои ҷории бонкӣ будаи корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ*;
М2 – ҷамъи М1 ва пасандозҳои мӯхдатноки аҳолӣ дар бонкх,оя тиҷоратӣ;
МЗ – ҷамъи М2 ва вомбаргҳои давлатию** сертификатҳои пасандозии*** бонкҳои тиҷоратй.
*Маблағи ҳисобҳои бонкие, ки соҳибонашон (шахсони алоҳида, корхонаю муассисаҳо) метавонанд онҳоро бе мамониат дар вақти дилхоҳ аз бонк гиранд ва ё ба ҳисобҳои дигар гузаронанд. Чунин муносибат нисбати пасандозҳои муҳлатнок роҳ дода намешавад.
**Вомбаргҳои давлатӣ коғазҳои қиматнокеанд, ки аз чониби Вазорати молия бо мақсади ҷалби пулҳои мувақ-қатан озоди аҳолӣ барои пӯшонидани касри буҷет баровар-да мешаванд. Ҳавасмандии мардум бо роҳи додани фоизи муайян ва ё маблағу молҳо ҳамчун бурди вомбаргҳо таъмин карда мешавад.
***Бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ҷалб намудани пулҳои аҳолӣ метавонанд сертификатҳои пасан-дозӣ бароранд. Ин сертификатҳо мӯҳлатнок буда, бо нархи аз арзиши дар рӯяшон нишондодашуда камтар ва ё бо ваъдаи фоизи баланд ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд.
Дар дунё вобаста ба сохтори бонкию молия-вии мамлакатҳо тартиби гуногуни ҳисоб кардани агрегатҳои пулӣ вуҷуд дорад. Дар кишварҳое, ки муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ васеъ тараққй кардаанд, инчунин агрегати пулии М4 (ҷамъи МЗ ва қогазҳои қиматнок дар ин муассисаҳо) истифода мешавад.
Давлатҳои алоҳида вобаста ба тартиби таҳли-ли иқтисодй ва зарурати пурра муайян намудани омилҳои ба тағйирёбии ҳаҷми пул таъсиррасонанда миқдори гуногуни агрегатҳои пулиро истифода ме-баранд. Масалан, дар Русия панҷ агрегати пулй (Мо, М1, М2, МЗ, М2Х), дар ИМА – чор, дар Швет-сарияю Олмон – се ва дар Франсия – ду агрегатҳои пулй истифода мешаванд.
Дангоми муайянкунии вазъи муомилоти пулй нишондиҳандаи (М2Х) – пулссои васеъ истифода мешавад, ки он аз ҷамъи М2 ва пасандозҳои асъорӣ иборат асг. Ин нишондиҳанда ифодакунандаи қобилияти харидории мардум буда, барои банақшагирии истеҳсолу воридоти маҳсулот ва хизматра-сонӣ истифода мешавад.
Ҳукумат ҳангоми таҳлили иқтисодӣ бояд ба ин нишондиҳанда диққати махсус диҳад, зеро дар ҳолати истифодаи васеи асъори хориҷӣ пастшавии қурби пули миллӣ ва аз ин рӯ, камшавии истифо-дааш дар муомилот метавонад ба ҳаҷми пул таъ-сири манфӣ расонад. Дар чунин ҳолат ҳукумат бо-яд сари вақт аз он хабардор шуда, барои пур кар-дани ҷойи маблағи асъори хориҷии берунрафта бо пули миллӣ чора андешад, вагарна ин боиси нора-соии пули миллӣ ва болоравии қурби он мегардад, ки ба манфиати хукумат нест.
Масалан, дар муомилоти пулии Тоҷикистон то соли 2007 долларҳои ИМА васеъ истифода ме-шуданд. Азбаски хариду фурӯши молҳои қиматнок (хона, биноҳо, мошин, мебел) бо истифодаи доллар анҷом меёфт, ҳиссаи он дар ҳаҷми пул мумкин аст на кам аз 30 фоиз буд. Ба ҳама маълум аст, ки солҳои 2002-2007 курби доллари ИМА нисбати еврою асъорҳои дигар тахминан 45 фоиз поён рафт. Агар ин тамоил боиси аз доллар даст кашидани мардум мегардид, пас ҳукуматро зарур буд, ки сари вақт аз он огоҳй ёфта, ҷойи ин маблағҳоро бо пули миллй пур кунад.
Илова ба агрегатҳои пулии дар боло зикршуда, нишондиҳандаи дигари ифодакунандаи таркиби ҳаҷми пул базаи пулӣ ё пулҳои захиравӣмебошад, ки инҳоро дар бар мегирад:

пулҳои нақци дар муомилот ва кассаҳои боикҳои тиҷоратӣ буда;
маблағи фонди захираҳои ҳатмии бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ;
маблағи ҳисобҳои муросилоти (корреспондентӣ)-и бонкҳои тиҷоратй дар бонки марказй.
Қисме аз давлатҳо ҳангоми татбиқи сиёсати пулию карзиашон аз ин нишондиҳанда истифода мебаранд.
Ҳангоми омода намудани сиёсати пулию қарзӣ бонки марказӣ нишондиҳандаи ҳаҷми пулро ба-рои аввали ҳар моҳ ё квартали соли дар пеш истода муайян намуда, баъдан онро дар ин чорчӯба нигох, медорад, то тағйирёбии он боиси болоравии нархҳо нагардад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва муайян намудани ҳаҷми пул ва қисмҳои таркибии он имконият медиҳад, нишондиҳандаҳои зерини иқтисодӣ муайян карда шуда, барои таъмини сиёсати манфиатноки иқтисодии ҳукумат истифода шаванд:

дараҷаи таъмин будани муомилот ба пул (коэфитсиенти монетизатсия) бо роҳи тақсими ҳаҷми пул (М2 ё М2Х) ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилй;
ҳиссаи пулҳои нақдӣ дар ҳаҷми умумии пул бо мақсади андешидани чораҷӯиҳо барои пайваста кам кардани он;
қобилияти харидории мардум барои банақшагирии дурусти истеҳсол ва воридоти молу ҳизматрасониҳо;
таҳти назорат гирифтани тағйирёбии ҳаҷми пул бо роҳи дар сиёсати пулию қарзӣ пешбинӣ кардани сатҳи дигаршавии М2 ва базаи пулӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.