Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ

Давлат дар ҳама давру замон оид ба боигарии миллӣ ва аҳолии дар он сарзамин умр ба сар баранда вазифаҳои мушаххаси иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ (истифода ва ғанигардонии боигарии миллӣ ва аҳолӣ, фаъолияти мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ, сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ, фаъолиятиНақша:

Буҷети давлатӣ, моҳият ва нақши он дар раванди иҷтимоию иқтисодӣ.
Даромади буҷетӣ.
Хароҷоти буҷетӣ.
Касри буҷет ва идораи он.
Адабиётҳои тавсияшаванда:
1.Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Раҳимзода «Муомилотипулӣвақарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. Ғ.Д. Ашуров. Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.
5.Игровой практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Каморджанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиц. – М: Финансы и статистика, 1997. – 192с.
6. Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник./Под редакцией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
7.Финансы, денежное обращение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. – 543 с.

7.1.Буҷети давлатӣ, моҳият ва нақши он дар раванди иҷтимоию иқтисодӣ.
Давлат дар ҳама давру замон оид ба боигарии миллӣ ва аҳолии дар он сарзамин умр ба сар баранда вазифаҳои мушаххаси иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ (истифода ва ғанигардонии боигарии миллӣ ва аҳолӣ, фаъолияти мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ, сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ, фаъолияти сиёсати берунӣ, тадқиқотҳои асосии илмию техникӣ, мудофиаю ҳифзи ҳуқуқ ва хароҷоти иҷтимоию маданӣ)-ро ба ўҳда дорад.
Муносибатҳои молиявие, ки дар байни давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои буҷетиро ташкил медиҳанд.
Муносибатҳои буҷетӣ ифодакунандаи хусусиятҳои гуногун буда, ҳамчун натиҷаи муносибатҳои тақсимотии байни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳавзаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ, байни ноҳияҳо ва сатҳҳои гуногуни идора ташкил меёбанд.
Муносибатҳои буҷетӣ ва шаклҳои он пеш аз ҳама мувофиқи усул (метод)-ҳои хоҷагидорӣ, сатҳу дараҷаи хизматрасониҳои иҷтимоию маданӣ ба шаҳрвандон ва вазифаҳои иҷро карда истодаи давлат дар ҳар як давраи инкишофи таърихи вобастаанд.
Давлат бо мақсади ба амал даровардани такрористеҳсоли васеъ дар миқёси ҷамъият, қонеъгардонии талаботи иҷтимою мадани шаҳрвандон, ҳалли масъалаҳои мудофиа ва пур кардани хароҷоти идораи мамалакат бояд дар ихтиёри худ як қисми даромади миллиро ҷамъ оварад.
Муносибатҳои буҷетӣ ифодаи моддии худро дар ташкили фондҳои буҷети давлатӣ зоҳир месозанд. Ҳаҷми мушаххаси фонди буҷетӣ сатҳу дараҷаи мутамарказии манбаҳои молиявиеро, ки дар ихтиёри давлат аз ҳисоби омилҳои гуногун: тарзҳои ситонидани манбаҳо ба буҷет; сатҳи инкишофи иқтисодиёт; тарзу усули хоҷагидорӣ дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо; вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таносубу тағйиротҳои таркиби дар иқтисодиёт ба миён меояд, ифода мекунад.
Давлат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ фондҳои эҳтиётӣ ва захиравиро низ ташкил намуда, ба мақсади мушаххас истифода мебарад.
Ҳамаи муносибатҳои буҷетӣ оид ба ташкил ва истифодаи фондҳои буҷетӣ буҷети давлатиро ташкил медиҳанд.
Аз нигоҳи моҳияти иқтисодӣ буҷети давлатӣ муносибатҳои пулиеро ифода менамоянд, ки байни давлату шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар мавриди азнавтақсими даромади миллӣ ба мақсади ташкилу истифодаи фондҳои буҷетӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини хароҷоти иҷтимоию маданӣ, мудофиа ва идораи мамалакат зарур мебошанд.
