Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Сиёсат ва идораи молиявӣ

Танзимӣ – асосгузори ин равия Ҷ. Кейнс (1883-1946) ҳисоб рафта, асоси он дахолати бевоситаи давлат ва танзими давлати тараққиёти сиклии иқтисодиёт. Фишанги асосии дахолатНақша:

Моҳияти сиёсати молиявӣ

Нақш ва мақоми механизми молиявӣ дар татбиқи сиёсати молиявӣ

Субъект, объект ва усулҳои идорасозии молиявӣ

Рӯйхати адабиётҳо:
1. Г.Н. Оймаҳмадов «Молия» Нодир, Душанбе 2005.-304с.
2. Ш. Раҳимзода «Муомилоти пулӣ ва қарз» ЭР-граф, Душанбе 2008.- 450с.
3. Ғ.Д. Ашуров. Ш.Ҳ Азизмуродов. Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ. Душанбе: «Комбинати полиграфии ш. Душанбе», 2009. – 305с.
4. Хонҷонов Абдулҳамид. Фаъолияти бонкӣ. Душанбе: 2010. 392с.
5.Игровой практикум по финансам/И.Т. Балабанов, Н.А. Каморджанова, В.Н. Степанов, Е.В. Эйбшиц. – М: Финансы и статистика, 1997. – 192с.
6. Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник./Под редакцией В.К. Сенчагова, А. И. Архипова. – М.: «Проспект», 1999. – 496 с.
7. Финансы, денежное обращение и кредит: Учебник / М.В. Романовский и др.; Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской.— М.: Юрайт-Издат, 2006. – 543 с.

1.Сиёсати молиявӣ – ин маҷмӯаи чорабиниҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ, ки барои сафарбар намудани захираҳои молиявӣ, тақсим ва истифодаи онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои давлатӣ мебошад.

Намудҳои асосии сиёсати молиявӣ:

классикӣ

танзимӣ

нақшавӣ-директивӣ

Классикӣ – дар асоси заҳматҳои классикони иктисоди сиёсӣ А. Смит (1723-1790) ва Д. Рекардо (1772-1823) асос ёфтааст. Самти асосии ӯ – дахолат накардани давлат ба иқтисодиёт, нигоҳ доштани рақобати озод, истифодабарии механизми бозорӣ хамчун танзимгари раванди хоҷагидорӣ. Хароҷотҳои давлатӣ кам карда шуда, низоми андози аз андозҳои ғайримустақим ва андози моликият иборат буд. Мақомоти идоракунӣ вазорати молия ҳисоб мерафт.

Танзимӣ – асосгузори ин равия Ҷ. Кейнс (1883-1946) ҳисоб рафта, асоси он дахолати бевоситаи давлат ва танзими давлати тараққиёти сиклии иқтисодиёт. Фишанги асосии дахолат ин хароҷотҳои давлатӣ, ки дар асоси он талаботи иловагӣ ба миён омада, рушди истеҳсолот, барҳам додани бекорӣ, афзоиши даромади миллӣ. Механизми асосии танзим андоз аз даромади шахсони воқеӣ, қарзи давлатӣ, бозори сармояи қарзӣ ба ҳисоб мераванд. Ин намуди сиёсат то солҳои 30-60ум истифода бурда шуд.

Сиёсати молиявии нақшавӣ – директивӣ дар мамлакатҳое, ки низоми маъмурӣ – фармонфармоӣ ҳукмрон аст истифода бурда мешавад. Он дар асоси моликияти давлатӣ ба воситаҳои истеҳсолот амали мегардад. Мақсад ҷамъоварии захираҳои молиявии истифоданашудаи ахолӣ, корхонаҳо ва мақомотҳои маҳаллӣ дар дасти давлат ва тақсими минбаъдаи он мувофиқи самтҳои асосии нақшаҳои давлатӣ

Сиёсати молиявии давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ.

