Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МОЛИЯИ КОРХОНАҲОИ ТИҶОРАТӢ

Дарёфти манбаҳои молиявӣ, омўхтани бозори мамлакат, интихоби шаклҳои соҳибкорӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба ҳисоб мераванд.Нақша:

Моҳияти молияи корхонаҳои дар асоси тиҷорат амалкунанда
Бавуҷудоӣ, тақсим ва истифодаи захираҳои молиявӣ
Нақши молия дар гирдгардиши фондҳои асосии истеҳсолӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда:

Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
Ш. Раҳимзода «Муомилоти пулӣ ва қарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
Ғ.Д. Ашуров., Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.
Игровой практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Каморджанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиц. – М: Финансы и статистика, 1997. – 192с.
Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник./Под редакцией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
Финансы, денежное обращение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. – 543 с.
5.1.Моҳияти молияи корхонаҳои дар асоси тиҷорат амалкунанда

Дар шароити бозор ҳамаи корхонаҳо новобаста аз шакли моликият (корхонаҳои давлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ, муштарак, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагии хонавода ва ғайра) дар асоси усулҳои ҳисоби тиҷорат фаъолият менамоянд.
Корхона ҳамчун мафҳуми абстрактӣ, маънои хоҷагидориро дар ҷомеа ифода мекунад. Вай барои амалӣ гаштани ду мақсад, қонеъгардонии талаботи ҷамъият ва гирифтани фоидаи соҳибкорӣ фаъолият менамояд.
Соҳиби корхона будан, ё худ хоҷагидорӣ кардан дар шароити бозор маънои истеҳсол ва фурўши маҳсулотро дорад.
Вобаста ба доираи шуғл корхонаю ташкилотҳоро ба истеҳсол-кунандаю хизматрасонанда ҷудо менамоянд. Тамсилаҳои бозор таркиби ба худ мувофиқи корхонаҳоро таъмин мекунанд. Масалан, дар тамсилаи амрикоӣ 70-75 фоизи маҷмўи маҳсулоти миллӣ дар доираи соҳаҳои хизматрасонӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар тамсилаи японӣ бошад, зиёда аз 40 фоизи моликият давлатӣ буда, қисми асосии маҷмуи маҳсулоти миллӣ аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ бароварда мешавад.
Соҳибкорон ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагидорӣ аввал мушкилоти доираи соҳибкорӣ, таносуби воситаҳои худию қарзӣ, ҳаҷм ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро нисбат ба хароҷоти истеҳсолӣ ҳаллу фасл менамоянд.Онҳо баъд аз ҳалли назариявии мушкилоти ҳаҷму иқтидор ба фаъолияти соҳибкорӣ даст мезананд.
Дарёфти манбаҳои молиявӣ, омўхтани бозори мамлакат, интихоби шаклҳои соҳибкорӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба ҳисоб мераванд.
Баъд аз муайян намудани доираи фаъолият соҳибкор метавонад бо дигар субъектҳои иқтисодӣ муносибат намояд.
Дар мавриди ба соҳибкорӣ машғул шудан ҳар як шахс бояд ҳафтод дар сади маблағи заруриро дошта бошад. Боқимонда сӣ дар сади вайро минбаъд аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ба даст хоҳад овард.
Соҳибкор бояд қонуну қонунгузориро оид ба муносибатҳои молиявӣ ва давраҳои ҳаёти маблағгузорӣ риоя намояд ва ҳар як соҳибкор бояд манбаҳои молиявии қонуниро пешниҳод намоянд, ки инҳоанд: музди кор, нафақа, нафақаи меросгузошта, даромад аз иҷора, даромад аз қитъаи замини назди ҳавлӣ, дивиденд, бурди вобаргҳо, маблағу молу маводи меросгузашта, маблағу чекҳои хусусигардонӣ, фоиз, хайрия, маблағи тўҳфашуда, саҳми ҳиссагузорон ва ғайра.