Ҷамъоварии маблағҳо дар буҷет ба давлат имкон медиҳад, ки манбаҳои молиявиро барои инкишофи соҳаҳои асосӣ ва доираҳои мушаххаси иқтисодӣ истифода намояд.
Азбаски буҷети давлатӣ ҳамчун муносибатҳои тақсимотӣ ташкил шуда, ба мақсади қонеъгардонии талаботи ҷамъият ва идораи мамлакат истифода карда мешавад, ҳамчун категорияи иқтисодӣ баромад мекунад.
Буҷети давлатӣ аз нигоҳи таҳлили иқтисодӣ-мафҳуми мустақили иқтисодӣ буда, асоси молия ва вазифаи нақшаи молиявии давлатро иҷро менамояд.
Моҳияти буҷети давлатӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ бо воситаи вазифаҳои тақсим ва назоратии он ифода мегардад. Давлат бо воситаи азнавтақсимкунии даромади миллӣ имконияти дар дасти худ ғун кардани маблағҳои пулӣ ва истифодаи онҳоро ба мақсади қонеъгардонии талаботи умумидавлатӣ таъмин менамояд; вазифаи назорат бошад, имкон медиҳад, ки сари вақт ва пурра ба ихтиёри давлат воридшавии маблағҳои буҷетӣ ва таносуби тақсими он маблағҳо ва истифодаи самараноки онҳо таъмин карда шавад. Хусусияти буҷети давлатӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ таъсири худро ба вазифаҳое, ки буҷет иҷро менамояд, мегузорад.
7.2. Даромади буҷетӣ.
Даромадҳои буҷетӣ дар натиҷаи тақсими арзиши маҷмўи маҳсулоти миллӣ дар байни иштирокдорони гуногуни ҷараёни такрористеҳсолот ва воситаи минбаъдаи тақсими арзиши дар ихтиёри давлат буда сурат мегирад, ки барои фароҳамоварии фондҳои буҷетии кишвар, соҳа ва фондҳои таъиноти мақсаднок истифода мегарданд.
Дар шароити бозор даромади буҷетҳо асосан аз ҳисоби ду манбаъ: андоз ва пардохтҳо таъмин мегардад.
Дар қисми даромади буҷети имрўзаи Тоҷикистон вазни қиёсии андозҳо 80-90% ва пардохтҳо 10-20%-ро ташкил медиҳанд.
Вазифаи иқтисодии андоз ва истифодаи вай ба давлат имкон медиҳад, ки суръати такрористеҳсолро тезонад ва ё онро суст намояд, андўхти сармояро қувват диҳад ва ё кам намояд, қобилияти харидории аҳолиро васеъ ва ё маҳдуд созад.
Аз нигоҳи ташкилию ҳуқуқӣ андоз пардохти ҳатмист, ки бо меъёр ва ҳаҷми муайяншуда дар мўҳлати муайян шуда ба буҷет супорида мешавад.
Шакл ва навъҳои андоз дар ягонигӣ бо принсипҳои бунёд ва методҳои ҳисобкунӣ системаи андозро ташкил медиҳанд.
Системаи андоз вазифаҳои зайлро иҷро мекунад:

васеъ, ё худ маҳдудгардонии фаъолияти соҳибкорӣ;
таъмини рушди иқтисодиёт, ё худ боздории ҷараёни он;
танзими иқтисодиёт, ё худ бесарусомонӣ;
рақобатпазирӣ, ё худ аздастдиҳии сегментҳои бозор;
ташкили соҳаҳои нави меҳнатӣ, ё худ вайронсозии соҳаҳои иқтисодиёти амалкунанда;
таъмини қобилияти ҳисоббаробаркунӣ бо дигарон, ё надоштани он;
таъмини сатҳи баланди зиндагӣ барои аксарият, ё дучор шудан ба қашшоқии саросарӣ;
таъмин бо ҷои кор, ё зиёд шудани сатҳи бекорӣ;
таъмини барзиёдии буҷет, ё касри он;
таъмини ҳолати солимии иқтисодиёт;
қарздоршавии давлат ё даромади иловагӣ аз ҳасоби қарзи давлатӣ.
