Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Молияи фондҳои мақсадноки давлат

Фондҳои мақсадноки давлат вобаста ба нақшу мақом ва таъинот аз андозбандӣ ва супоридани боҷҳои давлатию гумрурӣ озод карда мешаванд. Онҳо дар мавриди ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан вобаста ба меъёри фаъолияти тиҷоратӣ ба буҷет андоз месупорандНақша:

Молияи фондҳои мақсадноки давлат, моҳият ва хусусияти ташкили онҳо.
Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ.
Молияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Рӯйхати адабиётҳо:
1. Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Раҳимзода «Муомилоти пулӣ ва қарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. Ғ.Д. Ашуров. Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.
5.Игровоӣ практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Каморджанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиц. – М: Финансы и статистика, 1997. – 192с.
6. Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник./Под редакцией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
7. Финансы, денежное обращение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. – 543 с.

Молияи фондҳои мақсадноки давлат, моҳият ва хусусияти ташкили онҳо.
Фондҳои мақсадноки давлат фишанги азнавтақсим ва истифодаи захираҳои молиявӣ буда, барои сармоягузории баъзе аз талаботи ҷамъиятӣ хизмат мекунанд. Захираҳои молиявии фондҳои мазкур дар асоси принсипи мустақилияти фаврӣ ташкил шуда, барои ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ истифода мегарданд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети фондҳои мақсадноки давлатро баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ баррасӣ карда, тасдиқ менамояд.
Дар шароити ҳозира бо ёрии фондҳои мақсадноки давлат чунин масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки қонунгузории ҶТ муқаррар намудааст: фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти нафақа, ротиба (стипендия), ёрдампулӣ, чубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳал карда мешаванд.
Манбаи асосии даромади фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ дар ҳаҷми 25% аз фонди музди корашон месупоранд ва андозҳои иҷтимоии шахсони воқеии бо кор таъминбуда дар ҳаҷми 1 фоизи музди кор ташкил мегардад.
Фондҳои мақсадноки давлат вобаста ба нақшу мақом ва таъинот аз андозбандӣ ва супоридани боҷҳои давлатию гумрурӣ озод карда мешаванд. Онҳо дар мавриди ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан вобаста ба меъёри фаъолияти тиҷоратӣ ба буҷет андоз месупоранд.
Барои баҳисобгирии даромад ва хароҷоти фондҳои мақсадноки давлат ба сифати ҳуҷҷати молиявӣ харҷнома (смета) истифода карда мешавад.

Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ
Бо мақсади ҳифзи одамони ғайри қобили меҳнат ва камбизоату барҷомонда ҷамъияти қисми даромади миллиро махсус ҷудо менамояд. Ташкил ва истифодаи фондҳои пули таъиноти хосдошта, ба мақсади аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани қисми аҳолие, ки қобилияти меҳнатии худро гумм кардаанд, бо ёрии суғуртаи иҷтимоӣ сурат мегирад.
Суғуртаи иҷтимоӣ вазифадор аст:
Якум. Маҷрӯҳшудагону нафақахӯрон ва шахсони қобилияти кори надоштаро бо воситаҳои рӯзгузаронӣ таъмин намояд;
Дуюм. Суғуртаи иҷтимоие, ки дар шакли пулию молӣ ба шахсони ғайри қобили меҳнат пардохта мешавад, бояд имконияти барқарор намудани қобилияти корӣ ва таҷдиди қувваи кориро дошта бошад.
Сеюм. Воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои таъмини ашхоси муваққатан бекор, бозомӯзӣ ва азнав касбомӯзии бекорон истифода гардад.
Ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ қисми таркибии сиёсати давлат буда, аз ҷиҳати қонун асоснок карда шуда, заминаи таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Суғуртаи иҷтимоӣ, яке аз фишангҳои таъмину барқарор ва ҳифзкунандаи қобилияти кори одамон буда, дар ҳалли масоили беҳтар намудани аҳволи моддию маишии онҳо саҳми муайян мегузорад.
Таъминоти моддии шаҳрвандони қобилияти меҳнат гумкарда ва қобилияти меҳнат надоштаро кафолат медиҳад. Асоси моддии ин бахши суғуртаи иҷтимоиро манбаҳои молиявии таъиноти истифодабаридошта ташкил медиҳад.
Ташкил ва истифода намудани манбаҳои молиявии суғуртаи иҷтимоӣ вобаста ба талаботи воқеии қонунҳои такрористеҳсоли васеъ ба роҳ монда мешаванд. Танҳо талаботи воқеии қонунҳои иқтисодӣ зарурияти ташкили суғуртаи иҷтимоиро барои онҳое, ки дар ҷараёни меҳнат (кор) иштирок карда наметавонанд, ба миён мегузорад.
Механизми амали қонуни арзиш (нарх), агар як тараф, сабаби дар шакли пулӣ ташкил ва истифодаи манбаҳои молиявии суғуртаи иҷтимоӣ барои пардохти нафақа, ёрдампулӣ, пардохтҳои сармоягузории мақсаднок бошад, аз тарафи дигар танзими давлатии иқтисодиёту зарурати мутамарказии манбаҳои молиявиро дар миқёси мамлакат ва истифодабарии онҳоро вобаста ба ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулшуда таъмин менамояд.
Манбаи молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳама гунна шакли моликият ва дигар ташкилотҳое, ки дар ҳудуди мамлакат ҷойгиранд, ташкил карда мешавад. Мақсади ташкили буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба амал баровардани пардохт дар мавриди беморӣ, ба фалокат гирифтор шудан, гум кардани кор ва ё саробон мебошад.
Суғуртаи иҷтимоӣ, яке аз воситаҳои бо маблағ таъминкунандаи қобилияти меҳнатӣ ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои солимгардонию пешгирӣ мебошад. Дар ин ҳалқа нисбат ба пардохтҳою маблағгузориҳо имтиёзҳо мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Пардохтҳо, маблағгузориҳо ва имтиёзҳо унсурҳои таркибии хароҷоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд.
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» навъҳои зайли таъминот (хароҷот) муқаррар карда шудааст:

таъминоти нафақа;
кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
кӯмакпулиҳои оилавӣ;
кӯмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
кӯмакпулӣ барои дафн (кӯмакпулии маросимӣ);
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст.
Захираҳои молиявии фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои додани ёрдампулиҳои гуногун истифода мешаванд:

аз даст додани қобилияти кории шаҳрвандон, беморӣ, ҳомиладорӣ, таваллуд, ёрии якдафъина пас аз таваллуд ё худ маросими дафн;
хадамоти фароғатию осоишгоҳии кормандон, дар қисман таъмин кардани фаъолияти иттифоқи касаба, оид ба ҳифзу ҳавасмандгардонии меҳнатии меҳнаткашон. Ин шакли хадамот дар шакли пардохту ёрдампулӣ ба онҳое сурат мегирад, ки қобилияти кориашонро бо сабабҳои беморӣ, ҷароҳат, бемории аъзои оила муваққатан аз даст додаанду дар ин маврид варақаи корношоямӣ пешниҳод кардаанд;
ёрдампулӣ дар ҳаҷми пурраи музди миёнаи кор вобаста ба собикаи корӣ дар ҳолати ҷароҳати истеҳсолӣ бардоштани кормандон бояд таъмин карда шавад;
ёрии иҷтимои ба занҳои ҳомила ва кӯдакдор ба мақсади ҳифзи саломатии модару кӯдак, новобаста аз собиқаи корӣ барои тамоми мӯҳлати рухсатӣ дар ҳаҷми пурраи музди кор;
ба модарон пешниҳод кардани кӯмакҳои яквақта бо ба ҳисобгирии шумораи кӯдакон, баъди таваллуди кӯдак то яксола шудани он;
хароҷоти касбомӯзию бозомӯзии бекорон дар мактабҳою таълимгоҳҳои махсус (омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, бирҷаҳо, курсҳои бозомӯзӣ) ва бо кор таъмин намудани онҳо аз ҳисоби манбаҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
нигоҳубини пиронсолон, маҷрӯҳон ва ғайриҳо;
нигоҳ доштани хона-интернатҳо барои пиронсолону маҷрӯҳон, хароҷоти таъмири манзили зисти шаҳрвандони барҷомондаи яккаву танҳо ва табобати онҳо;
хароҷоти кӯчбандии шаҳрвандоне, ки ҷумҳуриро тарк мегӯянд аз суғуртаи иҷтимоӣ дахл надорад;
хароҷоти таъмини фаъолияти фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ;
хароҷоти табобати фарогатию осоишгоҳӣ, ташкили истироҳати коргарон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо ва ғайра.

Хароҷоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҳисоби чунин сарчашмаҳо ташаккул меёбад:

суғуртаи хатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳама гунна шаклҳои моликият, ки дар ҳудуди мамалакат қарор доранд. Ҳамаи онҳо бо меъёри 25 фоизи фонди музди кор андози иҷтимоӣ месупоранд. Онҳо ба ҳисобномаи хазинагӣ дар қайди пардохтҳои таъиноти махсус ба қайд гирифта мешаванд.
пардохти андози иҷтимоӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор ё хизматрасониҳо), бурда шуда, аз ҳисоби маблағи аз фурӯш бадастомада ҷуброн карда мешавад;
Пардохти андози иҷтимоӣ дар соҳаи савдо ба хароҷоти муомилот ҳамроҳ карда мешавад.
Дар ташкилотҳои буҷетӣ бошад, пардохти андози иҷтимоӣ дар моддаи алоҳидаи харҷномаю нақшаи молиявӣ акс меёбад. Меъёри фоизи андози иҷтимоӣ барои онҳое, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд ва он дар ҳаҷми 20 фоизи даромад муайян мегардад.