Бо баробари пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ дар тараққиёти иктисодиву иҷтимоии ҶТ марҳилаи комилан нав оғоз гардид. Моҳиятан давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр арзи вуҷуд намуд, ки минбаъд бояд мутобиқи принсипҳои дар фарқият принсипҳои иқтисодиёти маъмурӣ – фармонфармоӣ (нақшавӣ) тақозо менамояд, сиёсати иқтисодии мутобиқ ба шароитҳои ҷадид шакл гирад. Зеро кули вазифаҳои хешро давлат дар шароити соҳибистиқтиқлолӣ ва ворид гаштан ба фазои муносибатҳои бозорӣ тавассути амалӣ намудани сиёсати иқтисодӣ, ки ҷавҳари асосии он сиёсати молиявист иҷро менамояд.

Дар марҳилаи аввали ислоҳоти иқтисодӣ (аз авали солҳои 1990 то 1995) сиёсати молиявии давлат бештар ба ҳалли муаммоҳои зерин нигаронида шуда буд: ташкили системаи андози миллӣ барои таъмини даромадҳои буҷет, ташкил ва идорасозии фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, омӯзиш ва татбиқи сиёсати молиявӣ- қарзӣ ва пули мамлакатҳои мутараққӣ, ки иқтисодиёти гузаришро паси сар намудаанд, таъмини молиявии бартарафнамоии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, такмил ва рушди ниҳодҳои молиявию қарзии мамлакат ва ғ.

Хусусиятҳои муҳими ин марҳилаи душвори сиёсати молиявӣ аз он иборатанд, ки пеш аз ҳама таъмини устувории сиёсати молиявӣ хеле мушкил буд: қонунҳо ва санадҳои меъерии ин давра, ки ба танзими муносибатҳои молиявию қарзӣ ва пулӣ нигаронида шудаанд борҳо тағйир ёфта иловагиҳои сершуморро касб намуданд. Моҳиятан барпонамоии низоми молиявии кишвар мутобиқи усули «татбиқ ва ғалат» ба роҳ монда шуда буд. Аксари ҳуҷҷатҳои меъериву ҳуқуқии соҳаи молиёт ва қарз аз мамолики мутараққии хориҷӣ бидуни ба назар гирифтани хусусиятҳои миллии иқтисодиёти гузариш кӯчонида шуда буданд.