Системаи андоз дорои чунин принсипҳои хос мебошад:

алоқамандии оқилонаи андозҳои мустақим ва ғайримустақим;
истифодаи навъҳои гуногуни андоз дар асоси баҳисобгирии ҳолати амволдории андозсупоранда ва даромадҳое, ки аз соҳибкорӣ ба даст оварда мешаванд;
истифодаи миқдори зиёди андоз бо меъёрҳои пасти андозситонӣ дар ҳолати тезутундшавии вазъи бўҳронӣ;
имконияти барқарор намудани оқибатҳои бади бўҳронӣ дошта;
андоз ва андозбандӣ: шакл ва навъҳои он то рафт амиқ гашта, зарурият ба фарогирии кули адозбандӣ бояд ба чунин талабот ҷавобгўй бошад:
Талаби якхела доштан барои ҳамаи табакаҳои андозсупор новобаста аз шакли моликият, тарзи ташкили ҳуқуқӣ ва самаранокии истеҳсолот;
Муносибати якхела доштан бо андозсупор, новобаста аз ҳаҷми андози супоридааш;
Як амалиётро нисбат ба андозситон як маротиба истифода кардан;
Меъёрҳои андози барои иқтисод ҷори гардида, аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуда, ба соҳибкору давлат имконияти инкишофро бояд таъмин намоянд;
Меъёрҳои андоз бояд хислати устувор ва тарзи соддаи ҳисоб намуданро дошта бошанд.
Имтиёз ва меъёрҳои онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуда, ҳавасманди оид ба сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, кафолат ва адолати ҳифзи иҷтимоиро таъмин карда тавонанд.
Андозҳо вобаста бо сатҳи идораи давлатӣ бояд тақсим шуда (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) бошанд.
Принсипҳои номбаршуда қисман дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумњурии Тоҷикисот ва мавриди амал қарор додани он», №572 аз 25 ноябри соли 2010 тасдиқ карда шудааст, инъикоси худро ёфтаанд.
Дар Кодекси андози қабудшуда андозҳои мустақим ва ғайримустақим мувофиқа карда шудаанд. Андозҳои мустақим нисбат ба даромад ва ё амволи андозсупоранда муқаррар карда шудаанд.
Андозҳои ғайримустақим мувофиқи қоида ба болои нарх ва ё меъёр илова карда шуда, аз ҳисоби истеъмолкунандагон пардохта мешаванд.
Бо мақсади таъмини воридоти мунтазам Кодекси андоз чунин номгўи андозҳои умумидавлатӣ ва ё Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ҷорӣ намудааст.

Ба андозҳои умумидавлати инҳо дохил мешаванд:
андози даромад аз шахсони воқеӣ;
андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
андоз аз арзиши иловашуда;
аксизҳо;
андози иҷтимоӣ;
андози замин;
андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин;
андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
боҷии гумруки ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
боҷҳои давлатӣ;
андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
андоз оиди коркарди маҳсулот;
дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо доҳил мешаванд:
андоз аз амволи ғайриманқул;
андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
андоз аз фурўши чакана;
дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Ба ғайр аз андозҳо ба буҷет даромадҳои ғайриандозӣ низ супорида мешаванд.
Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон», ки аз 28.06 соли 2003 зери рақами 684 ќабул карда шудааст, чунин номгўи даромадҳои ғайриандозии ба буҷет воридшавандаро пешниҳод намудааст;
– даромад аз хизматҳои пулакӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур расонида мешавад;
– фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон тибқи меъёрҳое, ки қонун-гузории Ҷумњурии Тоҷикистон муқаррар карда аст;
– даромад аз фурўши захираву пасандозҳои давлатӣ, фоизи сармоягузории давлатӣ, суд (дивиденд)-и саҳмия аз дорои молиявӣ;
– грант ва дигар маблағҳое, ки аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байнилмилалӣ, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ворид мешаванд;
– маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоббаробаркуниҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меояд;
– маблағҳое, ки аз истифода ва фурўши амвол ворид мешаванд, ҳамчун қарзгирии давлатии дохилӣ ва барунӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ берун аз даромад ҳамчун манбаи маблағгузории касри буҷет истифода мешаванд;
– боҷ ва пардохтҳои маъмурӣ;
– даромад аз ҷарима ва чораҳои ҷазо;
– ҳақгузорӣ ба фонди нафақаи давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ.
Даромадҳои ғайриандози дар даромади буҷет то 10%-ро ташкил мекунанд.
7.3.Хароҷоти буҷетӣ.

Муносибатҳои иқтисодие, ки вобаста ба тақсими фондҳои пули давлат ва истифодабарии мақсадноки онҳо мувофиқи талаботи соҳаҳою минтақаҳо ба вуҷуд меояд, хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳанд.
Фондҳои буҷетӣ ба қисмҳои муайян ҷудо шуда, ҳамчун:

ташкилкунандаи фондҳои пули таъиноти махсусдоштаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳою соҳаҳои истеҳсоли неъматҳои моддӣ;
соҳаҳои ғайриистҳсолӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд, сурат мегиранд.
Бо ёрии хароҷоти буҷетӣ давлат метавонад тақсими воситаҳои пулиро байни соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, вобаста ба талаботи ҷамъият оид ба инкишофи иқтисодиёту иҷтимоиёт танзим намояд. Вай ба сохти таркибии арзиши истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсир расонда, дар он таносуб ва дигаргуниҳои прогрессивиро таъмин менамояд.
Хусусияти азнавтқсимкунӣ доштани хароҷоти буҷет ба давлат имкон медиҳад, ки онро ҳамчун механизми асосии танзими иқтисодиёт ва иҷтимоиёт истифода намояд.
Хароҷоти бучетӣ Ҷумњурии Тоҷикистонро мувофиқи таъиноти ҷамъиятч чунин гурўҳбандӣ мекунанд:
– хароҷоти маблағгузории мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ;
– мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
– маориф, нигаҳдории тандурустӣ, суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоӣ;
– хароҷоти манзилию коммуналӣ;
– хароҷоти маблағгузории хоҷагии халқ ва ғайраҳо.
Гузариш ба тарзи хоҷагидории бозорӣ самт ва шаклҳои маблағгузориро ба иқтисод аз ҳисоби манбаҳои буҷети тағйир медиҳад.
Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, давлат бо ёрии буҷет танзими иқтисодиётро таъмин мекунад.
Маблағҳои барои маблағгузорӣ ҷудо шудаи буҷетӣ таъиноти мақсаднок дошта, шакли мушаххаси амалро нишон медиҳад, ки онро давлат маблағгузорӣ менамояд. Хароҷоти дар соҳаҳои иқтисодиёт ҷойдошта асосан ҳамчун хароҷот оид ба маблағгузорӣ, кўмаки молиявии беподош (дотатсия), хароҷот барои амалиёти мушаххас ва ғайраҳо маънидод мегардад. Барои соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бошад, хароҷоти буҷетӣ ба ҷорӣ ва асосӣ ҷудо шуда, чунин таркиб доранд: хароҷоти музди кор, хароҷоти корбарию хоҷагидорӣ, сафари хизматӣ, гирифтани таҷҳизоти арзон (зудфарсо), нигоҳдорӣ ва таъмири биною иншоот, хариди маводи хўрокӣ, доруворӣ ва ғайра. Ҳамаи маблағгузориҳои буҷетӣ новобаста аз он, ки барои кадом соҳа сарф мешаванд, бояд мувофиқи таъинот ба мақсади муайян истифода шаванд. Таъиноти мақсаднок ва самаранок доштани хароҷот асоси ҷой доштани истифодаи назорати молиявӣ мебошад.