Ҳангоми машғулият ба соҳибкорӣ алоқаҳои гуногун дар байни корхонаву ташкилот ва субъектҳои иқтисодӣ, фурўшандагону харидорон, ҳамкорону ширкатҳо ва муассисаҳои молиявию қарзӣ ба вуҷуд меоянд. Ин алоқамандӣ яке аз сабабҳои бавуҷудории муносибатҳои молиявӣ нисбат ба ташкили истеҳсол, фурўши маҳсулот, ташкили захираҳои молиявию сармоягузорӣ мегардад. Асоси моддии муносибатҳои молиявиро пул ташкил медиҳад. Шарти бавуҷудоии муносибатҳои молиявӣ – гардиши воқеии воситаҳои пулие мебошад, ки дар раванди он фондҳои пулии мутамарказ ва номутамарказ ба ҳам пайваст ва баҳрабардоӣ карда мешавад.

5.2.Бавуҷудоӣ, тақсим ва истифодаи захираҳои молиявӣ
Захираҳои молиявии корхонаҳои дар шароити бозор амалкунанда пеш аз ҳама аз ҳисоби даромадҳои пулӣ ва маблағҳои воридшаванда, ки дар ихтиёри субъектҳои иқтисодианд ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои молиявӣ заруранд, ташкил карда мешаванд.
Молияи корхонаҳо муносибатҳоро оид ба тақсим, ташкил ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти махсусдошта, ки сармояи асосӣ, гардон ва пулии корхонаҳоро ифода мекунад, дарбар мегирад.
Одатан муносибатҳои молиявии корхонаҳоро ба чунин гурўҳ тақсим мекунанд:

муносибатҳои ба миён омадани даромадҳои аввалиндараҷа;
фароҳамоварӣ ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти дохилистеҳсолӣ дошта дар соҳаи истеҳсоли неъм атҳои моддӣ, яъне ташкили фондҳои оинномавӣ, фондҳои эҳтиётӣ, суғурта, ҳавасмандгардонӣ ва сифати маҳсулот;
муносибатҳои молиявӣ бо ташкилотҳои суғурта;
муносибатҳо бо бонк оид ба гирифтану баргардонидани қарз, пардохти фоизи қарзҳо барои истифодаи муваққат ба ивази ҳаққи муайян, супоридани маблағҳои муваққатан озод;
муносибатҳои байни корхонаю давлатҳо оид ба ташкил ва истифодаи фондҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ; ин гурўҳи муносибатҳо дар шакли пардохт ба буҷет, маблағгузорӣ аз буҷет ва пардохтҳои гуногун ба фондҳои таъиноти махсусро дар бар мегирад;
муносибатҳои байни корхонаю ташкилотҳои болоӣ, корхонаю ҷамъият ва бозори молиявӣ.
Муносибатҳои пулии номбаршударо маҷмўъи мазмуни молияи корхонаҳоро ташкил мегирад.
Захираҳои молиявӣ асосан барои васеъ намудани доираи истеҳсолот, ҳавасмандгардонии моддии коргарону хизматчиён ва иҷрои ўҳдадориҳои молиявӣ истифода мешавад.
Захираҳои молиявии корхонаҳо новобаста аз шакли моликият аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ба онҳо баробар дар таносуби 2/3 бояд ташкил карда шаванд.
