Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Сохтори бозори қоғазҳои қиматнок дар шароити муосир

Бозори қоғазҳои қиматок ҳам муносибатҳои қарзӣ ваҳам муносибатҳои азхудкуниро, ки ба воситаи барориши ҳуҷатҳои махсус (қоғазҳои қиматнок) таҷассум ёфтааст, арзиши худро доранд, метавонад танзим намояд.
Бозори қоғазҳои қиматок – ин маҷмeиҳамаи муносибатҳои иқтисодӣ дар байни иштироккунандагони бозор оиди барориш ва гардиши қоғазҳои қиматнок мебошад.Нақша:
1. Мафҳуми бозори қоғазҳои қиматнок ва намудҳои он.
2. Вазифаҳои бозори қоғазҳои қиматнок.
3. Қисмҳои таркибии бозори қоғазҳои қиматнок.
Мафҳуми бозори қоғазҳои қиматнок ва намудҳои он.
Тавре ки маълум аст, бисҳёре аз корхонаҳо воситаҳои пулию молии худро дар бозорҳо ба даст меоранд. Қисми зиёди маҳсулоти ҷамъияти ҳам дар шакли аёнӣ ва ҳам дар шакли пулӣ ба воситаи бозор гардиш мекунад. Дар қатори бозорҳои дороии воқеӣ, молӣ, қарзӣ, бонкӣ, шакли дигари бозор, бозори қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб меравад.
Бозори қоғазҳои қиматок ҳам муносибатҳои қарзӣ ваҳам муносибатҳои азхудкуниро, ки ба воситаи барориши ҳуҷатҳои махсус (қоғазҳои қиматнок) таҷассум ёфтааст, арзиши худро доранд, метавонад танзим намояд.
Бозори қоғазҳои қиматок – ин маҷмeиҳамаи муносибатҳои иқтисодӣ дар байни иштироккунандагони бозор оиди барориш ва гардиши қоғазҳои қиматнок мебошад.
Бозори қоғазҳои қиматок ба чунин элементҳои пешбурд ҳамчун биржаи фондӣ, ширкати «брокерӣ»(дололӣ) ва «дилерӣ» (тиҷоратӣ), фонди сармоягузорӣ ва суғуртавӣ амал карда метавонад.
Бозори қоғазҳои қиматок аз навъҳои зерин иборат аст:
А). Аз ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва гардиш :

якуминдараҷа
дуюминдараҷа.
Б). Аз ҷиҳати мўҳлати истифода:

пулӣ,
қарзӣ.
В). Аз ҷиҳати гардиши ҳудудӣ:

минтақавӣ,
миллӣ,
ҷаҳонӣ.
Г). Аз ҷиҳати шакли ташкилӣ:

бозорӣ,
ғайрибозорӣ.
Вазифаҳои бозори қоғазҳои қиматнок.
Бозори қоғазҳои қиматнок- ҷамъияти саҳомиест, ки бо савдо ва муомилоти қоғазҳои қиматок машғул аст, вале мақсади он ба даст овардани фоида аз ҳисоби фурўши ин қоғазо набуда балки фароҳам овардани шароити мусоид барои интишор ва гардиши қоғазҳои қиматнок мебошад.
Усули асосии бозори қоғазҳои қиматок аз:

ҳақиқатгўи ва бовариноки,
мавҷуд будани мутахассисони дорои таҷрибаю малакаи баланд,
кафолатдиҳии анxом додани ҳисобу китоб
назорат аз болои ҳисобу китоби молиявӣ
кори аъзоёни биржа иборат аст.
Бозори қоғазҳои қиматнок бояд мубодила, бозоргир, серхаридор будани қоғазҳои қиматнокро таъмин карда тавонад. Ин ҳолат танҳо дар вақти ташкили бозори пуриқтидор ва фаъол, ки дар он саҳмгузорон бе ягон мамоният қоғазҳои қиматноки худро дар муддати кўтоҳ харида ва фурўхта метавонанд иҷро мешавад.
Ҳамин чорабиниҳо пешбурд ва вазифаҳои стратегии ташкили бозори қоғазҳои қиматокро муайян мекунанд.