Хароҷот ва даромадҳои буҷети давлатӣ ба ҳам зич алоқаманданд. Ҳаҷми хароҷот пурра ба ҳаҷми даромадҳо мусоидат менамояд. Хароҷот барои соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ сабаби афзоиши воридшавии андозу пардохтҳо ба буҷет мегардад. Хароҷоти баҷетӣ мувофиқи меъёр ба роҳ монда мешавад, ки онро даромадҳои ба буҷет воридшаванда ташкил медиҳанд. Ҳаҷми меъёр ба имкониятҳои иқтисодии давлат вобаста аст.
Истифодаи хароҷоти буҷетӣ бо мақсади инкишофу пешбурди иқтисодиёт на танҳо сабаби рушди иқтисодиёт, балки сабаби инкишофи илм ва мукаммал гардидани ихтисоснокии мутахассисон мегардад. Маблағгузории илм таъминкунандаи тамоюлҳои нави инкишофи технология ва идора мебошад.
Маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт яке аз хароҷоти асосии баҷет мебошад.
Ҳиссаи калони маблағи истифодашуда барои мабалғгузории асосии бахши давлатӣ, додани кӯмаки молиявии беподош ба корхонаҳои гуногун, пӯшонидани зарарҳои ба нақша гирифташуда ва расонидани ёрии молиявӣ ба хоҷагиҳои даромаднокии пастдоштаю бо зиён коркунанда сарф мегардад.
Маблағгузориҳои буҷетӣ асосан ба масъалаҳои соҳаҳои пешқадамтарине, ки инкишофи соҳаҳои асосии иқтисодиётро таъмин менамоянд, ва ба тадбиқи барномаҳои муҷтамаи мақсаднок, ки имконияти молиявии мукаммалгардонии соҳаҳоро фароҳам оварда метавонанд, нигаронида мешаванд.
Дар шароити бозор нисбат ба иқтисодиёти нақшавӣ, ҳиссаи моликияти давлатӣ маҳдуд мебошад. Чунин ҳолат маънои онро дорад, ки давлат аз мушкилоти маблағгузорӣ худдорӣ менамояд. Вай ҳаҷму таркиби маблағгузориро вобаста ба вазифаҳои ба ӯҳда гирифтаи худ дигаргун месозад. Молияи давлатӣ барои таъмини мувозинии иқтисодиёт ва инкишофи соҳибкорӣ, дар шакли кӯмакҳои буҷетӣ (субсидия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва қарздиҳии буҷети пешниҳод карда мешавад.
Дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ як қисми маблағҳои буҷетӣ барои дастгирию инкишофи соҳаҳои боғизотаъминкунанда зарур мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки таи солҳои охир сармоягузории давлат барои соҳаҳои маориф, нигоҳдории тандурустӣ, суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоӣ сол аз сол вобаста ба имконияти иқтисодӣ тадриҷан зиёд мегардад.
Дар шароити бозор барои баланд бардоштани самаранокии маблағгузориҳои буҷетӣ аз тарзи кӯҳнаи хароҷоти беподоши буҷетӣ даст кашида, ба ивази он аз механизми субвенсияи буҷетӣ, ки дар асоси тендерҳо (дар асоси озмун интихоб гардида) бо хароҷота буҷетӣ таъмин карда мешавад, бояд истифода намуд. Интихоб дар тендер барои давлат имконият медиҳад, ки варианти самараноки хароҷоти буҷетӣ интихоб гардад.
Истифодаи механизми кӯмакӣ буҷетӣ ба давлат имкон медиҳад, як қисми корхонаҳои муштаракро маблағгузорӣ ва ё саҳмияҳои онҳоро харидорӣ намояд.