Саргашмаҳои молиявии корхонаҳоро чунин гурўҳбандӣ мекунанд:
– даромад ва фаъолияти асосӣ;
– фоида аз иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ;
– фоида аз иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, ки ба тарзи хоҷагӣ анҷом дода мешавад;
– маблағи фондҳои истеҳлок;
– маблағ аз фурўши воситаҳои асосии кўҳнашуда;
– пассивҳои устувор (молу маводе, ки ба корхона ворид шуда, мўҳлати пулгузаронии ҳуҷҷатҳояш нарасидааст) ё қарздоршавӣ нисбат ба музди кор;
– маблағҳое, ки бо мақсади мушаххас ба корхона супорида мешавад (пулсупурии волидайн барои нигоҳубини кўдакон дар боғча, лагер, фароғатгоҳ);
– саҳми ҳиссагузорҳо дар ташкилотҳои кооперативӣ;
– даромад аз истифодаи молу амвол (иҷорадиҳӣ);
– даромад аз фурўши саҳмия ва вомҳои худӣ ва дигар қоғазҳои қиматнок;
– даромад аз хариду фурўши пул ва қоғазҳои қиматноки ба он баробар каршуда;
– пардохти суғуртапулиҳо (дар мавриде, ки таваккал ҷой дошта бошад);
– фоизи қарзи пардохтшуда;
– захираҳои молиявие, ки аз ҳисоби консерн, ассотсиатсия ва вазоратҳо дида мешаванд;
– дивидент аз саҳмия ва фоизҳои қоғазҳои қиматноке, ки корхона харидааст;
– субсидияҳои буҷетӣ ва ё андозӣ;
– чекҳои ғайри давлатигардонӣ;
– маблағгузории кормандони корхона;
– саҳми ҳиссагузорони ҷамъияти саҳомӣ;
– бурди вомбаргӣ ва дигар қоғазҳои қиматнок;
– сарчашмаҳои қарзӣ;
– фоида аз қарзи бонк ва аз ҷониби соҳибкорон;
– ба фурўш пешниҳод кардани саҳмия ва вомбаргҳои корхона.
Маблағи ба корхона воридшуда барои ба роҳ мондани ҷараёни такрористеҳсол тақсим карда шуда, аз ҳисоби вай фондҳои барқароркунӣ, истеъмол ва фонди андўхти корхона ташкил карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи манбаҳои молиявӣ ба корхона ба шакли маблағи аз фурўш ба даст омада ворид мешаванд.
– истифодаи захираҳои молиявӣ аз тарафи корхонаҳо барои иҷрои ўҳдадорӣ (пардохти андозҳо, дивиденд, маблағи қарзу фоизи вай, ҳаққи суғуртапулиҳо ва ғайра);
– ташкил ва ба роҳ мондани такрористеҳсол ва хароҷоти асосӣ (маблағгузорӣ, азнавсармоягузорӣ, васеънамоии истеҳсолот ва навсозии технологӣ мавриди баҳрабардорӣ бояд қарор гирад);
– истифодаи захираҳои молиявӣ бо мақсади андўхт; истифодаи онҳо дар интишори қоғазҳои қимматнок ва ё хариди қоғазҳои қиматноки корхонаҳои бегона.
– истифодаи манбаҳои озоди молиявӣ бо мақсади хайрия ва ғайра.

5.3. Нақши молия дар гирдгардиши фондҳои асосии истеҳсолӣ
Фондҳои асосии истеҳсолӣ як қисми воситаҳои истеҳсолот буда, дар якчанд гардиш иштирок менамояд, арзиши худро қисм ба қисм ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда мегузаронанд ва шакли худро тағйир намедиҳанд. Асоси моддию техникии раванди истеҳсолотро фондҳои асосии истеҳсолӣ ташкил медеҳанд.
Сохти таркибии фондҳои асосии истеҳсолӣ чунин аст:
– иморатҳо;
– иншоотҳо;
– ҳаракаттабдилдиҳандаҳо;
– мошинҳои иқтидорӣ ва таҷҳизот;
– мошинҳои корӣ ва таҷҳизотҳо;
– асбобҳои андозгирию танзимдиҳанда;
– воситаҳои нақлиёт;
– асбобу абзал (инструментӣ);
– лавозимот (инвентар) ва дигар таҷҳизот;
Дар тавозуни корхона воситаҳои асосии истеҳсолӣ бо номи дороии бақайдгирифташуда маълуманд.