Қисмҳои таркибии бозори қоғазҳои қиматнок.
Дар шароити имрӯза дар мамлакатҳои тарақкикардаи ғарб, ки бозори иқтисодии онҳо дар авҷи аъло тараққй кардааст, се намуди бозори қоғазҳои қиматнок тараққи кардааст:
-ибтидоӣ (первичнқй);
-дуюмӣ (биржаи фондй);
-бозорй кучагй, ё ин ки онро боз бозори ба «воситаи пештахта» (\”через прилавок\”).
Бозори ибтидоӣ
Бозори ибтидоӣ, ё ин ки онро бозори ғайрибиржавӣ ҳам мегӯянд, бозори худмухтор буда, усулҳои ба худ хоси ҷо ба ҷо кунии муракаб ва аз механизми ба шохаҳо ҷудокардашуда иборат буда, танҳо аз биржа бо он фарқ менамояд, ки ин бозор ҷои савдои худро надорад. Хусусияти бозори ибтидоӣ ё ин ки ғайрибиржавӣ дар он мебошад, ки вай ба воситаи худаш вомбаргҳои (облигация) нав баровардашударо мегузаронад ва дар натиҷаи хариду фурӯш онҳо ба биржаи фондй дохил мешаванд.
Қисми зиёди вомбаргҳо ба биржа бознамегарданд ва онҳо дар дасти институтҳои қарзию молиявӣ (ҳамчун активҳо) мемонанд.
Вазифаи асосии бозори гайрибиржавӣ пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки онҳо бо савдои вомбаргҳо (облигацияҳо) алоқаманд мебошанд. Аммо дар он ҷо ба ғайр аз вомбаргҳо (облигатсияи заёми давлатӣ) боз саҳмияҳо низ хариду фурӯш карда мешаванд. Дар ин ҳолат нақши миёнаравиро бонкҳои сармоягузор, хонаҳои банкирӣ (банкирские дома) ва фирмаҳои дилерӣ ба ӯҳда мегиранд.
Дараҷаи рушди бозори қогазҳои қиматноки аввалиндараҷа гуногун буда ва он пеш аз ҳама ба тараққиёти иқтисодиёт, сисгемаи қарзию молй, таҷрибаи бозори қогазҳои қиматнок ва ғункунии сармояи пулӣ вобаста мебошанд. Бозори ибтидоӣ бисёртар дар мамлакатҳои ШМА, Ҷопон, Канада ва Аврупой Ғарбй тараққи кардааст, чунки дар ин мамлакатҳо сафарбаркунии сармоя ба воситаи қоғазҳои қиматаок амалӣ кунонида мешаванд.
Бозори дуюмини биржавӣ (биржаи фондй)
Яке аз шаклҳои бозори қоғазҳои қиматнок биржа ба ҳисоб меравад.
Биржаи фондӣ – ин муассисаи махсусест, ки дар он вохўрии фурўшандагону харидорони қоғазҳои қиматнок барпо мегардад. Он имконият медиҳад, ки талаботу таклифот якҷоя шаванд ва самараи бозор баланд гардад.
Бозорҳои ғайрибиржавӣ
Тавре ки дар боло қайд карда шуд, савдои қоғазҳои қиматнок на танҳо дар биржаҳо, балки берун аз он, дар бозорҳои ғайрибиржавӣ низ гузаронида мешаванд. Шакли бештари савдои ғайрибиржавӣ дар ИМА тараққӣ кардааст, зеро дар он ҷо стандартҳои баланд барои хариду фурўши қоғазҳои қиматнок муқаррар шудаанд, аз ин сабаб, бисёре аз ширкатҳо саҳмияи худро дар дохили он фурўхта наметавонанд ва бинобар ин қисми зиёди қоғазҳои қиматнок берун аз биржа гардиш мекунанд.
Дар чунин бозорҳо қисми зиёди ширкатҳо ҳам ба сифати далол (брокер) ва ҳам ба сифати савдогар (дилер) якбора амал мекунанд.
Ширкати далолои аз муштариёни фурўшанда супоришҳоро қабул карда, ба муштариёни дигари бозорҳои ғайрибиржавӣ робита барқарор менамояд ва ба онҳо таклиф мекунад, ки қоғазҳои қиматноки дар супоришнома нишондодашударо харидорӣ кунанд.
Савдогарон дар бозорҳои ғайрибиржавӣ чун анъана бо якчанд навъи саҳмияҳо кор мекунанд. Онҳо як қисми қоғазҳои қиматнокро ба мақсади захира кардан харида, баъд бо назардошти вазъи бозор онҳоро ба фурўш мебароранд.
Савдогарон дар бозори қоғазҳои қиматнок вобаста ба мўҳлати гардиши қоғазҳои қиматнок ба савдогарони муддати тулонӣ амалкунанда (савдогарон бақияи қоғазҳои қиматнокро ба мақсади дар оянда ба фурўш бароварданашон ҷамъ мекунанд) ва савдогарони муддати кўтоҳ амалкунанда (дар ҳолатҳои хуби бозор савдогарон метавонанд хатто дар ҳолати дар даст надоштани қоғазҳои қиматнок онҳоро фурўшанд, барои ҳамин онҳо вазифадоранд ин қоғазҳоро пешакӣ дар бозор харида гиранд) тақсим мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.