2. Молия дар дасти давлат ҳамчун олати таъсиррасон ба раванди такрористеҳсол ва воситаи ба ҳам алоқаманд намудани микраиқтисод бо макраиқтисод хизмат мекунад.
Таъсири давлат ба раванди такрористеҳсол ва фаъолияти соҳибкорӣ бо ёрии молия ва механизмҳои молиявӣ, шаклу намуд ва методҳои ташкили муносибатҳои молиявӣ, ки худи соҳибкорон ба миён овардаанд, сурат мегирад.
Механизми молиявӣ дорои сохти таркибии худ буда, ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани сиёсати молиявӣ хизмат мекунад.
Сохти таркибии механизми молиявӣ аз ҷузъҳои алоҳидаи ба ҳам алоқаманд иборат буда, унсурҳои зиёд аз ҷумла, методҳои молиявӣ, фишангҳои молиявӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, таъминоти меъёрӣ ва таъминоти иттилоотиро дар бар мегирад.
Методҳои молиявӣ ҳамчун ҷузъи таркибии механизми молиявӣ, ки истифодаи онҳо имконияти амалисозии сиёсати молиявиро таъмин менамояд аз инҳо иборатанд: банақшагирӣ, сармоягузорӣ, қарздиҳӣ, худмаблағгузорӣ, ояндабинӣ, дастгирӣ, тарзҳои ҳисоббаробаркунӣ, суғурта, амалиётҳои трастӣ ва ғайра.
Фишангҳои молиявӣ ҳамчун қисми таркибии механизмҳои молиявӣ инҳоянд: даромад, фоида, истеҳлок, муҷозоти (санксия) молиявӣ, нарх, иҷорапулӣ, дивиденд, меъёрҳои фоиз, фондҳои мақсадноки иқтисодиёт, ҳиссаи ҳиссагузорон ва ғайра, ки дар андешидани сиёсати молиявӣ нақши сазоворро иҷро мекунад.
Қисми алоҳидаи механизми молиявиро таъминоти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки вай низ аз инҳо иборат аст: қонунҳои қабулшуда, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, фармони мактубҳои вазорату ташкилотҳо, оинномаи шахси ҳуқуқӣ ва ғайра.
Механизми молиявӣ он гоҳ сиёсати молиявиро амалӣ сохта метавонад, ки агар аз таъминоти меъёрӣ баҳрабардорӣ намуда бошад. Меъёрҳои молиявӣ бо ёрии дастуруламалҳо, меъёрҳо, нормаҳо, нишондодҳои методию дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба истифодабарӣ пешниҳод мегардад.
Яке аз қисмҳои асосии механизми молиявӣ таъминоти иттилоотии сиёсати молиявӣ мебошад, ки иттилооти зеринро дар бар мегирад: иттилооти иқтисодӣ, оморӣ, молиявӣ ва ғайра. Иттилооте, ки барои тартиб додану муайян намудани сиёсати молиявии соҳибкорӣ заруранд, ба дохилистеҳсолию беруна ҷудо мешаванд. Менеҷери молиявӣ агар як қисми иттилооти дохилиистеҳсолиро аз шўъбаи маркетингу менеҷерӣ гирад, қисми дигари иттилоотро, ки беруна аст, дар асоси омўзишу таҳлил ба даст меорад.
Сиёсати молиявӣ вобаста ва фарогирии вақт ба сиёсати молиявии ҷорӣ ва ояндавӣ ҷудо мешавад.
Вобаста ба мўҳлату ҳаҷм, мақом ва вазифаҳое, ки сиёсати молиявӣ иҷро менамояд, стратегия ва тактикаи молиявиро аз ҳам фарқ мекунад
Ба ғайр аз механизмҳои молиявӣ стратегия ва тактика ду паҳлўи ба ҳам алоқамандгардонии сиёсати молиявӣ вуҷуд дорад. Тактика ва стратегия дар иқтисодиёт танҳо дар якҷоягӣ вуҷуд дошта метавонанд. Маънои оддии стратегия –санъат аст. Стратегияи молиявӣ сиёсати дарозмуддатест, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳиму бузурги дар пешистода равона шудааст.
Менеҷмент аз вожаи инглиси (Management) гирифта шуда, маънии роҳбарӣ, идора ва худмудириятро ифода мекунад.
Одатан ду навъи идора: маъмурӣ ва иқтисодӣ аз ҳам фарқ карда мешавад.
Зери мафҳуми идораи маъмурӣ системаи роҳбаркунандаи ин ё он зинаи хоҷагии халқ новобаста аз шуғл фаҳмида мешавад. Системаи мақсадноки ташкили сохтори муайяни роҳбарӣ дар доираи зинаҳои гуногуни иқтисодиёт идораи маъмурӣ ном дорад. Асосан роҳбарии маъмурӣ зинаҳои ба ҳам алоқамандии дохилистеҳсолию соҳавиро дар бар мегирад масалан, мудир, ноиб ва шўъбаи муҳосибот, маркетинг, менеҷмент, шўъбаи кор ва музд, банақшагирӣ ва ғайраҳо.
Идораи молиявӣ як қисми таркибии роҳбарии иқтисодӣ буда, бо мақсади ташкил, истифода ва идораи захираҳои молиявии таъиноти махсусдошта ва муносибатҳои иқтисодии дар он раванд ба вуҷудоянда истифода мешавад.
Вай ташкили захираҳои молиявӣ зарурияти самаранок истифодабарии захираҳои моддию арзишии соҳибкориро ба миён мегузорад, ки вай низ яке аз шаклҳои татбиқи идораи молиявист. Мувофиқи таъинот истифодабарии захираҳои молиявӣ талаб менамояд, ки он манбаҳо бо таносуби аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда тақсим карда мешавад, то ин ки равнди такрористеҳсол вобаста ба талаботи давраи силсилавии он мунтазам амал намояд.