Дар шароити бозор ташаккули (формирование) ибтидоии фондҳои асосӣ, фаъолият ва такрористеҳсоли онҳо бо иштироки бевоситаи молия таъмин карда мешавад.
Аз ҳисоби манбаҳои молиявӣ ва фондҳои пулии таъиноти махсусдошта харид, истифода ва барқарор намудани воситаҳои меҳнат дар корхонаҳо таъмин карда мешавад.
Ташкили ибтидоии фондҳои асосӣ дар корхонаҳои навбунёд аз ҳисоби воситаҳои асосӣ ба роҳ монда шуда, қисми нахустсармояро (уставной фонд) ташкил медиҳад. Воситаҳои асосӣ – воситаҳои пулие мебошанд, ки ба фондҳои асосии истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ сармоягузорӣ карда шудаанд.
Дар мавриди хариди фондҳои асосӣ ва ба қайди тавозунӣ гузаронидани онҳо ҳаҷми воситаҳои истеҳсолот миқдоран ба арзиши фондҳои асосӣ баробар аст.
Бо иштироки фондҳои асоси дар раванди истеҳсолот арзиши онҳо ба ду тақсим мешавад: як қисми арзиш, ки ба арзиши фарсудашавӣ баробар аст, ба арзиши маҳсулоти тайёркардашуда гузаронида шуда, қисми дигар арзиши боқимондаи фондҳои асосии истеҳсолии амалкунандаро ташкил медаҳад.
Он қисми арзиш, ки ба ҳаҷми фарсудашавии фондҳои асосӣ баробар аст, арзишашро ба арзиши маҳсулоти тайёркардашуда мегузаронад. Пули фурўши маҳсулоти тайёркардашуда дар ҳисоби истеҳлокӣ мунтазам ҷамъ мешавад. Фонди мазкур бо ёрии ҳиссаҷудокунии ҳарсолаи истеҳлокӣ ба миён омада, барои такрористеҳсоли оддӣ ва қисман васеи фондҳои асосӣ истифода мегардад. Истифодаи вай барои такрористеҳсоли васеи фондҳои асосии истеҳсолӣ ба хусусиятҳои ҳисобнамоӣ ва хароҷоти он вобаста аст.
Ҳисоби истеҳлокӣ вобаста ба тамоми мўҳлати фаъолияти фондҳои асосӣ пеш бурда мешавад. Истифодаи маблағи истеҳлокӣ танҳо баъди аз кор баромадани фондҳои асосии истеҳлокӣ имконпазир аст. Аз ин лиҳоз то иваз намудани фондҳои асосии аз кор монда, маблағҳои ин фонд ба сифати (мустаҳлакот) сарчашмаи иловагии такрористеҳсоли васеъ хизмат мекунад.
Истифодаи навигариҳои илму техника дар истеҳсолот, агар аз як тараф сабаби арзон шудани нархи воситаҳои асосии истеҳсолот ва маҳсулот гардад, аз тарафи дигар, сабаби истифодаи маблағҳои фонди истеҳлокӣ гашта, барои такрористеҳсоли васеъ кўмак мерасонад.
Дар асоси зарб задани меъёри истеҳлокӣ ба арзиши тавозунии фондҳои асосӣ ҳаҷми солонаи фонди истеҳлокиро муайян кардан мумкин аст.
Меъёри истеҳлокии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда аҳамияти махсус дорад.
Меъёри истеҳлокӣ аз ҷониби давлат ҳамчун механизми танзими вазъи молиявии соҳибкорон истифода мешавад.