Фонди ҳифзи иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъминкунандаи пардохти нафақаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, кӯмакпулию ёрӣ ба нафақахӯрону аҳли оилаи онҳо, кӯдакони маҷрӯҳ ва саробон гумкардагон мебошад.
Дар шароити бозор асосан аз ду навъи нафақа – нафақаи меҳнатӣ ва нафақаи иҷтимоӣ истифода мешавад.
Нафақаи меҳнатӣ вобаста ба собиқаи кор, дараҷаи музди меҳнат, шарту шароити кор, синну соли нафақагир ташкил карда мешавад. Нафақаи иҷтимоӣ асосан барои онҳое, ки қобилияти корӣ, ё худ саробон надоранд, таъин мегардад.
Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақа дар ҶТ» шаҳрвандон барои таъин кардани нафақа метавонанд музди кореро, ки дар тӯли 5 соли охири фаъолият (ду соли аввал, ё ду соли охир) ба даст овардаанд, ихтиёран интихоб намоянд.
Нафақа ба шарте таъин карда мешавад, ки шаҳрванд дар он ҷо кор мекунад, ба фонди суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғурта пардохта бошад.
Дар шароити бозор нафақаи меҳнатӣ аз ду ҳисоб:

аз ҳисоби фонди мутамарказ, ки дар ихтиёри фонди суғуртаи иҷтимои мебошад;
аз ҳисоби маблағи фонди нафақаи корхонаву ташкилотҳое, ки шартномаи коллективӣ доранд, пардохта мешавад.
Бо гурӯҳи ғайри қобили меҳнат ҳуқуқи гирифтани нафақаи меҳнатӣ дода намешавад, аз ин ҷиҳат ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат таъин карда мешавад. Манбаҳои молиявии онро захираҳои буҷетӣ ташкил медиҳад.
Ҳаҷми нафақаи иҷтимоӣ (бо фоиз) нисбат ба нафақаи меҳнатии ҳадди ақал вобаста ба табақаҳои нафақагирон муайян карда мешавад.
Нафақаи иҷтимоӣ ба ҳамаи аъзои ҷамъият новобаста аз саҳми меҳнатиашон бояд кафолати гирифтани ҳадди ақалли боигариҳои моддиро таъмин намояд.
Дар аксарияти давлатҳои Ғарб, маблағи фонди нафақаи шаҳрвандон хислати меросӣ дорад. Дар мавриди фавти шаҳрванд то ба нафақа баромадан тамоми маблағи фонди нафақаи ӯ ба оилаву фарзандон, ё худ хешовандони ӯ ба мерос гузошта мешавад. Маблағи фонди нафақаи меросгузошта воситаҳои фаъолият бо соҳибкорӣ в дигар касбу ҳунарҳо мебошад.
Ҳуҷҷати молиявие, ки дар он манбаҳои молиявӣ ба қайд гирифта мешаванд, харҷнома ном дорад.
Манбаҳои молиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин баҳрабардорӣ карда мешаванд:

пардохти нафақаҳои меҳнатӣ, аз ҷумла нафақа вобаста ба синну сол, дараҷаи маҷрӯҳӣ, аз сабаби гум кардани саробон, барои меҳнати дурудароз, барои хизматҳои шоён, дигар нафақаҳое, ки қонунгузории ҶТ муайян кардааст;
пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ;
пардохти кӯмакпулӣ ба кӯдакони синнашон то 16 сола, кӯдакони мубталои БНМИ (СПИД) ва онҳое, ки қобилияти муҳофизатии организмашон заиф гаштааст;
пардохтҳо вобаста ба баланд бардоштани нафақа, ки вобаста ба тағйирёбии индекси рӯзгузаронӣ ва болоравии музди кор ба миён омадааст;
кӯмакпули вобаста ба корношоямии муваққатии ҳамлу, валодат, дафн;
хароҷот барои ҳифзи меҳнат, ҳифзи ҳуқуқи аҳолӣ, табобат, осоишгоҳҳо, курортҳо ва фароғати меҳнаткашон ва аҳли хонаводаи онҳо;
нигоҳдории осоишгоҳу фароғатгоҳ, лагерҳои солимгардонӣ, бо штатҳо қисман таъмин кардани мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, ба амал баровардани дигар чорабиниҳо, ки ба вазифа ва функсияи ҳифзи меҳнат ва солимгарднии меҳнаткашону аҳли оилаи онҳо мувофиқ мебошад;
пардохти ёрдампулӣ ба бекорон, маблағгузорӣ оид ба тарбияи касбию такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон аз ҳисоби бекорон, пардохти робита (стипендия), ҳаққи корҳои ҷамъиятӣ, хароҷоти ташкили ҷойҳои корӣ барои шахсони бекор ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.