Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Эмитентҳо (ноширон) ва сармоягузорон дар бозори қоғазҳои қиматнок (Фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок)

Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок шахсони воқеӣ ё ташкилотҳое мебошанд, ки қоғазҳои қимматнокро мехаранд ё мефурӯшанд ва ба гардиши онҳо хизмат мекунанд.
Дар навбати худ иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок ба гурӯҳҳои асосӣ тақсим мешаванд….Мавзўи 5. Эмитентҳо (ноширон) ва сармоягузорон дар бозори қоғазҳои қиматнок
Нақша:

Ташреҳи умумӣ.
Фаъолияти эмитентон (ноширон) дар бозори қоғазҳои қиматнок.
Фаъолияти сармоягузорон дар бозори қоғазҳои қиматнок.
1)Ташреҳи умумӣ
Иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок шахсони воқеӣ ё ташкилотҳое мебошанд, ки қоғазҳои қимматнокро мехаранд ё мефурӯшанд ва ба гардиши онҳо хизмат мекунанд.
Дар навбати худ иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок ба гурӯҳҳои асосӣ тақсим мешаванд:

Ноширон
сармоягузорон
3. ташкилотҳое, ки хизматрасонии бозори қоғазҳои қимматнокро таъмин менамоянд.

миёнаравҳои фондӣ
Мақомоти давлатии танзимкунӣ ва назоратӣ.
Ноширон- шахсоне, ки қоғазҳои қимматнокро ба муомилот мебароранд.
Сармоягузорон- ин онҳое ки қоғазҳои қимматноки ба муомилот баровардашударо мехаранд.
Миёнаравҳои фондӣ-ин савдогарҳое, ки аллакай байни ноширон ва сармоягузоронро дар бозори қоғазҳои қимматнок таъмин мекунанд.
Ташкилотҳое, ки хизматрасонии бозори қоғазҳои қимматнокро таъмин менамоянд- ин ташкилотҳое, ки ҳамаи вазифаҳои бозори қоғазҳои қимматнокро иҷро мекунанд.
Мақомоти давлатии танзимкунӣ ва назоратии бозори қоғазҳои қимматнок инҳо мебошанд:
А). Мақомоти идораи болоӣ (президент)
Б). Вазоратҳо (вазорати молия)
В). Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноширон- ин одатан давлат, корхонаҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳо.
Сармоягузорҳо- ин одатан аҳолӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳо, фондҳои суғуртавӣ ва ғ. ки ҳавасмандгардони барои зиёд намудани маблағҳои пулии озоди худ.

Фаъолияти эмитентон (ноширон) дар бозори қоғазҳои қиматнок.
Дар асоси қонун «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок» муқаррар карда шудааст:
Ношир- ин шахсони ҳуқуқӣ, гуруҳи шахсони ҳуқуқӣ, ки байни худ шартнома бастаанд ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаи худидоракунӣ, ки аз номи худ ӯҳдадоранд дар назди маблағгузорандагони қоғазҳои қимматнок барои иҷро кардани ҳуқуқ ва шаҳодате, ки дар қоғазҳои қимматнок нишон дода шудааст, мебошад.
Ношир қоғазҳои қимматнокро ҳамчун мол ба бозори фондӣ пешниҳод менамоянд, сифати онро бо статуси ношир ё аз натиҷаи фаъолияти молиявии он муқаррар мекунанд. (сохтори ношир дар замимаи 5.1 оварда шудааст).
Ҷои якумро дар байни ноширон давлат ишғол мекунад. Омили махсуси номдори қоғазҳои қимматнок ин эмитент ва статуси он мебошад. Шуморида, мешавад, ки қағазҳои қимматноки давлатӣ хавфи сифри дорад. Яъне сармоягузор дар вақти харидани қоғазҳои қимматноки давлатӣ хавфи гум кардани сармояи худро надорад.
Ноширони бозори қоғазҳои қимматноки идораҳои давлатӣ, идораҳои маҳаллӣ, ширкатҳои шаклҳои гуногуни моликият кадоме, ки аз номи худ қоғазҳои қимматнокро мебароранд ва вазифадор мешавад, ки ҳамаи шартҳои вайро иҷро мекунад.
Агар ношири асоси дар бозори қоғазҳои қимматнок давлат бошад, сармоягузори асоси дар бозори қоғазҳои қимматнок ин сармоягузори инфиродӣ, яъне шахсони воқеӣ, ки пасандози худро барои гирифтани қоғазҳои қимматнок истифода мебаранд, мебошад.
Қоғазҳои қимматноки давлатӣ хавфи пули дорад барои он ки бонк, ҷамъияти саҳомӣ муфлис мешавад, аммо ин ҳолат бо давлат намешавад ва давлат ӯҳдадориҳои худро дар назди сармоягузорони худ ҳамавақт иҷро мекунад.
Ҷамъияти саҳомие, ки дар натиҷаи хусусигардонӣ ҳамчун ношир ба вуҷуд омадаанд бо даромаднокии паст, номуайянии перспективҳои иқтисодӣ ва бо пешгӯикунии сусти нишондиҳанда хислатнок мешавад, бояд ошкорона фаъолият барад ва тағйир ёфтани арзиши қурбии қоғазҳои қимматноки онҳо зарур аст.
Инчунин қонунҳои умумӣ вуҷуд доранд, ки бо воситаи онҳо натиҷаҳои назаррасро ба даст овардан мумкин аст:

Эмиссияи қоғазҳои қимматнок, бояд ба сармоягузорони муайян равона бошад.
Дар асоси боҳодиҳии ҳолоти молиявии давлат, бояд вақти барориши қоғазҳои қимматнок эълон карда шаванд.
Дар шароити барориши қоғазҳои қимматнок, бояд манфиатҳои ноши рва программаи инвеститсионии ӯ инъикос карда шавад.
Чӣ қадаре, ки статуси ношир паст бошад, ҳамон қадар қоғазҳои қимматнок ҳуқуқҳо ва кафолатҳои баланд барои сармоягузор дошта бошад.
Дар байни ноширҳои корпоративии қоғазҳои қимматнок бонкҳо ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Азбаски бонкҳои тиҷоратӣ фонди уставии худро доимо зиёд мекунанд, тахмин кардан мумкин, ки статуси онҳо ҳамчун ношир ба қоғазҳои қимматноки бонкӣ рейтинги баландро кафолат медиҳад.
Ташкилоҳои хусусӣ ҳамчун ношир қоғазҳои қимматноки қарзиро ба монанди вомбаргҳо ва васиқаҳо бароварда метавонанд ва дар баъзе ҳолатҳо ташкилотҳои хусусӣ барои баровардани вомбаргҳо бо дигар ташкилотҳо муттаҳид мешавад.

Фаъолияти сармоягузорон дар бозори қоғазҳои қиматнок
Дарбозори қоғазҳои қимматнок ҳамагуна қоғазҳои қимматнок вуҷуд доранд ва тараққӣ мекунанд. Агар дар асоси он ҳавасмандии сармоягузор (маблағгузоранда) барои гирифтани қоғазҳои қимматнок бошад. Барои ҳавасмандкунии сармоягузор (маблағгузор) барои ӯ ҳамон қоғазҳои қимматнокро пешниҳод намудан лозим аст, ки ба талаботи ӯ мувофиқ бошад- «калид барои пешравӣ».
Сармоягузорон дар бозори қоғазҳои қимматнок-ин ширкатҳо ва шахсони инфиродие, ки барои амал кардан ҳамчун миёнарав дар бозори қоғазҳои қимматнок литсензия надоранд, аммо аз номи худ ва ҳисоби худ қоғазҳои қимматнокро мехаред. Якчанд гурӯҳи сармоягузорон вуҷуд доранд, ки асосан дар байни онҳо шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқиро фарқ мекунанд. (сохтори сармоягузор дар замимаи 5.2 оварда шудааст).
Дар таҷрибаи хориҷӣ мафҳуми сармоягузори инфиродӣ-сармоягузоре, ки даромадҳои аз қоғазҳои қимматнок ба даст овардааш ба худаш боқӣ мемонад.
Сармоягузори ҳуқуқӣ- ин миёнаравони молиявӣ буда, вазифадории миёнаравиро мефурӯшанд ва бо ин роҳи ба даст овардани маблағ, активҳои молиявии дигар ширкатҳоро мехаранд. Инҳо миёнаравони молиявии калонҳаҷм, фондҳои нафақа, фондӣ сармоягузорӣ, ширкатҳои суғурта ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошанд.
Сармоягузорони инфиродӣ- инҳо шаҳрвандани алоҳида, инчунин шахсони ҳуқуқии ширкатҳо ва компанияҳо барои хариди қоғазҳои қимматнок маблағи худро истифода мебаранд.