Ташкилу истифодаи захираҳои молиявӣ ҳамчун ифодаи муносибатҳои иқтисодии байни субъектҳои хоҷагӣ суръат мегирад. Дар айни ҳол муносибатҳои мавҷудаи менеҷери молиявӣ ҳамчун ҳифзи манфиати иқтисодии соҳибкор дар бозори молиявӣ барои ташкили арзиши алтернативии хариду фурўшшуда, яке аз шаклҳои идораи молиявиро инъикос менамояд.
Ташкилу истифодаи захираҳои молиявӣ зери таъсири мустақим (ғайримустақим)-и давлат сурат мегирад. Вай дар асоси қонунҳо (қонун дар бораи соҳибкорӣ, андоз, молия, қарз, банкҳо ва ғайра) низомномаю дастурамалҳо таъсис ёфта, имконият медиҳад, ки меъёри андоз, имтиёз, инҳисорот , нарх ва ғайра барои соҳибкорон муайян карда шавад ва он меъёрҳо механизми танзими вазъи молиявии субъектҳои хоҷагиро тавсифу тадвин менамоянд.
Ҳамин тавр, меъёрҳои аз тарафи давлат пешниҳодшаванда меъёрҳои ҳавасамалкунандаи макраиқтисоду микраиқтисод гардида, воситаи татбиқу таъминкунандаи идораи молиявӣ мегарданд. Давлат вобаста ба модели иқтисоди бозории интихобнамуда ва ўҳдадориҳои ба зиммагирифтааш ба захираҳои молиявӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад, ки он бо ёрии андозу пардохтҳо таъмин карда мешавад.
Давлат барои татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои ба зима гирифтаи худ молияи давлатиро фароҳам меорад.
Молияи давлатӣ бо ёрии механизмҳои буҷети давлатӣ, қарзи давлатӣ, фондҳои мақсаднок, фондҳои ғайрибуҷетӣ, молияи корхонаву ташкилотҳо ва суғуртаву аудити давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Ташкилу истифодаи фондҳои пули таъиноти хосдошта дар сохтори молияи давлатӣ бо ёрии меъёрҳои ҳуқуқию иқтисодии барои ҳар як зина алоҳида пешбинишуда ташкил мегардад, ки идораи молиявиро дар сатҳи макроиқтисод таъмин менамояд.
Тартиб додани нақшаю ҳисоботҳо дар системаи молиявӣ яке аз қисмҳои таркибии идораи молиявӣ мебошад.
Вай сохтори молиявии дар ҷамъият ҷойдошта захираҳои молиявӣ ва истифодабарии самараноки онро ба нақша гирифта, мувофиқи талаботи ҷамъият тақсиму аз нав тақсим намуда, мақсаднок истифодабарии онро назорат менамояд ва сарҷамъона маънои идораи молиявиро дар сохтори молиявӣ ифода менамояд.
Менеҷменти молиявӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати молиявӣ дар асоси истифодаи стратегияи тактика, ки қисмҳои таркибии механизми молиявӣ мебошанд, ба роҳ монда мешавад. Истифодаи механизмҳои молиявӣ на танҳо воситаи идораи молиявианд, балки таъминкунандаи мавҷудият ва арзёбии вай дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад. Мавқеи асосиро дар механизмҳои молиявӣ қобилияти созмондиҳӣ доштани менеҷери молиявӣ ишғол менамояд. Ташкилотчигӣ воситаи мувофиқи қобилияти ақлонии мутахассисону соҳибкорон, механизму фишанг ва технологияи истеҳсолӣ мебошад.
Идораи молиявии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда дар асоси истифодаи механизмҳои молиявӣ (таҳлил, ба нақшагирӣ, боҳодиҳӣ, маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ, суғуртанамоӣ, ҳавасмандгардонӣ, муайян намудани таваккал, назорату шаклҳои ҳисоббаробарнамоӣ) ва истифодаи фишангҳои молиявӣ (меъёрҳо, фоида, истеҳлок, ҷаримабандӣ, вазифадорнамоӣ, нарх, дивиденд, ҳиссагузорӣ, меъёри андозу фоиз, таҳлили берунаю дохилистеҳсолӣ, имтиёзҳо ва ғайра) имконпазир аст.
Менеҷменти молиявӣ новобаста аз сатҳи идора асосан бояд чунин масъалаҳои молиявиро ҳал намояд:
1.Банақшагирии фаъолияти молиявӣ вобаста ба давра ва мавқеи марҳилаи силсила, истиқрори иқтисодиёт ва қурби пул.
2 .Ташкилу истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ вобаста ба мақсад ва талаботи соҳибкорӣ.
3. Мутобиқи тақозои бозор муайян кардани тамоюли бартарии инкишофи иқтисодият ва таъмини он бо манбаҳои молиявии худию қарзӣ.
4 .Тақсими мувофиқи (оптималии) манбаҳои молиявӣ ва истифодаи самараноки онҳо.
5. Пешниҳоди чорабиниҳое, ки хароҷоти истеҳсолиро кам намуда, вақти гардиши сармояро метезонад ва даромаднокию фоидагириро зиёд менамояд.
6. Омўзиши таҷрибаи менеҷменти байналхалқӣ ва истифодаи он бо мақсади такомули самаранокии идораи молиявӣ.