Меъёри истеҳлокӣ аз як тараф имкон медиҳад, ки соҳибкор маблағи фондҳои асосии аз кор баромадаро аз нав барқарор менамояд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ дар амалияи хоҷагидорӣ методҳои гуногуни ҳисобкунии истеҳлоқӣ ба монанди «хаттӣ» (меъёри доимии пайдарпай), пасраванда (регриссивӣ) ва зудамал (ускоренный) истифода карда мешавад. Ҳамин тариқ, меъёри истеҳлокиро метавон бо фоиз нисбат ба арзиши фондҳои асосии дар қайди тавозунбуда, ё бо меъёрҳои устувори пулӣ нисбат ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда ва ё нисбат ба кори иҷрошуда ифода ва муқарар намуд.
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо методи хаттии ҳисоби истеҳлокиро пешбинӣ намудааст, ки ба усулҳои эътирофшудаи байналхалқӣ мувофиқ нест ва барои соҳибкорони Тоҷикистон вобаста ба сатҳи рақобат ва зарурати нав намудани фондҳои асосӣ имконияти фаъолиятро хеле ҳам маҳдуд мегардонад.
Мувофиқи методи хаттӣ меъёри муайяни истеҳлокиро барои тамоми мўҳлати хизмати фонди асосӣ истифода мекунанд. Методи хаттӣ (бо як меъёри устувор ҳисоб намудани маблағи истеҳлокӣ) дар мавриде, ки нархҳои фондҳои асосӣ устуворанд дуруст аст, аммо дар мавриде, ки нархи технологияи нав боло меравад истифодаи методи пастраванда (регресивӣ) мувофиқи мақсад аст, зеро дар аввали давраи ҳисоби истеҳлокӣ меъёри баланди вай муайя н карда шуда, минбаъд ин меъёр тибқи усули пастраванда муқарар мешавад. Методи пастраванда дар ҳолате, ки нархҳо озоданд ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки манбаи молиявии заруриро барои навсозии фондҳои асосӣ пайдо намоянд ва дар ин замина барои рақибонро аз бозори дохилӣ рондан бо дастгирии давлат имконият пайдо мегардад.
Методи зудамал асосан барои доираи фаъолияте, ки фондҳои асосиашон зуд-зуд ба ҳисоби миёна ҳар чор сол нав карда мешаванд ва ё корхонаҳое, ки фарсудашавии маънавиро бартараф намуданианд ва ё асосан маҳсулоти содиротӣ истеҳсол менамоянд ҷорӣ карда мешаванд.
Методи мазкур рақобатпазирии соҳибкорро нисбат ба фурўши маҳсулот ва нигоҳдории мавқеъ он дар бозор таъмин менамоянд.
Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ корхонаҳое, ки методи номбаршударо истифода менамоянд набояд аз ду меъёри истеҳлокӣ зиёдтар меъёрро дар ҳисоб намудани истеҳлокӣ истифода намоянд.
Мутахассисони бахши андоз бояд мувофиқи меъёр ҳисобкардани истеҳлок ва мақсаднок истифодашудани онро тафтиш намоянд.
Корхонаҳо ҳақ доранд маблағи фонди истеҳлокиро барои таъмир, такмил ва навсозии фондҳои асосӣ истифода баранд (барои дигар мақсадҳо манбаи молиявӣ таъинот надорад).
Дар мавриде, ки маблағҳои фонди истеҳлокии корхона барои навсозӣ ва ё ҷиҳозонидани фондҳои асосӣ ками мекунанд, корхона ҳақ дорад, онҳоро аз ҳисоби фоидаи ба вай таалуқ дошта сармояи саҳомӣ ва ҳиссагӣ, қарзи дарозмуддат, маблағгузории буҷетӣ, воситаҳои фонди ғайрибуҷетӣ ва маблағҳое, ки дар бозори қоғазҳои қиматнок ба даст оварда мешаванд, таъмин намояд.
Дар шароити бозор сармоягузорони хориҷӣ низ метавонанд ба корхона ҳиссагузор бошанд.
Вазифаи менеҷери молиявӣ ин натанҳо дарёфти манбаҳои молиявии арзон, балки самарабахш истифодабарии ин манбаҳо ба таъмини фоида низ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.