Сармоягузорон аз рӯи дигар аломатҳо монанди дараҷаи даромаднокӣ ва хавфи сармоягузорӣ, мӯҳлати сармоягузорӣ гуруҳбандӣ карда мешаванд.

Гурӯҳбандии сармоягузорон аз рӯи аломатҳо:
Гурӯҳбандии сармоягузорон (маблағгузорон)
Давраи асосии сармоягузоронро, ки маблағҳои худро саҳмияҳо гузоштаанд, ин корхонаҳои азхудшуда мебошанд.
Шахсони ҳуқуқӣ, ки иҷозтнома барои иҷро кардани фаъолияти профессионалӣ дар бозори қоғазҳои қимматнок надоранд, ҳамчун ба сифати миёнаравҳо барои гирифтани қоғазҳои қимматнок аз номи худ ва аз маблағи худ, гурӯҳи сармоягузорони инвеститсиониро ташкил менамоянд.
Ба сармоягузорони корпоративӣдохил мешаванд: корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки маблағҳои пулӣ доранд, вале имконияти иҷро кардани сармоягузории махсусе надоранд.
Аз як тараф корхонаҳо бо мақсади ҷалб кардани воситаҳои молиявӣ қоғазҳои қимматнок бароранд аз тарафи дигар барои ҷорикунонии даромадноки воситаҳои пулии муваққатан озоди худро ҷойгир мекунанд. Таносуби ин равишҳо фаъолияти ташкилотҳо аз маҷмӯи омилҳои микро ва макроиқтисодӣ вобаста аст. Пастравии истеҳсолот ва камшавии захираҳои моликунонии истеҳсолоти худи ташкилотро ба гузоштани сармояи худро ба қоғазҳои қимматноки давлатӣ маҷбур месозад.
Намудҳои сармоягузорӣ вобаста ба мақсади маблағгузорӣ:
– стратегӣ
– портфелӣ
Маблағгузорандаи стратегӣ- ба гирифтани моликият ба даст гирифтани идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ ва гирфтани даромад аз истифодаи моликиятро дар назар дорад. Чунин сармоягузории стратегӣ масъалаи васеъ кардани доираи таъсир, гирфтани назорат ҳангоми азнавтақсимкунии моликияти ҷамъияти саҳомиро дар назар дорад.
Маблағгузорандаи портфелӣ-фақат даромад аз қоғазҳои қимматноки ба ӯ таълуқ дошта ҳисоб карда мешавад. Барои ҳамин саволҳои: чӣ харидан, чӣ хел харидан, аз куҷо харидан, кай харидан барои сармоягузор муҳим аст.
Пеш аз он ки ба ин саволҳо ҷавоб диҳем аввал бояд донем, ки сармоягузор бо кадом мақсад воситаҳои пулии худро ба қоғазҳои қимматнок ҷорӣ мекунад то кадом дараҷа ӯ ба хавф ҳанглми сармоягузории захираҳо тайёр аст ва чӣ ба вай муҳим аст, беҳтарин гузориши захираҳо ва муҳофизати онҳо ё дараҷаи баланди даромаднокӣ ҳангоми хавфи зиёди сармоягузорро муайян кунад.
Барои ҳамин ба таснифоти ояндаи сармоягузор мақсади сармоягузорӣ ва муносибати он ба хавфро гузоштан мумкин аст. Чунин таснифот таносуби байни даромад ва хавфро инъикос мекунад. Вобаста аз ин хосият сармоягузоронро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
-консервативӣ ё беҷуръат, ки ба хавфи баланд майл надоранд ва мақсади таъмин кардани беҳтарин гузориши худро ҳамчун даромаднокии минималӣ доранд.
-сармоягузории мӯътадил-агрессивӣ ё миёна, ки дар байни беҷуръати ва агрессивӣ меистад ва ба бехатарии гузориши худ кӯшиш мекунад, инчунин даромаднокии онро ба назар мегиранд.
-сармоягузории агрессивӣ, ки мақсади даромаднокии зиёд ва ба баландшавии арзиши қурби қоғазҳои қимматнок ва ба фурӯшравии онро дар назар дорад.
-сармоягузории мукаммал, ки стратегияи худро бо мақсади гарифтани даромади максималӣ месозад.
-сармоягузории ғайриратсионалӣ, ки бе ягон мақсади таъиншуда пули худро ба қоғазҳои қимматнок мегузорад.

Хосиятҳои сармоягузорон:

Миронитарный акционер- владелец неболього пакета акций


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.