3.Соҳаи асосии фаъолияти идоракунӣ ин идорасозии молия мебошад. Вайро дастгоҳи махсусе, ки бо воситаи усулҳо аз он ҷумла ҳаргуна ҳавасмандиҳо ва ҷаримаҳо амалӣ мегардонад.
Идорасозии молия ин таъсир расонидан ба муносибатҳои молиявӣ бо мақсади ҳар чӣ самараноктар тақсим (азнавтақсим) намудани захираҳои молиявӣ мебошад.
Дар идорасозии молия чун дигар низомҳои идоракунӣ объект ва субъекти идорасозиро ҷудо менамоянд. Ба сифати объекти идорасозии молия ҳаргуна намудҳои муносибатҳои молиявӣ, ба субъекти идорасозии молия бошад сохторҳои ташкилие, ки идоракуниро амалӣ месозанд, дохил мешавад.
3 гурӯҳи объектро ҷудо мекунанд:
1. молияи корхонаҳо
2. суғурта
3. молияи давлатӣ
Мувофиқан чунин субъектони идорасозӣ баромад мекунанд:

Умурҳои молиявии корхонаҳо
Идораҳои суғурта
Идораҳои молиявӣ
Мақомотҳои андоз
Ҳангоми идорасозии молия се унсури асосиро ба монанди банақшагирӣ, идоракунии фаврӣ ва назоратро фарқ мекунанд.
Банақшагирӣ ҷои муҳимро дар идорасозии молия ишғол мекунад. Ҳангоми банақшагирӣ кадоме аз субъекти хоҷагидорӣ хубтару аниқтар ҳолати молиявиро баҳо медиҳад, имконияти зиёдшавии захираҳои молиявиро кушода медихад, самти самараноки истифодабарии онҳоро муайян месозад. Қарорҳои нақшавӣ дар асоси таҳлили маълумотҳои молиявӣ, аз ҳисоботи бухгалтерӣ, оморӣ ва фаврӣ гирифта шуда, замина мегирад.
Идоракунии фаврӣ бо худ маҷмӯаи чораҳое, ки дар асоси таҳлили фаврии маълумотҳои молиявии ҷорӣ ба амал омада, ки мақсади он самаранокии максималӣ ҳангоми хароҷоти минималӣ бо воситаи аз навтақсими захираҳои молиявӣ мебошад.
Назорат ҳамчун унсури идоракунӣ дар раванди банақшагирӣ ва идоракунии фаврӣ ба амал меояд. Ӯ имкон медиҳад, ки натиҷаи аслии истифодабарии захираҳои молиявӣ мувофиқи нақшаро, ки бо ин роҳ ошкор кардани захираҳои истифодашуда ё барзиёдатимонда ва дар оянда самаранок истифодабарии онҳо мебошад.
Ба усулҳои идорасозии молиявӣ дохил мешаванд:
– банақшагирӣ ва пешгӯии моливӣ (прогнозирование)
– барномасозӣ (программирование)
– танзими молиявӣ
– идоракунии фаврӣ
– назорати молиявӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.