4. Дар шароити бозор ба ҳам мувофиқ омадани даромад ва хароҷоти буҷет ҳолати тасодуфӣ аст.
Ба ҳам мувофиқ омадани даромад ва хароҷоти буҷет ҳаргиз маънои онро надорад, ки иқтисодиёт аз мушкилот озод буда, солим аст.
Ҳар яке аз тарафҳои буҷет (даромад ё хароҷот) ҳамеша ба тарафе майл менамояд. Дар амалияи иқтисодӣ даромад аз хароҷоти буҷетӣ зиёд (бешомад) ё даромад аз хароҷот кам (камомад, каср) сурат гирифта метавонад. Ин ҳолат мушкилоти доимии бозор буда, дар назди ҳукумату давлат ва менеҷерони молиявӣ тарз ва роҳҳои иловагии ҳалли онро мегузорад.
Назарияи молия пешниҳод менамояд, ки агар касри буҷет яъне даромад аз хароҷот ба андозаи 2-3% нисбат ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ кам бошад, ҳолати иқтисодиёт назоратшаванда аст.
Мувофиқи таҷрибаи давлатҳои Ғарб касри 2-3 фоизи буҷет меъёри бавуҷудорандаю таъминкунандаи инкишофи иқтисодиёт мебошад. Касри буҷети ҶТ барои солҳои 2010-2011-ум нисбат ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 0,5%-ро ташкил карда аст, ки вай имконияти инкишофи иқтисодиётро фароҳам оварда метавонад.
Мувофиқи даромаду хароҷот се ҳолати буҷетро фарқ мекунанд:

Ҳолати тавозунӣ (даромад ва хароҷот бо ҳам баробар аст).
Зиёд будани даромад аз хароҷот каср (профитсит).
Кам будани даромад аз хароҷот каср (дефитсит).
Барои пешрафту тараққиёт ва ҳалли вазифаҳои дар назди давлат истода ҳолатҳои якуму дуюми буҷет он қадар мушкилот пеш намедорад, чӣ қадаре, ки касри буҷетӣ монеаҳо эҷод мекунад ва менеҷерҳоро водор менамояд, ки он мушкилотро оқилона ҳал намоянд.
Дар шароити бозор касри буҷет метавонад аз ҳисоби чунин омилҳои гуногун тағйир ёбад:
– қатъшавии алоқаҳои ҳамгироӣ, ки сабаби пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҷамъияти мегардад;
– ба муомилот баровардани пулҳое, ки бо молу маводи истеҳсолшуда таъмин нест, яъне ба муомилот баровардани пулҳои пуч (холӣ);
– ҷой доштани ҳолатҳои фавқулода (заминҷунбӣ, обхезӣ, фаромадани пиряҳҳо, лағҷидани кӯҳпораҳо, канда шудани кӯлҳо, омадани сел, ҷанг ва ҳолати ҷангӣ);
– ҳалли масоили калони иҷтимоӣ;
– фаъолияти иқтисоди калони ниҳонӣ (теневая экономика);
– хароҷоти калони ғайриистеҳсолӣ;
– изофанависиҳои талафотӣ, яғмогарӣ, аз меъёр зиёд нишон додани ӯҳдадориҳои давлатӣ, афзудани хароҷоти ҳарбӣ ва ғайра.
Агар касри буҷет, ба манфиати инкишофи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ истифода шуда бошад, хатарнок ҳисобида намешавад. Агар хароҷоти зиёди буҷет барои соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ сарф шуда бошад, пас барои мамлакат хатари иқтисодии зиёдеро ба миён меоварад.
Сохти таркибии иқтисодиёти Тоҷикистон ва инкишофи яктарафаи соҳаҳои хислати мавсимидошта, ки бе дастгирии давлат фаъолият карда наметавонад, сабаби касри буҷет шуда метавонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.